Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 18

Оё мегузоред, ки барои Исоро пайравӣ кардан чизе ба шумо монеа шавад?

Оё мегузоред, ки барои Исоро пайравӣ кардан чизе ба шумо монеа шавад?

«Хушбахт аст касе, ки дар ҳаққи ман ба шубҳа намеафтад» (МАТ. 11:6).

СУРУДИ 65 «Роҳ ин аст»

ПЕШГУФТОР *

1. Вақте шумо бори аввал ҳақиқати Каломи Худоро ба дигарон нақл кардед, аз чӣ эҳтимол ҳайрон шудед?

ОЁ ШУМО лаҳзаеро дар хотир доред, ки бори якум дарк кардед, ки ҳақиқатро ёфтед? Таълимоте, ки шумо аз Китоби Муқаддас фаҳмидед, бароятон чунон равшану фаҳмо буданд, ки шумо фикр кардед, ки ҳар як одам инро фаҳмида албатта хурсандона қабул мекунад. Шумо боварӣ доштед, ки онҳо ҳақиқати Каломро қабул карда ҳаёташонро беҳтар мегардонанд ва ба оянда умеди олиҷаноб пайдо мекунанд (Заб. 118:105). Барои ҳамин шумо ба назди дӯстону хешонатон рафта ҳақиқатҳои фаҳмидаатонро бо шавқу завқ нақл кардед. Аммо, вақте бисёриашон он чизҳоро рад карданд, шумо ҳайрон шудед.

2, 3. Дар рӯзҳои Исо аксарияти одамон ба ӯ чӣ гуна муносибат карданд?

Вақте дигарон хабареро, ки мо мавъиза мекунем, рад мекунанд, ҳеҷ кадоми мо набояд аз ин ҳайрон шавем. Дар рӯзҳои Исо аксарияти одамон ӯро рад карданд, гарчанд ӯ мӯъҷизаҳо ба амал меовард ва бо ин нишон медод, ки ӯ аз тарафи Худо аст. Масалан, Исо Лаъзорро эҳё кард ва ин мӯъҷизае буд, ки душманони Исо онро рад карда наметавонистанд. Бо вуҷуди ин роҳбарони яҳудӣ ба Масеҳ будани Исо имон наоварданд. Баръакс, онҳо хостанд ҳам Исо ва ҳам Лаъзорро кушанд! (Юҳ. 11:47, 48, 53; 12:9–11).

3 Исо медонист, ки аксарияти мардум ӯро чун Масеҳ эътироф намекунанд (Юҳ. 5:39–44). Ӯ ба якчанд шогирди Яҳёи Таъмиддиҳанда гуфт: «Хушбахт аст касе, ки дар ҳаққи ман ба шубҳа намеафтад» (Мат. 11:2, 3, 6, эзоҳ). Чаро ин қадар одамони зиёд Исоро рад карданд?

4. Мо дар ин мақола чиро муҳокима мекунем?

4 Дар мақолаи мазкур ва навбатӣ мо як қатор сабабҳоеро дида мебароем, ки чаро аксари одамон дар асри як ба Исо имон наоварданд ва инчунин мефаҳмем, ки чаро дар рӯзҳои мо бисёриҳо мавъизаи моро қабул намекунанд. Аз ҳама муҳимаш мо мефаҳмем, ки чаро ба Исо имони қавӣ дошта метавонем, то ба чизе нагузорем, ки ба мо барои ӯро пайравӣ кардан монеа шавад.

1) АСЛУ НАСАБИ ИСО

Бисёриҳо барои он Исоро рад карданд, ки аслу насабашро аниқ намедонистанд. Чӣ тавр ин чиз метавонад имрӯз барои баъзеҳо монеа шавад? (Ба сархати 5 нигаред.) *

5. Чаро баъзеҳо шояд фикр мекарданд, ки Исо Масеҳи ваъдашуда нест?

