Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 33

Аз Дониёл омӯзед

Аз Дониёл омӯзед

«Ту шахси хеле гаронқадр ҳастӣ» (ДОН. 9:23).

СУРУДИ 33 Аз онҳо натарсед!

ПЕШГУФТОР a

1. Дониёл аз кадом ҷиҳат ба бобилиён писанд буд?

 ВАҚТЕ Дониёл хеле ҷавон буд, ӯро аз ватанаш ба Бобил асир карда бурданд. Дар он ҷо ӯ ба бобилиён, аз рӯйи он чӣ «ба чашм маълум аст», писанд омад. Онҳо медиданд, ки Дониёл «бенуқсону зебо» буда, аз оилаи зиёиён аст (1 Подш. 16:7). Аз ин рӯ онҳо Дониёлро таълим доданд, то бо калоншавандагон дар дарбор хизмат кунад (Дон. 1:3, 4, 6).

2. Назари Яҳува ба Дониёл чӣ гуна буд? (Ҳизқиёл 14:14).

2 Яҳува бошад, Дониёлро на барои намуди зоҳирӣ ва аз табақаи боло буданаш, балки барои хислатҳои хубаш дӯст медошт. Тасаввур кунед, Дониёл синнаш тахминан ба таги 20 расида буд ё каме аз он гузашта буд, лекин Яҳува ӯро аллакай дар қатори Нӯҳ ва Айюб гузошт, ки даҳсолаҳо содиқона ба Яҳува хизмат карда буданд. (1 Мӯсо 5:32; 6:9, 10; Айюб 42:16, 17; Ҳизқиёл 14:14-ро хонед.) Яҳува тӯли умри дарозу пурбаракати Дониёл ӯро дӯст медошт (Дон. 10:11, 19).

3. Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?

3 Дар ин мақола мо ду хислати Дониёлро дида мебароем, ки ӯро дар назари Яҳува гаронқадр мегардонд. Дар аввал мо мебинем, ки дар кадом мавридҳо ӯ ин хислатҳоро зоҳир кард, сипас мефаҳмем, ки чӣ хел Дониёл ин хислатҳоро инкишоф дод. Дар охир бошад, мебинем, ки чӣ тавр аз ӯ ибрат гирем. Ҳарчанд ин мақола барои ҷавонон навишта шудааст, ҳар яки мо аз пайғамбар Дониёл ибрат гирифта метавонем.

БА ДАЛЕРИИ ДОНИЁЛ ПАЙРАВӢ КУНЕД

4. Чӣ тавр Дониёл далерӣ нишон дод? Мисол оред.

4 Одамони далер ҳам баъзан метарсанд, лекин тарс онҳоро аз кардани кори дуруст бознамедорад. Дониёл ҷавони хеле далер буд. Биёед ду мавридеро бинем, ки чӣ тавр ӯ ин хислатро зоҳир намуд. Якум, аз афташ, ду сол пас аз Ерусалимро валангор кардани бобилиён Набукаднесари подшоҳи Бобил дар хобаш ҳайкали калонеро диду беқарор гашт. Шоҳ аз донишмандон талаб кард, ки хоб ва таъбири онро ба ӯ маълум созанд, вагарна ҳамаи онҳоро, аз ҷумла Дониёлро, ба қатл мерасонад (Дон. 2:3–5). Дониёл зуд амал кард, зеро ҷони бисёр касон дар хатар буд. Ӯ «омада, аз подшоҳ илтимос кард, ки ба вай вақт диҳад, то таъбири хобро ба подшоҳ бигӯяд» (Дон. 2:16). Барои ин ба Дониёл далерӣ ва имон даркор буд, зеро дар ягон ҷойи Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки пеш аз ин Дониёл хоберо таъбир карда бошад. Ӯ аз ҳамроҳонаш Шадрак, Мешак ва Абдунаҷу хоҳиш кард, «то онҳо ба Худои осмон дуо гӯянд, ки бар онҳо раҳм намояд ва ин сирро ба онҳо ошкор кунад» (Дон. 2:18). Яҳува ба дуоҳои Дониёлу дӯстонаш ҷавоб дод ва бо кумаки Худо Дониёл хоби Набукаднесарро таъбир кард. Ҳамин тавр ӯ ҳам ҷони худ ва ҳам ҷони дигаронро аз марг раҳо намуд.

