Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 32

Имонатонро ба Офаридгор мустаҳкам созед

Имонатонро ба Офаридгор мустаҳкам созед

«Имон... далели вуҷуд доштани чизҳоест, ки ба чашм аён нестанд» (ИБР. 11:1).

СУРУДИ 15 Офаридаҳо Яҳуваро ҷалол медиҳанд

ПЕШГУФТОР *

1. Шумо дар бораи Офаридгор чиро медонед?

АГАР шумо дар оилаи Шоҳидони Яҳува ба воя расида бошед, эҳтимол, аз кӯдакиатон дар бораи Яҳува бисёр чизҳоро фаҳмидаед. Масалан, ба шумо таълим доданд, ки ӯ Офаридгор аст, хислатҳои беҳамто дорад ва ӯ мехоҳад, ки заминро ба биҳишт табдил диҳад (1 Мӯсо 1:1; Кор. 17:24–27).

2. Баъзеҳо дар бораи онҳое, ки ба Офаридгор бовар мекунанд, чӣ фикр доранд?

2 Лекин бисёр одамон бовар намекунанд, ки Худованд вуҷуд дорад ва ҳама чизро офаридааст. Баръакс, онҳо мегӯянд, ки ҳаёт худ ба худ пайдо шудааст ва аз чизҳои одӣ оҳиста-оҳиста чизҳои мураккаб ба вуҷуд омадаанд. Баъзе одамоне, ки ба ин чизҳо бовар мекунанд, маълумоти олӣ доранд. Шояд онҳо даъво карда гӯянд, ки илм нодуруст будани Китоби Муқаддасро тасдиқ мекунад ва ба Офаридгор касоне бовар мекунанд, ки нохонда, бехирад ё зудбоваранд.

3. Чаро мо бояд худамон имонамонро мустаҳкам кунем?

3 Оё ақидаи баъзе одамони обрӯманд имони моро ба Яҳува Офаридгори меҳрубонамон зери шубҳа мемонанд? Ин бисёртар ба он вобаста аст, ки чаро мо ба Офаридгор будани Яҳува бовар мекунем. Оё барои он бовар мекунем, ки касе ба мо дар ин бора гуфт ё худамон тадқиқот гузаронда ба хулоса омадем? (1 Қӯр. 3:12–15). Нигоҳ накарда ба он ки чанд сол боз Шоҳиди Яҳува ҳастем, ҳамаи мо бояд минбаъд низ имонамонро мустаҳкам созем. Агар ин тавр кунем, касе моро «бо фалсафа ва суханони хушку холии фиребанда» гумроҳ карда, гуфта наметавонад, ки таълимоти Китоби Муқаддас дурӯғ аст (Қӯл. 2:8; Ибр. 11:6). Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки 1) чаро бисёр одамон ба Офаридгор бовар намекунанд, 2) чӣ тавр имонамонро ба Яҳува Офаридгорамон мустаҳкам созем ва 3) чӣ хел имонамонро қавӣ нигоҳ дорем.

ЧАРО БИСЁРИҲО БА ОФАРИДГОР БОВАР НАМЕКУНАНД?

4. Мувофиқи Ибриён 11:1 имони ҳақиқӣ бар чӣ асос меёбад?

4 Баъзеҳо гумон мекунанд, ки имон маънои бе далел ба чизе бовар карданро дорад. Вале мувофиқи Китоби Муқаддас ин гуна имон имони ҳақиқӣ ҳисоб намеёбад. (Ибриён 11:1-ро хонед.) Аҳамият диҳед, ки имон бар далел асос меёбад. Аз ин рӯ ҳатто мо Яҳува, Исо ва Подшоҳии Худоро дида натавонем ҳам, ба вуҷуд доштани онҳо далели боварибахш дорем (Ибр. 11:3). Як олиме, ки баъдтар Шоҳиди Яҳува шуд, мегӯяд: «Шоҳидони Яҳува ба чизҳое, ки эътиқод доранд, кӯр-кӯрона бовар намекунанд, онҳо ҳамзамон далелҳои илмро рад наменамоянд».

5. Чаро бисёриҳо бовар мекунанд, ки ҳаёт худ ба худ пайдо шудааст?