5 Бисёри одамон Исоро аз боиси аслу насабаш рад карданд. Онҳо тан мегирифтанд, ки Исо муаллими беҳамто аст ва мӯъҷизаҳо ба амал меорад, вале барои онҳо ӯ танҳо писари як дуредгари камбағал буд. Исо аз Носира буд — аз шаҳре, ки шояд барои бисёриҳо назарногир метофт. Ҳатто Натанъил, ки баъдтар шогирди Исо шуд, дар аввал гуфт: «Магар аз Носира ягон чизи хуб баромада метавонад?» (Юҳ. 1:46). Ба Натанъил эҳтимол шаҳри Носира маъқул набуд. Ё шояд ӯ дар бораи пешгӯйии Мико 5:2 фикр мекард, ки мувофиқи он Масеҳ бояд дар Байт-Лаҳм тавлид меёфт, на дар Носира.

6. Чӣ ба ҳамзамонони Исо кӯмак карда метавонист, ки Масеҳ будани ӯро эътироф кунанд?

6 Навиштаҳо чӣ мегӯянд? Ишаъё-пайғамбар пешгӯйӣ карда буд, ки душманони Исо ба аслу насаби ӯ дуруст аҳамият намедиҳанд (Иш. 53:8). Аммо дар ин бора бисёр ҷузъиётҳо пешгӯйӣ шуда буданд. Агар он одамон кӯшиш карда оиди наслу насаб ва аз куҷо баромадани Исо бисёртар маълумот пайдо мекарданд, онҳо мефаҳмиданд, ки Исо дар Байт-Лаҳм таваллуд шуд ва аз насли шоҳ Довуд мебошад (Луқ. 2:4–7). Яъне зодгоҳи Исо ҳамон ҷое буд, ки дар Мико 5:2 пешгӯйӣ шудааст. Одамон аслу насаби Исоро дуруст тадқиқ накарда саросемавор нодуруст хулоса карданд. Онҳо дар бораи аслу насаби Исо пурра маълумот надоштанд. Бинобар ин ӯро эътироф накарданд.

7. Барои чӣ бисёриҳо имрӯз Шоҳидони Яҳуваро чун халқи Худо эътироф намекунанд?

7 Оё имрӯз низ чунин проблема ба назар мерасад? Бале. Аксарияти хизматгорони Яҳува сарватманд ва баландмартаба нестанд, барои ҳамин бисёри одамон фикр мекунанд, ки онҳо шахсони «нохонда ва одӣ» мебошанд (Аъм. 4:13). Баъзеҳо фикр мекунанд, ки ходимони Худо Китоби Муқаддасро таълим дода наметавонанд, чунки мактабҳои номдори диниро хатм накардаанд. Баъзеҳо бошанд, мегӯянд, ки Шоҳидони Яҳува «сектаи амрикоӣ» мебошанд, вале дар асл тақрибан 14 фоизи Шоҳидони Яҳува дар Амрико зиндагӣ мекунанду халос. Ба баъзеҳо бошад, чунин гуфтаанд, ки гӯё Шоҳидони Яҳува ба Исо имон надоранд. Давоми солҳои зиёд халқи Яҳуваро «коммунист» ҳам гуфтанд, «ҷосусони амрикоӣ» ҳам номиданд ва ҳоло бошад, «экстремист» мегӯянд. Шунидани ҳар гуна овозаҳо ва надонистани асли гап дар бораи Шоҳидон ба бисёриҳо монеа мешавад, ки Шоҳиди Яҳува гарданд.

8. Мувофиқи Аъмол 17:11 агар одамон кӣ будани ходимони Худоро имрӯз муайян кардан хоҳанд, бояд чӣ кор кунанд?

8 Чӣ ба шумо ёрдам мекунад, ки ба шубҳа наафтед? Шумо бояд дар бораи Шоҳидон ҳақиқати ҳолро фаҳмед. Нависандаи Хушхабар Луқо чунин мекард. Ӯ кӯшиш кард, ки «ҳама чиро аз аввал бодиққат тадқиқ карда, маълумоти аниқ ҷамъ» оварад. Ӯ мехост, то хонандагонаш донанд, ки ҳама шаҳодати ӯ дар бораи Исо «сазовори боварианд» (Луқ. 1:1–4). Яҳудиёни Бирияи қадим низ мисли Луқо буданд. Вақте онҳо бори аввал хушхабарро дар бораи Исо шуниданд, онро бо Навиштаҳои илоҳӣ муқоиса карданд, то ба ҳақ будани чизҳои шунидаашон боварӣ ҳосил кунанд. (Аъмол 17:11-ро хонед.) Ба ин монанд, шумо ҳам бояд чизҳоеро, ки халқи Худо таълим медиҳанд, бо он чизе, ки Навиштаҳо мегӯянд, муқоиса кунед. Инчунин ба шумо лозим аст, ки бо фаъолияти имрӯзаи халқи Худо шинос шавед, то дар бораи онҳо маълумоти дуруст ва аниқ ба даст оред. Ин ба шумо кӯмак мекунад, ки ба ҳар гуна овозаҳо бовар накунед ва аз онҳо гумони бад набаред.

