Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 13

СУРУДИ 61 Мехоҳам, ки ба Ту дилписанд бошам

Яҳува аз шумо розист

Яҳува аз шумо розист

«Ман аз ту розиям» (ЛУҚ. 3:22).

МАҚСАД

Мо баъзан шубҳа мекунем, ки Яҳува аз мо розист ё не. Дар ин мақола мебинем, ки чӣ тавр ин шубҳаро бартараф кунем.

1. Баъзе ходимони содиқи Худо бо кадом эҳсосот мубориза мебаранд?

 ДОНИСТАНИ он ки Яҳува аз халқаш розист, ба мо хурсандӣ мебахшад. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Яҳува аз халқи худ хушнуд аст» (Заб. 149:4). Вале баъзан мо чунон рӯҳафтода мешавем, ки аз худ мепурсем: «Оё Яҳува шахсан аз ман розист?» Чунин фикру ҳиссиёт аз дили хизматгорони пештараи Яҳува ҳам гузашта буд (1 Подш. 1:6–10; Айюб 29:2, 4; Заб. 51:11).

2. Яҳува дар кадом ҳолат аз мо розист?

2 Китоби Муқаддас равшан месозад, ки одамони нокомил ризои Худоро соҳиб шуда метавонанд. Чӣ тавр? Агар мо ба Исои Масеҳ имон орему таъмид гирем (Юҳ. 3:16). Бо ин корамон мо дар пеши ҳама нишон медиҳем, ки аз гуноҳҳоямон тавба карда, ваъда додаем, ки хости Худоро ба ҷо меорем (Кор. 2:38; 3:19). Вақте мо барои бо Яҳува дӯст шудан ин қадамҳоро мегузорем, ӯ хеле шод мешавад. То он даме ки мо бо ҷону дил мекӯшем аз рӯйи ин ваъдаамон зиндагӣ кунем, Яҳува аз мо розист ва моро дӯстони худ мешуморад (Заб. 25:14).

3. Мо чиро дида мебароем?

3 Пас, чаро баъзе одамон гоҳе фикр мекунанд, ки Худо аз онҳо розӣ нест? Яҳува розигияшро чӣ тавр баён мекунад? Масеҳиён чӣ кор карда метавонанд, то аз ризои Худо дилпур шаванд?

ЧАРО БАЪЗЕҲО ФИКР МЕКУНАНД, КИ ЯҲУВА АЗ ОНҲО РОЗӢ НЕСТ?

4, 5. Мо худро беарзиш ҳисобем ҳам, аз чӣ дилпур буда метавонем?

4 Бисёри одамон аз кӯдакӣ ба худ баҳои паст медиҳанд (Заб. 88:15). Бародаре бо номи Адриан мегӯяд: «Ман ҳамеша худро беарзишу ночиз меҳисобидам. Яке аз хотираҳои аввалинам ин аст, ки дар ҳаққи аҳли оилаам дуо мегуфтам, ки онҳо ба биҳишт дароянд. Вале дар бораи худ дуо намегуфтам, чунки дилпур будам, ки сазовори ба он даромадан нестам». Тони, ки дар оилаи Шоҳидон калон нашудааст, чунин мегӯяд: «Падару модарам ба ман ҳеҷ гоҳ намегуфтанд, ки дӯстам медоранд ё бо ман мефахранд. Онҳо фақат ба ман мефаҳмонданд, ки бояд аз кадом ҷиҳат ислоҳ шавам».

5 Ҳар гоҳе худро беарзишу ночиз ҳисобем, бояд ба ёд орем, ки Яҳува моро сӯйи худ ҷалб кардааст (Юҳ. 6:44). Ӯ дар мо як чизи хуберо мебинад, ки мо худамон намебинем. Ӯ дили моро медонад (1 Подш. 16:7; 2 Воқ. 6:30). Аз ин рӯ, вақте Яҳува мегӯяд, ки барояш пурарзишем, бояд ба суханаш бовар кунем (1 Юҳ. 3:19, 20).

6. Гуноҳҳои пештараашро ба ёд оварда, Павлуси расул чӣ ҳис мекард?