5. Дониёл боз кай далерӣ нишон дод?

5 Чанде пас аз ин воқеа ҳодисаи дигаре рӯй дод, ки далерии Дониёлро озмуд. Набукаднесар боз як хобе дида, ба ташвиш афтод. Ин дафъа ӯ дар хоб дарахти калонеро дид. Дониёл далерона ин хобро таъбир намуд. Ӯ ҳатто ба подшоҳ гуфт, ки ӯ муддате аз ақл бегонаву аз тахт ронда мешавад (Дон. 4:25). Набукаднесар метавонист ӯро барои ин хабари шумаш душмани худ ҳисобида, кушад. Аммо Дониёл натарсиду аз шоҳ чизеро пинҳон накард.

6. Чӣ ба Дониёл далерӣ мебахшид?

6 Чӣ ба Дониёл то охири умр далерӣ мебахшид? Шубҳае нест, ки намунаи падару модараш ба ӯ ёрӣ расонд. Онҳо ба дастуроте, ки Яҳува ба волидон дода буд, гӯш андохта, Шариати Худоро ба фарзандашон таълим медоданд (5 Мӯсо 6:6–9). Дониёл на фақат чизҳои асосии Шариатро, ба монанди Даҳ амр, балки дигар ҷузъиёти онро низ ба хубӣ мефаҳмид. Масалан, ӯ медонист, ки чиро хӯрдани исроилиён раво асту чиро не b (3 Мӯсо 11:4–8; Дон. 1:8, 11–13). Инчунин Дониёл таърихи халқи Худоро хуб омӯхта буд ва медонист, ки, вақте онҳо ба Яҳува итоат накарданд, чӣ шуд (Дон. 9:10, 11). Ӯ аз таҷрибаи худ медонист, ки чизе нашавад, Яҳува бо фариштаҳои пурқудраташ ҳамеша ба дастгирияш тайёранд (Дон. 2:19–24; 10:12, 18, 19).

Дониёл ба воситаи дуо, омӯзиш ва такя ба Яҳува далериро инкишоф дод (Ба сархати 7 нигаред.)

7. Боз чӣ ба Дониёл кумак кард, ки далер бошад? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

7 Дониёл навиштаҳои пайғамбаронро тадқиқ мекард, аз ҷумла пешгӯйиҳои пайғамбар Ирмиёро. Аз ин омӯзишҳояш ӯ фаҳмид, ки ба наздикӣ асирии яҳудиён дар Бобил ба охир мерасад (Дон. 9:2). Вақте Дониёл дид, ки ин пешгӯйиҳо иҷро шуда истодаанд, бешубҳа, боварияш ба Яҳува қавитар шуд ва ӯ фаҳмид, ки ҳар касе ба Яҳува такя кунад, далеру нотарс мешавад. (Бо Румиён 8:31, 32, 37–39 муқоиса кунед.) Сабаби асосии далерии Дониёл ин буд, ки ӯ ба Падари осмонияш зуд-зуд дуо мегуфт (Дон. 6:10). Ӯ ба гуноҳҳояш иқрор шуда, дилашро ба Яҳува холӣ мекард ва аз ӯ кумак мепурсид (Дон. 9:4, 5, 19). Дониёл ба мисли мо одами одӣ буд ва аз шиками модараш далер таваллуд нашуда буд. Ӯ ин хислатро бо ёрии омӯзиш, дуо ва такя ба Яҳува инкишоф дод.

8. Чӣ тавр мо далериямонро зиёд гардонда метавонем?

