Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 11

СУРУДИ 154 Мо истодагӣ хоҳем кард

Шумо дар нокомиҳо устувор монда метавонед

Шумо дар нокомиҳо устувор монда метавонед

«Ту... аз барои номи ман бисёр чизҳоро аз сар гузарондаӣ» (ОШКОР. 2:3).

МАҚСАД

Ҳарчанд мо дар хизмати Яҳува бо нокомиҳо дучор мешавем, метавонем устувор монем.

1. Яҳува барои хизматгорони заминияш кадом баракатҳоро додааст?

 ДАР ин рӯзҳои ноороми охирзамон қисми ташкилоти Яҳува будан баракати нотакрор аст. Аҳволи ҷаҳон рӯз ба рӯз бадтар мешавад, аммо Яҳува ба мо оилаи бузурги тифоқи бародару хоҳаронро ато кардааст (Заб. 133:1). Яҳува ба мо ёрӣ медиҳад, ки дар оила муносибатҳои хуб дошта бошем ва хираду дарк ато мекунад, то осоиштагии дарунӣ дошта бошем (Эфс. 5:33–6:1).

2. Мо бояд чӣ кор кунем ва чаро?

2 Бо вуҷуди тамоми ин баракатҳо гоҳе бароямон содиқона ба Яҳува хизмат кардан душвор аст. Чаро? Чунки мо баъзан аз нокомилии дигарон хафа шуда метавонем. Гоҳе моро камбудиҳои худамон ҳам зиқ мекунанд, хусусан агар ҳамон як хатоҳоро гаштаю баргашта такрор кунем. Биёед се ҳолатеро дида бароем, ки дар он ба мо устуворӣ даркор мешавад: 1) вақте ҳамимоне моро хафа мекунад, 2) вақте мо аз рафтори ҳамсарамон ғамгин мешавем ва 3) вақте мо аз рафтори худамон зиқ мешавем. Барои ҳар як ҳолат мо ягон намунаеро аз Китоби Муқаддас омӯхта, барои худ дарс мегирем, то дар хизмати Яҳува устувор буда тавонем.

ВАҚТЕ ҲАМИМОНЕ ШУМОРО ХАФА МЕКУНАД, УСТУВОР МОНЕД

3. Халқи Яҳува бо кадом душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд?

3 Душворӣ. Феълу одатҳои баъзе бародару хоҳарон гоҳе моро асабӣ мекунад. Баъзеи дигарашон, шояд, моро зиқ мекунанд ё муносибати номеҳрубонона мекунанд. Пирон ҳам як-як ба хато роҳ дода метавонанд. Ба чунин воқеаҳо дучор шуда, шояд, баъзеҳо дилашон дур равад, ки ин ташкилоти Худост ё не. Чунин касон ба ҷойи ҳамроҳи бародару хоҳарон «паҳлу ба паҳлу» ба Худо хизмат кардан, шояд, бо касоне, ки хафаашон кардаанд, қаҳрӣ мешаванд ё тамоман вохӯриҳоро тарк мекунанд (Саф. 3:9). Оё ин аз рӯйи хирад аст? Биёед аз Китоби Муқаддас бо як нафаре шинос шавем, ки ба сараш чунин душвориҳо омада буданд.

4. Павлуси расул бо чӣ гуна душвориҳо рӯ ба рӯ шуд?

