Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Бародарони таъйиншуда, аз Тимотиюс таълим гиред

Бародарони таъйиншуда, аз Тимотиюс таълим гиред

СОЛИ гузашта дар саросари ҷаҳон ҳазорҳо бародарон хизматгузор ё пири ҷамъомад таъйин шуданд. Агар шумо низ яке аз онҳо бошед, бешубҳа, аз таъйиноти гирифтаатон хеле хурсандед.

Мумкин шумо дар баробари хурсандӣ баъзе хавотириҳо низ доред. Дар ин бора бародари ҷавоне бо номи Ҷейсон, ки пири ҷамъомад аст, мегӯяд: «Вақте ман нав таъйинот гирифтам, метарсидам, ки аз ӯҳдааш намебароям». Мусо-пайғамбар ва Ирмиё низ, вақте аз Яҳува супориш гирифтанд, фикр мекарданд, ки аз ӯҳдааш намебароянд (Хур. 4:10; Ирм. 1:6). Агар шумо ҳам ин гуна ҳиссиёт дошта бошед, чӣ ба шумо ёрдам мекунад, ки шубҳаҳоро бартараф карда пешравӣ кунед? Биёед мисоли Тимотиюсро дида бароем (Аъм. 16:1–3).

БА НАМУНАИ ТИМОТИЮС ПАЙРАВӢ КУНЕД

Аз афташ, вақте Павлуси расул Тимотиюсро даъват кард, ки бо вай дар дигар ҷойҳо хизмат кунад, Тимотиюс тақрибан 20-сола буд. Шояд дар аввал Тимотиюс дилпур набуд, ки аз ӯҳдаи ин кор мебарояд (1 Тим. 4:11, 12; 2 Тим. 1:1, 2, 7). Аммо баъди даҳ сол Павлус дар номае, ки ба ҷамъомади Филиппӣ навишта буд, дар бораи ӯ гуфт: «Умедворам, ки агар хости Ҳазратамон Исо бошад, Тимотиюсро ба қарибӣ назди шумо мефиристам... Ман мисли ӯ каси дигаре надорам, ки чунин рӯҳия дошта бошад» (Флп. 2:19, 20).

Чӣ ба Тимотиюс ёрдам кард, ки вазифаашро нағз ба ҷо орад? Биёед шаш дарсеро, ки мо аз намунаи ӯ гирифта метавонем, дида бароем.

1. Тимотиюс самимона ба дигарон ғамхорӣ мекард. Павлус ба бародарони Филиппӣ навишта буд: «[Тимотиюс] дар бораи шумо аз таҳти дил ғамхорӣ» мекунад (Флп. 2:20). Дар ҳақиқат, Тимотиюс ғами дигаронро мехӯрд. Ӯ самимона мехост ба дигарон ёрдам кунад, то ба Яҳува наздиктар шаванд. Инчунин ӯ ҳамеша тайёр буд, ки вақту қувваташро барои дигарон сарф кунад.

Бародарони азиз, кӯшиш кунед, ки дар бораи дигарон фикр кунед. Ба ронандаи автобусе, ки танҳо дар бораи дар вақташ ба истгоҳ расидан фикр мекунад, монанд нашавед. Ин гуна ронанда парво надорад, ки мусофирон ба нақлиёт савор шуданд ё не. Виллиам ном бародаре, ки зиёда аз 20 сол пири ҷамъомад аст, ба бародароне, ки нав таъйинот мегиранд, чунин маслиҳат медиҳад: «Бародару хоҳаронро дӯст доред. Диққататонро бештар на ба корҳои бо ташкилот алоқаманд, балки ба ниёзҳои онҳо равона созед».

2. Ӯ кори мавъизаро дар ҷойи аввал мемонд. Павлус навишта буд, ки баъзеҳо баръакси Тимотиюс «дар пайи манфиати худ ҳастанд, на дар пайи он чизе, ки ба Исои Масеҳ маъқул аст» (Флп. 2:21). Павлуси расул ин номаро дар Рум навишта буд. Ӯ аҳамият дод, ки бародарони он ҷо чунон ба ташвишҳои худ дода шуданд, ки нисбати кори мавъиза бепарво гаштанд. Аммо Тимотиюс ин гуна шахс набуд! Ӯ ҳамеша тайёр буд, ки кори мавъизаро пеш барад ва мисли Ишаъё-пайғамбар «инак ман ҳозирам, маро бифирист», гӯяд (Иш. 6:8).

Чӣ тавр шумо ҳам ба корҳои шахсӣ ва ҳам ба корҳои ҷамъомад вақт ёфта метавонед? Якум, чизҳои муҳимро дар ҷойи аввал гузоред. Павлуси расул бармеангезад: «Бифаҳмед, ки кадом чизҳо муҳимтаранд» (Флп. 1:10). Кори Яҳуваро ҳамеша дар ҷойи аввал монед. Дуюм, одӣ зиндагӣ кунед. Аз он чизҳое, ки вақт ва қувваи шуморо медузданд, даст кашед. Павлус ба Тимотиюс гуфта буд: «Аз ҳавою ҳаваси ҷавонӣ гурез... дар пайи росткорӣ, имон, муҳаббат ва сулҳу осоиштагӣ бош» (2 Тим. 2:22).