6 Пеш аз шинохтани ростӣ мо корҳое кардаем, ки виҷдонамон ҳатто имрӯз барои онҳо азобамон медиҳад (1 Пет. 4:3). Бояд гуфт, ки масеҳиёни содиқ низ бо майлҳои гунаҳкорона мубориза мебаранд. Оё ба ин сабаб дилатон шуморо маҳкум мекунад? Агар ҳа, донед, ки хизматгорони содиқи Яҳува низ бо чунин ҳиссиёт мубориза мебурданд. Масалан, Павлуси расул дар бораи айбу камбудиҳои пештарааш фикр карда, сахт ғамгин мешуд (Рум. 7:24). Ҳарчанд ӯ аз гуноҳҳояш тавба карда, таъмид гирифта буд, худро «камтарини расулон» ва «бадтарини гунаҳкорон» меҳисобид (1 Қӯр. 15:9; 1 Тим. 1:15).

7. Яҳува чӣ ваъдае ба мо медиҳад?

7 Падари осмониямон ваъда медиҳад, ки, агар тавба кунем, моро мебахшад (Заб. 86:5). Аз ин рӯ, агар аз гуноҳҳоямон аз самими қалб пушаймон бошем, ба сухани Яҳува бовар карда метавонем, ки ӯ моро бахшидааст (Қӯл. 2:13).

8, 9. Агар фикр кунем, ки кӯшишҳоямон барои соҳиб шудани ризои Яҳува ҳаргиз басанда нестанд, бояд чӣ кор кунем?

8 Ҳамаи мо мехоҳем дар хизмати Яҳува тамоми қувватамонро фидо кунем. Аммо баъзеҳо фикр мекунанд, ки кӯшишҳояшон барои ба даст овардани ризои Яҳува ҳеҷ гоҳ басанда нестанд. Хоҳаре бо номи Аманда мегӯяд: «Ман баъзан фикр мекунам, ки барои чизи беҳтаринамро ба Яҳува додан бояд доим бештару бештар кунам. Бисёр вақт ман аз худ чизи аз қувватам берунро металабам. Дар натиҷа, вақте ба мақсадам намерасам, аз худ норозӣ мешавам ва гумон мекунам, ки Яҳува низ аз ман норозист».

9 Агар мо фикр кунем, ки кӯшишҳоямон барои соҳиб шудани ризои Яҳува басанда нестанд, бояд аз чунин андешаронӣ халос шавем. Инро чӣ тавр кунем? Дар ёд доред, ки Яҳува ҳамаро бо як ҷадвал чен намекунад. Ӯ ҳеҷ гоҳ аз мо чизи аз қувватамон берунро наметалабад. Ҳар гоҳе мо хизмати ӯро бо тамоми дилу ҷон ба ҷо орем, ӯ инро қадр мекунад. Яке аз шахсоне, ки қувваташро барои хизмати Яҳува дареғ намедошт, Павлус буд. Ӯ солҳои зиёд ғайрату заҳмати зиёде нишон дода, ҳазорҳо километрро тай мекарду ҷамоатҳои бисёреро бунёд мегузошт. Вале, вақте вазъияташ дигар шуду иштирокаш дар хизмати мавъиза маҳдуд гашт, ӯ аз ризои Худо маҳрум шуд? Не. Ӯ чизе аз дасташ меомад, мекард, Яҳува бошад, ӯро баракат медод (Кор. 28:30, 31). Мо ҳам вобаста ба вазъият, шояд, дар хизмати Яҳува гоҳе бештар карда тавонему гоҳе камтар. Вале бояд дар ёд дошт, ки барои Яҳува дилу нияти мо муҳим аст. Биёед чанд роҳеро бинем, ки Яҳува аз мо розӣ буданашро нишон медиҳад.

ЯҲУВА РОЗИГИЯШРО ЧӢ ТАВР НИШОН МЕДИҲАД?

10. Чӣ кор кунем, ки ризои Яҳуваро «шунавем»? (Юҳанно 16:27).

