МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 12
Муҳаббат кӯмак мекунад, ки ба нафрат тоб орем
«Ин чизҳоро ба шумо амр медиҳам, то ки якдигарро дӯст доред. Агар ҷаҳон аз шумо нафрат кунад, донед, ки пеш аз ин аз ман нафрат кардааст» (ЮҲ. 15:17, 18).
СУРУДИ 154 Мо истодагӣ хоҳем кард
ПЕШГУФТОР *
1. Мувофиқи Матто 24:9 чаро мо набояд ҳайрон шавем, ки ин ҷаҳон аз мо нафрат мекунад?
ЯҲУВА моро тавре офаридааст, ки дигаронро дӯст дорем ва мехоҳем, ки онҳо низ моро дӯст доранд. Барои ҳамин вақте касе аз мо нафрат мекунад, мо дилозурда мегардем ва ҳатто шояд ба тарс оем. Масалан, хоҳар Ҷорҷина, ки аз Аврупо аст, мегӯяд: «Дар 14-солагиам модарам барои ба Яҳува хизмат карданам аз ман нафрат кард. Ман ҳис кардам, ки гӯё аз ман рӯй гардонданд ва шубҳа кардам, ки одами хубам» *. Бародар Данило бошад, менависад: «Вақте солдатҳо маро барои Шоҳиди Яҳува буданам, заданд, суханҳои қабеҳ гуфтанд ва таҳдид карданд, ман тарсидам ва худро одами паст ҳис кардам». Вақте одамон аз мо нафрат мекунанд, албатта, ин моро ғамгин месозад, вале мо аз чунин муносибат ҳайрон намешавем. Исо пешгӯйӣ карда буд, ки аз мо нафрат мекунанд. (Матто 24:9-ро хонед.)
2, 3. Чаро ин ҷаҳон пайравони Исоро чашми дидан надорад?
2 Чаро ин ҷаҳон аз пайравони Исо нафрат дорад? Чунки мо мисли Исо аз ин ҷаҳон нестем (Юҳ. 15:17–19). Мо ҳокимиятҳои одамиро эҳтиром кунем ҳам, ба сиёсат ҳамроҳ намешавем, байрақро парастиш намекунем ва суруди миллиро намесароем. Чунки мо танҳо Яҳуваро парастиш мекунем. Мо эътироф мекунем, ки барои ба одамизод ҳукмронӣ кардан фақат Худо ҳақ дорад, вале Шайтон ва наслаш ба ин қатъиян зиддият нишон медиҳанд (Ҳас. 3:1–5, 15). Мо мавъиза мекунем, ки танҳо Подшоҳии Худо ҳамаи душвориҳои одамизодро ҳал карда метавонад ва он ба наздикӣ ҳамаи мухолифонашро нест мекунад (Дон. 2:44; Ваҳй 19:19–21). Ин хабар барои росткорон хабари хуш аст, вале барои бадкорон хабари бад (Заб. 36:10, 11).
3 Ҷаҳон боз барои он моро бад мебинад, ки мо аз рӯйи меъёрҳои одилонаи Худо зиндагӣ мекунем. Ин меъёрҳо аз меъёрҳои фасодёфтаи ин ҷаҳон ба куллӣ фарқ мекунад. Масалан, бисёриҳо имрӯз кушоду равшан рафтори бадахлоқонаеро дастгирӣ мекунанд, ки аз боиси он Худо шаҳрҳои Садӯм ва Амӯроро нест карда буд (Яҳд. 7). Азбаски мо дар ин бобат меъёрҳои Китоби Муқаддасро дастгирӣ мекунем, бисёриҳо моро масхара мекунанд ва «фанатик» мегӯянд (1 Пет. 4:3, 4).
4. Вақте одамон аз мо нафрат мекунанд, кадом хислатҳо ба мо ёрӣ медиҳанд?
