Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ОМӮЗИШИ МАҚОЛАИ 33

Яҳува халқашро нигаҳбонӣ мекунад

Яҳува халқашро нигаҳбонӣ мекунад

«Чашми Яҳува бар тарсгоронаш аст» (ЗАБ. 33:18).

СУРУДИ 22 Яҳува Чӯпони ман аст

ПЕШГУФТОР *

1. Чаро Исо аз Яҳува хоҳиш кард, ки пайравонашро муҳофизат кунад?

 ШАБИ пеш аз маргаш Исо аз Падари осмониаш як чизи махсусро хоҳиш кард: ӯ аз Яҳува илтимос кард, ки пайравонашро муҳофизат кунад (Юҳ. 17:15, 20). Албатта, Яҳува халқашро нигаҳбонӣ мекунад ва дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ менамояд. Исо медонист, ки Шайтон пайравонашро азобу озор медиҳад, вале онҳо бо ёрдами Яҳува ба ҳамлаҳои Иблис муқобилат карда метавонанд.

2. Мувофиқи Забур 33:18–20 чаро мо набояд ба тарс дода шавем?

2 Имрӯзҳо ҷаҳони Шайтон ба масеҳиёни ҳақиқӣ фишор меорад. Мо бо бисёр мушкилиҳое рӯ ба рӯ мешавем, ки моро рӯҳафтода мегардонанд ва ҳатто содиқиамонро ба Яҳува меозмоянд. Лекин чи хеле аз ин мақола мефаҳмем, мо набояд ба тарс дода шавем. Зеро Яҳува ҳамаи душвориҳои моро мебинад ва тайёр аст, ки ба мо дасти ёрӣ дароз кунад. Биёед ду мисоли Китоби Муқаддасро дида бароем. Аз онҳо мо мефаҳмем, ки «чашми Яҳува бар тарсгоронаш аст». (Забур 33:18–20-ро хонед.)

ВАҚТЕ ТАНҲОӢ МЕКАШЕМ

3. Дар кадом мавридҳо мо худро танҳо ҳис карда метавонем?

3 Ҳарчанд мо бародару хоҳарони зиёд дорем, гоҳ вақт худро танҳо ҳис мекунем. Масалан, вақте ҷавонон ба ҳамсинфонашон дар бораи имони худ нақл мекунанд ё ба ҷамоати нав мекӯчанд, мумкин худро танҳо ҳис кунанд. Баъзеамон зиқу рӯҳафтода мешавем, зеро фикр мекунем, ки бо ин гуна ҳиссиётамон тани танҳо мубориза мебарем. «Дигарон маро намефаҳманд» гуфта,— мумкин шарм кунем, ки дар бораи ҳиссиётамон ба онҳо гап занем. Баъзан шояд ҳатто фикр кунем, ки ҳеҷ кас парвои моро надорад. Ҳисси танҳоӣ, аз кадом сабабе набошад, моро ба ташвиш оварда оҷизу нотавон гардонда метавонад. Яҳува асло намехоҳад, ки мо чунин ҳиссиёт дошта бошем. Барои чӣ ин хел гуфтан мумкин?

4. Чаро пайғамбар Илёс гуфт, ки «фақат ман зинда мондам»?

4 Биёед мисоли хизматгори содиқи Худо Илёсро дида бароем. Изобал қасам хӯрда буд, ки Илёсро мекушад, барои ҳамин ӯ барои наҷот додани ҳаёташ зиёда аз 40 рӯз даргурез буд (3 Подш. 19:1–9). Ниҳоят ӯ дар ғор ба Яҳува нола карда гуфт: «Фақат ман [аз пайғамбарон] зинда мондам» (3 Подш. 19:10). Лекин дар он макон дигар пайғамбарон низ буданд; Убадё 100 пайғамбарро аз Изобали қотил пинҳон карда буд (3 Подш. 18:7, 13). Набошад, барои чӣ Илёс худро танҳо ҳис кард? Оё ӯ фикр кард, ки ҳамаи он пайғамбароне, ки Убадё наҷот дода буд, мурданд? Ё барои он Илёс танҳоӣ мекашид, ки дар кӯҳи Кармил ҳатто баъди он ки Яҳува Худои ҳақиқӣ буданашро исбот кард, ҳеҷ кас ӯро пайравӣ накард? Шояд ӯ фикр мекард, ки ҳеҷ кас аз ҳоли ӯ бохабар несту парвояшро надорад? Дар Китоби Муқаддас дар ин хусус батафсил гуфта нашудааст. Лекин як чиз аниқ аст: Яҳува медонист, ки чаро Илёс танҳоӣ мекашид ва чӣ тавр ба вай кумак кунад.

