Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 11

Чӣ тавр Каломи Худо дар мушкилиҳо ба мо қувват мебахшад?

Чӣ тавр Каломи Худо дар мушкилиҳо ба мо қувват мебахшад?

«Худо... истодагарӣ ва тасаллӣ медиҳад» (РУМ. 15:5).

СУРУДИ 57 Андешаҳои дили ман

ПЕШГУФТОР *

1. Халқи Худо бо чӣ гуна душвориҳо рӯ ба рӯ шуда метавонад?

ОЁ АЙНИ ҲОЛ шумо аз душворие азоб мекашед? Шояд касе аз ҷамъомад шуморо ранҷондааст (Яъқ. 3:2). Ё мумкин ҳамкорон ё ҳамсинфон шуморо барои эътиқодатон масхара мекунанд (1 Пет. 4:3, 4). Ё аъзоёни оилаатон пеши роҳи шуморо мегиранд, ки ба ҷамъомадҳо наравед ё ба дигарон оиди имонатон гап назанед (Мат. 10:35, 36). Агар озмоишатон сахт бошад, шояд шумо фикр кунед, ки дигар тобу тоқати бардошт кардан надоред. Вале шумо боварӣ дошта метавонед, ки новобаста аз чӣ гуна будани душвориатон Яҳува барои қабули қарорҳои дуруст ба шумо хирад ва барои тоб овардан қувват медиҳад.

2. Мувофиқи Румиён 15:4 хондани Каломи Худо чӣ тавр ба мо кӯмак мекунад?

2 Дар Каломаш Яҳува батафсил фаҳмондааст, ки чӣ тавр одамони нокомил ба душвориҳои худ тоб меоварданд. Чаро Ӯ лозим донист, ки ин чизҳо навишта шаванд? То ки мо аз онҳо дарс гирем. Инро суханони Павлус аз Румиён 15:4 тасдиқ мекунанд. (Оятро хонед.) Аз хондани ин воқеаҳо мо ба андозае тасаллӣ меёбем ва умед пайдо мекунем, ки поёни шаби сиёҳ сафед аст. Лекин барои манфиат гирифтан, мо бояд онҳоро на фақат хонем, балки гузорем, ки ба фикрронӣ ва ҳиссиёти мо таъсир расонанд. Масалан, агар дар бобати ягон душворӣ ба мо маслиҳат даркор бошад, мо метавонем бо ёрии ин чор қадам омӯзиши шахсӣ гузаронем: 1) Дуо гуфтан, 2) Тасаввур кардан, 3) Мулоҳиза рондан, 4) Ба кор бурдан. Биёед ҳоло ҳар яки ин қадамҳоро дида бароем *. Сипас бо ёрии ин услуб мефаҳмем, ки аз воқеаҳои ҳаёти шоҳ Довуд ва Павлуси расул мо чӣ омӯхта метавонем.

1. ДУО ГӮЕД

Пеш аз хондани ягон порчаи Китоби Муқаддас аз Яҳува кӯмак пурсед, то аз чизе ки хонданӣ ҳастед, фоида гиред. (Ба сархати 3 нигаред.)

3. Пеш аз хондани Китоби Муқаддас мо бояд чӣ кор кунем ва чаро?

3 1. Дуо гӯед. Пеш аз хондани Китоби Муқаддас аз Яҳува кӯмак пурсед, то аз чизе ки хонданиед, манфиат гиред. Масалан, агар шумо барои ҳалли ягон проблема маслиҳат кофта истода бошед, ба Яҳува дуо гӯед, то барои ёфтани принсипҳои лозима ба шумо кӯмак кунад (Флп. 4:6, 7; Яъқ. 1:5).

2. ТАСАВВУР КУНЕД

Дар вақти хондани ягон воқеа худро ба ҷойи қаҳрамони асосӣ гузоред. (Ба сархати 4 нигаред.)

4. Чӣ ба шумо кӯмак мекунад, ки воқеаҳои Китоби Муқаддасро зинда тасаввур кунед?

