Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 21

Яҳува ба шумо қувват мебахшад

Яҳува ба шумо қувват мебахшад

«Вақте суст ҳастам, он гоҳ бақувватам» (2 ҚӮР. 12:10).

СУРУДИ 33 Аз онҳо натарсед

ПЕШГУФТОР *

1, 2. Бисёр Шоҳидон бо кадом душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд?

ПАВЛУСИ РАСУЛ Тимотиюсро насиҳат кард, ки хизмати худро пурра ба ҷо орад ва ба маънои васеъ он суханони ӯ ба ҳамаи масеҳиён дахл дорад (2 Тим. 4:5). Аз ин рӯ мо ба насиҳати Павлус гӯш дода дар хизмат ҳамаҷиҳата кӯшиш мекунем. Вале баъзан ин душвор аст. Барои бисёр бародару хоҳарони мо ба ҷо овардани хизмати мавъиза далерии калон металабад (2 Тим. 4:2). Масалан, дар бораи бародароне фикр кунед, ки дар мамлакаташон фаъолияти мо маҳдуд ё манъ аст. Онҳо мавъиза мекунанд, ҳарчанд медонанд, ки барои ин онҳоро ҳабс карданашон мумкин аст.

2 Ба хизматгорони Яҳува лозим меояд, ки ба душвориҳои гуногуне, ки касро рӯҳафтода карда метавонанд, тоб оранд. Мисол, бисёриҳо бояд соатҳои дароз кор кунанд, то оилаашонро бо чизҳои барои ҳаёт зарурӣ таъмин кунанд. Онҳо хоҳиш доранд, ки бисёртар хизмат кунанд, лекин дар охири ҳафта ҳис мекунанд, ки қувваташон кам аст. Дигарон аз сабаби бемории ҷиддӣ ё пиронсолӣ қувваташон барои хизмат сахт маҳдуд аст; шояд онҳо ҳатто аз хона баромада наметавонанд. Баъзе бародару хоҳаронро доимо ҳисси беқадрӣ азоб медиҳад. Хоҳар Мэри *, ки дар Шарқи Миёна зиндагӣ мекунад, мегӯяд: «Бо ҳиссиёти манфӣ мубориза бурдан қуввати зиёдамро кашида мегирад ва дар охир ман аз ҷиҳати эмотсионалӣ лакот мешавам. Баъди ин бошад, худро гунаҳкор ҳис мекунам, ки вақту қувватамро ба хизмат нею ба ин чиз сарф кардам».

3. Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?

3 Новобаста ба вазъиятамон Яҳува метавонад ба мо қувват бахшад, ки ба душвориҳоямон тоб орем ва чени қувватамон ба Ӯ хизмат карданро давом диҳем. Пеш аз дида баромадани он ки чӣ тавр Яҳува ба мо кӯмак карда метавонад, биёед ба хотир орем, ки чӣ тавр Ӯ Павлус ва Тимотиюсро қувват мебахшид, ки ба душвориҳо нигоҳ накарда хизматашонро давом диҳанд.

ЯҲУВА БА МО ҚУВВАТ МЕДИҲАД, КИ МАВЪИЗА КАРДАНРО ДАВОМ ДИҲЕМ

4. Павлус ба чӣ гуна душвориҳо дучор шуд?

4 Павлус бо бисёр душвориҳо дучор мешуд. Хусусан вақте ӯро латукӯб карданд, сангсор намуданд ва ба ҳабс партофтанд, вай ба дастгирии Яҳува мӯҳтоҷ буд (2 Қӯр. 11:23–25). Павлус ошкоро мегуфт, ки баъзан вай бо ҳисси рӯҳафтодагӣ мубориза мебурд (Рум. 7:18, 19, 24). Вай ҳамчунин беморие дошт, ки мисли «неше дар ҷисм» ӯро азоб медод ва ӯ бисёр мехост, ки Худо вайро аз он халос кунад (2 Қӯр. 12:7, 8).

