МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 35
СУРУДИ 43 Устувор, бедор ва қавӣ бошед!
Кумак ба касоне, ки аз ҷамоат дур карда мешаванд
«Дар осмон барои як гунаҳкори тавбакарда назар ба 99 росткоре, ки ба тавба эҳтиёҷ надоранд, зиёдтар хурсандӣ мекунанд» (ЛУҚ. 15:7).
МАҚСАД
Мо мефаҳмем, ки чаро баъзе одамонро аз ҷамоат дур мекунанд ва чӣ тавр пирон чунин касонро ба тавба даъват карда метавонанд, то онҳо аз нав ризои Яҳуваро соҳиб шаванд.
1, 2. а) Яҳува ба гунаҳкорони тавбабезор чӣ назар дорад? б) Яҳува аз хатокорон чӣ чашмдор аст?
ЯҲУВА Худои сустиродаву бепарво нест. Ӯ аз гуноҳ чашм намепӯшад (Заб. 5:4–6). Ӯ дар Каломаш барои мо меъёрҳои ахлоқиро муқаррар кардааст ва талаб дорад, ки мо онҳоро риоя кунем. Албатта, Яҳува аз одамони нокомил комилиятро интизор нест (Заб. 130:3, 4). Аммо ӯ тобу тоқати худобехабаронеро надорад, ки лутфу марҳамати Худоро баҳона карда, «беҳаёгии худро сафед» мекунанд (Яҳд. 4). Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки дар ҷанги Ҳармаҷиддӯн Яҳува худобехабаронро нобуд месозад (2 Пет. 3:7; Ошкор. 16:16).
2 Вале Яҳува намехоҳад, ки касе нобуд шавад. Чуноне ки дар чанд мақолаи гузашта дида баромадем, аз Китоби Муқаддас равшан мегардад, ки Худо мехоҳад «ҳама ба тавба рӯ оранд» (2 Пет. 3:9). Пирон аз Яҳува ибрат гирифта, бо пурсабрӣ гунаҳкоронро сӯйи ислоҳ ва дурусткорӣ раҳнамоӣ мекунанд. Онҳо хоҳони онанд, ки хатокорон аз нав ризои Яҳуваро соҳиб шаванд. Аммо на ҳар як гуноҳкарда ислоҳу роҳнамоиро қабул мекунад (Иш. 6:9). Баъзе гунаҳкорон ба кумаку дастгирии батакрори пирон аҳамият надода, сӯйи тавба қадам намегузоранд. Дар ин ҳолат чӣ кор бояд кард?
«БАДКОРРО АЗ БАЙНИ ХУД ДУР КУНЕД»
3. а) Мувофиқи Китоби Муқаддас бо касе, ки тавба намекунад, чӣ кор бояд кард? б) Чаро гуфтан мумкин аст, ки гунаҳкори аз ҷамоат дуркарда худаш ин роҳро интихоб кардааст?
3 Вақте гунаҳкор тавба намекунад, пирон маҷбур мешаванд, ки аз рӯйи дастури 1 Қӯринтиён 5:13 амал кунанд: «Бадкорро аз байни худ дур кунед». Вақте чунин шахсро аз ҷамоат дур мекунанд, ӯ он чиро, ки худаш коридааст, медаравад (Ғал. 6:7). Чаро чунин гуфтан мумкин аст? Охир, ӯ роҳнамоиву кумаки батакрори пиронро рад намуд (4 Подш. 17:12–15). Аз рафтори чунин кас маълум аст, ки ӯ роҳи гуноҳро маҳкам доштааст ва аҳкоми Худоро писанд намекунад (5 Мӯсо 30:19, 20).
4. Чаро аз ҷамоат дур кардани гунаҳкори тавбанакардаро эълон мекунанд?
