Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 10

Аҳли ҷамъомад, дар рушди рӯҳонии омӯзандагон саҳм гузоред

Аҳли ҷамъомад, дар рушди рӯҳонии омӯзандагон саҳм гузоред

«Вақте ҳар як узв вазифаи худро дуруст иҷро мекунад, бадан инкишоф меёбад» (ЭФС. 4:16).

СУРУДИ 21 Хушбахтанд раҳмдилон!

ПЕШГУФТОР *

1, 2. Барои пешравӣ карда таъмид гирифтани омӯзанда кӣ ёрдам дода метавонад?

«ЧИЗҲОЕ, КИ ман дар омӯзиш мефаҳмидам, ба ман хеле маъқул буданд,— мегӯяд Ами ном хоҳар аз Фиҷи.— Ман медонистам, ки ин ҳақиқат аст, вале танҳо баъди он ки бо бародару хоҳарон муошират карданро сар кардам, ҳамон вақт ман ба ҳаётам дигаргуниҳо дароварда таъмид гирифтам». Мисоли Ами нишон медиҳад, ки дар пешравии омӯзандагон ва таъмид гирифтани онҳо саҳми дигар аъзоёни ҷамъомад хеле калон аст.

2 Ба васеъ шудани ҷамъомад ҳар як воиз саҳм гузошта метавонад (Эфс. 4:16). Лейлани ном хоҳар аз Вануату як мақоли халқиро мисол оварда мегӯяд: «Бача бачаи қишлоқ аст, яъне тамоми мардуми он ба калон шудани кӯдак саҳм мегузоранд. Ба фикрам ин мақол ба кори шогирдсозӣ низ рост меояд, яъне барои касеро ба ҳақиқат овардан тамоми ҷамъомад иштирок мекунад». Одатан барои ба камол расидани кӯдак аъзоёни оила, дӯстон ва муаллимон нақш мебозанд. Онҳо ба ӯ чизҳои муҳимро ёд медиҳанд ва ӯро дастгирӣ мекунанд. Ба ин монанд, воизони ҷамъомад метавонанд ба омӯзандагон маслиҳат диҳанд, дастгирӣ кунанд, бо рафторашон намунаи хуб нишон диҳанд, то ки омӯзандагон пешравӣ карда таъмид гиранд (Мас. 15:22).

3. Шумо аз суханони Анна, Дорин ва Лейлани чӣ меомӯзед?

3 Чаро воизе, ки омӯзиш мегузаронад, аз ёрдаме, ки воизони дигар ба омӯзандааш мерасонанд, бояд хурсанд бошад? Анна ном пешрави махсус аз Молдова мегӯяд: «Ба омӯзандаи Китоби Муқаддас кӯмаки хеле зиёд лозим ва ба як худи омӯзгор расондани ҳамаи ин ёрдам мушкил аст». Бародар Дорин, ки ӯ ҳам дар он давлат чун пешрави махсус хизмат мекунад, аз мушоҳидааш мегӯяд: «Бисёр вақт дигар воизон чизеро мегӯянд, ки ба дили омӯзанда таъсир мекунад — чизеро, ки ба сари ман ҳеҷ гоҳ намеомад». Лейлани бошад, боз як сабаби дигареро меорад, ки чаро мо аз кӯмаки дигарон бояд хурсанд бошем. Ӯ мегӯяд: «Вақте омӯзанда муҳаббат ва ғамхории бародару хоҳаронро ҳис мекунад, мефаҳмад, ки мо дар ҳақиқат халқи Худо ҳастем» (Юҳ. 13:35).

4. Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?

4 Лекин шумо шояд фикр кунед: «Чӣ тавр ман ба пешравии ягон омӯзанда кӯмак карда метавонам, модоме ки вай омӯзандаи ман нест?» Биёед фаҳмем, ки мо чӣ кор карда метавонем вақте ягон воиз моро ба омӯзишаш таклиф мекунад ё вақте омӯзандагон ба вохӯрӣ омаданро сар мекунанд. Инчунин дида мебароем, ки чӣ тавр пирон ба омӯзандаҳо дар пешравӣ карда хизматгори Худо шуданашон ёрӣ дода метавонанд.

