Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 22

Ба омӯзандаҳоятон ёрдам диҳед, то таъмид гиранд

Ба омӯзандаҳоятон ёрдам диҳед, то таъмид гиранд

«Ҳар яке... таъмид гиред» (АЪМ. 2:38).

СУРУДИ 10 «Худоям, маро бифирист!»

ПЕШГУФТОР *

1. Пайравони Исо ба издиҳоми мардум чӣ гуфтанд?

ЯК БИСЁР мардону занон, ки забонҳояшон гуногун буд, аз давлатҳои зиёд ба Ерусалим ҷамъ омада буданд. Дар он рӯз як чизи аҷоиб рӯй дод. Баъзе яҳудиён баногоҳ бо забонҳои он мардону заноне, ки аз давлатҳои гуногун буданд, гап заданд. Ин издиҳоми мардум аз он мӯъҷиза хеле ба тааҷҷуб омаданд, вале онҳо бештар аз суханони он яҳудиён ва Петруси расул ба ҳайрат омаданд. Онҳо фаҳмиданд, ки барои наҷот ёфтан бояд ба Исои Масеҳ имон оранд. Ин суханон ба онҳо хеле таъсир кард, аз ин рӯ онҳо пурсиданд: «Мо бояд чӣ кор кунем?» Петрус ба онҳо гуфт: «Ҳар яке... таъмид гиред» (Аъм. 2:37, 38).

Бародаре ҳамроҳи занаш аз рӯйи китоби «То абад зинда бошед!» бо як ҷавон омӯзиш гузаронда истодаанд (Ба сархати 2 нигаред.)

2. Дар ин мақола мо чиро муҳокима мекунем? (Ба расми муқоваи маҷалла нигаред.)

2 Боз як чизи ҳайратоваре рӯй дод. Дар он рӯз тақрибан 3000 одам таъмид гирифта шогирди Исо шуданд. Ин саршавии кори бузурги шогирдсозӣ буд, ки Исо ба пайравонаш фармуда буд. Ин корро пайравони Исо то ҳол давом медиҳанд. Албатта, дар рӯзҳои мо бо касе якчанд соат сӯҳбат карда, ӯро ба таъмид тайёр карда намешавад. Барои ин шояд моҳҳо ё ҳатто як сол ё аз ин зиёд вақт лозим аст. Айни ҳол агар шумо бо касе омӯзиш карда истода бошед, мефаҳмед, ки кори шогирдсозӣ меҳнати зиёдро талаб мекунад. Дар ин мақола мо муҳокима мекунем, ки чӣ тавр ба омӯзандаамон ёрӣ диҳем, то таъмид гирад.

БА ОМӮЗАНДА КӮМАК КУНЕД, КИ ЧИЗҲОИ ФАҲМИДААШРО БА КОР БАРАД

3. Мувофиқи Матто 28:19, 20 омӯзанда барои пешравӣ карда таъмид гирифтан бояд чӣ кор кунад?

3 Пеш аз таъмидгирӣ омӯзанда бояд чизҳои аз Калом омӯхтаашро ба кор барад. (Матто 28:19, 20-ро хонед.) Вақте омӯзанда чизҳои фаҳмидаашро ба кор мебарад, мувофиқи мисоли Исо ӯ ба «шахси бохирад»-е монанд мегардад, ки «заминро чуқур канда хонаашро бар кӯҳпора сохтааст» (Мат. 7:24, 25; Луқ. 6:47, 48). Чӣ хел ба омӯзанда кӯмак кунем, ки чизҳои омӯхтаашро иҷро кунад? Биёед се маслиҳатро дида бароем.

4. Чӣ тавр мо ба омӯзанда ёрдам дода метавонем, то ӯ бо ҷидду ҷаҳд ба таъмид гирифтан ҳаракат кунад? (Ҳамчунин ба чорчӯбаи  «Ба омӯзандаатон ёрдам диҳед, то ӯ мақсадҳо гузошта ба онҳо расад» нигаред.)