4 Вақте одамон моро бад мебинанд ва дашном медиҳанд, чӣ ба мо ёрӣ медиҳад, ки ба ин тоб орем? Мо бояд имони қавӣ дошта бошем, ки Яҳува ба мо мадад мекунад. Имони мо чун сипар метавонад «тамоми тирҳои оташдори Шайтонро хомӯш» кунад (Эфс. 6:16). Вале фақат имон доштан кифоя нест, мо ҳамчунин бояд муҳаббат дошта бошем. Чаро? Чунки муҳаббат «ба хашм намеояд». Он ба ҳама таҳқиру бадбинӣ тоб меорад (1 Қӯр. 13:4–7, 13). Биёед ҳоло дида бароем, чӣ тавр муҳаббат ба Яҳува, ба ҳамимонон ва ҳатто ба душманони худ ба мо кӯмак мекунад, ки ба муносибати бад тоб орем.
МУҲАББАТ БА ЯҲУВА БА МО КӮМАК МЕКУНАД, КИ БА НАФРАТ ТОБ ОРЕМ
5. Муҳаббате Исо ба Падараш дошт, дар чӣ ба ӯ қувват мебахшид?
5 Шаби пеш аз маргаш Исо ба пайравони содиқаш чунин гуфт: «Ман Падарро дӯст медорам, [барои ҳамин] ҳамон тавре амал мекунам, ки Падар ба ман амр додааст» (Юҳ. 14:31). Исо Яҳуваро дӯст медошт ва ин ба ӯ қувват мебахшид, ки ба душвориҳои сахти дарпешистода тоб орад. Муҳаббат ба мо ҳам чунин қувват бахшида метавонад.
6. Мувофиқи Румиён 5:3–5 хизматгорони Худо ба муносибати бадбинонаи ҷаҳон чӣ тавр муносибат мекунанд?
6 Муҳаббат ба Худо ҳамеша ба хизматгорони Ӯ кӯмак мекард, ки ба таъқиботҳо тоб оранд. Масалан, вақте Судии олии яҳудиён ба расулон амр дод, ки мавъизаро бас кунанд, муҳаббат ба Худо онҳоро водор кард, ки «ба Худо чун ба ҳоким итоат» кунанд, на ба одамон (Аъм. 5:29; 1 Юҳ. 5:3). Чунин муҳаббати пойдор имрӯз низ бародарони моро қувват мебахшад. Бисёри онҳо ба муносибати бераҳмонаи ҳокимиятҳои пурқудрат нигоҳ накарда истодагарӣ мекунанд. Вақте ҷаҳон аз мо нафрат мекунад, мо рӯҳафтода намешавем, балки ба хотири номи Исо азоб кашиданро шараф меҳисобем (Аъм. 5:41; Румиён 5:3–5-ро хонед.)
7. Мо ба зиддияти аъзоёни оилаамон бояд чӣ тавр муносибат кунем?
7 Шояд яке аз озмоишҳои сахттарини мо аз тарафи оилаи худамон сар занад. Вақте мо ба ҳақиқат шавқманд мешавем, баъзе аъзоёни оилаамон шояд фикр кунанд, ки мо роҳгум задаем. Баъзеи дигарашон бошанд, шояд фикр кунанд, ки мо аз ақл бегона шудаем. (Бо Марқӯс 3:21 муқоиса кунед.) Онҳо ба мо зиддият нишон дода, ҳатто метавонанд бераҳмона муносибат кунанд. Аз чунин зиддият мо набояд ҳайрон шавем. Исо гуфт: «Аъзои оилаи одам душмани ӯ хоҳанд шуд» (Мат. 10:36). Албатта, новобаста аз муносибати хешовандонамон, мо онҳоро душмани худ намеҳисобем. Баръакс, чи қадаре ки муҳаббати мо ба Яҳува зиёд шавад, мо ҳамон қадар зиёд одамонро дӯст хоҳем дошт (Мат. 22:37–39). Вале мо ҳеҷ гоҳ ба хотири ба онҳо писанд омадан гуфтаҳои Каломи Худо ва принсипҳои Ӯро поймол намекунем.
8, 9. Чӣ ба як хоҳар ёрдам дод, ки ба зиддияти сахт истодагарӣ кунад?