ВАҚТЕ ШУМО ДАР ОМӮЗИШИ ДИГАР ВОИЗ ИШТИРОК МЕКУНЕД

Вақте шуморо ба омӯзиш таклиф мекунанд, пешакӣ ба мавзӯъ тайёрӣ бинед. (Ба сархатҳои 5–7 нигаред.)

5. Агар касе шуморо ба омӯзишаш таклиф кунад, вазифаи шумо аз чӣ иборат аст?

5 Дар омӯзиш асосан воизе, ки омӯзанда аз они вай аст, бояд ба вай Каломи Худоро фаҳмонда диҳад. Агар воиз шуморо ба омӯзишаш таклиф кунад, вазифаи шумо ба ӯ ёрдам додан аст (Воиз 4:9, 10). Чӣ хел шумо дар гузарондани омӯзиш хуб ҳамкорӣ карда метавонед?

6. Вақте шуморо воизе ба омӯзишаш таклиф мекунад, чӣ тавр аз рӯйи принсипи Масалҳо 20:18 амал карда метавонед?

6 Ба омӯзиш тайёрӣ бинед. Аввал аз воиз дар бораи омӯзандааш каме маълумот гиред. (Масалҳо 20:18-ро хонед.) Шумо метавонед аз ӯ пурсед: «Омӯзанда чандсола аст? Ба чӣ эътиқод дорад? Оё оиладор аст? Кадом мавзӯро бо вай мегузарем? Дар ин дарс ба ӯ чиро қайд кардан мехоҳӣ? Дар бораи чӣ хуб мебуд, ки гап занам ё гап назанам? Кадом корро кунам ё беҳтараш накунам? Чӣ тавр ман ӯро барои пешравӣ кардан ҳавасманд карда метавонам?» Албатта, воиз ягон чизи махфиро нагуфта, ба мо дар бораи омӯзандааш маълумот медиҳад. Хоҳари миссионер бо номи Ҷой бо воизоне, ки ба омӯзишаш даъват мекунад, ин чизҳоро пешакӣ муҳокима менамояд. Ӯ мегӯяд: «Донистани ин чизҳо ба ҳамкори ман кӯмак мекунад, ки ба омӯзандаам таваҷҷӯҳ зоҳир кунад ва дар давоми омӯзиш чӣ гуфтанашро донад».

7. Агар шумо ҳамроҳи воизе ба омӯзишаш рафтанӣ бошед, чаро бояд тайёрӣ бинед?

7 Агар шуморо ба омӯзиш барои ҳамкорӣ даъват кунанд, хуб мебуд, ки ба мавзӯе, ки муҳокима мешавад, пешакӣ тайёрӣ бинед (Эзро 7:10). Бародар Дорин, ки оидаш дар боло гуфтем, мегӯяд: «Агар шахсе, ки ҳамроҳам ба омӯзиш меравад, пешакӣ тайёрӣ бинад, ман хурсанд мешавам, чунки вай фикрҳои хуб гуфта метавонад». Ғайр аз ин, вақте омӯзанда мебинад, ки ҳардуи шумо ба омӯзиш нағз тайёрӣ дидаед, аз шумо ибрат мегирад. Агар шумо ба мавзӯъ пурра тайёрӣ дида натавонед, ақаллан каме вақт ҷудо карда фикрҳои асосии онро аз худ кунед ва дар хотир гиред.

8. Чӣ тавр шумо ҳангоми дар омӯзиш иштирок кардан дуои пурмазмун гуфта метавонед?

