Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 9

СУРУДИ 10 «Худоям, маро бифирист!»

Оё шумо тайёред худро ба Яҳува бахшед?

Оё шумо тайёред худро ба Яҳува бахшед?

«Ба Яҳува барои ҳама некиҳое, ки дар ҳаққам кардааст, чӣ тавр боздиҳам?» (ЗАБ. 116:12).

МАҚСАД

Ин мақола ба шумо ёрӣ мерасонад, то ба Яҳува наздиктар шаведу хоҳиши худро ба ӯ бахшидану таъмид гирифтанатон зиёд шавад.

1, 2. Пеш аз таъмид шахс бояд чӣ кор кунад?

 ТӮЛИ панҷ соли охир беш аз миллион нафар таъмид гирифта Шоҳиди Яҳува шуданд. Бисёре аз онҳо мисли шогирди асри як Тимотиюс ростиро аз кӯдакӣ фаҳмида буданд (2 Тим. 3:14, 15). Баъзеи дигарашон бо ростӣ вақти калон буданашон шинос шуданд. Масалан, чанде пеш як зане, ки бо Шоҳидони Яҳува омӯзиш мекард, дар синни 97-солагӣ таъмид гирифт.

2 Оё шумо омӯзандаи Китоби Муқаддасед ё фарзанди Шоҳидони Яҳуваеду фикри таъмид гирифтанро доред? Ин мақсади бисёр хуб аст. Вале пеш аз таъмид гирифтан шумо бояд ҳаётатонро ба Яҳува бахшед. Дар ин мақола гуфта мешавад, ки худро ба Худо бахшидан чист ва вақте барои ин кор тайёр шавед, чаро набояд аз қадами ҷиддӣ мондан тарсед.

ХУДРО БА ХУДО БАХШИДАН ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

3. Аз Китоби Муқаддас мисоли касонеро оред, ки худро ба Яҳува бахшида буданд.

3 Дар замонҳои пеш ба Яҳува бахшида шудани касе маънои онро дошт, ки вай барои кори муқаддасе ҷудо шудааст. Исроилиён халқи ба Яҳува бахшидашуда буданд, вале баъзеҳо аз миёни ин халқ ба таври махсус ба Яҳува бахшида шуда буданд. Масалан, бар саллаи Ҳорун лавҳаи тиллои ялаққосӣ буд, ки «аломати муқаддаси ба Худо бахшида шуданаш» ном дошт. Ин лавҳи тиллоӣ нишонаи он буд, ки ӯ барои иҷрои вазифаи махсус ҷудо шудааст, барои ба ҷо овардани вазифаи саркоҳини Исроил (3 Мӯсо 8:9, поварақ). Назриён низ ба таври махсус худро ба Худо бахшида буданд. Истилоҳи «назрӣ» аз калимаи ибрии «назир» омадааст, ки маънояш «ҷудошуда» ё «бахшидашуда» мебошад. Назриён бояд амрҳоеро, ки барояшон дар Шариати Мӯсо оварда шуда буд, иҷро мекарданд (4 Мӯсо 6:2–8).

4. а) Вақте шахс худро ба Яҳува мебахшад, дар ҳаёташ чӣ аз ҳама муҳим мегардад? б) Ибораи «аз баҳри худ» баромадан чӣ маъно дорад? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

