Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 19

Ба дӯстдорони қонуни Худо чизе монеа намешавад

Ба дӯстдорони қонуни Худо чизе монеа намешавад

«Дӯстдорони шариати Ту осоиштагии зиёде доранд, ва чизе ба онҳо монеъ намешавад» (ЗАБ. 118:165).

СУРУДИ 32 Матину устувор бошед!

ПЕШГУФТОР *

1, 2. Як нависанда чӣ гуфт ва дар ин мақола мо чиро дида мебароем?

ИМРӮЗ миллионҳо одамон даъво мекунанд, ки ба Исо имон доранд, вале мувофиқи гуфтаҳои ӯ зиндагӣ намекунанд (2 Тим. 4:3, 4). Боре як нависанда чунин гуфт: «Агар имрӯз дар байни мо Исои дигаре мебуд ва айнан мисли Исо сухан мегуфт... оё одамон чун дар асри як ӯро ҳам рад мекарданд?.. Аз рафтору рӯҳияи аксари одамон маълум аст, ки рад мекарданд».

2 Бисёриҳо дар асри як таълимоти Исоро мешуниданд ва мӯъҷизаҳояшро медиданд, вале ба ӯ имон наоварданд. Барои чӣ? Дар мақолаи гузашта мо чор сабабро муҳокима кардем, ки чаро суханон ва корҳои Исо барои одамон монеа шуданд. Биёед ҳоло барои ин боз чор сабаби дигарро дида бароем. Дар рафти муҳокима мо мефаҳмем, ки чаро одамон имрӯз пайравони Исоро эътироф намекунанд ва мо бояд чӣ кор кунем, то чизе моро аз хизматгори Яҳува шудан боз надорад.

1) ИСО ҲАМА ОДАМОНРО ДӮСТ МЕДОШТ

Бисёриҳо ба Масеҳ будани Исо шубҳа мекарданд, аз боиси одамоне, ки ӯ бо онҳо шинухез мекард. Чӣ тавр ин гуна чизҳо имрӯз ба баъзеҳо монеа мешаванд? (Ба сархати 3 нигаред.) *

3. Кадом рафтори Исо ба баъзеҳо санги монеа мешуд?

Вақти дар замин буданаш Исо бо ҳар гуна одамон шинухез мекард. Вай бо одамони бою сарватманд якҷоя хӯрок мехӯрд, вале ҳамчунин бисёр вақташро бо одамони бечораю бенаво мегузаронд. Ғайр аз ин, ӯ ба касоне, ки дигарон онҳоро гунаҳкор ҳисобида худро дур мекашиданд, дилсӯз буд. Баъзе одамоне, ки худро одил мегирифтанд, Исоро барои ин кораш маҳкум мекарданд. Онҳо аз шогирдони ӯ мепурсиданд: «Чаро шумо бо ҷамъкунандагони андоз ва гунаҳкорон мехӯреду менӯшед?» Дар ҷавоб Исо ба онҳо гуфт: «На солимон, балки беморон ба духтур мӯҳтоҷанд. Ман барои он омадаам, ки на росткорон, балки гунаҳкоронро ба тавба даъват кунам» (Луқ. 5:29–32).

4. Чуноне ки Ишаъё пешгӯйӣ карда буд, яҳудиён бо Масеҳ чӣ гуна муносибат карданд?

4 Навиштаҳо чӣ мегӯянд? Чанд аср пеш аз омадани Масеҳ пайғамбар Ишаъё қайд кард, ки вақте Масеҳ меояд, дар ҷаҳон ӯро қабул намекунанд. Дар пешгӯйӣ омада буд: «Мардум аз вай нафрат карданд ва худро дур гирифтанд... Рӯяш гӯё аз мо пинҳон буд» (Иш. 53:3). Пешгӯйӣ шуда буд, ки мардум аз Масеҳ рӯй мегардонанд ва яҳудиёни асри як дар ҳақиқат Исоро рад карданд.

5. Имрӯз бисёр одамон ба пайравони Исо чӣ тавр менигаранд?