8 Дуо — қисми муҳими омӯзиш аст, аз ин рӯ пешакӣ фикр кунед, ки агар аз шумо дуо гуфтанро хоҳиш кунанд, чӣ мегӯед. Он гоҳ дуои шумо боз ҳам пурмазмунтар хоҳад буд (Заб. 140:2). Ҳанай ном хоҳаре аз Ҷопон то ҳол дуоҳои як хоҳарро, ки бо омӯзгори вай ба омӯзиш меомад, дар ёд дорад. Ӯ мегӯяд: «Ман ҳис мекардам, ки вай хоҳар бо Яҳува то чӣ андоза муносибати наздик дорад ва мехостам мисли ӯ бошам. Инчунин вақте ӯ дар дуоҳояш номи маро мегирифт, ман ғамхории ӯро ҳис мекардам».

9. Мувофиқи Яъқуб 1:19 чӣ тавр мо дар гузарондани омӯзиш ҳамроҳи хуб буда метавонем?

9 Дар рафти омӯзиш омӯзгорро дастгирӣ кунед. Як пешрави махсус аз Нигерия мегӯяд: «Ҳамроҳи хуб рафти муҳокимаро бодиққат гӯш мекунад, дар мавриди мувофиқ шарҳҳои хуб илова мекунад, вале аз ҳад зиёд гап намезанад. Зеро дарк мекунад, ки омӯзишро асосан бояд омӯзгор гузаронад». Пас, шумо чӣ тавр ва кай метавонед ба муҳокима ҳамроҳ шавед? (Мас. 25:11). Ба сӯҳбати омӯзгор ва омӯзанда бодиққат гӯш диҳед. (Яъқуб 1:19-ро хонед.) Танҳо он гоҳ шумо тайёр хоҳед буд, ки дар мавриди лозима омӯзгорро дастгирӣ кунед. Пеш аз чизеро гуфтан андеша кунед. Ин ба шумо ёрӣ медиҳад, ки аз ҳад зиёд гап назанед, гапи омӯзгорро бурида фикрашро парешон накунед ё ба дигар мавзӯъ нагузаред. Баъзан шумо метавонед бо қайд кардани фикри кӯтоҳ, овардани ягон мисол ё додани савол мавзӯъро хубтар фаҳмонед. Вале баъзан ба илова кардани чизе ҳоҷат нест. Ба ҳар ҳол, агар шумо омӯзандаро таъриф кунед ва ба ӯ таваҷҷӯҳи шахсӣ зоҳир намоед, шумо дар рӯҳан рушд кардани ӯ кӯмаки калон мерасонед.

10. Чӣ тавр шумо дар бораи худ нақл карда ба омӯзандаи Китоби Муқаддас кӯмак карда метавонед?

10 Дар бораи худ нақл кунед. Агар ҳис кунед, ки ин ба омӯзанда кӯмак мекунад, ба ӯ кӯтоҳ нақл кунед, ки чӣ тавр шумо ҳақиқатро фаҳмидед, чӣ тавр душвориеро паси сар намудед, ё дар ҳаётатон чӣ тавр дасти Яҳуваро дида будед (Заб. 77:4, 7). Ин маҳз шояд ҳамон чизе бошад, ки ба омӯзанда даркор аст ва имони ӯро мустаҳкам сохта дар ӯ хоҳиши пешравӣ кардан ва таъмид гирифтанро бедор кунад. Аз нақли мо ӯ фаҳмида метавонад, ки душвории доштаашро чӣ тавр ӯ паси сар карданаш мумкин аст (1 Пет. 5:9). Габриел ном бародари пешрав аз Бразилия ба хотир меорад, ки ҳангоми омӯзанда буданаш чӣ ба вай кӯмак карда буд. Ӯ мегӯяд: «Нақли бародаронро шунида ман мефаҳмидам, ки Яҳува аз душвориҳои мо бохабар аст. Агар онҳо бар душвориҳои худ ғолиб омаданд, пас ман ҳам метавонам».

ВАҚТЕ ОМӮЗАНДА БА ВОХӮРИҲО МЕОЯД

Ҳар яки мо метавонем омӯзандаро ташвиқ кунем, ки ба ҷамъомадҳо омаданро давом диҳад. (Ба сархати 11 нигаред.)

11, 12. Чаро мо омӯзандаеро, ки ба ҷамъомад меояд, бояд гарму ҷӯшон пазироӣ кунем?

