Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 19

«Подшоҳи Шимол» дар айёми охир

«Подшоҳи Шимол» дар айёми охир

«Дар замони охир подшоҳи ҷануб бо ӯ [подшоҳи шимол] шохзанӣ мекунад» (ДОН. 11:40, ТДН).

СУРУДИ 49 Яҳува паноҳгоҳи мост

ПЕШГУФТОР *

1. Пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас чиро ошкор месозанд?

ДАР ояндаи наздик халқи Яҳуваро чӣ интизор аст? Барои инро донистан бисёр майна об кардан лозим нест. Пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас ошкор месозанд, ки ба қарибӣ воқеаҳои муҳим рӯй медиҳанд, ки ба ҳар яки мо таъсир хоҳанд кард. Хусусан дар яке аз он пешгӯйиҳо гуфта шудааст, ки баъзе давлатҳои пурқудраттарини рӯйи замин чӣ кор мекунанд. Он пешгӯйӣ дар боби 11-уми китоби Дониёл-пайғамбар омадааст ва ду подшоҳ — подшоҳи Шимол ва подшоҳи Ҷанубро тасвир мекунад, ки дар давоми таърих доим бо ҳам зид буданд. Қисми зиёди он пешгӯйӣ аллакай иҷро шуд ва мо дилпур буда метавонем, ки боқимондаи он низ, албатта, иҷро мешавад.

2. Оятҳои Ҳастӣ 3:15, Ваҳй 11:7 ва Ваҳй 12:17 чиро қайд мекунанд, ки мо онро ҳангоми омӯзиши пешгӯйии Дониёл бояд ба инобат гирем?

2 Барои фаҳмидани пешгӯйӣ аз боби 11-уми китоби Дониёл мо бояд дар хотир дорем, ки он танҳо ба подшоҳон ва давлатҳое ишора мекунад, ки ба халқи Худо таъсири пурзӯр мерасонданд. Ҳарчанд хизматгорони Худо қисми хурди аҳолии заминро ташкил медиҳанд, бисёр вақт ин давлатҳо маҳз онҳоро таъқиб мекунанд. Чаро? Чунки Шайтон ва тамоми тартиботи вай як мақсад доранд: онҳо хизматгорони Яҳува ва пайравони ҳақиқии Исоро нест кардан мехоҳанд. (Ҳастӣ 3:15 ва Ваҳй 11:7; 12:17-ро хонед.) Илова бар ин, пешгӯйии китоби Дониёл бояд бо дигар пешгӯйиҳои Каломи Худо мувофиқ бошад. Барои ҳамин мо пешгӯйии Дониёлро танҳо ҳамон вақт дуруст фаҳмида метавонем, агар онро бо дигар қисмҳои Китоби Муқаддас муқоиса кунем.

3. Дар ин мақола ва мақолаи навбатӣ мо чиро муҳокима мекунем?

3 Бо назардошти ин фикрҳо мо ҳоло пешгӯйии дар Дониёл 11:25–39 омадаро дида мебароем. Мо мебинем, ки дар давоми солҳои 1870–1991 кӣ чун подшоҳи Шимол ва кӣ чун подшоҳи Ҷануб амал мекард ва фаҳмиши худро оиди баъзе қисмҳои ин пешгӯйӣ аниқтар мегардонем. Дар мақолаи навбатӣ бошад, қисми Дониёл 11:40–12:1-ро муҳокима мекунем. Ин ба мо ёрӣ медиҳад, то фаҳмиши худро оиди воқеаҳое, ки аз соли 1991 инҷониб ва то ҷанги Ҳармаҷиддӯн рӯй медиҳанд, беҳтар кунем. Барои омӯзиши ин ду мақола чорчӯбаи «Ду шоҳи рақиб дар айёми охир» хеле муфид буда метавонад. Аммо биёед аввал ду подшоҳи дар ин пешгӯйӣ тасвир шударо муайян кунем.

ПОДШОҲИ ШИМОЛ КИВУ ПОДШОҲИ ҶАНУБ КӢ?

4. Барои муайян кардани подшоҳи Шимол ва подшоҳи Ҷануб мо бояд кадом се омилро ба назар гирем?