8 Ҷорҷина, ки дар боло оидаш гуфтем, нигоҳ накарда ба зиддияти сахти модараш
истодагарӣ карда тавонист. Ҷорҷина мегӯяд: «Ману модарам бо Шоҳидони Яҳува омӯзиши Китоби Муқаддасро якҷоя сар карда будем. Вале шаш моҳ пас вақте ман ба ҷамъомадҳо рафтанро сар кардам, муносибати модарам тамоман дигар шуд. Ман фаҳмидам, ки модарам бо осиён гуфтугӯ кардааст. Ва ӯ ҳангоми бо ман гап задан далелҳои онҳоро ба кор мебурд. Ӯ аз қаҳр маро дашном медод, мӯйҳоямро мекашид, гулӯямро буғӣ мекард ва китобу маҷаллаҳоямро мепартофт. Ман баъди ба синни 15 расидан таъмид гирифтам. Барои маро аз хизмати Яҳува боздоштан модарам маро ҳатто ба ҷойе, ки наврасони душвортарбияро нигоҳ медоштанд, фиристод. Баъзеи онҳо нашъаманд ва ҷинояткор буданд. Вақте зиддият аз тарафи шахсе сар мезанад, ки дар асл бояд туро дӯст дорад ва ғамхорат бошад, ин бароят беҳад душвор мегардад».9 Ҷорҷина ин озмоишро чӣ тавр паси сар кард? Ӯ мегӯяд: «Ҳамон рӯзе, ки модарам ба ман муқобилат карданро сар кард, ман нав Китоби Муқаддасро тамом карда будам. Акнун ман пурра боварӣ доштам, ки ҳақиқатро ёфтаам ва худро ба Яҳува хеле наздик ҳис мекардам. Ман бисёр дуо мегуфтам ва ҳис мекардам, ки Яҳува маро мешунавад. Вақте ман дар хона барои наврасони душвортарбия зиндагӣ мекардам, хоҳаре маро ба хонааш таклиф мекард ва мо якҷоя Китоби Муқаддас мехондем ва онро таҳқиқ мекардем. Тамоми он вақт бародару хоҳарон маро рӯҳбаланд мекарданд, онҳо маро аъзои оилаи худ медонистанд. Ман медидам, ки Яҳува аз мухолифони мо дида пурзӯртар аст, новобаста аз он ки онҳо киянд».
10. Яҳува ҳамеша барои мо чӣ кор мекунад?
10 Павлуси расул навишт, ки ягон чиз «моро аз муҳаббати Худо, ки ба воситаи Ҳазратамон Исои Масеҳ зоҳир гаштааст, ҷудо карда наметавонад» (Рум. 8:38, 39). Ҳатто мо муддате азоб кашем ҳам, Яҳува ҳамеша дар бари мо аст ва Ӯ моро тасаллӣ ва қувват хоҳад бахшид. Чи хеле ки мисоли Ҷорҷина нишон медиҳад, Яҳува инчунин моро бо воситаи бародару хоҳарони рӯҳониамон дастгирӣ мекунад.
МУҲАББАТ БА ҲАМИМОНОН БА МО КӮМАК МЕКУНАД, КИ БА НАФРАТ ТОБ ОРЕМ
11. Муҳаббате, ки Исо оидаш дар Юҳанно 15:12, 13 гуфт, ба шогирдонаш чӣ тавр кӯмак кард? Мисол оред.
