МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 35
Доим пурсабр бошед
«Пурсабриро мисли либос бипӯшед» (ҚӮЛ. 3:12).
СУРУДИ 35 Барои пурсабрии Худо сипосгузорем
ПЕШГУФТОР a
1. Чаро ба шумо одамони пурсабр маъқуланд?
ҲАМАИ мо одамони пурсабрро қадр мекунем. Ба мо одамоне, ки бетоқат нашуда, чизеро интизор мешаванд, маъқуланд. Вақте касе бо сабр аз гуноҳҳоямон чашм мепӯшад, мо инро қадр мекунем. Вақте мо Китоби Муқаддас меомӯхтем, шояд, ягон принсипро дарк намекардем ё онро қабул намекардем ё дар зиндагиямон онро ба зудӣ ба кор намебурдем. Вақте омӯзгорамон дар ин ҳолатҳо бо мо пурсабр буд, мо инро қадр мекардем. Аммо, беш аз ҳама, мо барои пурсабрии Яҳува миннатдорем (Рум. 2:4).
2. Дар кадом ҳолатҳо косаи сабрамон лабрез шуда метавонад?
2 Ҳарчанд мо пуртоқатии дигаронро қадр мекунем, бароямон нигоҳ доштани сабр на ҳамеша осон аст. Масалан, мо метавонем аз рафтори ягон кас ё вақти банд будани роҳҳо ва дер карданамон ба ягон ҷо асабӣ шавем. Ё, шояд, «дунёи нав дер омада истодааст» гуфта, мо сабрамонро аз даст диҳем. Оё шумо сабри бештар доштан мехоҳед? Дар ин мақола мо дида мебароем, ки сабр чист, чаро он муҳим аст ва чӣ кор кунем, ки мушаки сабрамонро қавитар созем.
ПУРСАБРӢ ЧӢ МАЪНО ДОРАД?
3. Вақте ба асаби одами пурсабр мерасанд, ӯ чӣ кор мекунад?
3 Биёед чор роҳи нишон додани сабрро дида бароем. Якум, одами пурсабр зудхашм нест. Вақте ғаму ташвиши ӯ бисёр аст ё касе ба асабаш мерасад, ӯ сабрро пеша мекунад. Яҳува низ «дар хашм оҳиста» аст. Дар бораи ӯ дар Калом чунин гуфта мешавад: «Ту, эй Яҳува, Худои меҳрубону дилсӯзӣ, дар хашм оҳиста ва пур аз меҳру вафову ростӣ ҳастӣ» (Забур 86:15, поварақ).
4. Вақти чизеро интизор шудан одами пурсабр чӣ кор мекунад?
4 Дуюм, инсони босабр оромона чизеро интизор шуда метавонад. Агар коре кашол ёбад, одами пуртоқат асабонӣ ё беқарор нашуда, интизор мешавад (Мат. 18:26, 27). Дар ҳаёт вазъиятҳои гуногуне ҳаст, ки дар он мо бояд пурсаброна интизор шавем. Масалан, вақте ягон кас гап мезанад, мо гапашро набурида, ӯро то охир гӯш мекунем (Айюб 36:2). Ё вақте омӯзандаамон таълимотеро ба осонӣ дарк намекунад ё бо одати баде мубориза мебарад, мо бетоқатӣ намекунем.
5. Як роҳи дигари пурсабр будан кадом аст?
5 Сеюм, одами пурсабр саросема нест. Албатта, баъзе вазъиятҳо тезамалӣ металабанд, вале, вақте шахси пурсабр кори муҳимеро иҷро кардан мехоҳад, барои сар кардану анҷом додани он саросема намешавад. Ӯ каме вақт ҷудо карда, нақша мекашад ва барои анҷомаш чӣ қадар вақте даркор шавад, сарф мекунад.
6. Одами пурсабр вақти сахтию озмоишҳо чӣ хел рафтор мекунад?
6 Чорум, одами пурсабр кӯшиш мекунад бе шикоят душвориҳоро паси сар кунад. Албатта, дар бораи сахтие ба ягон дӯстамон дил холӣ кардан ҳеҷ бадӣ надорад. Вале одами пурсабр кӯшиш мекунад душвориҳоро некандешона пушти сар кунад (Қӯл. 1:11). Барои мо масеҳиён ёд гирифтани ҳамаи ин ҷонибҳои сабр муҳим аст. Барои чӣ? Биёед мебинем.