8 Чӣ ба мо ёрӣ мерасонад, ки далериро инкишоф диҳем? Шояд, волидони нотарсамон моро ташвиқ кунанд, ки мисли онҳо далер бошем, аммо онҳо ин хислатро чун боигарӣ ба мо мерос монда наметавонанд. Пайдо намудани далерӣ ба мисли омӯхтани ягон чизи нав аст. Як роҳи маҳорати худро дар чизе зиёд кардан ба устод диққат карда, амалҳои ӯро такрор намудан аст. Ба ин монанд, барои зиёд кардани далерӣ бояд ба шахсоне, ки ин хислатро зоҳир мекунанд, бодиққат назар андохта, пайравӣ кунем. Пас, аз пайғамбар Дониёл мо чӣ меомӯзем? Мо мисли ӯ бояд Каломи Худоро хуб донем ва бо Яҳува озодона ва зуд-зуд суҳбат карда, дӯстиямонро мустаҳкам гардонем. Инчунин бояд аз Яҳува дилпур бошем ва донем, ки ҳама вақт ба ӯ такя карда метавонем. Он гоҳ, вақте имонамон озмуда мешавад, далерӣ нишон дода метавонем.

9. Зоҳир намудани далерӣ ба мо чӣ фоида меорад?

9 Зоҳир кардани далерӣ ба мо фоидаи зиёде меорад. Биёед мисоли Бенро бинем. Ӯ дар мактаби Олмон, ки дар он ҷо ҳама ба эволютсия бовар мекунанду гуфтаҳои Китоби Муқаддасро дар бораи офариниш афсона меҳисобанд, таҳсил мекард. Рӯзе Бен имкон пайдо кард, то ба ҳамсинфонаш фаҳмонад, ки чаро ба офариниш бовар дорад. Ӯ ин фурсатро истифода бурду далерона эътиқодашро ба онҳо фаҳмонд. Ин чӣ натиҷа овард? Бен мегӯяд: «Муаллимамон маро бодиққат гӯш кард ва маводеро, ки ҳамчун исбот оварда будам, нусхабардорӣ карда, ба ҳамсинфонам тақсим намуд». Ҳамсинфони Бен ба ин чӣ хел назар карданд? Бен мегӯяд: «Бисёрашон равшанфикр будаанд. Онҳо гуфтанд, ки ба ман ҳавас мекунанд». Чи хеле ки мисоли Бен нишон медиҳад, шахси далер метавонад ҳурмати дигаронро сазовор гардад ва одамони самимиро ба Яҳува ҷалб созад. Дар ҳақиқат, мо барои нишон додани далерӣ сабабҳои зиёде дорем.

БА ВАФОДОРИИ ДОНИЁЛ ПАЙРАВӢ КУНЕД

10. Вафодорӣ чист?

10 Дар Китоби Муқаддас барои тасвир кардани муҳаббати гарму ҷӯшони Яҳува ба ходимонаш калимаи иброние, ки «вафо» ва «меҳру вафо» тарҷума шудааст, истифода мешавад. Инчунин он барои нишон додани меҳру муҳаббати байни ходимонаш ба кор рафтааст (2 Подш. 9:6, 7). Вафодории мо ба ӯ бо гузашти вақт қавитар гашта метавонад. Биёед бинем, ки чӣ тавр вафодории Дониёл зиёдтар шуд.

Яҳува фариштаашро фиристода, даҳони шеронро баст ва ҳамин тавр Дониёлро барои вафодорияш мукофот дод (Ба сархати 11 нигаред.)

11. Чӣ тавр дар пиронсолияш вафодории Дониёл озмуда шуд? (Ҳамчунин ба расми муқова нигаред.)