4 2. Тасаввур кунед. Яҳува ба инсон қобилияти ҳайратовари тасаввур карданро додааст. Барои зинда тасаввур кардани воқеаҳои Китоби Муқаддас кӯшиш кунед, худро ба ҷойи қаҳрамони асосӣ гузоред, чизҳое, ки ӯ медид, хаёлан пеши назар оред ва эҳсосотеро, ки ӯ дошт, дар худ ҳис кунед.

3. МУЛОҲИЗА РОНЕД

Дар бораи чизҳои хондаатон ва оиди чӣ тавр ба кор бурдани он бодиққат фикр кунед. (Ба сархати 5 нигаред.)

5. Мулоҳиза чист ва чӣ тавр мо мулоҳиза ронда метавонем?

5 3. Мулоҳиза ронед. Мулоҳиза рондан маънои онро дорад, ки шахс дар бораи чизҳои хондааш ва чӣ тавр ба кор бурдани он маълумот бодиққат андеша меронад. Ин ба ӯ кӯмак мекунад, ки алоқамандии фикрҳоро бинад ва мавзӯъро чуқуртар фаҳмад. Агар мо Каломи Худоро хонему мулоҳиза наронем, ин монанди он аст, ки мо ба суратчаҳои алоҳидаи мозайка назар мекунему онҳоро бо ҳам ҷамъ намеорем. Мулоҳиза бошад, мисли он аст, ки мо гӯё суратчаҳои парокандаи мозайкаро бо ҳам ҷамъ меорем, ки дар натиҷа тасвири пурра пайдо мешавад. Барои мулоҳиза ба худ чунин саволҳо диҳед: «Қаҳрамони асосии воқеа барои ҳалли душвориаш чӣ кор кард? Яҳува чӣ тавр ба ӯ ёрӣ дод? Дарсҳое, ки ман аз ин воқеа омӯхтам, чӣ тавр барои паси сар кардани душвориҳоям ба ман кӯмак мекунанд?»

4. БА КОР БАРЕД

Чизҳои омӯхтаатонро ба кор баред. Ин ба шумо кӯмак мекунад, ки қарорҳои хубтар бароред, дар дил оромии бештар ҳис кунед ва имони қавӣ инкишоф диҳед. (Ба сархати 6 нигаред.)

6. Чаро чизи омӯхтаамонро ба кор бурдан муҳим аст?

6 4. Ба кор баред. Исо гуфт, ки агар мо чизҳои омӯхтаамонро ба кор набарем, мисли шахсе мегардем, ки хонаашро бар қум месозад. Ӯ сахт меҳнат кунад ҳам, меҳнаташ бар абас аст. Чаро? Чунки ҳангоми шамоли сахт ва борони сел он хона вайрон мешавад (Мат. 7:24–27). Ба ин монанд, агар мо дуо гӯем, тасаввур кунем ва мулоҳиза ронему вале чизи фаҳмидаамонро ба кор набарем, ҳама кӯшиши мо беҳуда мешавад ва ҳангоми дучор шудан бо озмоишу таъқибот имони мо ба онҳо тоб оварда наметавонад. Лекин вақте чизҳои дар омӯзиши шахсӣ фаҳмидаамонро ба кор мебарем, мо қарорҳои хубтар мебарорем, дар дил оромии бештар ҳис мекунем ва имони қавӣ инкишоф медиҳем (Иш. 48:17, 18). Биёед ҳоло бо ёрии ин чор қадам фаҳмем, ки аз як воқеаи ҳаёти шоҳ Довуд мо чӣ омӯхта метавонем.

МО АЗ ШОҲ ДОВУД ЧӢ ОМӮХТА МЕТАВОНЕМ?

7. Кадом воқеаи Китоби Муқаддасро мо ҳоло дида мебароем?

7 Оё ягон дӯст ё аъзои оилаатон ба шумо хиёнат кардааст? Агар ҳа, пас шоҳ Довудро ба хотир оред. Ба ӯ писараш Абшолӯм хиёнат кард ва хост тахти падарашро аз худ кунад. Дида баромадани ин воқеа ба шумо манфиат меорад (2 Подш. 15:5–14, 31; 18:6–14).