2) ИСО БАРОИ ОДАМОНРО ҚОИЛ КАРДАН АЛОМАТ НИШОН НАМЕДОД

Бисёриҳо барои он Исоро рад карданд, ки ӯ ба онҳо аз осмон аломат нишон надод. Чӣ тавр ин чиз метавонад имрӯз барои баъзеҳо монеа шавад? (Ба сархатҳои 9 ва 10 нигаред.) *

9. Вақте Исо аз осмон аломате нишон надод, баъзеҳо чӣ кор карданд?

9 Барои баъзеҳо таълимоти таъсирбахши Исо кифоя набуданд, онҳо чизи бештар мехостанд. Онҳо талаб карданд, ки ӯ барои Масеҳ будани худро исбот кардан «барояшон аломате аз осмон нишон диҳад» (Мат. 16:1). Эҳтимол, чунин талаби онҳо бар фаҳмиши нодурусти Дониёл 7:13, 14 асос меёфт. Лекин барои иҷроиши он пешгӯйӣ ҳоло вақти таъйинкардаи Яҳува нарасида буд. Дар асл, чизҳое, ки Исо таълим медод, басанда буданд, ки онҳо ба Масеҳ будани ӯ бовар кунанд. Вале вақте Исо талаби онҳоро оиди нишон додани аломат иҷро накард, онҳо ӯро рад карданд (Мат. 16:4).

10. Чӣ тавр Исо пешгӯйиеро, ки Ишаъё-пайғамбар дар бораи Масеҳ навишта буд, ба ҷо овард?

10 Навиштаҳо чӣ мегӯянд? Ишаъё-пайғамбар дар бораи Масеҳ чунин навишт: «Ӯ фарёд нахоҳад зад, ва овози Худро баланд нахоҳад кард, ва онро дар кӯчаҳо нахоҳад шунавонид» (Иш. 42:1, 2). Исо хизматашро хоксорона ба ҷо меовард ва диққати дигаронро ба худ ҷалб намекард. Ӯ барои диққати одамонро ҷалб кардан маъбадҳои боҳашамату бодабдаба насохт ва либоси махсуси динӣ намепӯшид ё аз мардум талаб намекард, ки ба ӯ бо унвонҳои боломақом муроҷиат кунанд. Вақте Исоро суд мекарданд, шоҳ Ҳиродус аз ӯ хоҳиш кард, ки ягон мӯъҷиза нишон диҳад, лекин Исо ин корро накард, ҳарчанд ҳаёташ дар хатар буд (Луқ. 23:8–11). Исо аз ин пеш баъзе мӯъҷизаҳо ба амал оварда буд, вале диққати асосии худро ӯ ба паҳн кардани хушхабар равона мекард. «Маҳз барои ҳамин омадаам» — гуфт ӯ ба шогирдонаш (Марқ. 1:38).

11. Баъзеҳо имрӯз чӣ гуна назари нодуруст доранд?

11 Оё имрӯз низ чунин проблема ба назар мерасад? Бале. Имрӯз бисёриҳо аз биноҳои динии боҳашамату пурнақшу нигор, аз унвонҳои болохонадори роҳбарони динӣ ва аз маросимҳое, ки пайдоиш ва маънояшонро аксарият намедонанд, ба ваҷд меоянд. Вале одамоне, ки ба ин гуна маросимҳои динӣ меоянд, оё дар бораи Худо ва ниятҳои Ӯ ягон чиз мефаҳманд? Касоне, ки ба вохӯриҳои масеҳӣ меоянд, дар бораи талаботи Яҳува ва дар бораи чӣ тавр мувофиқи хости Ӯ зиндагӣ кардан дониш мегиранд. Ибодатгоҳҳои мо тозаву озода ва хоксоронаанд, вале дабдабанок нестанд. Касоне, ки роҳбариро бар ӯҳда доранд, либоси махсус намепӯшанд ва унвонҳои фахрӣ надоранд. Эътиқоди мо ва чизҳое, ки мо таълим медиҳем, бар Каломи Худо асос меёбанд. Лекин азбаски мо Худоро ба таври одӣ ибодат мекунем ва маросиму оинҳои бодабдаба надорем, бисёри одамон моро эътироф намекунанд ва таълимоти мо ба гӯши онҳо намефорад.

