Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 35

Минбаъд низ «якдигарро қувват бахшед»

Минбаъд низ «якдигарро қувват бахшед»

«Аз ин рӯ якдигарро дилбардорӣ кунеду қувват бахшед» (1 ТАС. 5:11).

СУРУДИ 53 Дар ягонагӣ ҳамкорӣ мекунем

ПЕШГУФТОР *

1. Мувофиқи 1 Таслӯникиён 5:11 ҳамаи мо дар кадом кор иштирок мекунем?

 ОЁ ҶАМОАТИ шумо ягон бор дар сохтмон ё обод кардани Ибодатгоҳ иштирок кардааст? Агар ҳа, вохӯрии аввал дар Ибодатгоҳ бешубҳа дар ёдатон ҳаст. Шумо аз Яҳува беҳад миннатдор будед; чунон ба ҳаяҷон омада будед, ки ҳатто суруди аввалро сароида натавонистед. Бале, Ибодатгоҳҳои зебои мо Яҳуваро ҷалол медиҳанд. Лекин як кори ободкунии дигаре ҳаст, ки аз ин ҳам ба Яҳува бештар ҷалол меорад. Ин кор чизеро дар бар мегирад, ки аз биноҳо дида пурқиматтар аст. Ин обод кардани одамоне мебошад, ки ба Ибодатгоҳ меоянд. Павлуси расул дар бораи ин кори ободкунӣ дар 1 Таслӯникиён 5:11, ки ояти асосии ин мақола мебошад, қайд кардааст. (Оятро хонед.)

2. Дар ин мақола чӣ муҳокима мешавад?

2 Павлуси расул медонист, ки чӣ тавр бародару хоҳаронро қувват бахшад. Ӯ аз ин ҷиҳат барои мо намунаи беҳтарин аст. Ӯ бо ҳамимононаш ҳамдард буд. Дар ин мақола дида мебароем, ки чӣ тавр Павлус ба бародару хоҳарон кумак мекард, то 1) ба озмоишҳо тоб оранд, 2) бо ҳам муросо кунанд ва 3) имонашонро ба Яҳува қавӣ гардонанд. Биёед бинем, ки чӣ тавр мо аз Павлус ибрат гирифта бародару хоҳаронро қувват бахшида метавонем (1 Қӯр. 11:1).

ПАВЛУС БА БАРОДАРУ ХОҲАРОН КУМАК МЕКАРД, КИ БА ОЗМОИШҲО ТОБ ОРАНД

3. Павлус аз кадом ҷиҳат мувозинатро нигоҳ медошт?

3 Павлус бародару хоҳаронро хеле дӯст медошт. Азбаски ӯ рӯзҳои сахтро аз сар гузаронда буд, метавонист ба бародарону хоҳароне, ки бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудаанд, ҳамдардӣ ва дилсӯзӣ нишон диҳад. Мисол, боре Павлус бепул монд ва маҷбур шуд, ки барои таъмин кардани худ ва ҳамроҳонаш кор ёбад (Кор. 20:34). Ӯ хайма дӯхта мефурӯхт. Аз ин рӯ, вақте ба Қӯринт омад, муддате бо Акило ва Прискило, ки инчунин бо дӯхтани хайма ризқу рӯзӣ меёфтанд, ҳамкорӣ кард. Бо вуҷуди ин «ҳар рӯзи шанбе» Павлус кӯшиш мекард, ки ба яҳудиён ва юнониён мавъиза кунад. Баъдтар, вақте Сило ва Тимотиюс наздаш омаданд, «Павлус пурра бо паҳн кардани калом машғул шуд» (Кор. 18:2–5). Ӯ ҳеҷ гоҳ мақсади асосии ҳаёташро фаромӯш намекард, ки ин хизмати Яҳува буд. Азбаски Павлус аз ҷиҳати хизмат ва меҳнатдӯстӣ намунаи ибрат буд, бародару хоҳаронро дилбардорӣ карда метавонист. Ӯ онҳоро насиҳат кард, ки ҳеҷ гоҳ аз сабаби мушкилиҳои зиндагӣ ё таъмин кардани оила ба ибодати Яҳува хунукназарӣ накунанд (Флп. 1:10).

4. Чӣ тавр Павлус ва Тимотиюс ба бародару хоҳарон кумак карданд, ки ба озору азият тоб оранд?

