МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 9
Ҷавонон, чӣ хел шумо боварии дигаронро ба даст оварда метавонед?
«Қавми Ту дар рӯзи қуввати Ту ба ихтиёр ҳозир шуданд» (ЗАБ. 109:3).
СУРУДИ 4 Дар назди Худо номи нек пайдо кунед
ПЕШГУФТОР *
1. Дар бораи бародарони ҷавон чӣ гуфтан мумкин аст?
БАРОДАРОНИ ҷавон, шумо ба ҷамъомад бисёр кӯмак карда метавонед. Аксари шумо бақуввату тавоноед (Мас. 20:29). Шумо барои ҷамъомад хеле пурарзишед. Шояд шумо мехоҳед, ки хизматгузори ҷамъомад шавед, лекин ҳис мекунед, ки ба назари дигарон камтаҷриба ва аз ҳад ҷавон метобед. Ҳатто ҷавон бошед ҳам, барои ба даст овардани ҳурмату эҳтироми дигарон шумо бисёр чизҳоро карда метавонед.
2. Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?
2 Дар ин мақола мо асосан оиди саргузашти шоҳ Довуд гап мезанем. Ҳамчунин мо кӯтоҳ дида мебароем, ки бо ду шоҳи Яҳудо — Осо ва Еҳӯшофот чӣ рӯй дод. Мо мефаҳмем, ки ин се мард бо чӣ гуна душвориҳо дучор шуданд, дар он вазъиятҳо чӣ гуна амал намуданд ва бародарони ҷавон аз мисоли онҳо чӣ омӯхта метавонанд.
АЗ ШОҲ ДОВУД ИБРАТ ГИРЕД
3. Яке аз роҳҳое, ки ҷавонон ба калонсолони ҷамъомад ёрдам карда метавонанд, кадом аст?
3 Довуд дар наврасиаш ҳунарҳоеро аз худ карда буд, ки дигарон фоиданок меҳисобиданд. Бешубҳа, ӯ бо Яҳува муносибати наздик дошт. Инчунин Довуд бисёр машқ мекард, то 1 Подш. 16:16, 23). Ҷавонон, оё шумо ҳунару қобилияте доред, ки ба аъзоёни ҷамъомад фоида оварда метавонад? Бисёриҳо чунин қобилият доранд. Масалан, шумо метавонед ба калонсолон фаҳмонед, ки чӣ тавр онҳо таҷҳизоти электронии худро барои гузарондани омӯзиши шахсӣ ва ҷамъомад хубтар истифода баранд. Бисёри онҳо аз ин кӯмаки шумо хеле миннатдор мешуданд.
навозандаи моҳир шавад ва ин ҳунарашро барои кӯмак ба Шоул — шоҳи таъйинкардаи Яҳува истифода бурд (4. Бародарони ҷавон мисли Довуд бояд кадом хислатҳоро дар худ инкишоф диҳанд? (Ба расми муқоваи маҷалла нигаред.)
4 Аз воқеаҳои ҳаёти Довуд фаҳмидан мумкин аст, ки ӯ бачаи бомасъулият ва боваринок буд. Масалан, ӯ дар наврасиаш боғайратона рамаи падарашро чӯпонӣ мекард. Ин кори хатарнок буд. Баъдтар Довуд ба шоҳ Шоул чунин гуфт: «Бандаат рамаи падари худро мечаронид, ва ҳангоме ки шер ё хирсе омада, барраеро аз рама мерабуд, ман аз ақиби он берун омада, онро мекуштам ва аз даҳонаш раҳо мекардам» (1 Подш. 17:34, 35). Довуд дар нигоҳубини гӯсфандони падараш худро ҷавобгар ҳис мекард ва далерона онҳоро ҳимоя мекард. Бародарони ҷавон аз таҳти дил ҳар гуна супоришро иҷро намуда ба Довуд пайравӣ карда метавонанд.
5. Мувофиқи Забур 24:14 барои бародарони ҷавон кадом чиз аз ҳама муҳим мебошад?
