Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 31

СУРУДИ 2 Раҳмат ба Ту, Яҳува

Яҳува барои наҷоти одамони гунаҳкор чӣ кор кардааст?

Яҳува барои наҷоти одамони гунаҳкор чӣ кор кардааст?

«Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягоназоди худро дод» (ЮҲ. 3:16).

МАҚСАД

Мо мефаҳмем, ки чӣ тавр Яҳува барои бо гуноҳ мубориза бурданамон дасти ёрӣ дароз кардааст ва чӣ тавр дари ҳаёти ҷовидонаро, ҳаётеро, ки ному нишони гуноҳ дар он нест, барои мо боз кардааст.

1, 2. а) Гуноҳ чист ва чӣ тавр бар он ғолиб оем? (Ҳамчунин ба «Маънои баъзе калимаву ибораҳо нигаред».) б) Мо дар ин мақола ва мақолаҳои навбатии ин нашр чиро дида мебароем? (Ҳамчунин дар ин нашр ба «Муроҷиат ба хонандагон» нигаред.)

 ОЁ ФАҲМИДАН мехоҳед, ки Яҳува шуморо чӣ қадар дӯст медорад? Барои ба ин савол ҷавоб ёфтан чунин карда метавонед: қадамҳоеро омӯзед, ки Яҳува барои одамонро аз гуноҳу марг халос кардан гузоштааст. Гуноҳ a душмани пурзӯр аст, бо қуввати худамон мо бар он дастболо намешавем. Ҳамаи мо ҳар рӯз гуноҳ мекунем ва аз сабаби гуноҳ ба марг маҳкум шудаем (Рум. 5:12). Лекин ноумед нашавед, бо дастгирии Яҳува мо бар он ғолиб меоем. Ин ғалаба орзуи хушку холӣ нест.

2 Яҳува тақрибан 6000 сол аст, ки ба одамон дар муҳорибаашон бо гуноҳ кумак мекунад. Чаро? Зеро ӯ моро дӯст медорад. Ӯ одамонро аз аввал дӯст медошт. Аз ин рӯ барои дастгирӣ кардани мо чораҳои зиёде андешид. Ӯ медонад, ки гуноҳ ба марг оварда мерасонад ва ӯ мурдани моро намехоҳад. Баръакс, Яҳува мехоҳад, ки ҳар яки мо ҷовидона зиндагӣ кунем (Рум. 6:23). Дар ин мақола мо се саволро дида мебароем: 1) Чӣ тавр Яҳува ба одамони гунаҳкор умед бахшид? 2) Чӣ тавр одамон дар замонҳои пеш розигии Яҳуваро соҳиб шуданд? 3) Исо барои наҷоти одамони гунаҳкор чӣ кор кард?

ЧӢ ТАВР ЯҲУВА БА ОДАМОНИ ГУНАҲКОР УМЕД БАХШИД?

3. Чӣ тавр аҷдодони аввалинамон гунаҳкор шуданд?

3 Вақте Яҳува марду зани аввалинро офарид, мехост онҳо хушбахт бошанд. Ӯ ба онҳо хонаи зебо, атои оиладорӣ ва як супориши ҳаяҷонбахш дод. Онҳо бояд заминро бо наслашон пур карда, онро мисли боғи Адан зебо мегардонданд. Яҳува фақат кардани як кори хурдеро манъ кард. Ӯ онҳоро огоҳ кард, ки, агар ба ин амр гӯш надода, дидаю дониста зидди ӯ бароянд, гуноҳашон ба марг оварда мерасонад. Мо медонем, ки дар натиҷа чӣ рӯй дод. Рӯҳи нонамоёне ба миён даромад, ки на Худоро дӯст медошту на Одаму Ҳавворо. Вай Одаму Ҳавворо васваса кард ва онҳо ба таъсири бади ӯ дода шуданд. Ба Падари меҳрубонашон шак оварда, онҳо ба гуноҳ даст заданд. Чи хеле мо медонем, сухани Яҳува ҳақ баромад. Аз ҳамон вақт сар карда, онҳо оқибати рафторашонро мечашиданд — онҳо пир шудан гирифтанд ва оқибат мурданд (1 Мӯсо 1:28, 29; 2:8, 9, 16–18; 3:1–6, 17–19, 24; 5:5).

4. Чаро Яҳува аз гуноҳ нафрат дорад ва дар муборизаи он ба мо ёрӣ мерасонад? (Румиён 8:20, 21).

