Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Мақолаҳои иловагӣ дар «Бурҷи дидбонӣ»

Мақолаҳои иловагӣ дар «Бурҷи дидбонӣ»

Ҳангоми тайёрӣ ба вохӯриҳо бисёр воизон аз барномаи JW Library® истифода мебаранд. Ба онҳо маъқул аст, ки аз ин барнома мақолаҳои омӯзишии «Бурҷи дидбонӣ»-ро ба осонӣ меёбанд. Лекин дар нашри омӯзишии «Бурҷи дидбонӣ» мақолаҳои иловагӣ ҳам ҳастанд, ки онҳо низ озуқаи рӯҳонӣ ба ҳисоб мераванд. Чӣ тавр ин мақолаҳоро аз JW Library пайдо кардан мумкин?

  • Дар охири ҳар як мақолаи омӯзишӣ зерсарлавҳаи «Хониши иловагӣ» ҳаст. Дар поёни он пайвандеро дидан мумкин аст, ки «Дигар мақолаҳо дар ин нашр» ном дорад. Агар онро зер кунед, саҳифаи мундариҷа кушода мешавад. Дар он ному рақами ҳар як мақолаи омӯзишӣ ва номи мақолаҳои иловагиро дида метавонед. Сарлавҳаи мақолаҳоеро, ки хондан мехоҳед, зер кунед.

  • Дар саҳифаи асосии JW Library, аз бахши «Навигарӣ» ҳар як нашри нави «Бурҷи дидбонӣ»-ро, ҳамин ки пайдо мешаванд, боргирӣ кунед. Вақте он маҷалларо мекушоед, мундариҷаро мебинед. Ба он бодиққат нигоҳ кунед, то аз ягон мақола бебаҳра намонед.