4 Андак пас аз он ки дар Таслӯникӣ ҷамоати нав ташкил шуд, онҳое, ки нав пайрави Масеҳ гашта буданд, бо зиддияти шадид рӯ ба рӯ шуданд. Вақте гурӯҳи одамони бадхашм Павлусу Силоро кофта наёфтанд, «якчанд бародари дигарро кашола карда, назди ҳокимони шаҳр бурданд» ва фарёд зада мегуфтанд, ки «ҳамаи ин одамон ба қонуни қайсар зид» баромадаанд (Кор. 17:6, 7). Тасаввур кунед, вақте он масеҳиёни нав фаҳмиданд, ки мардуми шаҳр ба онҳо зид баромадаанд, чӣ қадар ошуфта гаштанд. Зери чунин фишор онҳо ғайраташонро дар хизмати Яҳува аз даст дода метавонистанд. Вале Павлус кӯшиш кард, ки ба ин роҳ надиҳад. Ҳарчанд ӯву Сило бо аҳли ҷамоати Таслӯникӣ набуданд, Павлус чора андешид, ки бародару хоҳарони он ҷо танҳо намонанд. Ӯ ба онҳо ёдрас карда гуфт: «Тимотиюсро, ки бародари мо [аст]... ба назди шумо фиристодем. Мо мехостем, ки ӯ шуморо қуввату тасаллӣ бахшида, имонатонро қавӣ гардонад, то ҳеҷ кадоми шумо аз ин азобҳо суст нашавед» (1 Тас. 3:2, 3). Тимотиюс худаш дар Лустра бо зиддият рӯ ба рӯ шуда буд, барои ҳамин медонист, ки ин чӣ аст. Ӯ дида буд, ки чӣ тавр Павлус бародару хоҳарони он ҷоро қувват бахшид. Худ шоҳиди он буд, ки чӣ тавр Яҳува онҳоро дастгирӣ мекард. Барои ҳамин Тимотиюс он бародару хоҳарони наверо, ки дар ҷамоати Таслӯникӣ буданд, боварӣ бахшида метавонист, ки Яҳува онҳоро низ дастгирӣ мекунад (Кор. 14:8, 19–22; Ибр. 12:2).

5. Кумаке, ки пири ҷамоат ба Брайнт кард, чӣ натиҷа овард?

5 Павлус боз чӣ тавр бародару хоҳаронро қувват бахшида буд? Вақте Павлусу Барнаббо ба Лустра, Иқуния ва Антиохия баргаштанд, «дар ҳар ҷамоат пиронро таъйин намуданд» (Кор. 14:21–23). Бешак, он мардони таъйиншуда аҳли ҷамоатро обод мекарданд. Дар бораи пирони ҷамоати имрӯза низ чунин гуфтан мумкин аст. Аҳамият диҳед, Брайнт ном бародаре дар ин бора чӣ мегӯяд: «Вақте ман 15-сола будам, падарам аз хона рафту модарамро хориҷ карданд. Ман худро танҳову дилшикаста ҳис мекардам». Чӣ ба Брайнт кумак кард, ки дар ин давраи сахти ҳаёташ таслим нагардад? Ӯ мегӯяд: «Тони ном пири ҷамоат дар вохӯриҳо ва берун аз он бо ман суҳбат мекард. Ӯ ба ман дар бораи онҳое нақл мекард, ки ҳарчанд бо озмоишҳо рӯ ба рӯ шуда буданд, хурсандиро аз даст надоданд. Тони Забур 27:10-ро ба ман хонда одатан дар бораи Ҳизқиё нақл мекард. Падари Ҳизқиё низ ба Яҳува хизмат намекард, бо вуҷуди ин худи Ҳизқиё хизматгори бовафои Яҳува буд». Кумаки Тони ба Брайнт чӣ натиҷа овард? Брайнт мегӯяд: «Бо ёрии ӯ ман оқибат пешрав шудам». Пирони азиз, ба онҳое, ки мисли Брайнт рӯзҳои сахтро аз сар мегузаронанд, «гапи нағз» гуфта қувват бахшед (Пнм. 12:25).