Чӣ ба Павлус ва Тимотиюс кӯмак кард, ки аз ӯҳдаи хизматашон бароянд? (Ба сархатҳои 5 ва 6 нигаред.) *

5. Новобаста ба мушкилиҳояш Павлус кадом корҳоро ба ҷо овард?

5 Яҳува ба Павлус қувват медод, ки ба ҳамаи душвориҳояш нигоҳ накарда хизматашро ба ҷо орад. Биёед оиди он фикр кунем, ки Павлус чӣ корҳоро ба ҷо меовард. Масалан, дар давоми вақте ки вай дар Рум, дар ҳабси хонагӣ буд, хушхабарро дар пеши роҳбарони яҳудӣ ва эҳтимол, калоншавандагон бо ҷидду ҷаҳд мавъиза мекард (Аъм. 28:17; Флп. 4:21, 22). Ӯ ҳамчунин ба бисёр сарбозони Гвардияи преторианӣ ва ҳамаи онҳое, ки ба хабаргириаш меомаданд, шаҳодат медод (Аъм. 28:30, 31; Флп. 1:13). Павлус ҳангоми дар он ҷо буданаш зери илҳоми Худо ба ҷамъомадҳо якчанд нома навишт, ки онҳо то имрӯз ба масеҳиёни ҳақиқӣ манфиат меоранд. Ғайр аз ин, истодагарии Павлус масеҳиёни ҷамъомади Румро қувват бахшид ва онҳо «далерии боз ҳам бештар нишон дода, каломи Худоро нотарсона гап» мезаданд (Флп. 1:14). Ҳарчанд Павлус баъзан дар хизмат он қадаре ки мехост, карда наметавонист, вай ҳар чизе ки аз дасташ меомад, мекард ва ин «боиси паҳн гаштани хушхабар» шуд (Флп. 1:12).

6. Мувофиқи 2 Қӯринтиён 12:9, 10 чӣ ба Павлус кӯмак мекард, ки хизмати худро ба ҷо орад?

6 Павлус дарк мекард, ки ҳар чизе ки вай дар хизмати Яҳува мекард, бо қуввати Ӯ ба ҷо меовард, на бо қуввати худ. Вай дарк мекард, ки қуввати Худо «дар сустӣ комил мегардад». (2 Қӯринтиён 12:9, 10-ро хонед). Яҳува ба воситаи рӯҳи муқаддасаш ба Павлус қувват мебахшид, ки хизмати худро новобаста ба таъқибот, ҳабс шудан ва дигар мушкилиҳо пурра ба ҷо орад.

Чӣ ба Тимотиюс кӯмак кард, ки аз ӯҳдаи хизматаш барояд? (Ба сархати 7 нигаред.) *

7. Тимотиюс чӣ гуна мушкилӣ дошт, ки ба ҷо овардани хизматашро душвор карда метавонист?

Тимотиюс низ барои иҷро кардани хизмати худ бояд ба қувваи Худо такя мекард. Ӯ Павлусро дар сафарҳои дурударози миссионерӣ ҳамроҳӣ мекард. Боз Павлус ӯро алоҳида ба он ҷойҳо мефиристод, то ҷамъомадҳоро хабар гирифта рӯҳбаланд кунад (1 Қӯр. 4:17). Тимотиюс мумкин фикр мекард, ки ба ин корҳо ҳоло қобилияташ намерасад. Шояд барои ҳамин Павлус ба вай чунин гуфт: «Нагузор, ки касе аз сабаби ҷавониат ба ту бо назари паст нигоҳ кунад» (1 Тим. 4:12). Дар давоми он вақт Тимотиюс худаш низ эҳтимол неше дар ҷисм дошт ва «зуд-зуд нотоб» мешуд (1 Тим. 5:23). Вале Тимотиюс медонист, ки Яҳува бо рӯҳи муқаддаси пурзӯраш ба ӯ қуввати лозима мебахшад, ки хушхабарро мавъиза кунад ва ба бародаронаш хизмат кунад (2 Тим. 1:7).

