МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 34
«Бо роҳи ростӣ рав»
«Бо роҳи ростӣ рав» (3 ЮҲ. 4).
СУРУДИ 28 Суруди нав
ПЕШГУФТОР *
1. Вақте мо дар бораи он ки чӣ тавр Шоҳиди Яҳува шудем, суҳбат мекунем, чӣ манфиат мегирем?
«ШУМО чӣ хел Шоҳиди Яҳува шудед?» Бешак, шумо чандин маротиба ба ин савол ҷавоб додаед. Ин яке аз аввалин саволҳоест, ки ҳамимонамон барои бо мо шинос шудан медиҳад. Дар асл, барои мо гӯш кардани он ки чӣ хел дигарон Яҳуваро шинохтанду ӯро дӯст доштанд, маъқул аст. Мо инчунин бо камоли майл нақл мекунем, ки чаро худамон Шоҳиди Яҳува шудем (Рум. 1:11). Дар чунин суҳбатҳо мо эҳсос мекунем, ки то чӣ андоза Шоҳиди Яҳува будан бароямон пурарзиш аст. Ғайр аз ин, мо азм мекунем, ки минбаъд низ «бо роҳи ростӣ» меравем, яъне тавре зиндагӣ мекунем, ки Яҳува аз мо розӣ бошад ва моро баракат диҳад (3 Юҳ. 4).
2. Дар ин мақола чӣ баррасӣ мешавад?
2 Дар ин мақола мо баъзе сабабҳоро дида мебароем, ки чаро роҳи ҳақиқат бароямон азиз аст. Сипас фикр мекунем, ки чӣ тавр минбаъд низ муҳаббатамонро барои ин ҳадияи Яҳува нишон дода метавонем. Бешубҳа, дар бораи ин мавридҳо мулоҳиза рондан кумак мекунад, ки мо ҳар чизеро ки Яҳува барои моро ба худ ҷалб кардан мекунад, қадр кунем (Юҳ. 6:44). Инчунин бештар хоҳиш пайдо мекунем, ки ҳақиқати Каломро ба дигарон таълим диҳем.
ЧАРО РОҲИ ҲАҚИҚАТ БАРОЯМОН АЗИЗ АСТ?
3. Чаро роҳи ҳақиқат бароямон азиз аст?
3 Барои ин якчанд сабаб вуҷуд дорад. Сабаби асосиаш ин ки мо Яҳува Худоро, ки Сарчашмаи ҳақиқат аст, дӯст медорем. Аз Каломаш мо фаҳмидем, ки ӯ на танҳо Офаридгори пурқудрати осмону замин аст, балки инчунин Падари осмонии ғамхор мебошад (1 Пет. 5:7). Мо медонем, ки Худоямон «меҳрубону дилсӯз, пурсабр ва пур аз меҳру вафову ростӣ» мебошад (2 Мӯсо 34:6). Ӯ адолатро нағз мебинад (Иш. 61:8). Ранҷу азоби мо ба ӯ дарду ғам меорад. Барои ҳамин Яҳува муштоқи он замонест, ки ғаму андӯҳро пурра бартараф мекунад (Ирм. 29:11). Чӣ хабари хуше! Барои ҳамин ҷойи тааҷҷубе нест, ки мо ӯро дӯст медорем.
4, 5. Чаро Павлуси расул умедамонро бо лангар муқоиса кард?
4 Боз як сабабе, ки мо ҳақиқатро дӯст медорем, ин аст, ки он ба мо манфиати зиёд меорад. Ҳақиқати Калом ба мо умед мебахшад. Павлуси расул дар ин бора гуфта буд, ки «ин умед барои ҷонҳои мо лангари мустаҳкаму устувор» аст (Ибр. 6:19). Чи хеле лангар киштиро устувор нигоҳ медорад, ҳамин тавр умеде, ки Каломи Худо мебахшад, кумак мекунад, ки ба мушкилиҳо тоб орем.
5 Албатта, дар ин оят Павлуси расул дар бораи умеди тадҳиншудагон гуфтааст, вале суханони ӯ инчунин ба масеҳиёне тааллуқ дорад, ки умедашон заминӣ аст (Юҳ. 3:16). Бешак, умед ба ояндаи абадӣ ҳаёти моро пурмазмун мегардонад.