6. Чӣ тавр Павлус дар бораи хизматгорони бовафои Худо, ки пеш зиндагӣ мекарданд, нақл карда ҳамимононашро қувват мебахшид?

6 Павлус инчунин ба бародару хоҳарон ёдрас мекард, ки бо қудрати Яҳува «абри бузурги шоҳидон» рӯзҳои сахтро паси сар мекарданд (Ибр. 12:1). Бале, Павлус дарк мекард, ки намунаи хизматгорони бовафои Худо, ки пеш мушкилиҳоро паси сар мекарданд, ба бародару хоҳарон далерӣ мебахшад ва кумак мекунад, ки диққаташонро ба «шаҳри Худои зинда» равона созанд (Ибр. 12:22). Имрӯз низ чунин аст. Вақте мо ба ёд меорем, ки чӣ тавр Яҳува ба Ҷидъӯн, Бороқ, Довуд, Самуил ва дигарон кумак кард, қувват мегирем (Ибр. 11:32–35). Дар бораи намунаҳои имони имрӯза чӣ гуфтан мумкин? Бародарон мегӯянд, ки аз саросари ҷаҳон ба идораи марказӣ ҳамимононамон мактуб навишта мегӯянд, ки саргузашти бародару хоҳарони замони моро хонда, қувват мегиранд.

ПАВЛУС БА БАРОДАРУ ХОҲАРОН НИШОН ДОД, КИ ЧӢ ТАВР МУРОСО КУНАНД

7. Шумо аз маслиҳати Павлус, ки дар Румиён 14:19–21 омадаанд, чӣ меомӯзед?

7 Чӣ хел мо бародару хоҳаронро қувват бахшида метавонем? Агар дар ҷамоат сулҳу оромиро нигоҳ дорем. Мо намегузорем, ки гуногунии ақидаамон байнамон ҷудоӣ андозад. Дар мавридҳое, ки принсипҳои Китоби Муқаддас вайрон намешаванд, гузашт мекунем. Як мисол меорем: дар ҷамоати Рум ҳам яҳудиён ва ҳам ғайрияҳудиён буданд. Вақте Шариати Мӯсо дар бораи кадом хӯрокро хӯрдан мумкин асту кадомро не, бекор карда шуд, баъзе бародару хоҳарони яҳудӣ қарор карданд, ки хӯрокҳоеро, ки пеш хӯрдан мумкин набуд, мехӯранд (Марқ. 7:19). Ҳамзамон виҷдони дигар масеҳиёни яҳудӣ хӯрдани он хӯрокҳоро намебардошт. Аз ин сабаб дар ҷамоат ҷудоӣ сар зад. Павлус дар ин маврид сухан гуфта, қайд намуд, ки сулҳу оромиро дар ҷамоат нигоҳ доштан муҳим аст. Ӯ гуфт: «Беҳтараш гӯшт нахӯред, шароб нанӯшед ё ба коре даст назанед, ки бародаратонро пешпо медиҳад». (Румиён 14:19–21-ро хонед.) Бо ин суханонаш Павлуси расул ба аҳли ҷамоат нишон дод, ки чунин баҳсу мунозираҳо ба бародару хоҳарон ва ба ҷамоат зарари ҷиддӣ мерасонад. Ҳамзамон Павлус қайд кард, ки барои пешпо надодани дигарон тайёр аст рафтори худашро низ дигар кунад (1 Қӯр. 9:19–22). Мо ҳам агар дар масъалаҳое, ки интихоби шахсианд, баҳсу мунозира накунем, ба бародару хоҳарон қувват мебахшем ва ба сулҳу оромии ҷамоат мусоидат менамоем.

8. Вақте дар масъалаҳои ҷиддӣ ба ягонагии ҷамоат хатар таҳдид мекард, Павлус чӣ тавр муносибат менамуд?

8 Павлус бо бародару хоҳароне, ки дар масъалаҳои ҷиддӣ ҳамфикр набуданд, муросо мекард. Ӯ аз ин ҷиҳат намунаи ибрат аст. Масалан, баъзе яҳудиён дар ҷамоати асри як исрор мекарданд, ки ғайрияҳудиёне, ки масеҳӣ шуданд, бояд хатна карда шаванд,— шояд барои он ки дигар яҳудиён онҳоро танқид накунанд (Ғал. 6:12). Павлус бо ин ақида тамоман розӣ набуд, вале ба ҷойи ақидаи худро талқин кардан ӯ аз расулон ва пирони Ерусалим мадад пурсид (Кор. 15:1, 2). Бо ин амалаш Павлус кумак кард, ки аҳли ҷамоат хурсандӣ ва сулҳу оромиро нигоҳ доранд (Кор. 15:30, 31).

