Вақте ҳамсаратон порнография тамошо мекунад
-
«Ба назарам чунин метофт, ки гӯё шавҳарам борҳо зино кардааст».
-
«Ман дар чашми худам шарманда, ночиз ва безеб шудам».
-
«Ман дар ин бора ба ҳеҷ кас гуфта наметавонистам ва дарун-дарун месӯхтам».
-
«Ба назарам чунин метофт, ки гӯё Яҳува дигар маро дӯст намедорад».
Суханоне, ки дар боло овардем, нишон медиҳанд, ки порнография тамошо кардани шавҳар чӣ қадар ба занаш сахт мерасад. Агар ӯ ин корро пинҳонӣ аз занаш тӯли моҳҳо ё солҳо карда бошад, ба занаш аз нав ба ӯ бовар кардан хеле душвор мешавад. Зани ҷабрдидае мегӯяд: «Ба шавҳарам нигоҳ карда мегуфтам: “Ин мард кӣ бошад? Боз кадом корҳояшро ӯ аз ман пинҳон мекунад?”»
Ин мақола барои заноне тайёр шудааст, ки шавҳаронашон a ба доми балоангези порнография афтодаанд. Фикрҳои тасаллибахше, ки аз Каломи Худо дар ин ҷо муҳокима мешаванд, чунин занонро дилпурӣ мебахшанд, ки Яҳува ҳолдону мададгори онҳост. Бо баъзе принсипҳо аз Китоби Муқаддас шинос шуда, онҳо қуввати рӯҳонию равонӣ пайдо мекунанд b.
ҲАМСАРИ ҶАБРДИДА ЧӢ КОР КАРДА МЕТАВОНАД?
Ҳарчанд рафтори шавҳаратон дар ихтиёри шумо нест, шумо метавонед, дардатонро сабуктар кунеду осоиштагӣ ба даст оред. Якчанд маслиҳати судмандро мебинем.
Худро айбдор накунед. Баъзе занон гумон мекунанд, ки порнография тамошо кардани шавҳарашон айби онҳост. Элис c аз чунин рафтори шавҳараш худро безебу назарногир мешумурд: «Барои чӣ шавҳарам маро неву дигар занонро тамошо мекунад? Аз афташ, ман аз дигарон камӣ дорам». Баъзе занон худро барои муносибаташон айбдор мекунанд, зеро гумон доранд, ки рафторашон вазъиятро аз будаш бадтар мекунад. Зане бо номи Даниеле мегӯяд: «Ман фикр мекардам, ки мисли масеҳӣ рафтор намекунаму бо дили пур аз аламу ғазабам оилаамро вайрон карда истодаам».
Яъқуб 1:14 гуфта мешавад: «Ҳар кас саргарм ва фирефтаи хоҳишу ҳавасҳои худ шуда ба озмоиш дучор мегардад» (Рум. 14:12; Флп. 2:12). Яҳува шуморо айбдор намекунад, баръакс, барои вафодориятон шуморо қадр мекунад (2 Воқ. 16:9).
Агар чунин фикрҳо аз сари шумо низ гузаранд, дониста бошед, ки Яҳува барои рафтори шавҳаратон шуморо масъул намедонад. ДарБа порнография рӯ овардани марде маънои онро надорад, ки занаш аз ягон ҷиҳат нуқсону камбудӣ дорад. Мутахассисон мегӯянд, ки ҳар кӣ майнааш бо порнография заҳролуд шудааст, хаёлҳои нотабииву ваҳшиёнае мепарварад, ки ҳеҷ як зан онҳоро қонеъ карда наметавонад.
Аз ҳад зиёд ғам нахӯред. Катерина, ки шавҳараш бо тамошои порнография дил баста буд, мегуфт, ки тамоми ҳушу ёдаш ба ҳамин чиз буд. Франсес мегӯяд: «Ман тамоми рӯз дар он бора фикр мекунам, ки шавҳарам дар куҷо бошаду бо чӣ кор машғул бошад. То бегоҳ асабҳоям аз хавотирӣ тамом мешаванд». Баъзе занон мегӯянд, ки дар ҳузури касоне, ки аз душвории шавҳарашон огоҳанд, шарм медоранд. Дигарон бошанд, худро танҳо ҳис мекунанд, зеро гумон доранд, ки касе аз ин дардашон хабар надорад.
Чунин ҳиссиётҳо табииянд, вале, агар шахс ба онҳо дода шавад, ғамгину дилмонда мегардад. Ба ҷойи ин, диққатро ба дӯстиятон бо Яҳува равона кунед. Ҳамин тавр дилатон осудагию қувват пайдо мекунад (Заб. 62:2; Эфс. 6:10).