Яҳува Илёсро бо ҳар роҳ дастгирӣ мекард. Чӣ тавр донистани ин моро дар вақти танҳоӣ кашидан тасаллӣ мебахшад? (Ба сархатҳои 5 ва 6 нигаред.)

5. Чӣ тавр Яҳува Илёсро боварӣ бахшид, ки ӯ танҳо нест?

5 Яҳува бо роҳҳои гуногун Илёсро дастгирӣ мекард: ӯ бо пайғамбараш суҳбат кард, ду маротиба аз Илёс пурсид: «Ту дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ?» (3 Подш. 19:9, 13). Ҳар боре ки Илёс дилашро холӣ мекард, Яҳува бодиққат ӯро гӯш менамуд. Офаридгор инчунин қувваташро ба пайғамбар нишон дода ӯро боварӣ бахшид, ки дар бараш аст. Яҳува Илёсро боз дилпур кард, ки бисёр ҳамимононаш бо ӯ ҳастанд. Бешак, баъди дилашро холӣ кардан Илёс қувват гирифт (3 Подш. 19:11, 12, 18). Ғайр аз ин Яҳува ба Илёс якчанд супориш дод: ӯ ба пайғамбараш гуфт, ки Ҳазоилро шоҳи Сурия ва Еҳуро шоҳи Исроил таъйин кунад, Элишоъро бошад, пайғамбар (3 Подш. 19:15, 16). Ба туфайли ин супоришҳо Илёс диққаташро ба чизҳои хуб равона карда метавонист. Ҳамчунин Элишоъ дӯсти наздики Илёс гашт. Агар шумо худро танҳо ҳис кунед, чӣ хел Яҳува ба мададатон расида метавонад?

6. Мувофиқи Забур 62:8 вақте худро танҳо ҳис мекунед, дар бораи чӣ дуо гуфта метавонед?

6 Яҳува мехоҳад, ки шумо ба ӯ дуо гӯед. Ӯ аз ҳамаи озмоишҳоятон бохабар аст ва ба дуоҳои шумо ҳама вақт гӯш медиҳад (1 Тас. 5:17). Бояд гуфт, ки Яҳува бо камоли майл дуоҳои хизматгоронашро гӯш мекунад (Пнм. 15:8). Вақте худро танҳо ҳис мекунед, дар бораи чӣ дуо гуфта метавонед? Мисли Илёс ба Яҳува рози дил кунед. (Забур 62:8-ро хонед.) Гӯед, ки чӣ шуморо ба ташвиш меорад. Хоҳиш кунед, ки бароятон қувват диҳад, то ба мушкилиҳо тоб оварда тавонед. Масалан, агар шумо хавотир бошед, ки чӣ тавр дар мактаб дар бораи эътиқодатон гап мезанед, аз Яҳува мадад пурсед, ки ба шумо далерӣ ва хирад диҳад, то ақидаатонро боодобона фаҳмонда тавонед (Луқ. 21:14, 15). Агар шуморо ҳиссиёти манфӣ ғам диҳад, аз Яҳува мадад пурсед, то қувват диҳад, ки дарди дилатонро ба ягон ҳамимони рӯҳан баркамол гуфта тавонед. Дар дуо хоҳиш кунед, ки шахсе, ки шуморо гӯш мекунад, ҳиссиётатонро фаҳмад. Бале, дарди дилатонро дар дуо ба Яҳува гӯед ва ҷавоби ӯро пай баред; ҳамзамон кумаки дигаронро рад накунед. Дар ин ҳол ҳисси танҳоӣ шуморо азоб намедиҳад.

Оё шумо кӯшиш мекунед, ки доираи хизмататонро васеъ гардонда бо дигарон бештар ҳамкорӣ кунед? (Ба сархати 7 нигаред.)

7. Шумо аз намунаи Маврисио чӣ ибрат гирифтед?