5 Довуди ҷавон бо Яҳува муносибатҳои наздик инкишоф дод. Ин муносибатҳо назар ба далерии ӯ ва маҳорати навохтани асбобҳои мусиқӣ муҳимтар буданд. Довуд Яҳуваро на фақат Худо, балки ҳамчунин Дӯсти наздики худ меҳисобид. (Забур 24:14-ро хонед.) Бародарони ҷавон, шумо низ муносибати худро бо Падари осмониатон қавӣ созед, зеро ин аз ҳама чизи муҳим аст. Он гоҳ дар ҷамъомад ба шумо супоришҳои бештар дода метавонанд.
6. Баъзеҳо дар бораи Довуд чӣ гуна ақидаҳои нодуруст доштанд?
6 Баъзе одамон нисбати Довуд гумони нодуруст доштанд. Вақте Довуд пешниҳод кард, ки бо Ҷолёт ҷанг мекунад, шоҳ Шоул ӯро аз ин боздоштанӣ шуда гуфт: «Ту ҷавон ҳастӣ» (1 Подш. 17:31–33). Чанде пеш бародари Довуд ӯро айбдор кард, ки ӯ бемасъулият аст (1 Подш. 17:26–30). Лекин Яҳува ба Довуд тамоман дигар хел назар мекард, Ӯ фикр намекард, ки вай аз ҳад ҷавон ё бемасъулият аст. Ӯ медонист, ки Довуд ба чӣ қобил аст. Ва Довуд ба Дӯсти худ — Яҳува такя намуда бар Ҷолёт ғолиб омад (1 Подш. 17:45, 48–51).
7. Шумо аз як нақл оиди Довуд чӣ дарс мегиред?
7 Ҷавонон, шумо аз мисоли Довуд чӣ дарс мегиред? Чуноне ки дидем, пурсабр будан лозим аст, зеро ба онҳое, ки шуморо аз кӯдакӣ мешиносанд шояд вақт даркор аст, ки ба шумо чун ба шахси баркамол муносибат кунанд. Дилпур бошед, ки Яҳува шуморо на фақат чун як ҷавон мешиносад, Ӯ хуб медонад, ки шумо чӣ гуна хислатҳо доред ва аз дастатон чӣ меояд (1 Подш. 16:7). Дарси дигар ин аст, ки шумо бояд муносибати худро бо Яҳува мустаҳкамтар кунед. Барои ин Довуд офаридаҳои Яҳуваро бодиққат мушоҳида мекард ва мулоҳиза меронд, ки аз онҳо дар бораи Офаридгор чӣ омӯхта метавонад (Заб. 8:4, 5; 138:14; Рум. 1:20). Боз барои ба Яҳува наздик шудан шумо метавонед аз Ӯ қувват пурсед. Масалан, оё ягон ҳамсинфатон шуморо аз барои Шоҳиди Яҳува буданатон масхара мекунад? Агар ин тавр бошад, пас аз Яҳува дар дуо кӯмак пурсед. Ва аз рӯйи маслиҳатҳои Каломи Худо ва адабиёту видеонаворҳое, ки бар он асос меёбанд, амал кунед. Ҳар дафъа вақте шумо мебинед, ки чӣ тавр Яҳува ба шумо кӯмак мекунад, имонатон ба Ӯ торафт қавитар мегардад. Илова бар ин, вақте ҳамимонон мебинанд, ки шумо ба Яҳува такя мекунед, мефаҳманд, ки шумо сазовори боварӣ ҳастед.
8, 9. Чӣ ба Довуд ёрдам кард, ки подшоҳ шуданашро пурсаброна интизор шавад ва бародарони ҷавон аз мисоли ӯ чӣ омӯхта метавонанд?
8 Биёед душвории дигареро дида бароем, ки Довуд бо он рӯ ба рӯ шуд. Баъди он ки Довудро ба подшоҳӣ тадҳин карданд, ӯ солҳои зиёд интизор шуд, то ки шоҳи Яҳудо гардад (1 Подш. 16:13; 2 Подш. 2:3, 4). Чӣ ба вай ёрдам дод, ки пурсаброна интизор шавад? Ба ҷойи рӯҳафтода шуда шиштан, ӯ диққаташро ба корҳое равона намуд, ки карда метавонист. Масалан, вақте Довуд дар сарзамини фалиштиён гуреза буд, ӯ аз фурсат истифода бурда бар зидди душманони халқи Исроил меҷангид. Ҳамин тавр ӯ сарҳадҳои Яҳудоро муҳофизат мекард (1 Подш. 27:1–12).