4 Намунае аз Китоби Муқаддас. Павлуси расул медонист, ки бародару хоҳарони масеҳияш нокомиланд. Масалан, вақте ӯ нав узви ҷамоати масеҳӣ шуда буд, баъзеҳо ба дилу нияти ӯ шубҳа доштанд (Кор. 9:26). Чанде пас бошад, баъзе одамони дигар аз пушташ ҳар хел туҳматҳо зада, ӯро сиёҳ мекарданд (2 Қӯр. 10:10). Боре Павлус шоҳиди он шуд, ки як бародари масъул рафтори нохубе карду ин рафтори вай пешпои имони бисёриҳо шуда метавонист (Ғал. 2:11, 12). Яке аз ҳамкорони наздикаш, Марқус, бошад, бо рафтораш ӯро сахт ғамгин кард (Кор. 15:37, 38). Павлус метавонист ин вазъиятҳоро баҳона карда, бо он бародару хоҳароне, ки ӯро хафа карда буданд, қаҳрӣ шавад. Аммо ӯ умедашро аз бародару хоҳаронаш наканда, дар хизмати Яҳува фаъол монд. Сирри устувории Павлус дар чӣ буд?

5. Чӣ ба Павлус кумак кард, ки аз ҳамдинонаш дилхунук нашавад? (Қӯлассиён 3:13, 14). (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

5 Азбаски Павлус бародару хоҳаронашро дӯст медошт, диққаташро ба камбудиҳояшон нею ба сифатҳои некашон медӯхт. Ӯ аз муҳаббат аз рӯйи маслиҳати худаш амал мекард, ки дар Қӯлассиён 3:13, 14 навишта шудааст. (Оятҳоро хонед.) Биёед бинем, ки ӯ бо Марқус чӣ тавр муомила кард. Ҳарчанд Марқус Павлусро вақти сафари якуми миссионерияш танҳо гузошт, Павлус дар дил кина нагирифт. Баъдтар Павлус ба ҷамоати Қӯлассо номаи пур аз меҳре навишта, Марқусро таъриф намуду ӯро «сарчашмаи тасаллии бузург» номид (Қӯл. 4:10, 11). Вақти дар зиндони Рум будан Павлус хоҳиш кард, ки наздаш маҳз Марқусро барои дастёрияш фиристанд (2 Тим. 4:11). Маълум аст, ки Павлус умедашро аз бародару хоҳарон намеканд. Мо аз ӯ чӣ ёд мегирем?

Байни Павлус, Барнаббо ва Марқус нофаҳмӣ сар зад. Лекин баъдтар Павлус онро фаромӯш карда, бо Марқус хурсандона ҳамкорӣ намуд (Ба сархати 5 нигаред.)


6, 7. Чӣ ба мо ёрӣ медиҳад, ки бародару хоҳаронро ба камбудиҳояшон нигоҳ накарда дӯст дорем? (1 Юҳанно 4:7).

6 Дарс. Яҳува мехоҳад, ки мо аз дӯст доштани бародару хоҳарон бознаистем. (1 Юҳанно 4:7-ро хонед.) Агар рафтори нодурусти ягон ҳамимон ба мо сахт расад, биёед дар бораи ӯ гумони бад накунем. Хубаш, бовар кунем, ки вай ният дорад дуруст рафтор кунад, вале як-як аз уҳдаи ин кор намебарояд (Пнм. 12:18). Яҳува хизматгорони содиқашро бо вуҷуди камбудиҳояшон дӯст медорад. Вақте мо ба ягон хато роҳ медиҳем, ӯ аз мо дил намеканад ва то абад дарғазаб намешавад (Заб. 103:9). Чӣ хуб аст, ки мо низ аз Падари бахшандаамон ибрат гирем (Эфс. 4:32–5:1).

