МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 12
СУРУДИ 143 Нур дар дунёи торик
Аз торикӣ дур шавед, дар рӯшноӣ монед
«Шумо замоне торикӣ будед, вале, акнун... нур ҳастед» (ЭФС. 5:8).
МАҚСАД
Мо мебинем, ки аз ташбеҳҳои рӯшноӣ ва торикӣ, ки дар Эфсӯсиён боби 5 омадаанд, чӣ омӯхта метавонем.
1, 2. а) Нома ба эфсӯсиён дар кадом вазъият навишта шуд? б) Мо кадом саволҳоро дида мебароем?
ВАҚТИ дар Рум, дар ҳабси хонагӣ, буданаш Павлуси расул мехост ҳамимононашро рӯҳбаланд кунад. Азбаски ӯ онҳоро хабар гирифта наметавонист, номаҳо менавишт. Яке аз номаҳоро ӯ соли 60 ё 61-и милодӣ ба эфсӯсиён навиштааст (Эфс. 1:1; 4:1).
2 Қариб 10 сол пеш аз навиштани он нома Павлус вақти зиёде дар Эфсӯс истода бо таълиму мавъиза машғул буд (Кор. 19:1, 8–10; 20:20, 21). Ӯ бародару хоҳарони он ҷоро дӯст медошт ва мехост ба онҳо ёрӣ расонад, то онҳо ба Яҳува содиқ монанд. Вале барои чӣ ӯ ба масеҳиёни тадҳиншуда дар бораи рӯшноию торикӣ навишт? Аз маслиҳати ӯ ҳамаи масеҳиён чӣ дарс мегиранд? Биёед ба ин саволҳо ҷавоб меёбем.
АЗ ТОРИКӢ БА РӮШНОӢ
3. Павлус дар номааш ба эфсӯсиён кадом муқоисаҳоро истифода бурд?
3 Павлуси расул ба масеҳиёни Эфсӯс навишта буд: «Шумо замоне торикӣ будед, вале, акнун. . . нур ҳастед» (Эфс. 5:8). Павлуси расул ин ҷо дар бораи ду мафҳуми муқобил гап мезанад: рӯшноӣ ва торикӣ. Биёед бинем, ки чаро ӯ мегӯяд, ки бародару хоҳарони Эфсӯс «замоне торикӣ» буданд.
4. Ба кадом маъно эфсӯсиён дар торикии динӣ буданд?
4 Торикии динӣ. Пеш аз фаҳмидани ростӣ ва масеҳӣ шудан масеҳиёни Эфсӯс, ки Павлус ба онҳо менависад, пештар ғуломи таълимоту боварҳои дурӯғ буданд. Дар шаҳри Эфсӯс ибодатхонаи машҳури занхудо Артемида ҷойгир буд, ки яке аз ҳафт аҷоиботи олам ба ҳисоб мерафт. Касоне, ки ба он ибодатхона мерафтанд, ғарқи бутпарастӣ буданд. Бутсозон аз сохтани ҳайкали Артемида ва нусхаҳои ибодатхонаи ӯ даромади калоне доштанд (Кор. 19:23–27). Ҳамчунин ин шаҳр дар ҷодугарӣ ном бароварда буд (Кор. 19:19).
5. Ба кадом маъно эфсӯсиён дар торикии ахлоқӣ буданд?
5 Торикии ахлоқӣ. Эфсӯс дар бадахлоқию беҳаёгӣ машҳур шуда буд. Гуфтори бешармона дар намоишгоҳҳову идҳои динӣ зуд-зуд садо медод (Эфс. 5:3). Дар бораи мардуми он ҷо гуфта мешавад, ки «онҳо ору номусро тамоман аз даст додаанд», ки тарҷумаи як ба якаш чунин аст: «Онҳо дардро дигар ҳис намекунанд» (Эфс. 4:17–19). Пеш аз фаҳмидани ҳақиқат ва дарк кардани некию бадӣ азобу дарди виҷдон барои эфсӯсиён як чизи бегона буд. Онҳо худро барои ин рафторашон дар пеши Яҳува ҷавобгар намедонистанд. Аз ин рӯ Павлус дар бораашон гуфта буд: «Ақли он одамон тира гаштааст ва онҳо аз ҳаёте, ки Худо медиҳад, дуранд».
6. Чаро Павлус ба эфсӯсиён гуфт, ки акнун шумо «нур ҳастед»?