8. Барои он ки Яҳува ба шумо кӯмак кунад, чӣ кор карда метавонед?

8 1. Дуо гӯед. Пеш аз хондани ин порча ба Яҳува дуо гӯед, ки аз боиси муносибати баде, ки ба шумо карданд, чӣ ҳис мекунед (Заб. 6:7–10). Ҳиссиётатонро аниқтар баён кунед. Ҳамчунин аз Яҳува кӯмак пурсед, то принсипҳоеро ёбед, ки дар ин вазъияти душвор ба шумо роҳ нишон медиҳанд.

9. Мухтасар нақл кунед, ки байни Довуд ва Абшолӯм чӣ рӯй дод.

9 2. Тасаввур кунед. Дар бораи воқеаҳои ин порча фикр кунед ва тасаввур кунед, ки шоҳ Довуд чӣ ҳис мекард. Писари Довуд Абшолӯм давоми чанд сол кӯшиш кард, то дили халқро ба худ гарм кунад (2 Подш. 15:7). Вақте Абшолӯм ҳис кард, ки барои амалӣ гардондани нақшааш фурсат муносиб аст, ӯ ба тамоми Исроил ҷосусонро фиристод, то мардумро тайёр кунанд, ки ӯро чун подшоҳи худ қабул кунанд. Ӯ ҳатто Аҳитӯфалро, ки яке аз дӯстони наздики Довуд ва маслиҳатчии ӯ буд, ба тарафи худ кашид, то муқобили Довуд барояд. Абшолӯм худро шоҳ эълон кард. Баъд аз пайи он шуд, ки ба падараш ҳамла оварда ӯро кушад, ки эҳтимол он вақт Довуд сахт бемор буд (Заб. 40:1–10). Довуд аз сӯиқасди Абшолӯм бохабар шуд ва аз Ерусалим рӯ ба гурез овард. Оқибат навкарони содиқи Довуд лашкари Абшолӯмро шикаст доданд ва худи Абшолӯм кушта шуд.

10. Дар вазъияти душвораш шоҳ Довуд чӣ кор карда метавонист?

10 Акнун биёед тасаввур кунем, Довуд аз ҳамаи ин ҳодисаҳо чӣ ҳис мекард. Ӯ писараш Абшолӯмро дӯст медошт ва ба дӯсташ Аҳитӯфал боварӣ дошт. Лекин ҳардуи ин шахсони наздикаш ба ӯ хиёнат карданд. Онҳо ба рӯйи Довуд по монданд ва ҳатто хостанд, ки ӯро кушанд. Довуд аз ин бениҳоят ғамгин шуд. Ӯ метавонист ба дигар дӯстонаш низ бовариашро гум кунад ва фикр кунад, ки онҳо низ ба тарафи Абшолӯм гузаштаанд. Ӯ метавонист фақат фикри худашро кунад ва аз Ерусалим танҳо гурезад ё ҳеҷ кор накарда ба рӯҳафтодагӣ дода шавад. Вале ӯ ин озмоиши сахтро бо сари баланд паси сар кард. Чаро ӯ тоб оварда тавонист?

11. Довуд дар ин вазъияти мушкил чӣ тавр амал кард?

11 3. Мулоҳиза ронед. Аз ин нақл кадом принсипҳоро омӯхтан мумкин аст? Хаёлан ба ин савол ҷавоб диҳед: «Қаҳрамони мо Довуд дар вазъияти худ чӣ чора андешид?» Довуд аз тарсу ваҳм дасту по гум накард ва саросемавор қарорҳои бехирадона набаровард. Баръакс, ӯ дар дуо аз Яҳува мадад пурсид. Ӯ инчунин аз дӯстонаш кӯмак пурсид ва зуд аз рӯйи қарорҳои баровардааш амал кард. Ҳарчанд дили Довуд сахт озурда буд, ӯ роҳ надод, ки дилаш аз нафрат пур гардад ва аз дигар дӯстонаш хунук шавад. Ӯ минбаъд низ ба Яҳува ва дӯстонаш такя мекард.

12. Яҳува ба Довуд чӣ тавр кӯмак кард?