7 Фаромӯш насозед, ки бо наздик шудани анҷом ба мо лозим меояд, ки ба бародару хоҳарон ҳар чӣ наздик бошем. Озору азиятҳо рафта-рафта зиёд мешаванду кам не. Шояд, моро ҳатто барои имонамон ба зиндон андозанд. Агар чунин шавад, муҳаббати бародару хоҳаронамон ба мо аз пештара дида бисёртар даркор мешавад (Пнм. 17:17). Мисоли Хосеп a ном бародарамонро, ки дар Испания пири ҷамоат аст, дида мебароем. Ӯву дигар бародаронро барои мавқеи бетарафияшон ба зиндон андохтанд. Ӯ мегӯяд: «Дар зиндон барои мо, ҳамимонон, ба асаби якдигар расидан ду карат ду буд, чунки мо лаҳзае ҳам танҳо набудем. Мо бояд сабрро пеша карда, якдигарро бисёр мебахшидем. Ҳамин тавр тифоқ мемондему дар амон будем. Мо дар байни маҳбусоне будем, ки ба Яҳува хизмат намекарданд. Боре ман дастамро маиб карда будам. Азбаски он дар гипс буд, баъзе корҳоро карда наметавонистам. Аз ин рӯ яке аз бародаронам либосҳоямро мешусту бо дигар роҳҳо ба ман ёрӣ мерасонд. Ман муҳаббати самимии бародаронро вақте ки ба он сахт муҳтоҷ будам, дидам». Дар ҳақиқат, бо якдигар созиш кардан чӣ қадар муҳим аст!

ВАҚТЕ ҲАМСАРАТОН ШУМОРО ЗИҚ МЕКУНАД, УСТУВОР БОШЕД

8. Ҳамсарон бо чӣ хел душвориҳо рӯ ба рӯ шуда метавонанд?

8 Душворӣ. Ҳар як оила душвории худро дорад. Китоби Муқаддас эътироф мекунад, ки, вақте одам оиладор мешавад, «душвориҳои нав» пайдо мешавад (1 Қӯр. 7:28). Чаро? Чунки, вақте одамон оиладор мешаванд, ду шахси нокомил бо феълу табияту табъи гуногун якҷоя мешаванд. Баъзан зан аз як маданият асту шавҳар аз дигар, тарбияи зан тамоман дигар асту аз мард дигар. Баъд аз оиладор шудан баъзе кору рафторе рӯ мезанад, ки пеш аз хонадорӣ намоён набуданд. Ин сабаби нофаҳмию асабоният шуда метавонад. Баъзеҳо ба ҷойи тан гирифтани айби худ дар душвориҳои оилавӣ ва сӯйи ҳаллашон кӯшидан ҳамсарашонро айбдор мекунанд. Онҳо ҳатто ба хулосае меоянд, ки зиндагии алоҳида ё ҷудошавӣ роҳи ягонаи ҳал аст. Вале оё ин дуруст аст? b Биёед намунаи шахсеро аз Китоби Муқаддас бинем, ки дар ҳаёти оилавии душвор устуворӣ нишон дод.

9. Абиҷайл чӣ хел мушкилиҳо дошт?

9 Намунае аз Китоби Муқаддас. Абиҷайл зани Нобол буд. Китоби Муқаддас Ноболро шахси дағалу бадкор тасвир мекунад (1 Подш. 25:3). Бешак, бо чунин шахс зиндагӣ кардан барои Абиҷайл тоқатшикан буд. Абиҷайл, агар мехост, ба осонӣ аз шавҳараш халос шуда метавонист. Нобол Довуду одамонашро паст зада буд. Довуд барои ин кор мехост аз Нобол қасд гирифта ӯро кушад (1 Подш. 25:9–13). Абиҷайл метавонист домани фурсатро қапида аз он ҷо гурезаду монад, ки Довуд корашро кунад. Вале ӯ дахолат карда, Довудро розӣ кард, ки Ноболро накушад (1 Подш. 25:23–27). Сабаби чунин рафтораш чӣ буда метавонист?

10. Чаро, эҳтимол, Абиҷайл издивоҷашро нигоҳ дошт, ҳарчанд он душвориҳо дошт?

