Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 45

Яҳуваро дар ибодатгоҳи рӯҳонӣ парастиш кардан шараф аст

Яҳуваро дар ибодатгоҳи рӯҳонӣ парастиш кардан шараф аст

«Офаридгори осмон, [заминро]. . . бипарастед» (ОШКОР. 14:7).

СУРУДИ 20 Вохӯриҳои моро баракат деҳ

ПЕШГУФТОР a

1. Фаришта чӣ мегӯяд ва суханони ӯ ба мо чӣ дахл доранд?

 АГАР фариштае бо шумо суҳбат мекард, шумо ба суханаш гӯш медодед? Имрӯз фаришта «ба ҳар миллат, қабила, забон ва халқ» сухан мегӯяд. Паёми ӯ чист? Ӯ мегӯяд: «Аз Худо битарсед ва ӯро ҷалол диҳед. . . Офаридгори осмон, [заминро]. . . бипарастед» (Ошкор. 14:6, 7). Яҳува Худои ягонаи ҳақиқист ва бояд ҳама ӯро парастанд. Дили мо пур аз миннатдорист, зеро ӯ ба мо имкони бебаҳо додааст, ки ӯро дар ибодатгоҳи рӯҳонӣ парастиш кунем.

2. Ибодатгоҳи рӯҳонии Яҳува чист? (Ҳамчунин ба чорчӯбаи  «Ибодатгоҳи рӯҳонӣ чиро дар бар намегирад?» нигаред.)

2 Ибодатгоҳи рӯҳонӣ чист ва бо тафсилоти он аз куҷо шинос шавем? Ибодатгоҳи рӯҳонӣ бинои аслӣ нест. Он сохторест, ки Яҳува барпо намудааст, то одамон дар асоси товони Исо ба таври дуруст Худоро парастанд. Павлуси расул дар бораи ин сохтор дар номааш ба масеҳиёни ибрии асри як, ки дар Яҳудия зиндагӣ мекарданд, навишт b.

3, 4. Чаро Павлус дар бораи масеҳиёни Яҳудия ташвиш мекашид ва чӣ тавр ба онҳо кумак кард?

3 Барои чӣ Павлус номаашро ба масеҳиёни ибрие, ки дар Яҳудия мезистанд, навишт? Аз афташ, ба ду сабаб. Сабаби якумаш, барои дилбардории онҳо. Аксари он яҳудиён аз кӯдакӣ пайрави дини яҳудӣ буданд. Сарварони дини яҳудӣ, шояд, онҳоро барои масеҳӣ шуданашон масхара мекарданд. Чаро? Шояд, онҳо мегуфтанд, ки масеҳиён ибодатгоҳи боҳашамате надоранд, ки дар он ҷо Худоро парастиш кунанд, қурбонгоҳи бузурге надоранд, ки дар он ба Худо қурбонӣ биёранд ва коҳинон надоранд, ки ба онҳо хизмат кунанд. Ин пайравони Масеҳро дилмонда ва имонашонро заиф карда метавонист (Ибр. 2:1; 3:12, 14). Шояд баъзе аз онҳо фикр мекарданд, ки ба дини яҳудӣ баргарданд.

4 Дуюм, Павлус ба масеҳиёни ибрӣ гуфт, ки онҳо аз пайи ҳақиқатҳои наву чуқур нестанд. Онҳо «ғизои сахт»-еро, ки дар Каломи Худо оварда шудааст, истеъмол накарда истодаанд (Ибр. 5:11–14). Аз афташ, баъзеи ин масеҳиён ҳанӯз ба Шариати Мӯсо часпида буданд. Павлус бошад, фаҳмонд, ки қурбониҳое, ки мувофиқи Шариат оварда мешаванд, гуноҳи онҳоро пурра нест карда наметавонад. Аз ин рӯ Шариат бекор гаштааст. Павлус таълим додани ҳақиқатҳои амиқро давом медиҳад. Ӯ ба ҳамимононаш ёдрас кард, ки онҳо бар асоси қурбонии Исо «умеди беҳтаре» доранду «ба Худо наздик» шуда метавонанд (Ибр. 7:18, 19).

5. Ҳангоми хондани китоби Ибриён чиро бояд фаҳмем ва чаро?