4 Ба омӯзанда ёрдам кунед, ки мақсадҳо монад. Чаро бояд чунин кард? Мисолеро дида мебароем: Агар шумо ба ягон ҷойи дур рафтанӣ бошед, шояд манзараҳои зебо, ба монанди ҷӯйҳо ва кӯҳҳоро истода тамошо кардан хоҳед. Ҳамин тавр, шумо пай намебаред, ки чӣ тавр ин роҳи дурударозро тай карда расида омадед. Ба ҳамин монанд, вақте ки омӯзанда мақсадҳои кӯтоҳмуддат гузошта ба онҳо мерасад, ӯ мефаҳмад, ки ба мақсади таъмидгирӣ низ расидан мумкин аст. Чорчӯбаи «Мақсад»-и китоби «То абад зинда бошед!»-ро истифода бурда ба омӯзанда ёрдам кунед, ки пешравӣ кунад. Дар охири ҳар як дарс мақсади овардашударо муҳокима кунед, ки чӣ тавр он бо чизи омӯхтааш алоқаманд аст. Шумо чун омӯзгор метавонед ягон мақсади дигарро, ки ба ниёзҳои омӯзанда мувофиқ мебошад, пешниҳод кунед ва онро дар бахши «Дигар мақсадҳо» навиштан мумкин аст. Ҳамчунин ин бахшро истифода бурда мақсадҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати омӯзандаро муҳокима кунед.

5. Мувофиқи Марқӯс 10:17–22 Исо ба марди сарватманд чӣ гуфт ва барои чӣ?

5 Ё ба омӯзандаатон кӯмак кунед, ки тарзи ҳаёташро дигар кунад. (Марқӯс 10:17–22-ро хонед.) Исо медонист, ки ба марди сарватманд тамоми чизу чораашро фурӯхтан душвор буда метавонад (Марқ. 10:23). Ба ҳар ҳол Исо ба он мард гуфт, ки дар ҳаёташ тағйироти калон дарорад. Барои чӣ? Чунки Исо ӯро нағз медид. Баъзан шояд мо омӯзандаамонро ташвиқ намекунем, ки чизи омӯхтаашро ба кор барад, чунки ҳис мекунем, ки ҳоло ӯ барои дигар шудан тайёр нест. Эҳтимол, ба одамон барои одатҳои пештараашонро партофта одами нав шудан вақт даркор аст (Қӯл. 3:9, 10). Лекин ҳар қадаре ки барвақттар шумо дар бораи камбудиаш гап занед, омӯзандаатон ҳамон қадар барвақттар дигар шуда метавонад. Ин тавр карда шумо нишон медиҳед, ки дар бораи ӯ ғамхорӣ мекунед (Заб. 140:5; Мас. 27:17).

6. Чаро мо бояд барои фаҳмидани нуқтаи назари омӯзанда саволҳо диҳем?

6 Хеле муҳим аст, ки фикру ақидаи омӯзандаро дар бораи мавзӯъ пурсем. Барои муайян кардани он ки омӯзандаатон чиро фаҳмид ва ба чӣ бовар дораду ба чӣ не, саволҳо диҳед. Агар шумо мунтазам аз чунин саволҳо истифода баред, дар оянда бо вай дар бораи чизҳое, ки шояд барояш қабул кардан душвор аст, сӯҳбат кардан осонтар мешавад. Дар китоби «То абад зинда бошед!» саволҳое, ки нуқтаи назари шахсро ошкор мекунанд, зиёданд. Масалан, дар дарси 4 чунин савол омадааст: «Ба фикратон, вақте шумо номи Худоро ба забон мегиред, Ӯ чӣ ҳис мекунад?» Дар дарси 9 бошад, саволи зерин омадааст: «Шумо дар бораи чӣ дуо гуфтан мехостед?» Шояд дар аввал омӯзандаи шумо барои ба чунин саволҳо ҷавоб додан душворӣ кашад. Шумо ба воситаи оятҳо ва расмҳои ин китоб ба омӯзандаатон ёрдам дода метавонед, то ӯ мулоҳиза ронад.