6 Аммо баъзе аз эфсӯсиён дар торикӣ намонданд. Павлус дар бораи онҳо навишт: «Акнун ки бо Ҳазрат ягонагӣ доред, нур ҳастед» (Эфс. 5:8). Онҳо дилашонро барои нури ростии Калом боз карданд (Заб. 119:105). Ин эфсӯсиён бо одату маросимҳои дини дурӯғ ва бадахлоқӣ хайрухуш карданд. Онҳо пайравони Яҳува гашта, барои парастиш кардану дили ӯро ёфтан тамоми кӯшишашонро ба харҷ медоданд (Эфс. 5:1).
7. Вазъияти мо аз кадом ҷиҳат ба масеҳиёни Эфсӯс монанд аст?
7 Мо низ, пеш аз фаҳмидани ростӣ, дар торикии динию ахлоқӣ будем. Баъзеямон идҳои дини дурӯғро ҷашн мегирифтем, баъзеи дигарамон ҳаёти бадахлоқона ба сар мебурдем. Вале, вақте мо фаҳмидем чӣ аз нигоҳи Яҳува дуруст асту чӣ не, дар зиндагиямон дигаргуниҳо даровардан гирифтем, то аз рӯйи талаботи росткоронаи Худо умр ба сар барем. Ин кӯшишҳои мо бароямон фоидаи бисёр оварданд (Иш. 48:17). Аммо муборизаамон ҳоло ҳам давом дорад. Мо бояд аз торикие, ки таркаш кардаем, дур бошем ва «чун фарзандони нур рафтор» кардан гирем. Инро чӣ тавр кардан мумкин?
АЗ ТОРИКӢ ДУР БОШЕД
8. Мувофиқи Эфсӯсиён 5:3–5 эфсӯсиён бояд аз кадом кор дурӣ меҷустанд?
8 Эфсӯсиён 5:3–5-ро хонед. Барои дубора ба торикии ахлоқӣ наафтидан масеҳиёни Эфсӯс бояд минбаъд низ аз рафтори ба Яҳува нофорам эҳтиёт мешуданд. Онҳо бояд на фақат аз зинову бадахлоқӣ дур мешуданд, балки аз гапҳои бешармона низ. Павлус ба эфсӯсиён гуфт, ки масеҳиён барои дар «Подшоҳии Масеҳ ва Худо мерос» доштан бояд дасту забонашонро аз чунин рафтору гуфтор нигоҳ доранд.
9. Чаро мо бояд ҳама чизҳои бадахлоқонаро рад кунем?
9 Мо низ бояд пайваста заҳмату талош кунем, то «ба корҳои бесамари торикӣ шарик» нашавем (Эфс. 5:11). Аз саргузашти бисёриҳо маълум аст, ки ҳар қадаре инсон дар бораи нопокӣ ё бадахлоқӣ бисёртар гап занад, гӯш кунад ё тамошо кунад, пояш сӯйи ин корҳо бештар мекашад (1 Мӯсо 3:6; Яъқ. 1:14, 15). Дар як мамлакат бародарони зиёде онлайн-чат сохта, дар он гурӯҳ бо якдигар суҳбат мекарданд. Дар аввал бисёре аз ин бародарон дар бораи чизҳои рӯҳонӣ менавиштанд. Бо гузашти вақт суханонашон рангу бӯйи дигар гирифт. Мавзуи асосии гапашон алоқаи ҷинсӣ шуд. Баъдтар баъзеашон тан гирифтанд, ки аз касофати ҳамин суҳбатҳои нопок ба зино даст заданд.
10. Чӣ тавр Шайтон моро фиреб доданӣ аст? (Эфсӯсиён 5:6).
10 Дунёи Шайтон моро фиреб доданӣ аст, ки он чӣ дар назари Яҳува нопоку норавост, бадие надорад (2 Пет. 2:19). Мо аз ин ҳайрон намешавем. Охир, яке аз ҳилаҳои дӯстдоштаи Шайтон ин аст, ки сари одамонро гаранг кунад, то онҳо фарқи неку бадро пай набаранд (Иш. 5:20; 2 Қӯр. 4:4). Барои ҳамин бисёр филмҳо, силсилафилмҳо ва сомонаҳо ақидаҳоеро паҳн мекунанд, ки зидди меъёрҳои одилонаи Яҳуваанд. Орзуи Шайтон ин аст, ки мо рафтори нопокро на ин ки раво, балки лаззатбахшу безарар ҳисобем. (Эфсӯсиён 5:6-ро хонед.)