11 Вафодории Дониёл ба Яҳува тамоми умраш озмуда мешуд. Яке аз озмоишҳои калони ӯ тахминан дар 90-солагияш сар зад. Он вақт Дориюш, шоҳи Модаю Форс, Бобилро забт намуда буд. Дарбориёни ин шоҳ Дониёлро чашми дидан надоштанд ва Худоеро, ки ӯ парастиш мекард, ҳурмат намекарданд. Аз ин рӯ барои куштани Дониёл онҳо бо ҳиллаву найранг ба қонуне муҳри подшоҳро гирифтанд. Ин қонун Дониёлро маҷбур мекард, ки миёни вафодор мондан ба Худо ва подшоҳ интихобе кунад. Барои беҷазо мондан ба Дониёл лозим буд, ки танҳо 30 рӯз ба Яҳува дуо нагӯяд ва дар қатори дигарон содиқияшро ба подшоҳ исбот кунад. Аммо Дониёл нахост, ки ба Яҳува хиёнат кунад. Дар натиҷа ӯро ба чоҳи шерон партофтанд. Яҳува бошад, ӯро барои вафодорияш аз даҳони шерон раҳо кард (Дон. 6:12–15, 20–22). Чӣ тавр мо мисли Дониёл вафодории пойдор дошта метавонем?

12. Чӣ тавр Дониёл вафодорияшро ба Яҳува пойдор намуд?

12 Чи тавре ки аллакай дар боло гуфтем, муҳаббати пурзӯр ба мо кумак мекунад, ки вафодор монем. Вафодории Дониёл маҳз аз муҳаббат қувват мегирифт — ӯ Падари осмонияшро сахт дӯст медошт. Шубҳае нест, ки Дониёл барои қавӣ гардондани муҳаббаташ ба Яҳува дар бораи хислатҳои ӯ ва чӣ тавр онҳоро зоҳир намуданаш бодиққат мулоҳиза меронд (Дон. 9:4). Дониёл инчунин дар бораи корҳои неке, ки Яҳува ба ӯву халқаш карда буд, фикр мекард ва аз ӯ миннатдор буд (Дон. 2:20–23; 9:15, 16).

Шумо ҳам мисли Дониёл Яҳуваро сахт дӯст дошта, вафодории пойдор дошта метавонед (Ба сархати 13 нигаред.)

13. а) Чӣ тавр вафодории ҷавонони мо имрӯз санҷида мешавад? Мисол оред. (Ҳамчунин ба расм нигаред.) б) Мувофиқи видеонавор, агар аз шумо пурсанд, ки Шоҳидони Яҳува ба тарзи ҳаёти ҳамҷинсбозон чӣ назар доранд, чӣ ҷавоб медодед?

13 Мисли Дониёл ҷавонони моро шахсоне иҳота кардаанд, ки ба Яҳува ва меъёрҳои ахлоқияш эҳтиром нишон намедиҳанд. Ин гуна шахсон, шояд, одамони худодӯстро нағз набинанд. Эҳтимол, онҳо барои вафодории ҷавононамонро ба Яҳува суст гардондан ҳатто ба сарашон зӯрӣ кунанд ё таҳқир намоянд. Биёед мисоли бародари ҷавонамонро аз Австралия, ки Грэм ном дорад, дида бароем. Ӯ ҳангоми дар синфҳои болоӣ таҳсил карданаш бо як вазъияти душвор рӯ ба рӯ шуд. Рӯзе муаллимаашон аз хонандагон пурсид, ки, агар дӯсташон ба онҳо гӯяд, ки ҳамҷинсбоз аст, чӣ тавр рафтор мекунанд? Муаллима гуфт, ки онҳое, ки ин тарзи ҳаёти дӯсташро дастгирӣ мекунанд, ба як тараф ва онҳое, ки дастгирӣ намекунанд, ба тарафи дигари синфхона ҷамъ оянд. Грэм мегӯяд: «Тамоми синф, ғайр аз ману як Шоҳиди дигар, дар як тараф ҷамъ шуда нишон доданд, ки тарзи ҳаёти ин гуна шахсонро дастгирӣ мекунанд». Сипас чизе рӯй дод, ки вафодории Грэмро озмуд. «Боқимондаи дарси яксоата ҳамсинфон ва ҳатто муаллимаамон ба мо ҳар хел гапҳои пасту баланд мезаданд. Ман сахт кӯшиш кардам, ки ба онҳо оромона ва дуруст эътиқодамро фаҳмонам. Аммо онҳо маро ҳатто гӯш кардан нахостанд»,— мегӯяд Грэм. Оё ӯ дар ин озмоиш вафодор монд? Грэм мегӯяд: «Албатта, ба ман маъқул набуд, ки зери таҳқири ҳамсабақонам монам, аммо ман хеле хурсанд будам, ки вафодориямро ба Яҳува нигоҳ доштаму эътиқодамро ҳимоя кардам» c.