7. Чӣ тавр мо мисоли бародару хоҳаронро дар вақти омӯзиш хуб истифода бурда метавонем?

Вақте омӯзандаи шумо мефаҳмад, ки аз вай чӣ дар талаб аст, мисоли бародару хоҳаронро оварда ӯро ба гузоштани ин қадам ташвиқ кунед. Масалан, агар омӯзандаи шумо мунтазам ба ҷамъомадҳо наояд, шумо метавонед аз дарси 14 аз бахши «Дида бароед» видеонавори «Яҳува дар ҳаққи ман ғамхорӣ кард»-ро («Иегова заботился обо мне») нишон диҳед. Дар бисёр дарсҳои ин китоби нав дар бахши «Чуқуртар омӯзед» ё «Дида бароед» мисоли чунин бародару хоҳарон оварда шудааст *. Эҳтиёт шавед, то омӯзандаи худро бо касе муқоиса карда нагӯед: «Вай тавонист-ку, ту ҳам метавонӣ». Бигзор омӯзандаатон худаш хулоса кунад. Беҳтараш фикрҳои асосиеро қайд кунед, ки ба ин шахс барои ба кор бурдани маслиҳати Китоби Муқаддас кӯмак кард. Шумо диққати омӯзандаро ба ягон ояти асосӣ ё ягон маслиҳати амалӣ равона карда метавонед. Агар вақт расад, қайд кунед, ки Яҳува ба он шахс чӣ тавр кӯмак кард.

8. Чӣ тавр мо ба омӯзанда ёрдам дода метавонем, ки Яҳуваро дӯст дорад?

8 Ба омӯзанда ёрдам кунед, ки Яҳуваро дӯст дорад. Чӣ тавр? Аз ҳар имконият истифода бурда диққати омӯзандаро ба хислатҳои Яҳува равона кунед. Ба омӯзанда ёрдам кунед, то ӯ фаҳмад, ки Яҳува Худои хушбахт аст ва касонеро, ки Ӯро дӯст медоранд, дастгирӣ мекунад (1 Тим. 1:11; Ибр. 11:6). Ба омӯзанда нишон диҳед, ки агар чизҳои омӯхтаашро ба кор барад, манфиат мегирад ва ин гувоҳӣ медиҳад, ки Яҳува ӯро дӯст медорад (Иш. 48:17, 18). Чи қадаре ки муҳаббати омӯзанда ба Яҳува зиёд шавад, ҳамон қадар хоҳиши ӯ барои иҷро кардани хости Яҳува зиёдтар мегардад (1 Юҳ. 5:3).

ОМӮЗАНДААТОНРО БО БАРОДАРУ ХОҲАРОН ШИНОС КУНЕД

9. Мувофиқи Марқӯс 10:29, 30 чӣ ба одам кӯмак мекунад, ки барои таъмид гирифтан аз баҳри баъзе чизҳо гузарад?

9 Барои он ки омӯзанда пешравӣ карда таъмид гирад, ӯ бояд аз баҳри баъзе чизҳо гузарад. Ба мисли марди сарватманде, ки дар боло гуфтем, ба баъзе омӯзандаҳо шояд лозим меояд, ки аз баҳри чизу чораашон гузаранд. Агар кори онҳо мувофиқи принсипҳои Китоби Муқаддас набошад, ба онҳо эҳтимол лозим меояд, ки ҷойи корашонро дигар кунанд. Бисёриҳо бошанд, шояд дӯстоне доранд, ки аз онҳо бояд муносибаташонро кананд. Аз дигарон аъзои оилаашон, ки Шоҳидони Яҳуваро дӯст намедоранд, шояд рӯ гардонанд. Исо гуфта буд, ки барои баъзеҳо чунин қурбониҳо кардан душвор буда метавонад. Вале ӯ ваъда дода буд, ки касоне, ки ӯро пайравӣ мекунанд, ҳеҷ вақт ноумед намешаванд. Яҳува чунин шахсонро баракат дода ба онҳо оилае медиҳад, ки дар он ҳама якдигарро дӯст медоранд. (Марқӯс 10:29, 30-ро хонед.) Чӣ хел шумо ба омӯзандаатон кӯмак карда метавонед, ки узви ин оила шавад?