5 Оё имрӯз низ чунин проблема ба назар мерасад? Бале. Бисёр роҳбарони динӣ вақте мебинанд, ки ба ҷамоати онҳо одамони обрӯманду сарватманд ва касони аз назари ин ҷаҳон хирадманд меоянд, аз ин хурсанд мешаванд. Ҳатто агар ахлоқ ва тарзи ҳаёти он шахсон ба меъёрҳои Худо зид бошад ҳам, онҳо хуб пазируфта мешаванд. Аммо он роҳбарони динӣ ба хизматгорони Яҳува, ки одобу ахлоқи пок доранд, чун ба одамони паст менигаранд, зеро мо дар назари аксари одамони ин ҷаҳон назарногирем. Чи хеле ки Павлус гуфт, Худо онҳоеро интихоб кардааст, ки ин ҷаҳон «паст меҳисобад» (1 Қӯр. 1:26–29). Вале барои Яҳува ҳар як хизматгори содиқаш гаронбаҳо аст.

6. Чӣ тавр мо ба фикрронии Исо, ки оидаш дар Матто 11:25, 26 гуфта шудааст, пайравӣ карда метавонем?

6 Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ба шубҳа наафтем? (Матто 11:25, 26-ро хонед.) Нагузоред, ки назаре, ки ин ҷаҳон ба хизматгорони Худо дорад, ба шумо таъсир кунад. Ҳаминро донед, ки Яҳува барои иҷро кардани хосташ танҳо одамони фурӯтанро истифода мебарад (Заб. 137:6). Ва фикр кунед, ки Ӯ бо воситаи касоне, ки дар чашми ин ҷаҳон донишманду хирадманд нестанд, чӣ қадар корҳои зиёдро ба ҷо овард ва оварда истодааст.

2) ИСО АҚИДАҲОИ НОДУРУСТРО ФОШ МЕКАРД

7. Барои чӣ Исо фарисиёнро дурӯя меномид ва онҳо ба ин чӣ гуна муносибат мекарданд?

7 Исо далерона роҳбарони динии замони худро танқид мекард, зеро онҳо ба одамон бо тарзи дуруст ибодат кардани Худоро ёд намедоданд. Масалан, ӯ дурӯягии фарисиёнро фош мекард, зеро онҳо назар ба ғамхорӣ кардан ба волидони худ бештар дар бораи чӣ тавр шустани дастон ташвиш мехӯрданд (Мат. 15:1–11). Шогирдони Исо эҳтимол аз суханони ӯ ба ҳайрат меомаданд. Боре онҳо ба вай гуфтанд: «Оё медонӣ, ки фарисиён суханони гуфтаатро шунида ба хашм омаданд?» Исо ҷавоб дод: «Ҳар ниҳоле, ки Падари осмониам нашинондааст, решакан хоҳад шуд. Ба онҳо аҳамият надиҳед. Онҳо роҳнамоёни кӯранд. Агар як кӯр ба кӯри дигар роҳ нишон диҳад, ҳар ду ба чоҳ меафтанд» (Мат. 15:12–14). Гарчанд роҳбарони динӣ аз суханони Исо ба ғазаб меомаданд, ӯ минбаъд низ натарсида ҳаққи гапро мегуфт.

8. Чӣ тавр Исо нишон дод, ки на ҳама ақидаҳои динӣ ба Худо писанданд?

8 Исо инчунин таълимоти дурӯғро фош мекард. Ӯ нишон медод, ки на ҳар як ақидаи динӣ ба Худо писанд аст. Баръакс, вай мефаҳмонд, ки роҳи васеъ, ки бисёри одамон бо он мераванд, ба ҳалокат мебарад ва танҳо шумораи ками одамон бо роҳи танг, ки сӯйи ҳаёт мебарад, мераванд (Мат. 7:13, 14). Чуноне ки Исо равшан қайд кард, баъзеҳо даъво мекарданд, ки ба Худо хизмат мекунанд, вале дар асл ин тавр набуд. Ӯ огоҳ кард: «Аз пайғамбарони бардурӯғ эҳтиёт шавед, ки ба намуди гӯсфанд назди шумо меоянду дар асл гургони даррандаанд. Шумо онҳоро аз корҳояшон хоҳед шинохт» (Мат. 7:15–20).