4 Мафҳуми «подшоҳи Шимол» ва «подшоҳи Ҷануб» аввалан ба давлатҳои пурқудрате дахл дошт, ки аз тарафи шимол ва ҷануби Исроил ҳукмронӣ мекарданд. Аҳамият диҳед, ки фариштае, ки ба Дониёл хабар овард, чӣ гуфт: «Омадаам, то туро аз он чи дар айёми охир ба қавми ту [халқи Худо] воқеъ хоҳад шуд, хабардор намоям, зеро ки боз рӯъёе барои он айём ҳаст» (Дон. 10:14). Пеш халқи Исроил қавми Худо ҳисоб меёфт. Аммо баъди Иди ҳафтаҳои соли 33-юми милодӣ Яҳува равшан маълум сохт, ки акнун танҳо шогирдони содиқи Исо халқи Ӯ ҳисоб меёбанд. Аз ин рӯ қисми бештари пешгӯйии боби 11-уми китоби Дониёл на ба халқи Исроил, балки ба пайравони Масеҳ дахл дорад (Аъм. 2:1–4; Рум. 9:6–8; Ғал. 6:15, 16). Ва дар тӯли таърих подшоҳи Шимол ва подшоҳи Ҷануб якчанд бор симои худро иваз намуданд, яъне нақши онҳоро давлатҳои гуногун иҷро мекарданд. Лекин се омил ҳамеша бетағйир мемонд, ки барои муайян кардани ин ду подшоҳ кӯмак мекард. Якум, он подшоҳон давлатҳое буданд, ки халқи Худо дар он ҷо зиёд буд ё аз тарафи ҳокимият таъқиб карда мешуд. Дуюм, муносибати онҳо ба халқи Худо нишон медод, ки онҳо аз Худои ҳақиқӣ — Яҳува нафрат доранд. Ва сеюм, он ду подшоҳ барои қудрат доимо бо ҳам ҷангу талош мекарданд.

5. Оё аз асри 2 сар карда то охири асри 19 подшоҳи Шимол ва подшоҳи Ҷануб вуҷуд доштанд? Фаҳмонед.

5 Баъди асри як дар ҷамъомади масеҳиёни ҳақиқӣ торафт одамони зиёде пайдо мешуданд, ки худро пайрави Исо меномиданду дар асл ақидаҳои нодурусти диниро паҳн мекарданд ва ҳақиқатҳои Каломи Худоро пинҳон менамуданд. Аз он вақт сар карда то охири асри 19 дар замин ягон гурӯҳи муташаккили хизматгорони ҳақиқии Худо набуд. Масеҳиёни бардурӯғ мисли алафи бегона афзоиш меёфтанд, бинобар ин масеҳиёни ҳақиқиро шинохтан хеле мушкил буд (Мат. 13:36–43). Чаро донистани ин чиз хеле муҳим аст? Фикр кунед: мо гуфтем, ки тахминан аз асри 2 то охири асри 19 дар замин халқи муташаккили Худо набуд. Пас мо наметавонем ягон подшоҳ ё мамлакати дар он муддат вуҷуддоштаро подшоҳи Шимол ё подшоҳи Ҷануб ҳисоб кунем. Зеро гурӯҳи хизматгорони ҳақиқии Худо набуд, ки онҳо таъқиб кунанд *. Лекин, гуфтан мумкин аст, ки чанде пас аз соли 1870 подшоҳи Шимол ва подшоҳи Ҷануб аз нав пайдо шуданд. Мо инро аз куҷо медонем?

6. Кай халқи Худо аз нав созмон шуд? Фаҳмонед.

6 Аз соли 1870 сар карда халқи Худо боз аз нав созмон ёфт. Маҳз аз он сол Чарлз Рассел ва ҳамроҳонаш барои омӯхтани Китоби Муқаддас бо ҳам ҷамъ омаданро сар карданд. Рассел ва дӯстонаш вазифаи «қосид»-и пешгӯйишударо иҷро намуданд, ки пеш аз барпо шудани Подшоҳии Масеҳоӣ бояд роҳро тайёр мекард (Мал. 3:1). Акнун боз халқи Худоро шинохтан мумкин буд. Оё дар он замон давлатҳои абарқудрат вуҷуд доштанд, ки ба халқи Худо таъсири пурзӯр мерасонданд? Биёед баъзе рӯйдодҳоро дида бароем.