7 Яҳува имрӯз ба мо супориши шавқовар додааст. Боварӣ дошта бошед, ки, вақте дар ҷамоат ва хизмат таъйинотатонро иҷро мекунед, Яҳува инро бениҳоят қадр мекунад (Заб. 110:3). Чӣ тавр бо кори ҷамоат ва хизмат банд будан кумак мекунад, ки худро танҳо ҳис накунед? Мисоли бародар Маврисиоро * мегирем. Баъд аз таъмид гирифтанаш дере нагузашта дӯсти наздики ӯ ҳақиқатро тарк кард. Маврисио мегӯяд: «Ман сахт хавотир шудам, тарсидам, ки оё дар роҳи ҳақиқат устувор мемонда бошам. Фикр мекардам, ки ҳеҷ кас ин ҳиссиёти маро намефаҳмад, барои ҳамин худро танҳо ҳис кардам». Чӣ ба Маврисио дар ин маврид кумак кард? Ӯ илова мекунад: «Ман бештар дар кори мавъиза иштирок мекардам. Бо бародару хоҳарон дар кори мавъиза ҳамкорӣ карда, ҳисси танҳоям камтар шуд ва ман хушбахтӣ эҳсос намудам». Ҳатто агар бо ҳамимононамон шахсан вохӯрда ҳамкорӣ карда натавонем, якҷоя мактуб навиштан ё тавассути телефон мавъиза кардан низ қувват мебахшад. Боз чӣ ба Маврисио кумак кард? Ӯ мегӯяд: «Ман инчунин дар ҷамоатамон фаъол шудам. Аз дилу ҷон тайёрӣ дида, бо супоришҳо баромад мекардам. Ҳамин тавр ҳис кардам, ки Яҳува ва дигарон маро қадр мекунанд».

ДАР МУШКИЛИҲО ЯҲУВА БА МАДАДАМОН МЕШИТОБАД!

8. Озмоишҳо чӣ тавр ба мо таъсир карда метавонанд?

8 Мо медонем, ки дар ин рӯзҳои охир бо озмоишҳо рӯ ба рӯ мешавем (2 Тим. 3:1). Вале баъзе озмоишҳо бароямон ногаҳонӣ буда метавонанд. Мо шояд ногаҳон бо мушкилии иқтисодӣ, бемории ҷиддӣ ё марги шахси наздикамон рӯ ба рӯ шавем. Дар ин гуна рӯзҳои тираву тор, вақте озмоишҳо яку якбора ба сарамон меоянд, мо рӯҳафтода гашта метавонем. Дар ин ҳол набояд фаромӯш кунем, ки Яҳува аз вазъиятамон бохабар аст ва кумак мекунад, ки далерона озмоишҳоро паси сар кунем.

9. Баъзе озмоишҳое, ки Айюб рӯ ба рӯ шуд, кадоманд?

9 Фикр кунед, ки чӣ тавр Яҳува ба марди бовафо Айюб мадад карда буд. Дар муддати кӯтоҳ ӯ якчанд озмоиши даҳшатнокро аз сар гузаронд: танҳо дар як рӯз ӯ чорво, хизматгорон ва, аз ҳама муҳимаш, фарзандони азизи худро аз даст дод (Айюб 1:13–19). Дере нагузашта Айюб ба бемории ҷонгудозе гирифтор шуд, ки танашро баднамо гардонд (Айюб 2:7). Аҳволаш чунон ғамангез буд, ки ӯ нола карда гуфт: «Аз ҷон безор шудаам, дигар зиндагӣ кардан намехоҳам» (Айюб 7:16).

Барои он ки Айюбро ба муҳаббаташ боварӣ бахшад, Яҳува фаҳмонд, ки чӣ хел ӯ бо роҳҳои гуногун ба офаридаҳояш ғамхорӣ мекунад (Ба сархати 10 нигаред.)

10. Барои он ки Айюб ба озмоишҳояш тоб орад, Яҳува чӣ кор кард? (Ба муқоваи маҷалла нигаред.)

