Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 31

Оё шумо Яҳуваро босаброна интизорӣ мекашед?

Оё шумо Яҳуваро босаброна интизорӣ мекашед?

«Бо сабру тоқат Худои наҷоти худро интизор хоҳам шуд» (МИКО 7:7).

СУРУДИ 135 То охир истодагарӣ бикун

ПЕШГУФТОР *

1, 2. Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?

ФАРЗ КАРДЕМ ду чашми шумо ба роҳи дӯстатон чор аст, чунки ӯ бояд як чизи зарурро биёрад. Агар ӯ дар вақти муайян он чизро наорад, шумо чӣ ҳис мекардед? Магар зиқу хавотир намешудед? Мумкин шумо суханони зерини Панднома 13:12-ро ҳис кунед: «Умедвории дурудароз дилро бемор мекунад». Лекин агар шумо фаҳмед, ки дӯстатон бо сабабҳои муҳим дар вақташ расида наомад, он гоҳ-чӣ? Дар ин маврид, эҳтимол, шумо пурсаброна ӯро интизор мешудед.

2 Дар ин мақола мо якчанд принсипҳои Китоби Муқаддасро дида мебароем, ки барои «бо сабру тоқат» интизор шудан ба мо ёрдам мекунанд (Мико 7:7). Сипас, ду мавридро мебинем, ки чаро мо бояд пурсаброна Яҳуваро интизор шавем. Дар охир, мо мефаҳмем, ки Яҳува касонеро, ки ӯро пурсаброна интизор мешаванд, чӣ баракатҳо медиҳад.

ПРИНСИПҲОИ КИТОБИ МУҚАДДАС БА МО ПУРСАБРИРО ЁД МЕДИҲАНД

3. Мо аз Панднома 13:11 чӣ омӯхта метавонем?

3 Дар Панднома 13:11 гуфта мешавад, ки чаро ба мо пурсабр будан лозим аст. Он ҷо омадааст: «Сарвате, ки зуд ба даст ояд, дер намепояд, вале дороие, ки кам-камӣ ҷамъ шудааст, меафзояд». Мо аз ин оят чӣ омӯхта метавонем? Одами хирадманд корҳояшро бодиққат ва пурсаброна мекунад ва натиҷаи беҳтарин ба даст меорад.

4. Мо аз Панднома 4:18 чиро мефаҳмем?

4 Дар Панднома 4:18 чунин гуфта шудааст: «Роҳи росткорон мисли нури дурахшони саҳар аст, ки то нисфирӯзӣ торафт равшан мешавад». Ин суханон маънои онро дорад, ки Яҳува оҳиста-оҳиста нияташро ба халқи худ мекушояд. Лекин ин оят ҳамчунин ба мо ёрдам мекунад, то фаҳмем, ки чӣ тавр масеҳӣ дар ҳаёташ дигаргунӣ дароварда, ба Яҳува наздик шуда метавонад. Барои он ки шахс ба Яҳува наздик шавад, вақт лозим аст. Агар мо бодиққат омӯзиш карда маслиҳатҳои Каломи Худо ва ташкилоти ӯро ба кор барем, мо оҳиста-оҳиста хислатҳоеро, ки Масеҳ дорад, дар худ инкишоф медиҳем. Инчунин дониши мо дар бораи Худованд зиёд мешавад. Аҳамият диҳед, ки чӣ тавр Исо инро бо мисоле фаҳмонд.

Чи хеле ки растанӣ оҳиста-оҳиста мерӯяд, ҳамин тавр шахсе, ки хабари Подшоҳиро мешунаваду қабул мекунад, оҳиста-оҳиста дигаргун мешавад (Ба сархати 5 нигаред.)

5. Исо бо кадом мисол нишон дод, ки барои дигаргун шудани омӯзанда вақт лозим аст?

5 Исо фаҳмонд, ки хабари Подшоҳие, ки мо мавъиза мекунем, мисли донаи хурдакаке мебошад, ки дар дили одамони ҳақиқатдӯст оҳиста-оҳиста месабзад. Ӯ гуфт: «Дона бошад, месабзад ва калон мешавад, лекин он мард [коранда] намедонад, ки ин чӣ тавр рӯй медиҳад. Худи замин бо гузашти вақт ҳосил медиҳад: аввал майса, баъд хӯша ва сипас донаи пухта» (Марқ. 4:27, 28). Бо ин мисол Исо чӣ гуфтанӣ буд? Чи хеле ки растанӣ оҳиста-оҳиста мерӯяд, шахсе, ки хабари Подшоҳиро қабул кардааст, бо гузашти вақт дигар мешавад. Масалан, вақте омӯзанда ба Яҳува наздиктар мешавад, шумо пай бурда метавонед, ки ӯ дар ҳаёташ бисёр дигаргуниҳои хуб мекунад (Эфс. 4:22–24). Вале мо набояд фаромӯш кунем, ки айнан Яҳува ин донаи майдаро месабзонад (1 Қӯр. 3:7).

