Мо муҳтоҷи ҷаҳони беҳтар ҳастем
Котиби генералии Созмони Миллали Муттаҳид, Антонио Гутеррес, чунин гуфт: «Мо дар ҷаҳоне зиндагӣ дорем, ки пур аз бетартибист». Оё шумо бо ин суханон розиед?
Барномаҳои иттилоотӣ пур аз хабарҳои нохуш аст
Касалӣ ва вабоҳо
Офатҳои табиӣ
Камбағалию гушнагӣ
Ифлосӣ ва гармшавии иқлим
Ҷиноят, зӯроварӣ ва порахӯрӣ
Ҷангҳо
Мо ба ҷаҳони беҳтаре ниёз дорем, ки чунин чизҳо бошад
Саломатии комил
Бехавфу бехатарӣ
Хӯрду хӯроки фаровон
Табиати безарар
Адлу инсоф
Тинҷию амонӣ
Вақте мо дар бораи ҷаҳони беҳтар гап мезанем, чиро дар назар дорем?
Бо ҷаҳоне, ки ҳоло мо зиндагӣ дорем, чӣ мешавад?
Барои дар ҷаҳони нав зиндагӣ кардан мо чӣ кор карда метавонем?
Ба ин ва дигар саволҳо дар ин маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» аз Китоби Муқаддас ҷавобҳои тасаллибахш оварда шудааст.