10. Мо аз суханони Манвел чӣ меомӯзем?

10 Бо омӯзандаатон дӯст шавед. Ба омӯзандаатон нишон диҳед, ки шумо дар бораи ӯ фикр мекунед. Чаро ин хеле муҳим аст? Ба суханони Манвел, ки дар Мехико зиндагӣ мекунад, аҳамият диҳед. Ӯ вақтҳои омӯзанда буданашро ба ёд оварда чунин мегӯяд: «Пеш аз ҳар як омӯзиш бародаре, ки бо ман омӯзиш мекард, аз кору борам пурсон мешуд. Ӯ ба ман ёрдам медод, ки худро озод ҳис кунам ва дар бораи ҳама чиз сӯҳбат карда тавонам. Ман ҳис мекардам, ки ӯ дар ҳақиқат дар бораи ман ғамхорӣ мекунад».

11. Агар мо бо омӯзандаамон вақт гузаронем, ӯ аз ин чӣ манфиат гирифта метавонад?

11 Чи хеле ки Исо бо пайравонаш вақт мегузаронд, шумо низ бо омӯзандаатон вақт гузаронед (Юҳ. 3:22). Агар омӯзандаатон рӯҳан пешравӣ карда истода бошад, ӯро ба хонаатон барои як пиёла чой, якҷоя хӯрок хӯрдан ё тамошои бродкастинг даъват кунед. Хуб мебуд, ӯро ҳамон вақт даъват кунед, ки дӯстон ё оилааш ягон идро, ки бо дини дурӯғ ё сиёсат алоқаманд аст, ҷашн мегиранд. Ин ба ӯ ёрдам мекунад, ки худро танҳо ҳис накунад. Казибве, ки аз Уганда мебошад, мегӯяд: «Ман дар бораи Яҳува на танҳо дар вақти омӯзиш, балки ҳангоме ки омӯзгорам бо ман вақт мегузаронд, бисёр чизро мефаҳмидам. Ман медидам, ки Яҳува дар бораи халқаш бисёр ғамхорӣ мекунад ва онҳо хушбахтанд. Ман ҳам дар қатори онҳо будан мехостам».

Вақте шумо ба омӯзишатон воизони гуногунро даъват мекунед, ба ҷамъомад рафтани омӯзанда осонтар мегардад (Ба сархати 12 нигаред.) *

12. Чаро мо ба омӯзиш бояд воизони гуногунро барем?

12 Ба омӯзиш воизони гуногунро таклиф кунед. Баъзан мо фикр мекунем, ки ба омӯзишамон танҳо́ ё бо ҳамон як воиз равем, осонтар аст. Ҳарчанд ин барои мо қулай аст, аммо барои пешравии омӯзандаамон хуб мебуд, ки мо воизони гуногунро барем. Дмитрий ном бародар аз Молдова чунин мегӯяд: «Ҳар як воизе, ки ҳамроҳи омӯзгорам меомад, мавзӯъро ба таври аҷоиб мефаҳмонд. Ин ба ман ёрдам медод, ки ба мавзӯъ аз ҷонибҳои гуногун назар кунам. Ҳамчунин, вақте ман аввалин бор ба ҷамъомад омадам, он қадар шарм накардам, чунки аллакай бисёр бародару хоҳаронро мешинохтам».

13. Чаро муҳим аст, то ба омӯзанда ёрдам кунем, ки ба ҷамъомадҳо ояд?

