Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 10

СУРУДИ 5 Масеҳ намуна барои мост

Исоро баъд аз таъмид ҳам пайравӣ кунед

Исоро баъд аз таъмид ҳам пайравӣ кунед

«Ҳар кӣ аз пайи ман рафтан хоҳад, бигзор аз баҳри худ барояд ва сутуни азобашро ҳар рӯз бардошта, доимо маро пайравӣ кунад» (ЛУҚ. 9:23).

МАҚСАД

Аз ин мақола мефаҳмем, ки худро ба Худо бахшиданамон чӣ аҳамият дорад. Фикрҳои он ба воизони навтаъмид кумак мекунанд, ки ба Яҳува вафодор монанд.

1, 2. Баъди таъмид шахс соҳиби кадом баракатҳо мешавад?

 ТАЪМИД гирифтану қисми оилаи Яҳува шудан шодию шарафи бузург аст. Ҳар касе ин қадами ҷиддиро гузоштааст, бо суханони забурнавис Довуд розист: «Хушбахт касест, ки ту [Яҳува] ӯро хуш карда, наздики худ мегардонӣ, то дар саҳнҳои ту сокин бошад» (Заб. 65:4).

2 Яҳува бо ҳар кас дӯстӣ намекунад. Чуноне аз мақолаи гузашта фаҳмидем, ӯ касонеро сӯйи худ ҷалб мекунад, ки хоҳиши ба ӯ наздик шуданро доранд (Яъқ. 4:8). Вақте шумо худро ба Яҳува бахшида таъмид мегиред, ба таври махсус ба Худоятон наздик мешавед. Шумо дилпур буда метавонед, ки минбаъд ӯ «шуморо аз баракату неъмати фаровон лабрез» мекунад (Мал. 3:10; Ирм. 17:7, 8).

3. Масеҳиёне, ки худро ба Яҳува бахшида, таъмид гирифтаанд, чӣ гуна уҳдадориҳои ҷиддиро бар дӯш доранд? (Пандгӯ 5:4, 5).

3 Албатта, таъмид аввали роҳи рӯҳонии шумост. Баъд аз гузоштани ин қадам шумо кӯшиш мекунед, ки ҳангоми васвасаҳову озмоишҳои имон бо тамоми дил ба ваъдаатон вафо кунед, ба ваъдае, ки ба Яҳува дода будед. (Пандгӯ 5:4, 5-ро хонед.) Чун шогирди Исо шумо мехоҳед аз ҳар як гуфтаю кардаи ӯ ибрат гиред (Мат. 28:19, 20; 1 Пет. 2:21). Ин мақола дар ин кор ба шумо ёрӣ мерасонад.

ИСОРО ДАР ОЗМОИШУ ВАСВАСАҲО ПАЙРАВӢ КАРДАН ГИРЕД

4. Ба кадом маъно шогирдони Исо «сутуни азоб»-ро мебардоранд? (Луқо 9:23).

4 Баъд аз таъмид зиндагии шумо беғам намешавад. Исо гуфт, ки шогирдони ӯ «сутуни азоб»-ро кашола мекунанд. Онҳо онро як-як неву «ҳар рӯз» бардошта мегарданд. (Луқо 9:23-ро хонед.) Мақсади гапи Исо чӣ буд? Оё ҷони шогирдонаш доим дар азоб мешавад? Не. Ӯ гуфтанӣ буд, ки шогирдонаш дар қатори баракатҳо душвориҳоро ҳам мебинанд. Баъзе аз ин душвориҳо дарднок буда метавонанд (2 Тим. 3:12).

5. Исо ба онҳое, ки баҳри ӯ фидокориҳо мекунанд, чӣ баракатҳоро ваъда дод?

5 Шояд, шумо аллакай бо муқобилат аз тарафи хешону наздикон дучор шудаед ё кори Подшоҳиро дар ҷойи аввали ҳаётатон гузошта, аз баҳри баъзе чизҳои моддӣ баромадаед (Мат. 6:33). Агар чунин бошад, донед, ки Яҳува чунин меҳнати содиқонаи шуморо мебинад (Ибр. 6:10). Эҳтимол, шумо ҳаққонияти суханони зерини Исоро дидаед: «Ҳар кӣ ба хотири ман ва хушхабар аз баҳри хона, бародарон ё хоҳарон, модар ё падар, фарзандон ё заминҳо гузаштааст, дар ин замона дар баробари озмоишҳо сад баробар зиёдтар хонаҳо, бародарон, хоҳарон, модарон, фарзандон ва заминҳоро ба даст меорад ва дар оянда соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ мешавад» (Марқ. 10:29, 30). Бешак, шумо ба хотири Яҳува чӣ қурбониҳое накарда бошед, баракатҳое, ки соҳиб шудед, садчандон зиёданд (Заб. 37:4).