5 Агар ин қадар далелҳои зиёд вуҷуд дошта бошанд, пас, чаро бисёри одамон бовар намекунанд, ки Худо ҳама мавҷудоти зиндаро офаридааст? Чунки баъзеҳо ягон бор мустақилона далелҳоро дида набаромадаанд. Роберт, ки ҳоло Шоҳиди Яҳува аст, мегӯяд: «Азбаски дар мактаб дар бораи офариниш чизе намегуфтанд, ман фикр мекардам, ки ин таълимот нодуруст аст. Дар 22-солагиам, вақте ман бо Шоҳидони Яҳува ҳамсуҳбат шудам, фаҳмидам, ки дар Китоби Муқаддас далелҳои боварибахше оварда шудаанд, ки Худо ҳама чизро офаридааст» *. (Ба чорчӯбаи  «Муроҷиат ба волидон» нигаред.)

6. Чаро баъзеҳо вуҷуд доштани Офаридгорро рад мекунанд?

6 Баъзеҳо мегӯянд, ки танҳо ба чизҳои дидаашон бовар мекунанд, аз ин рӯ онҳо ба Офаридгор бовар надоранд. Дар асл, чунин шахсон ба баъзе чизҳое, ки бо чашмашон намебинанд, боварӣ доранд. Масалан, ҳарчанд онҳо шамолро намебинанд, ба вуҷуд доштани он бовар мекунанд. Ин гуна имон, ки дар Китоби Муқаддас оварда шудааст, ҳамчунин ба далели чизҳое, ки «ба чашм аён нестанд», асос меёбад (Ибр. 11:1). Барои омӯзиш ва ба худ исбот кардан вақту кӯшиш талаб карда мешавад, ки бисёри одамон инро кардан намехоҳанд. Шахсе, ки омӯзиш намекунад, ба хулоса омаданаш мумкин аст, ки Худо нест.

7. Оё ҳамаи олимон аз тарафи Худо офарида шудани коинотро рад мекунанд? Фаҳмонед.

7 Баъди омӯхтани далелҳо баъзе олимон боварӣ ҳосил карданд, ки коинотро Худованд офаридааст *. Баъзеҳо мисли Роберт, ки дар боло ёдовар шудем, шояд аз он сабаб ба Офаридгор бовар намекарданд, ки дар донишгоҳ онҳоро ҳеҷ вақт дар ин бора таълим намедоданд. Вале бисёри олимон Яҳуваро шинохта ӯро дӯст доштанд. Ба мисли ин олимон, ҳамаи мо новобаста ба маълумоти гирифтаамон бояд имонамонро ба Худо қавӣ гардонем. Ҳеҷ кас ба ҷойи мо ин корро карда наметавонад.

ЧӢ ТАВР ИМОНАМОНРО БА ОФАРИДГОР МУСТАҲКАМ КУНЕМ?

8, 9. а) Ҳозир мо ба кадом савол ҷавоб меёбем? б) Чӣ тавр омӯхтани офаридаҳо ба шумо манфиат меоранд?

8 Чӣ тавр имонатонро ба Офаридгор мустаҳкам карда метавонед? Биёед ду роҳро дида мебароем.

9 Дар бораи офаридаҳо омӯзед. Ҳайвонот, наботот ва ситораҳоро мушоҳида карда имонатонро ба Офаридгор мустаҳкам гардонда метавонед (Заб. 19:1; Иш. 40:26). Ҳар қадаре ки шумо дар бораи ин чизҳо омӯзед, ҳамон қадар дилпур мегардед, ки Яҳува Офаридгор аст. Дар адабиёти мо тез-тез мақолаҳое нашр мегарданд, ки дар бораи хусусиятҳои гуногуни офаридаҳо фаҳмонда мешавад. Ҳатто агар ин мақолаҳо душворфаҳм бошанд ҳам, онҳоро сарфи назар накунед. Чи қадаре ки метавонед, ҳамон қадар омӯзед. Видеонаворҳои офаридаҳоро, ки солҳои охир дар анҷумани минтақавӣ баромаданд, аз сайти jw.org гаштаю баргашта тамошо кунед.

10. Мисоле оред, ки вуҷуд доштани Офаридгорро тасдиқ мекунад? (Румиён 1:20).