11. Чӣ тавр мисоли Анҷела нишон медиҳад, ки ба кор бурдани маслиҳати Эфсӯсиён 5:7 то ҳол зарур аст? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
11 Шайтон мехоҳад мо бо одамоне дӯстӣ кунем, ки азми покрафториямонро суст кунанд. Аз ин рӯ Павлуси расул ба эфсӯсиён чунин насиҳат дод: «Шарики онҳо нашавед», яъне шарики онҳое, ки рафторашон маъқули Худо нест (Эфс. 5:7). Мо медонем, ки шарики мо фақат касе нест, ки бо ӯ рӯ ба рӯ суҳбат мекунем, балки касоне низ, ки ҳамроҳашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтугӯ мекунем — хатаре, ки эфсӯсиёни қадим аз он эмин буданд. Хоҳарамон бо номи Анҷела a, ки дар Осиё зиндагӣ мекунад, дар таҷрибааш дид, ки шабакаҳои иҷтимоӣ чӣ қадар хатарноканд. Ӯ тан мегирад: «Ин як домест, ки ноаён виҷдонатро кунд мекунад. Ба он афтода, кори ман ба ҷое расид, ки дигар аз дӯстӣ бо онҳое, ки принсипҳои Каломро эҳтиром намекарданд, парво намекардам. Оқибат тарзи ҳаёти ба Яҳува номаъқул доштан бароям як чизи одию раво шуд». Шукри Худо, ки бо дастгирии пирони пурмеҳр Анҷела дар зиндагияш ислоҳот даровард. Ӯ мегӯяд: «Ҳозир ман сарамро пур аз фикрҳои рӯҳонӣ мекунам, на пур аз чақ-чақи интернетӣ».
12. Чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки меъёрҳои неку бади Яҳуваро маҳкам дорем?
12 Мо бояд бо фикрронии ин ҷаҳон, ки бо бадахлоқӣ оштӣ шудааст, доим дар ҷанг бошем. Мо медонем, ки ин кор раво нест (Эфс. 4:19, 20). Аз ин рӯ аз худ пурсед: «Оё ман гуфтугӯю рафтуомади нозарурро бо одамоне, ки меъёрҳои одилонаи Яҳува барояшон бегона аст, кам кардаам, масалан, бо ҳамкорон, ҳамсинфон ё дигарон? Оё ман далерона меъёрҳои Яҳуваро риоя мекунам, ҳатто агар маро барои ин масхара кунанд?» Чуноне ки дар 2 Тимотиюс 2:20–22 омадааст, мо ҳангоми интихоби дӯстон дар ҷамоати масеҳӣ низ бояд эҳтиёт бошем. Мо бояд дар ёд дорем, ки дӯстӣ бо баъзеҳо метавонад азми вафодории моро суст кунад.
«ЧУН ФАРЗАНДОНИ НУР РАФТОР КУНЕД»
13. Ибораи «чун фарзандони нур рафтор» кардан чӣ маъно дорад? (Эфсӯсиён 5:7–9).
13 Павлус ба масеҳиёни Эфсӯс насиҳат дод, ки на фақат аз торикӣ дур бошанд, балки «чун фарзандони нур рафтор» кунанд. (Эфсӯсиён 5:7–9-ро хонед.) Ин чӣ маъно дорад? Маънояш ин аст, ки шахс бояд ҳама вақт чун масеҳии ҳақиқӣ рафтор кунад. Як роҳи ба ин мақсад расидан омӯзиши бодиққати Китоби Муқаддас ва адабиёти рӯҳонӣ аст. Мо бояд ба таълимоти Исо ва намунаи ӯ диққати хоса диҳем, чунки ӯ «нури ҷаҳон» аст (Юҳ. 8:12; Пнм. 6:23).
14. Чӣ тавр рӯҳи муқаддас ба мо ёрдам мекунад?
14 Барои «чун фарзандони нур рафтор» кардан ба мо рӯҳи муқаддаси Худо даркор аст. Барои чӣ? Дар ин дунёи ифлос покдоман будан хеле душвор аст (1 Тас. 4:3–5, 7, 8). Бо ёрии рӯҳи муқаддас метавонем бо фикрронии ин ҷаҳон мубориза барем ва фалсафаву сафсатаҳоеро, ки зидди фикрронии Худоянд, рад кунем. Ғайр аз ин, бо мадади рӯҳи Худо мо самаре меорем, ки «аз ҳар гуна некуӣ, росткорӣ ва рафтори дуруст иборат аст» (Эфс. 5:9).
15. Чӣ тавр рӯҳи муқаддасро пайдо кунем? (Эфсӯсиён 5:19, 20).