12 Боз мулоҳиза ронед, ки Яҳува ба Довуд чӣ хел кӯмак кард. Баъди каме таҳқиқ кардан шумо мефаҳмед, ки Яҳува барои тоб овардан ба ин мушкилӣ ба Довуд қуввати лозима бахшид (Заб. 3:2–9). Ӯ қарорҳои Довудро баракат дод ва дӯстони содиқи ӯро, ки шоҳи худро ҳимоя мекарданд, дастгирӣ намуд.

13. Вақте касе шуморо сахт меранҷонад, чӣ хел шумо ба намунаи Довуд пайравӣ карда метавонед? (Матто 18:15–17)

13 4. Ба кор баред. Ба худ савол диҳед: «Ман аз Довуд чӣ ибрат гирифта метавонам?» Барои ҳалли душвориатон шумо низ зуд амал кунед. Вобаста аз вазъият, шумо метавонед қадамҳои дар Матто боби 18 номбаркардаи Исоро гузоред ё принсипи он ҷо овардашударо ба кор баред. (Матто 18:15–17-ро хонед.) Вале шумо набояд сари қаҳр саросемавор қарор қабул кунед. Ба Яҳува дуо гуфта аз ӯ хоҳиш кунед, то дилатонро ором кунад ва хиради лозима диҳад, ки чӣ кор карданатонро донед. Ба дӯстони худ бовариатонро гум накунед, баръакс бо омодагӣ кӯмаки онҳоро қабул кунед (Мас. 17:17). Пеш аз ҳама ба маслиҳати Яҳува, ки ба воситаи Каломаш медиҳад, гӯш диҳед (Мас. 3:5, 6).

МО АЗ ПАВЛУС ЧӢ ОМӮХТА МЕТАВОНЕМ?

14. Кадом вазъиятҳо метавонанд шуморо водор созанд, ки ба 2 Тимотиюс 1:12–16; 4:6–11, 17–22 диққат кунед?

14 Оё ба Яҳува хизмат кардани шумо ба аъзои оилаатон намефорад ва онҳо ба шумо зиддият нишон медиҳанд? Ё мумкин шумо дар давлате зиндагӣ мекунед, ки фаъолияти Шоҳидон сахт маҳдуд ё ҳатто манъ аст. Агар ҳа, пас хондани оятҳои 2 Тимотиюс 1:12–16; 4:6–11, 17–22 шуморо рӯҳбаланд карда метавонад *. Павлус ин порчаи Навиштаҳоро ҳангоми дар ҳабс буданаш нависта буд.

15. Пеш аз хондани порчаҳо оиди душвориҳои Павлус мо дар бораи чӣ дуо гуфта метавонем?

15 1. Дуо гӯед. Пеш аз хондани он порчаҳо ба Яҳува дар бораи душвориатон нақл кунед ва гӯед, ки аз боиси он чӣ ҳис мекунед. Ба Ӯ як ба як нақл кунед, ки чӣ шуморо ба ташвиш меорад. Инчунин пеш аз хондан ба Яҳува дуо гӯед, то аз мисоли Павлус принсипҳоеро ёфта тавонед, ки ба вазъияти шумо дахл доранд.

16. Оиди душвории Павлус мухтасар нақл кунед.

16 2. Тасаввур кунед. Худро хаёлан ба ҷойи Павлус гузоред. Ӯ дар маҳбаси Рум қарор дошт ва дасташ занҷирбанд буд. Ӯ аз ин пеш ҳам дар ҳабс буд, вале ин дафъа ӯ медонад, ки вайро ба қатл мерасонанд. Баъзе бародароне, ки пеш ҳамроҳаш хизмат мекарданд, аз Павлус рӯй гардонданд, ғайр аз ин ӯ ҷисман сахт монда шуда буд (2 Тим. 1:15).

17. Павлус ба душвориҳояш чӣ тавр муносибат карда метавонист?