4 Вақте гунаҳкори тавбабезорро аз ҷамоат дур мекунанд, эълон карда мешавад, ки ӯ дигар Шоҳиди Яҳува нест a. Мақсади ин эълон шарманда кардани гунаҳкор неву итоат ба дастури Китоби Муқаддас аст. Дар он гуфта мешавад, ки бо чунин кас «дигар ҳамнишин нашавед ва... хӯрок ҳам нахӯред» (1 Қӯр. 5:9–11). Ин дастур беҳуда дода нашудааст. Павлуси расул навиштааст: «Магар намедонед, ки андак хамиртуруш тамоми хамирро турш мекунад?» (1 Қӯр. 5:6). Гунаҳкорони тавбанакарда ба касоне, ки дар назари Яҳува дурусткору покрафтор монданиянд, таъсири бад мерасонанд (Пнм. 13:20; 1 Қӯр. 15:33).
5. Мо бояд нисбати ҳамимоне, ки аз ҷамоат дур карда шудааст, чӣ назар дошта бошем ва чаро?
5 Мо бояд нисбати ҳамимоне, ки аз ҷамоат дур карда шудааст, чӣ назар дошта бошем? Ҳарчанд мо бо ӯ ҳамнишин намешавем, дар назари мо ӯ гӯсфанди гумшуда аст, на гӯсфанди мурда. Гӯсфанде, ки раҳгум задаасту аз рама ҷудо шудааст, метавонад баргардад. Мо набояд фаромӯш созем, ки ин гӯсфанди гумшуда худро ба Яҳува бахшида буд. Афсӯс, ӯ аз рӯйи аҳде, ки бо Худо баста буд, умр ба сар набурда истодааст ва ҷони худро дар хатар гузоштааст. Аммо аз лутфу марҳамати Худо ҳамеша умед ҳаст (Ҳиз. 18:31). Аз ин рӯ як рӯз не, як рӯз, гунаҳкор метавонад сӯйи Яҳува баргардад. Чӣ тавр пирон бо рафтору рӯҳияи худ нишон диҳанд, ки умедашонро аз хатокори аз ҷамоат дуркарда накандаанд?
ЧӢ ТАВР ПИРОН БА КАСОНЕ, КИ АЗ ҶАМОАТ ДУР КАРДА ШУДААНД, КУМАК РАСОНДА МЕТАВОНАНД?
6. Чӣ тавр пирон ба касе, ки аз ҷамоат дур карда шудааст, кумак мекунанд?
6 Оё аз ҷамоат дур карда шудани кас маънои онро дорад, ки акнун илоҷи сӯйи Яҳува баргаштанро бояд худаш ёбад? Албатта, не. Вақте кумитаи пирон ба шахс хабар медиҳад, ки ӯ аз ҷамоат дур карда шудааст, ба вай мефаҳмонад, ки барои аз нав қисми ҷамоат шудан бояд кадом қадамҳоро гузорад. Вале кумаки пирон бо ҳамин тамом намешавад. Дар аксари мавридҳо пирон ба гунаҳкор мегӯянд, ки баъди якчанд моҳ мехоҳанд бо вай вохӯрда, бинанд, ки, чӣ дигаргуние дар фикрронияш дида мешавад. Агар гунаҳкор хоҳиш дошта бошад бо онҳо вохӯрад, пирон метавонанд ҳангоми вохӯрии навбатӣ ӯро бо меҳрубонӣ ба тавбаву бозгашт ба ҷамоат даъват кунанд. Он вақт ҳатто, агар дар фикрронияш дигаргуние дида нашавад, пирон минбаъд низ кӯшиш мекунанд як-як бо ӯ алоқа кунанд.
7. Чӣ тавр пирон дар муомила бо касоне, ки аз ҷамоат дур карда шудаанд, аз дилсӯзии Яҳува ибрат мегиранд? (Ирмиё 3:12).