5 Павлус ба бародарони ибрияш фаҳмонд, ки чаро роҳи парастиши масеҳиён аз тарзи ибодати пештараашон бартарӣ дорад. Ӯ гуфт, ки оинҳои дини яҳудӣ «сояи чизҳои ояндаанд, аммо он чӣ воқеист, Масеҳ аст» (Қӯл. 2:17). Соя шакли умумию носаҳеҳи ҷисмеро нишон медиҳад. Ҳамин тавр ҳам тарзи парастиши яҳудиён сояи воқеияте буд, ки дар оянда бояд меомад. Мо бояд ба сохторе, ки Яҳува барои бахшидани гуноҳҳои мо барқарор намудааст, нағз сарфаҳм равем, то ӯро ба таври дурусту писандида парастиш карда тавонем. Биёед мувофиқи Ибриён «соя»-ро, ки тарзи қадимаи парастиши яҳудиён аст, бо воқеият, ки тарзи ибодати масеҳиён мебошад, муқоиса намуда, ба ибодатгоҳи рӯҳонӣ беҳтар сарфаҳм равем ва бинем, ки он чӣ тавр ба зиндагии мо таъсир мерасонад.

ХАЙМАИ МУҚАДДАС

6. Хаймаи муқаддасро чӣ тавр истифода мебурданд?

6 Намунаи замони қадим. Павлус дар бораи хаймаи муқаддас гап зад, ки Мӯсо онро соли 1512-и пеш аз милод барқарор намуда буд. (Ба чорчӯбаи «Намунаи замони қадим — Воқеияти замони масеҳиён» нигаред.) Хаймаи муқаддас сохтори чодаршакле буд, ки исроилиён дар аввал, ҳангоми аз як ҷо ба ҷойи дигар кӯчидан, онро бо худ мегирифтанд. Онҳо то сохта шудани ибодатгоҳи доимӣ дар Ерусалим тӯли қариб 500 сол хаймаи муқаддасро истифода мекарданд (2 Мӯсо 25:8, 9; 4 Мӯсо 9:22). Ин «хаймаи ҷомеъ» барои исроилиён маркази парастиш ва ҷойи қурбониорӣ буд (2 Мӯсо 29:43–46). Хаймаи муқаддас ҳамчунин рамзи як чизи бузургтаре буд, ки ба масеҳиён маълум гашт.

7. Ибодатгоҳи рӯҳонӣ кай пайдо шуд?

7 Воқеияти замони масеҳиён. Хаймаи замони қадим «сояи чизҳои осмонӣ» буд ва он рамзи ибодатгоҳи рӯҳонии Яҳува буд. Павлус гуфт: «Ин хайма рамзи чизест, ки ҳоло вуҷуд дорад» (Ибр. 8:5; 9:9). Вақте Павлус номаашро ба ибриён навишт, ибодатгоҳи рӯҳонӣ барои масеҳиён аллакай воқеият гардида буд. Он соли 29-уми милодӣ пайдо шуда буд, вақте Исо таъмид гирифту бо рӯҳи муқаддас тадҳин гашт. Он вақт ӯ ҳамчун «саркоҳини бузург»-и Яҳува дар ибодатгоҳи рӯҳонӣ хизматашро сар кард c (Ибр. 4:14; Кор. 10:37, 38).

САРКОҲИН

8, 9. Мувофиқи Ибриён 7:23–27 саркоҳинони исроилӣ аз Саркоҳини бузург — Исои Масеҳ, чӣ фарқ мекарданд?

8 Намунаи замони қадим. Саркоҳин метавонист халқро дар пеши Яҳува намояндагӣ кунад. Аввалин саркоҳини Исроил, Ҳорунро, худи Яҳува ҳангоми бахшида шудани хаймаи муқаддас таъйин намуда буд. Аммо Павлус фаҳмонд: «Коҳинон бисёр буданд ва яке ҷойи дигареро мегирифт, чунки марг ба давом додани хизматашон монеъ мешуд» d. (Ибриён 7:23–27-ро хонед.) Азбаски саркоҳинон одамони нокомил буданд, барои гуноҳҳои худашон низ қурбонӣ меоварданд. Фарқи калони онҳо аз Саркоҳини бузург, Исои Масеҳ, маҳз дар ҳамин аст.

