МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 25
Пирон, аз Ҷидъӯн омӯзед
«Вақт намерасад, ки дар бораи Ҷидъӯн... нақл кунам» (ИБР. 11:32).
СУРУДИ 18 Муҳаббати садоқатмандонаи Худо
ПЕШГУФТОР a
1. Мувофиқи 1 Петрус 5:2 пирон чӣ гуна вазифаи пуршараф доранд?
ЯҲУВА нигоҳубини гӯсфандони азизашро ба пирони ҷамоат бовар кардааст. Ин мардони бовафо вазифаашонро қадр мекунанд ва барои хизмати бародару хоҳарон қувваташонро дареғ намедоранд. Пирон мехоҳанд чӯпононе бошанд, ки рамаи Худоро «нағз нигоҳубин» мекунанд. (Ирм. 23:4; 1 Петрус 5:2-ро хонед.) Мо хеле хурсандем, ки дар ҷамоатамон чунин мардон ҳастанд.
2. Баъзе пирон бо чӣ душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд?
2 Ҳангоми иҷрои вазифаашон пирон бо бисёр душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Яке аз онҳо кори бисёр дар ҷамоатҳо мебошад. Тони ном пири ҷамоате аз Иёлоти Муттаҳида ҳадшиносиро ёд гирифта, дигар вазифаҳои аз ҳад зиёдро ба гардан намегирифт. Ӯ мегӯяд: «Вақте COVID-19 сар зад, ман кӯшиш мекардам, ки ҳар чи бештар ҷамъомад ва вохӯриҳо барои хизматро ташкил кунам. Лекин, ҳар қадаре ки ҷон мекандам, кор тамомӣ надошт. Оқибат хониши Китоби Муқаддас, омӯзиши шахсӣ ва дуоҳоям лангидан гирифт». Илир ном пири ҷамоате аз Косово бо мушкилии дигаре рӯ ба рӯ шуд. Вақте дар ҷое, ки ӯ хизмат мекард, ҷанг сар зад, барояш ба дастуроти ташкилот итоат кардан душвор буд. Ӯ мегӯяд: «Вақте филиал ба ман супориш дод, ки дар минтақаи хатарнок ба бародару хоҳарон кумак расонам, далерии ман санҷида шуд. Ман ба тарс дода шудам ва ин роҳнамоӣ ба назарам аз рӯйи хирад наметофт». Тим ном миссионере аз Осиё пай бурд, ки бори зиндагӣ барояш рӯз аз рӯз вазнинтар мешавад. Ӯ мегӯяд: «Баъзан ҳис мекардам, ки асабҳоям хароб асту ҳолу мадор надорам». Ба пироне, ки бо чунин мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд, чӣ кумак карда метавонад?
3. Ҳамаи мо аз Ҷидъӯн чӣ омӯхта метавонем?
3 Пирон аз намунаи Ҷидъӯни довар бисёр чизро омӯхта метавонанд (Ибр. 6:12; 11:32). Ӯ халқи Худоро ҳам ҳимоя мекард ва ҳам чӯпонӣ менамуд (Дов. 2:16; 1 Воқ. 17:6). Мисли Ҷидъӯн Яҳува пиронро таъйин кардааст, ки дар вақтҳои ноором дар бораи халқаш ғамхорӣ кунанд (Кор. 20:28; 2 Тим. 3:1). Мо аз ҳадшиносӣ, хоксорӣ ва итоаткории Ҷидъӯн дарс гирифта метавонем. Истодагии Ҷидъӯн дар вақти иҷрои вазифааш озмуда шуд. Хоҳ мо пир хизмат кунем, хоҳ не, биёед ин мардони заҳматкашро бештар қадр кунему дастгирӣ намоем (Ибр. 13:17).
ВАҚТЕ ҲАДШИНОСӢ ВА ХОКСОРИЯТОН ОЗМУДА МЕШАВАД
4. Ҷидъӯн чӣ тавр ҳадшиносӣ ва хоксорӣ нишон дод?
4 Ҷидъӯн марди ҳадшиносу хоксор буд b. Вақте фариштаи Яҳува ба ӯ гуфт, ки халқи Исроилро аз дасти мидёниёни пурқудрат халос мекунад, Ҷидъӯн фурӯтанона гуфт: «Авлоди ман дар Менашше камтарин аст ва ман дар хонадони падарам назарногиртарин ҳастам» (Дов. 6:15). Ӯ фикр мекард, ки аз уҳдаи таъйиноташ намебарояд, лекин Яҳува медонист, ки ин кор аз дасташ меояд. Бо ёрдами Яҳува Ҷидъӯн супоришашро иҷро кард.
