Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 32

Ҷавонон, баъд аз таъмид низ пешравӣ кунед!

Ҷавонон, баъд аз таъмид низ пешравӣ кунед!

«Бо муҳаббат дар ҳама чиз... афзоиш кунем» (ЭФС. 4:15).

СУРУДИ 34 Мувофиқи номи худ зиндагӣ мекунем

ПЕШГУФТОР *

1. Ҷавонон кадом корҳои хубро аллакай анҷом доданд?

 ҲАР сол ҳазорҳо ҷавонон таъмид гирифта пайрави Масеҳ мешаванд. Оё шумо дар қатори онҳоед? Агар ҳа, Яҳува ва бародару хоҳарони рӯҳониатон аз ин хеле хурсанданд (Пнм. 27:11). Шумо аллакай бисёр корро анҷом додед: Китоби Муқаддасро шояд якчанд сол ҳаматарафа таҳқиқ карда, боварӣ ҳосил намудед, ки он Каломи Худо аст. Беш аз ин, шумо бо муаллифи ин китоби пурқимат шинос шуда ӯро дӯст доштед. Муҳаббататон ба Яҳува чунон зиёд гашт, ки шумо хостед, ниҳоят ҳаётатонро ба ӯ бахшида таъмид гиред. Қанд занед!

2. Дар ин мақола чӣ дида баромада мешавад?

 2 То таъмид гирифтан бешак имони шумо аз ҳар ҷиҳат озмуда шуда буд. Вале баробари калон шуданатон бо дигар озмоишҳо низ рӯ ба рӯ мешавед. Шайтон кӯшиш мекунад, ки шумо аз Яҳува дилхунук шуда дигар хизматашро ба ҷо наоред (Эфс. 4:14). Ба ин ҳаргиз роҳ надиҳед! Чӣ ба шумо кумак мекунад, ки ба Яҳува вафодор монеду аз рӯйи ваъдаи худ амал намоед? Шумо бояд минбаъд низ «сӯйи камолот» шитобед (Ибр. 6:1). Чӣ тавр инро кардан мумкин?

БАРОИ МАСЕҲИИ БАРКАМОЛ ШУДАН ЧӢ КОР КАРДАН ЛОЗИМ?

3. Баъд аз таъмид ҳар масеҳӣ бояд аз кадом ҷиҳат пешравӣ кунад?

3 Баъд аз таъмид ҳамаи мо бояд аз рӯйи маслиҳати Павлус амал кунем, ки ба ҷамоати Эфсӯс дода буд. Ӯ ба бародару хоҳарон гуфт, ки масеҳии «баркамол» гарданд (Эфс. 4:13). Дигар хел карда гӯем, Павлус дар назар дошт, ки аз ҷиҳати рӯҳонӣ пешравӣ кунанд. Павлус ин равандро бо калон шудани кӯдак муқоиса кард. Тифли навзод хурсандӣ ва фахри падару модараш аст. Вале ӯ як умр кӯдак намемонад. Вақте мерасад, ки бояд «кӯдакиро як сӯ» монад (1 Қӯр. 13:11). Дар мавриди масеҳӣ низ чунин аст, баъд аз таъмид мо бояд минбаъд низ пешравӣ кунем. Биёед баъзе маслиҳатҳоро дида бароем, ки аз ин ҷиҳат ба мо кумак мекунанд.

4. Кадом хислат кумак карда метавонад, ки рӯҳан пешравӣ кунем? Фаҳмонед (Филиппиён 1:9).