10 Яҳува Айюбро нигаҳбонӣ мекард. Ӯ ин хизматгори азизашро дӯст медошт, барои ҳамин ба ӯ қувват дод, ки ба озмоишҳояш тоб оварда тавонад. Яҳува бо Айюб гап зада, ба ӯ дар бораи хиради бепоён ва меҳру муҳаббаташ нисбати офаридаҳо гуфт. Ӯ дар бораи як бисёр ҳайвоноти ҳайратангез гап зад (Айюб 38:1, 2; 39:9, 13, 19, 27; 40:15; 41:1, 2). Инчунин Яҳува ба воситаи Элиҳу, марди содиқ, Айюбро тасаллӣ бахшид. Элиҳу ба Айюб ёдрас кард, ки Яҳува хизматгорони содиқашро барои истодагариашон мукофот медиҳад. Ӯ инчунин ба Айюб меҳрубонона маслиҳат дод. Элиҳу ба Айюб кумак кард, то диққаташро танҳо ба худ равона накунад, вале аҳамият диҳад, ки мо одамон дар муқоиса бо Яҳува, Офаридгори олам, ҳеҷ ҳастем (Айюб 37:14). Яҳува ба Айюб инчунин супориш дод; ӯ бояд дар бораи се дӯсташ, ки гуноҳ карданд, дуо мегуфт (Айюб 42:8–10). Вақте мо бо озмоишҳои душвор рӯ ба рӯ мешавем, Яҳува моро чӣ тавр дастгирӣ мекунад?

11. Чӣ тавр Китоби Муқаддас моро дар озмоишҳо тасаллӣ мебахшад?

11 Яҳува имрӯз бо мо бевосита гап намезанад. Ӯ тавассути Каломаш бо мо сухан мегӯяд (Рум. 15:4). Биёед баъзе фикрҳоеро дида бароем, ки дар Калом омадаанду моро дар озмоишҳо тасаллӣ бахшида метавонанд. Дар Навиштаҳо Яҳува моро боварӣ мебахшад, ки ҳеҷ чиз, аз ҷумла озмоишҳо, моро «аз муҳаббати Худо... ҷудо карда» наметавонад (Рум. 8:38, 39). Ӯ инчунин мегӯяд, ки «ба ҳама касоне, ки ӯро мехонанд, наздик аст» (Заб. 145:18). Офаридгорамон моро дилпур мекунад, ки агар ба ӯ таваккал кунем, чӣ озмоише ба сарамон наояд, онро паси сар менамоем ва ба қадре ҳатто хурсандӣ пайдо мекунем (1 Қӯр. 10:13; Яъқ. 1:2, 12). Каломи Худо инчунин ба мо ёдрас мекунад, ки озмоишҳои имрӯза дар муқоиса бо мукофоти абадие, ки моро дар пеш аст, муваққатӣ ва кӯтоҳмуддатанд (2 Қӯр. 4:16–18). Яҳува ваъда медиҳад, ки ба наздикӣ Шайтон Иблисро, ки сарчашмаи ҳама мусибатҳо аст, нобуд мегардонад (Заб. 37:10). Оё ягон оятеро медонед, ки дар озмоишҳо ба шумо кумак карда метавонад?

12. Барои он ки аз Каломи Яҳува пурра манфиат гирем, чӣ кор карданамон лозим аст?

12 Яҳува мехоҳад, ки мо пайваста вақт ҷудо карда Каломашро хонему мулоҳиза ронем. Вақте мо чизҳои хондаамонро ба кор мебарем, имонамон мустаҳкамтар мешаваду ба Яҳува наздиктар мегардем. Агар ин тавр кунем, қувват гирифта ба озмоишҳо тоб меорем. Яҳува инчунин ваъда медиҳад, ки ба тарсгоронаш рӯҳи муқаддас медиҳад. Ин рӯҳ ба мо «қувваи барзиёд»-е медиҳад, то озмоишҳоро паси сар кунем (2 Қӯр. 4:7–10).

13. Чӣ тавр хӯроки рӯҳоние, ки «ғуломи бовариноку боандеша» тайёр мекунад, барои паси сар кардани озмоишҳо кумак мерасонад?

13 Бо ёрии Яҳува «ғуломи бовариноку боандеша» мақолаҳо, видеоҳо ва мусиқии зиёде тайёр карда имонамонро қавӣ мегардонад, то мо ба Яҳува наздик бошем (Мат. 24:45). Ба мо лозим аст, ки ҳамаи ин ғизои рӯҳониро пурра истеъмол намоем. Хоҳаре аз Иёлоти Муттаҳида ба наздикӣ дар бораи хӯроки рӯҳонӣ миннатдориашро баён карда, чунин гуфт: «Дар давоми 40 соле, ки ба Яҳува хизмат мекунам, вафодориам гаштаву баргашта озмуда мешавад». Ин хоҳар бо озмоишҳои бениҳоят сахт рӯ ба рӯ шудааст. Масалан, ронандаи масте бо мошинаш бобои ӯро зада кушт. Волидонаш бошанд, ба бемории вазнин гирифтор шуда вафот карданд. Худи хоҳарамон ду маротиба саратон шуд. Чӣ ба ӯ кумак кард, ки истодагӣ кунад? Ӯ мегӯяд: «Яҳува ҳама вақт ғамхори ман аст. Хӯроки рӯҳоние, ки ӯ ба воситаи ғуломи бовариноку боандеша муҳайё мегардонад, ба ман кумак мекунад, ки истодагӣ кунам. Барои ҳамин ман мисли Айюб гуфта метавонам: “То дами марг аз беайбиям даст намекашам”» (Айюб 27:5).