КАДОМ ДАВЛАТ «ПОДШОҲИ ҶАНУБ» АСТ?

7. То Ҷанги якуми ҷаҳон ва чанд муддат пас аз сар шудани он кӣ нақши подшоҳи Ҷанубро мебозид?

7 Қарибиҳои соли 1870 Бритониё сарзаминҳои зиёдро ба худ тобеъ карда империяи аз ҳама калонтарини ҷаҳон гашт. Он аз ҷиҳати ҳарбӣ хеле пуриқтидор шуд. Дар пешгӯйии Дониёл Бритониё чун шохи хурде тасвир шудааст, ки се шохи дигар — Фаронса, Испания ва Нидерландияро шикаст дод (Дон. 7:7, 8). Ва то Ҷанги якуми ҷаҳон ва чанд муддат пас аз сар шудани он Бритониё нақши подшоҳи Ҷанубро иҷро мекард. Маҳз дар давоми он солҳо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҷаҳон давлати бойтарини дунё гашт ва бо Бритониё ҳамкории зичро сар кард.

8. Дар давоми айёми охир кӣ подшоҳи Ҷануб ҳисоб меёбад?

8 Бритониё ва Иёлоти Муттаҳида, ки собиқ мустамликаи он буд, дар давоми Ҷанги якуми ҷаҳон бо ҳам муттаҳид шуда чун як қувваи бузурги ҳарбӣ амал карданд. Маҳз он вақт дар арсаи ҷаҳон давлати абарқудрати Англо-Амрико пайдо шуд. Чи хеле ки Дониёл пешгӯйӣ карда буд, ин подшоҳ «лашкари бузург ва бағоят қавӣ» ҷамъ овард (Дон. 11:25). Дар давоми айёми охир иттифоқи Англо-Амрико шоҳи Ҷануб ба ҳисоб меравад *. Вале нақши подшоҳи Шимолро кадом давлат иҷро мекард?

ПОДШОҲИ ШИМОЛ АЗ НАВ ПАЙДО МЕШАВАД

9. Кай подшоҳи Шимол аз нав пайдо шуд ва пешгӯйии Дониёл 11:25 чӣ тавр иҷро гашт?

9 Соли 1871, баъд аз як соли он ки Расселл ва дӯстонаш барои омӯзиши Китоби Муқаддас ҷамъ шуданро сар карданд, подшоҳи Шимол аз нав пайдо шуд. Ин Германия буд. Чаро чунин гуфтан мумкин аст? Соли 1871 сиёсатмадори немис Отто фон Бисмарк якчанд давлатҳои немисзабонро бо ҳам муттаҳид сохт ва ҳамин тавр империяи боиқтидори Германия ба вуҷуд омад. Вилгелми 1 аввалин императори он шуд ва Бисмарк бошад, сарвазир таъйин гашт *. Дар даҳсолаҳои минбаъда Германия бисёр давлатҳои Африқо ва Уқёнуси Оромро ба итоати худ дароварда пуриқтидор шуд ва кӯшиш кард, ки аз Бритониё зӯртар шавад. (Дониёл 11:25-ро хонед.) Германия артиши бузургеро таъсис дод ва аз ҷиҳати нерӯҳои ҳарбӣ-баҳрӣ дар ҷаҳон ҷойи дуюмро ишғол мекард. Ин иқтидори ҳарбиашро Германия дар Ҷанги якуми ҷаҳон бар зидди душманонаш истифода бурд.

10. Пешгӯйии Дониёл 11:25б ва 26 чӣ хел иҷро шуд?