11 Шаби пеш аз маргаш, Исо бори дигар ба шогирдони худ хотиррасон кард, ки ҳамдигарро дӯст доранд. (Юҳанно 15:12, 13-ро хонед.) Ӯ медонист, ки муҳаббати фидокорона ба якдигар ба мо кӯмак мекунад, ки муттаҳид бимонем ва ба нафрати ҷаҳон тоб орем. Оиди ҷамъомади Таслӯникӣ фикр кунед. Аз бозе ки он ташкил ёфт, аъзоёни он бо таъқибот дучор мешуданд. Вале бародару хоҳарони он ҷо дар нигоҳ доштани беайбӣ ва муҳаббат намунаи хуб гаштанд (1 Тас. 1:3, 6, 7). Инро дида Павлус онҳоро барангехт, ки «муҳаббати худро боз ҳам бештар зоҳир» кунанд (1 Тас. 4:9, 10). Аз муҳаббат онҳо рӯҳафтодагонро дилбардорӣ ва мӯҳтоҷонро дастгирӣ карда метавонистанд (1 Тас. 5:14). Онҳо аз рӯйи дастуроти Павлус амал карданд, барои ҳамин ӯ дар номаи дуюми худ, ки баъди қариб як сол навишт, ба онҳо чунин гуфт: «Муҳаббати ҳар яки шумо ба якдигаратон зиёдтар шуда истодааст» (2 Тас. 1:3–5). Бо қуввати муҳаббат онҳо ба мушкилӣ ва таъқибот истодагарӣ карда тавонистанд.
12. Вақте ки дар як давлат ҷанг шуд, чӣ хел бародару хоҳарон ба ҳамдигар муҳаббат зоҳир намуданд?
12 Дар боло оиди бародар Данило гуфтем. Биёед мисоли ӯ ва занашро дида бароем. Вақте дар шаҳри онҳо ҷанге сар зад, онҳо ба вохӯриҳо рафтанро давом медоданд, то ҳадди имкон мавъиза мекарданд ва бо бародару хоҳарон хӯрокаи доштаашонро бо ҳам медиданд. Боре ба хонаи Данило солдатҳо бо яроқ омаданд. Данило мегӯяд: «Онҳо аз ман талаб карданд, ки аз имонам даст кашам. Вақте ман рад кардам, онҳо маро заданд ва ба болои сарам пистолет дошта маро парронданӣ шуданд. Пеш аз рафтанашон онҳо тарсонданд, ки ин карат омада занамро таҷовуз мекунанд. Лекин бародарон моро даррав ба поезд шинонда ба дигар шаҳр гурезонданд. Ман ҳеҷ гоҳ ин муҳаббати он бародарони азизро фаромӯш намекунам. Вақте мо ба дигар шаҳр расидем, бародарони маҳаллӣ ба мо хӯрока оварданд ва барои ёфтани сарпаноҳ ва ҷойи кор ёрӣ расонданд. Баъдтар бошад, мо ба дигар ҳамимононе, ки аз маҳалли ҷанг гурехта омаданд, ҷойи зист муҳайё кардем». Ин гуна мисолҳо нишон медиҳанд, ки бо қуввати муҳаббати масеҳӣ мо метавонем ба нафрати дигарон тоб орем.
МУҲАББАТ БА ДУШМАНОН БА МО КӮМАК МЕКУНАД, КИ БА НАФРАТ ТОБ ОРЕМ
13. Ҳатто вақте одамон аз мо нафрат мекунанд, чӣ тавр рӯҳи муқаддас ба мо кӯмак мекунад, ки дар хизмати Яҳува истодагарӣ кунем?
13 Исо ба пайравонаш гуфт, ки душманони худро дӯст доранд (Мат. 5:44, 45). Оё ин осон аст? Албатта, не! Аммо бо кӯмаки рӯҳи муқаддаси Яҳува имконпазир аст. Самари рӯҳи Худо муҳаббат, ҳамчунин пурсабрӣ, меҳрубонӣ, ҳалимӣ ва худдориро дар бар мегирад (Ғал. 5:22, 23). Ин хислатҳо ба мо кӯмак мекунанд, ки ба нафрат тоб орем. Бисёр мухолифони мо фикри худро дигар карданд, зеро онҳо диданд, ки шавҳар, зан, кӯдак ё ҳамсояи онҳо, ки Шоҳиди Яҳуваанд, ин гуна хислатҳоро зоҳир мекунанд. Бисёр шахсоне, ки пеш ба мо зиддият нишон медоданд, ҳатто бародару хоҳарони азизи мо гаштанд. Пас, агар бароятон дӯст доштани онҳое, ки шуморо барои хизматгори Яҳува буданатон бад мебинанд, душвор аст, дар дуо аз Яҳува рӯҳи муқаддас пурсед (Луқ. 11:13). Худо ба мо амр медиҳад, ки душманони худро дӯст дорем ва дилпур бошед, ки итоат ба амрҳои Ӯ ҳамеша натиҷаҳои беҳтарин меорад (Мас. 3:5–7).