ЧАРО САБР ЗАРУР АСТ?
7. Мувофиқи Яъқуб 5:7, 8 чаро сабр сифати зарурист? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
7 Сабр барои наҷоти мо зарур аст. Мисли хизматгорони Худо дар замони пеш мо низ бояд иҷро шудани ваъдаҳои Худоро интизор шавем (Ибр. 6:11, 12). Вазъияти мо дар Китоби Муқаддас ба деҳқон монанд карда шудааст. (Яъқуб 5:7, 8-ро хонед.) Деҳқон тухмиро корида, намедонад, ки он айнан кай месабзад, аммо ӯ пурсаброна интизор мешавад. Мо низ дар кори Яҳува заҳмат кашида, намедонем, ки рӯзи ӯ кай меояд (Мат. 24:42). Мо пурсаброна ин рӯзро мунтазир мешавем ва бовар дорем, ки Яҳува дар вақташ тамоми ваъдаҳояшро амалӣ мегардонад. Агар мо аз сабру интизорӣ дилгир шавем, аз роҳи ростӣ оҳиста-оҳиста дур шуда метавонем. Мо ба доми лаззатпарастӣ афтода, аз рӯзи фардо фаромӯш мекунем. Аммо, агар сабрро пеша кунем, то охир истодагӣ намуда, наҷот меёбем (Мико 7:7; Мат. 24:13).
8. Чӣ тавр сабр муносибатамонро бо дигарон обод мекунад? (Қӯлассиён 3:12, 13).
8 Сабр муносибатамонро бо дигарон обод мекунад. Одами пуртоқат ба гапи дигарон бодиққат гӯш медиҳад (Яъқ. 1:19). Боз сабр осоиштагӣ меорад. Агар мушаки сабру тоқатамон қавӣ бошад, мо вақти хаставу асабӣ будан худдорӣ мекунем ва гапи беандеша намезанем. Агар мо пурсабр бошем, вақте касе моро меранҷонад, лаҷоми хашмамонро мекашем. Мо қасос намегирем, балки аз рӯйи ин маслиҳат рафтор мекунем: «Бо якдигар пурсабр бошед ва якдигарро аз таҳти дил бахшед». (Қӯлассиён 3:12, 13-ро хонед.)
9. Чӣ хел сабр ҳангоми қарор кардан ба мо ёрдам мекунад? (Панднома 21:5).
9 Пурсабрӣ фоидаи дигаре низ дорад: бо ёрии он мо қарорҳои дуруст қабул мекунем. Ҳангоми пеш омадани масъалае мо дар сари эҳсосот ва шитобкорона амал намекунем, балки онро ҳаматарафа омӯхта, ҷиҳатҳои мусбату манфияшро бармекашем. (Панднома 21:5-ро хонед.) Масалан, вақте мо ҷойи кор мекобем, агар пурсабр набошем, якумин пешниҳодро қабул мекунем ва фикр намекунем, ки он ба парастиши мо чӣ тавр таъсир мекунад. Вале, агар пурсабр бошем, тамоми ҷонибҳояшро фикр карда мебароем. Масалан, ҷойи кор аз хонаамон чӣ қадар дур аст, кор чӣ қадар вақтамонро мегирад, ба ҳаёти оилавӣ ва реҷаи рӯҳониямон чӣ хел таъсир мерасонад. Сабрро пеша карда, мо худро аз қарори бад эмин медорем.
БАР САБРАТОН САБР АФЗОЕД
10. Чӣ тавр масеҳӣ дар омӯхтани сабр пешравӣ карда метавонад?