4 Вақте шумо ҳаётатонро ба Яҳува бахшед, пайрави Исо буданро ихтиёр мекунеду иҷрои хости Худоро дар ҷойи аввали зиндагиятон мемонед. Барои ҳаётатонро ба Яҳува бахшидан чӣ даркор аст? Исо гуфта буд: «Ҳар кӣ аз пайи ман рафтан хоҳад, бигзор аз баҳри худ барояд» (Мат. 16:24). Ибораи юноние, ки ин ҷо «аз баҳри худ барояд» тарҷума шудааст, ҳамчунин маънои зеринро дошта метавонад: «Бигзор ба худ “не” гӯяд». Хизматгори ҷонфидои Яҳува шуда, ба шумо лозим меояд, ки ба ҳар чизе, ки зидди хости ӯст, «не» гӯед, масалан, ба чунин хоҳишҳои нафсонӣ, ба монанди зино (2 Қӯр. 5:14, 15; Ғал. 5:19–21; 1 Қӯр. 6:18). Оё чунин маҳдудиятҳо ҳаёти шуморо вазнинтар мегардонанд? Не, агар шумо Яҳуваро дӯст дореду дилпур бошед, ки иҷрои амрҳояш ба фоидаи шумост (Заб. 119:97; Иш. 48:17, 18). Бародаре бо номи Николас мегӯяд: «Ба амрҳои Яҳува чӣ назар доштани кас дар ихтиёри ӯст. Масалан, шумо ба меъёрҳои Яҳува чун ба қафаси зиндон нигариста метавонед, ки шуморо аз кардани кори дилхоҳатон бозмедорад ё чун ба панҷарае, ки шуморо аз осеби шерони дарранда эмин медорад».

Шумо ба меъёрҳои Яҳува чун ба қафаси зиндон менигаред, ки шуморо аз кардани кори дилхоҳатон бозмедорад ё чун ба панҷарае, ки шуморо аз осеби шерони дарранда эмин медорад? (Ба сархати 4 нигаред.)


5. а) Худро чӣ тавр ба Яҳува мебахшанд? б) Худро ба Худо бахшидан аз таъмид гирифтан чӣ фарқ дорад? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

5 Худро ба Яҳува чӣ хел мебахшанд? Барои худро ба Яҳува бахшидан кас дар дуо ба ӯ ваъда медиҳад, ки танҳо ӯро мепарастаду хости ӯро дар ҷойи аввали ҳаёташ мемонад. Бо ин коратон шумо ваъда медиҳед, ки «Яҳуваро бо тамоми дил, бо тамоми ҷон, бо тамоми ақл ва бо тамоми қуввати худ дӯст» медоред (Марқ. 12:30). Қарори худро ба Яҳува бахшидан дар танҳоӣ рӯй медиҳад, он миёни шумову Яҳува ба амал меояд. Аммо таъмидатон дар пеши чашми дигарон рӯй дода, барои онҳо шаҳодате мешавад, ки шумо худро ба Яҳува бахшидаед. Зиндагиятонро пешкаши Яҳува кардан ваъдаи муқаддас аст. Худо интизор аст, ки шумо ба ин ваъда вафо мекунед. Бешак, шумо низ чунин азм доред (Пандгӯ 5:4, 5).

Шахс худро дар танҳоӣ ба Яҳува бахшида ваъда медиҳад, ки танҳо ӯро парастиш мекунад ва хости ӯро дар ҷойи аввали ҳаёташ мемонад (Ба сархати 5 нигаред.)


ЧАРО ХУДРО БА ЯҲУВА БАХШИДАН МЕАРЗАД?

6. Чаро мо худро ба Яҳува мебахшем?

6 Сабаби асосие, ки шумо ҳаётатонро ба Яҳува мебахшед, дар он аст, ки шумо ӯро дӯст медоред. Муҳаббати шумо ҳиссиёти холӣ нест, он аз «дониши дақиқ дар бораи хости Худо» реша мегирад. Ҳар қадаре шумо дар бораи Яҳува меомӯхтед, ниҳоли муҳаббататон ҳамон қадар калон мешуд (Қӯл. 1:9). Навиштаҳоро омӯхта, шумо дилпур шудед, ки 1) Яҳува воқеист, 2) Китоби Муқаддас сухани Худост ва 3) ӯ хосташро ба воситаи ташкилоташ ба ҷо меорад.

7. Чӣ нишон медиҳад, ки мо барои худро ба Худо бахшидан тайёрем?

7 Онҳое, ки ҳаёташонро ба Яҳува мебахшанд, бояд ҳақиқатҳои асосии Каломи Худоро донанду мувофиқи амрҳои Яҳува амал кунанд. Онҳо ба қадри фурсату имкон ба дигарон дар бораи имонашон нақл мекунанд (Мат. 28:19, 20). Муҳаббати онҳо ба Яҳува нашъунамо кардаасту хоҳишашон ҳамин аст, ки ба Худо вафодории бекаму кост дошта бошанд. Оё хоҳиши шумо низ ҳамин аст? Агар шумо чунин муҳаббат дошта бошед, худро ба Яҳува бахшидану таъмид гирифтанро ба хотири ёфтани дили омӯзгори Каломатон, падару модар ё дӯстони ҳамсолатон намекунед.

