Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 30

Ҷойи худро дар оилаи Яҳува қадр кунед

Ҷойи худро дар оилаи Яҳува қадр кунед

«Ӯро аз фариштагон андаке кам кардаӣ ва бар сараш тоҷи шукӯҳу ҷалол гузоштаӣ» (ЗАБ. 8:5).

СУРУДИ 43 Устувор, бедор ва қавӣ бошед!

ПЕШГУФТОР *

1. Вақте мо дар бораи офаридаҳои Яҳува мулоҳиза меронем, эҳтимол, кадом саволҳо дар сари мо пайдо мешаванд?

ВАҚТЕ мо дар бораи коиноти беканоре, ки Яҳува офаридааст, мулоҳиза меронем, худро мисли Довуди забурнавис ҳис мекунем. Ӯ дар дуо чунин гуфта буд: «Вақте ба осмон, ба амали ангуштонат, менигарам, ба моҳ ва ситорагоне, ки ту офаридаӣ, дар дил мегӯям: чист инсони хокӣ, ки ӯро дар ёд дорӣ, ва фарзанди одам, ки ба ӯ ғамхорӣ кунӣ?» (Заб. 8:3, 4). Мо мефаҳмем, ки дар муқоиса бо ситорагон хеле хурд ҳастем ва шояд ҳайрон шавем, ки чаро Яҳува умуман ба мо аҳамият медиҳад. Вале, чи хеле ки мебинем, Яҳува на танҳо ба ҷуфти аввалин, Одаму Ҳавво, диққат дод, балки ҳамчунин онҳоро аъзои оилаи худ гардонда буд.

2. Яҳува аз Одаму Ҳавво чиро интизор буд?

2 Одаму Ҳавво аввалин фарзандони заминии Яҳува буданд ва Яҳува бошад, Падари меҳрубони осмонии онҳо. Худо ба ин ҷуфт вазифаҳо супорида, чунин гуфта буд: «Серфарзанду сершумор шавед ва заминро пур кунед ва онро соҳибӣ намоед» (1 Мӯсо 1:28). Яҳува мехост, ки онҳо фарзанддор шаванд ва заминро нигоҳубин намоянд. Агар онҳо ба гапи Яҳува гӯш медоданд ва талабҳои ӯро иҷро мекарданд, ҳам худашон ва ҳам наслашон то абад аъзои оилаи Худо мемонданд.

3. Чаро гуфтан мумкин аст, ки Одаму Ҳавво дар оилаи Яҳува ҷойи пуршараф доштанд?

3 Одаму Ҳавво дар оилаи Яҳува ҷойи пуршараф доштанд. Дар Забур 8:5 Довуд дар бораи инсон, офаридаи Яҳува, чунин гуфта буд: «Ӯро аз фариштагон андаке кам кардаӣ ва бар сараш тоҷи шукӯҳу ҷалол гузоштаӣ». Рост аст, ки Яҳува ба одамизод чени фариштагон қувват, хирад ва қобилият надодааст (Заб. 103:20). Лекин одамон аз фариштагони пуриқтидор фақат «андаке кам» ҳастанд. Танҳо тасаввур кунед, Яҳува ба волидони нахустинамон чӣ гуна ҳаёти олиҷаноб дода буд!

4. Вақте Одаму Ҳавво ба Яҳува итоат накарданд, бо онҳо чӣ рӯй дод ва мо дар ин мақола чиро дида мебароем?

 4 Сад афсӯс ки, Одаму Ҳавво беитоатӣ карданд ва дигар аъзои оилаи ӯ буда наметавонистанд. Баъдтар дар давоми мақола мебинем, ки ин рафтори онҳо ба наслашон бетаъсир намонд ва оқибатҳои даҳшатоварро ба миён овард. Лекин нияти Яҳува дигар нашудааст. Ӯ мехоҳад, ки одамони итоаткор то абад фарзандони ӯ бошанд. Дар аввал, биёед дида бароем, ки чӣ тавр Яҳува нишон дод, ки мо барои ӯ қиматбаҳоем. Баъд, мебинем, ки бо кадом роҳ мо нишон дода метавонем, ки аъзои оилаи Яҳува шудан мехоҳем. Дар охир, дар бораи баракатҳое гап мезанем, ки фарзандони заминии Яҳува то абад аз онҳо баҳра хоҳанд бурд.

