Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 25

«Ягонтои ин хурдонро» хор нашуморед

«Ягонтои ин хурдонро» хор нашуморед

«Ягонтои ин хурдонро кам нашуморед» (МАТ. 18:10).

СУРУДИ 39 Осоиштагӣ дороии мост

ПЕШГУФТОР *

1. Яҳува барои ҳар яки мо чӣ кор кард?

ЯҲУВА ҳар яки моро ба Худ ҷалб кардааст (Юҳ. 6:44). Тасаввур кунед, Яҳува аз байни миллиардҳо одамон дар дили шумо як чизи пурқиматеро дид, Ӯ пай бурд, ки дилатон соф аст ва шумо Ӯро дӯст дошта метавонед (1 Вақ. 28:9). Яҳува шуморо медонад, мефаҳмад ва дӯст медорад. Чӣ фикри дилгармкунандае!

2. Бо ёрии кадом мисол Исо фаҳмонд, ки Яҳува ба ҳар яки мо ғамхор аст?

2 Чи тавре ки Яҳува нисбати шумо хеле ғамхор аст, ӯ ба ҳар як хоҳару бародарони ҷамъомад низ ғамхорӣ мекунад. Барои ин фикрро фаҳмондан Исо Яҳуваро ба чӯпон монанд кард. Агар аз сад гӯсфанд яктояш аз рама гум шавад, чӯпон чӣ кор мекунад? Ӯ «наваду нӯҳ гӯсфандашро дар кӯҳсор гузошта, ба ҷустуҷӯйи гӯсфанди гумшудааш» меравад. Вақте чӯпон гӯсфандашро меёбад, ӯ онро ҷанг намекунад, балки хурсанд мешавад. Мо аз ин мисол чӣ меомӯзем? Барои Яҳува ҳар як гӯсфандаш азиз аст. Исо гуфта буд: «Падари осмонии ман низ намехоҳад, ки ҳатто яке аз ин хурдон нобуд шавад» (Мат. 18:12–14).

3. Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?

3 Албатта, мо намехоҳем, ки ҳеҷ гоҳ боиси ғамгину рӯҳафтода шудани бародару хоҳарон гардем. Агар мо нохост бо рафтор ё гуфторамон касеро хафа кунем, бояд чӣ кор кунем? Ё агар худи моро касе ранҷонад, чӣ кор карда метавонем? Аз мақолаи мазкур мо ба ин саволҳо ҷавоб меёбем. Вале биёед аввал аниқтар фаҳмем, ки дар боби 18-уми китоби Матто «ин хурдон» гуфта киҳо дар назар дошта шудаанд.

«ИН ХУРДОН» КИСТАНД?

4. «Ин хурдон» гуфта Исо киро дар назар дошт?

4 «Ин хурдон» ҳамаи шогирдони Исо, ҳам пиру ҳам ҷавонро дар бар мегирад. Ҳамаи онҳоро новобаста ба синну солашон «мисли кӯдакон» гуфтан мумкин аст, чунки онҳо бо омодагӣ аз Исо таълим мегиранд (Мат. 18:3). Ҳарчанд онҳо аз ҷойҳои гуногун мебошанд, маданият, фикрронӣ ва хислатҳояшон ҳархела аст, ҳамаи онҳо ба Исо имон доранд. Ӯ дар навбати худ онҳоро хеле дӯст медорад (Мат. 18:6; Юҳ. 1:12).

5. Вақте касе ягон хизматгори Яҳуваро озор ё пешпо медиҳад, Ӯ аз ин чӣ ҳис мекунад?

5 Ҳамаи «ин хурдон» барои Яҳува азизу гаронбаҳоянд. Барои дарк кардани он ки Яҳува нисбати мо чӣ ҳиссиёт дорад, дар бораи кӯдакон фикр кунед. Мо кӯдаконро дӯст медорем, онҳоро ҳимоя кардан мехоҳем, чунки онҳо мисли одамони калон қувват, таҷриба ва хирад надоранд. Аслан, вақте мо мебинем, ки касе шахси дигарро азоб медиҳад, мо ба қаҳр меоем, хусусан агар бинем, ки касе ягон кӯдакро озор медиҳад. Ҳамин тавр не? Ба ин монанд Яҳува мехоҳад моро муҳофизат кунад. Вақте Ӯ мебинад, ки касе ягон хизматгори Ӯро озор медиҳад ё пешпо медиҳад, Ӯ аз ин зиқ мешавад ва ҳатто ба ғазаб меояд (Иш. 63:9; Марқ. 9:42).