6, 7. Дар бораи оянда ҳақиқатро фаҳмидан ба Ивон чӣ хел таъсир кард?
6 Мисоли хоҳар Ивонро мегирем. Волидони ӯ Шоҳиди Яҳува набуданд. Дар кӯдакиаш Ивон аз марг сахт метарсид. Ӯ ба хотир меорад, ки рӯзе фикри зеринро хонда буд: «Як рӯз не, як рӯз ҳаётат ба охир мерасад». Ӯ мегӯяд: «Ҳамон шаб тамоман хобам набурд. Ман дар фикру хаёли оянда будам. Ҳайрон будам, ки наход маънои ҳаёт ҳамин бошад. Ман мурдан намехостам!»
7 Баъдтар, дар наврасиаш, Ивон бо Шоҳидони Яҳува шинос шуд. Ӯ нақл мекунад: «Ман имон пайдо кардам, ки оянда дар биҳишти рӯйи замин ҷовидона зиндагӣ карда метавонам». Чӣ тавр ин умед ба ӯ кумак кард? Ӯ илова мекунад: «Ман дигар аз оянда ва марг наметарсам». Чи хеле мебинед, Ивон ҳақиқати Каломро бениҳоят дӯст дошт ва ҳоло бо ҷону дил дар бораи умедаш ба дигарон нақл мекунад (1 Тим. 4:16).
8, 9. а) Дар мисоли Исо марде арзиши ганҷро чӣ қадар донист? б) Шахсан ба шумо ҳақиқат чӣ қадар арзиш дорад?
8 Ҳақиқати Китоби Муқаддас инчунин хабари хуш дар бораи Подшоҳии Худоро дар бар мегирад. Исо дар бораи он дар Матто 13:44 чунин гуфт: «Подшоҳии осмон мисли ганҷест, ки дар саҳро ниҳон аст. Марде онро ёфта, боз пинҳон мекунад ва аз хурсандӣ рафта, тамоми чизу чораашро мефурӯшаду он саҳроро мехарад». Аҳамият додед, ин мард ганҷро намекофт. Вале ҳамин ки онро ёфт, тайёр буд, ки барои ба даст оварданаш аз баҳри ҳама чиз барояд. Барои ҳамин ӯ ҳамаи дороияшро фурӯхт. Чаро? Чунки медонист, ки аз ин ганҷ дида чизи пурқиматтар нест. Он ба ҳамаи қурбониҳо меарзад.
9 Оё шумо низ ба ҳақиқат чунин муносибат мекунед? Шакке надорем, ки ҳа! Мо медонем, ки чизе, ки ин ҷаҳон пешниҳод накунад, бо хурсандие, ки дар хизмати Яҳува дорем ва ояндаи ҷовидонае, ки зери ҳукмронии Подшоҳиаш хоҳем дошт, баробар шуда наметавонад. Мо инчунин имконияти пуршараф дорем, ки бо Яҳува муносибати наздик дошта бошем, ки ин худ ба ҳамаи қурбониҳо меарзад. Вақте мо кӯшиш мекунем, ки «ӯро аз ҳар ҷиҳат шод» гардонем, хурсандиамон дучанд мегардад (Қӯл. 1:10).
10, 11. Чаро Майкл ба ҳаёташ дигаргунӣ дароварда тавонист?
10 Бисёрамон барои розигии Яҳуваро ба даст овардан аз баҳри ҳар чиз мегузарем. Масалан, баъзеҳо дигар аз пайи карера ва боигарӣ нестанд. Ғайр аз ин, онҳое ҳастанд, ки баъди бо Яҳува шинос шудан ҳаёташонро пурра тағйир медиҳанд. Майкл яке аз онҳо мебошад. Бояд гуфт, ки ӯ дар роҳи ҳақиқат калон нашудааст. Дар ҷавониаш ӯ бо карате машғул буд. Майкл мегӯяд: «Ман ба машқи ҷисмонӣ беҳад аҳамият медодам. Вақтҳое буданд, ки худро хеле бақувват ҳис мекардам, тавре ки гӯё кӯҳро чаппа карда метавонистам». Вале баъди сар кардани омӯзиши Китоби Муқаддас Майкл фаҳмид, ки Яҳува ба зӯроварӣ чӣ гуна муносибат мекунад (Заб. 11:5). Ӯ дар бораи ҷуфти Шоҳидоне, ки ҳамроҳаш омӯзиш мекарданд, чунин гуфт: «Онҳо ягон бор ба ман намегуфтанд, ки каратеро партоям, ҳақиқати Каломро таълим медоданду бас».
