Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ду шоҳи рақиб дар айёми охир

Ду шоҳи рақиб дар айёми охир

Баъзе пешгӯйиҳои дар ин ҷо овардашуда воқеаҳоеро тасвир мекунанд, ки қариб дар як замон иҷро мешаванд. Ҳамаи онҳо исбот мекунанд, ки мо дар «замони охир» зиндагӣ мекунем (Дон. 12:4).

  • Оятҳо: (Ваҳй 11:7; 12:13, 17; 13:1–8, 12)

    Пешгӯйӣ: «Ҳайвони ваҳшӣ» беш аз 3000 сол боз дар замин тохту тоз дорад. Дар айёми охир, сари ҳафтуми он захмӣ мешавад. Баъдтар он шифо меёбад ва «тамоми сокинони замин» аз паси он ҳайвон равона мешаванд. Шайтон он ҳайвонро истифода мебарад, то «бо боқии насли зан» ҷанг кунад.

    Иҷрошавӣ: Баъди Тӯфон ҳокимиятҳои одамӣ пайдо шуданд, ки ба Яҳува муқобилат мекарданд. Чанд аср пас, яке аз ин ҳокимиятҳои пурқудрат — империяи Бритониё дар Ҷанги якуми ҷаҳонӣ қувваташро гум кард. Аммо вақте ки он «калла»-и захмишуда бо ИМА як шуд, аз нав шифо ёфт. Хусусан дар давоми айёми охир Шайтон тамоми системаи сиёсии худро барои таъқиб кардани халқи Худо истифода мебарад.

  • Оятҳо: (Дон. 11:25–45)

    Пешгӯйӣ: Дар айёми охир шоҳи Шимол ва шоҳи Ҷануб бо ҳам рақобат мекунанд.

    Иҷрошавӣ: Германия ва давлати Англо-Амрико бо ҳам ҷанг карданд. Соли 1945 Иттифоқи Шӯравӣ бо ҳамаҳдонаш подшоҳи Шимол гашт. Соли 1991 Иттифоқи Шӯравӣ барҳам хӯрд ва бо гузашти вақт Русия бо ҳамаҳдони худ шоҳи Шимол шуд.

  • Оятҳо: (Иш. 61:1; Мал. 3:1; Луқ. 4:18)

    Пешгӯйӣ: Яҳува «қосиди Худро» мефиристад, то ки пеш аз барпо шудани Подшоҳии Масеҳоӣ роҳро тайёр кунад. Он «қосид» эълон кардани хушхабарро сар кард.

    Иҷрошавӣ: Аз соли 1870 Ч. Рассел ва ҳамроҳонаш ба омӯзиши чуқури Китоби Муқаддас шурӯъ карданд, то фаҳманд, ки он дар асл чиро таълим медиҳад. Соли 1881 онҳо дарк карданд, ки хизматгорони Худо бояд мавъиза кунанд. Чунин мақолаҳо ба монанди «1000 воиз даркор аст» ва «Барои мавъиза тадҳин шудаанд» нашр шуданд.

  • Оятҳо: (Мат. 13:24–30, 36–43)

    Пешгӯйӣ: Душман дар киштзоре, ки гандум кошта шудааст, тухми алафи бегонаро мекорад. Он сабзида гандумро номаълум мекунад. Сипас дар мавсими дарав гандум аз алафи бегона ҷудо карда мешавад.

    Иҷрошавӣ: Аз соли 1870 сар карда фарқ байни масеҳиёни ҳақиқӣ ва масеҳиёни дурӯғ торафт аён гашт. Дар айёми охир масеҳиёни ҳақиқӣ ҷамъ оварда шуда аз масеҳиёни дурӯғ ҷудо карда мешаванд.

  • Оятҳо: (Дон. 2:31–33, 41–43)

    Пешгӯйӣ: Пойҳои аз гилу оҳан омехта аз они ҳайкале мебошанд, ки аз металлҳои гуногун иборат аст.

    Иҷрошавӣ: «Гил» шаҳрвандони одии Бритониё ва Иёлоти Муттаҳидаро тасвир мекунад, ки бар зидди ҳокимият шӯриш ва исёнҳо мебардоранд. Маҳз ин элементҳо қуввати оҳанмонанди он давлати абарқудратро суст мекунанд.

  • Оятҳо: (Мат. 13:30; 24:14, 45; 28:19, 20)

    Пешгӯйӣ: «Гандум» ба «анбор» ҷамъ карда мешавад ва «ғуломи бовариноку боандеша» бар «ғуломони дигар» таъйин мегардад. «Хушхабар дар бораи Подшоҳии Худо дар тамоми дунё эълон карда мешавад».

    Иҷрошавӣ: Соли 1919 Худо «ғуломи боваринок»-ро бар халқаш таъйин кард. Аз он вақт сар карда Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас кори мавъизаро пеш бурданд. Имрӯз Шоҳидони Яҳува дар беш аз 200 давлат мавъиза мекунанд ва зиёда ба 1000 забон адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфтаро нашр менамоянд.