13 Ба омӯзандаатон кӯмак кунед, ки ба ҷамъомадҳо ояд. Чаро? Чунки Яҳува ба мо амр додааст, ки якҷоя ҷамъ оем; ин қисми ибодати мост (Ибр. 10:24, 25). Ғайр аз ин бародару хоҳарон оилаи рӯҳонии мо мебошанд. Вақте мо ба ҷамъомад меоем, ин мисли он аст, ки гӯё мо якҷоя бо бародару хоҳарон хӯроки бомаззае мехӯрем. Агар шумо ба омӯзандаатон кӯмак кунед, ки ба ҷамъомадҳо ояд, бо ин ба вай ёрдам медиҳед, ки як қадами муҳимеро, ки барои таъмид гирифтан лозим аст, гузорад. Лекин ба вай ба ҷамъомадҳо рафтан шояд душвор бошад. Чӣ тавр китоби «То абад зинда бошед!» ба омӯзандаатон кӯмак карда метавонад, ки ҳама душвориҳоро паси сар кунад?

14. Чӣ тавр мо омӯзандаамонро барои ба ҷамъомад омадан ҳавасманд карда метавонем?

14 Бо ёрии дарси 10-уми ин китоб омӯзандаатонро ҳавасманд кунед, то ба ҷамъомад ояд. Пеш аз он ки ин китоб барояд аз воизони ботаҷриба хоҳиш карданд, ки ин дарсро истифода баранд. Ва ин дар ҳақиқат ба омӯзандагони онҳо ёрдам дод, ки ба ҷамъомадҳо оянд. Албатта, барои омӯзандагонатонро ба ҷамъомад даъват кардан то дарси 10 интизор шудан шарт нест. Онҳоро аз рӯйи имкон ҳарчи барвақттар таклиф намоед ва инро мунтазам кунед. Ҳар як омӯзанда душвориҳои гуногун дорад, бинобар ин ба ниёзҳои омӯзандаатон аҳамият диҳед ва агар аз дастатон ояд, ёрдам кунед. Агар ӯ ба зудӣ ба ҷамъомад наояд, рӯҳафтода нашавед. Пурсабр бошед, лекин минбаъд низ ӯро таклиф кардан гиред.

БА ОМӮЗАНДА КӮМАК КУНЕД, КИ БАР ТАРСАШ ҒОЛИБ ОЯД

15. Омӯзанда аз чӣ тарсида метавонад?

15 Ба ёд оред, ки шумо ҳам пеш аз Шоҳиди Яҳува шудан каме тарс доштед. Эҳтимол, шумо фикр мекардед, ки ҳеҷ вақт хона ба хона мавъиза карда наметавонед. Ё хавотир будед, ки аъзои оила ё дӯстонатон мумкин ба шумо зиддият нишон медиҳанд. Агар ин тавр бошад, шумо ҳиссиёти омӯзандаатонро мефаҳмед. Исо гуфт, ки ин гуна ҳиссиётҳо пайдо шуда метавонанд. Ба ҳар ҳол ӯ ба пайравонаш гуфт, ки ба тарс роҳ надиҳанд, ки онҳоро аз хизмати Яҳува боздорад (Мат. 10:16, 17, 27, 28). Исо чӣ тавр ба пайравонаш кӯмак кард, ки бар тарсашон ғолиб оянд? Чӣ тавр шумо ба ӯ пайравӣ карда метавонед?

16. Чӣ тавр мо ба омӯзандаамон мавъиза карданро ёд дода метавонем?