6. Чаро мо бояд ҳатто баъди таъмид муборизаро бо «хоҳиши ҷисм» давом диҳем?

6 Азбаски баъд аз таъмид ҳам шумо фарзанди гунаҳкори Одам мемонед, бояд муборизаро бо «хоҳиши ҷисм» давом диҳед (1 Юҳ. 2:16). Эҳтимол, ҳиссиёти Павлус ба шумо шинос аст. Ӯ навишта буд: «Дар дилам ман аз қонуни Худо ҳаловат мебарам, вале дар ҷисмам қонуни дигаре мебинам, ки бо қонуни ақли ман меҷангад ва маро асири қонуни гуноҳе месозад, ки дар ҷисми ман аст» (Рум. 7:22, 23). Шояд, шумо майлҳои гунаҳкоронаатонро пай бурда, дилафсурда шавед. Аммо, вақте шумо дар бораи ваъдаи ба Яҳува додаатон андеша меронед, азматон барои ҷангидан бо васваса қавитар мешавад. Вақте шумо ваъда додед, ки ҳаётатонро ба Яҳува мебахшед, муборизаатонро бо васвасаҳо осонтар кардед. Чӣ тавр?

7. Чӣ тавр ваъдаи худро ба Худо бахшидан ёрӣ медиҳад, ки ба Яҳува вафодор монем?

7 Вақте шумо худро ба Яҳува мебахшед, аз баҳри худатон мегузаред, яъне хоҳишу мақсадҳоеро, ки писанди Яҳува нестанд, рад мекунед (Мат. 16:24). Аз ин рӯ, вақте шумо бо озмоиш рӯ ба рӯ мешавед, дудила намешавед, ки чӣ кунеду чӣ кор накунед, чунки шумо аллакай ҳама дарҳоро барои худ, ғайр аз як дар, пӯшидаед — дари вафодорӣ ба Яҳува. Мақсади асосии шумо шод кардани дили Яҳува мешавад. Шумо дар ин хусус мисли Айюб мегардед. Ӯ, ҳарчанд бар сараш бисёр озмоишҳои сангине рехтанд, чунин гуфт: «Аз беайбиям даст намекашам!» (Айюб 27:5).

8. Чӣ тавр ваъдаи худро ба Худо бахшидан ёрӣ медиҳад, ки дар озмоишҳо истодагӣ кунем?

8 Дар бораи дуои бахшидани худ ба Яҳува андеша ронед. Он гоҳ зӯратон барои рад кардани тамоми васвасаҳо мерасад. Барои мисол, оё шумо ба бародар ё хоҳари оиладоре таваҷҷуҳи ношоиста нишон медиҳед? Албатта, не! Шумо аллакай пешакӣ азм кардед, ки аз ин корҳо парҳез мекунед. Ҳамин тавр шумо интизор намешавед, ки ҳиссиётҳои нопок дар дилатон реша медавонанду танҳо баъд бо азоби сахт онҳоро решакан кардан мегиред. Шумо аз «пайраҳаи бадкорон» канорагирӣ мекунед (Пнм. 4:14, 15).

9. Чӣ тавр ваъдаи худро ба Худо бахшидан кумак мекунад, ки парастиши Яҳуваро дар ҷойи аввал монем?

9 Агар ба шумо кореро пешкаш кунанд, ки бароятон имкони ҷамъомадравӣ надиҳад, чӣ кор мекунед? Шумо дар чунин ҳолат дудила намешавед, чунки пешакӣ қарор кардаед, ки ин хел корро рад мекунед. Он гоҳ шумо майна об карда намешинед, ки чӣ тавр қарори зарароварро бар фоидаи худ гардонед. Исо доим дар пайи розӣ кардани Падараш буд. Ба ёд овардани мисоли Исо азми шуморо ҳам қавӣ мегардонад. Модом ки ҳаётатонро ба Яҳува бахшидаед, шумо мехоҳед ҳар чизи ба ӯ номаъқулро ҳамон сония рад кунед (Мат. 4:10; Юҳ. 8:29).

10. Чӣ тавр Яҳува баъд аз таъмид ёрдам мекунад, ки пайравӣ кардани Исоро давом диҳем?

10 Озмоишу васвасаҳо имкони исботи онанд, ки мо дар пайравӣ кардани Исо чӣ қадар азм дорем. Дар ёд доред, ки дар чунин лаҳзаҳо Яҳува ҳамроҳи мост. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Худо амину бовафо аст ва ӯ намегузорад, ки шумо берун аз қуввати худ васваса шавед, балки дар вақти васваса ёрӣ медиҳад, ки истодагарӣ кунед» (1 Қӯр. 10:13).