Бисёриҳо ба Масеҳ будани Исо шубҳа мекарданд, аз боиси он ки ӯ ақида ва урфу одатҳои нодурустро маҳкум мекард. Чӣ тавр ин гуна чизҳо имрӯз ба баъзеҳо монеа мешаванд? (Ба сархати 9 нигаред.) *

9. Кадом ақидаҳои дурӯғи диниро Исо фош мекард?

9 Навиштаҳо чӣ мегӯянд? Дар пешгӯйии Китоби Муқаддас омада буд, ки Масеҳ ба хонаи Худо рашк хоҳад дошт (Заб. 68:10; Юҳ. 2:14–17). Ин рашк Исоро бармеангехт, ки ақидаҳо ва таълимоти динии дурӯғро фош созад. Масалан, фарисиён боварӣ доштанд, ки ҷони инсон намемирад, вале Исо таълим медод, ки мурдагон дар ҳолати хобанд (Юҳ. 11:11). Саддуқиён эҳёшавӣ нест мегуфтанд, Исо бошад, дӯсташ Лаъзорро аз марг зинда кард (Юҳ. 11:43, 44; Аъм. 23:8). Фарисиён ҳама чиро ҳукми тақдир ва хости Худо меҳисобиданд; лекин Исо таълим медод, ки одамон худашон интихоб карда метавонанд, ки ба Худо хизмат кунанд ё не (Мат. 11:28).

10. Барои чӣ имрӯз бисёриҳо моро рад мекунанд?

10 Оё имрӯз низ чунин проблема ба назар мерасад? Бале. Вақте мо аз Китоби Муқаддас ба одамон нишон медиҳем, ки баъзе ақидаҳои динӣ нодурустанд, ба бисёриҳо ин маъқул намешавад. Рӯҳониён ба пайравони худ таълим медиҳанд, ки Худо одамони бадро дар дӯзах ҷазо медиҳад. Бо истифодаи ин таълимоти дурӯғ онҳо одамонро метарсонанд ва идора мекунанд. Хизматгорони Худо, ки Ӯро аз меҳру муҳаббат ибодат мекунанд, ба одамон ёрӣ медиҳанд, ки дурӯғ будани ин таълимотро фаҳманд. Рӯҳониён инчунин таълим медиҳанд, ки ҷон намиранда аст. Агар ин таълимот дуруст мебуд, ҳеҷ кас ба эҳёшавӣ ниёз намедошт. Ин ақида бар Китоби Муқаддас асос намеёбад ва мо дурӯғ будани онро ошкор мекунем. Бисёр динҳо боз таълим медиҳанд, ки ҳар як ҳодиса дар ҳаёти одам пешакӣ аз тарафи Худо ё ягон қувваи ноаён муқаррар шудааст. Мо бошем, ба одамон мефаҳмонем, ки инсон дар интихоб озод аст ва бо ихтиёри худ ба Худо хизмат карда метавонад. Вақте мо ин гуна таълимотҳои дурӯғро фош месозем, роҳбарони динӣ бисёр вақт оташин мегарданд.

11. Мувофиқи суханони Исо аз Юҳанно 8:45–47 Худо аз хизматгоронаш чӣ талаб мекунад?

11 Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ба шубҳа наафтем? Агар мо ҳақиқатро дӯст дорем, мо бояд ба гуфтаҳои Худо бовар кунем ва ба онҳо итоат кунем. (Юҳанно 8:45–47-ро хонед.) Баръакси Шайтон Иблис, мо дар роҳи ҳақиқат устувор мемонем. Мо ҳеҷ гоҳ ба коре даст намезанем, ки бар хилофи эътиқоди мо аст (Юҳ. 8:44). Худо аз хизматгоронаш талаб мекунад, ки мисли Исо «аз бадӣ нафрат» кунанд ва «ба некӣ бичасп»-анд (Рум. 12:9; Ибр. 1:9).