11 Чи қадаре Майкл дар бораи Яҳува дониш мегирифт, ҳамон қадар муҳаббаташ ба Офаридгор зиёд мешуд. Ба Майкл асосан дилсӯзии Яҳува нисбати хизматгоронаш маъқул шуд. Бо гузашти вақт ӯ дарк кард, ки бояд дар ҳаёташ дигаргунии ҷиддӣ дарорад. Ӯ мегӯяд: «Ман медонистам, ки каратеро партофтан бароям бениҳоят душвор мешавад, вале дарк мекардам, ки бо ин роҳ розигии Худоро ба даст меорам. Ман боварӣ доштам, ки Яҳуваро ибодат кардан ба ҳамаи қурбониҳо меарзад». Майкл ҳақиқатро қадр мекард. Барои ҳамин дар ҳаёташ дигаргунӣ дароварда тавонист (Яъқ. 1:25).
12, 13. Китоби Муқаддас ба Мейли аз кадом ҷиҳат кумак кард?
12 Ҳақиқати Каломи Худо пурқимат аст. Он бо чароғе муқоиса шудааст, ки дар торикӣ фурӯзон мебошад (Заб. 119:105; Эфс. 5:8). Мейли, ки аз Озарбойҷон аст, ҳақиқати Каломи Худоро хеле қадр мекунад. Ӯ дар оилае калон шуд, ки падараш мусулмону модараш яҳудӣ буд. Мейли мегӯяд: «Ман ҳеҷ гоҳ ба вуҷуд доштани Худо шубҳа намекардам, ҳамзамон маро баъзе саволҳо ором намегузоштанд: “Чаро Худо инсонро офарид? Наход маънои ҳаёт ҳамин аст, ки инсон якумр азоб кашаду баъд аз марг ҷовидона дар дӯзах сӯзад?” Азбаски одамон мегӯянд, ки ҳама чиз бо хости Худо рӯй медиҳад, ман ҳайрон шуда мегуфтам: “Магар Худо лӯхтакбозест, ки азобу уқубати одамонро дида ҳаловат мебарад?”»
13 Мейли ҷавоби саволҳояшро кофтан гирифт. Бо гузашти вақт ӯ омӯзиши Китоби Муқаддасро қабул кард ва ба ҳақиқат омад. Ӯ мегӯяд: «Таълимоти мантиқии Китоби Муқаддас назари маро ба ҳаёт тағйир дод. Он чизеро, ки ман аз Каломи Худо ёфтам, ба дилам оромӣ бахшид». Мисли Мейли ҳамаи мо Яҳуваро ҷалол медиҳем,— Онеро, ки моро «аз торикӣ ба рӯшноии аҷоиби худ даъват кардааст» (1 Пет. 2:9).
14. Чӣ тавр мо муҳаббатамонро ба ҳақиқат қавитар гардонда метавонем? (Ба чорчӯбаи «Дигар муқоисаҳо» нигаред.)
14 Ин фақат баъзе сабабҳое буданд, ки мо ҳақиқатро қадр мекунем. Бешубҳа, шумо дигар сабабҳоро низ оварда метавонед. Хуб мебуд дар омӯзиши шахсиатон мулоҳиза ронед, ки чаро мо бояд ҳақиқатро дӯст дорем. Чи қадаре муҳаббатамон ба ҳақиқат зиёд шавад, ҳамон қадар хоҳишамон бештар мегардад, ки муҳаббатамонро бо ҳар роҳ нишон диҳем.
ЧӢ ТАВР НИШОН ДОДА МЕТАВОНЕМ, КИ ҲАҚИҚАТРО ДӮСТ МЕДОРЕМ?
15. Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки ҳақиқатро дӯст медорем?