9 Воқеияти замони масеҳиён. Исои Масеҳ, Саркоҳини мо, «хизматгузори. . . хаймаи ҳақиқиест, ки на одамизод, балки Яҳува барпо кардааст» (Ибр. 8:1, 2). Павлус мефаҳмонад, ки Исо «то абад зинда мемонад ва ҳеҷ кас ба ҷойи вай коҳин намешавад». Ӯ ҳамчунин илова мекунад, ки Исо «покдил, аз гунаҳкорон ҷудо» аст ва «эҳтиёҷ надорад, ки монанди дигар саркоҳинон» барои гуноҳҳояш «ҳар рӯз қурбониҳо орад». Акнун фарқи миёни қурбониҳою қурбонгоҳҳои намунаи пештара ва воқеияти замони масеҳиёнро дида мебароем.

ҚУРБОНГОҲҲОВУ ҚУРБОНИҲО

10. Қурбониҳое, ки исроилиён дар қурбонгоҳи мисин меоварданд, ба чӣ ишора мекарданд?

10 Намунаи замони қадим. Берун аз даромадгоҳи хаймаи муқаддас қурбонгоҳи мисине буд, ки дар он ҷо ҷонваронро барои Яҳува қурбон мекарданд (2 Мӯсо 27:1, 2; 40:29). Аммо бо ин гуна қурбониҳо бахшиши пурраи гуноҳҳоро ба даст оварда намешуд (Ибр. 10:1–4). Пайваста қурбонӣ кардани ҷонварон дар хаймаи муқаддас аломати як қурбоние буд, ки одамизодро пурра озод мекунад.

11. Исои Масеҳ худро дар кадом қурбонгоҳ ба қурбонӣ овард? (Ибриён 10:5–7, 10).

11 Воқеияти замони масеҳиён. Исо медонист, ки Яҳува ӯро барои он ба замин фиристодааст, ки ҷонашро барои товони гуноҳҳои тамоми инсоният қурбон кунад (Мат. 20:28). Аз ин рӯ, ҳангоми таъмидаш, Исо худашро барои иҷрои хости Яҳува пешкаш намуд (Юҳ. 6:38; Ғал. 1:4). Исо худро бар қурбонгоҳи маҷозие пешкаш кард. Он қурбонгоҳи маҷозӣ хости Худо дар хусуси Исо буд — Худо мехост, ки Писараш ҷони комили худро қурбон кунад. Исо ҷонашро «як бор ва барои ҳамеша» пешкаш намуда, барои гуноҳи ҳамаи онҳое, ки ба ӯ имон доранд, товон дод ва онҳоро ба таври доимӣ рӯпӯш кард. (Ибриён 10:5–7, 10-ро хонед.) Биёед, акнун ба асбобу анҷоми даруни хаймаи муқаддас назар кунем.

МАКОНИ ПОК ВА МАКОНИ ПОКТАРИН

12. Кӣ ба ҳар як ҳуҷраи хаймаи муқаддас даромада метавонист?

12 Намунаи замони қадим. Сохти хаймаи муқаддас ва ибодатгоҳҳое, ки баъдтар дар Ерусалим бино шуданд, тахминан як хел буд. Дар даруни онҳо ду ҳуҷра буд,— «Макони пок» ва «Макони поктарин», ки бо пардаи гулдӯзӣ ҷудо шуда буданд (Ибр. 9:2–5; 2 Мӯсо 26:31–33). Дар даруни Макони пок чароғпояи тиллоӣ, қурбонгоҳи бухурсӯзӣ ва мизи нони пешкаш буд. Танҳо «коҳинони тадҳиншуда» иҷозат доштанд барои иҷрои вазифаҳои муқаддасашон ба даруни Макони пок дароянд (4 Мӯсо 3:3, 7, 10). Дар даруни Макони поктарин бошад, сандуқи аҳди тиллоӣ ҷойгир буд, ки он рамзи ҳузури Яҳува буд (2 Мӯсо 25:21, 22). Ба Макони поктарин танҳо саркоҳин иҷозат дошт, ки дар Рӯзи Товондиҳӣ аз парда гузашта, дарояд (3 Мӯсо 16:2, 17). Ҳар сол ӯ бо хуни ҳайвонот ба он ҷо медаромад, то барои гуноҳи худашу халқ товон диҳад. Баъдтар Яҳува ба воситаи рӯҳи муқаддасаш маънои тамоми ҷузъиёти хаймаи муқаддасро маълум кард (Ибр. 9:6–8) e.