Чӣ тавр мо дигаронро дар ҷамоат дастгирӣ карда метавонем? (Ба сархати 14 нигаред.)

14. Чӣ тавр Яҳува ба воситаи бародару хоҳарон ба мо кумак мекунад, то дар озмоишҳо истодагарӣ кунем? (1 Таслӯникиён 4:9).

14 Яҳува халқашро таълим медиҳад, ки якдигарро дӯст доранду дар вақтҳои душвор рӯҳбаланд гардонанд. (2 Қӯр. 1:3, 4; 1 Таслӯникиён 4:9-ро хонед.) Аз Элиҳу ибрат гирифта бародару хоҳаронамон дар вақтҳои душвор ба мадади мо шитоб мекунанд, то дар имон устувор монем (Кор. 14:22). Мисоли хоҳар Дианро мегирем. Ҳамсари ӯ ба бемории ҷиддӣ гирифтор шуд. Аъзои ҷамоат онҳоро рӯҳбаланд карда қувват мебахшиданд, то дар имон устувор монанд. Диан мегӯяд: «Он рӯзҳо бениҳоят душвор буданд, вале мо дасти Яҳуваро медидем, муҳаббаташро ҳис мекардем. Бародару хоҳарони ҷамоат моро пайваста дастгирӣ мекарданд: ба хонаамон меомаданд, занг мезанданд, моро ба оғӯш гирифта тасаллӣ медоданд. Азбаски ман мошин ронда наметавонистам, онҳо маро ба ҷамъомад ва вохӯриҳои мавъиза мебурданд». Узви чунин оилаи тифоқ будан дар ҳақиқат баракат аст!

АЗ ЯҲУВА БАРОИ ҒАМХОРИАШ МИННАТДОРЕМ

15. Чаро мо дилпурем, ки ба озмоишҳо тоб меорем?

15 Ҳамаи мо бо ягон хел озмоиш рӯ ба рӯ мешавем. Вале чи хеле аз ин мақола фаҳмидем, мо ҳеҷ гоҳ бо мушкилиҳо танҳо мубориза намебарем. Яҳува чун Падари меҳрубонамон ҳама вақт аз аҳволи мо бохабар аст. Ӯ дар барамон буда моро гӯш мекунад ва ба мададамон шитоб менамояд (Иш. 43:2). Мо боварии комил дорем, ки бо дастгирии Яҳува бар ҳар гуна озмоишҳо дастболо мешавем. Инчунин Яҳува ба мо атои дуо гуфтан, Китоби Муқаддас, хӯроки фаровони рӯҳонӣ ва бародарияти пурмеҳре додааст, ки дар замонҳои сахт ба мо қувват мебахшанд.

16. Барои он ки Яҳува минбаъд низ моро нигаҳбонӣ кунад, чӣ кор карданамон лозим аст?

16 Мо бениҳоят миннатдорем, ки Падари осмониамон моро нигаҳбонӣ менамояд. «Диламон аз корҳои ӯ шодӣ мекунад» (Заб. 33:21). Мо миннатдориамонро инчунин бо фаъолона истифода бурдани ҳама чизҳое, ки Яҳува муҳайё гардондааст, нишон медиҳем. Агар минбаъд низ ба ӯ содиқ монем ва розигиашро ба даст орем, Яҳува моро то абад нигаҳбонӣ мекунад (1 Пет. 3:12).

СУРУДИ 51 Ба Яҳува бичасп

^ Барои паси сар кардани мушкилиҳоямон мо ба ёрдами Яҳува ниёз дорем. Ин мақола моро боварӣ мебахшад, ки Яҳува халқашро нигаҳбонӣ мекунад. Ӯ душвориҳоеро, ки ҳар яки мо рӯ ба рӯ мешавем, мебинад ва барои паси сар кардани онҳо ба мо қувват мебахшад.

^ Баъзе номҳо иваз шуданд.