6, 7. Мо аз тарзи заминро офаридани Яҳува чиро ёд мегирем?

6 Яҳува барои ба анҷом расондани корҳояш пурсаброна чи қадаре ки даркор шавад, ҳамон қадар вақт ҷудо мекунад. Ӯ инро ба хотири ҷалол ёфтани исмаш ва бар манфиати дигарон мекунад. Биёед дида бароем, ки чӣ хел Яҳува қадам ба қадам заминро барои маскун шудани одамизод тайёр кард.

7 Дар Китоби Муқаддас дар бораи офарида шудани замин гуфта шудааст, ки Яҳува «андозаҳои онро» муқаррар намудааст, «асосҳо» ва «санги гӯшаи онро» гузоштааст (Айюб 38:5, 6). Ҳамчунин Яҳува вақт ҷудо карда чизҳои офаридаашро аз назар гузаронд (1 Мӯсо 1:10, 12). Акнун тасаввур кунед, вақте фариштагон ҳар як офаридаи нави Яҳуваро диданд, чӣ ҳис карданд. Бешубҳа, онҳо хеле хурсанд буданд, зеро «аз шодӣ фарёд мезаданд» (Айюб 38:7). Мо аз ин чӣ ёд мегирем? Ҳарчанд Яҳува барои офаридани замин, ситораҳо ва ҳама мавҷудоти зинда солҳои зиёдро сарф кард, лекин, вақте ӯ ҳар як чизи офаридаашро дид, чунин гуфт: «Хеле хуб аст» (1 Мӯсо 1:31).

8. Ҳоло мо чиро дида мебароем?

8 Мисолҳои боло нишон медиҳанд, ки дар Китоби Муқаддас бисёр принсипҳое ҳастанд, ки аз онҳо пурсабриро ёд мегирем. Биёед ҳоло ду мавридеро дида бароем, ки чаро мо бояд Яҳуваро бо омодагӣ интизор шавем.

КАЙ МО БОЯД ЯҲУВАРО ИНТИЗОР ШАВЕМ?

9. Дар кадом маврид мо бояд Яҳуваро интизор шавем?

9 Ба мо шояд лозим ояд, ки ҷавоби дуоҳоямонро интизор шавем. Вақте мо аз Яҳува барои бо ягон душворӣ ё сустиамон мубориза бурдан қувват мепурсем, мумкин ҳис кунем, ки ӯ даррав ба дуоҳоямон ҷавоб надода истодааст. Чаро Яҳува ба ҳама дуоҳоямон ба тезӣ ҷавоб намедиҳад?

10. Чаро мо бояд ҷавоби Яҳуваро пурсаброна интизор шавем?

10 Яҳува дуоҳои моро бодиққат гӯш мекунад (Заб. 65:2). Ӯ аз дуоҳои гарму ҷӯшонамон мефаҳмад, ки мо ба ӯ имон дорем (Ибр. 11:6). Ҳамчунин вақте мо барои ба Яҳува писанд омадан дар дуо ёрдам мепурсем, ӯ дидан мехоҳад, ки оё мо мувофиқи дуоҳоямон ва хосташ амал мекунем ё не (1 Юҳ. 3:22). Пас, агар мо барои ягон кори нодурустро партофтан аз Яҳува ёрдам пурсем, хуб мебуд, ки пурсабр бошем ва барои дигар шудан саъю кӯшиш кунем. Исо ба мо фаҳмонд, ки, эҳтимол, ба баъзе дуоҳоямон дарҳол ҷавоб нагирем. Ӯ гуфт: «Биталабед ва ба шумо дода мешавад, биҷӯед ва меёбед, дарро тақ-тақ кунед ва он ба рӯятон кушода мешавад, чунки касе биталабад, мегирад, касе, ки биҷӯяд, меёбад ва касе, ки дарро бикӯбад, он ба рӯяш кушода мешавад» (Мат. 7:7, 8). Вақте мо ба ин маслиҳат гӯш дода «ҳамеша дуо» мегӯем, боварӣ дошта метавонем, ки Падари осмониамон моро мешунаваду ба дуоямон ҷавоб мегардонад (Қӯл. 4:2).