9. Чӣ тавр мо ба намунаи Павлус пайравӣ карда метавонем?

9 Агар дар масъалаҳои ҷиддӣ баҳсу мунозира сар занад, мо ба онҳое, ки дар ҷамоат роҳбариро ба уҳда гирифтаанд муроҷиат карда, сулҳу оромиро нигоҳ медорем. Одатан роҳнамоии Каломи Худоро аз адабиётамон ё дастуроти ташкилот ёфтан мумкин аст. Вақте мо аз рӯйи фикру ақидаи худ нею дастуроти ташкилот амал мекунем, дар ҷамоат сулҳу оромӣ нигоҳ дошта мешавад.

10. Барои нигоҳ доштани сулҳу оромии ҷамоат Павлус боз чӣ кор кард?

10 Павлус диққаташро ба хислатҳои хуби бародарон равона мекард, на ин ки сустиҳояшон. Ин тавр карда ӯ дар ҷамоат сулҳу оромиро нигоҳ медошт. Масалан, дар охири номааш ба румиён ӯ номи бисёр бародару хоҳаронро гирифта онҳоро таъриф кард. Мо низ мисли Павлус мехоҳем бародару хоҳаронро барои хислатҳои хубашон таъриф кунем. Дар натиҷа дӯстиамон бо онҳо боз ҳам қавитар мегардад, муҳаббатамон бошад, пойдор хоҳад гашт.

11. Вақте байнамон нофаҳмӣ сар мезанад, чӣ тавр муросо карда метавонем?

11 Баъзан ҳатто масеҳиёни рӯҳан баркамол бо ҳам баҳсу мунозира мекунанд. Боре бо Павлус ва дӯсти наздикаш Барнаббо чунин шуда буд. Онҳо баҳс карданд, ки дар сафари навбатии миссионериашон Марқусро бо худ гиранд ё не. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки «баҳси Павлусу Барнаббо чунон тезутунд шуд», ки онҳо аз якдигар ҷудо шуданд (Кор. 15:37–39). Лекин Павлус, Барнаббо ва Марқус ниҳоят муросо карданд, зеро сулҳу оромии ҷамоатро хеле қадр мекарданд. Баъдтар Павлус дар бораи Барнаббо ва Марқус суханони нек гуфт (1 Қӯр. 9:6; Қӯл. 4:10). Агар байни мо низ нофаҳмӣ сар занад, бояд масъаларо ҳал карда оштӣ шавем. Ба мо лозим аст, ки минбаъд низ ба хислатҳои хуби якдигар диққат диҳем, зеро танҳо бо ҳамин роҳ сулҳу ягонагии ҷамоат аз байн намеравад (Эфс. 4:3).

ПАВЛУС ИМОНИ БАРОДАРУ ХОҲАРОНАШРО ҚАВӢ МЕГАРДОНД

12. Баъзе мушкилиҳое, ки бародару хоҳаронамон рӯ ба рӯ мешаванд, кадом аст?

12 Боз бо кадом роҳ мо бародару хоҳаронро обод карда метавонем? Вақте имонашонро ба Яҳува қавӣ мегардонем. Имрӯзҳо баъзе бародару хоҳаронамонро аъзои оила, ҳамкорон ё ҳамсинфонашон масхара мекунанд. Дигарон бошанд, бо бемории ҷиддӣ ё ҳиссиёти манфӣ мубориза мебаранд. Ҳастанд бародару хоҳароне, ки чандин сол мешавад, ки Шоҳиди Яҳуваанд ва ба охир расидани ин замонаро интизоранд. Ин мушкилиҳо имони онҳоро озмуда метавонанд. Бояд гуфт, ки дар асри як низ аъзои ҷамоат бо чунин мушкилиҳо рӯ ба рӯ шуда буд. Биёед бинем, ки чӣ тавр Павлус онҳоро қувват бахшид.