ЯҲУВА ҚУВВАТ МЕДИҲАД, КИ ҚАТЪИ НАЗАР АЗ ДУШВОРИҲО СОДИҚ МОНЕМ

8. Яҳува ба халқаш чӣ тавр имрӯз қувват мебахшад?

8 Имрӯз Яҳува ба халқаш «қувваи барзиёд» медиҳад, ки ба Ӯ содиқона хизмат карданро давом диҳанд (2 Қӯр. 4:7). Биёед чор чизро дида бароем, ки Яҳува барои ба мо қувват бахшидан истифода мебарад. Ин дуо, Китоби Муқаддас, муошират бо ҳамимонон ва хизмат мебошад.

Яҳува моро қувват мебахшад ба воситаи дуо (Ба сархати 9 нигаред.)

9. Дуо ба мо чӣ тавр кӯмак мекунад?

9 Қуввате, ки мо аз дуо мегирем. Чуноне ки дар Эфсӯсиён 6:18 мехонем, Павлус моро ташвиқ мекунад, ки «дар ҳар ҳолат» дуо гӯем. Худо ба дуоҳоямон ҷавоб дода ба мо мадад мекунад. Бародар Ҷоней, ки дар Боливия зиндагӣ мекунад, нақл кард, ки вақте ба сараш якчанд душворӣ ғалтид, вай дастгирии Яҳуваро ҳис кард. Ҳам падару модари Ҷоней ва ҳам занаш дар як вақт сахт бемор шуданд. Модари ӯ вафот кард ва барои сиҳат шудани падараш ва занаш вақти зиёд лозим шуд. Он рӯзҳои мушкилро ба хотир оварда Ҷоней мегӯяд: «Вақте маро ғаму хавотирӣ фаро мегирифт, ман ба Яҳува дуо гуфта як ба як ҳиссиётамро баён мекардам. Ин ҳамеша ба ман кӯмак мекард». Яҳува ба Ҷоней қуввати даркорӣ медод, ки ба мушкилиаш тоб орад. Дар Боливия Роналд ном пири ҷамъомад фаҳмид, ки модараш касалии саратон дорад. Баъди чанд моҳ ӯ мурд. Чӣ кӯмак кард, ки Роналд ба он мусибат тоб орад? Вай мегӯяд: «Вақте ман дуо мегӯям, диламро пурра ба Яҳува холӣ мекунам ва ҳама ҳиссиётамро пурра ба Ӯ мегӯям. Ман медонам, ки аз ҳар каси дигар дида Ӯ маро беҳтар мефаҳмад ва ҳатто назар ба худи ман». Баъзан шояд мо ҳис кунем, ки тоқати ба душвориҳоямон тоб овардан надорем ва оиди чӣ дуо гуфтанамонро намедонем. Яҳува, албатта, мефаҳмад, ки дар ин гуна ҳолатҳо бо сухан баён кардани фикру ҳиссиёт ба мо душвор аст. Ба ҳар ҳол, Ӯ меҳрубонона моро даъват мекунад, ки ба Ӯ дуо гӯем (Рум. 8:26, 27).

Яҳува моро қувват мебахшад ба воситаи Китоби Муқаддас (Ба сархати 10 нигаред.)

10. Чи хеле ки дар Ибриён 4:12 қайд шудааст, чаро Китоби Муқаддасро хондан ва оиди чизи хондаамон мулоҳиза рондан муҳим аст?