12. Чуноне ки дар Ибриён 11:1, 6 фаҳмонида шудааст, имони мо бояд дар чӣ асос ёбад?

12 Чӣ ба шумо ёрдам мекунад, ки ба шубҳа наафтед? Павлуси расул ба масеҳиёни шаҳри Рум чунин гуфт: «Имон аз шунидани калом пайдо мешавад, каломро бошад, вақте мешунаванд, ки касе дар бораи Масеҳ мавъиза мекунад» (Рум. 10:17). Аз ин бармеояд, ки имони мо аз омӯхтани Каломи Худо қавӣ мегардад, на аз иштирок дар маросимҳои диние, ки бар Навиштаҳо асос намеёбанд. Онҳо чӣ қадар ҷолиб натобанд ҳам, моро ба Худо наздик намесозанд. Мо бояд аз Навиштаҳо дониши аниқ гирифта имонамонро қавӣ созем, зеро «бе имон ба Худо писанд омадан номумкин аст». (Ибриён 11:1, 6-ро хонед.) Шарт нест, ки ба мо аз осмон аломат нишон дода шавад, то боварӣ ҳосил кунем, ки мо ҳақиқатро ёфтаем. Омӯзиши бодиққати таълимоти Китоби Муқаддас худаш басанда аст, то ба ҳақиқат будани ин роҳ боварӣ ҳосил кунем ва ҳар гуна шубҳаро аз худ дур созем.

3) ИСО БИСЁР УРФУ ОДАТҲОИ ЯҲУДИЁНРО РИОЯ НАМЕКАРД

Бисёриҳо барои он Исоро рад карданд, ки баъзе урфу одатҳояшонро рад мекард. Чӣ тавр ин чиз метавонад имрӯз барои баъзеҳо монеа шавад? (Ба сархати 13 нигаред.) *

13. Аз кадом сабаб бисёриҳо Исоро рад менамуданд?

13 Дар рӯзҳои Исо шогирдони Яҳёи Таъмиддиҳанда ҳайрон буданд, ки чаро шогирдони Исо рӯза намедоранд. Исо ба онҳо фаҳмонд, ки ҳоло ки ӯ зинда аст ба онҳо рӯза доштан шарт нест (Мат. 9:14–17). Ба ҳар ҳол фарисиён ва дигар душманони Исо ӯро айбдор мекарданд, ки урфу одатҳои онҳоро риоя намекунад. Вақте Исо дар рӯзи шанбе беморонро шифо мебахшид, онҳо ба ғазаб меомаданд (Марқ. 3:1–6; Юҳ. 9:16). Аз як тараф онҳо худро диндор гирифта рӯзи шанберо гӯё эҳтиром мекарданд, вале аз дигар тараф онҳо рӯйирост дар маъбад хариду фурӯш мекарданд. Вақте Исо онҳоро барои ин корашон танқид кард, онҳо ба хашм омаданд (Мат. 21:12, 13, 15). Дар ибодатгоҳи Носира вақте Исо аз таърихи халқи Исроил мисол оварда худбин ва сустимон будани яҳудиёнро фош кард, онҳо ба ғазаб омаданд (Луқ. 4:16, 25–30). Азбаски Исо мувофиқи хости одамон рафтор намекард, бисёриҳо ӯро рад намуданд (Мат. 11:16–19).

14. Чаро Исо урфу одатҳои одамиро, ки бар Навиштаҳо асос намеёфтанд, танқид мекард?