10 Ба воситаи Китоби Муқаддас. Яҳува зуд-зуд нишон медиҳад, ки аз хизматгорони дӯстдоштааш розист. Мувофиқи Навиштаҳо Яҳува ба Писари азизаш, Исо, ду бор гуфт, ки аз ӯ розист (Мат. 3:17; 17:5). Оё шумо низ аз даҳони Яҳува баёни розигияшро шунидан мехоҳед? Имрӯз мо ба маънои асл овози Яҳуваро намешунавем, вале ӯ аз саҳифаҳои Каломаш бо мо сухан мегӯяд. Вақте мо суханони Исоро аз Хушхабар мехонем, «мешунавем», ки чӣ тавр Яҳува розигияшро баён мекунад. (Юҳанно 16:27-ро хонед.) Мо акси комили сифатҳои Яҳуваро дар шахсияти Исо мебинем. Вақте мо мехонем, ки Исо розигияшро ба шогирдони содиқ, вале нокомилаш баён мекунад, тасаввур карда метавонем, ки Яҳува чунин суханонро ба мо гуфта истодааст (Юҳ. 15:9, 15).

Яҳува ризояшро ба мо бо роҳҳои гуногун нишон медиҳад (Ба сархат 10)


11. Агар бар сарамон мушкилиҳо биёянд, чаро набояд хулоса кунем, ки ризои Яҳуваро аз даст додаем? (Яъқуб 1:12).

11 Бо амалҳояш. Яҳува омода аст ба ёрии мо биёяд. Масалан, ӯ ризқу рӯзиямонро ба мо мерасонад. Баъзан, чуноне ки дар мисоли Айюб мебинем, Яҳува роҳ медиҳад, ки сахтиҳо бар сари мо биёянд (Айюб 1:8–11). Озмоишҳо нишонаи он нестанд, ки мо ризои Худоро аз даст додаем. Онҳо имконияти исбот кардани дараҷаи муҳаббату бовариямон ба Яҳува мебошанд. (Яъқуб 1:12-ро хонед.) Вақте Яҳува дар озмоишҳо ба мо қуввату тобоварӣ медиҳад, мо муҳаббату ғамхорияшро ҳис мекунем.

12. Аз мисоли Дмитрий чиро меомӯзем?

12 Мисоли бародареро аз Осиё бо номи Дмитрий мебинем. Ӯ корашро аз даст дода, моҳҳои зиёд ҷойи кор ёфта наметавонист. Ӯ такя ба Яҳува намуда, иштирокашро дар хизмат бештар кард. Моҳҳо мегузаштанду ӯ ҷойи кор намеёфт. Чанде пас бошад, саломатии бародар бадтар шуду ӯ бемори бистарӣ шуд. Ӯ ба шавҳару падари хуб будан бовараш кам мешуду дилаш дур мерафт, ки ризои Яҳуваро гум карда бошад ё не. Сипас, як рӯз духтараш дар варақе Ишаъё 30:15-ро чоп кард: «Ором бошед ва ба ман таваккал кунед». Ӯ ин навиштаҷотро пеши ҷойи хоби падараш оварда гуфт: «Дадаҷон, вақте зиқ шавӣ, ин оятро ба ёдат биёр». Дмитрий дарк кард, ки Яҳува хонаводаи ӯро бо хӯрок, пӯшок ва сарпаноҳ таъмин карда истодааст. Ӯ мегӯяд: «Ман бояд ором монда, ба Яҳува такя карданро бас намекардам». Агар шумо ҳам чунин душворӣ дошта бошед, донед, ки Яҳува ғаматонро мехӯраду барои тоб овардан ба шумо қувват медиҳад.

Яҳува ризояшро ба мо бо роҳҳои гуногун нишон медиҳад (Ба сархати 12 нигаред.) a


13. Яҳува ба воситаи кӣ ва чӣ тавр розигияшро баён мекунад?