10 Қуввате, ки мо аз Китоби Муқаддас мегирем. Павлус аз Навиштаҳо қувват ва тасаллӣ меёфт. Каломи Худо имрӯз ба мо низ сарчашмаи қувват ва тасаллӣ буда метавонад (Рум. 15:4). Вақте мо онро хонда мулоҳиза меронем, Яҳува бо ёрии рӯҳи муқаддасаш ба мо мефаҳмонад, ки Навиштаҳоро дар вазъияти худ хубтар ба кор барем. (Ибриён 4:12-ро хонед.) Роналд, ки дар боло оидаш нақл кардем, мегӯяд: «Ман хурсандам, ки ҳар шаб хондани порчае аз Навиштаҳо бароям одат шудааст. Ман дар бораи хислатҳои Яҳува ва ба халқаш то чӣ андоза ғамхор будани Ӯ мулоҳиза меронам. Ин чиз ба ман қуввати тоза мебахшад».

11. Китоби Муқаддас ба як хоҳари дилшикаста чӣ тавр қувват бахшид?

11 Вақте мо дар бораи суханони Каломи Худо мулоҳиза меронем, ин ба мо кӯмак мекунад, ки ба душвориҳои худ бо назари дуруст нигарем. Биёед бинем, ки ба як бевазани дилшикаста Китоби Муқаддас чӣ тавр кӯмак кард. Як пири ҷамъомад ба вай маслиҳат дод, ки хондани китоби Айюб ба ӯ манфиатовар буда метавонад. Вақте зан ба хондани китоби Айюб шурӯъ кард, дар аввал Айюбро барои фикрҳои хатояш танқид мекард ва дар дилаш ба вай мегуфт: «Айюб, аз ҳад зиёд дар бораи чизҳои манфӣ фикр накун». Вале баъд дарк кард, ки рӯҳияи худаш низ мисли Айюб аст. Нақл оиди Айюб ба вай қувват бахшид, ки назарашро дигар кунад ва ба ғами фироқи шавҳараш, ки вафот карда буд, тоб орад.

Яҳува моро қувват мебахшад ба воситаи муошират бо бародару хоҳарон (Ба сархати 12 нигаред.)

12. Чӣ тавр Яҳува моро ба воситаи ҳамимонон қувват мебахшад?

12 Аз муошират бо ҳамимонон қувват ёбед. Яҳува ҳамчунин моро ба воситаи ҳамимонон қувват мебахшад. Павлус навишт, ки ӯ сахт мехост бародару хоҳаронро рӯҳбаланд кунад ва худаш низ аз имони онҳо рӯҳбаланд шавад (Рум. 1:11, 12). Мэри, ки дар боло оидаш гуфтем, бо ҳамимонон муошират карданро дӯст медорад. Ӯ мегӯяд: «Яҳува барои дастгирӣ кардани ман бародару хоҳаронеро истифода бурд, ки аз проблемаҳои ман ҳатто хабар надоштанд. Онҳо ба ман сухане мегуфтанд ё номачае мефиристоданд, ки ба дилам гармӣ мебахшид ва он лаҳза айни муддао буд. Инчунин ман бо хоҳароне, ки мушкилиҳои монандро аз сар гузарондаанд, сӯҳбат карда аз таҷрибаи онҳо дарс мегирам. Ва пирон ҳамеша маро боварӣ мебахшанд, ки бародару хоҳарон дар ҷамъомад маро қадр мекунанд».

13. Чӣ хел мо ҳамдигарро дар ҷамъомад қувват бахшида метавонем?

13 Яке аз ҷойҳои беҳтарине, ки мо якдигарро рӯҳбаланд карда метавонем, ин вохӯриҳои ҷамъомад мебошанд. Вақте ба вохӯрӣ меоед, кӯшиш кунед бо суханони гарм бародару хоҳаронро рӯҳбаланд кунед ва барои корҳояшон миннатдорӣ баён намоед. Боре пеш аз вохӯрӣ як пири ҷамъомад бо номи Питер ба хоҳаре, ки шавҳараш ҳамимони мо нест, чунин гуфт: «Ҳама вақт мебинам, ки шаш фарзандатро тозаю озода ба ҷамъомад меорӣ, бо онҳо хуб тайёрӣ мебинӣ ва онҳо ҷавоб медиҳанд. Ин моро бисёр рӯҳбаланд мекунад». Аз ин суханон ашк дар чашмони он хоҳар ҳалқа заду ӯ гуфт: «Бародар, ту намедонӣ, ки ман имрӯз ба шунидани ин суханон то чӣ андоза мӯҳтоҷ будам».