10 Абиҷайл Яҳуваро дӯст медошту нигоҳи ӯро ба оиладорӣ эҳтиром мекард. Бешак, ӯ медонист, ки Яҳува ҳангоми барпо кардани оилаи аввалин ба Одаму Ҳавво чӣ гуфт (1 Мӯсо 2:24). Абиҷайл медонист, ки пайванди заношӯйӣ барои Яҳува як чизи муқаддас аст. Ӯ дили Худоро шод гардондан мехост, аз ин рӯ чизеро аз дасташ меомад, мекард, то аҳли хонаводааш, аз ҷумла шавҳарашро, наҷот диҳад. Ӯ зуд амал кард, то Довуд Ноболро накушад. Ӯ ҳатто барои гуноҳе, ки накарда буд, бахшиш пурсид. Яҳува, бешак, ин зани далеру фидокорро дӯст медошт. Занону шавҳарон аз Абиҷайл чӣ дарси ибрат мегиранд?

11. а) Яҳува аз ҳамсарон чӣ интизор аст? (Эфсӯсиён 5:33). б) Аз оилаашро нигоҳ доштани Кармен шумо чӣ омӯхтед? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

11 Дарс. Яҳува ба оиладорон мефармояд, ки ҳамсари худро эҳтиром кунанд, ҳатто агар бо ӯ соз гирифтан душвор бошад. Вақте Яҳува мебинад, ки ҳамсарон барои ҳалли мушкилиҳои оилавияшон кӯшиш мекунанду дар муносибаташон муҳаббат, эҳтиром ва фидокорӣ аён аст, хеле шод мешавад. (Эфсӯсиён 5:33-ро хонед.) Мисоли Карменро дида мебароем. Шаш сол пас аз шавҳар карданаш Кармен бо Шоҳидони Яҳува омӯзишро сар карду баъдтар таъмид гирифт. «Ин ба шавҳарам маъқул нашуд»,— мегӯяд Кармен. «Ӯ ба Яҳува рашк мебурд. Ӯ маро паст мезаду мегуфт, ки маро як рӯз партофта меравад». Бо вуҷуди чунин муносибати шавҳараш Кармен пайваста аз пайи обод кардани оилааш буд. Ӯ тӯли 50 сол заҳмат кашида ба шавҳараш муҳаббату эҳтиром нишон додааст. Ӯ мегӯяд: «Бо гузашти солҳо ман бештар рамузфаҳм шудаму бо шавҳарам боодобона гап заданро ёд гирифтам. Ман мефаҳмидам, ки пайванди оиладорӣ дар назари Яҳува муқаддас аст. Аз ин рӯ бо ҷону дил кӯшиш мекардам онро нигаҳ дорам. Азбаски ман Яҳуваро дӯст медоштам, доим дар пайи он будам, ки оилаам пойдор бошад» c. Агар дар оилаи шумо низ душвориҳо пайдо шаванд, дилпур бошед, ки Яҳува шуморо дастгирӣ мекунаду барои устувор мондан кумак мерасонад.

Абиҷайл барои наҷоти хонаводааш ҳар кори аз дасташ омадаро кард. Шумо аз ӯ чӣ меомӯзед? (Ба сархати 11 нигаред.)


ВАҚТЕ АЗ РАФТОРИ ХУДАТОН ЗИҚ МЕШАВЕД, УСТУВОР БОШЕД

12. Касе, ки гуноҳи ҷиддӣ кардааст, чӣ хел душвориҳо дошта метавонад?