5. Чӣ тавр ҳадшиносӣ ва хоксории пирон озмуда мешавад?
5 Пирон кӯшиш мекунанд, ки дар ҳар маврид ҳадшиносу хоксор монанд (Мико 6:8; Кор. 20:18, 19). Онҳо ба қобилияту дастовардҳояшон аз будаш зиёд баҳо намедиҳанд ё барои хатову камбудиҳояшон худро хӯрда намегарданд. Лекин баъзан хоксориву ҳадшиносии пирон озмуда мешавад. Масалан, вақте ки пири ҷамоат супоришҳои зиёдро бар дӯш мегирад ё ин ки, вақте ӯро барои ягон кораш таъриф ё танқид мекунанд. Дар ин ҳолат намунаи Ҷидъӯн ба пирон чӣ тавр кумак карда метавонад?
6. Пирон аз ҳадшиносии Ҷидъӯн чӣ ёд гирифта метавонанд? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
6 Кумак пурсед. Шахси ҳадшинос тан мегирад, ки аз уҳдаи ҳама кор намебарояд. Ҷидъӯн ҳадшинос буд, барои ҳамин аз дигарон ёрдам мепурсид (Дов. 6:27, 35; 7:24). Пирон низ ҳамин тавр мекунанд. Тони, ки пештар дар борааш гуфтем, мегӯяд: «Аз сабаби тарбияам фикр накарда ҳама корро ба гардан мегирифтам. Барои ҳамин ман мавзуи ҳадшиносиро дар парастиши оилавӣ бардоштам ва фикри занамро низ дар ин бора пурсидам. Ман ҳамчунин дар сомонаи jw.org як видеонаворро c, ки барои пирон буд, тамошо кардам». Баъди ин Тони баъзе корҳояшро ба дигарон тақсим кард. Ин чӣ натиҷа овард? Ӯ мегӯяд: «Кори ҷамоат пеш мерафту вақти ман ҳам зиёдтар шуд, то пайванди дӯстиямро бо Яҳува қавитар созам».
7. Ҳангоми танқид чӣ тавр пирон ба Ҷидъӯн пайравӣ карда метавонанд? (Яъқуб 3:13).
7 Вақте шуморо танқид мекунанд, ҷавоби нарм диҳед. Вазъияти дигаре, ки хоксории пиронро меозмояд, дар ҳаққи худ танқид шунидан аст. Дар ин маврид ҳам мисоли Ҷидъӯн кумак мекунад. Ҷидъӯн медонист, ки ӯ низ хато мекунад, барои ҳамин, вақте ки эфроимиён ӯро танқид карданд, бо мулоимӣ ҷавоб дод (Дов. 8:1–3). Ҷидъӯн хоксорона ва бодиққат даъвои онҳоро гӯш кард ва ҳамин тавр вазъиятро бо мулоимӣ ҳал намуд. Пирони соҳибтадбир ба Ҷидъӯн пайравӣ карда, танқидро бодиққат гӯш мекунанду бо мулоимӣ ҷавоб мегардонанд. (Яъқуб 3:13-ро хонед.) Ҳамин тавр онҳо дар ҷамоат сулҳу оромиро нигоҳ медоранд.
8. Вақте бародарони таъйиншударо таъриф мекунанд, онҳо бояд чӣ кор кунанд? Мисол оред.