Яҳува моро қувват мебахшад ба воситаи хизмат (Ба сархати 14 нигаред.)

14. Чӣ тавр иштирок дар хизмат ба мо таъсир карда метавонад?

14 Аз хизмат қувват ёбед. Вақте мо бо дигарон дар бораи ҳақиқатҳои Китоби Муқаддас гап мезанем, ин ба мо қувват ва тароват мебахшад, хоҳ одамон моро гӯш кунанд, хоҳ не (Мас. 11:25). Хоҳаре бо номи Стейси мегӯяд, ки чӣ хел хизмат ба шахс қувват бахшида метавонад. Вақте як аъзои оилааш аз ҷамъомад хориҷ карда шуд, ӯ бисёр ғаму ғусса хӯрд ва доим ӯро чунин фикр азоб медод: «Шояд ман дар вақташ ба ӯ бисёртар ёрдам надодам?» Барои Стейси лаҳзае ғамашро фаромӯш кардан мушкил буд. Чӣ ба вай ёрдам дод, ки худро беҳтар ҳис кунад? Хизмат! Вақте ӯ бо хизмат банд шуд, ҳушашро бештар ба одамони минтақааш, ки ба ёрдами ӯ мӯҳтоҷ буданд, равона мекард. Ӯ мегӯяд: «Он вақтҳо Яҳува ба ман як омӯзандаи Китоби Муқаддас дод, ки тез рӯҳан пешравӣ мекард. Ин маро беҳад рӯҳбаланд намуд. Чизе, ки ба ман кӯмаки бештар мерасонад, ин хизмат мебошад».

15. Мо аз суханони Мэри чӣ меомӯзем?

15 Баъзеҳо аз сабаби вазъу шароити худ шояд ҳис кунанд, ки бисёр хизмат карда наметавонанд. Агар шумо низ ҳамин хел ҳиссиёт дошта бошед, пас, донед, ки вақте чени қуввататон хизмат мекунед, Яҳува аз ин хурсанд мешавад. Бори дигар хоҳар Мэриро мисол меорем. Вақте ӯ ба ҷамъомади хориҷизабон гузашт, ӯ ҳис кард, ки аз ӯ фоидае нест. Ӯ мегӯяд: «Як муддат чизе ки аз дастам меомад, ин шарҳҳои одӣ додан, хондани ягон оят ё дар хизмат рисола додан буду халос». Ин хоҳар рӯҳафтода шуд, вақте худро бо касоне муқоиса кард, ки ба ин забон равон гап мезананд. Лекин баъд ӯ фикри худро дигар кард. Ӯ дарк намуд, ки Яҳува новобаста ба қобилияташ ӯро истифода бурда метавонад. Мэри мегӯяд: «Ҳақиқатҳои наҷотбахши Калом одиянд ва маҳз онҳо ҳаёти одамонро тағйир дода метавонанд».

16. Ба онҳое, ки аз хона баромада наметавонанд, чӣ кӯмак карда метавонад?

16 Яҳува медонад, ки баъзеи мо аз хона баромада натавонем ҳам, мавъиза кардан мехоҳем ва Ӯ инро қадр мекунад. Ӯ метавонад ба мо кӯмак кунад, то мо ба духтурону ҳамширагон ва касоне, ки барои хабаргирии мо меоянд, шаҳодат диҳем. Агар хизмати ҳозираамонро бо корҳое, ки пеш мекардем, муқоиса кунем, мо рӯҳафтода шуда метавонем. Лекин агар дарк кунем, ки чӣ хел Яҳува ҳоло ба мо кӯмак карда истодааст, мо қуввати лозима пайдо мекунем ва ба ҳар гуна душворӣ бо хурсандӣ тоб меорем.