7 Пирон дар муносибат бо касоне, ки аз ҷамоат дур карда шудаанд, аз дилсӯзии Яҳува ибрат мегиранд. Масалан, дар замонҳои қадим Яҳува интизор намешуд, ки халқи саркашаш Исроил қадами якумро гузорад. Ӯ пеш аз он ки дар рафтори онҳо ягон нишонаи тавба дида шавад, ташаббускорӣ менамуд. Аз мақолаи дуюми ин силсила омӯхтем, ки Яҳува ба пайғамбар Ҳушаъ чӣ гуфт. Ӯ пайғамбарашро ташвиқ кард, ки бо занаш оштӣ шавад, ҳарчанд занаш аз роҳи гунаҳкоронааш нагашта буд (Ҳуш. 3:1; Мал. 3:7). Пирони ҷамоат мисли Яҳува муштоқи онанд, ки гунаҳкор сӯйи Худо баргардад. Онҳо намехоҳанд бозгашти хатокорро сӯйи Худо мушкилтар созанд. (Ирмиё 3:12-ро хонед.)
8. Аз мисоли писари саркаш дар бораи раҳму дилсӯзии Яҳува чӣ меомӯзем? (Луқо 15:7).
8 Мисоли писари гумшударо ба ёд меорем, ки онро дар қисми дуюми ин силсиламақола дида баромадем. Вақте падар аз дур омадани писарашро мебинад, «тозон рафта, писарашро ба оғӯш» мегираду мебӯсад (Луқ. 15:20). Аҳамият диҳед, падар интизор намешавад, ки писараш омада, аз ӯ бахшиш пурсад. Ӯ ҳамчун падари меҳрубон худаш қадами аввалро мегузорад. Пирон низ нисбати гӯсфандони гумшуда чунин рӯҳияву назар доранд. Онҳо мехоҳанд, ки ин раҳгумзадагон ба хонаи худ, ба ҷамоат, баргарданд (Луқ. 15:22–24, 32). Вақте гунаҳкор сӯйи Худо бозмегардад, ҳам дар осмон ва ҳам дар замин шодии бузурге дида мешавад. (Луқо 15:7-ро хонед.)
9. Яҳува гунаҳкоронро чӣ даъвати пурмуҳаббате мекунад?
9 Аз мисолҳое, ки дида баромадем, маълум мешавад, ки Яҳува ба гуноҳ беаҳамиятӣ намекунад ва тавбаро зарур медонад. Вале ҳамзамон ӯ аз хатокорон рӯ намегардонад. Ӯ мехоҳад, ки онҳо сӯяш баргарданд. Ҳиссиёту фикрҳои Яҳуваро нисбати хатокорони тавбакарда аз Ҳушаъ 14:4 фаҳмидан мумкин аст: «Ман бевафоии онҳоро шифо мебахшам, бо ихтиёри худ онҳоро дӯст хоҳам дошт, зеро хашми ман аз ӯ дур шудааст». Ин ояти пуртаъсир барои пирон дарси ибрат аст: онҳо бояд ба ҳар як нишонаи тавба дар рафтору рӯҳияи гунаҳкор бодиққат бошанд. Гунаҳкоронро бошад, ин оят даъват мекунад, ки ҳар чӣ зудтар сӯйи Худои меҳрубону дилсӯзашон баргарданд.
10, 11. Чӣ тавр пирон ба касоне, ки пеш аз ҷамоат дур карда шуданд, ёрӣ мерасонанд?
10 Дар бораи касоне, ки аз ҷамоат чандин сол пеш дур карда шудаанд, чӣ гуфтан мумкин аст? Шояд, аз ин воқеа солҳои зиёд гузашта бошаду онҳо роҳи гунаҳкоронаро кайҳо боз тарк кардаанд. Баъзеи онҳо, шояд, ҳатто дар ёд надоранд, ки барои чӣ онҳоро аз ҷамоат дур кардаанд. Дар ҳар ҳол пирон кӯшиш мекунанд, ки бо онҳо тамос гирифта, онҳоро хабар гиранд. Ҳангоми чунин хабаргириҳо пирон ба шахс пешниҳод мекунанд, ки ҳамроҳаш дуо гӯянд ва бо меҳрубонӣ ӯро даъват мекунанд, ки ба ҷамоат баргардад. Агар шахс солҳо боз аз ҷамоат дур бошад, рӯҳан хеле суст мешавад. Аз ин рӯ, агар ӯ ба ҷамоат баргаштан хоҳад, пирон, ҳатто пеш аз барқароршавияш ба вай омӯзишро пешкаш мекунанд. Агар вай розӣ шавад, пирон ягон бародар ё хоҳарро барои гузарондани омӯзиш интихоб мекунанд.
