Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Саволҳои хонандагон

Саволҳои хонандагон

Чаро Исо пеш аз маргаш суханони Довудро аз Забур 21:2 иқтибос овард?

Исо пеш аз ҷон доданаш якчанд сухане гуфт, ки яке аз он дар Матто 27:46 навишта шудааст: «Худои ман, Худои ман, барои чӣ маро тарк кардӣ?» Бо гуфтани ин суханон ӯ пешгӯйии Довуди забурнависро аз Забур 21:2 иҷро кард (Марқ. 15:34). Чунин хулоса кардан нодуруст аст, ки Исо аз Яҳува умедашро канд ё муддате имонашро гум кард. Исо пурра мефаҳмид, ки барои чӣ бояд бимирад ва ӯ ба ин тайёр буд (Мат. 16:21; 20:28). Ӯ ҳамчунин медонист, ки дар вақти маргаш Яҳува бояд аз гирди ӯ «ҳисор»-ро, яъне муҳофизаташро мегирифт (Айюб 1:10). Чаро? То бешак исбот гардад, ки Исо бо сахттарин азоб ва марги ҷонгудоз дучор шавад ҳам, ба Яҳува содиқ мемонад (Марқ. 14:35, 36).

Ин тавр бошад, чаро Исо суханони ин Забурро ба забон овард? Мо сабабашро аниқ намедонем, лекин биёед баъзе чизҳоеро, ки ба ин сабаб шуда метавонистанд, дида бароем *.

Бо гуфтани ин суханон Исо ба он ишора кард, ки Яҳува ба мурдани ӯ дахолат намекунад. Исо мебоист фидияро бе ёрдами Яҳува пардохт кунад. Ӯ барои он бояд мемурд, ки ба ҷойи ҳама маргро чашад (Ибр. 2:9).

Якчанд сухани он Забурро иқтибос оварда Исо хост, ки диққати дигаронро ба тамоми он таронаи Забур равона кунад. Дар он замон яҳудиён одатан бисёр таронаҳои Забурро аз ёд медонистанд. Агар касе ба онҳо оятеро аз ягон таронаи Забур хотиррасон кунад, онҳо худ аз худ дигар оятҳои онро ба ёд меоварданд. Мумкин Исо ҳам як ояти Забур 21-ро ба забон оварда бо ин роҳ хост ба ҳамқавмонаш кӯмак кунад, ки тамоми он Забурро ба хотир оранд. Чунки дар ин Забур бисёр воқеаҳои бо марги Масеҳ алоқаманд пешгӯйӣ шуда буданд (Заб. 21:8, 9, 16, 17, 19, 25). Инчунин, дар оятҳои охири ин таронаи Забур зафарманду пирӯз гаштани ҳукмронии Яҳува ва дар тамоми замин паҳн ёфтани он тасвир шудааст (Заб. 21:28–32).

Ин суханони Довудро ба забон оварда Исо ба беайб будани худ ишора мекард. Пеш аз маргаш Исоро ноҳақ суд карданд ва ба куфргӯйӣ айбдор намуданд (Мат. 26:65, 66). Он суд бевақтии шаб саросемавор гузаронда шуд, ки ин тамоман бар хилофи меъёрҳои Шариат буд (Мат. 26:59; Марқ. 14:56–59). Вақте Исо ин суханонро иқтибос овард: «Худои Ман, Худои Ман! Чаро Маро тарк кардаӣ?», ӯ эҳтимол ба он ишора кард, ки бегуноҳ аст ва ягон кори ба чунин ҷазо сазоворро накардааст.

