Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Саволҳои хонандагон

Саволҳои хонандагон

Дар «Китоби Муқаддас — Тарҷумаи дунёи нав» (англ.), ки соли 2013 аз нав дида баромада шуд, суханоне, ки дар Забур 143:12–15 омадаанд, ба халқи Худо дахл доранд. Дар тарҷумаи пешина ин суханон ба халқи бегонаи бадкирдор, ки дар борааш дар ояти 11 гуфта шудааст, тааллуқ доштанд. Аз чӣ сабаб ба тарҷумаи нав чунин дигаргунӣ дароварда шуд?

Матни ибронии ин порчаи Китоби Муқаддасро ду хел тарҷума кардан мумкин аст. Аз ин рӯ ҳангоми аз нав дида баромадани тарҷума якчанд омил ба назар гирифта шуд, ки дар поён оварда шудаанд:

  1. Тарҷумаи ҳозира аз рӯйи маънои луғавӣ ва вазифаи грамматикии калима карда шудааст. Алоқаи байни оятҳои 12–15 ва оятҳои болотари таронаи 143 аз калимаи аввалине, ки дар ояти 12 омадааст, вобаста мебошад. Ин калимаи ибрии «ашер» аст. Калимаи «ашер»-ро якчанд хел тарҷума кардан мумкин аст. Масалан, он метавонад ба вазифаи пайвандаки тобеъкунанда, чунончи «ки», «то ки», ояд. Дар тарҷумаи пешина маҳз ҳамин маънои калима истифода шуда буд. Барои ҳамин баракатҳоеро, ки дар оятҳои аз 12 то 14 номбар шудаанд, ба бадкорон, ки дар оятҳои болотар гап дар бораашон мерафт, нисбат доданд ва дар нохунак гирифтанд. Лекин калимаи ибрии «ашер» инчунин метавонад ба сабабу натиҷа, хулоса ё оқибати чизе ишора кунад ва «он гоҳ», «пас» ё «барои ҳамин» тарҷума шавад. Дар тарҷумаи соли 2013 ва дигар тарҷумаҳои Китоби Муқаддас ҳамин маънои калимаро истифода бурда, онро «он гоҳ» тарҷума кардаанд.

  2. Тарҷумаи ҳозира бо дигар қисми таронаи 143 мувофиқ аст. Дар ояти 12 «он гоҳ» тарҷума шудани калимаи «ашер» нишон медиҳад, ки баракатҳои дар оятҳои 12 то 14 номбаршуда ба одамони росткор, яъне ба онҳое, ки аз дасти бадкорон халосӣ ёфтан мехоҳанд, дахл дорад (ояти 11). Ин тавр тарҷума шудани калимаи «ашер» ҳамчунин ба ояти 15 таъсир кард. Дар ин оят ду бор калимаи «хушо», ё «хушбахтанд», оварда шудааст. Ҳоло ду ҷумлаи ин оят, ки бо калимаи «хушо» сар мешаванд, бо ҳам алоқаманданд ва фикр равшантар шудааст. Акнун дар ҳар ду ҷумла сухан дар бораи хушбахтии танҳо як халқ меравад, ки Худояшон Яҳува аст. Инчунин ба назар гиред, ки матни аслии ибронӣ аломатҳои китобат, аз он ҷумла аломати нохунак, надошт. Бинобар ин тарҷумонон бояд шакли шеърии матни ибронӣ, оятҳои пасу пеш ва дигар порчаҳои монанди Китоби Муқаддасро ба инобат гирифта, маънои дурусти матнро муайян мекарданд.

  3. Тарҷумаи ҳозира бо дигар порчаҳои Китоби Муқаддас, ки дар бораи баракатҳои ояндаи ходимони содиқи Худо мебошанд, мувофиқ аст. Азбаски калимаи «ашер» дигар хел тарҷума шуд, ҳоло ин таронаи Забур умедеро, ки Довуд ба Худо дошт, равшан нишон медиҳад. Ӯ умедвор буд, ки Худо исроилиёнро аз дасти душманон наҷот медиҳад ва ба халқаш хушбахтиву фаровонӣ ато мекунад (Ибд. 26:9, 10; Такр. Ш. 7:13; Заб. 127:1–6). Дар Такрори Шариат 28:4 низ гуфта шудааст: «Меваи батни ту ва ҳосили замини ту ва самараи чорпоёни ту, зоиши говони ту ва афзоиши гӯсфандони ту бобаракот хоҳад буд». Ҳамаи ин ваъдаҳо ҳангоми ҳукмронии писари Довуд, Сулаймон, иҷро шуданд, зеро халқи Худо дар сулҳу осоиштагӣ ва серию пурие, ки мислашро надида буданд, зиндагӣ мекард. Беш аз ин, подшоҳии Сулаймон ба ҳукмронии ояндаи Масеҳ ишора мекунад (3 Подш. 4:20, 21; Заб. 71:1–20).

Бояд қайд кард, ки матни дигаршудаи Забур 143 фаҳмиши моро оиди таълимоти Китоби Муқаддас тағйир намедиҳад. Баръакс, он умеди ходимони Яҳуваро, ки Худо одамони бадро нест карда, ба росткорон осоиштагиву фаровонии бардавомро ато мекунад, аёнтар месозад (Заб. 36:10, 11).