  • Оятҳо: (Дон. 12:11; Ваҳй 13:11, 14, 15)

    Пешгӯйӣ: Ҳайвони ваҳшии душоха ба сокинони замин мегӯяд, ки «ҳайкали ҳайвони ваҳшиеро» созанд ва ӯ ба он ҳайкал «ҳаёт» мебахшад.

    Иҷрошавӣ: Давлати абарқудрати Англо-Амрико дар созмон ёфтани Лигаи Миллатҳо роҳбарӣ мекунад. Дигар халқҳо низ ба ин ташкилот аъзо мешаванд. Оқибат Подшоҳи Шимол низ узви Лигаи Миллатҳо мегардад, вале танҳо дар давоми солҳои 1926–1933. Одамон гумон мекарданд, ки Лигаи Миллатҳо метавонад ба ҷаҳон сулҳу осоиштагӣ орад, ҳарчанд ба ин кор танҳо Подшоҳии Худо қодир аст. Дар бораи Созмони Миллали Муттаҳид низ одамон чунин фикр доранд.

  • Оятҳо: (Дон. 8:23, 24)

    Пешгӯйӣ: «Подшоҳи бешарм ва дасисакор» «харобиҳои аҷибе ба амал хоҳад овард».

    Иҷрошавӣ: Давлати абарқудрати Англо-Амрико одамони бисёрро кушта харобиҳои зиёд овард. Масалан, дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Амрико ба давлате, ки душмани худашу Бритониё буд, ду бомбаи атомӣ партофта харобиҳои даҳшатангез ба амал овард.

  • Оятҳо: (Дон. 11:31; Ваҳй 17:3, 7–11)

    Пешгӯйӣ: Ҳайвони «сурхранг», ки даҳ шох дорад, аз чоҳи бетаг берун меояд ва он подшоҳи ҳаштум аст. Китоби Дониёл ба ин подшоҳ чун ба «қабоҳати харобкунанда» ишора мекунад.

    Иҷрошавӣ: Дар давоми Ҷанги дуюми ҷаҳон Лигаи Миллатҳо аз фаъолият бозмонд. Баъди ҷанг ба ҷойи он Созмони Миллали Муттаҳид ташкил ёфт. Чун ба Лигаи Миллатҳо ба ин созмон низ шаъну шарафе дода мешавад, ки Подшоҳии Худо ба он сазовор аст. Дар оянда СММ ба динҳо ҳамла хоҳад кард.

  • Оятҳо: (1 Тас. 5:3; Ваҳй 17:16)

    Пешгӯйӣ: Ҳокимиятдорон «сулҳу амният» эълон мекунанд ва «даҳ шох ва ҳайвони ваҳшӣ» ба «фоҳиша» ҳамла меоранд ва онро нест мекунанд. Баъди ин худи ҳокимиятҳо низ нест мешаванд.

    Иҷрошавӣ: Роҳбарони сиёсӣ арз мекунанд, ки сулҳу амният ба даст овардаанд. Сипас давлатҳое, ки аъзои Созмони Миллали Муттаҳиданд, ташкилотҳои дини дурӯғро нест мекунанд. Ин воқеа аломати саршавии мусибати бузург мешавад. Он мусибат бо нобудшавии қисмҳои боқимондаи ҷаҳони Шайтон, яъне бо Ҳармаҷиддӯн ба охир мерасад.

  • Оятҳо: (Ҳиз. 38:11, 14–17; Мат. 24:31)

    Пешгӯйӣ: Ҷуҷ ба замини халқи Худо ҳамла меорад. Сипас фариштагон «интихобшудагонро» ҷамъ меоранд.

    Иҷрошавӣ: Подшоҳи Шимол якҷоя бо дигар давлатҳои ҷаҳон ба халқи Худо ҳамла меорад. Чанде пас аз саршавии ин ҳамла бақияи тадҳиншудагон ба осмон бурда мешаванд.

  • Оятҳо: (Ҳиз. 38:18–23; Дон. 2:34, 35, 44, 45; Ваҳй 6:2; 16:14, 16; 17:14; 19:20)

    Пешгӯйӣ: Савораи «аспи сафед» бо Ҷуҷ ва лашкари он ҷанг карда ғолиб меояд. «Ҳайвони ваҳшӣ» ба «кӯли оташ» партофта мешавад ва ҳайкали калон аз пешгӯйии Дониёл шикаста пора-пора мегардад.

    Иҷрошавӣ: Исо, ки чун Шоҳ дар Подшоҳии Худо ҳукмронӣ карда истодааст, барои наҷот додани халқи Яҳува меояд. Ҳамроҳи 144 000 тадҳиншудагон ва лашкари фариштагон ӯ ҳамаи онҳоеро, ки ба халқи Худо ҳамла меоранд, нобуд мекунад. Бо ҳамин ҷаҳони Шайтон нест мешавад.