17 Павлус метавонист оиди гузашта фикр карда ҳасрат хӯрад, ки агар ӯ масеҳии боғайрат намебуд, дар ҳабсхона наменишаст. Ӯ метавонист нисбати ҳамимононаш аз вилояти Осиё, ки ӯро тарк карданд, ба қаҳр ояд ва ба дигар дӯстонаш низ бовариашро гум кунад. Лекин Павлус ин тавр накард. Чаро ӯ боварӣ дошт, ки дӯстонаш ба вай содиқанд ва Яҳува ӯро бе мукофот намемонад?

18. Павлус дар ин вазъияти душвор чӣ хел рафтор кард?

18 3. Мулоҳиза ронед. Фикр кунед, ки Павлус дар вазъияти қарордоштааш чӣ кор кард. Ҳарчанд Павлус медонист, ки маргаш наздик аст, ӯ то охир диққаташро ба чизи муҳимтарин, яъне ба ҷалол додани Яҳува равона кард. Ва дар бораи он фикр мекард, ки чӣ тавр дигаронро рӯҳбаланд карда метавонад. Павлус пайваста ба Яҳува дуо гуфта ба Ӯ такя мекард (2 Тим. 1:3). Вай диққаташро ба ҳамимононе, ки аз ӯ рӯй гардонданд, равона намекард, балки барои дастгирӣ, муҳаббат ва кӯмаки дӯстони содиқаш миннатдорӣ нишон медод. Илова бар ин, Павлус омӯхтани Каломи Худоро давом медод (2 Тим. 3:16, 17; 4:13). Пеш аз ҳама, Павлус боварии комил дошт, ки Яҳува ва Исо ӯро дӯст медоранд. Ӯ дилпур буд, ки онҳо аз ӯ рӯй нагардондаанд ва барои хизмати содиқонааш, албатта, подош медиҳанд.

19. Яҳува ба Павлус чӣ хел кӯмак кард?

19 Яҳува пешакӣ ба Павлус гуфта буд, ки ӯ чун пайрави Масеҳ ба таъқибот дучор мешавад (Аъм. 21:11–13). Яҳува чӣ хел ба Павлус кӯмак кард? Ӯ ба дуоҳои Павлус ҷавоб медод ва ба ӯ қуввати лозима мебахшид (2 Тим. 4:17). Яҳува Павлусро боварӣ бахшид, ки ӯ мукофотеро, ки барояш сахт меҳнат кард, ҳатман мегирад. Яҳува инчунин ба воситаи дӯстони содиқи Павлус ба ӯ кӯмак мерасонд.

20. Мувофиқи Румиён 8:38, 39 чаро Павлус тавонист ба озмоишҳояш тоб орад? Чӣ тавр мо ба ӯ пайравӣ карда метавонем?

20 4. Ба кор баред. Ба худ савол диҳед: «Чӣ тавр ман ба Павлус пайравӣ карда метавонам?» Мисли Павлус мо ҳам бояд тайёр бошем, ки барои имонамон бо таъқибот дучор мешавем (Марқ. 10:29, 30). Барои дар вақти озмоиш беайбиро нигоҳ доштан, мо бояд пайваста ба Яҳува дуо гуфта ба Ӯ такя кунем ва Каломашро мунтазам омӯзем. Мо ҳамеша бояд дар хотир дорем, ки яке аз чизҳои муҳимтарине, ки мо карда метавонем, ин ҷалол додани Яҳува аст. Ва мо мисли Павлус боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува ҳеҷ гоҳ моро тарк намекунад ва ҳеҷ кас бо ягон роҳ моро аз муҳаббати Ӯ ҷудо карда наметавонад. (Румиён 8:38, 39-ро хонед; Ибр. 13:5, 6).

АЗ ДИГАР ҚАҲРАМОНОНИ КИТОБИ МУҚАДДАС ТАЪЛИМ ГИРЕД

21. Кадом мисолҳои Китоби Муқаддас ба Айя ва Ҳектор кӯмак карданд?

21 Мисолҳои Китоби Муқаддас ба мо кӯмак мекунанд, ки ба ҳар вазъият тоб орем. Масалан, Айя, хоҳари пешрав аз Ҷопон мегӯяд, ки саргузашти Юнус ба ӯ кӯмак кард, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ натарсида мавъиза кунад. Ҳектор ном воизи ҷавон аз Индонезия, ки волидонаш Шоҳиди Яҳува нестанд, мегӯяд, ки мисоли Рут хоҳиши вайро зиёд мегардонад, ки дар бораи Яҳува фаҳмад ва ба Ӯ хизмат кунад.