11 Аз Худованди дилсӯз Яҳува ибрат гирифта, пирон бо шумораи ҳар чӣ бештари дуркардагон аз ҷамоат тамос мегиранд ва ба онҳо мефаҳмонанд, ки дари бозгашт ба ҷамоат ҳанӯз кушода аст. Вақте гунаҳкор тавба мекунаду аз роҳи бадаш мегардад, ӯро ҳар чӣ зудтар барқарор мекунанд (2 Қӯр. 2:6–8).
12. а) Дар кадом ҳолатҳо ба пирон эҳтиёти хоса даркор? б) Чаро набояд фикр кард, ки одамоне, ки ба баъзе гуноҳҳо даст задаанд, ҳаргиз наметавонанд лутфи Худоро соҳиб шаванд? (Ҳамчунин ба поварақ нигаред.)
12 Дар баъзе мавридҳо пеш аз барқарор кардани касе пирон масъаларо бо эҳтиёти тамом месанҷанд ва баркашида мебинанд, ки тавбаи одам ҳаққонист ё не. Масалан, дар чунин ҳолатҳо: агар шахс бо кӯдаке муносибати бераҳмона кардааст, осӣ шудааст ё барои ҷудо шудан аз ҳамсараш аз рӯйи нақшаи маккорона амал кардааст (Мал. 2:14; 2 Тим. 3:6). Вазифаи пирон ҳимоя кардани рама аст. Ҳамзамон мо набояд фаромӯш созем, ки Яҳува ҳар гунаҳкореро, ки аз самими дил тавба мекунаду аз бадкорӣ даст мекашад, қабул мекунад. Пирон бо касоне, ки бо дигарон хиёнаткоронаву маккорона амал намудаанд, боэҳтиёт рафтор мекунанд. Аммо онҳо ҳаргиз набояд чунин гӯянд: «Худо ҳеҷ гоҳ ана вай одамро барои ин гуноҳаш намебахшад» b (1 Пет. 2:10).
ҶАМОАТ ЧӢ КОР КАРДА МЕТАВОНАД?
13. Мо бо касоне, ки танбеҳ гирифтаанд, чӣ тавр муносибат мекунем ва бо касоне, ки аз ҷамоат дур карда шудаанд, чӣ тавр?
13 Чуноне ки дар мақолаи гузашта дида баромадем, баъзан дар ҷамоат эълон мекунанд, ки касе танбеҳ гирифт. Дар чунин ҳолат мо бо он шахс вақт гузаронида метавонем. Охир, мо медонем, ки ӯ тавба карда, аз роҳи бадаш гаштааст (1 Тим. 5:20). Ӯ ҳоло ҳам қисми ҷамоат аст ва ба суҳбати қувватбахши ҳамимонон ниёз дорад (Ибр. 10:24, 25). Аммо, агар шахсро аз ҷамоат дур кунанд, мо бо вай ҳамнишин намешавем ва хӯрок ҳам намехӯрем (1 Қӯр. 5:11).
14. Чӣ тавр масеҳиён дар муомила бо дуркардагон аз ҷамоат виҷдони аз Калом таълимёфтаашонро кор фармуда метавонанд? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
14 Пас, оё аз ҳар як масеҳӣ талаб карда мешавад, ки бо касе, ки аз ҷамоат дур карда шудааст, тамоман гап назанад? На ҳама вақт. Албатта, мо намехоҳем бо он одам вақт гузаронем. Вале мо метавонем дар асоси виҷдони таълимёфтаамон қарор кунем, ки ягон хеш ё дӯсти аз ҷамоат дуркардаро ба вохӯрӣ даъват кунем. Агар ӯ ба вохӯрӣ биёяд, чӣ хел рафтор кунем? Дар гузашта мо бо чунин кас салому алейк намекардем. Ҳоло бошад, ҳар як масеҳӣ виҷдони аз Навиштаҳо таълимёфтаашро кор фармуда, қарор карда метавонад, ки ба чунин шахс салом кунад ва «хуш омадед» гӯяд ё не. Вале, албатта, мо бо чунин кас суҳбати давомнок намекунему вақт намегузаронем.