Исо бо ин суханонаш инчунин ба дигарон ёдрас мекард, ки ҳарчанд Худо роҳ дод, ки Довуд — нависандаи ин Забур азоб кашад, ин маънои онро надошт, ки Довуд розигии Худоро гум карда буд. Саволи дар ояти Забур 21:2 додаи Довуд маънои онро надошт, ки ӯ имонашро ба Худо гум карда буд. Баъди ин саволро додан, Довуд дар оятҳои минбаъда бовариашро ба қувваи наҷотдиҳандаи Яҳува изҳор кардааст ва Яҳува дар ҳақиқат минбаъд низ Довудро дастгирӣ мекард ва баракат медод (Заб. 21:24, 25, 28). Ба ин монанд, ҳарчанд Исо — «Писари Довуд» дар сутуни азобу шиканҷа уқубат мекашид, ин маънои онро надошт, ки вай розигии Яҳуваро аз даст додааст (Мат. 21:9).

Исо бо ин суханон андӯҳи худро оиди он баён кард, ки Яҳува бояд ӯро танҳо гузорад ва муҳофизат накунад, то ӯ беайбиашро пурра исбот кунад. Яҳува дар аввал ният надошт, ки Писараш азоб кашида бимирад. Ба ин танҳо баъди он зарурият пайдо шуд, ки Одаму Ҳавво ба Худо беитоатӣ карда ба насли худ маргро мерос гузоштанд. Исо ягон кори бад накард, вале ба вай лозим буд, ки азоб кашида бимирад, то ба саволҳои баҳсталаби Шайтон ҷавоб гардонад ва бо пардохтани фидия чизеро, ки Одам гум кард, баргардонад (Марқ. 8:31; 1 Пет. 2:21–24). Ин танҳо он вақт амалӣ шуда метавонист, агар Яҳува муддате ҳимоя кардани Исоро бас кунад. Барои ҳамин Яҳува бори аввал буд, ки Писарашро танҳо гузошт ва ҳимоя накард.

Исо мехост, то пайравонаш оиди он фикр кунанд, ки аз кадом сабаб Яҳува роҳ дод, ки ӯ дар сутун азоб кашида бимирад *. Исо медонист, ки чун ҷинояткор дар сутуни азобу шиканҷа уқубат кашида мурдан ба бисёриҳо сабаби пешпо хӯрдан мегардад (1 Қӯр. 1:23). Пайравонаш диққати худро ба сабаби аслии марги ӯ равона карда, маънои ҳақиқии онро фаҳмида метавонистанд (Ғал. 3:13, 14). Ва ин ба онҳо ёрӣ медод, ки ба ӯ на чун ба ҷинояткор, балки чун ба Наҷотдиҳанда назар кунанд.

Новобаста аз он ки бо кадом сабаб Исо ин суханонро иқтибос овард, ӯ медонист, ки дар сутуни азобу шиканҷа мурдани ӯ аз рӯйи хости Яҳува аст. Каме пас аз иқтибос овардани он Забур Исо гуфт: «Иҷро шуд» (Юҳ. 19:30; Луқ. 22:37). Бале, муддате аз ҳимояи Яҳува маҳрум будан ба Исо имконият дод, ки мақсади ба замин фиристода шуданашро ба пуррагӣ иҷро кунад. Бо ин Исо ҳамчунин тамоми чизҳоеро, ки дар бораи ӯ дар «Тавроти Мӯсо, Навиштаҳои пайғамбарон ва Забур навишта» шуда буд, ба ҷо овард (Луқ. 24:44).

^ сарх. 2 Ҳамчунин дар ин шумора ба мақолаи «Аз суханони охирини Исо мо чӣ дарс мегирем?», ба сархатҳои 9 ва 10 нигаред.

^ сарх. 4 Дар вақти хизматаш Исо баъзан ягон чизро мегуфт ё саволе медод, ки на ҳамеша фикру ҳиссиёти ӯро инъикос мекарданд. Вай бо ин роҳ фаҳмидан мехост, ки пайравонаш чӣ ақида ва то чӣ андоза имон доранд (Марқ. 7:24–27; Юҳ. 6:1–5; ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 октябри с. 2010, саҳ. 4, 5 нигаред).