Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 34

Чӣ тавр некуии Яҳуваро бичашем?

Чӣ тавр некуии Яҳуваро бичашем?

«Бичашед ва бубинед, ки Яҳува некуст. Хушбахт аст касе, ки ба ӯ паноҳ мебарад» (ЗАБ. 34:8).

СУРУДИ 19 Биҳишти ваъдакардаи Худо

ПЕШГУФТОР *

1, 2. Мувофиқи Забур 34:8 чӣ тавр мо некуии Яҳуваро чашида метавонем?

ТАССАВВУР КУНЕД, ки касе ба шумо хӯрданиеро медиҳад, ки пеш аз ин ягон бор начашида будед. Шумо ба он нигоҳ мекунед, онро бӯй мекашед, тарзи тайёр кардан ва фикри дигаронро дар бораи он мепурсед. Ҳамин тавр шумо баъзе чизҳоро дар бораи он хӯрок фаҳмида метавонед, лекин то худатон онро начашед, мазаашро намефаҳмед.

2 Чӣ тавр мо дар бораи некиҳои Яҳува фаҳмида метавонем? Аз хониши Китоби Муқаддас, адабиётамон ва нақли бародарону хоҳарон мо мефаҳмем, ки Яҳува чӣ хел хизматгоронашро баракат медиҳад. Лекин мо то худамон некуии Яҳуваро начашем, мазаи онро пурра фаҳмида наметавонем. (Забур 34:8-ро хонед.) Барои инро фаҳмидан мисоле меорем. Фарз кардем, шумо мехоҳед, ки ба Яҳува пурравақт хизмат кунед, вале барои ба ин мақсад расидан бояд ҳаёти худро одӣ гардонед. Эҳтимол, мо бисёр вақт ваъдаи Исоро дар бораи он мехонем, ки агар Подшоҳии Худоро дар якум ҷо монем, Яҳува ҳама чизҳои заруриро ба мо медиҳад, вале худамон шахсан иҷрои ин ваъдаро дар ҳаётамон надидаем (Мат. 6:33). Бо вуҷуди ин, мо ки ба ин ваъда имон дорем, кӯшиш мекунем, ки камтар пул сарф кунем, нақшаи корамонро дигар кунем ва чи қадаре ки метавонем, хизмат намоем. Агар мо ин тавр кунем, бо чашмони худ мебинем, ки дар ҳақиқат Яҳува дар бораи мо ғамхорӣ мекунад. Он гоҳ мо некуии Яҳуваро шахсан мечашем.

3. Аз рӯйи суханони Забур 16:1, 2 киҳо аз некуии Яҳува баҳра мебаранд?

3 Яҳува «ба ҳама некуст», ҳатто ба онҳое, ки ӯро намешиносанд (Заб. 145:9; Мат. 5:45). Вале Яҳува онҳоеро, ки ӯро дӯст медоранду ба ӯ бо тамоми дил хизмат мекунанд, бисёр баракат медиҳад. (Забур 16:1, 2-ро хонед.) Биёед баъзе некиҳоеро, ки Яҳува ба мо кардааст, дида бароем.

4. Чӣ тавр Яҳува ба онҳое, ки ба ӯ наздик мешаванд, некуиашро нишон медиҳад?

4 Ҳар боре ки мо чизи аз Яҳува омӯхтаамонро ба кор мебарем, мебинем, ки чӣ тавр ҳаётамон беҳтар мегардад. Масалан, вақте мо дар бораи Яҳува бисёртар фаҳмидему ӯро дӯст доштем, ӯ ба мо ёрдам дод, ки бо фикрронии нодурустамон мубориза барем ва корҳоеро, ки моро аз ӯ дур месозанд, бас кунем (Қӯл. 1:21). Вақте мо худро ба Яҳува бахшида таъмид гирифтем, ӯ ба мо чизҳои нек, ҳатто аз ин ҳам зиёдтар, аз ҷумла, виҷдони покро дод ва бо мо дӯсти наздик шуд (1 Пет. 3:21).

5. Чӣ хел шумо дар хизмат дасти Яҳуваро мебинед?