8 Тамоми ҷалолро ба Яҳува равона кунед. Вақте Ҷидъӯн ба мидёниён дастболо шуд, ӯ Яҳуваро ҷалол дод (Дов. 8:22, 23). Пирон низ мисли Ҷидъӯн барои ҳама корашон Яҳуваро ҷалол дода метавонанд (1 Қӯр. 4:6, 7). Масалан, агар пиреро барои маҳорати таълимдиҳияш таъриф кунанд, ӯ метавонад, диққатро ба Каломи Худо ё ташкилоти Яҳува равона кунад. Пирон эҳтиёт мешаванд, ки вақти таълим диққати аз ҳад зиёдро ба худашон ҷалб накунанд. Бародаре бо номи Тимоти, вақте нав пири ҷамоат шуд, бо нутқҳо баромад карданро дӯст медошт. Ӯ мегӯяд: «Ман пешгуфтору мисолҳои болохонадору дабдабанок мегуфтам. Одамон маро барои ин таъриф мекарданд, вале, мутаассифона, ман ба ҷойи намоиш додани хиради Каломи Яҳува, дониши худамро намоиш медодам». Бо гузашти вақт Тимоти тарзи таълимашро дигар кард, то диққатро аз ҳад зиёд ба худаш ҷалб нанамояд (Пнм. 27:21). Ин чӣ натиҷа овард? Ӯ мегӯяд: «Одамони гуногун назди ман омада, мегӯянд, ки суханрониям ба онҳо кумак кард, ки ба душвориву озмоишҳо тоб оранд ва ба Яҳува наздик шаванд. Ин суханон ба ман аз таърифе, ки солҳои пеш мешунидам, хурсандии бештар меоранд».
ВАҚТЕ ИТОАТКОРӢ Ё ДАЛЕРИЯТОН ОЗМУДА МЕШАВАД
9. Чӣ тавр итоаткорӣ ва далерии Ҷидъӯн санҷида шуд? (Ба расми муқова нигаред.)
9 Баъди довар таъйин шудани Ҷидъӯн итоаткорӣ ва далерияш озмуда шуд. Ӯ супориши хатарноке гирифт, то қурбонгоҳи Баалро, ки падараш сохта буд, вайрон кунад (Дов. 6:25, 26). Баъдтар, вақте ки лашкарро ҷамъ овард, ба Ҷидъӯн ду бор гуфта шуд, ки шумораи сарбозонашро кам кунад (Дов. 7:2–7). Дар охир Яҳува ба ӯ гуфт, ки ба лашкари душман дар шаби торик ҳуҷум орад (Дов. 7:9–11).
10. Чӣ тавр итоаткории пирон озмуда мешавад?
10 Пирон бояд фармонбардор бошанд (Яъқ. 3:17). Пире, ки итоаткор аст, ҳама вақт маслиҳатҳои Китоби Муқаддас ва роҳнамоии ташкилотро ба кор мебарад. Ҳамин тавр ӯ ба дигарон намунаи ибрат мегузорад. Лекин баъзан итоаткории ӯ озмуда мешавад. Эҳтимол, ӯ дастуроте мегирад, ки аз рӯйи он амал кардан ба назараш бехирадона ё душвор метобад. Ё, шояд, ба ӯ супорише диҳанд, ки озодияшро зери хатар мемонад. Дар ин хел вазъиятҳо чӣ тавр пирон ба итоаткории Ҷидъӯн пайравӣ карда метавонанд?
11. Чӣ ба пирон кумак мекунад, ки итоаткор бошанд?
11 Маслиҳатро бодиққат гӯш кунед ва аз рӯйи он амал намоед. Яҳува ба Ҷидъӯн гуфт, ки чӣ тавр қурбонгоҳи падарашро вайрон кунаду дар куҷо барои Яҳува қурбонгоҳи нав созад ва кадом ҳайвонро ба қурбонӣ орад. Ҷидъӯн бечунучаро, чи тавре ки Яҳува талаб карда буд, амал кард. Имрӯз низ, вақте пирон аз ташкилоти Яҳува номаҳо, эълонҳо ё дигар дастурот дар бораи саломатии рӯҳониву ҷисмонии мо мегиранд, аз рӯйи он амал мекунанд. Чӣ шодем мо, ки пирон ба дастуроти ташкилот итоат мекунанд. Аз итоаткории онҳо тамоми ҷамоат манфиат мегирад (Заб. 119:112).
12. Вақте ки дастуроти ташкилот тағйир меёбад, чӣ тавр пирон маслиҳати Ибриён 13:17-ро ба кор бурда метавонанд?