11 Барои он ки омӯзанда пешравӣ карда таъмид гирад, ӯ бояд мунтазам ба вохӯриҳои ҷамъомад ояд ва аз онҳо манфиат гирад (Ибр. 10:24, 25). Одатан бори аввал воиз омӯзандаашро ба вохӯриҳои ҷамъомад таклиф мекунад. Вале, вақте омӯзанда ба вохӯриҳо меояд, ҳамаи мо метавонем, ӯро ташвиқ кунем, ки мунтазам ба ҷамъомадҳо ояд. Чӣ тавр?

12 Омӯзандаро хуш пазироӣ кунед (Рум. 15:7). Агар омӯзандаро дар вохӯрӣ нағз пешвоз гирем, ӯ бо майли бештар ба вохӯриҳои навбатӣ омадан мехоҳад. Бо ӯ гарму ҷӯшон саломуалейк кунед, лекин дар лутфу меҳрубонӣ аз ҳад нагузаронед. Ӯро бо дигарон шинос кунед. Бо вай сӯҳбат кунед, чунки воизе, ки бо вай омӯзиш мекунад, шояд ҳоло наомада бошад ё дар ибодатгоҳ аз пайи иҷрои ягон кор аст. Ба ӯ таваҷҷӯҳи самимӣ зоҳир кунед ва ба суханонаш бодиққат бошед. Муносибати гарми шумо ба омӯзанда чӣ тавр таъсир мекунад? Дмитрий ном бародар, ки ҳамагӣ якчанд сол пеш таъмид гирифта буд ва ҳоло хизматгузори ҷамъомад аст, бори аввал ба вохӯрӣ рафтанашро ба ёд оварда мегӯяд: «Бародаре дид, ки ман дар беруни ибодатгоҳ ба даромадан ҷуръат накарда интизор истодаам. Ӯ бо меҳрубонӣ гуфт, ки “биё якҷоя дароем”. Бисёриҳо худашон ба наздам омада бо ман салом карданд. Ман хеле дар ҳайрат будам. Он ҷо ба ман чунон маъқул шуд, ки хостам, ки ҳар рӯз ҷамъомад шавад. Ман аз ин пеш дар ягон ҷо ин қадар меҳру муҳаббатро надида будам».

13. Рафтору кирдори шумо ба омӯзанда чӣ тавр таъсир карда метавонад?

13 Бо рафторатон намунаи хуб нишон диҳед. Рафтори шумо метавонад омӯзандаро боварӣ бахшад, ки ӯ ҳақиқатро ёфтааст (Мат. 5:16). Бародар Виталий, ки дар Молдова чун пешрав хизмат мекунад, мегӯяд: «Ман ба тарзи зиндагӣ, фикру ақида ва рафтори аъзоёни ҷамъомад аҳамият медодам. Ва ман боварӣ ҳосил кардам, ки Шоҳидони Яҳува дар ҳақиқат халқи Худо мебошанд».

14. Намунаи шумо чӣ тавр барои пешравӣ кардани омӯзандае кӯмак карда метавонад?

14 Барои ба таъмидгирӣ мувофиқ шудан омӯзанда бояд чизҳои омӯхтаашро ба кор барад. Ин на ҳама вақт осон аст. Вале вақте омӯзанда мебинад, ки чӣ тавр шумо принсипҳои Китоби Муқаддасро ба кор бурда манфиат мегиред, ӯ ҳам хоҳиш пайдо карда метавонад, ки онҳоро ба кор барад (1 Қӯр. 11:1). Ба мисоли хоҳар Ҳанай, ки пештар дар борааш гуфтем, аҳамият диҳед. Ӯ мегӯяд: «Бародару хоҳарон аз рӯйи чизҳое, ки ман меомӯхтам, аллакай зиндагӣ мекарданд. Ман аз намунаи онҳо медидам, ки чӣ хел дигаронро рӯҳбаланд кардан, бахшидан ва муҳаббат зоҳир кардан мумкин аст. Онҳо ҳама вақт дар бораи дигарон суханҳои хуб мегуфтанд. Ва ман мисли онҳо будан мехостам».

