Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 13

Чӣ тавр Яҳува шуморо ҳимоя мекунад?

Чӣ тавр Яҳува шуморо ҳимоя мекунад?

«Яҳува вафодоронро ҳимоя мекунад» (ЗАБ. 31:23, ТДН).

СУРУДИ 18 Муҳаббати садоқатмандонаи Худо

ПЕШГУФТОР *

1. Чаро Исо аз Яҳува илтимос кард, ки пайравонашро муҳофизат кунад?

ШАБИ пеш аз маргаш Исо оиди душвориҳое, ки шогирдонаш бояд дучор мешуданд, фикр мекард. Ӯ пайравонашро дӯст медошт, барои ҳамин ба Падараш дар дуо муроҷиат карда гуфт, ки онҳоро «аз Шайтон муҳофизат» кунад (Юҳ. 17:14, 15). Исо медонист, ки баъди ба осмон рафтанаш Шайтон Иблис бар зидди касоне, ки ба Яҳува хизмат кардан мехоҳанд, ҷангиданро давом медиҳад. Равшан аён буд, ки хизматгорони Яҳува ба ҳимояи Ӯ мӯҳтоҷ мешаванд.

2. Чӣ моро боварӣ бахшида метавонад, ки Яҳува ба дуоҳоямон ҷавоб медиҳад?

2 Яҳува ба дуои Исо ҷавоб дод, чунки Ӯ Писарашро дӯст медорад. Агар мо барои ба Яҳува писанд омадан ҳама чизи аз дастамон меомадаро кунем, Ӯ низ моро дӯст хоҳад дошт ва ба дуоҳоямон бодиққат гӯш дода моро дастгирӣ мекунад. Чун Падари ғамхор Яҳува мо — фарзандонашро минбаъд низ дар паноҳаш нигоҳ медорад. Зеро ин бо обрӯ ё ҷалол ёфтани номи Ӯ алоқаманд аст!

3. Чаро мо имрӯз ба ҳимояи Яҳува мӯҳтоҷем?

3 Имрӯзҳо аз пештара дида мо ба ҳимояи Яҳува бештар ниёз дорем. Зеро Шайтон, ки аз осмон партофта шудааст, «сахт дарғазаб аст» (Ваҳй 12:12). Ӯ баъзе мухолифони моро боварӣ бахшид, то гумон кунанд, ки бо таъқиб кардани мо «ба Худо хизмат карда» истодаанд (Юҳ. 16:2). Баъзеи дигар бошанд, моро барои он таъқиб мекунанд, ки мо ҳамранги одамони ҷаҳон нестем. Хулоса, бо кадом сабабе моро таъқиб накунанд, мо наметарсем. Чаро? Чунки Каломи Худо мегӯяд, ки Яҳува бо воситаи ҳазрати мо Исо ба мо «қувват мебахшад ва... аз Шайтон муҳофизат мекунад» (2 Тас. 3:3). Биёед фаҳмем, ки бо кадом ду роҳ Яҳува моро муҳофизат мекунад.

ЯҲУВА БА МО ЛИБОСИ ҶАНГӢ МЕДИҲАД

4. Аз рӯйи Эфсӯсиён 6:13–17 Яҳува барои ҳимояи мо чиро додааст?

4 Яҳува ба мо либоси ҷангиеро додааст, ки он моро аз ҳамлаҳои Шайтон муҳофизат карда метавонад. (Эфсӯсиён 6:13–17-ро хонед.) Ин либоси рӯҳонӣ мустаҳкам аст ва моро нағз ҳифз мекунад! Вале ин либос танҳо он вақт фоида меорад, агар мо ҳар як қисми онро ҳамеша дар бар кунем. Ҳар як қисми ин либоси ҷангӣ чӣ маъно дорад? Биёед якто ба якто фаҳмем.

5. Камарбанди ҳақиқат чист ва чаро бояд онро бандем?