ЧӢ ТАВР ЯҲУВА ОДАМИЗОДРО ИЗЗАТУ ЭҲТИРОМ КАРД

Аз кадом ҷиҳатҳо Яҳува ба мо иззату эҳтиром нишон дод? (Ба сархатҳои 5–11 нигаред.) *

5. Чӣ тавр мо барои ба сурати Худо офарида шуданамон ба ӯ миннатдорӣ баён карда метавонем?

5 Яҳува одамонро ба сурати худ офарида онҳоро иззату эҳтиром кард (1 Мӯсо 1:26, 27). Азбаски мо ба сурати Худо офарида шудаем, метавонем бисёр хислатҳои олиҷаноби ӯро, аз ҷумла муҳаббат, дилсӯзӣ, вафодорӣ ва росткориро инкишоф диҳему зоҳир кунем (Заб. 86:15; 145:17). Вақте мо зоҳир кардани чунин хислатҳоро ёд мегирем, ба Яҳува ҷалол оварда, миннатдориамонро нишон медиҳем (1 Пет. 1:14–16). Мувофиқи табъи дили Падари осмониамон рафтор карда, мо хушбахту қаноатманд мешавем. Ғайр аз ин, азбаски Яҳува моро ба сурати худ офаридааст, мо метавонем чунин шахсоне шавем, ки ӯ дар оилаи худ дидан мехоҳад.

6. Ҳангоми тайёр кардани замин Яҳува ба одамон чӣ тавр иззату эҳтиром нишон дод?

6 Яҳува барои мо хонаи махсусе тайёр кард. Хеле пеш аз офарида шудани одами аввалин Яҳува заминро барои инсонҳо тайёр карда буд (Айюб 38:4–6; Ирм. 10:12). Азбаски Яҳува саховатманду ғамхор аст, ӯ барои хушбахтии мо бисёр чизҳои хубро офарид (Заб. 104:14, 15, 24). Вақте ӯ офаридаҳояшро аз назар мегузаронд, эътироф кард, ки ҳамаи онҳо хубанд (1 Мӯсо 1:10, 12, 31). Худо одамизодро бар тамоми чизҳои офаридааш «ҳукмрон» кард ва ҳамин тавр ба онҳо иззату эҳтиром нишон дод (Заб. 8:6). Яҳува мехост, ки одамони комил дар бораи офаридаҳои олиҷаноби ӯ то абад ғамхорӣ карда, хурсандӣ гиранд. Оё шумо барои ин ваъдаи бебаҳои Яҳува доимо миннатдорӣ баён мекунед?

7. Чӣ тавр Юшаъ 24:15 нишон медиҳад, ки мо соҳибихтиёрем?

7 Яҳува ҳуқуқи қарор қабул карданро дар ихтиёри мо гузошт. Мо худамон интихоб карда метавонем, ки чӣ гуна зиндагӣ кунем. (Юшаъ 24:15-ро хонед.) Дигар хел карда гӯем, мо соҳибихтиёр ҳастем. Агар бо хоҳиши худ ба Худои меҳрубонамон хизмат карданро интихоб кунем, ӯ аз ин хурсанд мешавад (Заб. 84:11; Пнм. 27:11). Дар бисёр соҳаҳои ҳаётамон мо аз ин туҳфаи Яҳува истифода бурда, қарорҳои дуруст қабул карда метавонем. Биёед дар бораи мисоле, ки Исо чӣ тавр аз озодиаш истифода бурд, мулоҳиза ронем.