14 Навиштаҳо чӣ мегӯянд? Яҳува ба воситаи Ишаъё-пайғамбар гуфта буд: «Ин қавм бо даҳони худ ба Ман наздик мешаванд ва бо лабҳои худ Маро ҷалол медиҳанд, вале дили худро аз Ман дур кардаанд, ва тарси онҳо аз Ман натиҷаи омӯхтани аҳкоми инсонист» (Иш. 29:13). Исо урфу одатҳои инсониеро, ки бар Навиштаҳо асос намеёфтанд, маҳкум мекард ва ин кораш дуруст буд. Онҳое, ки қоидаҳо ва расму оинҳои одамиро аз Навиштаҳо боло мегузоштанд, Яҳува ва онеро, ки Ӯ чун Масеҳ фиристода буд, писанд намекарданд.

15. Чаро Шоҳидони Яҳува ба бисёр одамон маъқул нестанд?

15 Оё имрӯз низ чунин проблема ба назар мерасад? Бале. Вақте Шоҳидони Яҳува ҳамроҳи дигарон иду маросимҳои ба Навиштаҳо зидро ҷашн намегиранд, масалан, зодрӯз ё соли нав, ба бисёриҳо ин сахт мерасад. Инчунин вақте мо дар ҷашнҳои миллӣ иштирок намекунем ё урфу одатҳои бо дафни мурда алоқамандро, ки бар Каломи Худо мувофиқ нестанд, риоя намекунем, дигарон аз ин ба ғазаб меоянд. Одамоне, ки аз чунин рафтори Шоҳидон норозианд, шояд боварӣ доранд, ки тарзи ибодаташон ба Худо писанд аст. Вале, агар онҳо урфу одатҳои одамиро аз таълимоти аниқу равшани Китоби Муқаддас беҳтар донанд, ба Худо писанд омада наметавонанд (Марқ. 7:7–9).

16. Мувофиқи оятҳои Забур 118:97, 113, 163–165 мо бояд чӣ кор кунем ва аз чӣ дурӣ ҷӯем?

16 Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ба шубҳа наафтем? Мо бояд ба қонуну принсипҳои Яҳува муҳаббати пурзӯр инкишоф диҳем. (Забур 118:97, 113, 163–165-ро хонед.) Агар мо Яҳуваро дӯст дорем, мо аз ҳар гуна урфу одатҳое, ки ба Ӯ маъқул нестанд, даст мекашем. Мо ҳеҷ чизро аз муҳаббат ва розигии Яҳува боло намегузорем.

4) ИСО ДИГАРГУНИҲОИ СИЁСӢ ҶОРӢ НАКАРД

Бисёриҳо барои он Исоро рад карданд, ки ба сиёсат ҳамроҳ намешуд. Чӣ тавр ин чиз метавонад имрӯз барои баъзеҳо монеа шавад? (Ба сархати 17 нигаред.) *

17. Дар рӯзҳои Исо бисёри яҳудиён чиро интизор буданд ва чӣ тавр он монеа шуд, ки онҳо Исоро қабул кунанд?

17 Баъзеҳо дар рӯзҳои Исо мехостанд, ки ҳукумат дигар шавад. Ва онҳо аз Масеҳ интизор буданд, ки онҳоро аз зулму ситами Рум озод мекунад. Лекин вақте онҳо Исоро шоҳи худ карданӣ шуданд, ӯ инро рад кард (Юҳ. 6:14, 15). Баъзеи дигарон, аз он ҷумла коҳинон, тарс доштанд, ки Исо сохти сиёсиву ҷамъиятиро дигар карданӣ аст ва он роҳбарони динӣ метарсиданд, ки румиён аз ин ба ғазаб омада онҳоро аз мақому мартабаашон маҳрум месозанд. Чунин ташвишҳои сиёсӣ ба он сабаб шуд, ки бисёри яҳудиён ба Исо имон наоранд.

18. Ба кадом пешгӯйиҳое, ки ба Масеҳ дахл дошт, бисёри яҳудиён беэътиноӣ мекарданд?

18 Навиштаҳо чӣ мегӯянд? Ҳарчанд дар бисёр пешгӯйиҳо омада буд, ки Масеҳ дар оянда Ҷанговари зафарманд мегардад, пешгӯйиҳои дигар нишон медоданд, ки ӯ аввал бояд барои гуноҳҳои мо ҷонашро фидо кунад (Иш. 53:9, 12). Набошад, чаро яҳудиён дар бораи Масеҳ ақидаҳои нодуруст доштанд? Бисёр яҳудиён дар он замон мехостанд, ки проблемаҳояшон ҳамон замон ҳал шаванд. Аз ин рӯ онҳо ба пешгӯйиҳое, ки ба ин чиз дахл надоштанд, беэътиноӣ мекарданд (Юҳ. 6:26, 27).

