Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 43

«Ӯ шуморо устувору қавӣ мегардонад»

«Ӯ шуморо устувору қавӣ мегардонад»

«[Яҳува] шуморо устувору қавӣ мегардонад ва побарҷо мегузорад» (1 ПЕТ. 5:10).

СУРУДИ 23 Яҳува қуввати мост

ПЕШГУФТОР a

1. Сирри қуввати хизматгорони пешини Яҳува дар чӣ буд?

 ДАР Каломи Худо одамони боимон ҳамчун шахсони пурқувват тасвир ёфтаанд. Вале ҳатто бақувваттарини онҳо баъзан худро суст ҳис мекарданд. Масалан, Довуд баъзан мегуфт, ки «мисли кӯҳ устуворам», вале баъзан иқрор шуда мегуфт, ки «ҳаросон шудам» (Заб. 30:7). Шимшӯн бошад, вақте рӯҳи муқаддас ба ӯ таъсир мекард, қуввати фавқулода пайдо менамуд. Вале ӯ дарк мекард, ки сарчашмаи қувваташ Яҳува аст ва бе он «суст шуда мисли ҳамаи одамони дигар» мегардад (Дов. 14:5, 6; 16:17). Ин хизматгорони бовафои Худо худ ба худ зӯр набуданд, балки аз Яҳува қувват мегирифтанд.

2. Чаро Павлус гуфт, ки дар нотавониҳо тавоност? (2 Қӯринтиён 12:9, 10).

2 Павлуси расул низ дарк мекард, ки ба қувваи Яҳува ниёз дорад. (2 Қӯринтиён 12:9, 10-ро хонед.) Мисли бисёре аз мо Павлусро саломатияш ғам медод (Ғал. 4:13, 14). Илова бар ин, барояш кардани кори дуруст на ҳамеша осон буд (Рум. 7:18, 19). Гоҳ-гоҳ ӯро ташвишҳои зиндагӣ азоб медоданд, дар баъзе ҳолатҳо ӯ ҳатто намедонист, ки зинда мемонад ё не (2 Қӯр. 1:8, 9). Аммо, вақте Павлус суст буд, ӯ пурқувват буд. Ин чӣ маъно дорад? Вақте Павлус беҷону нотавон буд, Яҳува ба ӯ қувваи лозима медод. Ӯ Павлусро пурзӯр мегардонд.

3. Аз ин мақола мо ба кадом саволҳо ҷавоб меёбем?

3 Яҳува ваъда медиҳад, ки ба мо низ қувват мебахшад (1 Пет. 5:10). Вале барои қуввати Яҳуваро соҳиб шудан мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем. Мисоле меорем. Мошинро мотор ҳаракат медиҳад. Вале барои он ки мошин аз як ҷо ба ҷойи дигар равад, ронанда бояд педали суръатро пахш кунад. Ба ҳамин монанд, Яҳува ба арзонӣ қувваташро ба мо медиҳад. Вале барои онро соҳиб шудан мо бояд якчанд қадам гузорем. Яҳува бо кадом роҳҳо моро қувват мебахшад? Барои он қувватро соҳиб шудан мо бояд чӣ кор кунем? Воқеаҳои ҳаёти се хизматгори Яҳува — Юнус, Марями модари Исо ва Павлуси расулро дида баромада, ба ин саволҳо ҷавоб меёбем. Мо мебинем, ки чӣ хел Яҳува онҳо ва баъзе хизматгорони имрӯзаашро қувват бахшид.

АЗ ДУОВУ ОМӮЗИШ ҚУВВАТ ЁБЕД

4. Барои аз Яҳува қувват ёфтан мо бояд чӣ кор кунем?

4 Як роҳе, ки мо аз Яҳува қувват ёфта метавонем, дуо гуфтан аст. Яҳува ба дуоҳои мо ҷавоб дода, «қувваи барзиёд»-амон медиҳад (2 Қӯр. 4:7). Роҳи дигари қувват ёфтан аз Яҳува хондани Каломи ӯ ва андеша рондан дар бораи он аст (Заб. 86:11). Суханони Китоби Муқаддас «таъсирбахш»-анд (Ибр. 4:12). Вақте мо ба Яҳува дуо мегӯему Каломи ӯро мехонем, қуввати лозима пайдо мекунем, то дар душвориҳо устувор монем, шодиро нигоҳ дорем ё аз уҳдаи супориши мушкил бароем. Биёед бинем, ки Яҳува ба пайғамбар Юнус чӣ хел қувват бахшид.