5 Камарбанди ростӣ ин ҳақиқатҳои Каломи Худо мебошанд. Чаро мо бояд ин «камарбанд»-ро бандем? Чунки Шайтон «падари дурӯғ аст» (Юҳ. 8:44). Ӯ ҳазорсолаҳо боз бо дурӯғи худ «тамоми дунёро гумроҳ» карда истодааст (Ваҳй 12:9). Вале ҳақиқатҳои Каломи Худо моро аз гумроҳ шудан ҳимоя мекунанд. Агар мо ҳақиқатро дар бораи Яҳува омӯзем, Ӯро «дар рӯҳ ва ростӣ» ибодат кунем ва дар ҳама соҳаҳои ҳаёт ростқавлу ҳалолкор бошем, гӯё ин камарбандро ба миёни худ мебандем (Юҳ. 4:24; Эфс. 4:25; Ибр. 13:18).

Камарбанд: Ҳақиқатҳои Каломи Худо

6. Ҷавшани росткорӣ чист ва чаро мо онро бояд дар бар кунем?

6 Ҷавшани росткорӣ меъёрҳои одилонаи Яҳуваро тасвир мекунанд. Чаро пӯшидани он муҳим аст? Чуноне ки ҷавшани аслӣ дили аскарро аз тири душман муҳофизат мекунад, ҷавшани росткорӣ дили рамзии мо ё ботини моро аз таъсироти фасодовари ин ҷаҳон муҳофизат мекунад (Мас. 4:23). Яҳува интизор аст, ки мо бо тамоми дил Ӯро дӯст дорем ва хизматашро ба ҷо орем (Мат. 22:36, 37). Шайтон бошад, кӯшиш мекунад, ки дили моро ду тақсим кунад. Барои ин вай моро васваса мекунад, то чизҳои ин ҷаҳонро дӯст дорем — чизҳоеро, ки Яҳува аз онҳо нафрат дорад (Яъқ. 4:4; 1 Юҳ. 2:15, 16). Ва агар ин ҳиллаи ӯ ба кор наояд, ӯ моро ба таъқибот дучор мекунад, то тавре рафтор кунем, ки ба меъёрҳои Яҳува муқобиланд.

Ҷавшан: Меъёрҳои одилонаи Яҳува

7. Чӣ тавр мо ҷавшани росткориро пӯшида метавонем?

7 Мо ҷавшани росткориро дар бар мекунем, агар меъёрҳои Яҳуваро оиди некиву бадӣ қабул кунем ва аз рӯйи онҳо зиндагӣ кунем (Заб. 96:10). Баъзеҳо фикр мекунанд, ки меъёрҳои Яҳува гаронанд ва озодии шахсро маҳдуд мекунанд. Лекин агар мо аз рӯйи принсипҳои Худо зиндагӣ карданро бас кунем, мо монанди аскаре мешавем, ки дар нисфи ҷанг ҷавшанашро аз ҳад вазнин гуфта аз тан мекашад. Ин кор хеле бехирадона мебуд! Барои шахсоне, ки Яҳуваро дӯст медоранд, «амрҳои Ӯ гарон нестанд», балки ҳаётро наҷот медиҳанд (1 Юҳ. 5:3).

8. Пӯшидани «пойафзол»-и омодагӣ чӣ маъно дорад?

8 Павлуси расул инчунин моро ташвиқ кард, ки пойафзоли омодагиро барои эълон кардани хушхабари осоиштагӣ пӯшем. Яъне мо бояд ҳама вақт барои мавъиза кардани Подшоҳии Худо тайёр бошем. Вақте мо инро мекунем, имони худамон ҳам мустаҳкам мешавад. Дар ҳақиқат чӣ қадар хурсандиовар аст, дидани он ки халқи Худо дар тамоми гӯшаи дунё барои расондани хушхабар имконият меҷӯянд. Масалан, мо дар кор, мактаб, дар маҳаллҳои корӣ, хона ба хона, дар бозору мағозаҳо, ҳангоми сӯҳбат бо хешу шиносон ва ҳатто вақте аз хона баромада наметавонем, ин хабарро мавъиза мекунем. Агар мо ба тарс дода шуда мавъизаро бас кунем, мисли аскаре мегардем, ки дар вақти ҷанг пойафзолашро мекашад. Мо медонем, ки бо ӯ чӣ мешавад: пойи ӯ тез захм меёбад. Дар натиҷа, ҳангоми ҳамлаи душман ба ӯ худро муҳофизат кардан душвор хоҳад буд ва ӯ мувофиқи амри сардораш амал карда наметавонад.