5 Мо то ҳол некиҳои Яҳуваро дар хизмат чашида истодаем. Оё шумо шармгинед? Бисёре аз Шоҳидони Яҳува чунин ҳастанд. Пеш аз хизматгори Яҳува шудан, эҳтимол, шумо ҳеҷ гоҳ тасаввур намекардед, ки дари хонаи бегонаеро тақ-тақ карда, бо ӯ дар бораи Китоби Муқаддас гап мезанед. Лекин ҳоло шумо ин корро мунтазам мекунед ва Яҳува ҳатто ба шумо ёрдам медиҳад, то аз кори мавъиза хурсандӣ гиред. Шумо дасти ӯро дар дигар мавридҳо низ ҳис кардед. Вақте касе дар хизмат ба шумо дағалӣ кард, Яҳува ба шумо ёрдам дод, ки оромиро нигоҳ доред. Ӯ ҳамчунин ба шумо ёрӣ дод, то ба шахси шавқманд ояти даркориро хонед. Нигоҳ накарда ба бепарвоии одамон Яҳува ба шумо қувват медиҳад, ки хизматро дар чунин минтақаҳо давом диҳед (Ирм. 20:7–9).

6. Чӣ тавр таълими Яҳува аз некуии ӯ шаҳодат медиҳад?

6 Яҳува ҳамчунин некуиашро бо он нишон медиҳад, ки ба мо хизмат карданро таълим медиҳад (Юҳ. 6:45). Масалан, дар вохӯриҳои байни ҳафта мо видеонаворҳои намунаҳо барои суҳбатро тамошо мекунем, ки маслиҳатҳои хуби онро дар хизмат истифода бурда метавонем. Дар аввал, вақте дар бораи истифодаи чизи нав фикр мекунем, шояд каме ба ҳаяҷон оем, вале, вақте онро ба кор мебарем, мебинем, ки натиҷаи хуб меорад. Ҳамчунин дар вохӯриҳо ва анҷуманҳо ба мо гуфта мешавад, ки намудҳои гуногуни хизматро, ки пеш дар он иштирок накарда будем, санҷида бинем. Ин кор шояд ба мо осон набошад, чунки ба чизҳои пештара одат кардаем, вале, агар маслиҳати шунидаамонро ба кор барем, Яҳува моро баракат медиҳад. Вақте мо нигоҳ накарда ба вазъиятамон ба Яҳува такя мекунем ва кӯшиш намуда роҳҳои нави хизматро ба кор мебарем, соҳиби баракатҳо мегардем. Дар аввал биёед баъзеи ин баракатҳоро дида бароем ва сипас фаҳмем, ки чӣ тавр ба ин мақсадҳо расида метавонем.

ЯҲУВА КАСОНЕРО, КИ БА Ӯ ТАКЯ МЕКУНАНД, БАРАКАТ МЕДИҲАД

7. Агар мо кӯшиш карда хизматамонро васеъ кунем, соҳиби кадом баракатҳо мешавем?

7 Мо ба Яҳува наздиктар мешавем. Сэмуил * ном пири ҷамоатеро мисол меорем, ки бо занаш дар Колумбия хизмат мекунад. Ин ҳамсарон дар ҷамоати зодгоҳашон пешрав хизмат карда хурсандӣ мегирифтанд, лекин онҳо хостанд, ки хизмати худро васеъ намуда, ба ҷамоатҳое ёрӣ диҳанд, ки воизон намерасанд. Барои ба ин мақсад расидан онҳо аз баҳри баъзе чизҳо гузаштанд. Сэмуил мегӯяд: «Маслиҳати Матто 6:33-ро ба кор бурда, мо аз харидани чизҳое, ки бароямон он қадар зарур набуданд, даст кашидем. Қадами аз ҳама душвортарин тарк кардани ҷойи зистамон буд, чунки сохти он хона табъи диламон буд ва аз он хона ягон сӯм қарздор набудем». Вақте онҳо ба ҷойи нав кӯчиданд, барои зисту зиндагониашон, назар ба ҷойи пештара, хеле пули камтар даркор буд. Сэмуил боз мегӯяд: «Мо мебинем, ки чӣ тавр Яҳува ба дуоҳоямон ҷавоб дода қадамҳоямонро роҳнамоӣ мекард. Ҳамчунин мо ҳис мекардем, ки Яҳува аз мо розӣ аст ва муҳаббаташро бо тарзҳои нав дидем». Оё шумо низ бо ягон роҳ хизмататонро васеъ карда метавонед? Агар ҳа, пас, дилпур бошед, ки шумо ба Яҳува наздиктар мешавед ва ӯ дар бораи ниёзҳои шумо ғамхорӣ мекунад (Заб. 18:25).