Дар ҳоле ки мо Яҳуваро интизорем, бо имон ба ӯ дуо гуфтанро давом медиҳем (Ба сархати 11 нигаред.) *

11. Агар ба назар тобад, ки Яҳува ба дуоҳоямон ба зудӣ ҷавоб надода истодааст, чӣ тавр суханони Ибриён 4:16 ба мо кумак мекунанд?

11 Ҳарчанд ба назарамон чунин метобад, ки Яҳува ба дуоямон дер ҷавоб дода истодааст, лекин ӯ ба мо ваъда медиҳад, ки «саридарвақт» ҷавоб хоҳад дод. (Ибриён 4:16-ро хонед.) Барои ҳамин, агар ӯ мувофиқи хостамон тез ҷавоб надиҳад, мо ҳеҷ гоҳ набояд Яҳуваро айбдор кунем. Масалан, бисёриҳо тӯли солҳо дуо мегӯянд, ки Подшоҳии Худо тезтар ояду ба ин ҷаҳони нопок хотима бахшад. Ҳатто Исо ба мо гуфта буд, ки дар ин бора дуо гӯем (Мат. 6:10). Лекин, агар имони мо аз боиси он ки рӯзи Яҳува дар вақти гумонкардаамон наомад, суст шавад, ин бехирадӣ мебуд (Ҳаб. 2:3; Мат. 24:44). Беҳтараш, Яҳуваро то охир интизор шавем ва бо имон ба ӯ дуо гӯем. Рӯзи Яҳува аниқ дар вақташ хоҳад омад, чунки ӯ аллакай «рӯз ва соат»-и онро муайян кардааст ва он барои ҳар яки мо вақти беҳтарин хоҳад буд (Мат. 24:36; 2 Пет. 3:15).

Мо аз Юсуф дар бобати пурсабрӣ чиро омӯхта метавонем? (Ба сархатҳои 12–14 нигаред.)

12. Махсусан кадом вақт интизор шудан барои мо душвор буда метавонад?

12 Ба мо шояд лозим ояд, ки пурсаброна барқарор шудани адолатро интизор шавем. Бисёр вақт дар ин ҷаҳон бо одамон аз сабаби гуногун будани ҷинс, миллат, нажод ва маданияташон муносибати бад мекунанд. Дигаронро бошанд, аз боиси норасоии ҷисмонӣ ё фикриашон ҳатто паст мезананд. Бисёр Шоҳидони Яҳува аз сабаби эътиқодашон бо муносибати беадолатона рӯ ба рӯ мешаванд. Агар мо дар чунин ҳолат қарор дошта бошем, бояд суханони Исоро дар ёд дорем. Ӯ гуфта буд: «Ҳар кӣ то охир истодагӣ кунад, наҷот меёбад» (Мат. 24:13). Лекин, агар шумо аз хатои ҷиддии касе дар ҷамоат хабардор шавед, бояд чӣ кор кунед? Баъди пиронро дар ин бора хабардор кардан оё шумо пурсабрӣ зоҳир мекунед ва боварӣ доред, ки пирон ин масъаларо мувофиқи хости Яҳува ҳал мекунанд? Агар ягон кас гуноҳи ҷиддӣ кунад, пирон бояд чӣ кор кунанд?

13. Вақте касе гуноҳи ҷиддӣ содир мекунад, Яҳува аз пирон чӣ интизор аст?

13 Вақте пирон аз гуноҳи ҷиддии касе дар ҷамоат хабардор мешаванд, онҳо бо дуо хирадеро меҷӯянд, ки «аз болост». Ин тавр карда онҳо ба масъала бо чашми Яҳува менигаранд (Яъқ. 3:17). Мақсади онҳо одами гунаҳкорро «аз роҳи хато» баргардондан аст (Яъқ. 5:19, 20). Ҳамчунин онҳо кӯшиш мекунанд, ки ҷамоатро муҳофизат намоянд ва шахсони ҷабрдидаро тасаллӣ диҳанд (2 Қӯр. 1:3, 4). Вақте пирон мефаҳманд, ки касе ба гуноҳи ҷиддӣ даст задааст, онҳо аввал вақти зиёд равад ҳам, бояд муайян кунанд, ки, дар асл, чӣ рӯй дода буд. Сипас онҳо дуо гуфта бодиққат ба шахси гунаҳкор аз Навиштаҳо маслиҳат медиҳанд ва ӯро «аз рӯйи инсоф сарзаниш» мекунанд (Ирм. 30:11). Пирон аз ҳад зиёд интизор намешаванд, лекин саросемавор низ қарор намебароранд. Вақте пирон мувофиқи роҳнамоии Яҳува амал мекунанд, аҳли ҷамоат мебинад, ки ин барои ҳама хуб аст. Ҳатто баъди чораи дуруст андешидани пирон низ одами ҷабрдида метавонад, ки то ҳол дард ҳис кунад. Агар шумо дар ҳамин ҳолат бошед, чӣ хел дарди худро сабук карда метавонед?