ЧӢ ТАВР БА ИСО ПАЙРАВИРО ДАВОМ ДИҲЕМ?

11. Як роҳи беҳтарини ба Исо пайравӣ кардан кадом аст? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

11 Исо пурғайрат буду дар дуо бо Яҳува доим гуфтугӯ мекард (Луқ. 6:12). Як роҳи баъд аз таъмид пайравӣ кардан ба Исо инкишоф додани одатҳоест, ки моро ба Яҳува наздиктар мекунанд. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Чӣ қадар пешравие накарда бошем, биёед минбаъд низ пеш равем» (Флп. 3:16). Мумкин, шумо як-як дар бораи бародару хоҳароне шунавед, ки ҳаракат карданд доираи хизматашонро васеъ кунанд. Шояд, онҳо ба Мактаби воизони хушхабар рафтанд ё, шояд, ба минтақаи воизталаб кӯчиданд. Агар шумо чунин мақсад монда тавонед, ҳатман онро гузоред. Шавқи хизмат дар дили халқи Яҳува ҷӯш мезанад (Кор. 16:9). Вале, агар айни ҳол ин кор аз дастатон наояд-чӣ? Фикр накунед, ки шумо аз дигарон камтару пасттаред. Мақсади масеҳиён дар дави ҳаёт аз дигарон пеш шудан не, балки то охир давида, ба марра расидан аст (Мат. 10:22). Қуввату тавони худро бо чашми кам набинед, он дар чашми Яҳува арзиши зиёд дорад. Саҳми худро дар хизмати Яҳува дареғ надошта, шумо баъд аз таъмид Исоро пайравӣ мекунед (Заб. 26:1).

Баъди таъмид бо корҳое машғул шавед, ки шуморо ба Худо наздик месозанд (Ба сархати 11 нигаред.)


12, 13. Агар ғайрататон дар хизмат суст шавад, чӣ кор карда метавонед? (1 Қӯринтиён 9:16, 17). (Ҳамчунин ба чорчӯбаи « Аз роҳ дур нашавед» нигаред.)

12 Агар шумо пай баред, ки дуоҳоятон рӯякиву хизмататон дилгиркунанда шудааст, чӣ кор карда метавонед? Агар хониши Китоби Муқаддас бароятон чун пештара лаззатбахш набошад-чӣ? Агар баъд аз таъмид чунин ҳолат бо шумо рӯй диҳад, хулоса накунед, ки рӯҳи Яҳува шуморо тарк кардааст. Мо, ки одамони нокомил ҳастем, як дам бахудему як дам бехуд. Агар ғайрататон паст шудан гирад, мисоли Павлусро ба ёд оред. Ӯ кӯшиш мекард аз ҳар ҷиҳат ба Исо пайравӣ кунад, аммо дарк менамуд, ки баъзан дар хизмат шӯру шавқи бисёр дорад, баъзан ҳавсалааш кам аст. (1 Қӯринтиён 9:16, 17-ро хонед.) Аз ин рӯ ӯ гуфт, ки ин корро «бо ихтиёри худ накунам ҳам, ин вазифа ба уҳдаи ман гузошта шудааст». Мебинем, ки Павлус доим аз пайи хизмат мешуд, хоҳ хушаш бошад, хоҳ не.

13 Эҳсосоти дили нокомилатонро хӯҷаини зиндагиятон нагардонед. Азм кунед, ки дилатон кашад ё не, кори дурустро мекунед. «Иштиҳо дар таги дандон» — корро сар кунед, хоҳишу ҳавсала ҳам пайдо мешавад. Агар шумо баъд аз таъмид реҷаи хуберо нигоҳ доред, бароятон ба Исо пайравӣ кардан осонтар мешавад. Ҳамимонон низ пойдориву якмаромии шуморо дида қувват мегиранд (1 Тас. 5:11).

«ХУДРО ПАЙВАСТА БИСАНҶЕД... ХУДРО ИМТИҲОН НАМОЕД»

14. Чиро бояд пайваста санҷед ва чаро? (2 Қӯринтиён 13:5).

14 Хуб мешавад, агар баъд аз таъмид худро пайваста тафтиш кунед. (2 Қӯринтиён 13:5-ро хонед.) Як-як тарзи зиндагӣ ва одатҳоятонро аз назар гузаронда, бубинед, ки оё шумо доим дуо мегӯед, Китоби Муқаддасро мехонеду меомӯзед, ба вохӯриҳо меравед ва дар хизмат иштирок мекунед. Дар пайи беҳбудии ин ҷонибҳои парастишатон бошед. Масалан, аз худ пурсед: «Оё ман таълимоти асосии Каломро ба дигарон фаҳмонда метавонам? Оё бо ягон роҳ хизматамро хурсандибахштар гардонда метавонам? Дуоҳоям то чӣ андоза аниқанд? Оё аз онҳо маълум аст, ки ман бо ҷону дил ба Яҳува такя мекунам? Оё ман ҳама вақт ба ҷамъомадҳо меравам? Чӣ кор кунам, ки диққату иштирокам дар вохӯриҳо беҳтар шавад?»