10 Вақте шумо чизҳои гирду атрофро меомӯзед, бодиққат мулоҳиза кунед, ки аз онҳо дар бораи Офаридгор чӣ омӯхта метавонед. (Румиён 1:20-ро хонед.) Масалан, офтоб гармӣ ва нурҳое медиҳад, ки барои ҳаёт дар замин хеле муҳим аст, вале баъзе аз нурҳои он ба мисли нурҳои ултрабунафш зараровар буда метавонад. Одамон бояд аз чунин нурҳо муҳофизат карда шаванд ва мо аллакай муҳофизат карда шудаем. Чӣ тавр? Замини мо бо қабати озонӣ пӯшонида шудааст, ки он моро аз ин нурҳои зараровар чун сипар муҳофизат мекунад. Вақте нурҳои зараровари ултрабунафш баландтар мешавад, миқдори гази озонӣ низ меафзояд. Магар ин ҷараён худ ба худ пайдо шуда метавонист? Оё он аз меҳрубониву ғамхории Офаридгори бохирад шаҳодат намедиҳад?

11. Барои имонатонро ба Офаридгор мустаҳкам кардан шумо аз куҷо маълумот ёфта метавонед? (Ба чорчӯбаи  «Чанд мавод барои мустаҳкам кардани имон» нигаред.)

11 Барои мустаҳкам кардани имон шумо бисёр маълумотро аз «Роҳнамо» ва jw.org ёфта метавонед. Шояд шумо тадқиқоти худро аз силсилаи мақола ва видеонаворҳои «Оё ин худ аз худ пайдо шуд?» («Случайность или замысел?») сар кунед. Дар ин маводи кӯтоҳ дар бораи ҳайвоноту наботот якчанд маълумоти аҷоиб оварда шудааст. Дар онҳо ҳамчунин гуфта мешавад, ки чӣ тавр олимон муъҷизаҳои табиатро мушоҳида карда кӯшиш мекунанд, ки барои ихтирои ягон чизи хуб ба онҳо тақлид кунанд.

12. Ҳангоми омӯхтани Китоби Муқаддас мо бояд ба чӣ аҳамият диҳем?

12 Китоби Муқаддасро омӯзед. Олиме, ки дар боло дар борааш гуфтем, аввал эътироф намекард, ки Офаридгор ҳаст. Вале бо гузашти вақт ӯ ба вуҷуд доштани Худо боварӣ ҳосил кард. Ӯ мегӯяд: «Имони ман на танҳо бар чизи аз илм омӯхтаам, балки ҳамчунин бар омӯзиши бодиққати Каломи Худо асос меёбад». Шумо мумкин Китоби Муқаддасро аллакай нағз медонед, лекин барои имони худро ба Офаридгор қавӣ сохтан бояд омӯхтани Каломи Худоро давом диҳед (Юшаъ 1:8; Заб. 119:97). Масалан, дар бораи он фикр кунед, ки чӣ хел Китоби Муқаддас воқеаҳои таърихиро аниқ тасвир мекунад. Инчунин дар бораи пешгӯйиҳое, ки аллакай иҷро шудаанд ва дар бораи ҳамоҳанг будани суханони нависандагони гуногуни он мулоҳиза ронед. Бо ин роҳ шумо метавонед имонатонро ба Офаридгори меҳрубону бохирад қавӣ гардонед ва боварӣ ҳосил намоед, ки ӯ Китоби Муқаддасро илҳом бахшидааст * (2 Тим. 3:14; 2 Пет. 1:21).

13. Мисоле оред, ки хиради Каломи Худоро нишон медиҳад.

13 Ҳангоми омӯхтани Каломи Худо аҳамият диҳед, ки то чӣ андоза маслиҳатҳои он фоиданоканд. Масалан, кайҳо пеш дар Китоби Муқаддас огоҳ карда шуда буд, ки пулпарастӣ зарарнок аст ва он «азобҳои зиёд» меорад (1 Тим. 6:9, 10; Пнм. 28:20; Мат. 6:24). Оё ин суханон то ҳол ҳақ мебошанд? Дар як китоб чунин гуфта шудааст: «Одатан одамони пулпараст хушбахт нестанд ва зиқу рӯҳафтода мебошанд. Ҳатто одамоне, ки танҳо хоҳиши ба даст овардани пули зиёдро доранд, бадбахтанд ва саломатиашон зарар мебинад» («The Narcissism Epidemic»). Барои ҳамин огоҳии Китоби Муқаддас дар бораи дӯст надоштани пул хеле муфид мебошад. Оё шумо дигар маслиҳатҳои фоиданоки Китоби Муқаддасро медонед? Ҳар қадаре ки мо ба қадри онҳо расем, ҳамон қадар бештар ба хиради бепоёни Офаридгори пурмеҳрамон таваккал мекунем (Яъқ. 1:5). Дар натиҷа, мо аз ҳаёт хурсандии зиёдтар мегирем (Иш. 48:17, 18).