14. Агар бародар ё хоҳаре шуморо сахт хафа карда бошад, кадом мисоли Китоби Муқаддас ба шумо ёрдам карда метавонад?

14 Оё боре ягон кас, шояд бародар ё хоҳар, бо рафтори нодурусташ шуморо сахт хафа карда буд? Аз Китоби Муқаддас шумо бисёр мисолҳои хубро ёфта метавонед. Онҳо ба мо ёрдам мекунанд, ки чӣ тавр Яҳуваро интизор шавем, то ӯ худаш беадолатиро бартараф кунад. Масалан, ҳарчанд бародарони Юсуф бо ӯ беадолатона муносибат мекарданд, ӯ нагузошт, ки аз сабаби гуноҳи онҳо дилаш сахт гардад. Баръакс, ӯ диққаташро пурра ба хизмати Яҳува равона кард. Яҳува бошад, ӯро барои пурсабрӣ ва истодагариаш бисёр баракат дод (1 Мӯсо 39:21). Бо гузашти вақт, Юсуф касонеро, ки ӯро озор дода буданд, бахшида тавонист ва дид, ки чӣ тавр Яҳува ӯро мукофот дод (1 Мӯсо 45:5). Мисли Юсуф мо низ агар ба Яҳува наздик шавему беадолатиро ба дасти ӯ супорида интизор шавем, тасаллӣ меёбем (Заб. 7:17; 73:28).

15. Чӣ ба як хоҳарамон ёрдам кард, ки ба муносибати беадолатона пурсаброна тоб ораду дар дилаш оромӣ ёбад?

15 Албатта, на ҳамаи мо мисли Юсуф бо беадолатии сахт рӯ ба рӯ мешавем, вале аз муносибати нодуруст ҳамаи мо озор меёбем. Вақте байни ду шахс нофаҳмӣ мешавад, аз он ҷумла бо касе, ки Яҳуваро ибодат намекунад, мо маслиҳатҳои Китоби Муқаддасро ба кор бурда манфиат мегирем (Флп. 2:3, 4). Мисоли хоҳареро меорем. Вақте ӯ фаҳмид, ки як ҳамкораш дар бораи ӯ гапҳои ганда ва ноҳақ гуфтааст, сахт ранҷид. Хоҳарамон сари қаҳр амал намекунад, балки дар бораи намунаи Исо мулоҳиза меронад. Вақте ки Исоро дашном медоданд, ӯ дар ҷавоб дашном намедод (1 Пет. 2:21, 23). Инро дар ёд дошта хоҳарамон қарор кард, ки ба кори шудагӣ аҳамият намедиҳад. Баъдтар ӯ фаҳмид, ки ҳамкораш бемории ҷиддӣ доштааст ва ташвишҳои зиёдро аз сар гузаронда будааст. Барои ҳамин хоҳарамон хулоса кард, ки, вақте ҳамкораш он суханонро гуфт, ягон нияти бад надошт. Хоҳарамон хусусан аз он хурсанд буд, ки ба муносибати бад пурсаброна тоб овард ва дар дилаш оромӣ ёфт.

16. Агар бо беадолатӣ дучор шуда бошед, чӣ ба шумо тасаллӣ мебахшад? (1 Петрус 3:12).

16 Агар шумо аз беадолатӣ ё аз дигар сабаб азоб кашида истода бошед, дар ёд доред, ки «Яҳува ба дилшикастагон наздик аст» (Заб. 34:18). Ӯ шуморо дӯст медорад, чунки шумо пурсабрӣ зоҳир карда, бори дилатонро ба ӯ мепартоед (Заб. 55:22). Яҳува Довари тамоми замин аст ва ягон чиз аз назари ӯ пинҳон намемонад. (1 Петрус 3:12-ро хонед.) Пас, агар шумо душвории ҷиддие дошта бошед, ки онро ҳал карда наметавонед, оё шумо пурсаброна Яҳуваро интизор мешавед?