15. Мувофиқи Масалҳо 27:17 чаро мо бояд бо омӯзандагоне, ки ба ҷамъомадҳо омаданро давом медиҳанд, дӯстӣ кунем?

15 Бо омӯзанда дӯст шавед. Вақте омӯзанда ба ҷамъомадҳо омаданро давом медиҳад, ба вай пайваста таваҷҷӯҳ зоҳир кунед (Флп. 2:4). Кӯшиш кунед, бо вай хубтар шинос шавед, шумо метавонед омӯзандаро барои ягон дигаргуние, ки ба ҳаёташ дароварда истодааст, таъриф кунед. Инчунин дар бораи рафти омӯзишаш, оила ва кору бораш пурсон шавед, вале саволҳое надиҳед, ки ӯро дар хиҷолат мегузоранд. Чунин сӯҳбатҳо шуморо бо ҳам наздиктар месозанд. Вақте шумо бо омӯзанда дӯст мешавед, ба ӯ кӯмак мекунед, ки ба таъмидгирӣ ҳаракат кунад. (Масалҳо 27:17-ро хонед.) Хоҳар Ҳанай ҳоло чун пешрави доимӣ хизмат мекунад. Ӯ вақтҳои аввал ба ҷамъомад омаданашро ба хотир оварда чунин мегӯяд: «Вақте ман дар ҷамъомад дӯстон пайдо кардам, ман вохӯрии навбатиро бесаброна интизор мешудам ва ҳатто монда шуда бошам ҳам, ба онҳо мерафтам. Дар бари дӯстони навам будан ба ман маъқул буд ва ин ба ман кӯмак кард, ки аз шахсоне, ки Яҳуваро ибодат намекунанд, алоқаро канам. Ман мехостам, ки бо Яҳува ва бародару хоҳарон наздиктар шавам. Аз ин рӯ қарор додам, ки таъмид мегирам».

16. Барои он ки омӯзанда худро дар ҷамъомад бегона ҳис накунад, шумо боз чӣ кор карда метавонед?

16 Вақте омӯзанда пешравӣ карда дар ҳаёташ дигаргуниҳо медарорад, ба ӯ кӯмак кунед, ки дар ҷамъомад худро одами худӣ ҳис кунад. Барои ин меҳмоннавоз бошед (Ибр. 13:2). Денис ном бародар аз Молдова вақтҳои омӯзанда буданашро ба хотир оварда мегӯяд: «Бародару хоҳарон маро бо занам якчанд бор ба нишастҳои дӯстона таклиф карданд. Онҳо ба мо нақл мекарданд, ки бо кадом роҳҳо Яҳува онҳоро дастгирӣ кардааст. Ин моро рӯҳбаланд мекард. Он сӯҳбату вохӯриҳо хоҳиши моро қавӣ гардонд, ки хизматгори Яҳува шавем ва боварӣ бахшид, ки ҳаёти олиҷанобе моро интизор аст». Инчунин вақте омӯзанда воиз мегардад, шумо метавонед ҳамроҳи ӯ ба хизмат равед. Диего ном бародар аз Бразилия мегӯяд: «Бисёр бародарон маро ҳамроҳи худ ба хизмат мегирифтанд. Ин роҳи беҳтарин буд, ки бо онҳо хубтар шинос шавам. Аз ҳамкорӣ бо онҳо ман бисёр чизро фаҳмидам ва худро ба Яҳува ва Исо наздиктар ҳис мекардам».

КӮМАКЕ, КИ ПИРОН РАСОНДА МЕТАВОНАНД

Пирон, таваҷҷӯҳи самимии шумо ба омӯзандагон кӯмак карда метавонад, ки рӯҳан пешравӣ кунанд. (Ба сархати 17 нигаред.)

17. Чӣ тавр пирон ба омӯзандагон кӯмак карда метавонанд?