14. Бо ёрии омӯзиши Китоби Муқаддас дар бораи Яҳува чиро фаҳмида метавонед?

14 Китоби Муқаддасро бо мақсади беҳтар шинохтани Яҳува омӯзед (Юҳ. 17:3). Ҳамин тавр шумо дар бораи шахсият ва хислатҳои Яҳува мефаҳмед. Шумо мебинед, ки онҳо айнан ҳамон хислатҳое мебошанд, ки ҳангоми омӯхтани офаридаҳо пай мебурдед. Вақте мо хислатҳои Яҳуваро меомӯзем, боварӣ ҳосил мекунем, ки ӯ дар ҳақиқат вуҷуд дорад (2 Мӯсо 34:6, 7; Заб. 145:8, 9). Агар мо Яҳуваро беҳтару беҳтар шиносем, имонамон қавитар, муҳаббатамон зиёдтар ва пайвандҳои дӯстиамон бо ӯ мустаҳкамтар мегардад.

15. Чӣ хел шумо дар бораи имонатон ба дигарон нақл карда манфиат гирифта метавонед?

15 Ба дигарон дар бораи имоне, ки ба Худо доред, нақл кунед. Агар ин тавр кунед, имони шумо мустаҳкамтар мегардад. Лекин агар касе ҳангоми мавъиза ба шумо саволе диҳад, ки вуҷуд доштани Худоро зери шубҳа гузорад ва шумо чӣ гуфтанатонро надонед, чӣ кор мекунед? Дар ин ҳолат аз ягон адабиётамон ба ин савол ҷавоб ёбед ва сипас бо шахс онро муҳокима кунед (1 Пет. 3:15). Шумо ҳамчунин аз бародар ё хоҳари ботаҷрибае ёрдам пурсида метавонед. Он шахс далели Китоби Муқаддасро хоҳ қабул кунад, хоҳ не, шумо худатон аз тадқиқоти кардаатон манфиат мегиред. Имонатон мустаҳкамтар мегардад ва дар натиҷа шумо аз суханони ба ном одамони бохирад ва олим, ки ба вуҷуд доштани Офаридгор боварӣ надоранд, гумроҳ намешавед.

ИМОНАТОНРО ҚАВӢ НИГОҲ ДОРЕД

16. Агар мо имонамонро мустаҳкам нигоҳ надорем, чӣ рӯй доданаш мумкин?

16 Нигоҳ накарда ба он ки чанд сол боз ба Яҳува хизмат мекунем, мо бояд имонамонро ба ӯ мустаҳкам нигоҳ дорем. Чаро? Чунки агар мо эҳтиёт нашавем, имонамон суст шуда метавонад. Фаромӯш накунед, имон боварии қавӣ ба чизҳоест, ки аён нестанд. Чизҳоеро, ки мо намебинем, ба зудӣ фаромӯш карда метавонем. Барои ҳамин Павлуси расул сустимониро гуноҳе номид, ки «ба осонӣ ба мо мепечад» (Ибр. 12:1). Чӣ кор кунем, то ба ин дом наафтем? (2 Тас. 1:3).

17. Чӣ ба мо кумак мекунад, ки имонамонро мустаҳкам нигоҳ дорем?

17 Якум, аз Яҳува тез-тез рӯҳи муқаддас талабед. Чаро? Чунки имон яке аз хислатҳои самари рӯҳи муқаддас мебошад (Ғал. 5:22, 23). Бе ёрдами рӯҳи муқаддаси Офаридгорамон мо имони худро қавӣ нигоҳ дошта наметавонем. Агар аз Яҳува пайваста рӯҳи муқаддас пурсем, ӯ, албатта, онро ба мо медиҳад (Луқ. 11:13). Масалан, мо чунин дуо гуфта метавонем: «Имони моро зиёд гардон» (Луқ. 17:5).

18. Дар асоси Забур 1:2, 3 мо чӣ гуна туҳфаи беҳамто дорем?