6. Мувофиқи 1 Қӯринтиён 1:26–29 одамони ин ҷаҳон ба шогирдони Исо чӣ хел менигаранд?

6 Боз ба кадом маъно шогирдони Исо мисли «хурдон»-анд? Одатан одамони ҷаҳон киро муҳим меҳисобанд? Шахсони бой, машҳур ва қудратмандро. Шогирдони Исо бошанд, дар чашми дигарон «хурд», яъне назарногир ва нотавон метобанд. (1 Қӯринтиён 1:26–29-ро хонед.) Вале Яҳува ба онҳо тамоман дигар хел менигарад.

7. Яҳува мехоҳад, ки мо бо бародару хоҳарон чӣ хел муносибат дошта бошем?

7 Яҳува ҳамаи хизматгоронашро дӯст медорад, хоҳ онҳо солҳои зиёд ба ӯ хизмат кунанд, хоҳ нав ба ҳақиқат омада бошанд. Ҳамаи бародару хоҳарон барои Яҳува азизанд, аз ин рӯ мо ҳам бояд онҳоро дӯст дорем. Мо мехоҳем тамоми ҳамимононро дӯст дорем, на фақат баъзеашонро (1 Пет. 2:17). Мо бояд бо омодагӣ ҳар қадаре ки метавонем онҳоро муҳофизат карда дар бораашон ғамхорӣ намоем. Агар мо пай барем, ки касеро ранҷондаем, набояд ба ин беаҳамиятӣ карда фикр кунем, ки он шахс худаш зудранҷ асту бояд ислоҳ шавад. Чаро баъзеҳо хафа мешаванд? Шояд баъзе бародару хоҳарон аз сабаби тарбияашон ба худ назари паст доранд, дигарон бошанд, нав ба ҳақиқат омадаанд ва бахшидани хатоҳои дигаронро ҳоло ёд нагирифтаанд. Чизе ки набошад, мо бояд кӯшиш кунем, ки сулҳро барқарор намоем. Ғайр аз ин, шахсе, ки аз дигарон тез-тез хафа мешавад, бояд дарк кунад, ки ин хислаташ хуб нест ва ҳаракат карда ин одаташро партояд. Ҳамин тавр ӯ ҳам дар дилаш оромӣ пайдо мекунад ва ҳам бо дигарон муносибати хубро нигоҳ медорад.

ДИГАРОНРО АЗ ХУД БОЛО ДОНЕД

8. Дар давраҳои Исо одамон асосан аз пайи чӣ буданд ва чӣ хел ин рӯҳия ба шогирдони Исо таъсир карда буд?

8 Чаро Исо дар бораи «ин хурдон» гап зад? Чунки пайравонаш ба ӯ саволи зеринро доданд: «Дар Подшоҳии осмон кӣ аз ҳама бузург хоҳад буд?» (Мат. 18:1). Бисёри яҳудиёни он замон мехостанд, ки дигарон онҳоро муҳим шуморанд. Як олим мегӯяд: «Маънои зиндагии одамон ин ба даст овардани обрӯйи баланд, шӯҳрат ва иззату эҳтироми дигарон буд ва то ҷон доштанд ба ин чизҳо талош мекарданд».

9. Шогирдони Исо бояд чӣ кор мекарданд?

9 Исо медонист, ки бисёр яҳудиён аз дигарон як сару гардан боло будан мехостанд ва шогирдонаш бояд бисёр кӯшиш карда бо ин гуна фикрронӣ мубориза мебурданд. Ӯ ба онҳо гуфт: «Ҳар касе, ки дар миёни шумо бузургтар аст, чун хурдтарин бошад ва ҳар касе, ки роҳбариро ба ӯҳда мегирад, чун хизматгор бошад» (Луқ. 22:26). Вақте ки мо дигаронро «аз худ боло» медонем, мо «чун хурдтарин» амал мекунем (Флп. 2:3). Чи қадаре ки бештар дар худ ин рӯҳияро инкишоф диҳем, мо ҳамон қадар камтар дигаронро озор медиҳем.