10 Дониёл инчунин пешгӯйӣ кард, ки бо империяи Германия ва қувваи ҳарбии он чӣ мешавад. Дар пешгӯйӣ қайд шудааст, ки яке аз подшоҳон «истодагӣ нахоҳад кард». Ин ба кадом подшоҳ дахл дошт? Ба подшоҳи Шимол — Германия. Чаро он «истодагӣ» накард? Зеро гуфта шуда буд, ки «ба зидди ӯ дасисаҳо хоҳанд андешид. Ва онҳое ки аз суфраи ӯ нон мехӯранд, ӯро ба шикаст дучор хоҳанд кард» (Дон. 11:25б, 26а). Дар замонҳои қадим ба онҳое, ки «аз суфраи подшоҳӣ» мехӯрданд, вазирону дарбориёни ӯ дохил мешуданд (Дон. 1:5). Зидди шоҳи Шимол киҳо «дасиса» андешиданд? Ҳукуматдорони баландмақоми Германия, аз он ҷумла генералҳо ва мушовирони ҷангии подшоҳ забон як карда тахти императорро (яккаҳокимиятиро) сарнагун сохтанд *. Дар пешгӯйӣ на танҳо завол ёфтани ин империя, балки оқибати ҷанги он бо шоҳи Ҷануб гуфта шуда буд. Дар бораи шоҳи Шимол мо мехонем: «Лашкари ӯ талаф хоҳад шуд, ва шаҳидони зиёде хоҳанд афтод» (Дон. 11:26б). Мувофиқи ин пешгӯйӣ дар Ҷанги якуми ҷаҳон лашкари Германия мағлуб шуд ва бисёр одамон ҳалок гаштанд. То он дам дар таърихи инсоният чунин ҷанги хунин рӯй надода буд, ки ин қадар мардум кушта шуда бошанд.

11. Подшоҳи Шимол ва подшоҳи Ҷануб чӣ кор карданд?

11 Дар Дониёл 11:27, 28 воқеаҳои пеш аз Ҷанги якуми ҷаҳон пешгӯйӣ шуда буд. Он ҷо гуфта мешавад, ки подшоҳи Шимол ва подшоҳи Ҷануб «дар сари як суфра дурӯғ хоҳанд гуфт». Боз пешгӯйӣ шуда буд, ки подшоҳи Шимол «молу мулки зиёде» ҷамъ меорад. Ва ин гуфтаҳо аниқ иҷро шуданд. Германия ва Бритониё ба якдигар гуфта буданд, ки сулҳу осоиштагӣ мехоҳанд, вале вақте соли 1914 онҳо бо ҳам ҷанг сар карданд, дурӯғ будани гапҳояшон маълум шуд. Ва дар даҳсолаҳои пеш аз 1914 Германия торафт аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққӣ карда дар ҷаҳон дуюм мамлакати бойтарин гашт. Сипас чуноне ки пешгӯйӣ шуда буд, он бо подшоҳи Ҷануб ҷанг кард, вале мағлуб шуд (Дон. 11:29, 30а).

ИН ПОДШОҲОН ХАЛҚИ ХУДОРО ТАЪҚИБ МЕНАМОЯНД

12. Дар давоми Ҷанги якуми ҷаҳон подшоҳи Шимол ва подшоҳи Ҷануб чӣ хел рафтор карданд?

12 Аз соли 1914 сар карда мухолифат байни подшоҳи Шимол ва подшоҳи Ҷануб шиддат ёфт. Ғайр аз ин онҳо ба халқи Худо ҳар чи бештар зиддият нишон медоданд. Масалан, дар давоми Ҷанги якуми ҷаҳон ҳам ҳукумати Германия ва ҳам Бритониё хизматгорони Яҳуваро барои дар ҷанг иштирок накарданашон таъқиб мекарданд. Ва ҳокимияти Иёлоти Муттаҳида бародаронеро, ки дар кори мавъиза роҳбарӣ мекарданд, ҳабс намуд, ки ин таъқибот дар Ваҳй 11:7–10 пешгӯйӣ шуда буд.

13. Баъди солҳои 30-юм ва дар давоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ подшоҳи Шимол чӣ кор кард?