8. Чӣ тавр миннатдорӣ кумак мекунад, ки худро ба Яҳува бахшед? (Забур 116:12–14).

8 Вақте шумо дар бораи ҳама корҳое меандешед, ки Яҳува дар ҳаққатон кардааст, хоҳишатон зиёд мешавад, ки ҳаётатонро ба ӯ бахшед. (Забур 116:12–14-ро хонед.) Дар Китоби Муқаддас барҳақ гуфта мешавад, ки «ҳар як ҳадияи нек ва ҳар як атои комил» аз ҷониби Атодеҳи бузург, Яҳува, мебошад (Яъқ. 1:17). Бузургтарин ҳадияе, ки Яҳува барои мо додааст, атои ҷони Писараш Исост. Лаҳзае дар ин бора андеша кунед: товон миёни шумову Яҳува роҳ кушод, ки дӯсти ӯ шуда тавонед. Ғайр аз товон, Яҳува атои ҳаёти ҷовидониро ба шумо пешкаш мекунад (1 Юҳ. 4:9, 10, 19). Дар бораи ҳамаи ин атоҳои бузургу дигар баракатҳои Худои пурмуҳаббатамон фикр карда, табиист, ки меҳратон ҷӯш мезанаду шумо мехоҳед ҳаётатонро ба ӯ бахшед (5 Мӯсо 16:17; 2 Қӯр. 5:15). Дар бораи чунин хоҳиши самимӣ дар дарси 46-уми китоби «То абад зинда бошед!» дар қисми чораш гуфта мешавад. Дар он ҳамчунин видеонавори кӯтоҳи седақиқагие оварда шудааст, ки чунин ном дорад: «Ба Яҳува ҳадияи худро пешкаш кунед».

ОЁ ШУМО БАРОИ ХУДРО БА ЯҲУВА БАХШИДАНУ ТАЪМИД ГИРИФТАН ТАЙЁРЕД?

9. Чаро дар мавриди худро ба Яҳува бахшидан шахс набояд ба худ фишор орад?

9 Шояд, шумо фикр кунед, ки барои ҳаётатонро ба Яҳува бахшидану таъмид гирифтан ҳоло тайёр нестед. Эҳтимол, ба шумо лозим аст, ки дар зиндагиятон баъзе дигаргуниҳо дароред ё имонатонро қавитар созед (Қӯл. 2:6, 7). Суръати пешравии омӯзандагони Калом ҳар хел аст, на ҳама ҷавонон дар як син барои худро ба Яҳува бахшидану таъмид гирифтан тайёр мешаванд. Пешрафти худро бе муқоиса бо дигарон баҳо диҳед (Ғал. 6:4, 5).

10. Агар барои худро ба Худо бахшидану таъмид гирифтан тайёр набошед, чӣ кор карда метавонед? (Ҳамчунин ба чорчӯбаи « Барои касоне, ки дар оилаи Шоҳидон калон шудаанд» нигаред.)

10 Ҳатто агар шумо дарк кунед, ки ҳозир барои худро ба Яҳува бахшидану таъмид гирифтан тайёр нестед, дар пеши худ чунин мақсад гузоред. Кӯшиш кунед дар зиндагиятон дигаргуниҳои лозима дарореду аз Яҳува хоҳиш кунед, ки кӯшишҳоятонро баракат диҳад (Флп. 2:13; 3:16). Агар чунин кунед, дилпур бошед, ки Яҳува дуои шуморо мешунаваду ба он ҷавоб медиҳад (1 Юҳ. 5:14).

ЧАРО БАЪЗЕҲО ҶУРЪАТ НАМЕКУНАНД?

11. Чӣ тавр Яҳува барои ба ӯ содиқ мондан кумак мекунад?