13. Макони пок ва Макони поктарин барои масеҳиён рамзи чӣ мебошанд?

13 Воқеияти замони масеҳиён. Шумораи маҳдуди шогирдони Масеҳ, яъне 144 000, бо рӯҳи муқаддас тадҳин ёфта, ҳамроҳи Исо дар осмон хизмати коҳиниро ба ҷо меоранд. Вақте онҳо ҳанӯз дар заминанд, Худо онҳоро бо рӯҳи муқаддас тадҳин мекунаду ба фарзандхондӣ қабул менамояд (Ошкор. 1:6; 14:1). Макони поки хаймаи муқаддас рамзи ин муносибати махсусест, ки онҳо бо Худо доранд (Рум. 8:15–17). Макони поктарин бошад, рамзи осмон аст, ки Яҳува дар он ҷо зиндагӣ мекунад. Пардае, ки Макони покро аз Макони поктарин ҷудо мекунад, рамзи бадани Масеҳ аст, ки барои ба осмон даромада, Саркоҳини бузурги рӯҳонӣ шуданаш монеъ мешуд. Бадани инсонияшро барои одамизод қурбон карда, Исо барои тамоми тадҳиншудагон ба осмон роҳ кушод. Онҳо низ барои соҳиб шудани мукофоти осмонияшон бояд аз баҳри бадани заминияшон бароянд (Ибр. 10:19, 20; 1 Қӯр. 15:50). Баъд аз зинда шуданаш, Исо ба Макони поктарини ибодатгоҳи рӯҳонӣ даромад ва охиру оқибат тамоми тадҳиншудагон дар он ҷо ба ӯ ҳамроҳ мешаванд.

14. Аз рӯйи суханони Ибриён 9:12, 24–26 чаро сохтори ибодатгоҳи рӯҳонии Яҳува аз сохтори пештара беҳтар аст?

14 Аз ин ҷо мо бартарии парастиши покеро мебинем, ки Яҳува бар товони Исои Масеҳ ва саркоҳин будани ӯ асос гузоштааст. Саркоҳин дар Исроил ба Макони поктарини сохтаи дасти инсон бо хуни ҳайвонҳо медаромад. Исо бошад, «ба худи осмон», ба ҷойи аз ҳама поктарин, дохил шуда, пеши Яҳува ҳозир гардид. Дар он ҷо ӯ арзиши хуни комилашро пешкаш намуд ва «бо қурбонии худ гуноҳро аз байн» бурд. (Ибриён 9:12, 24–26-ро хонед.) Қурбонии Исо қурбонии ниҳоиест, ки гуноҳро ба таври доимӣ шуста тоза мекунад. Дар сархатҳои навбатӣ мебинем, ки хоҳ мо умеди заминӣ дошта бошем, хоҳ осмонӣ, метавонем Яҳуваро дар ибодатгоҳи рӯҳонӣ парастиш кунем.

САҲНҲО

15. Дар саҳни хаймаи муқаддас кӣ хизмат мекард?

15 Намунаи замони қадим. Хаймаи муқаддас як саҳн дошт — майдони кушоде, ки гирдогирдаш маҳкам буда, дар он коҳинон вазифаҳояшонро ба ҷо меоварданд. Дар он саҳн қурбонгоҳи калони мисине барои қурбониҳои сӯхтанӣ ва тоси калони мисин ҷойгир буд. Коҳинон аз он истифода карда, пеш аз сар кардани хизматашон шустушӯ мекарданд (2 Мӯсо 30:17–20; 40:6–8). Ибодатгоҳҳое, ки баъдтар сохта шуданд, инчунин саҳни беруна доштанд. Дар он саҳн касоне, ки коҳин набуданд, метавонистанд Худоро парастиш кунанд.

16. Дар ҳар як саҳни ибодатгоҳи рӯҳонӣ киҳо хизмат мекунанд?

