Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Доираи дӯстонатонро васеъ гардонед

Доираи дӯстонатонро васеъ гардонед

Душворӣ

Агар мо аз одамоне, ки ба мо маъқул нестанд, худро дур кашем, бадгумониамон нисбати онҳо зиёд мегардад. Агар танҳо бо касоне дӯст шавем, ки ба мо монанданд, дар мо чунин фикр пайдо шуда метавонад, ки танҳо тарзи фикрронӣ ва рафтори мо дуруст асту аз они дигарон хато.

Китоби Муқаддас чӣ мегӯяд:

«Дари дили худро... боз кунед» (2 ҚӮРИНТИЁН 6:13).

Ин чӣ маъно дорад? «Дил» гуфта ҳиссиёт ва меҳру дилбастагии мо дар назар дошта шудааст. Агар мо танҳо одамони мисли худро дӯст дорем, дари диламонро гӯё маҳкам пӯшида меистем. Лекин хуб мебуд, ки мо онро боз кунем. Барои ин бо касоне низ дӯст шудан лозим аст, ки аз мо фарқ мекунанд.

Чаро васеъ кардани доираи дӯстон хуб аст?

Вақте мо бо дигарон шахсан шинос мешавем, хубтар мефаҳмем, ки чаро онҳо аз ин ё он ҷиҳат аз мо фарқ мекунанд. Бо онҳо муносибати наздиктар пайдо карда, мо ҳатто аз ёдамон мебарорем, ки онҳо аз мо фарқ доранд. Вақте меҳри мо зиёд мешавад, мо онҳоро бисёртар қадр мекунем ва дар ғаму шодиашон шарик будан мехоҳем.

Масалан, зане бо номи Назаре нақл мекунад, ки ӯ пеш ба муҳоҷирон бадгумонӣ дошт. Вай мефаҳмонад, ки чӣ ба ӯ кӯмак кард: «Ман бо онҳо дар як ҷо кор кардам ва ҳамроҳашон шинухез намудам. Бисёри онҳо одамони хуб буданд ва чизҳои манфие, ки одамони маҳалламон оиди муҳоҷирон мегуфтанд, ба онҳо мувофиқ намеомад. Вақте бо касони миллату маданияташон дигар дӯстӣ мекунӣ, мефаҳмӣ, ки ҳамаро бо як қолаб чен кардан нодуруст аст. Бо гузашти вақт ту пай мебарӣ, ки ҳар яки онҳо хислатҳои хуб доранд, аз ин рӯ онҳоро дӯст медорӣ ва қадр мекунӣ».

Чӣ кор кардан мумкин аст?

Имконият ҷӯед, то бо одамони давлатҳои гуногун ё миллату забонашон дигар ҳамсӯҳбат шавед. Шумо метавонед:

  • аз онҳо хоҳиш кунед, ки каме дар бораи худ нақл кунанд.

  • онҳоро ба якҷоя хӯрок хӯрдан таклиф кунед.

  • бодиққат онҳоро гӯш карда дар бораи ҳаёташон фаҳмед.

Вақте мефаҳмед, ки онҳо дар зиндагӣ чиҳоро аз сар гузарондаанд ва чӣ тавр он чизҳо ба хулқу атвори онҳо таъсир расондааст, муносибати шумо ба чунин одамон дигар мешавад.