11 Ҳарчанд баъзеҳо барои таъмиду худро ба Худо бахшидан тайёранд, ба ин ҷуръат намекунанд. Онҳо хавотир шуда фикр мекунанд, ки, агар баъд аз таъмид гуноҳи ҷиддӣ кунанд, онҳоро хориҷ карда метавонанд. Агар шумо низ аз ин тарсед, дилпур бошед, ки бо дастгирии Худо рафторатон шоистаи хизматгори Яҳува мешавад ва шумо «ӯро аз ҳар ҷиҳат шод» гардонда метавонед (Қӯл. 1:10). Ӯ ба шумо барои дуруст рафтор кардан қувват медиҳад. Инро аз мисоли дигар бародару хоҳарон дидан мумкин аст (1 Қӯр. 10:13). Маҳз ба ҳамин сабаб мо мебинем, ки шумораи хеле ками масеҳиён аз ҷамоат хориҷ карда мешаванд. Яҳува ба хизматгоронаш кумак мекунад, ки ба ӯ вафодор монанд.

12. Чӣ тавр аз гуноҳҳои ҷиддӣ дурӣ ҷӯем?

12 Дар дили ҳар як инсони нокомил васвасаи хатокорӣ пайдо мешавад (Яъқ. 1:14). Вале ба овози васваса гӯш додан ё надодан дар ихтиёри худи шумост. Ҳарчанд баъзе одамон бо ин фикр розӣ нестанд, шумо худатон хӯҷаини зиндагиву рафторатон ҳастед. Шумо идора кардани хоҳишҳоятонро ёд гирифта метавонед. Ҳатто агар ягон майли нодуруст дар дилатон пайдо шавад, шумо метавонед аз рӯйи он амал накунед. Барои худдорӣ кардан ҳар рӯз дуо гӯед, реҷаи хуби омӯзиши Каломи Худоро дошта бошед, доимо ба вохӯриҳо равед ва дар бораи имонатон ба дигарон гап занед. Доимо ин қадамҳои муҳимро гузошта, шумо барои ба ваъдаи муқаддасатон вафо кардан қувват меёбед. Ҳаргиз фаромӯш накунед, ки Яҳува дар ин кор ба шумо мадад мерасонад (Ғал. 5:16).

13. Юсуф ба мо чӣ намуна гузоштааст?

13 Агар шумо ҳаётатонро ба Яҳува бахшеду хоҳед ба ин ваъдаатон доимо содиқ бошед, пешакӣ қарор кунед, ки вақти васваса пайдо шудан шумо чӣ тавр рафтор мекунед. Ин тавр шумо кори худро осонтар мекунед. Китоби Муқаддас саргузашти баъзе одамони нокомилеро нақл мекунад, ки, эҳтимол, ҳамин тавр карда фоида гирифтанд. Масалан, зани Фӯтифар гаштаю баргашта Юсуфро мафтун кардан мехост, вале ӯ азми комилу устувор дошт, ки дар чунин ҳолатҳо чӣ тавр рафтор мекунад. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки ӯ пешниҳодҳои зани Фӯтифарро рад карду чунин гуфт: «Чӣ тавр ман ба чунин бадкории азим даст занам ва дар пеши Худо гуноҳ кунам?!» (1 Мӯсо 39:8–10). Маълум аст, ки Юсуф пешакӣ қарор карда буд, ки дар чунин ҳолати васвасаомез чӣ тавр рафтор мекунад. Барои ҳамин рад кардани васваса барояш осонтар шуд.

14. Чӣ тавр ба бадкорӣ «не» гуфтанро ёд гирем?

14 Чӣ тавр шумо аз азми Юсуф ибрат гирифта метавонед? Худи ҳозир қарор кунед, ки вақти пайдо шудани васваса чӣ тавр рафтор мекунед. Ба чизҳое, ки Яҳува аз онҳо нафрат дорад, дарҳол «не» гуфтанро ёд гиред ва ҳатто лаҳзае дар бораашон андеша накунед (Заб. 97:10; 119:165). Ҳамин тавр, вақте васваса пайдо шавад, азматон устувору ноҷунбон мешавад. Шумо медонед чӣ тавр рафтор мекунед, чунки шумо пешакӣ интихобатонро кардаед.