Аз Навиштаҳо дар бораи заноне хонед, ки дилашонро ба Яҳува холӣ намуда осоиштагӣ ёфтанд. Ҳарчанд Яҳува вазъияти ҳар кадомашонро ислоҳ накард, ба онҳо қуввату осудагӣ ато менамуд. Масалан, Ҳанно, ки дилаш пур аз алам буд, «дурудароз ба Яҳува дуо» гуфта, оромӣ ҳис кард, ҳарчанд намедонист, ки Худо душворияшро чӣ тавр ҳал мекунад (1 Подш. 1:10, 12, 18; 2 Қӯр. 1:3, 4).
Аз пирони ҷамоат кумак ҷӯед. Онҳо «мисли ниҳонгоҳе аз бод, мисли паноҳгоҳе аз тӯфон» мебошанд (Иш. 32:2). Шояд ҳангоми суҳбат онҳо ба шумо хоҳари боваринокеро тавсия диҳанд, ки дилатонро ба ӯ холӣ карда метавонед (Пнм. 17:17).
ОЁ ШУМО БА Ӯ ЁРДАМ КАРДА МЕТАВОНЕД?
Оё шумо ба шавҳаратон ёрдам карда метавонед, ки ӯ бар одати порнография тамошо карданаш ғолиб ояд? Шояд. Китоби Муқаддас мегӯяд, Пандгӯ 4:9–12). Ҷустуҷӯҳо нишон медиҳанд, ки дар чунин ҳолатҳо, вақте зану шавҳар барои ислоҳи масъала бо якдигар ҳамкорӣ мекунанд, натиҷаҳои беҳтар ба даст меоянд ва девори шикастаи боварӣ зудтар таъмир меёбад.
ки дар мубориза бо душмани тавоно ду кас аз як кас беҳтар аст (Албатта, боз гап дар худи шавҳаратон аст. Оё ӯ худаш мехоҳад дигар шавад? Оё ӯ пайваста ба Яҳува дуо гуфта, бо илтиҷо ёрӣ мепурсад? Оё ӯ аз пирон кумак ҷустааст? (2 Қӯр. 4:7; Яъқ. 5:14, 15). Оё ӯ дар истифодаи таҷҳизоти электронӣ барои худ қоидаҳо ҷорӣ кардааст? Оё вай аз вазъиятҳои васвасанок дурӣ меҷӯяд? (Пнм. 27:12). Оё ҳамсаратон бо шумо ростқавл асту ёриро қабул кардан мехоҳад? Агар ҳа, пас, шумо ба ӯ кумак карда метавонед.
Бо кадом роҳҳо занон ба шавҳаронашон, ки гирифтори порнография шудаанд, ёрдам карда метавонанд? Мисолеро мебинем. Фелишия ном зане бо Этан оиладор мешавад, ки аз овони кӯдакӣ ба порнография дил баста буд. Ҳар боре дар дили Этан васваса қувват мегирад, ӯ барои ёрдам ба Фелишия муроҷиат мекунад. Этан мегӯяд: «Ман кушоду равшан ҳама чизро ба занам мегӯям. Ӯ меҳрубонона ба ман ёрдам мекунад, ки миёни худаму васваса монеаҳо гузорам. Ҳамчунин ӯ аз ғамхорӣ як-як пешрафти маро назорат мекунаду ба ман ёрӣ мерасонад, то дар истифодаи интернет бохирад бошам». Албатта, Фелишия аз чунин майлҳои нодурусти Этан зиқ мешавад. Вале ӯ мегӯяд: «Қаҳру алами ман ба Этан ёрӣ намерасонад, то аз доми ин бало озод шавад. Ҳарчанд дар ин масъала гап задан бароям дарднок аст, баъди таҳлили душвориҳои шавҳарам мо тайёрем аз пайи ислоҳи вазъият шавем».
Чунин суҳбатҳо аз чанд ҷиҳат судманданд. Якумаш ин ки бо ёрии онҳо шавҳар метавонад аз ишкелу бандҳои порнография халос хӯрад. Дуюмаш ин ки дар бораи майлҳояш, рафтораш ва дар куҷо будану чӣ кор карданаш ростқавлона бо занаш гап зада, ӯ метавонад боварии ҳамсарашро аз нав соҳиб шавад.