15 Як роҳи гирифтани рӯҳи муқаддас онро пурсидан аст. Исо гуфт, ки Яҳува рӯҳашро «ба онҳое, ки аз ӯ мепурсанд», медиҳад (Луқ. 11:13). Вақте мо дар ҷамъомадҳои масеҳӣ Яҳуваро якҷоя ситоиш мекунем, рӯҳи муқаддас мегирем. (Эфсӯсиён 5:19, 20-ро хонед.) Таъсири неки рӯҳи илоҳӣ рафтори моро писанди Худо мегардонад.
16. Чӣ кумак мекунад, ки қарорҳои бохирадона барорем? (Эфсӯсиён 5:10, 17).
16 Вақти қарорҳои муҳим баровардан мо бояд «аз пайи фаҳмидани хости Яҳува» бошем ва мувофиқи он амал кунем. (Эфсӯсиён 5:10, 17-ро хонед.) Вақте мо аз Китоби Муқаддас принсипҳоеро меёбем, ки ба вазъияти мо дахл доранд, дар он масъала аз Худо маслиҳат мепурсем. Вақте ин принсипҳоро ба кор мебарем, қарорҳои беҳтар мекунем.
17. Чӣ тавр вақтамонро дуруст истифода барем? (Эфсӯсиён 5:15, 16). (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
17 Павлус боз ба масеҳиёни Эфсӯс маслиҳат дод, ки вақташонро боақлона сарф кунанд. (Эфсӯсиён 5:15, 16-ро хонед.) Душмани мо, Шайтони бадкор, мехоҳад моро бо кору бори ин ҷаҳон чунон саргарм кунад, ки барои хизмати Худо вақтамон намонад (1 Юҳ. 5:19). Чунин шуданаш мумкин аст, ки масеҳӣ пулу мол, маълумоти ҷаҳонӣ ё мансабу мартабаро аз хизмати Яҳува баландтар гузорад. Агар ӯ ба ин роҳ диҳад, маълум мешавад, ки фикрронии ин ҷаҳон ба сараш таъсир карда истодааст. Албатта, ин чизҳои номбурда ба худии худ бадие надоранд, аммо ҳеҷ гоҳ онҳоро дар ҷойи аввали ҳаётамон набояд монд. Агар хоҳем «чун фарзандони нур рафтор» кунем, бояд «фурсатро ғанимат» донем, диққатро бошад, ба чизҳои муҳим кунем.
18. Барои дуруст истифода бурдани вақт Доналд чӣ кор кард?
18 Фурсату имкон ҷӯед, то дар хизмати Яҳува бештар кунед. Бародарамон Доналд, ки дар Африқои Ҷанубӣ зиндагӣ мекунад, ҳамин тавр кард. Ӯ мегӯяд: «Ман вазъиятамро баҳо дода, аз Яҳува илтиҷо кардам, ки хизматамро самару баракати бештар диҳад. Ман аз Худо ҷойи коре хостам, ки барои бештар хизмат кардан вақтам монад. Бо ёрии Яҳува ман чунин ҷойи корро ёфтаму ману занам якҷоя дар роҳи хизмати пешравӣ қадамгузор шудем».
19. Чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки «чун фарзандони нур рафтор» кунем?
19 Мо бовари комил дорем, ки номаи Павлус ба эфсӯсиён қадамашонро дар роҳи ростӣ қавитар кард. Ин номаи илҳомёфта ба мо ҳам фоида мекунад. Чуноне ки гуфта гузаштем, бо ёрии он мо метавонем вақтхушиҳову дӯстони худро аз рӯйи хирад интихоб кунем. Ба маслиҳатҳои он гӯш дода, мо Китоби Муқаддасро аз рӯйи реҷаи доимӣ меомӯзему худро саршори нури ростӣ мегардонем. Дар ин нома ба аҳамияти рӯҳи Худо диққат дода мешавад, ки дар мо сифатҳои некро парвариш медиҳад. Навиштаҳои Павлусро ба кор бурда, мо қарорҳои бохирадона мебарорем, қарорҳое, ки табъи дили Яҳуваанд. Корбурди насиҳатҳои ин нома моро аз торикии зулмоти ин ҷаҳон дур дошта, ҳаётамонро равшану мунаввар месозад.
ҶАВОБИ ШУМО ЧИСТ?
-
«Торикӣ» ва «рӯшноӣ»-е, ки дар бораашон дар Эфсӯсиён 5:8 гуфта мешавад, чист?
-
Чӣ тавр аз «торикӣ» дурӣ ҷӯем?
-
Чӣ тавр «чун фарзандони нур рафтор» кунем?
СУРУДИ 43 Устувор, бедор ва қавӣ бошед!
a Баъзе номҳо иваз шудаанд.
b ШАРҲИ РАСМ: Нусхаи қадимаи номаи Павлус ба эфсӯсиён.