8. Аз суханони Иван ва Виктория чӣ меомӯзем?

8 Мо аз хизмат хурсандӣ меёбем. Ба суханони ҳамсарон Иван ва Виктория, ки дар Қирғизистон пешрав шуда хизмат мекунанд, аҳамият диҳед. Онҳо ҳаёти одӣ ба сар мебурданд ва чун ихтиёрӣ дар таъйиноти гуногун, аз он ҷумла дар корҳои сохтмонӣ иштирок мекарданд. Иван мегӯяд: «Мо ҳар супоришеро, ки ба мо медоданд, аз таҳти дил иҷро мекардем. Ҳарчанд дар охири рӯз монда мешудем, мо хурсанд будем, ки қувватамонро барои хизмати Яҳува сарф кардем. Мо ҳамчунин аз он шод будем, ки дӯстони нав ва хотираҳои ширин пайдо кардем» (Марқ. 10:29, 30).

9. Чӣ хел як хоҳар нигоҳ накарда ба душвориҳояш хизмати худро васеъ кард ва ин чӣ натиҷа овард?

9 Ҳатто агар мо дар вазъияти душвор қарор дошта бошем, аз хизмати Яҳува хурсандӣ гирифта метавонем. Масалан, хоҳарамон Мирра, ки бевазан асту аз Африқои Ғарбӣ мебошад, пеш духтур шуда кор мекард. Баъди ба нафақа баромадан ӯ хизмати пешравиро сар кард. Ба ӯ аз сабаби бемории дардовар роҳгардӣ душвор аст ва ӯ хона ба хона танҳо як соат хизмат карда метавонад. Лекин ӯ ба воситаи аробачаи адабиётдор метавонад бисёртар хизмат кунад. Ӯ бисёр боздиду омӯзишҳо дорад, ки бо баъзеашон ба воситаи телефон суҳбат мекунад. Чӣ Мирраро бармеангезад, ки ба Яҳува бисёртар хизмат кунад? «Дилам аз муҳаббати Яҳува ва Исои Масеҳ лабрез аст. Ман тез-тез дар дуо аз Яҳува ёрдам мепурсам, ки ба ӯ зиёдтар хизмат кунам» (Мат. 22:36, 37).

10. Мувофиқи 1 Петрус 5:10 онҳое, ки хизмати худро васеъ мекунанд, аз Яҳува чӣ мегиранд?

10 Мо аз Яҳува таълими иловагӣ мегирем. Кени ном бародар, ки дар Маврики пешрав шуда хизмат мекунад, ҳақ будани ин суханонро тасдиқ менамояд. Вақте ӯ ҳақиқатро фаҳмид, таҳсилашро дар донишгоҳ партофт ва таъмид гирифт. Баъд ӯ хизмати пурравақтро сар кард. Ӯ мегӯяд: «Ман ҳаракат мекунам, ки мувофиқи суханони Ишаъё-пайғамбар зиндагӣ кунам, ки ӯ гуфта буд: “Ман тайёрам! Маро бифирист!”» (Иш. 6:8). Кени дар сохтмони якчанд биноҳои ташкилотамон ва барои тарҷумаи адабиётамон ба забони модариаш ёрдам дода буд. Ӯ илова мекунад: «Барои аз уҳдаи таъйинотам баромадан ба ман чизҳои лозима таълим дода шуд». Вале ӯ на танҳо тарзи ба ҷо овардани корро ёд гирифт. Кени чунин мегӯяд: «Ман фаҳмидам, ки кадом корҳоро ба ҷо овардан бароям душвор аст, инчунин барои хизматгори хубтари Яҳува шудан бояд хислатҳоямро инкишоф медодам». (1 Петрус 5:10-ро хонед.) Шояд шумо низ ҳаёти худро каме дигар кунед, то ки Яҳува шуморо бо роҳҳои зиёд таълим диҳад.

Ҳамсарон дар ҷое, ки воизон намерасад, хизмат доранд; хоҳари ҷавоне дар сохтмони Ибодатгоҳ ёрӣ дода истодааст; ҳамсарони пиронсоле бо воситаи телефон мавъиза мекунанд. Ҳамаи онҳо аз хизмати худ шоду қаноатманданд (Ба сархати 11 нигаред.)