5. Чаро пайғамбар Юнус ба дастгирии Яҳува муҳтоҷ буд?

5 Пайғамбар Юнус ба қувват ниёз дошт. Ӯ аз супориши мушкиле, ки Яҳува ба ӯ дода буд, гурехт. Дар натиҷа, ҳангоми тӯфони сахт, ҷони ҳамроҳонашро дар хатар гузошта, қариб аз ҳаёти худаш низ маҳрум мешуд. Вақте ӯро аз киштӣ берун андохтанд, моҳии калоне ӯро фурӯ бурд. Дар торикистони шиками моҳӣ, эҳтимол, сад фикру хаёл аз сари Юнус мегузашт. Шояд, ӯ фикр кард, ки дигар зинда намемонад. Ё гумон мекард, ки Яҳува аз ӯ рӯ гардондааст. Юнус, бешак, дар ғаму хавотирӣ ғӯтида буд.

Чӣ ба Юнус кумак кард, ки дар озмоиш истодагӣ кунад ва мо аз ӯ чӣ меомӯзем? (Ба сархатҳои 6–9 нигаред.)

6. Мувофиқи Юнус 2:1, 2, 7, вақте Юнус дар шиками моҳӣ буд, чӣ ӯро қувват бахшид?

6 Вақте Юнус тоқаю танҳо буд, чӣ хел қувват гирифт? Ӯ дуо гуфт. (Юнус 2:1, 2, 7-ро хонед.) Ҳарчанд Юнус аз иҷрои амри Яҳува саркашӣ намуд, бовар дошт, ки Яҳува ба дуои хоксоронаю тавбаомезаш гӯш медиҳад. Юнус ҳамчунин дар бораи оятҳои Навиштаҳо андеша ронд. Мо инро аз куҷо медонем? Дар дуои худ, ки дар Юнус боби 2 навишта шудааст, ӯ аз бисёр калимаю ибораҳое истифода мекунад, ки дар китоби Забур вомехӯранд. (Масалан, Юнус 2:2, 5-ро бо Забур 69:1; 86:7 муқоиса кунед.) Маълум аст, ки Юнус ин порчаҳоро хеле хуб медонист. Дар бораи онҳо мулоҳиза ронда, ӯ дар лаҳзаҳои торику вазнини зиндагияш аз ёрии Яҳува дилпур шуд. Баъдтар Юнус ба хушкӣ баргардонда шуд ва барои иҷрои супориши навбатияш миён баст (Юнус 2:10–3:4).

7, 8. Чӣ ба як бародаре аз Тайван кумак мекунад, ки дар озмоишҳо истодагӣ кунад?

7 Вақте мо бо озмоишҳои гуногун рӯ ба рӯ мешавем, намунаи Юнус ба мо ёрдам мекунад. Жиминг b ном бародареро, ки аз Тайван аст, саломатияш сахт азоб медиҳад. Илова бар ин, ӯ аз тарафи хешу табораш ба сабаби имонаш бо муқобилати шадид дучор мешавад. Бародарамон ба воситаи дуою омӯзиш дар чунин ҳолатҳо аз Яҳува қувват меёбад. Ӯ мегӯяд: «Баъзан, вақте душвориҳо сар мезананд, ман чунон хавотиру ноором мешавам, ки шишта омӯзиш карда наметавонам». Вале бародарамон ҳалли ин мушкилиро ёфтааст. Ӯ мегӯяд: «Аввал, ман ба Яҳува дуо мегӯям. Баъд, гӯшмонакҳоро ба гӯшам андохта, ба сурудҳои Подшоҳӣ гӯш медиҳам. Баъзан ҳатто бо овози паст замзама мекунам. Ҳамин ки ором шавам, омӯзишро сар мекунам».

8 Омӯзиши шахсӣ ба Жиминг ба таври ғайричашмдошт ёрӣ расонд. Вақте ӯ аз ҷарроҳии ҷиддие барқарор мешуд, ҳамшира ба наздаш омада, ба вай гуфт, ки миқдори эритротситҳо, яъне ҳуҷайраҳои сурхи хунаш, хеле кам аст ва ба ӯ хун гузарондан лозим аст. Вале шаби пеш аз ҷарроҳияш Жиминг саргузашти хоҳареро хонд, ки айнан чунин ҷарроҳиро гузаронда буд. Миқдори эритротситҳои он хоҳар аз Жиминг ҳам пасттар буд, вале ӯ ба хунгузаронӣ розӣ нашуд. Бо вуҷуди ин хоҳарамон сиҳат шуд. Ин воқеа ба Жиминг қувват бахшид, ки ба Яҳува содиқ монад.