4 Яҳува ин воқеаи ғамоварро барои фоидаи мо дар Каломаш ҷой дод. Аз он мо мефаҳмем, ки чаро Яҳува ин қадар гуноҳро бад мебинад. Гуноҳ байни мову Падари осмониямон девори ҷудоӣ меандозад ва оқибат ба марг меорад (Иш. 59:2). Ана барои чӣ Шайтони исёнкору балоангез гуноҳро дӯст медораду онро таблиғ мекунад. Баъди воқеаи боғи Адан, шояд, ӯ фикр кард, ки ғалабаи бузург ба даст овард. Лекин ӯ намефаҳмид, ки Яҳува чӣ қадар Худои пурмеҳр аст. Яҳува одамизодро дӯст медорад, аз ин рӯ дарҳол чора андешид, то насли Одаму Ҳавво соҳиби ояндаи нек шаванд. Ӯ медонист, ки дар оянда касоне пайдо мешаванд, ки ӯро дӯст дошта, дар мубориза бо гуноҳ роҳнамоияшро мепурсанд. (Румиён 8:20, 21-ро хонед.) Яҳува, ки Падару Офаридгори онҳост, роҳи дӯстӣ бо худ ва халосӣ аз гуноҳро барояшон кушод. Ӯ чӣ тавр ин корро кард?

5. Кай Яҳува аввалин бор ба одамизоди гунаҳкор умед бахшид ва 1 Мӯсо 3:15 чиро пешгӯйӣ мекунад?

5 1 Мӯсо 3:15-ро хонед. Вақте Яҳува Шайтонро доварӣ кард, аввалин шарораи умед дурахшид. Худо дар бораи насле пешгӯйӣ кард, ки наҷотбахши одамизод мешавад. Насли ваъдашуда оқибат Шайтонро сарнагун мекунад ва ҳамаи корҳои бади ӯро, ки аз боғи Адан сарчашма мегирифт, барҳам мезанад (1 Юҳ. 3:8). Лекин пеш аз ин он насл бояд азоб мекашид, Шайтон ӯро зарба мезад ва ӯ мемурд. Ин воқеа барои Яҳува беҳад дардовар буд, вале сабри бузурги ӯ самар овард: дар натиҷа, одамони беҳисоб аз гуноҳу марг имкони наҷот пайдо карданд.

ЧӢ ТАВР ОДАМОНИ ГУНАҲКОР ДАР ЗАМОНҲОИ ПЕШ РОЗИГИИ ЯҲУВАРО СОҲИБ ШУДАНД?

6. Мардони боимон ба монанди Ҳобилу Нӯҳ барои ба Яҳува наздик шудан чӣ кор карданд?

6 Тӯли садсолаҳо баъд аз ин воқеа Яҳува оҳиста-оҳиста ошкор кард, ки одамони гунаҳкор ба ӯ наздик шуда метавонанд. Баъди фоҷиаи боғи Адан Ҳобил, дуюм писари Одаму Ҳавво, аввалин касе буд, ки ба Яҳува имон овард. Азбаски ӯ Яҳуваро дӯст медошту розигияшро ба даст оварда, ба ӯ наздик шудан мехост, ба Яҳува қурбонӣ овард. Ҳобил чӯпон буд ва аз рамааш якчанд барраро гирифта, ба Яҳува қурбонӣ овард. Яҳува ба ин чӣ хел назар кард? «Яҳува Ҳобил ва ҳадияи ӯро маъқул кард» (1 Мӯсо 4:4). Баъд аз Ҳобил низ Худо бо ризомандӣ қурбониҳоеро, ки одамон аз муҳаббату имон ба ӯ меоварданд, қабул мекард. Яке аз чунин касон Нӯҳ буд (1 Мӯсо 8:20, 21). Бо қабул кардани ин қурбониҳо Яҳува нишон медод, ки одамони гунаҳкор дилашро ёфта, ба ӯ наздик шуда метавонанд b.

7. Аз он ки Иброҳим барои қурбон кардани писари ягонааш тайёр буд, чӣ меомӯзем?

7 Яҳува аз Иброҳим, марде, ки имони барҷаста дошт, қурбон кардани писараш, Исҳоқро, дархост намуд. Ҳарчанд ин супориш барои Иброҳим беҳад мушкилу дардовар буд, ӯ тайёр буд онро ба ҷо орад. Лекин Худо дар лаҳзаи охирин ӯро боздошт. Аз ин мисол тамоми имондорон як чизи муҳимро мефаҳманд: Яҳува одамонро чунон дӯст медорад, ки барои наҷоти онҳо ҷони Писари азизашро дареғ намедорад (1 Мӯсо 22:1–18).

8. Қурбониҳои зиёди Шариат ба чӣ ишора мекарданд? (3 Мӯсо 4:27–29; 17:11).