10 Аз Яҳува сабри бештар пурсед. Сабр як қисми самари рӯҳи Худост (Ғал. 5:22, 23). Аз ин рӯ мо аз Худо рӯҳи покашро пурсида, хоҳиш карда метавонем, ки дар инкишофи самараш ба мо ёрдам диҳад. Агар зери озмоише ҳис кунем, ки косаи сабрамон ана-мана лабрез мешавад, барои тоқатро нигоҳ доштан аз Яҳува гаштаву баргашта рӯҳи муқаддас пурсида метавонем (Луқ. 11:9, 13). Дар вазъияти душвор мо аз Яҳува биноии рӯҳонӣ пурсида метавонем, то масъаларо бо чашми пурхиради ӯ бинем. Пайваста дуо гуфтаю машқи пуртоқатӣ карда, мо сабрамонро обутоб медиҳему дар пурсабрӣ моҳир мешавем.
11, 12. Пурсабрии Яҳува дар чӣ дида мешавад?
11 Намунаҳои Китоби Муқаддасро омӯзед. Дар Китоби Муқаддас бисёр мисолҳои одамони пурсабр оварда шудааст. Дар бораи ин намунаҳо андеша карда, мо роҳҳои гуногуни босабр буданро ёд мегирем. Вале пеш аз дида баромадани саргузашти баъзе аз хизматгорони Худо биёед барҷастатарин намунаи пурсабриро дида бароем — намунаи Яҳуваро.
12 Дар боғи Адан Шайтон дар ҳаққи Яҳува туҳмат карда номи ӯро доғдор намуд ва гуфт, ки Худо ҳокими одилу меҳрубон нест. Ба ҷойи дарҳол нобуд кардани туҳматгар Яҳува роҳ дод, то бо гузашти вақт беҳтарин будани ҳокимияти ӯ исбот гардад. Ӯ тӯли солҳои зиёд ба бадгӯйиҳои бешумор дар ҳаққи номаш тоб овард. Яҳува пурсаброна ба одамон фурсат дод, то бо роҳи ростӣ шинос шуда, ҳаёти ҷовидониро маҳкам доранд (2 Пет. 3:9, 15). Аз баракати сабри ӯ миллионҳо одамон бо ӯ шинос шуданд. Агар мо дар бораи он андеша кунем, ки сабри ӯ чӣ фоида овардааст, бароямон интизор шудани анҷом осон мешавад.
13. Чӣ хел Исо аз сабри Падараш ибрат гирифт? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
13 Вақте Исо дар рӯйи замин буд, ӯ ба таври комил ба пурсабрии Падараш пайравӣ менамуд. Ин кор барояш ҳамеша осон набуд, хусусан, вақте ӯ бо фарисиёну китобдонони дурӯя сарукор дошт (Юҳ. 8:25–27). Вале ӯ ба намунаи Падараш пайравӣ намуда, дар хашм оҳиста буду вақте касе ӯро меранҷонд ё паст мезад, қасос намегирифт (1 Пет. 2:23). Исо бе шикваю шикоят ба озмоишҳо тоб меовард. Аз ин рӯ Китоби Муқаддас ба мо маслиҳат медиҳад: «Дар бораи он касе фикр кунед, ки ба суханони нешдори гунаҳкорон... тоб овард» (Ибр. 12:2, 3). Бо ёрии Яҳува мо низ пурсаброна ба озмоишҳои сари роҳамон тоб меорем.
14. Аз имони Иброҳим чӣ меомӯзем? (Ибриён 6:15). (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
14 Агар мо солҳои зиёд боз омадани анҷомро интизор бошем, чӣ кор кунем? Шояд, мо фикр мекардем, ки анҷом чандин сол пеш меояд. Ҳоло бошад, мо метарсем, ки он ҳангоми зинда будани мо фаро намерасад. Дар ин маврид чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки пурсабр бошем? Биёед саргузашти Иброҳимро дида бароем. Вақте Иброҳим марди 75-солаи бефарзанд буд, Яҳува ба ӯ ваъда дод: «Аз ту халқи бузурге ба вуҷуд меорам» (1 Мӯсо 12:1–4). Оё Иброҳим иҷро шудани он ваъдаро дид? Пурра не. Ӯ баъд аз дарёи Фуротро гузаштану 25 сол интизор шудан шоҳиди муъҷизавор таваллуд шудани писараш Исҳоқ гашт. Баъди 60 соли дигар бошад, наберагонаш Эсову Яъқуб таваллуд шуданд. (Ибриён 6:15-ро хонед.) Вале Иброҳим ҳангоми зинда буданаш шоҳиди он нашуд, ки чӣ тавр аз ӯ халқи бузург ба амал омад ва бо чашмонаш надид, ки он халқ Замини ваъдашударо соҳиб гашт. Аммо ӯ соҳиби дӯстӣ бо Яҳува гашт (Яъқ. 2:23). Вақте Иброҳим зинда шавад, мефаҳмад, ки имону сабри ӯ ба тамоми халқҳо баракат овардааст (1 Мӯсо 22:18). Аз ин чӣ дарс мегирем? Шояд, мо ҳангоми зинда буданамон иҷро шудани тамоми ваъдаҳои Яҳуваро набинем, вале бовар дошта метавонем, ки, агар мисли Иброҳим сабр кунем, ӯ имрӯз моро мукофот медиҳаду дар дунёи нав баракатҳоро бар сарамон мерезад (Марқ. 10:29, 30).
