Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ба Яҳува тақлид кунед! Ӯ Худоест, ки рӯҳбаландӣ медиҳад

Ба Яҳува тақлид кунед! Ӯ Худоест, ки рӯҳбаландӣ медиҳад

«[Худоро] ҳамду сано бод! Ӯ моро дар ҳамаи азобу уқубатҳоямон рӯҳбаланд мекунад» (2 ҚӮР. 1:3, 4, эзоҳ).

СУРУДҲО: 23, 152

1. Яҳува баъд аз исёни боғи Адан кадом суханонро гуфт, ки ба насли ояндаи онҳо тасалло дода метавонист?

АЗ ЗАМОНЕ, ки одамизод гирифтори гуноҳ ва нокомилӣ гашт, Яҳува чун Худое, ки рӯҳбаланд мекунад, рафтор менамуд. Дарҳол баъди исёни боғи Адан Ӯ суханоне гуфт, ки ба насли ояндаи онҳо тасалло дода метавонист. Барои одамизод шӯълаи умед пайдо шуд. Вақте ки одамон ба маънои пешгӯйии Ҳастӣ 3:15 сарфаҳм рафтанд, онҳо умед пайдо карданд, ки оқибат «он мори қадимӣ», яъне Шайтон Иблис ва ҳамаи корҳои бади ӯ нест карда хоҳад шуд (Ваҳй 12:9; 1 Юҳ. 3:8).

РӮҲБАЛАНДКУНӢ ДАР ЗАМОНИ ҚАДИМ

2. Чӣ тавр Яҳува Нӯҳро рӯҳбаланд кард?

2 Яке аз хизматгорони Яҳува Нӯҳ дар ҷаҳони худобехабаре зиндагӣ мекард, ки дар он танҳо ӯ ва оилааш Яҳуваро ибодат мекарданд. Нӯҳ дар гирду атрофи худ бадахлоқӣ ва зӯровариро дида, метавонист рӯҳафтода шавад (Ҳас. 6:4, 5, 11; Яҳд. 6). Аммо Яҳува маълумоте дод, ки ӯро рӯҳбаланд кард, то вай «пеши Худо роҳ» рафтанро давом диҳад (Ҳас. 6:9). Яҳува ба Нӯҳ гуфт, ки ҷаҳони бадро нест карданӣ аст ва барои наҷот ёфтани ӯву аҳли оилааш дастурот дод (Ҳас. 6:13–18). Дар ҳақиқат, Яҳува барои Нӯҳ Худое буд, ки рӯҳбаландӣ медиҳад.

3. Чӣ тавр Яҳува Еҳушаъро рӯҳбаланд кард? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

3 Баъдтар Яҳува ба Еҳушаъ супориши ҷиддиеро дод, ки ӯ бояд одамонро ба Замини ваъдашуда мебурд. Ба ӯ лозим буд, ки лашкари пурқуввати халқҳои он заминро мағлуб созад. Еҳушаъ барои тарсидан сабабҳои асоснок дошт. Яҳува инро медонист ва ба Мӯсо супориш дод, ки ӯро рӯҳбаланд кунад. Худо гуфт: «Ба Еҳушаъ амр фармуда, ӯро қавӣ ва далер гардон, зеро ки ӯ пешопеши ин қавм убур намуда, заминеро, ки ту хоҳӣ дид, барои тасарруфи онҳо тақсим хоҳад кард» (Такр. Ш. 3:28). Пеш аз он ки Еҳушаъ амал кунад, Яҳува ӯро рӯҳбаланд карда гуфт: «Ман, охир, ба ту чунин амр фармудаам: қавӣ ва далер бош, натарс ва ҳаросон нашав, зеро ба ҳар ҷое ки биравӣ, Худованд Худои ту бо туст» (Еҳ. 1:1, 9). Чӣ суханони рӯҳбаландкунандае!

4, 5. а) Яҳува чӣ тавр дар замони пеш халқи худро рӯҳбаланд мекард? б) Чӣ тавр Яҳува Писари худро рӯҳбаланд кард?