14, 15. Чӣ тавр Румиён 12:17–21 ба Ясмин кӯмак карданд, ки ба зиддияти сахти шавҳараш нигоҳ накарда ба ӯ бо муҳаббат муносибат кунад?
14 Мисоли хоҳар Ясминро дида мебароем. Вақте ӯ Шоҳиди Яҳува шуд, шавҳараш фикр кард, ки ӯро гумроҳ кардаанд ва пеши роҳи ӯро гирифтанӣ шуд. Ӯ вайро ҳақорат мекард. Ғайр аз ин, шавҳараш хешовандон, як роҳбари динӣ ва фолбинеро водор мекард, то ба занаш фишор оранд ва гӯянд, ки дар вайрон шуда истодани оилаашон Ясмин айбдор аст. Ҳамаи онҳо мегуфтанд, ки агар Ясмин аз ин роҳаш нагардад, ҳолаш бад мешавад. Шавҳараш ҳатто ба ҷамъомад рафта бародаронро ҳар хел суханҳои қабеҳ мегуфт. Ясмин бисёр гиря мекард, чунки шавҳараш ба ӯ хеле дағалона муносибат мекард.
15 Дар ибодатгоҳ Ясминро бародару хоҳарон дастгирӣ мекарданд. Пирон ба ӯ маслиҳат доданд, ки аз рӯйи суханони Румиён 12:17–21 амал кунад. (Оятҳоро хонед.) «Ин душвор буд,— мегӯяд Ясмин.— Вале ман аз Яҳува кӯмак мепурсидам ва ҳаматарафа кӯшиш мекардам, ки аз рӯйи гуфти Китоби Муқаддас рафтор кунам. Масалан, вақте шавҳарам бо ситеза партовро ба фарши ошхона ҳаво медод, ман ба ғазаб наомада онро рӯфта мегирифтам. Вақте ӯ маро дашном медод, ман оромона ҷавоб медодам. Ҳангоми бемор шуданаш ман дар борааш ғамхорӣ мекардам».
16, 17. Шумо аз мисоли хоҳар Ясмин чӣ омӯхтед?
16 Муносибати меҳрубононаи Ясмин натиҷаи хуб дод. Ӯ мегӯяд: «Боварии шавҳарам ба ман зиёдтар шуд, чунки ӯ медонист, ки ман ҳамавақт гапи ростро мегӯям. Дар хона вақте гап дар бораи дин мерафт, ӯ маро эҳтиромона гӯш мекардагӣ шуд. Минбаъд ӯ низ мехост, ки мо аҳл зиндагӣ кунем. Ҳоло ӯ ба ман мегӯяд, ки “ба ҷамъомадҳоят рафтан гир”. Муносибати ману шавҳарам хеле беҳтар шуд ва ҳоло хонаамон тинҷу осуда аст. Ман умед дорам, ки як рӯз не як рӯз шавҳарам ҳақиқатро қабул мекунад ва мо якҷоя ба Яҳува хизмат мекунем».
17 Мисоли хоҳар Ясмин нишон медиҳад, ки «муҳаббат ҳама чизро рӯпӯш мекунад... ба 1 Қӯр. 13:4, 7). Ҳарчанд нафрат ба кас таъсири калон мерасонад, қувваи муҳаббат пурзӯртар аст. Муҳаббат дили аз нафрат сахтшударо об мекунад. Агар мо бо мухолифон пайваста меҳрубонона муносибат кунем, бо ин дили Яҳуваро шод мегардонем. Вале, агар мухолифон моро бад дидан гиранд ҳам, мо хушбахт буда метавонем. Чӣ хел?
ҳама чиз умед мебандад, ба ҳама чиз тоб меорад» (ВАҚТЕ АЗ ШУМО НАФРАТ МЕКУНАНД, ХУРСАНД БОШЕД
18. Чаро вақте аз мо нафрат мекунанд, мо хушбахт буда метавонем?