Чӣ тавр мо мисли Павлуси расул дигаронро қавӣ гардонда метавонем? (Ба сархати 13 нигаред.) *

13. Чӣ тавр Павлус ба онҳое, ки барои имонашон масхара мешуданд, кумак кард?

13 Павлус ба воситаи Навиштаҳо имони бародару хоҳаронро қавӣ мегардонд. Барои мисол, вақте хешу табори бародару хоҳароне, ки яҳудӣ буданд, мегуфтанд, ки дини яҳудӣ аз дини масеҳӣ дида беҳтар аст, онҳо эҳтимол чӣ гуфтанашонро намедонистанд. Барои ҳамин шакке нест, ки номаи Павлуси расул ба ибриён онҳоро қувват бахшид (Ибр. 1:5, 6; 2:2, 3; 9:24, 25). Он далелҳое, ки Павлус дар номааш оварда буд, ба аҳли ҷамоат кумак мекард, ки ба танқидгаронашон ҷавоб диҳанд. Имрӯз низ мо метавонем истифода бурдани адабиётамонро ба бародару хоҳарон ёд диҳем, то онҳо эътиқодашонро фаҳмонда тавонанд. Мисол, агар бародар ё хоҳари ҷавонамонро дар мактаб барои ҷашн нагирифтани идҳо ва зодрӯз масхара кунанд, мо метавонем ба онҳо кумак кунем, то бо ёрии китоби «То абад зинда бошед!», дарси 44 фаҳмонда тавонанд, ки чаро иду зодрӯзро қайд намекунанд.

Чӣ тавр мо мисли Павлуси расул дигаронро қавӣ гардонда метавонем? (Ба сархати 14 нигаред.) *

14. Новобаста ба серкориаш дар хизмат ва таълимдиҳӣ Павлус чӣ кор мекард?

14 Павлус бародару хоҳаронро насиҳат мекард, ки бо «некукорӣ»-ашон муҳаббат нишон диҳанд (Ибр. 10:24). Ӯ ба бародару хоҳарон на танҳо дар сухан, балки дар амал низ кумак мекард. Масалан, вақте дар Яҳудия гуруснагӣ сар зад, Павлус ба аҳли ҷамоати он ҷо чизҳои даркориро овард (Кор. 11:27–30). Бояд гуфт, ки новобаста ба серкориаш дар хизмат ва таълимдиҳӣ ӯ барои ба бародару хоҳарон аз ҷиҳати моддӣ кумак кардан вақт меёфт (Ғал. 2:10). Ҳамин тавр Павлус имони аҳли ҷамоатро ба Яҳува қавӣ мегардонд. Имрӯз низ вақте мо вақту қувватамонро барои бародару хоҳароне, ки аз офатҳои табиӣ зарар дидаанд, сарф мекунем, имони онҳо қавӣ мегардад. Қобили зикр аст, ки хайрияҳоямон ба кори умумиҷаҳонӣ низ чунин самар меорад. Бо ин ва дигар роҳҳо мо ба бародару хоҳарон кумак мекунем, ки ҳама вақт аз Яҳува дилпур бошанд.

Чӣ тавр мо мисли Павлуси расул дигаронро қавӣ гардонда метавонем? (Ба сархати 15–16 нигаред.) *

15, 16. Бо онҳое, ки имонашон суст шудааст, чӣ тавр муносибат карданамон даркор?

15 Павлус аз онҳое, ки имонашон суст шуда буд, рӯ намегардонд. Ӯ ба чунин ҳамимонон ҳамдардӣ нишон медод ва бо онҳо аз рӯйи муҳаббат сухан мегуфт (Ибр. 6:9; 10:39). Масалан, дар номааш ба ибриён ӯ ҷонишини «мо»-ро чанд бор истифода бурда гуфтанӣ буд, ки худаш ҳам бояд он маслиҳатҳоро ба кор барад (Ибр. 2:1, 3). Бинобар ин мо аз Павлус ибрат гирифта аз онҳое, ки имонашон суст шудааст, рӯ намегардонем. Баръакс, ба онҳо таваҷҷӯҳ карда қувваташон мебахшем. Бо ин рафторамон нишон медиҳем, ки онҳоро самимона дӯст медорем. Фаромӯш накунед, ки нармии оҳанги овоз аз суханонамон дида ба кас бештар қувват мебахшад.