4 Муҳаббататонро ба Яҳува зиёд гардонед. Шумо аллакай Яҳуваро бениҳоят дӯст медоред, вале муҳаббататонро зиёд гардондан мумкин аст. Чӣ тавр? Павлус дар бораи як роҳаш дар Филиппиён 1:9 гуфтааст. (Оятро хонед.) Ӯ дуо гуфтааст, ки муҳаббати аҳли ҷамоати Филиппӣ «торафт зиёд шавад». Аз ин бармеояд, ки мо Яҳуваро бештар дӯст дошта метавонем. Барои ин «дониши дақиқ ва фаҳму фаросат» лозим аст. Чи қадаре бештар Яҳуваро шиносем, ҳамон қадар муҳаббатамон ба ӯ ва корҳояш меафзояд. Мо бештар хоҳиш пайдо мекунем, ки розигии ӯро ба даст орем ва ҳеҷ гоҳ рӯҳафтодааш накунем. Ҷидду ҷаҳд мекунем, ки иродаи Яҳуваро фаҳмем ва онро ба ҷо орем.

5, 6. Чӣ тавр муҳаббатамонро ба Яҳува зиёд карда метавонем? Фаҳмонед.

5 Барои инкишоф додани муҳаббатамон ба Яҳува мо дар бораи Писари ӯ омӯхта метавонем, ки хислатҳои Падарашро ба таври беҳтарин инъикос мекард (Ибр. 1:3). Барои нағз шинохтани Исо ба чор китоби Хушхабар рӯ овардан лозим аст. Вале, агар шумо одати хондани Китоби Муқаддасро надошта бошед-чӣ? Акнун аз пайи он шуда метавонед. Аз Каломи Худо дар бораи Исо хондан замон ба хислатҳои ӯ аҳамият диҳед. Масалан, Исо бениҳоят хушмуомила буд, кӯдаконро ба даст мегирифт (Марқ. 10:13–16). Шогирдонаш дар назди ӯ худро нороҳат ҳис намекарданд ва озодона фикрашонро баён менамуданд (Мат. 16:22). Аз ин ҷиҳат Исо ба Падари осмониаш монанд буд. Яҳува низ меҳрубону дилсӯз аст ва ҳама вақт тайёр аст, ки моро гӯш кунад. Мо бошем, дар дуо ба ӯ диламонро холӣ карда метавонем. Офаридгор моро ҳеҷ гоҳ ҳукм намекунад, зеро дӯстамон медорад ва дар ҳаққамон ғамхорӣ мекунад (1 Пет. 5:7).

6 Исо шахси дилсӯз буд. Маттои расул дар бораи ӯ навиштааст: «Вақте Исо мардумро медид, дилаш ба онҳо месӯхт, зеро онҳо монанди гӯсфандони бечӯпон захмдор ва пароканда буданд» (Мат. 9:36). Дар бораи Яҳува чӣ гуфтан мумкин? Исо мегӯяд: «Падари осмонии ман низ намехоҳад, ки ҳатто яке аз ин хурдон нобуд шавад» (Мат. 18:14). Чӣ суханони дилгармкунанда! Бале, чи қадаре Исоро бештар шиносем, ҳамон қадар муҳаббатамон ба Яҳува зиёдтар мешавад.

7. Масеҳиён рӯҳан баркамол аз кадом ҷиҳат ба шумо кумак карда метавонанд?

7 Боз чӣ тавр муҳаббататонро ба Яҳува зиёд карда, чун масеҳӣ пешравӣ карда метавонед? Бо бародару хоҳарони рӯҳан баркамоли ҷамоати худ шинос шавед. Аҳамият диҳед, ки онҳо чӣ сон хушбахтанд. Ин масеҳиёни баркамол пушаймон нестанд, ки хизмати Яҳуваро интихоб намудаанд. Хоҳиш кунед, ки ба шумо дар бораи воқеаҳое, ки дар хизмат доштанд, нақл кунанд. Агар ягон қарори муҳим қабул карданӣ бошед, аз онҳо маслиҳат пурсед, зеро «бо маслиҳатгарони зиёд кор буд мешавад» (Пнм. 11:14).

Агар дар мактаб оиди эволютсия гап зананд, чӣ хел шумо тайёрӣ дида дар бораи ақидаатон мавъиза карда метавонед? (Ба сархатҳои 8 ва 9 нигаред.)