10. Кадом маслиҳати Павлусро мо бояд ба кор барем?

10 Ҳамаи бародару хоҳарон аз ин ё он ҷиҳат аз мо беҳтаранд. Агар мо диққатамонро ба хислатҳои хуби онҳо равона кунем, дарк кардани ин ба мо осонтар мешавад. Мо бояд ба маслиҳати зерини Павлуси расул, ки ба қӯринтиён дода буд, ҷиддӣ муносибат кунем: «Ту чӣ дорӣ, ки худатро аз дигаре боло мегирӣ? Ва чӣ чизе дорӣ, ки нагирифта бошӣ? Ва, агар гирифта бошӣ, барои чӣ фахр мекунӣ, ки гӯё нагирифта бошӣ?» (1 Қӯр. 4:7). Мо бояд эҳтиёт шавем, ки ба васваса афтода диққатро ба худ ҷалб накунем ё худро аз дигарон беҳтар наҳисобем. Масалан, агар бародаре нутқҳои зӯр гӯяд ё хоҳаре дар сар кардани омӯзиш моҳир бошад, онҳо барои ин қобилиятҳояшон ҳамеша ҷалолро ба Яҳува равона кунанд.

«АЗ ТАҲТИ ДИЛ» БАХШЕД

11. Исо дар бораи подшоҳ ва ғуломаш мисол оварда ба мо чиро таълим додан мехост?

11 Баъди он ки Исо пайравонашро дар бораи пешпо надодани дигарон огоҳ кард, ӯ мисоли як подшоҳ ва ғуломашро овард. Подшоҳ қарзи калони он ғуломашро, ки ҳеҷ гоҳ баргардонда наметавонист, бахшид. Лекин баъдтар он ғулом нахост, ки қарзи ғуломи дигарро, ки назар ба қарзи ӯ хеле кам буд, бахшад. Дар натиҷа подшоҳ он ғуломи бераҳмро ба зиндон партофт. Мо аз ин чӣ дарс мегирем? Исо гуфт: «Агар шумо ҳам бародари худро аз таҳти дил набахшед, Падари осмонии ман бо шумо чунин хоҳад кард» (Мат. 18:21–35).

12. Агар мо бахшидан нахоҳем, чӣ тавр ба дигарон зарар мерасонем?

12 Рафтори он ғулом на танҳо ба худаш, балки ба дигарон низ зарар овард. Якум, ӯ сангдилона рафтор карда он ғуломеро, ки аз ӯ қарздор буд, «ба зиндон партофт» ва гуфт, ки то даме ки қарзашро адо накунад, дар он ҷо мемонад. Дуюм, ӯ ғуломони дигарро, ки кори ӯро мушоҳида мекарданд, рӯҳафтода кард. Дар Китоби Муқаддас мо мехонем: «Вақте ки ғуломони дигар инро диданд, сахт ғамгин шуданд». Ба ин монанд рафтори мо ба дигарон бетаъсир намемонад. Агар касе бо мо муомилаи бад кунаду мо ӯро бахшидан нахоҳем, чӣ рӯй доданаш мумкин? Пеш аз ҳама мо дили ӯро меранҷонем, зеро ӯро аз муҳаббат ва таваҷҷӯҳи худ маҳрум месозем. Ғайр аз ин, вақте дигарон дар ҷамъомад мебинанд, ки байни мову он шахс сулҳ нест, нороҳат мешаванд.

Оё шумо ба дил кина мегиред ё аз таҳти дил мебахшед? (Ба сархатҳои 13 ва 14 нигаред.) *

13. Мо аз таҷрибаи як пешрав чӣ дарс гирифта метавонем?