15, 16. Чӣ тавр як бародар дар озмоиш истодагӣ кард ва шумо аз ин чӣ меомӯзед?

15 Хуб аст, ки ростдилона сустиҳоятонро баҳо диҳед. Бародаре бо номи Роберт нақл мекунад: «Вақте 20-сола будам, дар як ҷо рӯзи нопурра кор мекардам. Рӯзе баъди кор як зан, ки ҳамкорам буд, маро ба хонаи худ даъват кард. Ӯ гуфт, ки мо танҳо мешавему метавонем вақтхушӣ кунем. Дар аввал ман дилу нодилон якчанд баҳона пеш овардам, вале баъдтар рӯирост “не” гуфтаму сабабашро фаҳмондам». Роберт васвасаро рад карда кори хубе кард. Вале солҳо пас ӯ ин воқеаро ба ёд оварда, ба хулосае омад, ки беҳтар рафтор карда метавонист. Бародарамон тан мегирад: «Ман васвасаро дарҳол ва боқатъият рад накардам, ҳамон тавре ки Юсуф пешниҳоди зани Фӯтифарро рад намуд (1 Мӯсо 39:7–9). Ман ҳайрон шудам, ки ба таклифи он зан ба як азоб “не” гуфтам. Аз ин воқеа хулоса кардам, ки бояд дӯстиямро бо Яҳува қавитар созам».

16 Агар шумо низ худро мисли Роберт санҷед, аз ин фоида мегиред. Ҳатто вақте васвасаро рад мекунед, аз худ пурсед: «Оё ман дарҳол “не” гуфтам?» Агар бинед, ки аз ягон ҷиҳат ба беҳбудӣ ниёз доред, худро маҳкум накунед. Баръакс, шод бошед, ки аз сустии худ огоҳ шудед. Инро мавзуи доимии дуоҳоятон кунед ва барои азми покрафториятонро қавитар гардондан қадамҳои лозима гузоред (Заб. 139:23, 24).

17. Роберт чӣ тавр номи Яҳуваро ҳимоя кард?

17 Давоми воқеаи Роберт бисёр ҷолиб аст. Ӯ мегӯяд: «Баъд аз рад кардани пешниҳоди ҳамкорам, ӯ ба ман гуфт: “Ту аз санҷиш гузаштӣ!” Ман пурсидам, ки мақсади ин гапаш чист. Як дӯсташ, ки пеш Шоҳиди Яҳува буд, ба вай гуфт, ки ҳамаи Шоҳидони ҷавон ҳаёти риёкорона ба сар мебаранд ва “ҷон” мегӯянд, ки имкони гуноҳ кардан пайдо шавад. Ҳамкорам ба дугонааш гуфт, ки маро як бор санҷида мебинад. Дар дил гуфтам, ки “хайрият номи Яҳуваро ҷалол додам”».

18. Баъд аз таъмид шумо ба чӣ азми қавӣ доред? (Ҳамчунин ба чорчӯбаи « Мақолаҳое, ки ба шумо маъқул мешаванд» нигаред.)

18 Вақте шумо ҳаётатонро ба Яҳува мебахшеду таъмид мегиред, азматонро нишон медиҳед, ки чӣ душворие пешатон наояд, номи Яҳуваро ҷалол медиҳед. Дилпур бошед, Яҳува медонад, ки шумо бо кадом озмоишу васвасаҳо талошу мубориза доред. Ӯ кӯшишҳои шуморо барои вафодор мондан баракат медиҳад. Дилпур бошед, ки ӯ дар ин ба шумо бо рӯҳи муқаддасаш ёрӣ мерасонад (Луқ. 11:11–13). Бо ёрии Яҳува шумо метавонед баъд аз таъмид Исоро пайравӣ кунед.

ҶАВОБИ ШУМО ЧИСТ?

  • Ба кадом маъно масеҳиён «сутуни азоб»-ашонро ҳар рӯз бардошта мегарданд?

  • Барои баъди таъмид Исоро пайравӣ кардан бояд чӣ кор кард?

  • Чӣ тавр андешаронӣ дар бораи дуои бахшидани худ ба Худо азми вафодориятонро қавитар месозад?

СУРУДИ 6 Дуои хизматгори Худо