13 Ба воситаи бародару хоҳарон. Яҳува баъзан ризояшро ба мо ба воситаи бародару хоҳарон нишон медиҳад. Масалан, ӯ дар дили онҳо андохта метавонад, ки дар вақти лозима ба мо суханони рӯҳбахш гӯянд. Як хоҳарамон аз Осиё инро дар айёми ғамовари зиндагияш ҳис кард. Ӯ ҷойи корашро аз даст дода, ба бемории вазнин гирифтор шуд. Сипас шавҳараш гуноҳи ҷиддие карду ӯро дар ҷамоат аз пирӣ гирифтанд. Хоҳарамон мегӯяд: «Ман сабаби ҳамаи ин рӯйдодҳоро намефаҳмидам. Ба худ мегуфтам, ки, шояд, ягон кори хатое кардааму ризои Яҳуваро аз даст додаам». Хоҳарамон дар дуо илтиҷо кард, ки Яҳува аз ӯ розӣ буданашро нишон диҳад. Яҳува инро чӣ тавр кард? Хоҳарамон мегӯяд: «Пирони ҷамоат бо ман суҳбат карда, маро дилпур сохтанд, ки Яҳува ҳоло ҳам маро дӯст медорад». Баъдтар ӯ боз аз Яҳува кумак пурсид. «Худи ҳамон рӯз ман аз якчанд бародару хоҳари ҷамоатамон мактуб гирифтам»,— мегӯяд ӯ. «Суханони тасаллибахши онҳоро хонда, аз дил гузарондам, ки Яҳува дуои маро шунидааст». Чуноне мебинем, Яҳува баъзан ризояшро бо суханони меҳрубононаи бародару хоҳарон баён мекунад (Заб. 10:17).

Яҳува ризояшро ба мо бо роҳҳои гуногун нишон медиҳад (Ба сархати 13 нигаред.) b


14. Яҳува боз бо кадом роҳ нишон медиҳад, ки аз мо розист?

14 Боз чӣ тавр Яҳува ба воситаи бародару хоҳарон аз мо розӣ буданашро нишон медиҳад? Вақте ӯ ба воситаи ҳамимонон ба мо маслиҳат медиҳад. Масалан, дар асри як Яҳува Павлуси расулро илҳом бахшид, ки 14 номаро ба ҳамимононаш нависад. Дар ин номаҳо маслиҳатҳои пурмуҳаббат, вале рӯирост буданд. Барои чӣ Яҳува Павлусро илҳом бахшид, ки ин номаҳоро нависад? Чунки Яҳува Падари хуб аст ва «ҳар киро дӯст дорад, сарзаниш мекунад» (Пнм. 3:11, 12). Пас, аз Навиштаҳо маслиҳат гирифтан исботи он аст, ки Худо аз мо розист, на нишонаи он ки ризояшро аз даст додаем (Ибр. 12:6). Яҳува боз бо кадом роҳ нишон медиҳад, ки аз мо розист?

ДИГАР ДАЛЕЛҲОИ РОЗИГИИ ХУДО

15. Яҳува рӯҳи муқаддасашро ба кӣ медиҳад ва чаро ин ба мо дилпурӣ мебахшад?

15 Яҳува рӯҳи муқаддасашро ба касоне медиҳад, ки аз онҳо розӣ бошад (Мат. 12:18). Аз худ пурсед: «Оё ман дар зиндагиям ягон ҷониби самари рӯҳи Худоро зоҳир карда истодаам?» Оё пай мебаред, ки ҳозир шумо бо одамон пурсабртаред, назар ба вақте ки Яҳуваро намешинохтед? Зоҳир кардани самари рӯҳи Худоро дар ҳаётатон бештар омӯхта, шумо нишонаи розигии Худоро бештар мебинед. (Ба чорчӯбаи « Самари рӯҳ ин аст...» нигаред.)

Мо аз куҷо медонем, ки Яҳува аз мо розӣ аст? (Ба сархат 15 нигаред.)


16. Яҳува супориши хабаррасониро ба кӣ додааст ва аз донистани ин шумо чӣ ҳис мекунед? (1 Таслӯникиён 2:4).