18 Дуюм, мунтазам омӯзиши шахсӣ гузаронед. (Забур 1:2, 3-ро хонед.) Вақте ки ин тарона навишта шуд, дар Исроил танҳо якчанд нусхаи Шариати Худо мавҷуд буд ва он ба баъзе одамон, аз ҷумла ба подшоҳону коҳинон дастрас буд. Дар ҳафт сол як бор чорабиние баргузор мегашт, ки дар он «мардон, занон, кӯдакон ва ғарибон»-е, ки дар Исроил зиндагӣ мекарданд, барои гӯш кардани Шариати Худо ҷамъ меомаданд (5 Мӯсо 31:10–12). Дар рӯзҳои Исо танҳо якчанд одамон нусхаи Навиштаҳоро доштанд ва аксарияти онҳо дар ибодатхонаҳо нигоҳ дошта мешуд. Имрӯзҳо бошад, бисёри одамон қисман ё пурра Каломи Худоро хонда метавонанд. Ин дар ҳақиқат туҳфаи беҳамто мебошад! Чӣ тавр мо миннатдориамонро барои Китоби Муқаддас нишон дода метавонем?

19. Барои мустаҳкам нигоҳ доштани имони худ мо бояд чӣ кор кунем?

19 Агар мо мунтазам Каломи Худоро хонем, бо ин нишон медиҳем, ки ин туҳфаи бебаҳои Худоро қадр мекунем. Мо набояд гӯем, ки кай вақтам шуд, ҳамон вақт мехонам, балки барои хондан ва омӯхтани он реҷа тартиб диҳем. Агар мо боварӣ ҳосил кунем, ки Каломи Худоро мунтазам омӯхта истодаем, он гоҳ имонамонро қавӣ нигоҳ дошта метавонем.

20. Мо бояд ба чӣ азми қавӣ дошта бошем?

20 Баръакси «оқилону донишмандон»-и ин ҷаҳон имони мо бар далелҳои Каломи Худо асос меёбанд (Мат. 11:25, 26). Китоби Муқаддас ба мо мефаҳмонад, ки чаро дар рӯйи замин вазъият бад шуда истодааст ва Яҳува барои бартараф кардани он чӣ кор карданӣ аст. Барои ҳамин биёед имонамонро мустаҳкам гардонем ва ҳар қадаре ки метавонем ба дигарон ёрдам кунем, то ба Офаридгор имон оранд (1 Тим. 2:3, 4). Биёед минбаъд низ вақтеро интизор шавем, ки тамоми мавҷудоти зинда Яҳуваро бо суханоне, ки дар Ошкорсозӣ 4:11 оварда шудааст, ҷалол медиҳанд: «Худои мо, Яҳува, ту сазовори ҷалол... ҳастӣ, зеро ту ҳама чизро офаридаӣ».

СУРУДИ 1 Хислатҳои Яҳува

^ сарх. 5 Дар Навиштаҳо кушоду равшан фаҳмонда шудааст, ки Яҳува Офаридгор мебошад. Лекин бисёриҳо ба ин бовар намекунанд. Онҳо исрор карда мегӯянд, ки ҳаёт худ ба худ пайдо шудааст, онро ягон кас наофаридааст. Агар мо кӯшиш кунем, ки имонамонро ба Худо ва ба Китоби Муқаддас мустаҳкам гардонем, чунин ақидаи онҳо дар диламон ягон зарра шубҳа намеандозад. Аз ин мақола мо мебинем, ки чӣ тавр ин корро кардан мумкин аст.

^ сарх. 5 Дар баъзе мактабҳо муаллимон ба талабагон ҳатто як даҳан намегӯянд, ки ҳама чизро Худо офариданаш имконпазир аст. Онҳо фикр мекунанд, ки агар чунин кунанд, гӯё талабагонро маҷбур месозанд, ки ба Худо бовар кунанд.

^ сарх. 7 Фикру ақидаи баъзе шахсони соҳибмаълумот, аз ҷумла олимонро, ки ба Офаридгор имон оварданд, аз «Роҳнамо» дар бахши «Илм ва техника», «Мусоҳиба» хонда метавонед. Инчунин баъзе видеонаворҳоро дар сайти jw.org дар Китобхона > Видеонаворҳо > Мусоҳиба ва воқеаҳо аз ҳаёт > Ақидаи одамон нисбати пайдоиши ҳаёт тамошо карда метавонед.

^ сарх. 12 Масалан, ба мақолаи «Китоби Муқаддас китоби қадимаву ҳозиразамон» аз «Бурҷи дидбонӣ»-и №1 с. 2018 ва «Китоби Муқаддас аз ҳама ҷиҳатҳо рост аст» аз «Бедор шавед!»-и №3 с. 2017 нигаред.