18 Исо гуфт: «Хушбахтед шумо, вақте одамон... аз шумо нафрат мекунанд» (Луқ. 6:22). Мо намехоҳем, ки аз мо нафрат кунанд ва вақте моро барои имонамон таъқиб мекунанд, мо аз ин ҳаловат намегирем. Пас, чаро аз бадбинии одамон хушбахт буда метавонем? Оиди ин се чиз фикр кунед. Якум, вақте мо ба нафрат тоб меорем, мо розигии Худоро ба даст меорем (1 Пет. 4:13, 14). Дуюм, имони озмудашудаи мо пурарзиштар мегардад ва бақувваттар мешавад (1 Пет. 1:7). Ва сеюм, мо мукофоти бебаҳо — ҳаёти ҷовидонаро хоҳем гирифт (Рум. 2:6, 7).
19. Чаро расулон баъди қамчинкорӣ карда шуданашон хурсандӣ карданд?
19 Чанде пас аз эҳёшавии Исо, расулонаш хушбахтиеро, ки ӯ дар борааш гуфта буд, ҳис карданд. Баъди он ки онҳоро қамчинкорӣ карданду амр доданд, ки дигар мавъиза накунанд, онҳо хурсандӣ мекарданд. Чаро? «Зеро сазовори он дониста шуданд, ки ба хотири номи Исо гирифтори беҳурматӣ гарданд» (Аъм. 5:40–42). Муҳаббате, ки онҳо ба устодашон доштанд, аз тарси нафрати душманон пурзӯртар буд ва ин муҳаббаташонро онҳо бо беист мавъиза кардани хушхабар нишон медоданд. Ҳоло бисёр ҳамимонони мо ба душвориҳо нигоҳ накарда содиқона хизматашонро давом медиҳанд. Онҳо медонанд, ки Яҳува кор ва муҳаббатеро, ки ба исми Ӯ нишон медиҳанд, фаромӯш намекунад (Ибр. 6:10).
20. Дар мақолаи навбатӣ мо чиро дида мебароем?
20 То дами ба охир расидани ин тартибот ҷаҳон аз мо нафрат мекунад (Юҳ. 15:19). Вале мо набояд тарсем. Чуноне ки аз мақолаи навбатӣ мебинем, Яҳува хизматгорони содиқашро «қувват мебахшад ва... аз Шайтон муҳофизат мекунад» (2 Тас. 3:3). Пас, биёед минбаъд низ Яҳува, бародару хоҳарон ва ҳатто онҳоеро, ки аз мо нафрат мекунанд, дӯст дорем. Аз рӯйи ин маслиҳат амал карда мо бо ҳам муттаҳид ва рӯҳан бақувват мемонем, Яҳуваро ҷалол медиҳем ва исбот мекунем, ки муҳаббат аз нафрат пурзӯртар аст.
СУРУДИ 3 «Худо муҳаббат аст»
^ сарх. 5 Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки чӣ тавр муҳаббат доштан ба Яҳува, ба ҳамимонон ва ҳатто ба душманонамон ба мо кӯмак мекунад, ки ба нафрати ҷаҳон тоб орем. Инчунин мо мефаҳмем, ки чаро Исо гуфт, ки вақте дигарон аз мо нафрат мекунанд, мо хушбахт буда метавонем.
^ сарх. 1 Номҳо иваз шудаанд.
^ сарх. 58 ШАРҲИ РАСМ: Баъди таҳдиди солдатҳо бародарон ба Данило ва занаш кӯмак карданд, ки ба дигар шаҳр кӯчанд. Дар дигар шаҳр ҳамимонон онҳоро гарм пешвоз гирифта ба онҳо ёрӣ доданд.
^ сарх. 60 ШАРҲИ РАСМ: Шавҳари Ясмин ба ӯ зиддият мекард, вале пирон ба Ясмин маслиҳати хуб доданд. Ӯ чун ҳамсари хуб рафтор намуд ва ҳангоми бемор будани шавҳараш ба ӯ ғамхорӣ мекард.