8. Мисоле оред, ки чӣ тавр Исо аз соҳибихтиёриаш истифода бурд?

8 Исо ба мо намуна гузошт, ки манфиати дигаронро аз манфиати худ боло гузорем. Агар мо ба намунаи Исо пайравӣ карданро интихоб кунем, манфиати дигаронро аз манфиати худамон боло мегузорем. Масалан, боре, вақте Исо ва расулонаш хеле хаста буданд, онҳо ба ҷойи ором рафта дам гирифтан мехостанд. Аммо онҳо ба мақсадашон нарасиданд, зеро мардуми бисёре ташнаи суханони Исо гашта онҳоро ёфтанд. Ӯ аз ин асабонӣ нашуд, баръакс, дилаш ба одамон сӯхт. Пас, ӯ чӣ кор кард? Исо «чизҳои бисёрро ба онҳо таълим додан гирифт» (Марқ. 6:30–34). Вақте мо ба намунаи Исо пайравӣ карда вақту қувватамонро барои ёрдами дигарон сарф мекунем, ба Падари осмониамон ҷалол меорем (Мат. 5:14–16). Мо ҳамчунин ба Яҳува нишон медиҳем, ки аъзои оилааш будан мехоҳем.

9. Яҳува ба одамизод кадом туҳфаи махсусро додааст?

9 Яҳува ба одамон қобилияти фарзанддор шуданро дод, ҳамчунин онҳоро вазифадор кард, ки фарзандонашонро таълим диҳанд, то ӯро дӯст доранд ва хизматашро ба ҷо оранд. Агар шумо волид бошед, оё аз ин туҳфаи бебаҳои Яҳува миннатдоред? Яҳува ба фариштагон бисёр қобилиятҳои аҷоиб дода бошад ҳам, онҳо фарзанддор шуда наметавонанд. Аз ин рӯ, агар шумо волид бошед, имконияти ба воя расондани фарзандонатонро қадр кунед. Ба волидон масъулияти ҷиддӣ дода шудааст, то фарзандонашонро «дар таълим ва насиҳати Яҳува» тарбия кунанд (Эфс. 6:4; 5 Мӯсо 6:5–7; Заб. 127:3). Барои ба волидон ёрӣ додан ташкилоти Яҳува бисёр маводи ба Китоби Муқаддас асосёфта, аз ҷумла адабиёт, видеонаворҳо, мусиқӣ ва маводи интернетиро тайёр кардааст. Маълум аст, ки ҳам Падари осмониамон ва ҳам Писараш фарзандони азизамонро хеле дӯст медоранд (Луқ. 18:15–17). Вақте Яҳува мебинад, ки волидон ба ӯ такя карда, дар бораи ҷигарбандонашон аз таҳти дил ғамхорӣ мекунанд, хеле хурсанд мешавад. Ҳамин тавр волидон ба фарзандони худ имконият медиҳанд, ки абадан аъзои оилаи Яҳува гарданд.

10, 11. Ба воситаи қурбонии Исо Яҳува ба мо чиро имконпазир сохт?

10 Барои аз нав аъзои оилаи ӯ шудан Яҳува баҳри мо Писари азизашро қурбон кард. Чи хеле ки аз  сархати чор дида баромадем, Одаму Ҳавво ҷойи худро дар оилаи Яҳува гум карданд ва фарзандонашонро низ аз ин маҳрум сохтанд (Рум. 5:12). Одаму Ҳавво дидаю дониста ба Худо беитоатӣ карданд ва барои ҳамин сазовор набуданд, ки дар оилаи Яҳува монанд. Дар бораи насли онҳо чӣ гуфтан мумкин аст? Яҳува меҳрубонона ба фарзандони итоаткори онҳо имконият дод, то аъзои оилаи ӯ гарданд. Барои ин ӯ Писари ягоназоди худ, Исои Масеҳро қурбон кард (Юҳ. 3:16; Рум. 5:19). Худо дар натиҷаи қурбонии Исо 144 000 одамони росткорро ба писархондӣ қабул кард (Рум. 8:15–17; Ошкор. 14:1).