9. Агар озмоишҳо қуввататонро гиранд, чӣ кор карда метавонед? (Ҳамчунин ба расмҳо нигаред.)

9 Оё ҳангоми озмоиш шумо чунон ба ташвиш меоед, ки фикратонро дар дуо равшан баён карда наметавонед? Ё чунон беқуввату нотавон мешавед, ки омӯзиш карда наметавонед? Агар чунин бошад, дониста бошед, ки Яҳува вазъияти шуморо нағз мефаҳмад. Барои ҳамин ҳатто агар дуои кӯтоҳу одӣ гӯед, Худоямон он чиро, ки шумо ба он ниёз доред, ато мекунад (Эфс. 3:20). Агар саломатиятон нағз набошад ё дарди дилатон чунон сахт бошад, ки хонишу омӯзиш бароятон душвор аст, ба сабти овозии Китоби Муқаддас ва адабиётамон гӯш диҳед. Шумо ҳамчунин метавонед аз сайтамон ягон сурудро гӯш кунед ё видеонавореро тамошо кунед. Вақте шумо дуо гуфта, ҷавоби дуоятонро аз адабиётамон мекобед, дарро барои Яҳува кушода мемонед, то ӯ омада, шуморо қувват бахшад.

АЗ ҲАМИМОНОН ҚУВВАТ ЁБЕД

10. Чӣ тавр бародару хоҳарон моро қавӣ мегардонанд?

10 Яҳува метавонад ба воситаи бародару хоҳаронамон моро қувват бахшад. Вақте мо бо озмоише талош мекунем ё дар иҷрои супориши душворе вазнинӣ мекашем, ҳамимононамон барои мо «сарчашмаи тасаллии бузург» шуда метавонанд (Қӯл. 4:10, 11). Ба дастгирии дӯстон мо махсусан дар «рӯзи сахт» муҳтоҷем (Пнм. 17:17). Вақте мо суст бошем, ҳамдинони азизамон моро дилбардорӣ мекунанд ва аз ҷиҳати ҷисмонию рӯҳонӣ қувват мебахшанд. Биёед бинем, ки чӣ тавр Марями модари Исо аз дигарон қувват ёфт.

11. Чаро ба Марям қуввати Яҳува даркор буд?

11 Ба Марям қувват даркор буд. Ӯ аз фариштаи Ҷабраил супориши ҷиддие гирифт. Бори масъулияти ӯро лаҳзае тасаввур кунед: ӯ оиладор набуд, вале ба наздикӣ бояд ҳомила мешуд. Ӯ то ин дам фарзанде калон накарда буд, вале бояд писареро ба воя мерасонд, ки Масеҳ мешавад. Ба болои ин, чӣ тавр ӯ, ки то ин дам бо марде ҳамхоб нашуда буд, ба шавҳаршавандааш Юсуф сабаби ҳомиладорияшро мефаҳмонад? (Луқ. 1:26–33).

12. Чӣ тавр Марям соҳиби қувваи даркорӣ гашт? (Луқо 1:39–45).

12 Чӣ тавр Марям барои иҷрои ин супориши вазнину ғайриодияш қувват пайдо кард? Ӯ аз дигарон ёрдам пурсид. Масалан, ӯ аз Ҷабраил дар бораи ин вазифааш маълумоти бештар пурсид (Луқ. 1:34). Каме баъдтар бошад, Марям барои хабаргирии хешаш Элисобаъ «ба кӯҳистон, ба яке аз шаҳрҳои Яҳудо, равона шуд». Элисобаъ ӯро таъриф намуду аз Худо илҳом ёфта, дар бораи кӯдаки шиками Марям пешгӯйие ба забон овард ва ҳамин тавр Марямро қавӣ гардонд. (Луқо 1:39–45-ро хонед.) Марям гуфт, ки Худо «бо дасти худ корҳои бузург ба амал овард» (Луқ. 1:46–51). Яҳува ба воситаи Ҷабраил ва Элисобаъ Марямро қувваи тоза бахшид.

13. Чӣ тавр ба як хоҳар аз Боливия ҳамимонон кумак карданд?