19. Аз сабаби кадом ақидаҳои нодуруст бисёриҳо Шоҳидони Яҳуваро эътироф намекунанд?

19 Оё имрӯз низ чунин проблема ба назар мерасад? Бале. Бисёриҳо барои он Шоҳидони Яҳуваро хуш надоранд, ки мо дар масъалаҳои сиёсӣ бетараф мемонем. Онҳо фикр мекунанд, ки мо бояд дар интихобот овоз диҳем. Лекин мо дарк мекунем, ки аз нуқтаи назари Яҳува агар мо одамеро чун роҳбари худ интихоб кунем, бо ин Яҳуваро рад мекунем (1 Подш. 8:4–7). Одамон ҳамчунин шояд фикр мекунанд, ки мо бояд мактабу беморхонаҳо созем ва барои ҷомеа дигар корҳои хайрро ба ҷо орем. Лекин азбаски мо диққати худро ба фавран ҳал шудани мушкилиҳои ҷомеа неву ба кори мавъиза равона мекунем, онҳо моро эътироф намекунанд.

20. Мувофиқи суханони Исо аз Матто 7:21–23 диққати мо асосан бояд ба чӣ равона бошад?

20 Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ба шубҳа наафтем? (Матто 7:21–23-ро хонед.) Диққати мо бояд асосан ба коре, ки Исо супоридааст, равона бошад (Мат. 28:19, 20). Мо ҳеҷ гоҳ набояд гузорем, ки ҳушамон ба корҳои сиёсӣ ва ҳалли масъалаҳои ҷомеа парешон шавад. Мо, албатта, одамонро дӯст медорем ва ба душвориҳои онҳо бепарво нестем, вале медонем, ки роҳи беҳтарини дастгирӣ кардани онҳо — ин дар бораи Подшоҳии Худо ба онҳо таълим додан ва барои бо Яҳува дӯст шуданашон кӯмак кардан аст.

21. Мо ба чӣ бояд азми қавӣ дошта бошем?

21 Дар ин мақола мо чор сабабро дида баромадем, ки чаро дар асри як бисёриҳо Исоро рад карданд ва аз ин сабабҳо имрӯз низ баъзеҳо пайравони Исоро рад мекунанд. Вале боз сабабҳои дигар низ ҳастанд, ки мо набояд аз боиси онҳо ба шубҳа афтем. Дар мақолаи навбатӣ мо чор сабаби дигарро дида мебароем. Биёед ҳеҷ гоҳ ба шубҳа афтода Исоро рад накунем, балки имонамонро қавӣ нигоҳ дорем.

СУРУДИ 34 Мувофиқи номи худ зиндагӣ мекунем

^ сарх. 5 Ҳарчанд Исо муаллими бузургтарини ҳар давру замон буд, аксарияти одамони замони ӯ вайро рад карданд. Чаро? Дар ин мақола мо чор сабабро дида мебароем. Инчунин мефаҳмем, ки барои чӣ имрӯз бисёриҳо аз боиси суханон ва корҳои пайравони ҳақиқии Исо пешпо мехӯранд. Аз ҳама муҳимаш, мо мефаҳмем, ки барои имони қавӣ доштан ва ба Исо шубҳа накардан чӣ ба мо кӯмак мекунад. Ин ду мақолаи аввал хусусан барои касоне омода шудаанд, ки бо Шоҳидон муошират мекунанду лекин ҳоло ба Шоҳиди Яҳува шудан дудилаанд.

^ сарх. 60 ШАРҲИ РАСМ: Филиппус ба Натанъил мегӯяд, ки бо Исо шинос шавад.

^ сарх. 62 ШАРҲИ РАСМ: Исо хушхабарро мавъиза карда истодааст.

^ сарх. 64 ШАРҲИ РАСМ: Исо марди дасташ хушкшударо шифо мебахшад ва мухолифонаш ба ӯ нигоҳ доранд.

^ сарх. 66 ШАРҲИ РАСМ: Исо худаш танҳо ба кӯҳ меравад.