8 Асрҳо баъд ба халқи Исроил Шариат дода шуд. Дар он дар бораи бисёр қурбониҳое гуфта мешуд, ки халқи Худо бояд барои рӯпӯш кардани гуноҳҳояшон меоварданд. (3 Мӯсо 4:27–29; 17:11-ро хонед.) Ин қурбониҳои ҳайвонот ба қурбонии бузургтаре ишора мекарданд — ба қурбоние, ки инсониятро аз гуноҳ пурра халос мекунад. Пайғамбарон аз рӯйи илҳоми илоҳӣ мефаҳмонданд, ки ин насли ваъдашуда бояд азоб кашида, мисли гӯсфанди қурбонӣ кушта мешуд. Баъдтар маълум шуд, ки он насл Писари ягоназоди Худост (Иш. 53:1–12). Тасаввур кунед: Яҳува барои наҷоти инсоният аз гуноҳу марг, барои наҷоти шумо низ, ҷони Писари азизашро дареғ надошт.

ИСО БАРОИ НАҶОТИ ОДАМОНИ ГУНАҲКОР ЧӢ КОР КАРД?

9. Яҳё дар бораи Исо чӣ гуфт ва суханаш чӣ маъно дошт? (Ибриён 9:22; 10:1–4, 12).

9 Дар асри яки милодӣ Яҳёи Таъмиддиҳанда ба Исои носирӣ ишора карда, чунин гуфт: «Ана Барраи Худо, ки гуноҳи ҷаҳонро дур мекунад!» (Юҳ. 1:29). Аз ин суханони илҳомбахшида бармеомад, ки Исо ҳамон насли ваъдашуда аст. Ӯ қурбонии ваъдагиро пешкаш кард. Акнун барои одамони гунаҳкор умеди фурӯзон пайдо шуд. Ин ғалабаи ниҳоӣ бар гуноҳ буд. (Ибриён 9:22; 10:1–4, 12-ро хонед.)

10. Чӣ тавр Исо маълум сохт, ки барои даъват кардани гунаҳкорон омадааст?

10 Исо махсусан ба касоне диққат медод, ки аз бори вазнини гуноҳ беҳол шуда буданд. Ӯ онҳоро даъват мекард, ки пайравонаш шаванд. Исо медонист, ки сабаби бадбахтиҳои одамизод гуноҳ аст. Аз ин рӯ худро аз мардону заноне, ки дар чашми мардум гунаҳкорони бадном буданд, дур намегирифт. Ӯ инро бо мисоле фаҳмонда гуфт: «Ман барои он омадаам, ки на росткорон, балки гунаҳкоронро даъват кунам» (Мат. 9:12, 13). Исо мувофиқи ин суханон амал мекард. Боре ӯ гуноҳи занеро, ки бо ашкҳояш пойи ӯро шуст, бахшид (Луқ. 7:37–50). Бори дигар бошад, ба зани сомарие, ки ҳаёти бадахлоқона мебурд, ҳақиқатҳои муҳимро таълим дод (Юҳ. 4:7, 17–19, 25, 26). Яҳува ба Исо ҳатто қудрат дода буд, ки марг — оқибати гуноҳро бартараф кунад. Чӣ тавр Исо мардон, занон, кӯдакон ва ҷавононро зинда кард? (Мат. 11:5).

11. Чаро гунаҳкорон бемалол ба Исо наздик мешуданд?

11 Ҳатто одамоне, ки ғарқи гуноҳ буданд, ба Исо наздик мешуданд. Ӯ бо онҳо ҳамдарду меҳрубон буд. Аз ин рӯ онҳо бемалол сӯяш меомаданд (Луқ. 15:1, 2). Исо бошад, чунин одамонро барои имонашон таъриф карда, бо онҳо меҳрубонона рафтор мекард (Луқ. 19:1–10). Бо тарзи ҳаёташ ӯ раҳмдилии Падарашро ба мо намоён сохт (Юҳ. 14:9). Бо гапу кораш ӯ нишон медод, ки Падари дилсӯзу меҳрубонаш чӣ қадар одамонро дӯст медорад ва мехоҳад, ки дар мубориза бо гуноҳ дастгири ҳар яки онҳо бошад. Исо ба одамони гунаҳкор ёрӣ мерасонд, то аз рафторашон пушаймон гашта, орзуманди ислоҳ шаванд ва ӯро пайравӣ кунанд (Луқ. 5:27, 28).

12. Исо дар бораи марги худ чӣ гуфта буд?