22. Чӣ тавр шумо аз филмҳои ташкилотамон, хониши бадеӣ ва мақолаҳо аз рубрикаи «Ба имони онҳо пайравӣ кунед» фоидаи бештар гирифта метавонед?

22 Оё шумо мехоҳед аз Китоби Муқаддас мисолҳои бештарро ёбед, ки ба шумо қувват мебахшанд? Филмҳои мо, аудиосабтҳои «Хониши бадеии Китоби Муқаддас» ва мақолаҳо аз рубрикаи «Ба имони онҳо пайравӣ кунед» ба шумо кӯмак мекунанд, ки воқеаҳои Каломи Худоро зинда тасаввур кунед *. Пеш аз тамошо, гӯш кардан ё хондани ин воқеаҳо ба Яҳува дуо гӯед, ки барои ёфтани фикрҳои ба шумо лозима ёрӣ расонад. Худро ба ҷойи қаҳрамонҳои асосӣ тасаввур кунед. Мулоҳиза ронед, ки ин хизматгорони азизи Худо барои паси сар кардани душвориҳояшон чӣ кор карданд ва Яҳува ба онҳо чӣ хел кӯмак кард. Баъд, чизҳои омӯхтаатонро ба кор баред. Инчунин барои ёрдаме, ки Яҳува ҳамеша ба шумо мерасонад, миннатдорӣ баён кунед. Ин миннатдории шумо дар он аён мегардад, ки шумо ҳам барои дастгирӣ ва рӯҳбаланд кардани дигарон имконият ҷӯед.

23. Яҳува дар Ишаъё 41:10, 13 чӣ гуна ваъда додааст?

23 Ҳаёт дар ин ҷаҳоне, ки зери идораи Шайтон аст, душвор мебошад ва баъзан тоқат кардан хеле мушкил аст (2 Тим. 3:1). Вале мо набояд худро бе пушту паноҳ ҳис кунем ё тарсем. Яҳува медонад, ки аз сари мо чӣ гуна мушкилиҳо гузашта истодаанд. Вақте мо меафтем, Ӯ бо дасти пурзӯраш моро мебардорад. (Ишаъё 41:10, 13-ро хонед.) Пас, хотирҷамъ бошед, ки Яҳува шуморо дастгирӣ мекунад. Ӯ дар ҳар вазъият аз Навиштаҳо ба шумо роҳ нишон медиҳад ва қувват мебахшад, ки душвориҳоятонро паси сар кунед.

СУРУДИ 37 Навиштаҳо аз рӯи илҳоми Худоянд

^ сарх. 5 Бисёр воқеаҳои Китоби Муқаддас нишон медиҳанд, ки Яҳува хизматгорони худро дӯст медорад ва дар ҳар мушкилӣ ба онҳо кӯмак мекунад. Ин мақола ба шумо ёрдам медиҳад, ки ҳангоми омӯзиши шахсӣ гузарондан аз воқеаҳои Каломи Худо бештар манфиат гиред.

^ сарх. 2 Услуби овардашуда танҳо як тарзи гузарондани омӯзиши шахсӣ аст ва дигар тарзҳоро шумо аз «Роҳнамо барои Шоҳидони Яҳува дар гузаронидани тадқиқот» зери мавзӯи «Китоби Муқаддас», зерсарлавҳаи «Хондан ва фаҳмидани Китоби Муқаддас» ёфта метавонед.

^ сарх. 14 Дар ҷамъомад ҳангоми муҳокимаи «Бурҷи дидбонӣ» ин порчаҳоро нахонед.

^ сарх. 22 Нигаред ба сайти jw.org, бахши БИБЛЕЙСКИЕ УЧЕНИЯ > ВЕРА В БОГА, мақолаҳо аз рубрикаи «Подражайте их вере. Люди, о которых рассказывается в Библии».