11. Хоҳарон аз Кореяи Ҷанубӣ барои дар хизмат иштирок кардан чӣ кор карданд ва ин чӣ натиҷа овард? (Ба расми муқоваи мақола нигаред.)

11 Ҳатто бародару хоҳарони ботаҷриба аз таълими Яҳува дар бобати истифодаи роҳҳои нави хизмат манфиат мегиранд. Дар давоми вабои COVID-19 пирони ҷамоати Кореяи Ҷанубӣ чунин навиштанд: «Баъзе касоне, ки пештар фикр мекарданд, ки аз сабаби саломатиашон дар мавъиза иштирок карда наметавонанд, ҳоло ба воситаи занги видеоӣ хизмат мекунанд. Се хоҳаре, ки синнашон аз 80 боло аст, истифодаи таҷҳизоти навро ёд гирифтанд ва акнун онҳо қариб ҳар рӯз хизмат мекунанд» (Заб. 92:14, 15). Оё шумо мехоҳед, ки дар хизмати Яҳува бисёртар иштирок карда некуии ӯро зиёдтар чашед? Биёед баъзе қадамҳоеро, ки барои ин мақсад расидан ёрдам мекунанд, дида бароем.

ШУМО ЧӢ ТАВР БА МАҚСАДАТОН РАСИДА МЕТАВОНЕД?

12. Яҳува ба касоне, ки ба ӯ такя мекунанд, чӣ ваъда медиҳад?

12 Ба Яҳува такя карданро ёд гиред. Яҳува ваъда медиҳад, ки агар мо ба ӯ бовар карда чизи беҳтаринамонро диҳем, моро бо фаровонӣ баракат медиҳад (Мал. 3:10). Хоҳаре аз Колумбия, ки номаш Фабиола мебошад, бо чашмони худ дид, ки чӣ тавр Яҳува ин ваъдаашро иҷро кард. Чанде пас аз таъмид гирифтанаш ӯ хост, ки пешрави доимӣ шавад, вале ӯ бояд барои дастгирӣ кардани оилааш кор мекард. Вақте синну солаш барои ба нафақа баромадан расид, ӯ дар дуо аз Яҳува самимона кумак пурсид. Ӯ мегӯяд: «Одатан одамон нафақаро дархост карда муддати зиёд онро интизор мешаванд, вале корҳои ман аллакай баъди як моҳ ҳал шуд. Ин бароям муъҷиза буд». Баъди ду моҳ ӯ хизмати пешравиро сар кард. Ҳоло синни хоҳарамон аз 70 гузаштааст ва ӯ зиёда аз 20 сол пешрав хизмат мекунад. Дар ин муддат ӯ ба ҳашт нафар кумак кард, ки таъмид гиранд. Ӯ мегӯяд: «Ҳарчанд баъзан ман худро бемадор ҳис мекунам, Яҳува ба ман ҳар рӯз ёрӣ медиҳад, ки хизмати пешравиамро давом диҳам».

Чӣ тавр Иброҳиму Соро, Яъқуб ва коҳиноне, ки аз дарёи Урдун гузаштанд, нишон доданд, ки ба Яҳува такя мекунанд? (Ба сархати 13 нигаред.)

13, 14. Кадом мисолҳо ба шумо ёрдам мекунад, ки ба Яҳува такя кунеду ба мақсадатон расед?

13 Аз намунаи онҳое, ки ба Яҳува такя карданд, манфиат гиред. Дар Китоби Муқаддас намунаи шахсони зиёд оварда шудаанд, ки барои хизмати Яҳува талош карданд. Дар бисёр мавридҳо ин хизматгорони содиқ танҳо баъди бовариашонро ба Яҳува нишон додан соҳиби баракати ӯ шуданд. Масалан, Яҳува Иброҳимро танҳо баъди зодгоҳашро тарк кардан баракат дод, ҳарчанд Иброҳим «намедонист, ки ба куҷо меравад» (Ибр. 11:8). Яъқуб низ танҳо баъди бо фаришта гӯштин гирифтанаш соҳиби баракати махсус гашт (1 Мӯсо 32:24–30). Халқи Исроил пеш аз он ки ба Замини ваъдашуда дохил шаванд, бояд аз дарёи Урдун мегузаштанд. Обҳои Урдун танҳо баъди ба дарё қадам мондани коҳинон бозистод (Юшаъ 3:14–16).