14. Як роҳи вафодориямонро ба Яҳува пойдор гардондан кадом аст?

14 Агар мисли Дониёл муҳаббатамонро ба Яҳува қавӣ гардонем, вафодориямон ба Яҳува пойдору устувор мегардад. Чӣ тавр муҳаббатамонро ба Яҳува зиёд гардонем? Вақте бо сифатҳои ӯ хуб шинос мешавем. Масалан, инро мо ба воситаи мушоҳидаи офаридаҳояш карда метавонем (Рум. 1:20). Агар шумо муҳаббат ва эҳтироматонро ба Яҳува зиёд гардондан хоҳед, метавонед силсиламақолаи «Оё ин худ аз худ пайдо шудааст?»-ро хонед ё видеонаворҳоро тамошо кунед. Инчунин шумо метавонед китобчаҳои «Оё ҳаёт офарида шуда буд?» ва «Пайдоиши ҳаёт. Панҷ саволи муҳими ҷавобталаб»-ро омӯзед. Эстер ном хоҳари ҷавоне аз Дания дар бораи ин адабиёт чунин мегӯяд: «Ин китобчаҳо ҳама чизро ба таври аҷоиб мефаҳмонанд ва ба ту намегӯянд, ки ба чӣ бовар кунӣ. Онҳо ба ту далелҳоро пешкаш мекунанду интихобро ба ту вогузор менамоянд». Бен, ки суханонашро дар боло оварда будем, чунин мегӯяд: «Ин маълумот имони маро қавӣ гардонд. Он чӣ дар ин китобчаҳо навишта шудааст, маро дилпур кард, ки ҳама чизро Худо офаридааст». Баъд аз омӯхтани онҳо шумо бо ин суханони Китоби Муқаддас розӣ мешавед: «Худои мо, Яҳува, ту сазовори ҷалол, иззат ва қудрат ҳастӣ, зеро ту ҳама чизро офаридаӣ» (Ошкор. 4:11) d.

15. Боз бо кадом роҳ пайвандҳои дӯстиямонро бо Яҳува мустаҳкамтар карда метавонем?

15 Як роҳи дигаре, ки муҳаббатамонро ба Яҳува қавитар карда метавонем, хубтар омӯхтани ҳаёти писараш Исо аст. Самира ном хоҳаре, ки дар Олмон зиндагӣ мекунад, чунин мегӯяд: «Ман Яҳуваро ба воситаи Исо беҳтар шинохтам». Дар кӯдакӣ ба ӯ фаҳмидани фикру ҳиссиёти Яҳува душвор буду фаҳмидани фикру ҳиссиёти Исо осонтар. Самира илова мекунад: «Ман Исоро дӯст медоштам, зеро ӯ ба одамон муносибати хуб дошту кӯдакдӯст буд». Ҳар қадаре ки хоҳарамон дар бораи Исо меомӯхт, ҳамон қадар бештар пайвандҳои меҳру муҳаббаташ ба Яҳува мустаҳкамтар мешуд. Чаро? Ӯ мегӯяд: «Ман оҳиста-оҳиста дарк кардам, ки Исо ба таври комил ба Падараш пайравӣ мекунад. Онҳо аз бисёр ҷиҳат ба якдигар монанданд. Инчунин ман фаҳмидам, ки чаро Яҳува Исоро ба замин фиристод. Яке аз сабабҳояш ин буд, то одамон Яҳуваро беҳтар шиносанд» (Юҳ. 14:9). Агар шумо ҳам хоҳед, ки меҳру муҳаббататонро ба Яҳува қавитар созед, дар бораи Исо бисёртар омӯзед. Он гоҳ шумо Яҳуваро боз ҳам бештар дӯст медореду вафодориятон ба ӯ зиёд мегардад.