3) ИСОРО ТАЪҚИБ МЕКАРДАНД

Бисёриҳо ба Масеҳ будани Исо шубҳа мекарданд, аз боиси он ки ӯ дар сутун мурд. Чӣ тавр ин гуна чизҳо имрӯз ба баъзеҳо монеа мешаванд? (Ба сархати 12 нигаред.) *

12. Чаро тарзи кушта шудани Исо ба бисёриҳо монеа гашт?

12 Боз аз кадом сабаб яҳудиён дар асри як Исоро рад мекарданд? Павлус гуфт: «Мо дар бораи Масеҳ, ки дар сутун ба қатл расонида шуд, мавъиза мекунем ва ин барои яҳудиён сабаби пешпо хӯрдан [аст]» (1 Қӯр. 1:23). Он ки Исоро дар сутун ба қатл расонданд, барои бисёриҳо санги монеа гашт. Чаро? Ин тавр мурдани Исоро дида ба назари онҳо чунин тофт, ки ӯ ҷинояткор ва гунаҳкор аст. Барои ҳамин онҳо ба Масеҳ будани ӯ имон наоварданд (Такр. Ш. 21:22, 23).

13. Яҳудиёне, ки Исоро рад карданд, чиро фаҳмидан намехостанд?

13 Яҳудиёне, ки Исоро рад карданд, фаҳмидан намехостанд, ки Исо бегуноҳ аст, ӯро бардурӯғ айбдор карда беадолатона муносибат намуданд. Онҳое, ки Исоро суд карданд, адлу инсофро тамоман поймол сохтанд. Онҳо барои суд кардани Исо саросемавор ҷамъ омаданд ва қоидаҳои судиро умуман риоя накарданд (Луқ. 22:54; Юҳ. 18:24). Ба ҷойи он ки айбу далелҳоро дар бораи Исо бе рӯйбинӣ гӯш кунанд, онҳо худашон «асос мекофтанд, то Исоро бардурӯғ айбдор карда, ба қатл расонанд». Вақте ин корашон омад накард, саркоҳин кӯшиш кард, ки Исоро ба гуфтани ягон чизи нодуруст водор кунад ва пас аз он ӯро айбдор созад. Ин рафтори онҳо аз чорчӯбаи қонун тамоман берун буд (Мат. 26:59; Марқ. 14:55–64). Баъди аз марг эҳё шудани Исо низ он доварони беинсоф як кори хеле бад карданд. Онҳо ба сарбозони румӣ, ки қабри Исоро посбонӣ мекарданд, «тангаҳои нуқрагини зиёде дода» фармуданд, то овозаи бардурӯғ паҳн кунанд, ки гӯё шогирдонаш ҷасади ӯро дуздида бошанд (Мат. 28:11–15).

14. Оиди марги Масеҳ дар Навиштаҳо чӣ пешгӯйӣ шуда буд?

14 Навиштаҳо чӣ мегӯянд? Бисёри яҳудиён дар рӯзҳои Исо гумон мекарданд, ки Масеҳ набояд мурад, лекин аҳамият диҳед, ки Навиштаҳо чӣ мегӯянд: «Ӯ ҷонашро нисор кард ва ба қатори бадкорон дароварда шуд, гуноҳи одамони бисёреро бар худ бор кард ва пушти гунаҳкоронро гирифт» (Иш. 53:12, ТДН). Аз ин рӯ чун гунаҳкор кушта шудани Исо набояд сабаби пешпо хӯрдани яҳудиён мегашт.

15. Кадом айбдоркуниҳо бар зидди Шоҳидони Яҳува ба баъзеҳо санги монеа мегардад?