Пойафзол: Бо омодагӣ мавъиза кардани хушхабар

9. Чаро сипари калони имонро бо худ гирифтан зарур аст?

9 Сипари калони имон гуфта имони ба Яҳува доштаи мо дар назар дошта шудааст. Мо боварӣ дорем, ки Яҳува ҳамаи ваъдаҳояшро иҷро мекунад. Ин имон ба мо кӯмак мекунад, ки «тамоми тирҳои оташдори Шайтонро хомӯш» кунем. Чаро ин «сипари калон»-ро бо худ гирифтан зарур аст? Чунки агар мо сипари имон дошта бошем, мо аз таълимоти осиён гумроҳ намешавем ва аз шунидани мазоҳу масхараи одамон рӯҳафтода намегардем. Агар имонамон қавӣ набошад, қуввати мо намерасад, ки ба фишор ва таъсири бади дигарон муқобилат кунем. Лекин доштани сипари имон ба мо ёрӣ медиҳад, ки ҳар дафъа вақте ҳамсинфон ё ҳамкорон моро ба кори нодуруст тела доданӣ мешаванд, онро накунем (1 Пет. 3:15). Бо сипари имон мо ҳар дафъа кори сердаромадеро, ки барои мунтазам ибодат кардани Яҳува ба мо халал мерасонад, рад мекунем (Ибр. 13:5, 6). Ва ин сипар ба мо ёрӣ медиҳад, ки ба зиддияти дигарон нигоҳ накарда ба Яҳува хизмат карданро давом диҳем (1 Тас. 2:2).

Сипар: Имон ба Яҳува ва ба ваъдаҳои Ӯ

10. Кулоҳи наҷот чист ва чаро мо бояд онро ба сарамон пӯшем?

10 Кулоҳи наҷот ин умедест, ки Яҳува ба мо додааст. Мо умед дорем, ки Яҳува ҳамаи онҳоеро, ки хости Ӯро ба ҷо меоранд, мукофот медиҳад ва агар мо ҳатто вафот кунем ҳам, Ӯ моро эҳё мекунад (1 Тас. 5:8; 1 Тим. 4:10; Тит. 1:1, 2). Чуноне ки кулоҳи ҷангӣ сари аскарро муҳофизат мекунад, умед ба наҷот фикрронии моро муҳофизат мекунад. Чӣ тавр? Умедамон ба мо ёрӣ медиҳад, ки диққатамонро на ба душвориҳоямон, балки ба ваъдаҳои Худо равона кунем. Чӣ тавр мо ин «кулоҳ»-ро пӯшида метавонем? Агар ба ҳама чиз аз назари Худо нигарем. Масалан, Худо мегӯяд, ки ба сарвату боигарӣ неву ба Ӯ умед бандем. Ва чунин карда мо «кулоҳи наҷот»-ро ба сарамон мепӯшем (Заб. 25:2; 103:34; 1 Тим. 6:17).

Кулоҳ: Умед ба ҳаёти ҷовидона

11. Шамшери рӯҳ чист ва чаро мо бояд онро ба кор барем?

11 Шамшери рӯҳ ин Каломи Худо — Китоби Муқаддас аст. Ин шамшер қудрат дорад, ки ҳар гуна дурӯғро фош кунад ва одамонро аз банди таълимоти дурӯғ ва одатҳои зараровар озод кунад (2 Қӯр. 10:4, 5; 2 Тим. 3:16, 17; Ибр. 4:12). Мо дуруст ба кор бурдани ин шамшерро ҳангоми омӯзиши шахсӣ ва аз таълиме, ки ташкилоти Худо медиҳад, ёд гирифта метавонем (2 Тим. 2:15). Ғайр аз либоси ҷангӣ, Яҳува боз бо як роҳи дигар моро ҳимоя мекунад. Биёед дар ин бора фаҳмем.