Оё шумо низ ба шавҳари худ чунин ёрдам дода метавонед? Агар ҳа, шояд, тавонед ин мақоларо ҳамроҳаш хонда муҳокима кунед. Мақсади ӯ бояд халос хӯрдан аз чанги порнография ва соҳиб шудани боварии шумо бошад. Ӯ набояд аз кумаки шумо сар печад ё асабонӣ шавад, балки дарк намояд, ки, агар ӯ дар ин ҷода ҷон канад ва ёрдами шуморо қабул кунад, барои аз нав соҳиб шудани бовариятон роҳ кушода мешавад. Ҳар дуятон бояд дарк кунед, ки аз кадом сабаб одам ба чоҳи порнография меафтаду чӣ хел аз он баромада метавонад d.
Агар тарсед, ки суҳбататон ба баҳсу мунозира мегузарад, аз пире кумак ҷӯед, ки ҳар дуятон ба ӯ бовар доред ва дар ҳузури ӯ худро гум намекунед. Аз ӯ хоҳиш кунед, ки муддате роҳнамои суҳбати шумо бошад. Дар ёд дошта бошед, ки ҳатто агар ҳамсаратон бар порнография ғолиб омада бошад, барои барқарор кардани пайванди боварӣ вақт даркор аст. Ноумед нашавед, балки некандеш бошед. Дар муносибататон беҳбудиҳои хурдро низ пай баред. Бо гузашти вақт бо сабру бурдборӣ оташи дӯстиятон аз нав фурӯзон мешавад (АГАР ҲАМСАРАТОН БАС НАКУНАД-ЧӢ?
Агар баъд аз муддате худдорӣ кардан шавҳаратон боз ба ҳамин кор даст занад, оё гуфтан мумкин аст, ки дигар умеде барои ӯ нест? Оё гуфтан мумкин аст, ки ӯ тавба накардааст? Не. Вақте одам побанди порнография шуда бошад, аз он халос шудан кори якрӯза нест. Чунин шуданаш мумкин аст, ки шахс ҳатто баъди чандин соли парҳез ба ҳамин кор даст занад. Дар ин ҳолат барои дар мубориза муваффақ шудан шахс бояд сахттар муқобилат кунаду ҳатто баъди бас кардани тамошои порнография ҳушёриро аз даст надиҳад, балки маҳдудиятҳоеро, ки гузоштааст, риоя намояд (Пнм. 28:14; Мат. 5:29; 1 Қӯр. 10:12). Ӯ бояд минбаъд низ «фикрронии худро нав» созад ва аз корҳои баду нопок, ба монанди порнография ва мастурбатсия, нафрат карданро ёд гирад (Эфс. 4:23; Заб. 97:10; Рум. 12:9). Агар ӯ талош кунаду ҷон канад, вазъияташ беилоҷ нест e.
Агар шавҳаратон ин одати бадро тарк карданӣ набошад-чӣ? Табиист, ки шумо алам, ғазаб ва ғамгинӣ ҳис карда метавонед. Дар чунин ҳолат масъаларо ба дасти Яҳува супореду аз ӯ осоиштагӣ пурсед (1 Пет. 5:7). Бо омӯзиш, дуо ва андешаронӣ ба Яҳува наздик шудан гиред. Чуноне ки дар Ишаъё 57:15 гуфта шудааст, Яҳува «бо дилшикастагону рӯҳафтодагон» сокин аст, то ба онҳо қувват бахшад. То ҷону тавон доред, хизматгори таъби дили Худо бошед, аз пирон ёрдам пурсед ва умедвор бошед, ки як рӯз не, як рӯз, зӯр зада, аз занҷирҳои оҳанини порнография халос мешавед (Рум. 2:4; 2 Пет. 3:9).
a Ҳарчанд дар ин мақола гап дар бораи шавҳароне меравад, ки ба порнография гандаодат шудаанд, принсипҳои онро дар мавриди зане ба кор бурдан мумкин аст, ки ба ин кор омӯхта шудааст.
c Баъзе номҳо иваз шудаанд.
d Маълумоти судмандро аз jw.org ва адабиётамон ёфтан мумкин. Масалан, дар jw.org ба мақолаи «Порнография — угроза браку»; дар «Бурҷи дидбонӣ» аз 1-уми апрели 2014, саҳ. 10–12 ба «Шумо метавонед ба васвасаҳо муқобилият кунед!»; дар «Бурҷи дидбонӣ» аз 1-уми августи 2013, саҳ. 3–7 ба «Порнография: безобидное развлечение или отрава?» нигаред.
e Азбаски одати тамошои порнография мисли касалист, баъзе ҳамсарон қарор карданд, ки илова ба ёрдами рӯҳонии пирон аз духтурон низ кумак меҷӯянд.