4 Яҳува на танҳо шахсони алоҳидаро, балки тамоми халқашро низ рӯҳбаланд мекард. Масалан, Яҳува медонист, ки вақте яҳудиён ба Бобул асир мешаванд, ба рӯҳбаландӣ ниёз хоҳанд дошт ва барои ҳамин пешгӯйӣ карда, гуфт: «Натарс, зеро ки Ман бо ту ҳастам; наларз, зеро ки Ман Худои ту ҳастам: Ман туро тақвият хоҳам намуд, ва туро ёварӣ хоҳам дод, ва туро бо ямини адолати Худ дастгирӣ хоҳам кард» (Иш. 41:10). Ҳамин тавр Яҳува масеҳиёни асри якро низ рӯҳбаланд карда буд ва имрӯз моро ҳам рӯҳбаланд мекунад. (2 Қӯринтиён 1:3, 4-ро хонед.)

5 Яҳува ҳамчунин Исоро рӯҳбаланд мекард. Исо баъд аз таъмид гирифтанаш аз осмон суханони зеринро шунид: «Ин Писари азизи Ман аст ва Ман аз ӯ розиям» (Мат. 3:17). Чӣ қадар ин суханон ба Исо дар давоми хизмати заминиаш қувват бахшиданд!

ИСО ДИГАРОНРО РӮҲБАЛАНД МЕКАРД

6. Мисол оиди талантҳо моро ба чӣ бармеангезад?

6 Исо ба Падараш тақлид намуда шогирдонашро рӯҳбаланд мекард, то ки дар натиҷа онҳо вафодор бошанд. Масалан, вақте ӯ дар бораи охирзамон пешгӯйӣ намуд, оиди талантҳо мисол овард. Хӯҷаин ҳар як ғуломи вафодорашро таъриф карда гуфт: «Офарин, эй ғуломи нек ва боваринок! Азбаски дар чизҳои хурд сазовори боварӣ будӣ, ман туро бар чизҳои бисёр таъйин хоҳам кард. Биё, ба шодии хӯҷаини худ шарик шав!» (Мат. 25:21, 23). Ин суханон моро хеле рӯҳбаланд мекунанд ва бармеангезанд, то ба Яҳува содиқона хизмат карданро давом диҳем.

7. Чӣ тавр Исо расулон ва махсусан Петрусро рӯҳбаланд кард?

7 Гарчанде расулон баъзан Исоро ғамгин мекарданд, ӯ онҳоро доимо рӯҳбаланд менамуд. Онҳо тез-тез баҳс мекарданд, ки кадоме аз онҳо бузургтар аст, лекин ӯ онҳоро пурсаброна бармеангехт, ки худро фурӯтан сохта мисли хизматгор амал кунанд, на чун хӯҷаин (Луқ. 22:24–26). Петрус чанд маротиба бо хатоҳои худ Исоро ғамгин мекард (Мат. 16:21–23; 26:31–35, 75). Лекин Исо ӯро рад накард, баръакс, ӯро рӯҳбаланд намуд ва ҳатто супориш дод, ки дигаронро қавӣ созад (Юҳ. 21:16).

РӮҲБАЛАНДӢ ДАР ЗАМОНҲОИ ҚАДИМ

8. Ҳизқиё чӣ тавр сарлашкарон ва сокинони Ерусалимро рӯҳбаланд кард?

8 Ҳатто пеш аз он ки Исо ба замин омада намунаи комили рӯҳбаландкунӣ гузорад, хизматгорони содиқи Яҳува муҳим будани рӯҳбаландкуниро дарк мекарданд. Вақте ашшуриён ба сокинони Ерусалим таҳдид мекарданд, подшоҳ Ҳизқиё сарлашкарон ва халқро ҷамъ карда, онҳоро рӯҳбаланд намуд. «Ва қавм ба суханони Ҳизқиё, подшоҳи Яҳудо, эътимод карданд». (2 Вақоеънома 32:6–8-ро хонед.)

