Саволҳои хонандагон
Чаро баъд аз таваллуди Исо Юсуфу Марям ба Носира барнагаштанд, балки дар Байт-Лаҳм монданд?
▪ Китоби Муқаддас аниқ дар ин бора чизе намегӯяд. Вале дар он якчанд вазъияту масъалаи шавқовар тасвир ёфтааст, ки, шояд, ба қарорашон таъсир намуд.
Вақте фаришта ба Марям гуфт, ки ӯ ҳомила шуда, кӯдак таваллуд мекунад, Маряму Юсуф дар вилояти Ҷалил, дар ватани Юсуф, дар шаҳри Носира, мезистанд (Луқ. 1:26–31; 2:4). Вақте онҳо аз Миср омаданд, ба Носира баргаштанд. Исо дар он ҷо калон шуда, носирӣ гашт (Мат. 2:19–23). Ҳар сеи онҳоро, Марям, Юсуф ва Исоро, ҳамчун сокинони Носира мешинохтанд.
Марям хеше дошт бо номи Элисобаъ, ки дар Яҳудия зиндагӣ мекард. Элисобаъ зани коҳин Закарё буду баъдтар модари Яҳёи Таъмиддиҳанда гашт (Луқ. 1:5, 9, 13, 36). Марям се моҳ ҳамроҳи Элисобаъ истода, баъд ба Носира баргашт (Луқ. 1:39, 40, 56). Аз ин рӯ гуфтан мумкин аст, ки Марям бо минтақаи Яҳудия каму беш шинос буд.
Чанде пас Юсуф барои аз саршуморӣ гузаштан аз Носира ба Байт-Лаҳм сафар мекунад. Байт-Лаҳм ҳамчун «шаҳри Довуд» машҳур буд ва ҳама медонист, ки дар он ҷо бояд Масеҳи ваъдашуда таваллуд шавад (Луқ. 2:3, 4; 1 Подш. 17:15; 20:6; Мико 5:2). Эҳтимол, Юсуф намехост, ки Марям баъди таваллуди кӯдак бо тифли навзодаш сафари дурудароз карда, ба Носира равад. Илова бар ин, Байт-Лаҳм дар масофаи танҳо 9 км дуртар аз Ерусалим ҷойгир буд. Ин ба онҳо имкон медод, ки ба осонӣ ба ибодатгоҳ рафта, ҳадияҳои лозимаро биёранд. Эҳтимол, ба ҳамин сабабҳо онҳо дар Байт-Лаҳм истоданд (3 Мӯсо 12:2, 6–8; Луқ. 2:22–24).
Чанде пеш фаришта пешгӯйӣ намуда ба Марям гуфт, ки писари ӯ «тахти падараш Довудро» соҳиб мешаваду «Подшоҳ мегардад» (Луқ. 1:32, 33; 2:11, 17). Шояд, донистани он ки Исо дар шаҳри Довуд таваллуд шуд, ба қарори Маряму Юсуф таъсир намуд ва онҳо то гирифтани дастуроти дигар аз Яҳува дар он ҷо монданд.
Мо намедонем, ки вақти омадани толеъбинон онҳо аллакай чӣ қадар дар Байт-Лаҳм меистоданд, вале ҳаминашро медонем, ки Исо тифли навзод набуд, балки калонтар шуда буд. Юсуфу Марям бошанд, аллакай дар хонае мезистанд (Мат. 2:11). Аз ин рӯ хулоса кардан мумкин аст, ки онҳо дар Байт-Лаҳм ҷо гирифта, як муддате он ҷо мезистанд.
Ҳиродус амр дод, ки «дар Байт-Лаҳм... ҳамаи писарчаҳои то дусоларо ба қатл расонанд» (Мат. 2:16). Юсуфу Марям ба огоҳии Яҳува гӯш дода, Исоро ҳамроҳи худ гирифта, ба Миср гурехтанд. Онҳо дар он ҷо то марги Ҳиродус истоданд ва баргашта ба Носира омаданд. Чаро онҳо ба Байт-Лаҳм нарафтанд? Чунки писари золими Ҳиродус, Аркилоус, дар он ҷо ҳукмронӣ мекард ва Яҳува низ онҳоро огоҳ карда буд, ки он ҷо нараванд. Дар Носира онҳо имкон доштанд, Исоро бе хавфу хатар чун хизматгори Худо калон кунанд (Мат. 2:19–22; 13:55; Луқ. 2:39, 52).
Аз афташ, пеш аз он ки Исо роҳи ҳаёти осмониро кушояд, Юсуф аллакай мурда буд. Вақте Юсуф дар биҳишти рӯйи замин зинда шавад, мо аз ӯ пурсида метавонем, ки чаро ӯву Марям баъди таваллуд шудани Исо дар Байт-Лаҳм монданд.