16 Оҳиста-оҳиста ба омӯзандаатон мавъиза карданро ёд диҳед. Вақте ки Исо шогирдонашро барои мавъиза кардан фиристод, мумкин онҳо ба тарсу ҳаяҷон омаданд. Лекин ӯ ба онҳо фаҳмонд, ки дар куҷо мавъиза кунанд ва дар бораи чӣ гап зананд (Мат. 10:5–7). Шумо ба Исо чӣ тавр пайравӣ карда метавонед? Шумо низ ба омӯзандаатон фаҳмонед, ки дар куҷо мавъиза карда метавонад. Масалан, аз ӯ пурсед, ки оё касеро медонад, ки дар бораи ягон мавзӯи Китоби Муқаддас фаҳмидан мехоҳад. Сипас роҳи осони мавъиза карданро ёд диҳед. Дар вақти мувофиқ шумо аз китоби «То абад зинда бошед!», бахши «Баъзеҳо мегӯянд» ва «Баъзеҳо шояд пурсанд»-ро истифода бурда бо омӯзандаатон машқ карда метавонед. Вақте чунин мекунед, диққатро ба он равона кунед, ки омӯзандаатон бо ёрии Китоби Муқаддас одӣ ва боадабона ҷавоб доданро ёд гирад.

17. Чӣ тавр мо бо ёрии оятҳои Матто 10:19, 20, 29–31 ба омӯзандаамон кӯмак карда метавонем, ки ба Яҳува такя кунад?

17 Ба омӯзандаатон кӯмак кунед, ки ба Яҳува такя кунад. Исо шогирдонашро дилпур кард, ки Яҳува ба онҳо кӯмак мекунад, чунки онҳоро дӯст медорад. (Матто 10:19, 20, 29–31-ро хонед.) Ба омӯзандаатон хотиррасон кунед, ки Яҳува ба ӯ низ мадад мекунад. Шумо якҷоя бо ӯ дар бораи мақсадҳояш дуо гуфта ба ӯ кӯмак карда метавонед, ки ба Яҳува такя кунад. Франчешек, ки аз Полша мебошад, чунин мегӯяд: «Бародаре, ки бо ман омӯзиш мекард, тез-тез дар бораи мақсадҳои ман дуо мегуфт. Вақте ман медидам, ки чӣ хел Яҳува ба дуоҳои ӯ ҷавоб медиҳад, ман низ дарҳол дуогӯиро сар кардам. Вақте ман барои анҷуман ва ба ҷамъомадҳо рафтан аз ҷойи кори навам бояд ҷавоб мегирифтам, ман ёрдами Яҳуваро ҳис кардам».

18. Яҳува ба кори шогирдсозии масеҳиён чӣ тавр муносибат мекунад?

18 Яҳува дар бораи омӯзандаҳои мо беҳад ғамхорӣ мекунад. Яҳува меҳнати масеҳиёнеро, ки барои одамонро ба Ӯ наздик кардан мекунанд, хеле қадр мекунад ва онҳоро барои ин дӯст медорад (Иш. 52:7). Агар шумо айни ҳол омӯзанда надошта бошед, пас, барои пешравӣ карда таъмид гирифтани омӯзандагони дигар воизон саҳм гузоред.

СУРУДИ 139 Ёрӣ ба шогирдони нав

^ сарх. 5 Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки чӣ тавр Исо ба одамон кӯмак мекард, ки шогирди ӯ шаванд ва чӣ хел мо ба ӯ пайравӣ карда метавонем. Мо ҳамчунин тарзи истифода бурдани китоби нав — «То абад зинда бошед!»-ро муҳокима мекунем. Он тавре омода шудааст, ки ба омӯзандагонамон кӯмак мекунад, то пешравӣ карда таъмид гиранд.

^ сарх. 7 Шумо инчунин мисолҳои бародару хоҳаронро 1) аз «Роҳнамо барои Шоҳидони Яҳува дар гузарондани тадқиқот» зери мавзӯи «Китоби Муқаддас» > «Маслиҳатҳои амалӣ» > «Китоби Муқаддас ҳаётро дигаргун месозад» (силсилаи мақолаҳо дар «Бурҷи дидбонӣ») ё 2) аз «JW Library»® аз бахши «Мусоҳиба ва воқеаҳо аз ҳаёт» ёфта метавонед.

^ сарх. 62 ШАРҲИ РАСМ: Бародаре ҳамроҳи занаш бо ҷавоне омӯзиш карда истодаанд. Дигар вақтҳо бошад, ӯ ҳар гуна бародаронро ба омӯзишаш таклиф мекунад.