15 Оё имрӯз низ чунин проблема ба назар мерасад? Албатта! Исоро ба коре, ки накарда буд, ноҳақ айбдор карданд ва ҳукм бароварданд. Бо Шоҳидони Яҳува низ имрӯз одамон беадолатона муносибат мекунанд. Баъзе мисолҳоро меорем. Байни солҳои 1930 ва 1950 дар Иёлоти Муттаҳида масъалаи озодона ибодат кардани мо мавриди судкашиҳои зиёд қарор гирифт. Баъзе судяҳо рӯирост муқобили мо мебаромаданд. Дар вилояти Квебеки Канада рӯҳониён ва ҳокимиятдорон як шуда ба фаъолияти мо муқобилат нишон доданд. Бисёр воизонро танҳо барои он ки бо дигарон дар бораи Подшоҳии Худо гап заданд, ба зиндон партофтанд. Дар Германия ҳокимияти фашистӣ бисёр бародарони ҷавони моро, ки ба Яҳува содиқ буданд, ба қатл расонд. Ва солҳои охир бисёр бародарони мо дар Русия барои Китоби Муқаддасро муҳокима карданашон ба «фаъолияти экстремистӣ» айбдор дониста шуда ҳабс гардиданд. Ҳатто «Китоби Муқаддас — Тарҷумаи дунёи нав» ба забони русӣ манъ карда шудааст ва маводи экстремистӣ ҳисоб меёбад, зеро дар он номи Яҳува истифода шудааст.

16. Чуноне ки дар 1 Юҳанно 4:1 қайд шудааст, чаро мо набояд аз нақлу овозаҳои дурӯғ дар бораи Шоҳидони Яҳува гумроҳ шавем?

16 Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ба шубҳа наафтем? Дар бораи Шоҳидон маълумоти аниқро ба даст оред. Дар Мавъизаи болои кӯҳ Исо шунавандагонашро огоҳ карда гуфт: «Одамон... ноҳақ дар бораатон ҳар гуна суханони бад мегӯянд» (Мат. 5:11). Дар паси ҳамаи ин суханони бад ва дурӯғ Шайтон истодааст. Вай мухолифони моро ба шӯр меандозад, то дар ҳаққи дӯстдорони ҳақиқат тӯҳмат кунанд (Ваҳй 12:9, 10). Мо набояд ба он овозаҳои бардурӯғ гӯш диҳем. Биёед ҳеҷ гоҳ нагузорем, ки чунин суханони дурӯғ моро ба тарс оранд ё имонамонро суст кунанд. (1 Юҳанно 4:1-ро хонед.)

4) БА ИСО ХИЁНАТ НАМУДАНД ВА ӮРО ТАРК КАРДАНД

Бисёриҳо ба Масеҳ будани Исо шубҳа мекарданд, аз боиси он ки Яҳудо ба вай хиёнат кард. Чӣ тавр ин гуна чизҳо имрӯз ба баъзеҳо монеа мешаванд? (Ба сархатҳои 17 ва 18 нигаред.) *

17. Чӣ тавр воқеаҳои пеш аз марги Исо барои баъзеҳо санги монеа шуда метавонист?

17 Чанде пеш аз маргаш ба Исо яке аз 12 расулаш хиёнат кард. Як расули дигараш Исоро се бор инкор намуд ва ҳамаи расулон шоми пеш аз маргаш ӯро партофта гурехтанд (Мат. 26:14–16, 47, 56, 75). Исо аз ин дар ҳайрат набуд. Ӯ ҳатто ин чизҳоро пешгӯйӣ карда буд (Юҳ. 6:64; 13:21, 26, 38; 16:32). Вақте он чизҳо рӯй дод, баъзеҳо шояд нахостанд, ки шогирди Исо шаванд. Онҳо дар дилашон гуфта метавонистанд: «Агар аҳволи расулони Исо ин хел бошад, пас ман намехоҳам дар қатори онҳо бошам!»

18. Чанде пеш аз марги Исо кадом пешгӯйиҳо иҷро шуданд?

18 Навиштаҳо чӣ мегӯянд? Садсолаҳо пеш Яҳува дар Каломаш ошкор карда буд, ки Масеҳ ба 30 сиқл нуқра фурӯхта мешавад (Зак. 11:12, 13). Ва ин корро яке аз дӯстони наздики Исо мекунад (Заб. 40:10). Закарё-пайғамбар инчунин навишт: «Чӯпонро бизан, ва гӯсфандон пароканда хоҳанд шуд» (Зак. 13:7). Одамони самимӣ ба ҷойи аз ин воқеаҳо пешпо хӯрдан, баръакс, иҷрошавии пешгӯйиҳоро дида имонашон бояд қавӣ мешуд.