8. Агар ба гуфтаҳои Калом шубҳа кунед, чӣ кор карданатон лозим аст?

8 Шубҳаҳои худро решакан кунед. Чи хеле дар  сархати 2 гуфтем, Шайтон кӯшиш мекунад, ки ба пешравии рӯҳониатон халал расонад. Як роҳе, ки ӯ ин корро мекунад, ин нисбати таълимоти Китоби Муқаддас дар дилатон шубҳа коридан мебошад. Масалан, як рӯз не, як рӯз, шумо бо назарияи эволютсия рӯ ба рӯ мешавед. Дар хурдсолӣ шояд шумо ҳеҷ гоҳ бо ин мавзӯъ дучор нашудаед. Вале ҳоло ки калон шудед, шояд дар мактаб бо ин мавзӯъ рӯ ба рӯ гаштед. Ақидаҳои муаллимонатон дар ин мавзӯъ шояд аз рӯйи мантиқ ва боваринок тобанд. Аммо онҳо аз афташ ҳеҷ гоҳ вуҷуд доштани Худоро нағз таҳқиқ накардаанд. Суханонеро, ки дар Панднома 18:17 навишта шудаанд, нағз дар ёд доред: «Касе, ки аввал даъво кардааст, ҳақ метобад, аммо ҳарифаш омада, ӯро саволу ҷавоб мекунад». Аз ин оят бармеояд, ки ба ҷойи ба ҳар чизе, ки дар мактаб мегӯянд, кӯр-кӯрона бовар кардан беҳтараш ҳақиқатҳои Каломи Худоро бодиққат таҳқиқ кунед, адабиётамонро аз назар гузаронед, бо бародару хоҳароне гап занед, ки пеш ба назарияи эволютсия бовар мекарданд. Пурсед, ки чӣ онҳоро боварӣ мебахшад, ки Офаридгори пурмеҳр вуҷуд дорад. Чунин суҳбатҳо кумак мекунанд, ки далелҳоро сарфи назар накунем.

9. Мо аз Мелисса чӣ меомӯзем?

9 Ба хоҳаре бо номи Мелисса * мавзӯи офаринишро омӯхтан ёрдам кард, ки шубҳаҳояшро бартараф кунад. Ӯ мегӯяд: «Дар мактаб эволютсияро тавре таълим медиҳанд, ки гӯё он ҳақиқат бошад. Дар аввал ман намехостам, ки ин мавзӯъро таҳқиқ кунам, зеро метарсидам, ки раваду таълимот дар бораи эволютсия ҳақиқат бошад. Вале, баъд андеша кардам, ки Яҳува намехоҳад, ки мо ӯро кӯр-кӯрона ибодат кунем. Барои ҳамин ин мавзӯъро таҳқиқ кардам. Ман китоби “Оё Офаридгори ғамхор вуҷуд дорад?” (рус.), брошураи “Оё ҳаёт офарида шуда буд?” ва “Пайдоиши ҳаёт. Панҷ саволи ҷавобталаб”-ро хондам. Маҳз бо ёрдами ин маводҳо ман шубҳаҳоямро ба осонӣ бартараф карда тавонистам».

10, 11. Чӣ ба мо кумак карда метавонад, ки ахлоқан пок монем? (1 Таслӯникиён 4:3, 4).