16 Павлус бародару хоҳаронро боварӣ бахшид, ки Яҳува аз корҳои неки онҳо бохабар аст (Ибр. 10:32–34). Мо низ нисбати ҳамимононе ки айни ҳол имонашон суст шудааст, чунин карда метавонем. Масалан, ҳангоми суҳбат бо онҳо мо пурсида метавонем, ки чӣ тавр ба ҳақиқат омаданашонро нақл кунанд ё лаҳзаҳоеро ба ёд оранд, ки Яҳува онҳоро дастгирӣ карда буд. Мо ин бародару хоҳарони азизамонро боварӣ бахшида метавонем, ки Яҳува он муҳаббатеро, ки пеш нишон медоданд ва корҳои онҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунад ва дар оянда низ бо онҳо хоҳад буд (Ибр. 6:10; 13:5, 6). Ин гуна суҳбатҳо ба ҳамимононамон болу пар мебахшад ва онҳо хизмати Яҳуваро давом медиҳанд.

МИНБАЪД НИЗ «ЯКДИГАРРО ДИЛБАРДОРӢ КУНЕД»

17. Кадом маҳоратамонро беҳтар кардан мумкин аст?

17 Чи хеле бинокор бо гузашти вақт маҳораташро беҳтар мегардонад, мо низ аз ҷиҳати обод гардондани якдигар пешравӣ карда метавонем. Масалан, ба дигарон дар бораи хизматгорони содиқи пеш нақл карда онҳоро қувват бахшида метавонем, ки ба мушкилиҳояшон тоб оранд. Хислатҳои хуби дигаронро қайд карда мо ба сулҳу оромии ҷамоат мусоидат менамоем. Агар бинем, ки ба осудагии ҷамоат хатаре таҳдид мекунад, кӯшиш мекунем, ки сулҳро нигоҳ дорем. Агар дар ягон масъала ҳамфикр набошем, талош меварзем, ки муросо кунем. Ҳақиқатҳои Каломро ба бародару хоҳарон нақл карда инчунин имони онҳоро қавӣ гардондан мумкин аст. Вақте мо кӯшиш мекунем, ки дар амал ба бародару хоҳарон кумак расонем ва онҳоеро, ки рӯҳан суст шудаанд, дастгирӣ кунем, ба ягонагии ҷамоат мусоидат менамоем.

18. Шумо ба кардани кадом кор азм доред?

18 Онҳое, ки дар лоиҳаҳои сохтмони ташкилот кор мекунанд, шоду қаноатманданд. Агар мо дар обод кардани ҷамоат саҳм гузорем, хушбахту қаноатманд мегардем. Биноҳо абадан намемонанд, вале натиҷаи меҳнати мо то абад боқӣ хоҳад монд. Бинобар ин минбаъд низ «якдигарро дилбардорӣ кунеду қувват бахшед» (1 Тас. 5:11).

СУРУДИ 50 Муҳаббати илоҳӣ, ки ба мо намуна аст

^ Мо дар замонҳои сахт зиндагӣ дорем. Ҳамимононамон зери фишор қарор доранд. Аз ин рӯ хуб мебуд, ки имконият ҷуста онҳоро қувват бахшем. Аз ин ҷиҳат намунаи Павлуси расул ибратангез аст.

^ ШАРҲИ РАСМҲО: Падаре ба духтараш фаҳмонда истодааст, ки чӣ тавр маслиҳатҳои адабиётамонро ба кор бурда ба фишор дода нашаваду Соли навро ҷашн нагирад.

^ ШАРҲИ РАСМҲО: Ҳамсароне ба дигар қисми давлаташон рафта ба осебдидагони офати табиӣ кумак карда истодаанд.

^ ШАРҲИ РАСМҲО: Пири ҷамоат бародареро хабар мегирад, ки имонаш суст шудааст. Ӯ ба бародар суратҳоеро нишон дода истодааст, ки чанд сол пеш дар Мактаби пешравон бо ӯ гирифта буд. Ин суратҳо хотираҳои хушро ба ёди бародар мерасонад. Дар натиҷа ӯ ба ёд меорад, ки вақте ба Яҳува хизмат мекард, хурсанд буд. Бо гузашти вақт ин бародар ба ҷамоат бармегардад.