9. Аз китоби Айюб мо дар бораи рӯҳбаландӣ чӣ меомӯзем?

9 Гарчанд Айюб худаш ба тасаллӣ ниёз дошт, ӯ ба се «тасаллидиҳандагони ғамовар»-аш чӣ тавр рӯҳбаланд кардани дигаронро ёд дод. Айюб фаҳмонд, ки агар ба ҷойи онҳо мебуд, чӣ кор мекард. Ӯ гуфт: «Бо даҳони худ шуморо далер менамудам, ва тасаллии лабҳоям дарди шуморо сабук мекард» (Айюб 16:1–5). Дар охир Яҳува ва Элиҳу худи Айюбро рӯҳбаланд карданд (Айюб 33:24, 25; 36:1, 11; 42:7, 10).

10, 11. а) Чаро духтари Йифтоҳ ба рӯҳбаландӣ ниёз дошт? б) Имрӯз мо киҳоро рӯҳбаланд карда метавонем?

10 Мисоли дигар дар бораи духтари Йифтоҳ аст, ки ба рӯҳбаландӣ ниёз дошт. Пеш аз он ки Йифтоҳ бар зидди банӣ-Аммӯн барояд, ӯ қасам хӯрда ба Яҳува ваъда дод, ки агар ғолиб ояд, аввалин шахсеро, ки ба пешвозаш мебарояд, барои хизмат дар хаймаи Худо мебахшад. Исроилиён ғалаба ба даст оварданд, ва касе, ки ба пешвози Йифтоҳ баромад, духтараш, фарзанди ягонааш буд. Дили Йифтоҳ реш-реш шуд. Лекин ӯ ба ваъдаи худ вафо кард ва духтари бокираашро барои хизмати хаймаи муқаддас, ба Шилӯ фиристод (Дов. 11:30–35).

11 Ҳарчанд ин барои Йифтоҳ душвор буд, ба духтараш боз ҳам душвортар буд. Лекин ӯ бо омодагӣ ба қарори падараш розӣ шуд (Дов. 11:36, 37). Ӯ аз имконияти оиладор ва фарзанддор шудану нигоҳ доштани ном ва мероси авлодаш даст кашид. Ӯ албатта ба тасаллӣ ва рӯҳбаландӣ ниёз дошт. Китоби Муқаддас нақл мекунад: «Дар Исроил ба одат даромад, ки духтарони исроилӣ ҳар сол чор рӯз ба назди духтари Йифтоҳи ҷилъодӣ меомаданд, то ки ӯро таъриф кунанд» (Дов. 11:39, 40, ТДН). Магар масеҳиёни муҷарраде, ки диққати худро бештар ба чизҳое, ки «бо хизмати Ҳазратамон алоқаманд аст» равона мекунанд, сазовори таърифу рӯҳбаландии мо нестанд? (1 Қӯр. 7:32–35).

РАСУЛОН ҲАМИМОНОНРО РӮҲБАЛАНД МЕКАРДАНД

12, 13. Петрус чӣ тавр ҳамимононро устувор мегардонд?

12 Шаби пеш аз маргаш Исо ба Петруси расул гуфт: «Шимъӯн, Шимъӯн! Шайтон талаб кард, ки ҳамаи шуморо мисли гандум аз ғалбер гузаронад. Аммо ман дар ҳаққи ту ба Худо дуо гуфта илтиҷо кардам, ки имонат суст нашавад ва ту, баъд аз он ки тавба карда бармегардӣ, бародаронатро устувор гардон» (Луқ. 22:31, 32).

Номаҳои расулон ҷамъомадҳои асри якро хеле рӯҳбаланд мекарданд ва то имрӯз сарчашмаи рӯҳбаландианд (Ба сархатҳои 12–17 нигаред.)