Шамшер: Китоби Муқаддас

МО ДАР МУҲОРИБА ТАНҲО НЕСТЕМ

12. Мо боз ба чӣ мӯҳтоҷем ва барои чӣ?

12 Аскари ботаҷриба медонад, ки ба муқобили қӯшуни калон танҳо худаш бо муваффақият ҷангида наметавонад; ӯ ба ёрдами дигар аскарон мӯҳтоҷ аст. Ба ин монанд, мо бо қуввати худ ба Шайтону тарафдорони вай дастболо шуда наметавонем; мо ба ёрдами бародару хоҳарон мӯҳтоҷем. Яҳува дар саросари ҷаҳон ба мо бародару хоҳарон додааст, ки ба ёрдами мо ҳозиранд (1 Пет. 2:17).

13. Мувофиқи Ибриён 10:24, 25 ба вохӯриҳо рафтан ба мо чӣ манфиат меорад?

13 Масалан, мо аз вохӯриҳои ҷамъомад қувват мегирем. (Ибриён 10:24, 25-ро хонед.) Баъзан ҳар яки мо рӯҳафтодагӣ ҳис мекунем. Дар чунин ҳолатҳо вохӯриҳои ҷамъомад ба мо хурсандӣ бахшида метавонанд. Вақте мо нутқҳои бар Китоби Муқаддас асосёфтаро мешунавем, баромади хоҳару бародаронро тамошо мекунем ва шарҳҳояшонро гӯш мекунем, хоҳиши ба Яҳува хизмат кардан дар мо қавӣ мегардад. Пеш аз ҷамъомад ё баъди он бо ҳамимонон муошират кардан моро рӯҳбаланд месозад (1 Тас. 5:14). Дар вохӯриҳо мо имконият дорем, ки ба дигарон кӯмак кунем, ки ин ҳам ба мо хурсандӣ меорад (Аъм. 20:35, Рум. 1:11, 12). Вохӯриҳо аз дигар ҷиҳат низ ба мо кӯмак мекунанд. Мо дар онҳо маҳорати худро дар хизмат беҳтар мегардонем. Масалан, мо истифодаи адабиёту видеонаворҳоеро, ки ба «Маводи таълимӣ» дохил мешаванд, хубтар ёд мегирем. Аз ин рӯ, ба ҷамъомадҳо хуб тайёрӣ бинед ва дар вақти вохӯрӣ бодиққат гӯш кунед. Баъди ҷамъомад чизҳои фаҳмидаатонро ба кор баред. Чунин карда шумо «сарбози хуби Исои Масеҳ» мешавед (2 Тим. 2:3).

14. Яҳува боз бо кадом роҳ ба мо кӯмак мекунад?

14 Инчунин моро миллионҳо фариштагони пурқудрат дастгирӣ мекунанд. Танҳо фикр кунед, ки як фаришта ба чӣ қодир аст! (Иш. 37:36). Акнун тасаввур кунед, ки лашкари фариштагон чӣ қадар корҳои бузургро карда метавонанд. На одамон ва на девҳо аз ин лашкари пурқудрати Яҳува зӯр баромада наметавонанд. Чи хеле ки мегӯянд, Яҳува + як хизматгори содиқаш = аксарият аст (Дов. 6:16). Бале, ба ин шубҳае нест! Барои ҳамин вақте ягон ҳамкор, ҳамсинф ва ё хеши ҳамимоннабудаатон шуморо бо сухан ё рафторашон тарсонданӣ мешаванд, ин фикрҳоро ба ёд оред. Донед, ки шумо дар ин ҷанги рӯҳонӣ танҳо нестед. Азбаски шумо гуфти Яҳуваро карда истодаед, Ӯ шуморо дастгирӣ мекунад.