16. Вафодорӣ ба мо чӣ фоида меорад? (Забур 18:25; Мико 6:8).

16 Ба бовафоён пайдо кардани дӯстони ҷонӣ осонтар аст (Рут 1:14–17). Боз ин гуна шахсон дар дил оромӣ доранд, зеро Яҳува ваъда медиҳад, ки ба вафодоронаш вафо мекунад. (Забур 18:25 ва Мико 6:8-ро хонед.) Як тасаввур кунед: Офаридгори тамоми ҷаҳон моро дӯст медорад! Агар бо Яҳува муносибати наздик дошта бошем, на азобу уқубат, на душманон ва ҳатто марг моро аз муҳаббати Худо ҷудо сохта наметавонад (Дон. 12:13; Луқ. 20:37, 38; Рум. 8:38, 39). Пас, биёед ба Дониёл пайравӣ кунему ба Яҳува вафодор бошем.

МИНБАЪД НИЗ АЗ ДОНИЁЛ ОМӮЗЕД

17, 18. Мо аз Дониёл боз чиро меомӯзем?

17 Дар ин мақола мо танҳо ду хислати Дониёлро дида баромадем, аммо аз Дониёл мо чизҳои бештарро омӯхта метавонем. Масалан, Яҳува ба Дониёл як қатор руъёву хобҳо дода, маънояшонро ба ӯ ошкор кард. Бисёри ин пешгӯйиҳо аллакай иҷро шуданд, вале баъзе ҷузъиёташ ба воқеаҳои оянда дахл доранду ба ҳаёти ҳар яки мо таъсир мерасонанд.

18 Дар мақолаи навбатӣ мо бо ду пешгӯйии Дониёл шинос мешавем. Фаҳмидани ин пешгӯйиҳо ба мо, ҳам ҷавонон ва ҳам пиронсолон, кумак мекунад, ки қарорҳои хирадмандона барорем. Ҳамчунин онҳо вафодорӣ ва далерии моро қавитар гардонда, ба озмоишҳои оянда тайёр мекунанд.

СУРУДИ 54 Мо бояд имон дошта бошем

a Имрӯз ҷавонон бо душвориҳое рӯ ба рӯ мешаванд, ки далерӣ ва вафодорияшон ба Яҳува санҷида мешавад. Эҳтимол, онҳоро ҳамсинфонашон барои он ки ба офариниш бовар доранд, масхара мекунанд. Ё, шояд, ҳамсолонашон барои ба Яҳува хизмат кардану аз рӯйи меъёрҳои ӯ амал намуданашон онҳоро беақлу нодон номанд. Аммо ин мақола нишон медиҳад, ки онҳое, ки ба пайғамбар Дониёл пайравӣ мекунанду хизмати Яҳуваро бо далериву вафодорӣ ба ҷо меоранд, дар асл, хирадманданд.

b Аз афташ, Дониёл ба се сабаб хӯроки бобилиёнро нопок меҳисобид: 1) шояд, хӯрокҳо гӯшти ҳайвонҳои дар қонун манъшуда доштанд (5 Мӯсо 14:7, 8). 2) Мумкин ки хуни ҳайвон пурра ба замин рехта нашуда буд (3 Мӯсо 17:10–12). 3) Эҳтимол, он хӯрокҳо бо бутпарастӣ алоқаманд буданд. (Бо 3 Мӯсо 7:15 ва 1 Қӯринтиён 10:18, 21, 22 муқоиса кунед.)

c Аз сомонаи jw.org видеонавори «Росткорӣ сулҳ ба бор меорад»-ро тамошо кунед.

d Барои муҳаббататонро ба Яҳува зиёд гардондан инчунин китоби «Ба Яҳува наздик шавед»-ро (рус.) хонед. Бо ёрии ин китоб шумо дар бораи Яҳува бисёр чизҳоро мефаҳмед.