9 Бародарони ҷавон аз рафтори Довуд чӣ омӯхта метавонанд? Мисли Довуд ҳар як фурсатро истифода бурда ба Яҳува ва бародарони худ хизмат кунед. Мисоли Рикардо * ном бародареро дида мебароем. Ӯ ҳанӯз аз наврасӣ орзу дошт, ки пешрави доимӣ шавад. Вале пирон гуфтанд, ки ӯ ҳоло ба ин тайёр нест. Ба ҷойи рӯҳафтода ва хафа шудан, ӯ қарор дод, ки бисёртар хизмат мекунад. Ӯ мегӯяд: «Ба гузашта назар карда ман мефаҳмам, ки хизматамро бояд беҳтар мекардам. Ман мақсад мондам, ки ҳар шавқмандро боздид кунам ва ба боздидҳо нағз тайёрӣ бинам. Ҳатто бори аввал ман бо шахсе омӯзиш сар кардам. Дар хизмат бисёр иштирок карда, ҳаяҷонам камтар мешуд ва бо дилпурӣ гап заданро ёд мегирифтам». Ҳоло Рикардо пешрави хуб ва хизматгузори ҷамъомад аст.
10. Боре Довуд пеш аз қабули қарори муҳим чӣ кор кард?
10 Аз ҳаёти Довуд мисоли дигареро меорем. Боре ҳангоми дар замини фалиштиён гуреза буданаш, ӯву ҳамроҳонаш оилаҳои худро монда ба ҷанг рафтанд. Дар набудани онҳо душманон хонаҳои онҳоро ғорат намуда зану фарзандонашонро ба асирӣ бурданд. Довуд метавонист гумон кунад, ки азбаски ӯ ҷанговари ботаҷриба аст, нақшаи хуб кашида ба осонӣ асиронро раҳо карда 1 Подш. 30:7–10). Мо аз ин воқеа чӣ панд мегирем?
метавонад. Лекин ӯ ба таҷрибаи худ такя накард ва аз Яҳува роҳнамоӣ ҷуст. Бо кӯмаки Абётори коҳин Довуд аз Яҳува пурсид: «Оё ин фавҷро [тӯдаи одамонро] дунболагирӣ намоям?» Яҳува нишон дод, ки Довуд бояд аз паси ғоратгарон равад ва ӯро боварӣ бахшид, ки муваффақ мегардад (11. Чӣ ба шумо кӯмак мекунад, ки қарорҳои хуб қабул кунед?
11 Пеш аз қабул кардани қарорҳо аз дигарон роҳнамоӣ ҷӯед. Бо волидонатон маслиҳат кунед. Пирони ҷамъомад низ ба шумо маслиҳати хуб дода метавонанд. Яҳува ба ин мардони таъйиншуда бовар мекунад, шумо низ ба онҳо бовар карда метавонед. Яҳува онҳоро барои ҷамъомад «чун ато» додааст (Эфс. 4:8). Ба имони онҳо пайравӣ карда ва ба суханони хирадмандонаи онҳо гӯш дода шумо манфиат мегиред. Ҳоло биёед фаҳмем, ки аз мисоли шоҳ Осо мо чӣ омӯхта метавонем.
АЗ САРГУЗАШТИ ШОҲ ОСО ТАЪЛИМ ГИРЕД
12. Шоҳ Осо дар аввали ҳукмронияш чӣ гуна хислатҳо дошт?
12 Шоҳ Осо дар ҷавониаш фурӯтану далер буд. Масалан, ҳамин ки вай баъди марги падараш Абиё бар тахт нишаст, бар зидди бутпарастӣ мубориза бурданро сар кард. Ӯ инчунин «ба аҳли Яҳудо гуфт, ки Худованд Худои падарони худро ҷӯё бошанд, ва шариат ва аҳкомро ба амал оваранд» (2 Вақ. 14:1–7). Вақте Зораҳи ҳабашӣ бар зидди Яҳудо бо 1 000 000 сарбоз ба ҷанг баромад, Осо бохирадона амал намуда ба Яҳува рӯ оварда гуфт: «Худовандо ҷуз Ту касе нест, ки ба камзӯр ба муқобили пурзӯр тавонад мадад расонад. Пас, эй Худованд Худои мо, ба мо мадад расон, зеро ки мо ба Ту таваккал кардаем». Ин суханони зебо нишон медиҳанд, ки Осо ба Яҳува имони бисёр қавӣ дошт ва дилпур буд, ки Худо ӯву халқашро наҷот дода метавонад. Осо ба Падари осмониаш такя мекард ва Ӯ «ҳабашиёнро... шикаст дод» (2 Вақ. 14:8–12).