3. Тимотиюс бо ҷидду ҷаҳд хизмат мекард. Павлус ба филиппиён ёдрас кард: «Шумо медонед, ки Тимотиюс шахси муносиб будани худро исбот кард ва чун фарзанде, ки ҳамроҳи падараш аст, бо ман дар паҳн кардани хушхабар хизмат намудааст» (Флп. 2:22). Тимотиюс танбал набуд. Ӯ паҳлӯ ба паҳлӯ бо Павлус бисёр кор мекард ва ин чиз сабаб шуд, ки пайвандҳои меҳру муҳаббаташон мустаҳкам гардад.

Имрӯз дар ташкилоти Яҳува кор бисёр аст. Иҷрои ин корҳо қаноатмандӣ меорад ва метавонад шуморо бо бародару хоҳарон наздиктар созад. Аз ин рӯ мақсад монед, ки «ҳамеша дар кори Сарвар ҷидду ҷаҳд кунед» (1 Қӯр. 15:58).

4. Ӯ чизҳои омӯхтаашро дар амал истифода мебурд. Павлус ба Тимотиюс навишта буд: «Ту ба таълим, тарзи ҳаёт, мақсад, имон, пурсабрӣ, муҳаббат ва истодагарии ман пурра пайравӣ кардаӣ» (2 Тим. 3:10). Азбаски Тимотиюс чизҳои омӯхтаашро ба кор мебурд, ба ӯ масъулияти бештар супорида шуд (1 Қӯр. 4:17).

Оё шумо дӯсти калонсол ва ботаҷриба доред? Агар не, чаро ин хел шахсро ёфта аз ӯ таълим нагиред?! Том ном бародаре, ки чанд сол боз чун пир хизмат мекунад, ба хотир оварда мегӯяд: «Як пири ботаҷриба маро зери боли худ гирифта нағз таълим дод. Ман ҳамеша аз ӯ маслиҳат пурсида онро дар амал истифода мебурдам. Ин чиз ба ман ёрдам кард, ки аз гирифтани масъулият натарсам».

5. Ӯ худро таълим медод. Павлус Тимотиюсро барангехт: «Худро машқ деҳ ва мақсад мон, ки худотарсиатро нишон диҳӣ» (1 Тим. 4:7). Ҳарчанд ҳар як варзишгарро устодаш таълим медиҳад, ӯ бояд худаш низ мустақилона машқ кунад. Аз ин рӯ Павлус ба Тимотиюс гуфт: «[Минбаъд низ] ба қироат кардан ва насиҳату таълим додани дигарон машғул шав... Дар бораи ин чизҳо мулоҳиза рон ва пурра бо онҳо банд бош, то пешравии ту ба ҳама маълум шавад» (1 Тим. 4:13–15).

Ба шумо низ лозим аст, ки маҳорати худро беҳтар кунед. Рӯҳан суст нашавед ва аз рӯйи фаҳмишу дастуроти кӯҳнае, ки дар ҷамъомад дода буданд, амал накунед. Инчунин эҳтиёт шавед, ки худбовар нагардед ва фикр накунед, ки шумо чунон ботаҷрибаед, ки ин ё он масъаларо тадқиқ накарда ҳал намуда метавонед. Ба Тимотиюс пайравӣ карда ба худ ва ба таълимдиҳиатон диққат диҳед (1 Тим. 4:16).

6. Ӯ аз Яҳува рӯҳи муқаддас мепурсид. Павлус дар бораи хизмати Тимотиюс фикр карда, ба ӯ хотиррасон кард: «Ин амонати некро ба воситаи рӯҳи муқаддас, ки дар мо сокин аст, нигоҳ дор» (2 Тим. 1:14). Барои он ки Тимотиюс хизматашро қадр карда давом диҳад, ӯ бояд аз Яҳува рӯҳи муқаддас мепурсид.

Доналд ном бародаре, ки чанд сол боз пири ҷамъомад шуда хизмат мекунад, мегӯяд: «Бародарони таъйиншуда бояд муносибаташонро бо Яҳува қадр кунанд. Онҳое, ки ин хел мекунанд, аз Худо қуввати зиёд мегиранд. Агар онҳо аз Яҳува рӯҳи муқаддас пурсанд ва самари онро инкишоф диҳанд, барои бародару хоҳарон баракати ҳақиқӣ мегарданд» (Заб. 83:8; 1 Пет. 4:11).

ТАЪЙИНОТИ ХУДРО ҚАДР КУНЕД

Вақте мебинем, ки чӣ тавр шумо, бародарони навтаъйиншуда, дар кори Яҳува ҷидду ҷаҳд мекунед, хеле хурсанд мешавем. Ҷейсон ном бародаре, ки суханонашро дар аввали мақола оварда будем, мегӯяд: «Дар давоми солҳо чун пир хизмат карда, ман бисёр чизро омӯхтам ва боварӣ ҳосил кардам, ки аз ӯҳдаи супоришҳоям баромада метавонам. Ҳоло ман аз таъйиноти худ хурсандӣ мегирам ва онро шараф меҳисобам!»

Оё шумо мегузоред, ки Яҳува шуморо дар кори Худ истифода барад? Аз Тимотиюс ибрат гиред. Он гоҳ шумо метавонед, ки барои халқи Яҳува баракат гардед.