15. Чӣ тавр шахс нишон дода метавонад, ки Яҳуваро «аз таҳти дил» мекобад? (Ибриён 11:6).

15 Шояд, шумо бовари комил дошта бошед, ки ростиро ёфтаед ва мехоҳед ба Яҳува бо тамоми дил хизмат кунед, вале чизе шуморо аз таъмид ва худро ба ӯ бахшидан бозмедорад. Дар ин ҳолат суханони шоҳ Довуд ба шумо ёрӣ расонда метавонанд. Ӯ аз Яҳува илтиҷо мекард: «Маро саропо тафтиш намо, эй Худо, ва дили маро бишнос. Маро бисанҷ ва ташвишҳоямро бидон. Бубин, ки оё бо роҳи каҷ равонаам, маро дар роҳи ҷовидонӣ раҳнамоӣ кун» (Заб. 139:23, 24). Вақте шумо мақсади худро ба Яҳува бахшидану таъмид гирифтан дошта бошеду барои ба ин мақсад расидан заҳмат кашед, гуфтан мумкин аст, ки шумо Яҳуваро «аз таҳти дил» мекобед. Яҳува бошад, ваъда додааст, ки касонеро, ки ӯро «аз таҳти дил» мекобанд, баракат медиҳад. (Ибриён 11:6-ро хонед.)

БА ЯҲУВА НАЗДИК ШУДАН ГИРЕД

16, 17. Чӣ тавр Яҳува касонеро, ки дар оилаи Шоҳидон калон шудаанд, ҷалб мекунад? (Юҳанно 6:44).

16 Исо гуфт, ки шогирдони ӯро сӯйи ростӣ худи Яҳува ҷалб мекунад. (Юҳанно 6:44-ро хонед.) Ин бисёр фикри амиқ аст. Андеша кунед, ки он ба шумо чӣ дахл дорад. Яҳува дар дили одам ягон чизи нағзро дида, ӯро сӯйи худаш ҷалб мекунад. Ӯ чунин шахсро «ганҷи барчидаи» худ меҳисобад (5 Мӯсо 7:6). Шумо ҳам дар назари Яҳува чунин ганҷ ҳастед.

17 Шояд, шумо ҷавонеду дар роҳи ростӣ калон шудаед. Мумкин, аз дилатон чунин фикр гузарад: ман дар роҳи ростӣ кӯр-кӯрона аз пайи падару модарам рафта истодаам. Чи хеле набошад, Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ба Худо наздик шавед ва ӯ ба шумо наздик мешавад» (Яъқ. 4:8; 1 Воқ. 28:9). Дар назари Яҳува шумо на фақат узви ягон оила ё фарзанди ягон касед. Ӯ шуморо шахсан дӯст медорад. Ӯ одамонро якта-якта сӯйи худ ҷалб мекунад, аз ҷумла онҳоеро, ки дар роҳи ростӣ ба воя расидаанд. Вақте шумо як қадам сӯйи Худо мемонед, ӯ ҳам сӯйи шумо қадам мемонад, чуноне ки дар Яъқуб 4:8 гуфта мешавад. (Бо 2 Таслӯникиён 2:13 муқоиса кунед.)

18. Дар мақолаи навбатӣ мо чиро дида мебароем?

18 Вақте шумо ҳаётатонро ба Яҳува бахшида, таъмид мегиред, ба рӯҳияи Исо пайравӣ менамоед. Ӯ бо хоҳиши худ худро ба ихтиёри Падараш дод, то ҳар хостаи ӯро иҷро кунад (Забур 40:8-ро хонед; Ибр. 10:7). Дар мақолаи навбатӣ мо дида мебароем, ки баъд аз таъмид чӣ дар хизмати Яҳува ба шумо кумак мерасонад.

ҶАВОБИ ШУМО ЧИСТ?

  • Худро ба Яҳува бахшидан чӣ маъно дорад?

  • Чӣ тавр шахс аз сипосгузорӣ ҳаёташро пешкаши Худо месозад?

  • Барои аз гуноҳи ҷиддӣ гурехтан чӣ кор кардан мумкин?

СУРУДИ 23 Яҳува қуввати мост