13 Баръакс, вақте мо бародару хоҳаронро мебахшем, мо ҳам ба худамон ва ҳам ба дигарон манфиат меорем. Инро мисоли як хоҳари пешрав, ки шартан ӯро Анора мегӯем, тасдиқ мекунад. Дар ҷамъомад ӯро як хоҳар хафа кард. Анора ба хотир меорад: «Суханони сахти ӯ баъзан ба дилам мисли корд мехалиданд. Дар хизмат ман ҳатто намехостам, ки бо вай дар як гурӯҳ бошам. Оҳиста-оҳиста ман дар хизмат ғайрат ва хурсандиамро гум кардам». Анора фикр мекард, ки ӯ барои хафа шудан асос дорад, вале вай нисбати он хоҳар кина нагирифт ва ба ҳиссиёти манфӣ дода нашуд. Ӯ фурӯтанона маслиҳати Навиштаҳоро аз мақолаи «Аз таҳти дил бахшед» аз «Бурҷи дидбонӣ»-и 15-уми октябри соли 1999 (рус.) ба кор бурда он хоҳарро бахшид. Анора мегӯяд: «Ман ҳозир дарк мекунам, ки ҳамаи мо кӯшиш карда истодаем, то ислоҳ шавем ва Яҳува тайёр аст, ки ҳар рӯз моро бахшад. Боре вазнине аз китфам афтид, ҳамин тавр ман аз нав хурсандӣ пайдо кардам».

14. Мувофиқи Матто 18:21, 22 эҳтимол, Петруси расул чӣ гуна душворӣ дошт ва мо аз ҷавобе, ки Исо ба ӯ дод, чӣ меомӯзем?

14 Мо медонем, ки бояд дигаронро бахшем ва медонем, ки ин кор дуруст аст. Ба ҳар ҳол бахшидан бароямон на ҳама вақт осон буда метавонад. Аз афташ Петруси расул аз ин ҷиҳат душворӣ мекашид. (Матто 18:21, 22-ро хонед.) Чӣ ба мо кӯмак мекунад? Якум, дар бораи он фикр кунед, ки Яҳува чӣ қадар бисёр моро мебахшад (Мат. 18:32, 33). Ҳарчанд мо сазовор нестем, Яҳува доимо моро бо омодагӣ мебахшад (Заб. 102:8–10). Ҳамзамон Ӯ аз мо талаб мекунад, ки «якдигарро дӯст дорем», барои ҳамин бахшидан ихтиёрӣ нест. Мо дар пеши Худо вазифадорем, ки бародару хоҳаронамонро бахшем (1 Юҳ. 4:11). Дуюм, дар бораи он фикр кунед, ки вақте мо шахси дигарро мебахшем, ин чӣ натиҷа меорад. Масалан, мо ӯро бахшида нисбаташ муҳаббат зоҳир мекунем, ягонагиро дар ҷамъомад нигоҳ медорем, дӯстиамонро бо Яҳува муҳофизат мекунем ва аз бори гарон халос мешавем (2 Қӯр. 2:7; Қӯл. 3:14). Сеюм, ба Шахсияте, ки аз мо бахшанда буданро талаб мекунад, дуо гӯед. Ба Шайтон нагузоред, ки муносибати хуби шуморо бо бародару хоҳарон вайрон созад (Эфс. 4:26, 27). Барои сулҳу ягонагиро дар ҷамъомад нигоҳ доштан мо ба кӯмаки Яҳува мӯҳтоҷем.

КӮШИШ КУНЕД, ТО ПЕШПО НАХӮРЕД

15. Мувофиқи Қӯлассиён 3:13 агар рафтори бародар ё хоҳаре ба мо сахт расад, мо чӣ кор карда метавонем?