16 Воқеияти замони масеҳиён. Бақияи бародарони тадҳиншудаи Исо, ки дар заминанд, пеш аз он ки дар осмон ҳамроҳи Исо хизмати коҳиниро сар кунанд, бояд дар замин, дар саҳни дарунии ибодатгоҳи рӯҳонӣ хизмат кунанд. Тоси калони об ба ҳамаи масеҳиён хотиррасон мекунад, ки бояд аз ҷиҳати ахлоқӣ ва рӯҳонӣ пок монанд. Аммо «мардуми сершумор»-е, ки бародарони тадҳиншудаи Масеҳро содиқона дастгирӣ мекунанд, Худоро дар куҷо мепарастанд? Юҳаннои расул дар рӯъё дид, ки онҳо «дар пеши тахти Худо меистанд», ки ин дар рӯйи замин ба саҳни берунӣ рост меояд. Онҳо дар он ҷо «шабу рӯз дар ибодатгоҳи [Худо] хизмат мекунанд» (Ошкор. 7:9, 13–15). Дар сохтори Яҳува барои парастиши пок мавқеи худро доштан барои мо шарафи бузург аст.

ПАРАСТИШ КАРДАНИ ЯҲУВА БАРОИ МО ШАРАФ АСТ

17. Мо ба Яҳува чӣ хел қурбониҳо меорем?

17 Имрӯз тамоми масеҳиён соҳиби як шарафи бузург ҳастанд. Онҳо метавонанд барои пеш бурдани кори Подшоҳии Худо вақт, қувват ва дороияшонро дареғ надоранд. Чуноне ки Павлуси расул ба масеҳиёни ибрӣ навишта буд, мо метавонем ҳамеша «ба Худо қурбонии ҳамду сано орем, яъне самари лабҳоямонро, ки номи ӯро ба мардум эълон мекунанд» (Ибр. 13:15). Беҳтарин қурбониҳоямонро ба Яҳува пешкаш карда, мо нишон медиҳем, ки имконияти парастидани ӯро қадр мекунем.

18. Мувофиқи Ибриён 10:22–25 мо дар бораи чӣ набояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш кунем?

18 Ибриён 10:22–25-ро хонед. Дар охири номааш ба ибриён Павлус якчанд ҷониби парастишамонро номбар мекунад, ки ба онҳо набояд беаҳамиятӣ кунем. Масалан, дуо гуфтан ба Яҳува, дар бораи умедамон ба дигарон нақл кардан, бо аҳли ҷамоат ҷамъ шудан ва наздик шудани рӯзи Яҳуваро дида, якдигарро қувват бахшидан. Дар поёни китоби Ошкорсозӣ фариштаи Яҳува як фикрро ду бор таъкид мекунад: «Ба Худо саҷда кун» (Ошкор. 19:10; 22:9). Биёед ин ҳақиқати амиқро дар бораи ибодатгоҳи рӯҳонии бузурги Яҳува фаромӯш накунем. Мо соҳиби имконияти ноёбем! Мо метавонем Худои бузургамонро ибодат кунем.

СУРУДИ 11 Дили Яҳуваро шод гардон

a Яке аз таълимоти амиқи Каломи Худо ибодатгоҳи бузурги рӯҳонии Яҳува аст. Он чӣ гуна ибодатгоҳ аст? Дар ин мақола мо ба китоби Ибриён назар андохта, дар бораи ин ибодатгоҳ бештар мефаҳмем. Бигзор омӯзиши ин мавзуъ сипосгузории шуморо барои парастиши Яҳува дучанд гардонад.

b Аз сомонаи jw.org видеонавори «Шиносоӣ бо китоби Ибриён»-ро тамошо кунед.

c Дар Навиштаҳои Юнонӣ танҳо дар Нома ба ибриён Исо Саркоҳин номида шудааст.

d Мувофиқи як маълумотнома то замони валангор шудани ибодатгоҳи Ерусалим, соли 70-уми милодӣ, тақрибан 84 саркоҳин иваз шуд.

e Барои фаҳмидани он ки амалҳои саркоҳин дар Рӯзи Товондиҳӣ чиро тасвир мекунанд, аз сомонаи jw.org видеонавори «Шатёр»-ро тамошо кунед.

g Ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 15-уми июли 2010, саҳ. 28, ба чорчӯбаи «Чӣ тавр ба воситаи рӯҳ ҳақиқат дар бораи маъбади рӯҳонӣ ошкор шуд» нигаред.