11 Ғайр аз ин, миллионҳо хизматгорони содиқ итоаткорона хости Худоро ба ҷо меоранд. Онҳо баъди ҳазор сол аз озмоиши охирин гузашта имконият пайдо мекунанд, ки аъзои оилаи Яҳува гарданд (Заб. 25:14; Рум. 8:20, 21). Ин умедро дар хотир дошта онҳо ба Офаридгорамон, Яҳува, аллакай аз ҳозир «Падар» гуфта муроҷиат мекунанд (Мат. 6:9). Ҳамчунин онҳое, ки зинда мешаванд, дар бораи меъёрҳои Худо дониш гирифта метавонанд. Агар онҳо ба дастуроти Яҳува итоат кунанд, ба онҳо низ имконият дода мешавад, ки аъзои оилаи ӯ гарданд.

12. Ба кадом савол мо акнун ҷавоб меёбем?

12 Чуноне ки дидем, Яҳува аллакай одамонро аз бисёр ҷиҳат иззату эҳтиром кардааст. Масалан, ӯ аллакай тадҳиншудагонро ба писархондӣ қабул намуд ва ба «мардуми сершумор» умед бахшид, то дар дунёи нав фарзандони ӯ гарданд (Ошкор. 7:9). Вале мо бо кадом корҳоямон нишон дода метавонем, ки ҳамеша аъзои оилаи Яҳува будан мехоҳем?

БА ЯҲУВА НИШОН ДИҲЕД, КИ ДАР ОИЛАИ Ӯ БУДАН МЕХОҲЕД

13. Чӣ кор кунем, то ҳамеша аъзои оилаи Яҳува гардем? (Марқус 12:30).

13 Ба Яҳува бо тамоми дил хизмат карда муҳаббататонро ба ӯ нишон диҳед. (Марқус 12:30-ро хонед.) Яҳува аз меҳрубонӣ ба мо бисёр туҳфа додааст. Яке аз туҳфаҳои беҳтаринаш ин ибодат кардани ӯ мебошад. Амрҳои ӯро ба ҷо оварда, мо муҳаббатамонро ба ӯ нишон медиҳем (1 Юҳ. 5:3). Исо аз номи Падараш гап зада ба мо амр дод, ки шогирд тайёр кунем ва онҳоро таъмид диҳем (Мат. 28:19). Ӯ ҳамчунин амр дод, ки якдигарро дӯст дорем (Юҳ. 13:35). Яҳува ҳамаи онҳоеро, ки бо омодагӣ ба ӯ итоат мекунанд, ба оилаи умумиҷаҳониаш қабул мекунад (Заб. 15:1, 2).

14. Чӣ тавр мо ба дигарон муҳаббат зоҳир карда метавонем? (Матто 9:36–38; Румиён 12:10).

14 Ба дигарон муҳаббат зоҳир кунед. Муҳаббат хислати асосии Яҳува мебошад (1 Юҳ. 4:8). Пеш аз он ки мо Яҳуваро шиносем, ӯ муҳаббаташро ба мо нишон дод (1 Юҳ. 4:9, 10). Ба дигарон муҳаббат зоҳир намуда мо ба ӯ пайравӣ менамоем (Эфс. 5:1). Яке аз роҳҳои беҳтарини нишон додани муҳаббат ин фурсатро ғанимат дониста ба одамон дар бораи Яҳува таълим додан мебошад. (Матто 9:36–38-ро хонед.) Бо ин роҳ онҳо мефаҳманд, ки барои аъзои оилаи Яҳува шудан чӣ лозим аст. Ҳатто баъди таъмид гирифтани шахс низ мо бояд ӯро дӯст дорему эҳтиром кунем (1 Юҳ. 4:20, 21). Чӣ тавр мо инро нишон медиҳем? Масалан, мо ҳеҷ гоҳ нияти хуби ӯро зери шубҳа намемонем. Агар рафторашро пурра нафаҳмем ҳам, мо фикр намекунем, ки ӯ ин ё он корро аз рӯйи худбинӣ кардааст. Баръакс, мо бародар ё хоҳарамонро аз худ боло дониста, ба ӯ ҳурмату иззатамонро нишон медиҳем (Румиён 12:10-ро хонед; Флп. 2:3).