10 Бадахлоқиро рад кунед. Ҳангоми ба балоғат расидан дар шумо хоҳиши алоқаи ҷинсӣ намудан сахттар мешавад ва мумкин дигарон низ шуморо ба ин кор тела кунанд. Шайтон мехоҳад, ки шумо сустӣ карда ба ин кор даст занед. Чӣ ба шумо кумак мекунад, ки ахлоқан пок монед? (1 Таслӯникиён 4:3, 4-ро хонед.) Дар дуоҳоятон ба Яҳува дарди дил кунед. Ба ӯ гӯед, ки чӣ гуна ҳиссиёт доред, аз ӯ мадад пурсед, ки иродаи шуморо қавӣ созад. Дар ёд доред, Яҳува шуморо барои ин гуна ҳиссиёт доштанатон ҳукм намекунад, баръакс, ӯ ба шумо ёрӣ додан мехоҳад (Мат. 6:13). Ҳамчунин Китоби Муқаддас ба шумо ёрдам медиҳад (Заб. 103:13, 14). Мелисса, ки дар борааш аллакай гуфтем, бо фикрҳои нодуруст мубориза мебурд. Ӯ мегӯяд: «Ҳар рӯз Китоби Муқаддасро мутолиа кардан ёрдам медод, ки ба ин гуна фикрҳо дода нашавам; дар ёд дорам, ки ман аз они Яҳува ҳастам ва мехоҳам ба ӯ хизмат кунам» (Заб. 119:9).

11 Бо мушкилиҳоятон ба танҳоӣ мубориза набаред. Дар ин бора бо волидонатон суҳбат кунед. Албатта, дар бораи ин гуна мавзӯъҳо гап задан осон нест, вале ин тавр кардан хеле муҳим мебошад. Мелисса мегӯяд: «Ман аз Яҳува дар дуо далерӣ пурсидам. Сипас бо падарам дар бораи мушкилиям гап задам. Баъд аз ин дар дил оромӣ ҳис кардам. Ман медонистам, ки Яҳува бо ман фахр мекунад».

12. Чӣ хел шумо қарорҳои хуб бароварда метавонед?

12 Аз рӯйи принсипҳои Калом амал кунед. Вақте калонтар мешавед, волидонатон иҷозат медиҳанд, ки мустақилона қарор қабул кунед. Вале ҳоло барои дуруст рафтор кардан таҷрибаи кофӣ надоред. Пас, чӣ хел ба хатоҳое, ки ба дӯстиатон бо Яҳува зарар расонда метавонанд, роҳ надиҳед? (Пнм. 22:3). Хоҳаре бо номи Кари мегӯяд, ки барои қарорҳои хуб баровардан чӣ ба ӯ кумак кард. Ӯ фаҳмид, ки ба масеҳии баркамол барои дар ҳар гуна ҳолат дуруст рафтор кардан қонуну қоида лозим нест. Ӯ мегӯяд: «Ба ҷойи танҳо аз рӯйи ягон қоида амал кардан, ба ман лозим буд, ки ба мазмуни принсипҳои Китоби Муқаддас сарфаҳм равам». Барои ҳамин ҳангоми хониши Китоби Муқаддас аз худ пурсед: «Ман аз ин порча дар бораи фикрронии Яҳува чӣ мефаҳмам? Оё дар ин ҷо принсипҳое ҳастанд, ки барои дуруст рафтор карданам, кумак мекунанд? Агар ҳа, онҳоро ба кор бурда ман чӣ манфиат мегирам?» (Заб. 19:7; Иш. 48:17, 18). Вақте мо Каломи Худоро хонда дар бораи принсипҳояш мулоҳиза меронем, бо қарорҳоямон Яҳуваро хурсанд мегардонем. Шумо рӯҳан пешравӣ карда пай мебаред, ки барои дар ҳар ҳолат дуруст рафтор кардан ба шумо ягон қоида лозим нест, чунки шумо аллакай медонед, ки Яҳува дар ин бора чӣ фикр дорад.

Хоҳари ҷавоне чӣ гуна дӯстонро интихоб кард ва чӣ мақсад гузошт? (Ба сархати 13 нигаред.)

13. Дӯстони хуб ба шумо чӣ хел таъсир карда метавонанд? (Панднома 13:20).

