Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Саволҳои хонандагон

Саволҳои хонандагон

Дар 2 Таслӯникиён 3:14 Павлус гуфт, ки баъзе одамон бояд дар «мадди назар» дошта шаванд. Ин дастури Павлус ба тамоми ҷамоат дахл дошт ё ба пирон?

Павлуси расул ба масеҳиёни таслӯникӣ чунин навишт: «Агар касе ба суханони ин нома итоат накунад, вайро дар мадди назар доред» (2 Тас. 3:14). Пеш мо мегуфтем, ки ин дастури ӯ ба пирон дахл дошт. Яъне, агар ягон кас дар ҷамоат ба маслиҳатҳои батакрор гӯш надода, зидди принсипҳои Калом амал мекард, пирон нутқи огоҳкунандае мегуфтанд. Воизон бошанд, ин суханрониро шунида, бо чунин шахс рафтуомад намекарданд.

Лекин имрӯз мо ин оятро дигар хел мефаҳмем. Аз афташ, дастури Павлус ба ҳар як масеҳӣ дахл дошт. Аз ин рӯ лозим нест, ки пирон нутқи огоҳкунанда гӯянд. Чаро мо дар ин масъала фаҳмишамонро дигар кардем? Биёед бинем, ки дар ин порча гап дар бораи чӣ меравад.

Павлус навишт, ки баъзеҳо дар ҷамоат «вайронкори тартибу низом» буда, ба маслиҳати илоҳӣ гӯш намеандозанд. Вақте ӯ бори охир ин ҷамоатро хабар гирифта буд, чунин дастур дод: «Касе кор кардан нахоҳад, хӯрок ҳам нахӯрад». Аммо баъзеҳо ҳоло ҳам намехостанд, худро таъмин кунанд, ҳарчанд зӯрашон ба ин мерасид. Ба замми танбалияшон онҳо ба корҳои дигарон дахолат мекарданд. Масеҳиён бояд бо чунин вайронкорони тартибу низом чӣ хел рафтор мекарданд? (2 Тас. 3:6, 10–12).

Павлус навишт: «Вайро дар мадди назар доред». Ин маънои онро дорад, ки мо бояд дар муомила бо чунин кас боэҳтиёт бошем. Ин дастури Павлус ба тамоми ҷамоат дахл дошт, на фақат ба пирон (2 Тас. 1:1; 3:6). Пас, ҳар як масеҳӣ, вақте мебинад, ки ягон ҳамимонаш ба маслиҳати илоҳӣ гӯш намедиҳад, қарор мекунад, ки «бо вай дигар рафтуо» намекунад.

Оё сухани Павлус маънои онро дошт, ки дар назари масеҳиён чунин шахс бояд мисли касе бошад, ки аз ҷамоат дур карда шудааст? Не. Павлус илова мекунад: «Ӯро... чун бародар насиҳат кунед». Аз ин рӯ масеҳиён бо чунин шахс дар вохӯрию хизмат гап мезаданд, вале бо ӯ дар вақтхушиҳову нишастҳои дӯстона вақт намегузаронданд. Чаро онҳо чунин мекарданд? Павлус мефаҳмонад: «То [вай] аз рафтори худ шарм дорад». Вақте чунин масеҳӣ мебинад, ки дигарон бо ӯ дӯстӣ намекунанд, шояд, аз рафтори худ шарм дошта ислоҳ шавад (2 Тас. 3:14, 15).

Чӣ тавр мо имрӯз маслиҳати Павлусро ба кор бурда метавонем? Аввал, мо бояд бовар ҳосил кунем, ки шахс дар ҳақиқат «вайронкори тартибу низом» аст ё не. Павлус нагуфт, ки мо худро аз касоне дур гирем, ки интихоби шахсиву виҷдонашон аз мо фарқ дорад ё моро бо ягон корашон хафа кардаанд. Павлус касонеро дар назар дошт, ки дидаву дониста маслиҳатҳои рӯирости илоҳиро рад мекунанд.

Имрӯз, агар мо пай барем, ки масеҳие чунин рӯҳияи беитоатӣ a дорад, қарори шахсӣ мекунем, ки бо ӯ рафтуомаду дӯстӣ накунем. Азбаски мо худамон ба чунин қарор омадем, дар бораи ин берун аз оилаамон бо касе гап намезанем. Вале мо бо чунин одам хизмат карданро давом медиҳем ва дар вохӯриҳо ҳамсуҳбат мешавем. Вақте ки ӯ рафторашро ислоҳ кунад, мо бо ӯ рафтуомаду дӯстиро сар мекунем.

a Баъзе мисолҳои чунин рӯҳияи беитоатӣ: масеҳие намехоҳад худро таъмин кунад, ҳарчанд аз дасташ меояд; ӯ якравона бо касе, ки ҳамимон нест, мулоқот мекунад; бо суханонаш дар ҷамоат ҷудоӣ меандозад ё бо ғайбаташ обрӯйи касеро мерезонад (1 Қӯр. 7:39; 2 Қӯр. 6:14; 2 Тас. 3:11, 12; 1 Тим. 5:13). Касоне, ки пайваста ин корҳоро мекунанд, «вайронкорони тартибу низом»-анд.