15. Нисбати кӣ мо бояд меҳрубону раҳмдил бошем?

15 Нисбати ҳама одамон раҳмдилу меҳрубон бошед. Агар хоҳем, ки Яҳува то абад Падари мо бошад, мо бояд маслиҳатҳои Каломашро дар ҳаётамон ба кор барем. Барои мисол, Исо таълим медод, ки мо нисбати ҳама одамон, ҳатто нисбати душманонамон низ, меҳрубону раҳмдил бошем (Луқ. 6:32–36). Аммо шояд баъзан ин бароямон осон нест. Агар чунин бошад, мо бояд мисли Исо фикру рафтор карданро ёд гирем. Вақте ки мо аз сидқи дил ба Яҳува итоат ва ба Исо пайравӣ мекунем, ба Падари осмониамон нишон медиҳем, ки то абад узви оилаи ӯ будан мехоҳем.

16. Чӣ тавр мо обрӯйи оилаи Яҳуваро ҳифз карда метавонем?

16 Обрӯйи оилаи Яҳуваро ҳифз намоед. Бисёр вақт дар оила додар ба кору рафтори акааш пайравӣ мекунад. Агар бародар дар ҳаёташ маслиҳатҳои Китоби Муқаддасро ба кор барад, додараш аз ӯ ибрат мегирад, аммо агар ӯ ба роҳи бад равад, эҳтимол, додараш ба намунаи бади ӯ пайравӣ кунад. Дар оилаи Яҳува низ ҳамин хел аст. Агар масеҳии содиқе осӣ гардад ё ба бадахлоқию бадкорӣ машғул шавад, дигарон шояд ба кори бади ӯ пайравӣ кунанд. Касоне, ки чунин рафтор мекунанд, обрӯйи оилаи Яҳуваро мерезанд (1 Тас. 4:3–8). Мо набояд ба рафтори бади дигарон пайравӣ кунем ва ба ягон чиз роҳ надиҳем, ки моро аз Падари меҳрубони осмониамон ҷудо созад.

17. Аз кадом тарзи фикрронӣ мо бояд даргурез бошем ва чаро?

17 Ба чизу чора неву ба Яҳува такя кунед. Яҳува ваъда медиҳад, ки агар мо Подшоҳии ӯро дар ҷойи аввал гузорему мувофиқи меъёрҳои одилонааш зиндагӣ кунем, ӯ моро бо хӯрок, пӯшок ва сарпаноҳ таъмин мекунад (Заб. 55:22; Мат. 6:33). Вақте мо ба ин ваъдаи Яҳува боварӣ дорем, фикр намекунем, ки чизу чораи ин ҷаҳон моро муҳофизат карда, ба мо хушбахтии ҳақиқӣ меорад. Мо медонем, ки танҳо хости Яҳуваро иҷро карда хотирҷамъ буда метавонем (Флп. 4:6, 7). Ҳарчанд имкони харидани чизу чораи зиёд дошта бошем ҳам, мо бояд фикр кунем, ки оё барои истифода ва нигоҳубини ин чизҳо вақту қувватамон мерасад ё не. Оё мо ба чизу чораамон аз ҳад зиёд дил набастаем? Мо бояд фаромӯш накунем, ки Яҳува ба ҳар як узви оилааш вазифае додааст. Пас, нагузорем, ки ҳушамон аз ин вазифа парешон шавад. Албатта, мо намехоҳем ба ҷавонмарде монанд бошем, ки ба чизу чорааш дил баста аз пайрави Исо шудан даст кашид. Дар натиҷа, ин ҷавонмард имконияти хизматгор ва писархонди Яҳува шуданро аз даст дод (Марқ. 10:17–22).