ЯҲУВА ДАР ОЯНДА НИЗ МОРО МУҲОФИЗАТ МЕКУНАД

15. Мувофиқи Ишаъё 54:15, 17 чаро халқи Худоро ягон қувва аз мавъиза боздошта наметавонад?

15 Ҷаҳони Шайтон аз бисёр сабаб моро чашми дидан надорад. Масалан, аз сабаби он ки мо дар сиёсат қатъиян мавқеи бетарафиро нигоҳ медорем ва дар ҷангҳо иштирок намекунем. Мо номи Худоро эълон мекунем, мавъиза мекунем, ки танҳо Подшоҳии Худо ба рӯйи замин сулҳу осоиштагӣ меорад ва мувофиқи меъёрҳои Худо зиндагӣ мекунем. Мо ба одамон дурӯғгӯй ва қотил будани ҳокими ин ҷаҳон — Шайтонро фош мекунем (Юҳ. 8:44). Ва эълон менамоем, ки ҷаҳони Шайтон ба наздикӣ нест мешавад. Шайтон ва пайравони вай бошанд, моро ҳеҷ гоҳ аз кори мавъиза боздошта наметавонанд. Баръакс, мо ҳар як имкониятро истифода бурда Яҳуваро ҷалол медиҳем. Ҳарчанд Шайтон пурқувват аст, вай натавонист ва наметавонад моро боздорад, ки хушхабарро дар тамоми замин паҳн кунем. Чунки Яҳува моро ҳимоя карда истодааст. (Ишаъё 54:15, 17-ро хонед.)

16. Яҳува ҳангоми мусибати бузург барои халқаш чӣ кор мекунад?

16 Моро дар пеш чӣ интизор аст? Дар давоми мусибати бузург Яҳува халқашро ба таври ҳайратангез ҳимоя мекунад. Вақте Ӯ подшоҳони заминро ба сарнагун кардани Бобули бузург — империяи динҳои дурӯғ бармеангезад, Ӯ ходимони содиқашро дар паноҳаш нигоҳ медорад (Ваҳй 17:16–18; 18:2, 4). Сипас, вақте Яҳува қисмҳои боқимондаи ҷаҳони Шайтонро дар Ҳармаҷиддӯн нест мекунад, Ӯ халқашро наҷот медиҳад (Ваҳй 7:9, 10; 16:14, 16).

17. Ба Яҳува наздик мондан чаро ба манфиати мост?

17 Вақте мо ба Яҳува наздик мемонем, Шайтон ба мо ягон зарари бартарафнашаванда расонда наметавонад. Дар асл, худи вай абадан нест хоҳад шуд (Рум. 16:20). Барои ҳамин либоси ҷангиеро, ки аз Худост, пурра дар бар кунед ва онро ҳеҷ гоҳ накашед! Ба муқобили Шайтон ва ҷаҳони вай ба танҳоӣ наҷангед. Бародару хоҳаронро дастгирӣ кунед. Аз рӯйи дастуроти Яҳува амал намоед. Агар ин корҳоро кунед, боварӣ дошта метавонед, ки Падари осмониатон шуморо қувват мебахшад ва муҳофизат мекунад (Иш. 41:10).

СУРУДИ 132 Суруди ғалаба

^ сарх. 5 Яҳува дар Каломаш ваъда додааст, ки моро қувват мебахшад ва моро на танҳо аз ҷиҳати рӯҳонӣ, балки аз дигар чизҳо низ, ки ба мо зарари бартарафнашаванда мерасонанд, ҳимоя хоҳад кард. Дар ин мақола мо ба саволҳои зерин ҷавоб меёбем: Чаро мо мӯҳтоҷем, ки Яҳува моро ҳимоя кунад? Ӯ чӣ тавр моро муҳофизат мекунад? Барои аз кӯмаки Яҳува манфиат гирифтан мо бояд чӣ кор кунем?