16 Яҳува супориши хабаррасониро ба касоне медиҳад, ки аз онҳо розист. (1 Таслӯникиён 2:4-ро хонед.) Бинед, ки хоҳарамон Ҷоселин аз расондани хушхабар ба дигарон чӣ баҳра бардошт. Рӯзе хоҳарамон аз хоб хеста, худро ғамзада ҳис кард. Ӯ мегӯяд: «Ман ҷон дар тан надоштам, вале азбаски пешрав хизмат мекардаму он рӯз рӯзи хизматам буд, дуо гуфта берун баромадам». Он пагоҳӣ Ҷоселин дар хизмат Мериро вохӯрд. Он зани меҳрубон ба омӯзиши Китоби Муқаддас розӣ шуд. Чанде пас, дар вақти суҳбат, Мери гуфт, ки, вақте ӯ ба Худо дуо мегуфт, Ҷоселин дарро тақ-тақ кард. Дар бораи ин воқеа фикр карда, Ҷоселин мегӯяд: «Гӯё Яҳува ба ман чунин мегуфт: “Ман аз ту розиям”». Албатта, на ҳар одам хушхабарро бо омодагӣ гӯш мекунад. Вале мо дилпурем, ки ҳар гоҳе дар хизмат қувватамонро дареғ намедорему хабари хушро ба дигарон мерасонем, Яҳува аз мо розӣ аст.

Мо аз куҷо медонем, ки Яҳува аз мо розӣ аст? (Ба сархати 16 нигаред.) c


17. Аз суханони Вики дар бораи товон чӣ меомӯзем? (Забур 5:12).

17 Яҳува баҳои товонро нисбати касоне ба кор мебарад, ки аз онҳо розист (1 Тим. 2:5, 6). Чунин шуданаш мумкин, ки мо таъмид гирифтаему ба товон имон дорем, вале диламон ҳеҷ қабулдор нест, ки Худо аз мо розист. Дар чунин ҳолат дар ёд доред, ки диламон ҳама вақт сазовори боварӣ нест, вале Яҳува ҳамеша сазовори боварист. Ӯ касонеро, ки ба товон имон доранд, росткор шуморида, баракатҳоро ба онҳо ваъда медиҳад (Забур 5:12-ро хонед; Рум. 3:26). Андешаронӣ дар бораи товон ба Вики ёрӣ расонд. Як рӯз ӯ дар бораи товон андеша карда, ба фикр фурӯ рафт ва ба чунин хулоса омад: «Яҳува бо ман ин қадар пурсабр буд... Вале ман бо рафтору муносибатам гӯё ба ӯ мегуфтам: “Муҳаббати ту чандон бузург нест, ман барои он дастнорасам. Қурбонии Писарат чандон бузург нест, он гуноҳҳои маро рӯпӯш намекунад”». Дар бораи атои товон андеша ронда, ӯ муҳаббати Яҳуваро ҳис кардан гирифт. Агар мо низ дар бораи товон андеша рондан гирем, муҳаббату ризои Яҳуваро эҳсос мекунем.

Мо аз куҷо медонем, ки Яҳува аз мо розӣ аст? (Ба сархати 17 нигаред.)


18. Агар мо доимо Падари осмониямонро дӯст дорем, аз чӣ дилпур буда метавонем?

18 Мо мехоҳем дар корбурди маслиҳатҳои ин мақола кӯшиши зиёд кунем. Вале бо вуҷуди кӯшишҳоямон, шояд, баъзан ғамгин шавему боварамон наояд, ки Яҳува аз мо розист. Агар чунин рӯй диҳад, фаромӯш накунед, ки Яҳува аз «дӯстдоронаш» розист (Яъқ. 1:12). Ба Яҳува наздик шудан гиреду барои дидани ризои ӯ чашматонро калон кушоед. Ҳамеша дар ёд доред, ки Яҳува «аз ҳеҷ кадоми мо дур нест» (Кор. 17:27).

ҶАВОБИ ШУМО ЧИСТ?

  • Чаро баъзеҳо фикр мекунанд, ки Яҳува аз онҳо розӣ нест?

  • Яҳува бо кадом роҳҳо розигияшро ба мо нишон медиҳад?

  • Чаро мо дилпур буда метавонем, ки Худо аз мо розист?

СУРУДИ 11 Дили Яҳуваро шод гардон

a ШАРҲИ РАСМ: Саҳнасозӣ

b ШАРҲИ РАСМ: Саҳнасозӣ

c ШАРҲИ РАСМ: Саҳнасозӣ