14 Шумо ҳамчунин аз хизматгорони замони мо, ки ба Яҳува такя карданду ба мақсадашон расиданд, манфиат гирифта метавонед. Масалан, бародар Пейтон ва ҳамсараш Диана аз силсилаи мақолаҳо бо номи «Онҳо худро бо омодагӣ пешкаш карданд» * ҳаёти бародару хоҳаронеро, ки доираи хизматашонро васеъ намуданд, хонда хурсандӣ мегирифтанд. Пейтон мегӯяд: «Вақте мо дар бораи онҳо мехондем, гӯё медидем, ки чӣ тавр онҳо аз хӯрдани хӯроки бомаза лаззат бурда истодаанд. Ҳар қадаре ки бисёртар тамошо мекардем, ҳамон қадар худамон низ некуии Яҳуваро чашидан мехостем». Баъдтар Пейтон ва Диана ба ҷое кӯчиданд, ки воизони бисёртар даркор буд. Оё шумо имконият доштед, ки ин силсилаи мақолаҳоро хонед? Ё шумо видеонаворҳои «Кори мавъиза дар минтақаи дурдасти Австралия» ва «Мавъиза дар ҷойҳои дурдасти Ирландия»-ро аз сайти jw.org тамошо кардед? Ин мавод ба шумо ёрдам медиҳад, ки дар бораи роҳҳои васеъ кардани хизмататон фикр кунед.

15. Чӣ тавр муошират бо онҳое, ки Яҳуваро дар ҷойи аввали ҳаёташон мемонанд, ба мо кумак мекунад?

15 Бо онҳое муошират кунед, ки Подшоҳии Худоро дар ҷойи аввал мемонанд. Агар мо хӯрокеро, ки дар умрамон начашидаем, бо касоне хӯрем, ки аз он лаззат мебаранд, иштиҳоямон бедор шуда метавонад. Ба ин монанд, вақте мо бо бародару хоҳароне, ки Яҳуваро дар ҷойи аввали ҳаёташон мемонанд, ҳамсуҳбат мешавем, хоҳиши васеъ кардани хизматамон зиёдтар мегардад. Ҳамсарон Кент ва Вероника ҳақ будани ин суханонро диданд. Кент мегӯяд: «Дӯстон ва оилаамон моро ҳавасманд мекарданд, ки роҳҳои нави хизматро санҷида бинем. Мо дарк мекунем, ки муошират бо онҳо моро барангехт, ки як чизи навро санҷида бинем». Ҳоло Кент ва Вероника дар Сербия пешрави махсус шуда хизмат мекунанд.

16. Мувофиқи мисоли Исо, ки дар Луқо 12:16–21 оварда шудааст, чаро мо бояд бо омодагӣ қурбониҳо кунем?

16 Ба хотири Яҳува аз баҳри баъзе чизҳо гузаред. Барои ба Яҳува писанд омадан ба мо шарт нест, ки тамоман аз баҳри роҳати худ гузарем (Пандгӯ 5:19, 20). Лекин, агар роҳ диҳем, ки чизҳои бароямон маъқул моро аз бисёртар ба Яҳува хизмат кардан боздоранд, мо хатои марди сарватдорро такрор мекунем, ки Исо мисол оварда буд. Ӯ аз пайи роҳати худ шуда Яҳуваро гӯш накард. (Луқо 12:16–21-ро хонед.) Бародар Кристиан, ки аз Фаронса мебошад, мегӯяд: «Ман ба Яҳува ва оилаам вақту қуввати беҳтаринамро намедодам». Ӯ ва ҳамсараш қарор карданд, ки пешрав мешаванд, вале барои ба ин мақсад расидан онҳо бояд корашонро дигар мекарданд. Барои таъмини худ онҳо бо рӯбучин машғул шуданд ва ба пули кам қонеъ шуданро ёд гирифтанд. Оё онҳо аз ин қурбонии худ хурсанданд? Кристиан мегӯяд: «Ҳоло мо аз хизмат бисёртар баҳра мегирем ва, вақте мебинем, ки омӯзандагону боздидҳоямон дар бораи Яҳува мефаҳманд, хурсандиамон дучанд мегардад».