17. Мувофиқи Воиз 11:6 чаро мо бояд хизматамонро давом диҳем, ҳатто агар он ба назарамон бесамар тобад ҳам?

17 Мо намедонем, ки кадоме аз тухмиҳои ҳақиқате, ки мо коридем, реша давонда месабзанд. (Воиз 11:6-ро хонед.) Масалан, хоҳар Барбара, ки қариб 80-сола аст, мунтазам ба воситаи телефон ва номанависӣ хизмат мекунад. Дар яке аз номаҳои худ ӯ «Бурҷи дидбонӣ»-и 1 марти с. 2014-ро * монд, ки мақолаи «Худо баҳри шумо чӣ кор кард?» дошт. Ӯ намедонист, ки он номаашро ба ҷуфти ҳамсароне фиристодааст, ки дигар Шоҳиди Яҳува набуданд. Онҳо маҷалларо гаштаю баргашта хонданд. Шавҳари он зан ҳис кард, гӯё Яҳува бо ӯ рӯирост гуфтугӯ дорад. Он зану шавҳар ба ҷамъомадҳо мерафтагӣ шуданд ва баъди зиёда аз 27 соли хориҷ шуданашон аз нав Шоҳидони фаъол шуданд. Танҳо тасаввур кунед, ки хоҳар Барбара аз натиҷаи як номааш чӣ қадар хурсанд шуд!

Яҳува моро қувват мебахшад ба воситаи 1) дуо, 2) Китоби Муқаддас, 3) муошират бо бародару хоҳарон ва 4) хизмат (Ба сархатҳои 9, 10, 12, 14 нигаред.)

18. Барои он ки Худо ба мо қувват бахшад, мо бояд чӣ кор кунем?

18 Яҳува ба мо имконияти бебаҳо додааст, ки аз қувваи беохири Ӯ қувват гирем. Яҳува бо роҳҳои зиёд ба мо қувват мебахшад, ба мисли дуо, хониши Калом, муошират бо ҳамимонон ва хизмат. Вақте мо ин корҳоро мекунем, нишон медиҳем, ки ба Яҳува боварӣ дорем, ки Ӯ Тавоно аст ва хоҳиш дорад, ки моро ба по хезонад. Биёед пайваста ба Падари осмонии худ такя кунем, зеро ба Ӯ маъқул аст, касонеро, ки «дилашон ба Ӯ амин аст, тақвият» намояд (2 Вақ. 16:9).

СУРУДИ 17 Ба пеш, Шоҳидон!

^ сарх. 5 Мо дар замонҳои душвор зиндагӣ дорем, лекин барои ба сахтиҳо тоб овардан Яҳува ба мо қуввати лозима мебахшад. Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки чӣ тавр Яҳува ба Павлуси расул ва Тимотиюс кӯмак кард, ки ба душвориҳо нигоҳ накарда хизмати Ӯро давом диҳанд. Ҳамчунин чор чизро дида мебароем, ки Яҳува имрӯз дастраси мо гардондааст ва мефаҳмем, ки чӣ тавр бо ёрии онҳо мо бо истодагарӣ хизмати худро давом дода метавонем.

^ сарх. 2 Номҳо дигар шудаанд.

^ сарх. 17 Ин маҷалла ба забони русӣ дастрас аст.

^ сарх. 54 ШАРҲИ РАСМ: Павлус ҳангоми дар Рум, дар ҳабси хонагӣ буданаш ба якчанд ҷамъомад номаҳо навишт ва ба ҳар касе, ки ба наздаш меомад, хушхабарро мавъиза мекард.

^ сарх. 56 ШАРҲИ РАСМ: Тимотиюс бародаронро ҳангоми ба хабаргирии ҷамъомадҳо рафтанаш, рӯҳбаланд менамуд.