Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо медонед?

Оё шумо медонед?

Дар рӯзҳои Исо мардум бояд кадом намудҳои андозро месупориданд?

АЗ ЗАМОНҲОИ пеш исроилиён барои дастгирӣ кардани ибодати пок андоз месупориданд. Лекин, дар рӯзҳои Исо яҳудиён бояд ҳар хел андозҳо месупориданд, ки ин ҳаёти онҳоро беҳад душвор мекард.

Барои дастгирӣ кардани ибодати пок дар хаймаи муқаддас ва баъдтар, дар маъбад ҳамаи мардони яҳудӣ бояд андози ду дирҳамро месупориданд. Дар асри як маблағи аз ин андоз ҷамъшударо барои қурбониҳое, ки аз номи тамоми халқ дар маъбад оварда мешуд ва дигар хароҷоти маъбад истифода мебурданд. Баъзе яҳудиён аз Петрус пурсиданд, ки оё Исо ин андозро месупорад ва Масеҳ барои супоридани ин андоз зид набуд. Дар асл, ӯ ба Петрус дастур дод, ки аз куҷо тангаи нуқрагинеро ёфта он андозро супорида метавонад (Мат. 17:24–27).

Дар он замон халқи Худо ҳамчунин боз як намуди андозро месупориданд, ки он даҳяк ном дошт. Ин аз даҳ як ҳиссаи ҳосил ё даромади исроилиёнро ташкил медод (Ибд. 27:30–32; Ад. 18:26–28). Роҳбарони динӣ исрор мекарданд, ки чунин даҳяк бояд аниқ аз ҳар як намуди зироат, ҳатто аз «пудина, шибит ва зира» супорида шавад. Исо намегуфт, ки ҷамъ овардани даҳяк нодуруст аст, вале ӯ дурӯягии китобдонон ва фарисиёнро фош карда мегуфт, ки онҳо қонун оиди даҳякро нодуруст истифода мебаранд (Мат. 23:23).

Дар замони ҳукмронии румиён яҳудиён боз якчанд намуди андозро бояд ба онҳо месупориданд. Масалан, тахмин меравад, ки онҳое, ки замин доштанд, бо пул ё ҳосили заминашон бояд андоз месупориданд, ки ин аз 20 то 25 фоизро дар бар мегирифт. Инчунин ҳар як яҳудӣ андози сарикасӣ месупорид. Маҳз дар бораи ҳамин намуди андоз фарисиён ба Исо савол дода буданд. Исо бошад, бо суханони зерин ба мо нишон дод, ки мо бояд ба андозсупорӣ чӣ тавр муносибат кунем: «Он чӣ аз они қайсар аст, ба қайсар диҳед ва он чӣ аз они Худост — ба Худо» (Мат. 22:15–22).

Ҳамчунин савдогарон барои молҳое, ки ба минтақа медароварданд ва ё аз он ҷо мебароварданд, андоз месупориданд. Чунин андозро аз онҳо дар бандаргоҳҳо, кӯпрукҳо, чорроҳаҳо ё дар даромади шаҳрҳо ё бозорҳо мегирифтанд.

Тамоми намуди андоз барои одамоне, ки зери ҳукмронии Рум буданд, бори хеле вазнин буд. Мувофиқи суханони таърихшиноси румӣ Татсит дар давраи ҳукмронии қайсар Тибариюс, вақте ки Исо дар рӯйи замин буд, «мардуми Сурия ва Яҳудо зора мезаданд, ки андозро камтар кунанд, зеро супоридани он барояшон аз ҳад душвор буд».

Тарзи ҷамъ овардани ин намудҳои андоз низ бори халқро дучанд вазнин мекард. Одатан боҷгирон ин вазифаро мехариданд. Ҳар касе, ки пули аз ҳама бисёр медод, ҷамъкунандаи андоз шуда метавонист. Сипас онҳо аз ҳисоби халқ барзиёд пул ҷамъ карда фоида ба даст меоварданд, ин ҷамъоварандагон касони дигарро киро мекарданд, ки аз халқ андоз ҷамъ кунанд ва он коргарон низ дар навбати худ барзиёд андоз меситонданд, то ки ба худ фоида гиранд. Яке аз чунин сардори ҷамъоварандагони андоз Заккай буд (Луқ. 19:1, 2). Ана барои чӣ мардум аз дасти ҷамъоварандагони андоз ба дод омада буд ва аз онҳо нафрат мекард.