Саволҳои хонандагон
Оё исроилиён дар биёбон ғайр аз манн ва бедона чизи дигар мехӯрданд?
Озуқаи асосии исроилиён дар давоми 40 соли дар биёбон буданашон манн буд (2 Мӯсо 16:35). Ғайр аз ин, Яҳува ду бор ба онҳо бедонаҳоро дод (2 Мӯсо 16:12, 13; 4 Мӯсо 11:31). Лекин исроилиён каме хӯрдании дигар низ доштанд.
Масалан, баъзан Яҳува онҳоро ба «ҷое барои хайма задан» меовард, ки дар он ҷо аз ҳосили табиат ниёзҳояшонро қонеъ карда тавонанд (4 Мӯсо 10:33). Яке аз чунин ҷойҳо замини Элим буд. Он ободие дар миёни биёбон буд, ки «12 чашмаи об ва 70 дарахти нахл» дошт. Нахл гуфта, гап дар бораи як навъ дарахти хурмо меравад (2 Мӯсо 15:27). Мувофиқи китоби «Растаниҳои Китоби Муқаддас» дарахти хурмо «дар мавзеи калоне паҳн шудааст. . . Он дар биёбон дарахти асосии мевадоре мебошад, ки миллионҳо одамонро бо меваи хӯрданӣ, равған ва сарпаноҳ таъмин мекунад».
Ғайр аз ин, исроилиён, эҳтимол, дар яке аз алафзорҳои асосии биёбони он ҷо хайма зада буданд, ки имрӯз бо номи Форон машҳур буда, қисми водии Форон ба ҳисоб меравад a. Дар як маълумотнома гуфта мешавад, ки он водӣ ё дара «тақрибан 130 километр тӯл кашида, дар биёбони Сино яке аз калонтарин, зеботарин ва машҳуртарин водӣ мебошад». Ҳамчунин дар он маълумотнома гуфта мешавад: «Аз саргаҳи дара тақрибан 45 километр дуртар алафзори зебои Форон ҷой гирифтааст. Он қариб 5 километр тӯл кашида, тахминан аз сатҳи баҳр 610 метр баландтар асту пур аз дарахти хурмо мебошад. Он боғи биҳиште дар миёни биёбони Сино мебошад. Аз замонҳои қадим инҷониб ҳазорҳо дарахти хурмо мусофиронро сӯйи худ ҷалб мекунанд» («Discovering the World of the Bible»).
Ҳангоми аз Миср баромадан исроилиён бо худ хамир, лаганҳои хамиркунӣ ва, аз афташ, каме ғалладонаю равған гирифтанд. Албатта, ин захираҳо бояд ба зудӣ тамом мешуданд. Мардум ҳамчунин «гову моли сершуморе»-ро баровард (2 Мӯсо 12:34–39). Азбаски шароити биёбон вазнин буд, аз афташ, бисёри ҳайвонҳо мурданд. Бешак, як қисми ҳайвонҳо аз шароити вазнини биёбон мурд, қисми дигарашро мардум хӯрданд ё ба қурбонӣ оварданд — баъзеашро ҳатто ба худоҳои дурӯғ b (Кор. 7:39–43). Бо вуҷуди ин дар давоми тамоми солҳое, ки онҳо дар биёбон буданд, чорво доштанд. Инро аз суханони Яҳува пай бурдан мумкин. Вақте исроилиён беитоатӣ карданд, ӯ чунин гуфт: «Писаронатон чӯпон шуда 40 сол дар биёбон зиндагӣ мекунанд» (4 Мӯсо 14:33). Аз ин рӯ хулоса кардан мумкин аст, ки исроилиён аз шир ва ҳатто аз гӯшти рамаашон мехӯрданд. Лекин ҳамаи ин чизҳо барои сер кардани тақрибан се миллион одам дар давоми чил сол камӣ мекард c.
Исроилиён барои чорвояшон аз куҷо хӯроку об меёфтанд? d Дар он вақтҳо, аз афташ, дар биёбон боронгарӣ бисёр буд, барои ҳамин растаниҳои зиёд мерӯиданд. Дар «Назари амиқ ба Навиштаҳо» гуфта мешавад, ки 3500 сол пеш «дар водии Арабистон назар ба замони мо сарчашмаҳои об зиёдтар буд. Бисёр водиҳои чуқуру намнок исбот мекунанд, ки як вақтҳо дар он ҷойҳо ба қадри кофӣ борон мебориду аз он ҷӯйҳои об ҳосил мешуд». Бо вуҷуди ин биёбоне, ки исроилиён дар он мегаштанд, макони хушку хароб ва тарсовар буд (5 Мӯсо 8:14–16). Агар Яҳува муъҷиза карда ба исроилиён об намедод, онҳо ва ҳайвоноташон зинда намемонданд (2 Мӯсо 15:22–25; 17:1–6; 4 Мӯсо 20:2, 11).
Чи хеле Мӯсо гуфт, Худо ба исроилиён манн дод, то онҳо фаҳманд, ки «одамизод на танҳо бо нон зиндагӣ мекунад, балки бо ҳар сухане, ки аз даҳони Яҳува мебарояд» (5 Мӯсо 8:3).
a Ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 1-уми майи 1992, саҳ. 24, 25 (рус.) нигаред.
b Дар Китоби Муқаддас дар бораи ду воқеае гуфта мешавад, ки исроилиён дар биёбон ба Яҳува ҳайвонотро қурбон карданд. Якум, вақте Яҳува Мӯсо ва писаронашро коҳин таъйин кард ва, дуюм, дар Иди Раҳоӣ. Ҳар дуи ин воқеаҳо соли 1512-и пеш аз милод, дар соли дуюми аз Миср баромадани исроилиён, рӯй дода буд (3 Мӯсо 8:14–9:24; 4 Мӯсо 9:1–5).
c Қариб дар охирҳои 40 соли саргардонӣ дар биёбон исроилиён баъди ҷанг садҳо ҳазор чорпои душманонашонро ғанимат гирифтанд (4 Мӯсо 31:32–34). Бо вуҷуди ин онҳо то ба Замини ваъдашуда дохил шудан манн мехӯрданд (Юшаъ 5:10–12).
d Ягон далеле нест, ки ҳайвонҳо манн мехӯрданд, зеро Яҳува амр дода буд, ки ҳар як исроилӣ чи қадаре хӯрда метавонад, ҳамон қадар манн ҷамъ кунад, вале дар бораи ҳайвонот чизе нагуфт (2 Мӯсо 16:15, 16).