15. Дар 2 Юҳанно 9–11 кадом гунаҳкорон тасвир ёфтаанд? (Ҳамчунин ба чорчӯбаи « Оё Юҳаннову Павлус дар бораи як навъи гуноҳ гап мезаданд?» нигаред.)
15 Шояд, баъзеҳо пурсанд: «Магар Китоби Муқаддас намегӯяд, ки ҳар кӣ ба чунин кас салом диҳад, ба корҳои бадаш шарик мешавад?» (2 Юҳанно 9–11-ро хонед.) Оятҳои гирду атрофи ин порчаро омӯхта, мефаҳмем, ки гап ин ҷо дар бораи осиён ва касоне меравад, ки фаъолона бадкориро тарафдорӣ мекунанд (Ошкор. 2:20). Аз ин рӯ, агар шахс фаъолона таълимоти осиён ва ё бадкориро тарафдорӣ кунад, пирон бо ӯ вонамехӯранд. Аммо мо умедворем, ки чунин кас аз ғафлати рӯҳонӣ бедор мешавад. То он дам мо ба чунин кас салом намедиҳем ва ӯро ба ҷамъомадҳо даъват намекунем.
АЗ РАҲМУ ДИЛСӮЗИИ ЯҲУВА ИБРАТ МЕГИРЕМ
16, 17. а) Яҳува чӣ кор кардани гунаҳкоронро мехоҳад? (Ҳизқиёл 18:32). б) Чӣ тавр пирон бо Яҳува ҳамкорӣ карда метавонанд?
16 Мо панҷ қисми ин силсиламақоларо дида баромада, чиро омӯхтем? Мо фаҳмидем, ки Яҳува нест шудани ягон касро намехоҳад. (Ҳизқиёл 18:32-ро хонед.) Ӯ мехоҳад, ки гунаҳкорон сӯяш баргарданд (2 Қӯр. 5:20). Аз ин рӯ ӯ тӯли таърих борҳои зиёд халқи саркаши худ ва бисёр одамони худсарро ба роҳи тавбаву ислоҳ даъват мекард. Пирони ҷамоат соҳиби шарафи бузурганд: онҳо гунаҳкоронро ба тавба даъват карда, бо Яҳува Худо ҳамкорӣ мекунанд (Рум. 2:4; 1 Қӯр. 3:9).
17 Вақте гунаҳкорон тавба мекунанд, дар осмон бонги шодӣ баланд мешавад. Ҳар боре ягон гӯсфанди гумшуда ба ҷамоат қадам мемонад, Падари осмониямон Яҳува беҳад шод мешавад. Дар бораи дилсӯзӣ, раҳм ва лутфу марҳамати Яҳува андеша ронда, меҳрамон ба ӯ қавитару қавитар мешавад (Луқ. 1:78).
СУРУДИ 28 Суруди нав
a Мо дигар дар бораи чунин кас намегӯем: «Вай хориҷ шуд» ё «вай хориҷшуда». Ба гуфтаҳои Павлус дар 1 Қӯринтиён 5:13 такя карда, мо ибораҳои зеринро истифода мебарем: «Аз ҷамоат дур кардан» ё «вай аз ҷамоат дур карда шуд».
b Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки баъзе одамон бахшида намешаванд. Чунин касон ба Худо саркашона муқобилат мекунанд ва аз ин роҳашон гаштанӣ нестанд. Мо ҳақ надорем дар бораи ягон кас гӯем: «Гуноҳи вай нобахшиданист». Танҳо Яҳува ва Исо метавонанд одамро доварӣ кунанд (Марқ. 3:29; Ибр. 10:26, 27).