13 Сипас, солҳои 1930-юм ва хусусан дар давоми Ҷанги дуюми ҷаҳон подшоҳи Шимол — Германия бо халқи Худо ваҳшиёна рафтор кард. Вақте фашистон ба сари давлат омаданд, Гитлер бо пайравонаш фаъолияти Шоҳидонро манъ кард. Шоҳи Шимол қариб 1500 нафар хизматгори Яҳуваро ба қатл расонд ва ҳазорҳо нафари дигарро ба лагерҳои консентратсионӣ фиристод. Он воқеаҳоро Дониёл бо чунин суханон пешгӯйӣ карда буд: «Қудси истеҳкомро [муқаддасгоҳро] палид хоҳанд кард, ва қурбонии доимиро ботил хоҳанд намуд». Ва ҳақиқатан ҳам подшоҳи Шимол «муқаддасгоҳро палид» кард, яъне тадҳиншудагон ва ҳамроҳонашонро бераҳмона таъқиб кард ва дар натиҷа «қурбонии доимӣ ботил» шуд, яъне мавъизаи Шоҳидон қариб боздошта шуд (Дон. 11:30б, 31а). Сардори фашистон Гитлер ҳатто қасам хӯрд, ки халқи Худоро аз Германия нест мекунад.

ШОҲИ ШИМОЛ ДАР СИМОИ НАВ ПАЙДО МЕШАВАД

14. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ кӣ нақши подшоҳи Шимолро бозид? Фаҳмонед.

14 Баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ давлати коммунистии Иттифоқи Шӯравӣ ба бисёр минтақаҳои пешинаи Германия ҳукмфармо гашт. Мисли Германияи фашистӣ он ҳам ба халқи Яҳува адовати сахт дошт. Зеро Шоҳидон пеш аз ҳама на ба давлат, балки ба Худои ҳақиқӣ итоат мекарданд. Ҳамин тавр Иттифоқи Шӯравӣ бо ҳамаҳдонаш, ки халқи Худоро бераҳмона таъқиб мекарданд, нақши подшоҳи Шимолро иҷро намуданд.

15. Баъди тамом шудани Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ подшоҳи Шимол чӣ кор кард?

15 Чанде пас аз тамом шудани Ҷанги дуюми ҷаҳон подшоҳи нави Шимол — Иттифоқи Шӯравӣ бо давлатҳои ҳамаҳдаш ба азоб додани халқи Худо сар кард. Дар Ваҳй 12:15–17 ин таъқиботи Шоҳидон чун «дарё» тасвир шудааст. Мувофиқи ин пешгӯйӣ шоҳи Шимол кори мавъизаро манъ кард ва ҳазорон Шоҳидонро ба Сибир бадарға намуд. Дар асл, баъди сар шудани айёми охир таъқиботи ходимони Яҳува аз тарафи шоҳи Шимол авҷ гирифт, вале он «дарё» пеши роҳи мавъизаи Шоҳидонро гирифта натавонист *.

16. Чӣ тавр пешгӯйии Дониёл 11:37–39 дар Иттифоқи Шӯравӣ иҷро шуд?

16 Дониёл 11:37–39-ро хонед. Чӣ хел шоҳи Шимол «худои падарони худро» нашинохт? Иттифоқи Шӯравӣ бо мақсади нест кардани дин кӯшиш мекард, ки таъсири онро суст кунад. Барои ин ҳокимияти Шӯравӣ аллакай соли 1918 фармон бароварда буд, ки дар мактабҳо атеизм таълим дода шавад. Дар пешгӯйӣ гуфта шудааст, ки шоҳи Шимол «худои истеҳкомотро» иззат хоҳад кард. Ин чӣ тавр иҷро шуд? Иттифоқи Шӯравӣ пули хеле бисёрро барои таъсис додани артиши бақувват ва баровардани ҳазорҳо яроқи атомӣ сарф кард, то ки қувваташро пурзӯр кунад. Оқибат ҳам шоҳи Шимол ва ҳам шоҳи Ҷануб чунон яроқҳои пуриқтидор истеҳсол карданд, ки ба куштани миллиардҳо одамон мерасид.

ҲАМКОРИИ ДУ ПОДШОҲИ РАҚИБ

17. «Чизи нафратангези харобкунанда» гуфта чӣ дар назар дошта шудааст?

