Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Саволҳои хонандагон

Саволҳои хонандагон

Вақте Павлуси расул гуфт, ки «ба воситаи шариат ман барои шариат мурдам», ӯ чиро дар назар дошт? (Ғал. 2:19).

Павлус навишт: «Ба воситаи шариат ман барои шариат мурдам, то барои Худо зинда шавам» (Ғал. 2:19).

Ин суханони Павлус бо фикри асосие, ки ӯ ба ҷамъомади Ғалотияи вилояти Рум расондан мехост, алоқаманд буд. Баъзе масеҳиён дар он ҷо ба таъсири таълимоти муаллимони дурӯғ дода шуда буданд. Чунин шахсон мегуфтанд, ки барои наҷот ёфтан шахс бояд Шариати Мӯсо, хусусан талабот оиди хатнаро ба ҷо орад. Лекин Павлус медонист, ки Худо дигар аз имондорон хатна карданро талаб намекунад. Павлус бо далелҳои боварибахш ин таълимоти дурӯғро фош кард ва имони бародаронро ба қурбонии Исои Масеҳ мустаҳкам гардонд (Ғал. 2:4; 5:2).

Дар Китоби Муқаддас кушоду равшан гуфта шудааст, ки вақте одам мемирад, ӯ чизеро ҳис намекунад ё чизе, ки дар гирду атроф шуда истодааст, ба вай таъсир намерасонад (Воиз 9:5). Вақте Павлус гуфт, ки «ман барои шариат мурдам», ӯ дар назар дошт, ки Шариати Мӯсо дигар ба ӯ таъсир намекунад. Ба ҷойи ин Павлус боварӣ дошт, ки ба воситаи имон ба қурбонии Исо ӯ «барои Худо зинда шуд».

Чунин дигаргунӣ дар ҳолати Павлус маҳз «ба воситаи шариат» рӯй дод. Ин чӣ маъно дорад? Худи Павлус фаҳмонд, ки «одам на аз рӯйи корҳои шариат, балки фақат аз рӯйи имон ба Исои Масеҳ росткор эълон мешавад» (Ғал. 2:16). Дар асл гирем, Шариат як вазифаи хеле муҳимро ба ҷо овард. Павлус ба масеҳиёни Ғалотия инро чунин фаҳмонд: «Он [Шариат] илова шуд, то қонуншиканиро маълум созад ва то омадани насл, ки ваъда ба вай дода шуд, амал кунад» (Ғал. 3:19). Бале, Шариат маълум сохт, ки одамони нокомил ва гунаҳкор онро ба таври комил ба ҷо оварда наметавонанд, балки онҳо ба қурбонии комил, ки ба ҳамаи дигар қурбониҳо хотима мебахшад, мӯҳтоҷанд. Ҳамин тавр Шариат одамонро ба «насл»-и ваъдашуда, яъне Масеҳ, роҳнамоӣ кард. Бо имон овардан ба Исои Масеҳ шахс дар назди Худо росткор эълон мегардад (Ғал. 3:24). Павлус барои он росткор эълон гардид, ки маҳз ба воситаи Шариат ӯ Исоро шинохт ва ба ӯ имон овард. Баъд аз имон овардан ба Исо Павлус «барои шариат» мурд ва «барои Худо зинда шуд». Минбаъд ӯ зери таъсири Шариат неву зери таъсири Худо буд.

Павлус дар нома ба румиён фикри ба ин монандро қайд кард. Ӯ гуфт: «Шумо низ, эй бародаронам, ба воситаи бадани Масеҳ барои Шариат мурдаед... мо барои Шариат, ки моро дар банди худ нигоҳ медошт, мурда, аз он озод шудем» (Рум. 7:4, 6). Дар ин оят ва ояти Ғалотиён 2:19 Павлус дар бораи он нагуфт, ки Шариат вайро чун гунаҳкор маҳкум кард ва ӯ мурд. Баръакс, ӯ дар ин оятҳо дар бораи озод шудан аз он Шариат гап зад. Акнун Шариат Павлус ва дигар масеҳиёнеро, ки ба фидияи Исо имон оварда буданд, дар банди худ нигоҳ намедошт. Онҳо аз ҳукми Шариат озод шуда буданд.