17 Барои омӯзандагон вақт ҷудо кунед. Пирон, муҳаббат ва ғамхории шумо ба омӯзандагон кӯмак мекунад, ки пешравӣ карда таъмид гиранд. Дар вохӯриҳо мунтазам бо омӯзандагон сӯҳбат кунед. Хуб мебуд, ки номи онҳоро дар хотир гиред, хусусан вақте онҳо дар ҷамъомад шарҳ доданро сар мекунанд. Он гоҳ онҳо ғамхории шуморо ҳис мекунанд. Баъзан дар гузарондани омӯзиш бо воизон ҳамкорӣ кунед. Иштироки шумо дар омӯзиш ба омӯзанда таъсири калон расонда метавонад. Ҷеки ном хоҳари пешрав аз Нигерия мегӯяд: «Бисёре аз омӯзандагонам ба ҳайрат меоянд, вақте мефаҳманд, ки бародаре, ки ҳамроҳам ба омӯзиш омад, пири ҷамъомад аст». Як омӯзанда гуфт: «Коҳини калисои ман ҳеҷ гоҳ чунин намекард. Ӯ танҳо ба хонаи боён ва касоне, ки пул медиҳанд, меравад». Он омӯзанда ҳоло ба вохӯриҳоямон меояд.

18. Чӣ тавр пирон мувофиқи Аъмол 20:28 амал карда метавонанд?

18 Воизони омӯзгорро таълим диҳед ва рӯҳбаланд кунед. Пирон, шумо вазифадоред, ки ба воизон барои хуб хизмат кардан ва омӯзиш гузарондан кӯмак кунед. (Аъмол 20:28-ро хонед.) Агар воизе дар ҳузури шумо ба омӯзиш гузарондан шарм дорад, ба ӯ пешниҳод кунед, ки шумо онро гузаронда метавонед. Ҷеки, ки суханонашро дар боло овардем, мегӯяд: «Пирон дар бораи омӯзандагонам доимо пурсида меистанд. Вақте ман дар гузарондани омӯзиш душворӣ мекашам, онҳо ба ман маслиҳати фоиданок медиҳанд». Пирон дар рӯҳбаланд кардани омӯзгорони Китоби Муқаддас нақши калон мебозанд (1 Тас. 5:11). Ҷеки илова мекунад: «Ман бисёр хурсанд мешавам, вақте пирон мегӯянд, ки меҳнати маро қадр мекунанд. Ин суханони онҳо мисли як пиёла оби хунук дар рӯзи тафсон ба ман ҷон мебахшанд. Таърифи онҳо боварии маро ба худам зиёд мегардонад ва ёрӣ медиҳад, ки аз гузарондани омӯзиш бештар хурсандӣ гирам» (Мас. 25:25).

19. Ҳамаи мо аз чӣ хурсандӣ ёфта метавонем?

19 Айни замон худи мо омӯзанда надошта бошем ҳам, метавонем дар рӯҳан пешравӣ кардани касе саҳм гузорем. Масалан, ҳангоми омӯзиш мо пургӯӣ накарда бо шарҳҳои пешакӣ тайёр кардаамон омӯзгорро дастгирӣ кунем. Вақте омӯзандагон ба ҷамъомад омаданро сар мекунанд, мо метавонем бо онҳо дӯст шавем ва барояшон намунаи хуб бошем. Пирон омӯзандагон ва омӯзгорони онҳоро дастгирӣ мекунанд. Онҳо барои омӯзандагон вақт ҷудо мекунанд ва омӯзгорони онҳоро таълим медиҳанд ва таъриф мекунанд. Дар ҳақиқат, вақте мо ба касе барои дӯст доштани Яҳува ва хизматгори ӯ шудан андаке бошад ҳам, кӯмак мекунем, хурсандии хеле калон ҳис мекунем.

СУРУДИ 139 Ёрӣ ба шогирдони нав

^ сарх. 5 На ҳар яки мо айни замон омӯзанда дорем. Аммо ҳар яки мо метавонем дар рӯҳан рушд карда таъмид гирифтани омӯзандагон кӯмак кунем. Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки бо кадом роҳҳо ин корро карда метавонем.