15. Мо дар омӯзиши шахсӣ чиро дида баромада метавонем?
15 Китоби Муқаддас пур аз намунаҳои хизматгорони пурсабри Яҳува аст (Яъқ. 5:10). Оё метавонед дар омӯзиши шахсиятон баъзеи онҳоро дида бароед? b Масалан, Довуд аз синни кӯдакӣ барои подшоҳӣ тадҳин шуд, вале танҳо пас аз солҳои зиёд ба тахт нишаст. Шимъӯну Ҳано Масеҳи ваъдашудаи Худоро интизор шуда, ба Яҳува содиқона хизмат мекарданд (Луқ. 2:25, 36–38). Намунаи чунин хизматгорони содиқро омӯхта, ба саволҳои зерин ҷавоб кобед: «Чӣ ба вай ёрдам кард, ки тоқат кунад? Аз сабру тоқаташ ӯ чӣ фоида гирифт? Ман аз ӯ чӣ ибрат мегирам?» Дида баромадани саргузашти одамони бесабр низ фоиданок аст (1 Подш. 13:8–14). Ҳангоми омӯзиши зиндагияшон ба чунин саволҳо ҷавоб кофта метавонед: «Эҳтимол, сабаби бесабрияшон чӣ буд? Оқибати ин корашон чӣ шуд?»
16. Баъзе фоидаҳои пурсабрӣ кадоманд?
16 Дар бораи фоидаи пурсабрӣ фикр кунед. Дили пурсабр шоду беғам аст. Сабру тоқат асабҳоямонро орому танамонро сиҳат нигоҳ медорад. Вақте бо дигарон босабрем, муносибатамон бо онҳо беҳтар мешавад, дар ҷамоат ягонагӣ ҳукмфармо мегардад. Вақте касе ба асабамон расад, зуд хашм намегирем ва ба оташи нофаҳмӣ равған намерезем (Заб. 37:8, поварақ; Пнм. 14:29). Вале сабаби аз ҳама муҳим барои пурсабр будан он аст, ки бо ин корамон мо ба Падари осмониямон пайравӣ намуда, ба ӯ наздик мешавем.
17. Мо чӣ азми қавӣ дорем?
17 Доруи сабр хеле фоидабахш асту либоси сабр зебандаи ҳар як масеҳӣ. Дар оянда, албатта, вазъиятҳое мешаванд, ки сабрамон камӣ мекунад, вале бо ёрии Яҳува метавонем ин сифати зеборо дар худ дучанд созем. Биёед интизору нигарони дунёи нав бошем ва дилпур бошем, ки «чашми Яҳува бар тарсгоронаш аст, бар онҳое, ки меҳру вафояшро нигаронанд» (Заб. 33:18). Биёед ҳамаамон ҳар рӯз ҷомаи сабрро бар тан кунем.
СУРУДИ 6 Дуои хизматгори Худо
a Дар ин дунёи Шайтон сабр камчин аст. Вале Китоби Муқаддас ба мо маслиҳат медиҳад, ки либоси сабрро бар тан кунем. Дар ин мақола мебинем, ки чаро пурсабрӣ ин қадар муҳим аст ва чӣ кор кунем, ки ин сифатро дар худамон бештар ривоҷ диҳем.
b Барои гирифтани маълумоти бештар дар «ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ» калимаи «сабр» ё «тоқат»-ро ҷустуҷӯ кунед.