12 Душворӣ. Вақте мо гуноҳи ҷиддие содир мекунем, шояд, ба хулосае оем, ки аз мо дигар бӯйи умеде нест. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки баъзан гуноҳҳоямон диламонро «шикаставу реш» месозанд (Заб. 51:17). Бародаре бо номи Роберт солҳои зиёд заҳмат мекашид, ки ба талаботи хизматгузори ҷамоат мувофиқат кунад. Вале ӯ гуноҳи ҷиддие карду дарк намуд, ки ба Яҳува хиёнат намудааст. Ӯ мегӯяд: «Виҷдонам маро чунон зарбаи сахте зад, ки гӯё як тон хиштро бар сарам рехта бошанд. Аз худам безор будам. Ман гиря карда, ба Яҳува дуо мегуфтам. Дар ёд дорам аз сарам чунин фикр гузашт, ки Худо дигар ба ман гӯш намедиҳад. Охир, ман ӯро ранҷонда будам, чаро ӯ ба дуоям гӯш андозад?» Вақте мо сустӣ карда гуноҳ мекунем, фикр мекунем, ки дигар аз мо умеде нест, чунки бовар дорем, ки Яҳува низ умедашро аз мо кандааст (Заб. 38:4). Агар чунин фикр аз сари шумо низ гузашта бошад, омӯхтани намунаи як хизматгори содиқи Яҳува ба шумо қувват мебахшад. Ҳарчанд ӯ гуноҳи ҷиддие карда буд, дар хизмати Яҳува устувор монд.

13. Петруси расул кадом гуноҳи ҷиддӣ кард ва чӣ ба ин сабаб гашт?

13 Намунае аз Китоби Муқаддас. Шаби пеш аз марги Исо Петруси расул як қатор хатоҳое кард, ки бадтарин рафтор дар зиндагияш буданд. Дар аввал Петрус бо боварӣ лоф зад, ки ҳатто агар дигар расулон аз Исо рӯ гардонанд, ӯ содиқ мемонад (Марқ. 14:27–29). Баъдтар бошад, дар боғи Ҷатсамонӣ Петрус чандин бор натавонист ҳушёру бедор монад (Марқ. 14:32, 37–41). Баъдтар Петрус аз тӯдаи одамон гурехта, Исоро танҳо монд (Марқ. 14:50). Охиру оқибат Петрус Исоро се бор инкор кард ва ҳатто барои қувват додани дурӯғаш қасам хӯрд (Марқ. 14:66–71). Вақти вазнинии гуноҳашро дарк кардан Петрус чӣ кор кард? Ӯ зор-зор гирист. Виҷдонаш ӯро азоби ҷонкоҳе дод (Марқ. 14:72). Дарду сӯзи Петрусро тасаввур кунед, вақте дӯсташ Исоро ба қатл расонданд. Бешак, ӯ худро ночизу носазовор ҳис мекард.

14. Чӣ ба Петрус ёрдам кард, ки хизмати Яҳуваро давом диҳад? (Ба расми нигаред.)

14 Барои дар хизмати Яҳува устувор мондан ба Петрус якчанд чиз ёрдам кард. Ӯ худро аз дигарон дур нагирифт. Ӯ назди бародарони рӯҳонияш рафт ва, бешак, аз онҳо қуввату тасаллӣ ёфт (Луқ. 24:33). Ҳамчунин Исои зиндашуда ба Петрус намоён шуд, эҳтимол, бо мақсади рӯҳбаланд кардани ӯ (Луқ. 24:34; 1 Қӯр. 15:5). Баъдтар Исо ба ҷойи дӯсташ Петрусро барои хатоҳояш сарзаниш кардан гуфт, ки соҳиби масъулиятҳои бештар мешавад (Юҳ. 21:15–17). Петрус медонист, ки гуноҳи ҷиддие кардааст, вале умедашро аз худаш наканд. Чаро? Чунки ӯ дилпур буд, ки Устодаш, Исо, низ умедашро аз ӯ накандааст. Бародарони рӯҳонии Петрус низ ӯро дастгирӣ мекарданд. Мо аз намунаи Петрус чӣ меомӯзем?

Чи хеле Юҳанно 21:15–17 нишон медиҳад, Исо аз Петрус дил наканд ва ин ба вай қувват бахшид, ки устувор монад (Ба сархати 14 нигаред.)