19. Одамони самимӣ чиро дарк мекунанд?

19 Оё имрӯз низ чунин проблема ба назар мерасад? Бале. Дар замони мо баъзе аз Шоҳидоне, ки бисёриҳо мешинохтанд, ҳақиқатро тарк карда осӣ шуданд ва баъд ҳаракат карданд, ки дигаронро аз роҳ зананд. Онҳо тавассути воситаҳои ахборотӣ ва интернет дар бораи Шоҳидони Яҳува хабарҳои нимросту нимдурӯғро паҳн мекунанд, ҳар хел гапҳои ноҷо мегӯянд ва рӯирост тӯҳмат мекунанд. Лекин одамони самимӣ аз ин чизҳо пешпо намехӯранд. Баръакс, онҳо медонанд, ки Китоби Муқаддас ин чизҳоро пешгӯйӣ карда буд (Мат. 24:24; 2 Пет. 2:18–22).

20. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки аз боиси онҳое, ки ба Яҳува хизмат карданро бас карданд, пешпо нахӯрем? (2 Тимотиюс 4:4, 5)

20 Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ба шубҳа наафтем? Мо бояд бо ёрии омӯзиши мунтазами Каломи Худо, дуоҳои пайваста ва иштироки пурра дар хизмат имони худро қавӣ нигоҳ дорем. (2 Тимотиюс 4:4, 5-ро хонед.) Агар имони мо бақувват бошад, аз шунидани хабарҳои бад дар бораи Шоҳидони Яҳува ба воҳима намеафтем (Иш. 28:16). Муҳаббат ба Яҳува, Каломаш ва бародару хоҳарон ба мо кӯмак мекунад, ки аз боиси касоне, ки ҳақиқатро тарк кардаанд, пешпо нахӯрем.

21. Ҳарчанд имрӯз аксари одамон хабари моро рад мекунанд, мо ба чӣ боварӣ дошта метавонем?

21 Дар асри як бисёриҳо ба шубҳа дода шуда Исоро рад карданд. Лекин бисёри дигарон ба ӯ имон оварданд. Мо аз Навиштаҳо медонем, ки камаш як нафар аъзои Шӯрои олии яҳудиён ва «бисёре аз коҳинон» имон оварданд (Аъм. 6:7; Мат. 27:57–60; Марқ. 15:43). Ба ин монанд, имрӯз низ миллионҳо одамон қарор доданд, ки пайрави Исо мешаванд. Чаро? Чунки онҳо ҳақиқатҳои Каломи Худоро медонанд ва дӯст медоранд. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Дӯстдорони шариати Ту осоиштагии зиёде доранд, ва чизе ба онҳо монеъ намешавад» (Заб. 118:165).

СУРУДИ 18 Муҳаббати садоқатмандонаи Худо

^ сарх. 5 Дар мақолаи гузашта мо чор сабабро муҳокима кардем, ки чаро дар асри як одамон Исоро эътироф намекарданд ва чаро имрӯз мо — пайравони ӯро рад мекунанд. Дар ин мақола мо чор сабаби дигарро дида мебароем. Инчунин мефаҳмем, ки ба онҳое, ки Яҳуваро дӯст медоранд, ҳеҷ чиз монеа намешавад, ки хизматгори Ӯ шаванд

^ сарх. 60 ШАРҲИ РАСМ: Исо бо Матто ва ҷамъкунандагони андоз якҷоя хӯрок мехӯрад.

^ сарх. 62 ШАРҲИ РАСМ: Исо савдогаронро аз маъбад пеш мекунад.

^ сарх. 64 ШАРҲИ РАСМ: Исоро маҷбур мекунанд, ки сутуни азобу шиканҷаро пуштора карда барад.

^ сарх. 66 ШАРҲИ РАСМ: Яҳудо Исоро бо бӯса таслим мекунад.