12 Бо омодагӣ дигаргуниҳоро қабул кунед. Яҳува аз Ҷидъӯн талаб кард, ки 99 фоизи аскаронашро ҷавоб диҳад (Дов. 7:8). Шояд, дар сари Ҷидъӯн чунин саволҳо пайдо шуданд: «Оё кам кардани аскарон шарт аст? Оё ин фоида мекунад?» Ба ҳар ҳол Ҷидъӯн итоат кард. Имрӯз низ, вақте ташкилот аз бародарон талаб мекунад, ки ин ё он корро ба тарзи дигар иҷро кунанд, онҳо ба Ҷидъӯн пайравӣ мекунанд. (Ибриён 13:17-ро хонед.) Масалан, соли 2014 Ҳайати роҳбарикунанда тарзи маблағгузории сохтмони Ибодатгоҳҳо ва Толорҳои анҷуманро дигар кард (2 Қӯр. 8:12–14). Пештар ба ҷамоатҳое, ки барои сохтани Ибодатгоҳҳо ва Толорҳои анҷуман маблағи кофӣ надоштанд, аз ҳисоби хайрияҳои умумиҷаҳонӣ қарз дода мешуд. Акнун ҷамоатҳо дигар вазифадор намешаванд, ки аз ҳисоби худ чунин биноҳоро созанд. Вақте Ҳосе ном бародар инро шунид, шубҳа карда гуфт: «Агар ин тавр кунем, якто Ибодатгоҳ ҳам сохта наметавонем. Ин маслиҳат дар ҷойҳои мо ба кор намеояд». Чӣ ба Ҳосе ёрдам кард, ки ба ин дастурот итоат кунад? Ӯ мегӯяд: «Суханони Панднома 3:5, 6 ба ман кумак карданд, ки ба Яҳува такя кунам. Ман ба ин дастурот итоат карда, аз натиҷааш ба ҳайрат омадам. Мо на танҳо Ибодатгоҳҳои бисёр сохтем, боз баробар тақсим кардани хайрияҳоро ёд гирифтем, то зиёдатии баъзеҳо камии дигаронро пур кунад».
13. а) Ҷидъӯн аз чӣ дилпур буд? б) Чӣ тавр пирон ба ӯ пайравӣ карда метавонанд? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
13 Далерона хости Яҳуваро ба ҷо оред. Ҷидъӯн новобаста ба тарс ва таъйиноти хатарнокаш ба Яҳува итоат мекард (Дов. 9:17). Баъди гуфтугӯ бо Яҳува ӯ дилпур шуд, ки бо ёрдами Худо халқашро наҷот медиҳад. Имрӯз баъзе пирон дар ҷойҳое зиндагӣ мекунанд, ки фаъолияти мо манъ аст. Онҳо аз Ҷидъӯн ибрат мегиранду аз хатари зӯроварӣ, бекор мондан, пурсукову дастгир шудан натарсида, ҷамъомад ва вохӯриҳои мавъизаро мегузаронанд d. Дар вақти азоби азим бошад, ба онҳо далерии зиёдтар лозим аст, зеро он вақт иҷро кардани дастурот чанд баробар душвор ё хатарнок шуда метавонад. Ин дастурот, шояд, расондани хабари сахти жоламонанд ё наҷот ёфтан аз ҳуҷуми Ҷуҷро дар бар гирад (Ҳиз. 38:18; Ошкор. 16:21).
ВАҚТЕ ИСТОДАГИЯТОН ОЗМУДА МЕШАВАД
14. Чӣ тавр истодагии Ҷидъӯн озмуда шуд?
14 Таъйиноти Ҷидъӯн кӯшиши зиёдро талаб мекард. Вақте мидёниён аз ҷойи ҷанг нисфи шаб рӯ ба гурез оварданд, Ҷидъӯн аз водии Изреъил то дарёи Урдун, ки, эҳтимол, гирдогирдаш бешазори душворгузар буд, онҳоро сур кард (Дов. 7:22). Вақте Ҷидъӯн ба Урдун расид, оё аз роҳаш бозистод? Не! Ҳарчанд ӯ ва 300 аскараш монда буданд, барои дастгир кардани душманон аз дарё гузашта, дунболагириро давом доданд. Охиру оқибат онҳо ба мидёниён расида гирифтанд ва онҳоро мағлуб карданд (Дов. 8:4–12).
15. Дар кадом мавридҳо истодагии пирон озмуда мешавад?
15 Пирон ғами ҷамоат ва оилаашонро хӯрда, баъзан беҳолу мадор мегарданд ва асабҳояшон хароб мешавад. Дар ин хел вазъиятҳо пирон чиро аз Ҷидъӯн ёд мегиранд?