13 Шумо низ мисли Марям ба кумаки бародару хоҳарон ниёз доред. Хоҳаре аз Боливия бо номи Дасури фаҳмид, ки падараш гирифтори бемории марговар шудааст. Ӯ нигоҳубини падари бистарияшро ба уҳда гирифт (1 Тим. 5:4). Хоҳарамон дарк намуд, ки ин кори осон нест. Ӯ мегӯяд: «Баъзан чунин эҳсос менамудам, ки ҷон дар тан надорам». Оё хоҳарамон аз касе ёрӣ пурсид? Дар аввал не. Ӯ мегӯяд: «Ман намехостам бародару хоҳаронро ташвиш диҳам. Ман ба худ мегуфтам: “Ман аз одамон не, аз Яҳува қувват меҷӯям”. Вале чанде пас дарк кардам, ки худро аз дигарон дур гирифта, ман ба қувваи худам такя карда истодаам» (Пнм. 18:1). Дасури қарор кард, ки ба якчанд дӯсташ менависаду вазъиятро мефаҳмонад. Ӯ мегӯяд: «Бо сухан гуфта намешавад, ки бародару хоҳарони азизам ба ман чӣ қадар ёрӣ расонданд. Онҳо ба беморхона хӯрок оварданду оятҳои қувватбахшро аз Калом ба ман нишон доданд. Мо танҳо нестем, мо қисми оилаи калони Яҳуваем — оилае, ки ба ту дасти ёрӣ дароз мекунад, ҳамроҳат мегиряд ва паҳлу ба паҳлу истода, дар мубориза ба ту ёрӣ мерасонад. Ин як ҳиссиёти нотакрор аст».

14. Чаро мо бояд ёрдами пиронро қабул кунем?

14 Як роҳе, ки Яҳува бо он моро қувват мебахшад, пирон аст. Ба воситаи ин атоҳояш Яҳува ба мо зӯру тавон ва қуввати тару тоза мебахшад (Иш. 32:1, 2). Аз ин рӯ, вақте ба ташвиш оед, хавотириҳоятонро ба пирон гӯед. Вақте онҳо ба шумо кумак пешниҳод кунанд, онро бо сипосгузорӣ қабул кунед. Яҳува ба воситаи пирон ба шумо қувват мебахшад.

АЗ УМЕДИ ОЯНДААТОН ҚУВВАТ ЁБЕД

15. Масеҳиён кадом умедро қадр мекунанд?

15 Умеде, ки мо аз Китоби Муқаддас дорем, ба мо ҷон бахшида метавонад (Рум. 4:3, 18–20). Масеҳиён умеди беҳамтое доранд. Баъзеҳо умед доранд, дар замин абадан зиндагӣ кунанд, дигарон дар Подшоҳии осмонӣ. Умедамон ба мо қуввати лозима мебахшад, то ба озмоишҳо тоб орем, хушхабарро расонем ва аз уҳдаи супоришҳои гуногунамон дар ҷамоат бароем (1 Тас. 1:3). Маҳз ҳамин умед ба Павлус қувват мебахшид.

16. Чаро Павлус ба қувваи Яҳува муҳтоҷ буд?

16 Павлус ба қувват ниёз дошт. Дар номаи худ ба қӯринтиён ӯ худро ба зарфи гилин монанд кард. Ӯ зери фишори сахт, дармонда, озордида ва афтода буд. Ҳаёти Павлус ҳатто зери хатар буд (2 Қӯр. 4:8–10). Павлуси расул ин суханонро ҳангоми сафари сеюми миссионерияш навишта буд. Павлус, аз афташ, намедонист, ки ин душвориҳо сахтиҳои охирони зиндагияш нестанд. Баъд аз навиштани ин мактуб, дар оянда, ӯ душвориҳои дигарро аз сар гузаронд. Ӯро борҳо латукӯб карданд, дастгир намуданд, ба зиндон андохтанд ва киштияш ғарқ шуд.

17. Аз рӯйи 2 Қӯринтиён 4:16–18 чӣ ба Павлус ёрӣ дод, ки озмоишҳоро паси сар кунад?