13. Баъдтар бо Осо чӣ рӯй дод ва чаро?
13 Албатта, бар зидди 1 000 000 лашкар баромадан душвор буд, лекин азбаски Осо ба Яҳува такя кард, ғалаба ба даст овард. Аммо афсӯс, ки ҳангоми сар задани душвории на он қадар калон Осо аз Яҳува роҳнамоӣ наҷуст. Вақте подшоҳи бадкори Исроил Баъшо ба Осо таҳдид кард, Осо бо Яҳува маслиҳат накард. Ба ҷойи ин вай аз подшоҳи 2 Вақ. 16:7, 9; 3 Подш. 15:32). Мо аз ин чӣ дарс мегирем?
Арам мадад пурсид. Оқибати ин қарораш ҳалокатовар буд! Баъд аз ин Осо ҳама вақт бо ҷангҳо рӯ ба рӯ мешуд. Яҳува ба воситаи пайғамбар Ҳанонӣ ба Осо сабаби инро фаҳмонда гуфт: «Ту ба подшоҳи Арам таваккал кардӣ, валекин ба Худованд Худои худ таваккал накардӣ» (14. Чӣ тавр шумо ба Яҳува такя карда метавонед ва мувофиқи 1 Тимотиюс 4:12 ин чӣ натиҷа меорад?
14 Хоксор монед ва ба Яҳува такя карданро давом диҳед. Бо таъмид гирифтанатон шумо имони қавӣ ва ба Яҳува такя карданатонро нишон додед. Яҳува бошад, шуморо бо хурсандӣ ба оилаи Худ қабул кард. Акнун муҳим аст, ки минбаъд низ ба Яҳува такя кунед. Табиист, ки дар масъалаҳои муҳими ҳаёт шахс ба Яҳува таваккал мекунад, вале дар мавриди қарорҳои начандон муҳим чӣ гуфтан мумкин? Хеле муҳим аст, ки дар ҳар маврид, хоҳ дар мавриди интихоби вақтхушӣ бошад, хоҳ дар интихоби ҷойи кор ва гузоштани мақсадҳо ба Яҳува такя кунед! Ба хиради худ такя накунед. Аз Китоби Муқаддас принсипҳоеро ҷӯед, ки дар вазъияти шумо корбурданд ва сипас мувофиқи онҳо амал кунед (Мас. 3:5, 6). Агар ин тавр кунед, дили Яҳуваро хурсанд месозед ва ҳурмати бародару хоҳарони ҷамъомадро сазовор мегардед. (1 Тимотиюс 4:12-ро хонед.)
АЗ САРГУЗАШТИ ШОҲ ЕҲӮШОФОТ ТАЪЛИМ ГИРЕД
15. Мувофиқи 2 Вақоеънома 18:1–3; 19:2 шоҳ Еҳӯшофот ба чӣ гуна хатогӣ роҳ дод?
15 Ҷавонон, албатта, чун ҳар яки мо шумо нокомил ҳастед ва баъзан ба хатогиҳо роҳ медиҳед. Аммо бо вуҷуди ин шумо метавонед аз таҳти дил ба Яҳува хизмат кунед. Мисоли шоҳ Еҳӯшофотро дида мебароем. Ӯ бисёр хислатҳои хуб дошт. Ва аз аввали ҳукмронияш «Худои падари худро ҷӯё шуд, ва мувофиқи аҳкоми Ӯ рафтор намуд». Ҳамчунин ӯ ба шаҳрҳои Яҳудо сарваронро фиристод, то мардумро дар бораи Яҳува таълим диҳанд (2 Вақ. 17:4, 7). Еҳӯшофот одами софдил бошад ҳам, баъзан қарорҳои нодуруст мебаровард. Баъд аз як қарори нодурусташ Яҳува намояндаашро фиристода ӯро танбеҳ дод. (2 Вақоеънома 18:1–3; 19:2-ро хонед.) Шумо аз ин нақл чӣ панд гирифта метавонед?