12 Исо медонист, ки ӯро дар пеш чӣ интизор аст. Ӯ якчанд бор ба пайравонаш гуфт, ки одамон ба ӯ хиёнат карда, ӯро дар сутун мехкӯб мекунанд (Мат. 17:22; 20:18, 19). Исо медонист, ки ба воситаи қурбонии ӯ гуноҳи тамоми ҷаҳон шуста мешавад, ҳамон тавре ки Яҳёву пайғамбарон пешгӯйӣ карда буданд. Исо ҳамчунин гуфта буд, ки баъди пешкаш кардани ҳаёташ ӯ «ҳар гуна одамонро сӯйи худ ҷалб» мекунад (Юҳ. 12:32). Агар одамони гунаҳкор Исоро Ҳазрати худ дониста, ӯро пайравӣ кунанд, дили Яҳуваро шод мегардонанд ва оқибат аз банди гуноҳ озод мешаванд (Рум. 6:14, 18, 22; Юҳ. 8:32). Исо ҳамаи инро дониста, шердилона марги пуразобро пешвоз гирифт (Юҳ. 10:17, 18).

13. Исо чӣ тавр мурд ва аз марги ӯ дар бораи меҳри Яҳува чиро мефаҳмем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

13 Ба Исо хиёнат карданд, ӯро ба ҳабс гирифтанд, ҳақоратборон карданд, лаънат хонданд, ҳукм карданд ва ҳатто шиканҷа доданд. Сарбозон ӯро ба ҷойи қатл бурда, дар сутун мехкӯб карданд. Ҷони Исои содиқ дар азоб буд, аммо дарди Яҳува аз ӯ бештар буд. Ӯ аз дахолат кардан худдорӣ намуд ва қувваи бепоёнашро кор нафармуд. Чаро Падари пурмеҳр ин қадар азобро тоқат кард? Сабаби ин муҳаббат буд. Исо чунин гуфт: «Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягоназоди худро дод, то ҳар кӣ ба ӯ имон дошта бошад, нобуд нашавад, балки соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ гардад» (Юҳ. 3:16).

Ба қатли Писараш роҳ дода, Яҳува ба сӯзу дарди бепоён тоб овард, ба хотире ки моро аз гуноҳу марг халос кунад (Ба сархати 13 нигаред.)


14. Қурбонии Исо барои шумо далели чист?

14 Қурбонии Исо далели бузургтаринест, ки Яҳува чӣ қадар насли Одаму Ҳавворо дӯст медорад. Он исбот мекунад, ки Яҳува шахсан шуморо то чӣ андоза дӯст медорад. Ӯ чӣ қадар фидокориҳои бузург кард, чӣ қадар дардро аз сар гузаронд, то шуморо аз маргу гуноҳ наҷот диҳад! (1 Юҳ. 4:9, 10). Яҳува мехоҳад дар мубориза бо гуноҳ ба ҳар яки мо ёрӣ диҳад, то ғалаба ба даст орем.

15. Барои аз товони Исо баҳра гирифтан бояд чӣ кор кунем?

15 Ба воситаи туҳфаи Яҳува, қурбонии Писари азизаш, дари бахшиши гуноҳҳо кушода шуд. Лекин барои соҳиб шудани бахшиши Худо мо бояд як кор кунем. Чӣ кор? Яҳёи Таъмиддиҳанда ва баъдтар худи Исо ба ин савол ҷавоб гуфтанд: «Тавба кунед, зеро Подшоҳии осмон наздик шудааст» (Мат. 3:1, 2; 4:17). Агар мо дар ҳақиқат хоҳем, ки бар гуноҳ дастболо шуда, ба Падари меҳрубонамон наздик гардем, бояд тавба кунем. Лекин тавба чиро дар бар мегирад ва чӣ тавр он дар талош бо гунаҳкориямон ба мо ёрӣ мерасонад? Дар мақолаи омӯзишии навбатӣ ба ин савол ҷавоб меёбем.

СУРУДИ 149 Барои фидия миннатдорем

a МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Дар Китоби Муқаддас калимаи «гуноҳ» паҳлуҳои гуногун дорад: баъзан, он маънои хато кардан, вайрон кардани меъёрҳои ахлоқии Худоро дорад. Гоҳе бошад, калимаи «гуноҳ» ҳолати нокомиливу гунаҳкории моро ифода мекунад, ки аз Одам мерос гирифтаем. Ба сабаби ин гуноҳи меросгирифта мо мемирем.

b Чаро Яҳува то замони Масеҳ қурбониҳои одамони худодӯстро қабул мекард? Сабабаш ин буд: ӯ медонист, ки дар оянда Масеҳ ҷонашро қурбон карда, барои халосии абадӣ аз гуноҳу марг роҳ мекушояд (Рум. 3:25).