КАСОНЕ, КИ ЯҲУВАРО ИНТИЗОР МЕШАВАНД, БАРАКАТҲОИ БЕОХИР МЕЁБАНД

17. Яҳува дар Ишаъё 30:18 ба мо чӣ ваъда медиҳад?

17 Ба қарибӣ Падари осмониамон моро ба воситаи Подшоҳии худ ба фаровонӣ баракат медиҳад. Дар Ишаъё 30:18 гуфта шудааст: «Яҳува пурсаброна интизор аст, ки ба шумо лутфу марҳамат намояд ва ӯ бармехезад, то ба шумо раҳм кунад, зеро Яҳува Худои адлу инсоф аст. Хушбахтанд ҳамаи онҳое, ки ба ӯ умед мебанданд». Онҳое, ки Яҳуваро то охир интизор мешаванд, ҳам ҳоло ва ҳам дар дунёи нав соҳиби баракатҳои зиёд мегарданд.

18. Моро чӣ гуна баракатҳо интизор аст?

18 Вақте халқи Худо ба дунёи нав дохил мешаванд, ба онҳо дигар лозим намеояд, ки аз ташвишу душвориҳои имрӯза азоб кашанд. Беадолатӣ ва дард дигар намешавад (Ошкор. 21:4). Мо дигар мисли имрӯза қонеъ шудани эҳтиёҷотамонро интизор намешавем, чунки ҳама чиз фаровон мешавад (Заб. 72:16; Иш. 54:13). Он дар ҳақиқат замони аҷоиб хоҳад буд!

19. Яҳува аз ҳозир моро оҳиста-оҳиста ба чӣ тайёр карда истодааст?

19 Ҳоло бошад, барои он ки дар дунёи нав зиндагӣ карда тавонем, Яҳува ба мо кумак карда истодааст, то бо одатҳои бади худ мубориза барем ва хислатҳоеро, ки ба ӯ писанданд, инкишоф диҳем. Аз ин рӯ рӯҳафтода нашавед ва ба Яҳува хизмат карданро бас накунед, зеро ҳаёти беҳтарин дар пеш аст! Дар ҳоле ки мо ташнаи он ҳаёти дурахшонем, биёед минбаъд низ бо хурсандӣ иҷрошавии ваъдаҳои Яҳуваро пурсаброна интизор шавем!

СУРУДИ 54 Мо бояд имон дошта бошем

^ сарх. 5 Оё шумо боре аз забони ходими Яҳува, ки солҳои зиёд хизмат мекунад, суханони зеринро шунида будед: «Ҳеҷ вақт фикр намекардам, ки дар ин дунёи нопок ба пиронсолӣ мерасам». Хусусан дар ин замонҳои душвор ҳамаи мо бесаброна интизорем, ки Яҳува бадиҳои ин дунёро бартараф кунад. Вале мо бояд пурсабр буданро ёд гирем. Дар ин мақола мо баъзе принсипҳои Китоби Муқаддасро дида мебароем, ки барои Яҳуваро бо сабру тоқат интизор шудан кумак мекунад. Инчунин ду мавридро дида мебароем, ки чаро мо бояд пурсаброна Яҳуваро интизор шавем. Дар охир мефаҳмем, ки онҳое, ки Яҳуваро пурсаброна интизор мешаванд, соҳиби чӣ гуна баракатҳо мегарданд.

^ сарх. 56 ШАРҲИ РАСМ: Хоҳаре аз айёми кӯдакиаш пайваста ба Яҳува дуо мегӯяд. Дар хурдсолӣ волидонаш ба ӯ чӣ хел дуо гуфтанро ёд дода буданд. Дар ҷавонӣ ӯ хизмати пешравиро сар кард ва тез-тез ба Яҳува дуо мегуфт, ки хизмати ӯро баракат диҳад. Баъди солҳои зиёд, вақте шавҳараш бемор мешавад, ӯ дар дуо аз Яҳува зориву илтиҷо мекунад, ки барои ба ин мушкилӣ тоб овардан ба ӯ қуввати лозима диҳад. Имрӯз, ки ӯ бевазану пиронсол аст, ҳоло ҳам бо ҷидду ҷаҳд дуо мегӯяд. Ӯ боварӣ дорад, ки Яҳува мисли пештара ба дуоҳояш ҳатман ҷавоб медиҳад.