13 Бо дӯстдорони Худо дӯстӣ кунед. Чи хеле дар боло қайд намудем, дӯстонатон ба рӯҳан пешравӣ кардани шумо таъсир мерасонанд. (Панднома 13:20-ро хонед.) Инро мисоли хоҳаре бо номи Сара тасдиқ мекунад. Як вақт ӯ ҳис кард, ки хурсандиашро гум карда истодааст. Вале дӯстони хуб аз ҷамоат ба мадади ӯ расиданд. Сара мегӯяд: «Ман сари вақт дӯстони хуб пайдо кардам. Ману як хоҳари ҷавон ҳар ҳафта вохӯрда якҷоя “Бурҷи дидбонӣ”-ро меомӯхтем. Дӯсти дигарам бошад, кумак мекард, ки дар ҷамъомадҳо ҷавоб доданро сар кунам. Бо ёрии дӯстонам ман ба гузарондани омӯзиши шахсӣ ва дуо гуфтан ҷиддитар муносибат мекардагӣ шудам. Ҳамин ки муносибатам бо Яҳува наздиктар шуд, хурсандиам баргашт».

14. Чӣ тавр Ҷулиан дӯстони хуб пайдо кард?

14 Пас, дӯстонеро, ки ба шумо таъсири хуб расонда метавонанд, чӣ хел ёфтан мумкин аст? Ҷулиан, ки ҳоло пири ҷамоат аст, мегӯяд: «Вақте ман ҷавонтар будам, бо бародару хоҳарон дар хизмат ҳамкорӣ карда дӯстони хуб пайдо кардам. Ғайрати онҳоро дида ман фаҳмидам, ки хизмат ба шахс хурсандии бисёр меорад. Аз ин рӯ мақсад мондам, ки пурравақт хизмат мекунам. Ҳамчунин ман дарк кардам, ки чаро бисёр дӯстони хуб надоштам, охир ман танҳо дар байни ҳамсолони худ дӯст мекофтам. Баъдтар ман ҳатто аз Байт-Ил дӯст пайдо кардам. Намунаи онҳо ба ман ёрдам кард, ки вақтхушиҳои беҳтарро интихоб кунам, ки ин муносибатамро бо Яҳува наздиктар кард».

15. Павлус ба Тимотиюс дар бораи муошират чӣ маслиҳат дод? (2 Тимотиюс 2:20–22).

15 Агар пай баред, ки муошират бо касе дар ҷамоат шуморо аз Яҳува дур карда истодааст, бояд чӣ кор кунед? Павлуси расул медонист, ки баъзеҳо дар ҷамоати асри як нодуруст рафтор мекунанд, барои ҳамин вай ба Тимотиюс гуфт, ки худро аз онҳо дур кашад. (2 Тимотиюс 2:20–22-ро хонед.) Дӯстиамон бо Яҳува бароямон ганҷи бебаҳо аст. Мо набояд гузорем, ки ягон кас пайванди дӯстиамонро бо Яҳува, ки дар натиҷаи меҳнати зиёд ба даст овардем, барканад (Заб. 26:4).

ЧӢ ТАВР МАҚСАД ГУЗОШТАН БА ПЕШРАВИИ РӮҲОНИАМОН МУСОИДАТ МЕКУНАД?

16. Шумо бояд кадом мақсадҳоро гузоред?

16 Мақсадҳои арзанда гузоред. Мақсадҳое гузоред, ки имони шуморо қавӣ месозад ва барои масеҳии баркамол гаштанатон кумак мекунад (Эфс. 3:16). Масалан, шояд қарор кунед, ки реҷаи омӯзиши шахсӣ ва хониши Китоби Муқаддасро беҳтар гардонед (Заб. 1:2, 3). Ё эҳтимол пай баред, ки бештар дуо гуфта сифати онро беҳтар карданатон лозим аст. Ё мумкин қарор кунед, ки дар мавриди интихоби вақтхушиҳо ва истифодаи вақт худдориро инкишоф диҳед (Эфс. 5:15, 16). Вақте Яҳува мебинад, ки шумо барои рӯҳан пешравӣ кардан кӯшиш карда истодаед, бисёр хушнуд мегардад.