13 Петрус барои масеҳиёни асри як чун сутуни ҷамъомад ба ҳисоб мерафт (Ғал. 2:9). Ӯ бо намунаи далерии худ, дар Иди ҳафтаҳо ва баъд аз он бародаронро рӯҳбаланд мекард. Дар охири хизмати дуру дарози худ ӯ ба ҳамимонон нома менавишт ва сабаби инро фаҳмонда гуфт: «То шуморо рӯҳбаланд кунам ва боварӣ бахшам, ки ҳамин аст лутфу марҳамати ҳақиқие, ки Худо зоҳир кардааст, ва шумо дар он устувор бимонед» (1 Пет. 5:12). Номаҳои илҳомбахшидаи Петрус дар давоми асрҳо барои масеҳиён сарчашмаи рӯҳбаландӣ буданд. Имрӯз мо иҷрошавии ваъдаҳои Яҳуваро интизорем ва барои ҳамин хеле ба рӯҳбаландӣ ниёз дорем (2 Пет. 3:13).

14, 15. Чӣ тавр навиштаҳои илҳомбахшидаи Юҳанно масеҳиёнро рӯҳбаланд мекунад?

14 Юҳаннои расул низ дар ҷамъомади асри як мисли сутун буд. Воқеаҳои шавқоваре, ки ӯ дар Хушхабари худ оиди хизмати Исо навишт, масеҳиёнро дар давоми садсолаҳо ва ҳатто то имрӯз рӯҳбаланд мекунанд. Танҳо аз Хушхабари ӯ мо суханони Исоро мехонем, ки муҳаббат аломати фарқкунандаи шогирдони ҳақиқии Исо аст. (Юҳанно 13:34, 35-ро хонед.)

15 Се номаи Юҳанно дигар ганҷҳои пурарзишро оиди ҳақиқат ошкор мекунанд. Масалан, вақте бори вазнини гуноҳ моро фишор медиҳад, бешубҳа суханони «хуни... Исо, моро аз ҳар гуноҳ пок мекунад» ба мо сабукӣ мебахшанд (1 Юҳ. 1:7). Ва, агар диламон моро то ҳол маҳкум кунад, магар аз хондани суханони «Худо аз дили мо бузургтар аст» гиря гулӯгирамон намекунад ва чашмонамон аз шодӣ намедурахшанд? (1 Юҳ. 3:20). Танҳо Юҳанно навиштааст, ки «Худо муҳаббат аст» (1 Юҳ. 4:8, 16). Ӯ дар номаи дуюм ва сеюми худ масеҳиёнеро, ки дар «роҳи ростӣ равонаанд», таъриф мекунад (2 Юҳ. 4; 3 Юҳ. 3, 4).

16, 17. Павлуси расул чӣ тавр масеҳиёни аввалинро рӯҳбаланд мекард?

16 Шахсе, ки дар асри як барои рӯҳбаланд кардани дигарон саҳми калон гузошт, ин Павлуси расул мебошад. Вақте ки ҷамъомади масеҳиён нав ташкил шуда буд, аксар расулон дар Ерусалим монданд, чунки ҳайати роҳбарикунанда аз он ҷо амал мекард (Аъм. 8:14; 15:2). Масеҳиён дар Яҳудо оиди Масеҳ ба одамоне мавъиза мекарданд, ки зери таъсири дини яҳудӣ ба як Худо имон доштанд. Павлуси расулро бошад, рӯҳи муқаддас ба назди халқҳои Юнон ва Рум фиристод, ки дар он ҷо одамон ба худоёни бисёр саҷда мекарданд (Ғал. 2:7–9; 1 Тим. 2:7).