АЗ ЧӢ ФАРЗАНДОНИ ЯҲУВА ТО АБАД БАҲРА МЕБАРАНД

18. Одамони итоаткор аз кадом эҳтироми бузург ва баракатҳо то абад баҳра мебаранд?

18 Одамони итоаткор сазовори эҳтироми бузург мегарданд — ба онҳо имконият дода мешавад, ки то абад Яҳуваро дӯст дошта ба ӯ хизмат кунанд. Ҳамчунин онҳо замин, яъне хонаи беҳамтоеро, ки Яҳува барояшон офаридааст, бо хурсандӣ нигоҳубин карда метавонанд. Ба наздикӣ Подшоҳии Худо замину чизҳои дар он бударо аз нав ба боғу бӯстон табдил медиҳад. Исо зарареро, ки Одаму Ҳавво ҳангоми тарк кардани оилаи Худо оварданд, пурра бартараф мекунад. Яҳува миллионҳо одамонро ба ҳаёт баргардонида ба онҳо имконият медиҳад, ки дар замини ба биҳишт табдил ёфта тансиҳату саломат ҷовидона зиндагӣ кунанд (Луқ. 23:42, 43). Вақте хизматгорони заминии Яҳува ба комилият мерасанд, онҳо «шукӯҳу ҷалол»-е хоҳанд дошт, ки Довуд дар борааш навишта буд (Заб. 8:5).

19. Мо чиро бояд дар хотир дорем?

19 Агар шумо ба «мардуми сершумор» тааллуқ дошта бошед, соҳиби умеди олиҷаноб ҳастед. Яҳува шуморо дӯст медорад ва мехоҳад, ки аъзои оилаи ӯ бошед. Барои ҳамин саъю кӯшиш кунед, ки дили ӯро шод гардонед. Ҳар рӯз нишон диҳед, ки ваъдаҳои Яҳува дар ақлу дилатон ҷойгиранд. Ба Падари азизу осмониамон хизмат кардан як шараф аст, барои ҳамин ҳамеша онро қадр кунед. Бигзор умеди ӯро ҷовидона ситоиш кардан бароятон пурарзиш бошад!

СУРУДИ 50 Муҳаббати илоҳӣ, ки ба мо намуна аст

^ сарх. 5 Барои он ки оила хушбахту осуда бошад, ҳар як узви он бояд вазифаи худро донад ва дигар аъзои оиларо дастгирӣ кунад. Падар меҳрубонона ба оилааш сардорӣ мекунад, модар ба ӯ ёрдам медиҳад ва фарзандон бошанд, ба волидонашон итоат менамоянд. Сохтори оилаи Яҳува низ чунин аст. Худо нисбати одамизод нияти махсус дорад ва, агар мо мувофиқи он амал кунем, то абад аъзои оилаи Яҳува шуда метавонем.

^ сарх. 55 ШАРҲИ РАСМ: Азбаски одамизод ба сурати Худо офарида шудааст, ин ҳамсарон ба якдигар ва писаронашон меҳрубонию раҳмдилӣ зоҳир мекунанд. Онҳо Яҳуваро дӯст медоранд, атои фарзанддориро қадр карда писаронашонро тавре ба воя мерасонанд, ки онҳо низ Яҳуваро дӯст доранду ба ӯ хизмат кунанд. Ин волидон ба воситаи видеонавор ба писаронашон мефаҳмонанд, ки чаро Яҳува Исоро қурбон кард. Онҳо ҳамчунин нақл мекунанд, ки дар биҳишти рӯйи замин зиндагӣ карда, мо замину ҳайвонотро то абад нигоҳубин мекунем.