16. Шумо аз мисоли бародар Раҷив чӣ омӯхта метавонед?
16 Насиҳатро қабул кунед ва онро ба кор баред. Шояд мисли бисёр ҷавонон ба шумо 1 Тимотиюс 4:8 оварда шудааст, мулоҳиза ронам». Раҷив фурӯтанона он маслиҳатро қабул намуд ва фикр кард, ки чӣ бояд дар ҳаёташ аввалиндараҷа бошад. Ӯ мегӯяд: «Ман қарор додам, ки дар ҳаётам мақсадҳои рӯҳониро дар якум ҷо мегузорам». Дар натиҷа чӣ шуд? «Якчанд сол пас аз гирифтани он маслиҳат,— мегӯяд Раҷив — маро хизматгузори ҷамъомад таъйин карданд».
низ хизмати Яҳуваро дар якум ҷо мондан осон набошад. Рӯҳафтода нашавед! Ба мисоли бародари ҷавонамон Раҷив аҳамият диҳед. Ӯ наврасиашро ба ёд оварда чунин мегӯяд: «Ман баъзан намедонистам, ки ҳаётамро ба чӣ бахшам. Чун дигар ҷавонон ман назар ба иштирок кардан дар вохӯриҳои ҷамъомад ва мавъиза ба варзиш ва вақтхушӣ бештар шавқ доштам». Чӣ ба Раҷив ёрдам дод? Як пири ғамхор ӯро насиҳат кард. Раҷив нақл мекунад: «Ӯ ба ман кӯмак кард, то дар бораи принсипе, ки дарБИГЗОР ПАДАРИ ОСМОНИАТОН БО ШУМО ФАХР КУНАД!
17. Калонсолон ба ҷавононе, ки ба Яҳува хизмат мекунанд, чӣ тавр менигаранд?
17 Бародарони ҷавон, калонсолон шуморо, ки ҳамроҳашон якдилона Яҳуваро ибодат мекунед, хеле қадр мекунанд (Саф. 3:9). Ба онҳо хеле маъқул аст, ки шумо ҳамаи супоришҳоро бо тамоми ғайрат ба ҷо меоред. Шумо барои онҳо азизу дилписандед (1 Юҳ. 2:14).
18. Мувофиқи Масалҳо 27:11 чӣ тавр Яҳува ба хизматгорони ҷавони худ муносибат мекунад?
18 Ҷавонон, ҳеҷ вақт фаромӯш накунед, ки Яҳува шуморо дӯст медорад ва ба шумо бовар мекунад. Яҳува пешгӯй кард, ки дар замони охир лашкари сершумори ҷавононе мешаванд, ки ихтиёран ба Ӯ хизмат мекунанд (Заб. 109:1–3). Яҳува медонад, ки шумо Ӯро дӯст медоред ва мехоҳед ба Ӯ аз таҳти дил хизмат кунед. Барои ҳамин нисбати дигарон ва нисбати худ пурсабр бошед. Вақте ба хатогиҳо роҳ медиҳед, маслиҳату насиҳатеро, ки ба шумо медиҳанд, қабул намоед ва ба онҳо тавре муносибат кунед, ки аз ҷониби Яҳуваанд (Ибр. 12:6). Ҳама супоришҳоро боғайратона иҷро намоед. Ва пеш аз ҳама, бо тамоми корҳоятон Падари осмониатонро хурсанд созед, то Ӯ бо шумо фахр кунад. (Масалҳо 27:11-ро хонед.)
СУРУДИ 89 Насиҳати падаронаи Яҳува: «Эй писарам, бохирад бош»
^ сарх. 5 Вақте бародарони ҷавон бо Яҳува дӯстии наздик инкишоф медиҳанд, мехоҳанд, ки бештар ба Ӯ хизмат кунанд. Барои хизматгузори ҷамъомад шудан онҳо бояд ҳурмату эҳтироми бародару хоҳаронро ба даст оранд ва обрӯйи хубро нигоҳ доранд. Бародарони ҷавон барои ин чӣ кор карда метавонанд?
^ сарх. 9 Баъзе номҳо иваз шудаанд.