17 Павлус бисёр сафар карда ба минтақаҳое, ки ҳозир дар он ҷо Туркия, Италия ва Юнон ҷойгиранд, мерафт ва дар байни ғайрияҳудиён ҷамъомадҳо ташкил мекард. Азбаски шахсони нав масеҳӣ шуда аз дасти ҳамватанонашон азоб мекашиданд, ба рӯҳбаландӣ ниёз доштанд (1 Тас. 2:14). Тақрибан дар соли 50-уми милод Павлус ба ҷамъомади нав ташкил ёфтаи Таслӯникӣ навишт: «Мо дар ҳаққи шумо дуо гуфта, доимо Худоро шукр мегӯем, зеро имон ва муҳаббати шуморо, ки дар корҳоятон аён аст, ва устувориеро, ки шумо... зоҳир мекунед... ҳамеша дар ёд дорем» (1 Тас. 1:2, 3). Ӯ боз онҳоро барангехт, то ҳамдигарро устувор гардонанд ва гуфт: «Якдигарро рӯҳбаланд ва обод кунед» (1 Тас. 5:11).

ҲАЙАТИ РОҲБАРИКУНАНДА РӮҲБАЛАНД МЕКУНАД

18. Чӣ тавр ҳайати роҳбарикунанда дар асри як Филиппусро рӯҳбаланд кард?

18 Дар асри як ҳайати роҳбарикунанда ҳам ба касоне, ки роҳбариро ба ӯҳда доштанд ва ҳам ба дигар масеҳиён сарчашмаи рӯҳбаландӣ буд. Вақте Филиппус дар бораи Масеҳ ба сомариён мавъиза мекард, ӯро бародароне, ки дар ҳайати роҳбарикунанда буданд, дастгирӣ мекарданд. Онҳо ду намояндаи худ, Петрус ва Юҳанноро фиристоданд, ки дуо гӯянд, то масеҳиёне, ки нав имон овардаанд, рӯҳи муқаддас гирифта тавонанд (Аъм. 8:5, 14–17). То чӣ андоза Филиппус ва касоне, ки бо ёрии ӯ имон оварданд, аз чунин дастгирии ҳайати роҳбарикунанда рӯҳбаланд шуданд!

19. Номаи ҳайати роҳбарикунанда ба масеҳиёни асри як чӣ гуна таъсир расонд?

19 Баъдтар ба ихтиёри ҳайати роҳбарикунанда масъалаи муҳиме гузошта шуд. Онҳо бояд қарор мекарданд, ки оё мувофиқи Шариати Мӯсо ба масеҳиёне, ки аз халқҳои дигар имон овардаанд, хатна кардан лозим аст ё не (Аъм. 15:1, 2). Бо роҳнамоии рӯҳи муқаддас ва мулоҳиза оиди Навиштаҳо бародарони масъул қарор бароварданд, ки акнун хатна кардан шарт нест ва дар ин бора ба ҷамъомадҳо нома навиштанд. Ҳайати роҳбарикунанда ба воситаи намояндагон ин номаро ба ҷамъомадҳо расонд. Ин чӣ натиҷа овард? Вақте масеҳиён ин номаро хонданд «аз суханони рӯҳбаландкунандаи он хурсанд шуданд» (Аъм. 15:27–32).

20. а) Дар замони мо Ҳайати роҳбарикунанда чӣ тавр бародарияти умумиҷаҳониро рӯҳбаланд мекунад? б) Дар мақолаи навбатӣ мо ба кадом савол ҷавоб меёбем?

20 Имрӯз Ҳайати роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳува тамоми бародариятро, аз он ҷумла аъзоёни оилаи Байт-Ил ва дигар хизматгорони махсуси пурравақтро рӯҳбаланд мекунад. Мо ба монанди бародарони асри як аз чунин рӯҳбаландкунӣ хурсанд мешавем. Илова бар ин, Ҳайати роҳбарикунанда соли 2015 брошураи «Ба назди Яҳува баргард»-ро (рус.) ба нашр баровард, ки дар сар то сари ҷаҳон барои бисёриҳо сарчашмаи рӯҳбаландӣ гашт. Лекин оё танҳо бародарони масъул бояд дигаронро рӯҳбаланд кунанд? Дар мақолаи навбатӣ мо ба ин савол ҷавоб меёбем.