15. Яҳува аз чӣ дилпур будани моро мехоҳад? (Забур 86:5; Румиён 8:38, 39). (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

15 Дарс. Яҳува мехоҳад, ки мо аз муҳаббату бахшояндагии ӯ дилпур бошем. (Забур 86:5; Румиён 8:38, 39-ро хонед.) Вақте мо гуноҳ мекунем, виҷдонамон моро ғам медиҳад. Ин як чизи дурусту маъмулист. Аммо мо набояд фикр кунем, ки арзандаи муҳаббату бахшоиш нестем. Ба ҷойи ин вақти гуноҳ кардан мо бояд даррав кумак ҷӯем. Роберт, ки дар борааш дар боло гуфтем, мегӯяд: «Ман ба он сабаб ба доми гуноҳ афтодам, ки барои бо васваса мубориза бурдан ба қуввати худам такя кардам». Ӯ дарк кард, ки бояд бо пирон гап занад. Бародарамон мегӯяд: «Ҳамин ки ба пирон муроҷиат кардам, дасти пурмеҳри Яҳуваро ба воситаи онҳо ҳис кардам. Пирон умедашонро аз ман намеканданд. Онҳо маро дилпур сохтанд, ки Яҳува маро напартофтааст». Биёед мо низ дилпур бошем, ки, агар аз гуноҳҳоямон тавба кунем, ёрӣ ҷӯем ва самимона кӯшиш кунем, ки гуноҳҳоямонро такрор накунем, Яҳува муҳаббаташро аз мо дареғ намедораду моро мебахшад (1 Юҳ. 1:8, 9). Агар мо чунин дилпурӣ дошта бошем, вақти пешпо хӯрдан ё афтидан ноумед намешавем.

Вақте заҳмати пиронро мебинед, чиро ҳис мекунед? (Ба сархати 15 нигаред.)


16. Чаро шумо ба хизмати Яҳува азми қавӣ доред?

16 Яҳува кӯшишҳоеро, ки дар хизмати ӯ дар ин рӯзҳои сахти охирзамон ба харҷ медиҳем, қадр мекунад. Бо ёрии ӯ мо метавонем дар нокомиҳо устувор монем. Мо метавонем меҳрамонро рӯз ба рӯз ба бародару хоҳарон қувват диҳем ва, вақте моро ранҷонанд, онҳоро бахшем. Вақте барои ҳалли душвориҳои оилавиямон қувватамонро дареғ намедорем, муҳаббату эҳтиромамонро ба Бунёдгузори оила, Яҳува, нишон медиҳем. Вақте гуноҳи ҷиддие мекунем, мехоҳем кумаки Яҳуваро ҷӯем, муҳаббату бахшоиши ӯро қабул кунем ва дар хизмати ӯ ба пеш қадам гузорем. Аз ин рӯ «биёед некӣ карданро бас накунем, зеро, агар дилхунук нашавем», дар вақташ баракатҳои фаровонро медаравем (Ғал. 6:9).

ЧӢ ТАВР ДАР ХИЗМАТИ ЯҲУВА УСТУВОР БОШЕМ...

  • вақте ҳамимоне моро хафа мекунад?

  • вақте ҳамсарамон моро зиқ мекунад?

  • вақте аз рафтори худ рӯҳафтода мешавем?

СУРУДИ 55 Шуд ҳаёт абадӣ!

a Баъзе номҳо иваз шудаанд.

b Каломи Худо ҳамсаронро ба зиндагии алоҳида даъват намекунад. Агар зану шавҳар зиндагии ҷудогонаро ихтиёр кунанд, мувофиқи Китоби Муқаддас наметавонанд оилаи дигар барпо кунанд. Лекин дар мавридҳои муайян масеҳӣ қарор карда метавонад, ки ӯ барои зиндагии алоҳида сабаб дорад. Аз китоби «То абад зинда бошед!» ба Замимаи 4 «Зиндагии алоҳидаи ҳамсарон» нигаред.

c Саргузашти боз як оиларо дар сомонаи jw.org аз видеонавори «Фирефтаи сулҳу осоиши сохта нашавед! Даррел ва Дебора Фрисингер» тамошо кунед.