17 Ба умеди худ чашм дӯхта, Павлус қуввату устуворӣ пайдо мекард. (2 Қӯринтиён 4:16–18-ро хонед.) Ӯ ба масеҳиёни Қӯринт навишт, ки ҳарчанд ҷисмаш пажмурда мешавад, аз ин дилшикаста намегардад. Павлус ба оянда назар медӯхт. Дар назари ӯ мукофоти ояндааш аз тамоми душвориҳое, ки бо онҳо дучор мешуд, «бениҳоят бузург» буд. Дар бораи ин умедаш андеша карда, Павлус ҳис мекард, ки дарунаш «рӯз ба рӯз нав мешавад».

18. Чӣ тавр умед ба Тихомир ва оилааш қувват мебахшад?

18 Бародаре аз Булғория бо номи Тихомир аз умеди худ қувват меёбад. Якчанд сол пеш, додараш Здравко дар садамае ҳаёташро аз даст дод. Баъд аз ин Тихомир бори қоматшикани ғамро мебардошт. Барои ба ғам тоб овардан ӯву аҳли оилааш зиндашавиро тасаввур мекарданд. Ӯ мегӯяд: «Барои мисол, мо маслиҳат мекунем, ки дар куҷо Здравкоро вомехӯрем, кадом хӯрокро барояш тайёр мекунем, бори аввал, баъди зиндашавияш, чӣ гуна ташкилӣ мекунему киро даъват мекунем ва дар бораи рӯзҳои охир ба ӯ чиро нақл мекунем». Тихомир мегӯяд, ки ба умедаш назар дӯхтан ба ӯву оилааш ёрдам мекунад, ки то вақти фаро расидани дунёи нав ва дидани бародараш устувор монанд.

Дар дунёи нав шумо бо чӣ корҳо машғул мешавед? (Ба сархати 19 нигаред.) c

19. Чӣ тавр умедамонро ба оянда қавӣ созем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

19 Чӣ тавр шумо умеди худро қавӣ гардонда метавонед? Масалан, агар шумо умеди дар замин зиндагӣ карданро дошта бошед, аз Китоби Муқаддас дар бораи тасвири заминӣ хонеду дар бораи ин оятҳо андеша кунед (Иш. 25:8; 32:16–18). Тасаввур кунед, ки зиндагӣ дар дунёи нав чӣ хел мешавад. Худро дар он ҷо бубинед. Шумо киро мебинед? Кадом садоҳоро мешунавед? Чиро эҳсос мекунед? Барои ба хаёлпардозиятон такон бахшидан ба расмҳои адабиётамон, ки дар онҳо биҳишт тасвир ёфтааст, нигаред. Шумо ҳамчунин метавонед таронаҳоямонро, ба монанди «Пеши назар ор» ва «Яҳува шодии мост то абад» тамошо кунед. Агар мо умеди дунёи навро пайваста дар ёд дорем, душвориҳоямон «зудгузару сабук» метобанд (2 Қӯр. 4:17). Бо ёрии умеде, ки Яҳува ато кардааст, ӯ ба шумо қувват мебахшад.

20. Агар худро суст ҳис кунем, чӣ ба мо қувват мебахшад?

20 Ҳатто вақте суст бошем, «Худо ба мо қувват хоҳад бахшид» (Заб. 108:13). Яҳува аллакай бароятон роҳҳоеро фароҳам овардааст, ки қувват ёфта метавонед. Аз ин рӯ, вақте ба шумо барои иҷро кардани супорише, тоб овардан ба озмоише ё нигаҳ доштани шодӣ кумак даркор бошад, ба Яҳува аз таҳти дил дуо гӯед ва раҳнамоии ӯро ба воситаи омӯзиш ҷӯед. Аз бародару хоҳарон дасти ёриро қабул кунед. Умедатонро зиндаю фурӯзон нигоҳ доред. Он гоҳ шумо «аз қудрати пурҷалоли [Худо] қуввати бузург ёфта, бо пурсабриву шодмонӣ то ба охир истодагӣ» мекунед (Қӯл. 1:11).

СУРУДИ 38 Бори дилатро ба Яҳува парто

a Ин мақола ба касоне кумак мерасонад, ки қоматашон аз бори озмоиш ё супориши вазнин хам шудааст. Аз он мо мефаҳмем, ки Яҳува ба мо бо кадом роҳҳо қувват мебахшад ва барои он қувватро соҳиб шудан мо бояд чӣ кор кунем.

b Баъзе номҳо иваз шудаанд.

c ШАРҲИ РАСМ: Хоҳари ношунавое дар бораи ваъдаҳои Китоби Муқаддас мулоҳиза меронад, таронаҳоямонро тамошо карда, худро дар дунёи нав тасаввур мекунад.