15 Барои нишон додани он ки мо ҳақиқатро дӯст медорем, пайваста Китоби Муқаддас ва адабиёти бар он асосёфтаро таҳқиқ кардан лозим аст. Охир, чанд соле дар роҳи ҳақиқат набошем, боз ҳақиқатҳои навро аз худ кардан мумкин аст. Дар нашри аввалини ин маҷалла дар ин хусус чунин гуфта шуда буд: «Ҳақиқат монанди гулест, ки дар саҳрои ҳаёт, дар байни алафҳои бегона, рӯидааст. Барои ёфтани ин гул заҳмати бисёр дар талаб аст... Шахсе, ки онро меёбад, бо як дона гул қаноат намекунад, балки кофтуковро давом медиҳад. Бале, танҳо бо як гули ҳақиқат қаноат накунед... Кофтуковро давом дода, бештар гул ҷамъ кунед». Ба ин монанд, омӯзиш кори осон нест, он заҳмат металабад, вале ин меҳнати арзанда аст.
16. Кадом усули омӯзишро шахсан шумо самаранок мешуморед? (Панднома 2:4–6).
16 На ба ҳар яки мо хондан ё омӯхтан маъқул аст, лекин Яҳува моро даъват мекунад, ки барои хубтар фаҳмидани ҳақиқат минбаъд низ «ҷустуҷӯ» намоем ва «кофтуков» кунем. (Панднома 2:4–6-ро хонед.) Ин меҳнат фоидаи зиёд меорад. Масалан, Коре ном бародаре ҳангоми хониши Китоби Муқаддас ҳар як оятро таҳқиқ мекунад. Ӯ мефаҳмонад: «Ман ҳар як поварақ ва оятҳои паралеллиро аз назар мегузаронам, инчунин оятро нағзакак таҳқиқ мекунам... Ин усулро ба кор бурда ман бисёр чизро мефаҳмам». Кадом усулеро ба кор набарем, агар барои таҳқиқ вақт ҷудо намоем, нишон медиҳем, ки ҳақиқатро қадр мекунем (Заб. 1:1–3).
17. Аз рӯйи ҳақиқат зиндагӣ кардан чӣ маъно дорад? (Яъқуб 1:25).
17 Албатта, мо дарк мекунем, ки ҳақиқатро танҳо омӯхтан бас нест. Барои аз он манфиат гирифтан мо бояд аз рӯйи ҳақиқат зиндагӣ кунем, яъне чизҳои фаҳмидаамонро ба кор барем. Танҳо дар ин сурат ҳақиқат ба мо хушбахтӣ меорад. (Яъқуб 1:25-ро хонед.) Пас, чӣ тавр боварӣ ҳосил кунем, ки аз рӯйи ҳақиқат зиндагӣ дорем? Як бародар маслиҳат медиҳад, ки худро тафтиш кунем: Аз кадом ҷиҳат намуна ҳастему аз кадомаш камбудӣ дорем ва бояд беҳтар гардем. Павлуси расул дар ин бора чунин гуфтааст: «Чӣ қадар пешравие накарда бошем, биёед минбаъд низ пеш равем» (Флп. 3:16).
18. Чаро мо аз таҳти дил кӯшиш мекунем, ки «бо роҳи ростӣ» равем?
18 Бале, «бо роҳи ростӣ» рафтан ба мо манфиати зиёд меорад. Ин тавр карда мо на танҳо ҳаёти худро беҳтар мегардонем, балки Яҳува ва ҳамимононамонро низ хурсанд мекунем (Пнм. 27:11; 3 Юҳ. 4). Магар барои ҳақиқатро дӯст доштан ва аз рӯйи он зиндагӣ кардан аз ин ҳам сабаби муҳимтаре ҳаст?
СУРУДИ 24 Доимо сӯи мукофот нигар!
^ Мо одатан «ҳақиқат» гуфта, эътиқод ва тарзи ҳаётамонро дар назар дорем. Барои ҳамин хоҳ нав, хоҳ солҳои зиёд Шоҳиди Яҳуваем, агар мулоҳиза ронем, ки чаро мо ҳақиқатро дӯст медорем, манфиат мегирем. Дар натиҷа мо боз ҳам бештар бо азми қавӣ хизмати Яҳуваро ба ҷо меорем.