17 Ҳарчанд ин ду «подшоҳон» муддати дуру дароз бо ҳам зид буданд, Подшоҳи Шимол дар як чизи муҳим подшоҳи Ҷанубро дастгирӣ кард. Дар Дониёл 11:31 пешгӯйӣ шуда буд, ки онҳо «қабоҳати [«чизи нафратангези», ТДН] харобкунандаро хоҳанд гузошт». Он «чизи нафратангез» Созмони Миллали Муттаҳид мебошад.

18. Чаро Созмони Миллали Муттаҳид чун «чизи нафратангез» тасвир шудааст?

18 Чаро Созмони Миллали Муттаҳид «чизи нафратангез» номида шудааст? Зеро он арз мекунад, ки ба тамоми ҷаҳон сулҳу осоиштагӣ оварда метавонад, ҳарчанд ба ин кор танҳо Подшоҳии Худо қодир аст. Ва дар пешгӯйӣ гуфта шудааст, ки он «чизи нафратангез» харобкунанда мебошад. Ин чӣ маъно дорад? Азбаски Созмони Миллали Муттаҳид дар нест кардани ҳамаи динҳои дурӯғ нақши асосӣ мебозад, он чун чизи харобиовар тасвир шудааст. (Ба чорчӯбаи «Ду шоҳи рақиб дар айёми охир» нигаред).

ЧАРО ДОНИСТАНИ ИН ТАЪРИХ МУҲИМ АСТ?

19, 20. а) Чаро донистани таърихи дар боло овардашуда муҳим аст? б) Дар мақолаи навбатӣ мо кадом саволро дида мебароем?

19 Инак, мо каме ба таърих назар кардем. Чаро ин муҳим буд? Чунки мо барои худ аниқ кардем, ки аз соли 1870 то 1991 пешгӯйии Дониёл дар бораи подшоҳи Шимол ва Ҷануб чӣ хел иҷро шуд. Ва мо боварии комил дошта метавонем, ки қисми боқимондаи он низ, албатта, иҷро мешавад.

20 Мо медонем, ки соли 1991 Иттифоқи Шӯравӣ барҳам хӯрд. Пас, имрӯз нақши подшоҳи Шимолро кӣ иҷро мекунад? Ин саволро дар мақолаи навбатӣ муҳокима хоҳем кард.

СУРУДИ 135 То охир истодагарӣ бикун

^ сарх. 5 Дар рӯзҳои мо иҷрошавии пешгӯйии Дониёл-пайғамбар дар бораи «подшоҳи Шимол» ва «подшоҳи Ҷануб» давом дорад. Кадом далелҳо инро исбот мекунанд? Ва чаро ин пешгӯйиро хуб фаҳмидани мо хеле муҳим аст?

^ сарх. 5 Барои ҳамин аз афташ императори Рум Авлерианро (270–275 милодӣ) «подшоҳи Шимол» ва малика Зенобияро (267–272 милодӣ) «подшоҳи Ҷануб» ҳисобидан дуруст нест. Ин фаҳмиши аниқшуда аст, ки маълумоти бобҳои 13 ва 14-и китоби «Ба пешгӯйиҳои Дониёл таваҷҷӯҳ кунед!»-ро иваз мекунад.

^ сарх. 9 Соли 1890 подшоҳ Вилгелми 2 Бисмаркро маҷбуран аз сари ҳокимият дур кард.

^ сарх. 10 Барои тез сарнагун кардани ҳокимият онҳо корҳои зиёд карданд. Масалан, онҳо ба император дигар кӯмак накарданд, дар бораи талафоти ҷанг маълумоти махфиро ба дигарон ошкор намуданд ва подшоҳро маҷбур карданд, ки аз ҳукмронӣ даст кашад.

^ сарх. 15 Дар Дониёл 11:34 пешгӯйӣ шуда буд, ки подшоҳи Шимол «андаке» таъқиб кардани халқи Худоро бас мекунад. Масалан, вақте ки соли 1991 Иттифоқи Шӯравӣ барҳам хӯрд, Шоҳидон муддате озодона фаъолият бурданд.