17. Чаро истифодаи тарзи нави хизмат душвор буда метавонад?

17 Тарзҳои нави хизматро санҷида бинед. (Кор. 17:16, 17; 20:20, 21). Ба Ширли ном пешраве аз Иёлоти Муттаҳида лозим омад, ки дар давоми вабои COVID-19 ба хизматаш дигаргунӣ дарорад. Дар аввал ӯ ҷуръат намекард, ки ба воситаи телефон мавъиза кунад. Ҳангоми хабаргирии нозири ноҳиявӣ ӯ ин намуди хизматро ёд гирифт ва мунтазам истифода мебурдагӣ шуд. Ӯ мегӯяд: «Дар аввал ман метарсидам, лекин ҳозир аз он хурсандӣ мегирам. Назар ба вақтҳое, ки мо хона ба хона мавъиза мекардем, ҳоло одамони бисёртарро меёбем».

18. Агар мо хизматамонро васеъ карда бо душвориҳо рӯ ба рӯ шавем, чӣ ба мо кумак мекунад?

18 Нақша кашед ва амал кунед. Вақте ки мо бо душвориҳо рӯ ба рӯ мешавем, аз Яҳува мадад мепурсем ва хуб андеша мекунем, ки чӣ тавр амал кунем (Пнм. 3:21). Хоҳарамон Соня, ки дар Аврупо дар гурӯҳи забони романӣ пешрави доимӣ шуда хизмат мекунад, мегӯяд: «Одатан ман мақсадҳоямро дар варақе навишта дар ягон ҷойи намоён мемонам. Ман дар болои мизи худ расми чорраҳаи мошингузар дорам. Вақте ягон қарор қабул карданӣ мешавам, ба ин чорраҳа нигоҳ карда, тасаввур мекунам, ки қарорам маро ба куҷо мебарад». Соня ҳангоми бо душвориҳо рӯ ба рӯ шудан кӯшиш мекунад, ки некбин бошад. Ӯ мегӯяд: «Ҳамааш ба он вобаста аст, ки ман ба ҳар як вазъияти нав чӣ хел менигарам. Он метавонад бароям мисли девор монеа шавад ё мисли кӯпрук ёрдам диҳад».

19. Чӣ тавр мо миннатдориамонро барои хубиҳои Яҳува нишон дода метавонем?

19 Яҳува моро бо роҳҳои зиёд баракат медиҳад. Агар мо ҳар кори аз дастамон меомадаро карда Яҳуваро ҷалол диҳем, нишон медиҳем, ки барои ҳама баракатҳояш аз ӯ беандоза миннатдорем (Ибр. 13:15). Вақте мо роҳҳои гуногуни хизмати Яҳуваро истифода мебарем, он гоҳ ӯ ҳатто моро зиёдтар баракат дода метавонад. Аз ин рӯ биёед ҳар рӯз имконият ҷуста бичашем ва бубинем, ки «Яҳува некуст». Он гоҳ мо мисли Исо чунин хоҳем гуфт: «Хӯроки ман ин аст, ки хости Фиристандаамро ба ҷо орам ва кореро, ки ӯ ба ман супурдааст, ба анҷом расонам» (Юҳ. 4:34).

СУРУДИ 1 Хислатҳои Яҳува

^ сарх. 5 Яҳува сарчашмаи ҳамаи некиҳост. Ӯ чизҳои хубро ба ҳар як шахс, ҳатто ба бадкорон, медиҳад. Вале хусусан ба ӯ маъқул аст, ки ба хизматгорони содиқаш некӣ кунад. Дар ин мақола мо дида мебароем, ки чӣ тавр Яҳува чизҳои хубро ба хизматгоронаш медиҳад. Ҳамчунин мисоли онҳоеро дида мебароем, ки хизмати худро васеъ карда некиҳои Яҳуваро бо роҳҳои махсус чашиданд.

^ сарх. 7 Баъзе номҳо иваз шуданд.

^ сарх. 14 Шумо ин силсилаи мақолаҳоро, ки пештар дар «Бурҷи дидбонӣ» чоп мешуд, ҳоло аз вебсайти jw.org ёфта метавонед.