15 Агар ҳамимоне бо ягон рафтораш ба дили шумо хеле сахт расида бошад-чӣ? Дар ин ҳолат чӣ бояд кард? Ҳар кори аз дастатон меомадаро карда сулҳро нигоҳ доред. Дар дуо ба Яҳува ҳиссиётатонро баён кунед. Аз Яҳува илтимос кунед, ки шахсеро, ки шуморо хафа кардааст, баракат диҳад ва барои дидани хислатҳои неки ӯ, ки Яҳува онҳоро қадр мекунад, мадад пурсед (Луқ. 6:28). Агар шумо рафтори он бародар ё хоҳарро фаромӯш карда натавонед, пас оиди он фикр кунед, ки чӣ тавр ба наздаш рафта ин масъаларо ба таври беҳтарин ҳал кардан мумкин аст. Хуб мебуд, ҳамеша чунин гумон кунед, ки он ҳамимон ҳеҷ гоҳ нияти моро ранҷондан надошт (Мат. 5:23, 24; 1 Қӯр. 13:7). Вақте бо ӯ гап мезанед ба самимӣ будани суханонаш бовар кунед. Лекин агар вай муросо кардан нахоҳад-чӣ? Нисбати ӯ минбаъд низ «пурсабр бошед». Аз он ҳамимон ҳеҷ гоҳ умедатонро наканед. (Қӯлассиён 3:13-ро хонед.) Аз ҳама муҳимаш ҳеҷ гоҳ нисбати ӯ ба дил кина нагиред, зеро ин метавонад муносибати шуморо бо Яҳува вайрон созад. Ҳаргиз нагузоред, ки чизе шуморо пешпо диҳад. Чунин карда шумо исбот мекунед, ки Яҳуваро аз ҳама бештар дӯст медоред (Заб. 118:165).

16. Ҳар яки мо ба чӣ ӯҳдадорем?

16 Мо имконияти олиҷаноб дорем, ки бо бародару хоҳарон зери роҳбарии «як чӯпон» ба Яҳува хизмат кунем (Юҳ. 10:16). Дар китоби «Созмоншудагон» саҳифаи 165 (рус.) чунин гуфта шудааст: «Барои нигоҳ доштани ягонагӣ шумо ӯҳдадоред, ки ба он саҳм гузоред». Ба мо лозим аст, ки «ба бародару хоҳарон бо чашми Яҳува нигоҳ карданро ёд гирем». Ҳамаи мо «хурдон» дар назари Яҳува бебаҳоем. Пас, оё мо низ бародару хоҳаронро гаронбаҳо меҳисобем? Яҳува ҳар як кореро, ки мо барои кӯмак ва ғамхории онҳо мекунем, пай мебарад ва қадр мекунад (Мат. 10:42).

17. Мо ба чӣ азми қавӣ дорем?

17 Мо ҳамимононро дӯст медорем. Барои ҳамин биёед «азми қавӣ дошта бошем, ки сабаби пешпо хӯрдани бародарамон нагардем ва дар сари роҳаш монеае нагузорем» (Рум. 14:13). Мо бародару хоҳаронро аз худ боло медонем ва мехоҳем онҳоро аз таҳти дил бахшем. Биёед ҳеҷ гоҳ аз сухан ё рафтори дигарон пешпо нахӯрем. Беҳтараш «аз пайи корҳое бошем, ки сулҳу осоиштагӣ меоранд ва ҳар яки моро обод мекунанд» (Рум. 14:19).

СУРУДИ 35 Барои пурсабрии Худо сипосгузорем

^ сарх. 5 Аз сабаби нокомилӣ мо баъзан нохост бародару хоҳаронро меранҷонем. Дар чунин ҳолат мо бояд чӣ кор кунем? Оё мо кӯшиш мекунем, ки муносибатамонро ҳарчи зудтар барқарор кунем? Оё мо дарҳол бахшиш мепурсем ё фикр мекунем, ки агар онҳо аз мо ранҷида бошанд, ба мо-чӣ, ин проблемаи худашон? Агар худи мо аз гапу рафтори дигарон тез-тез хафа шавем-чӣ? Оё мо мегӯем, ки «охир ман чунин инсонам, чӣ кор кунам»? Ё мо зудранҷ буданамонро камбудӣ ҳисобида ба ислоҳ шудан кӯшиш мекунем?

^ сарх. 53 ШАРҲИ РАСМ: Хоҳаре аз хоҳари дигар дар ҷамъомад хафа шудааст. Баъди он ки онҳо байни худ масъаларо ҳал карданд, кори шударо фаромӯш карда якҷоя хурсандона хизмат мекунанд.