Хоҳари ҷавоне чӣ мақсад гузошт? (Ба сархати 17 нигаред.)

17. Ба дигарон ёрдам карда чӣ манфиат мегиред?

17 Ба дигарон кумак карда шумо рӯҳан пешравӣ мекунед. Исо гуфта буд: «Додан аз гирифтан хушбахтии бештар меорад» (Кор. 20:35). Вақту қуввати худро баҳри дигарон сарф карда шумо бештар хушбахт мегардед. Масалан, мақсад монда метавонед, ки ба бародар ё хоҳари пиронсол ва муҳтоҷи ҷамоататон ёрдам мекунед. Шояд онҳо муҳтоҷанд, ки касе барояшон бозорӣ кунад ё дар истифодаи таҷҳизоти электронӣ кумак расонад. Агар шумо бародар бошед, мақсад монед, ки хизматгузори ҷамоат шуда ба бародару хоҳарон хизмат кунед (Флп. 2:4). Ҳамчунин, вақте дар бораи Подшоҳии Худо мавъиза мекунед, муҳаббататон ба дигарон маълум мешавад (Мат. 9:36, 37). Агар вазъиятатон имкон диҳад, кӯшиш кунед, ки дар ягон намуди хизмати пурравақт иштирок кунед.

18. Чӣ хел хизмати пурравақт ёрдам мекунад, ки ба Яҳува наздик шавед?

18 Хизмати пурравақт барои ба Яҳува наздиктар шудан имкониятҳои зиёд фароҳам меорад. Масалан, агар пешрави доимӣ хизмат кунед, дар Мактаби воизони хушхабар таҳсил карда метавонед. Инчунин ба шумо дари Байт-Ил кушода мешавад, аз ҷумла хизмат дар кори сохтмони ташкилот. Хоҳари ҷавонамон Кетлин, ки пешрав аст, мегӯяд: «Бо бародару хоҳарони ботаҷриба ҳамкорӣ намудан воқеан ҳам кумак кард, ки баъди таъмид гирифтанам аз ҷиҳати рӯҳонӣ пешравӣ кунам. Намунаи онҳо ба ман ёрдам дод, ки донишамро дар бораи Каломи Худо чуқуртар кунаму маҳорати таълимдиҳиамро беҳтар созам».

19. Агар минбаъд низ рӯҳан пешравӣ кунед, соҳиби чӣ гуна баракатҳо мегардед?

19 Ҷавонон, агар минбаъд низ рӯҳан пешравӣ кунед, соҳиби баракатҳои зиёд мегардед; ҷавониатон бар абас намегузарад, зеро аз пайи мақсадҳои ҳеҷу пуч намешавед (1 Юҳ. 2:17). Инчунин аз оқибати дардовари қарорҳои нодуруст эмин мегардед ва хушбахту комёб хоҳед шуд (Пнм. 16:3). Намунаи хуби шумо ҳамимононатонро новобаста ба синну солашон рӯҳбаланд мегардонад (1 Тим. 4:12). Вале, аз ҳама муҳимаш шумо оромию қаноатмандӣ ҳис мекунед, зеро медонед, ки Яҳува аз шумо розӣ аст ва дӯсти наздикатон мебошад (Пнм. 23:15, 16).

СУРУДИ 11 Дили Яҳуваро шод гардон

^ Вақте ҷавонон хизматгори Яҳува мешаванд, мо бениҳоят хурсанд мегардем. Албатта, баъд аз таъмид гирифтанашон онҳо бояд минбаъд низ аз ҷиҳати рӯҳонӣ пешравӣ кунанд. Дар ин мақола мо роҳҳоеро дида мебароем, ки ба навтаъмидгирандагон кумак мекунад, то рӯҳан пешравӣ кунанд.

^ Баъзе номҳо иваз шудаанд.