16, 17. Сирри истодагиву тобоварии Ҷидъӯн дар чӣ буд ва пирон аз чӣ дилпур буда метавонанд? (Ишаъё 40:28–31). (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
16 Дилпур бошед, ки Яҳува шуморо қувват мебахшад. Ҷидъӯн бовар дошт, ки Яҳува ба ӯ қувват медиҳад ва ҳамин тавр ҳам шуд (Дов. 6:14, 34). Боре ду шоҳи мидёнӣ бо Ҷидъӯну мардонаш ҷангида, рӯ ба гурез оварданд. Ҷидъӯну лашкараш ин подшоҳонро, ки, эҳтимол, шутурсавор буданд, сур карданд. Ҳарчанд онҳо пойи пиёда буданд, бо кумаки Яҳува ба душманони худ расида гирифтанд ва онҳоро мағлуб карданд (Дов. 8:12, 21). Пирон ҳам ба Яҳува, ки «ҳаргиз монда намешавад ва бемаҷол намегардад», такя карда метавонанд, зеро ӯ аз онҳо қуввати даркориро дареғ намедорад. (Ишаъё 40:28–31-ро хонед.)
17 Биёед мисоли бародар Мэтюро мебинем, ки узви Кумитаи кор бо беморхонаҳост. Сирри истодагии ӯ чист? Мэтю мегӯяд: «Ман ҳақ будани суханони Филиппиён 4:13-ро дар ҳаёти худ дидам. Вақте беҳолу мадор мегардам, бисёр дуо гуфта аз Яҳува зора мезанам, ки барои дастгирии бародару хоҳарон ба ман қувват диҳад. Дар он лаҳзаҳо ман ҳис мекунам, ки Яҳува ба қолаби беҷони ман ҷон медамад». Мисли Ҷидъӯн пирони азизамон барои нигоҳубини халқи Худо бисёр меҳнат мекунанд. Баъзан бори сангини масъулият шояд ба онҳо зӯрӣ кунад. Дар чунин ҳолатҳо онҳо ҳарчанд тан мегиранд, ки ҳама кор аз дасташон намеояд, ба Яҳува такя мекунанду аз ӯ қуввату истодагӣ мепурсанд (Заб. 116:1; Флп. 2:13).
18. Кӯтоҳак нақл кунед, ки пирон аз Ҷидъӯн чӣ омӯхта метавонанд.
18 Аз ин мақола фаҳмидем, ки пирон аз Ҷидъӯн бисёр чизҳоро омӯхта метавонанд. Масалан, ҳангоми ба дӯш гирифтани корҳои бисёр ва шунидани таъриф ё танқид ҳадшиносу хоксор буда метавонанд. Инчунин ба онҳо дар ин рӯзҳое, ки анҷом ҳар чи наздиктар мешавад, итоаткориву далерӣ лозим аст. Пирон бо кадом душворие рӯ ба рӯ нашаванд, дилпур буда метавонанд, ки Яҳува онҳоро қувват мебахшад. Мо шодем, ки чунин чӯпонони меҳнаткаш дорем ва онҳоро қадрдонӣ мекунем (Флп. 2:29).
СУРУДИ 21 Хушбахтанд раҳмдилон!
a Яҳува Ҷидъӯнро таъйин намуд, то халқи Исроилро дар айёми хеле душвор чӯпонӣ ва муҳофизат намояд. Ӯ ин вазифаашро тақрибан дар давоми 40 сол содиқона иҷро намуд. Дар давоми хизматаш ӯ бо якчанд мушкилиҳо рӯ ба рӯ шуд. Мо мефаҳмем, ки пирон ҳангоми озмоишҳо аз ӯ чӣ омӯхта метавонанд.
b Ҳадшиносиву хоксорӣ ба якдигар алоқаи зич доранд. Одами ҳадшинос тан мегирад, ки зӯраш ба ҳама кор намерасад ва ба худ баҳои аз ҳад баланд намедиҳад. Одами хоксор бошад, дигаронро аз худ боло медонад (Флп. 2:3). Аз ин рӯ шахси ҳадшиносро хоксор низ номидан хато нест.
d Ба «Бурҷи дидбонӣ» аз моҳи июли соли 2019, саҳ. 10, 11, сарх. 10–13, ба мақолаи «Бигзор манъ шудани фаъолиятамон шуморо аз ибодати Яҳува бознадорад» нигаред.