Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ҳамдигарро «боз ҳам бештар» рӯҳбаланд созед

Ҳамдигарро «боз ҳам бештар» рӯҳбаланд созед

«Биёед дар фикри якдигар бошем... якдигарро рӯҳбаланд созем ва наздик шудани он рӯзро дида инро боз ҳам бештар кунем» (ИБР. 10:24, 25).

СУРУДҲО: 53, 20

1. Чаро Павлуси расул масеҳиёни ибриро ташвиқ кард, ки «боз ҳам бештар» якдигарро рӯҳбаланд кунанд?

БАРОИ ЧӢ мо аз ҳарвақта дида бештар бояд якдигарро рӯҳбаланд кунем? Павлуси расул дар номаи худ ба масеҳиёни ибрӣ сабаби инро фаҳмонда гуфт: «Биёед дар фикри якдигар бошем, то ҳар яке каси дигарро ба муҳаббат ва корҳои нек барангезад ва нисбати омадан ба ҷамъомадҳо хунукназарӣ накунем, чи тавре ки ба баъзеҳо одат шудааст, балки якдигарро рӯҳбаланд созем ва наздик шудани он рӯзро дида инро боз ҳам бештар кунем» (Ибр. 10:24, 25). Чаро Павлус ин хел гуфт? Шояд як сабаб дар он буд, ки панҷ сол ҳам нагузашта масеҳиён дар Ерусалим аломати пешгӯйӣ кардаи Исоро диданд ва фаҳмиданд, ки рӯзи доварии Яҳува наздик аст. Онҳо бояд барои наҷот додани ҳаёти худ аз Ерусалим мегурехтанд (Аъм. 2:19, 20; Луқ. 21:20–22). Он рӯзи Яҳува соли 70-уми милодӣ, вақте ки румиён Ерусалимро нобуд карданд, фаро расид.

2. Чаро имрӯз ҳар чӣ бештар дар бораи рӯҳбаланд кардани якдигар фикр кардан лозим аст?

2 Имрӯз барои мо равшан аст, ки рӯзи бузург ва саҳмгини Яҳува наздик аст (Юил 2:11). Суханони зерини Сафанё-пайғамбар ба замони мо низ дахл дорад: «Рӯзи бузурги Худованд наздик аст, он наздик аст ва хело мешитобад» (Саф. 1:14). Барои ҳамин мо бояд «дар фикри якдигар бошем, то ҳар яке каси дигарро ба муҳаббат ва корҳои нек барангезад» (Ибр. 10:24). Мо бояд нисбати ҳамимонон боз ҳам бештар бодиққат бошем, то онҳоро дар вақти даркорӣ рӯҳбаланд карда тавонем.

КИҲО БА РӮҲБАЛАНДӢ НИЁЗ ДОРАНД?

3. Павлуси расул оиди рӯҳбаландӣ чиро қайд кард? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

3 «Ғуссаи дили одам ӯро фишор медиҳад, вале сухани меҳрубонона ӯро хурсанд мекунад» (Мас. 12:25). Инро дар бораи ҳамаи одамон гуфтан мумкин аст. Ҳар яки мо баъзан ба сухани гарму меҳрубонона мӯҳтоҷ мешавем. Павлус нишон дод, ки ҳатто онҳое, ки ба рӯҳбаланд кардани дигарон ӯҳдадоранд, худашон ба дастгирӣ ниёз доранд. Ӯ ба масеҳиёни Рум навишт: «Ташнаи дидори шумоям ва мехоҳам ба шумо атои рӯҳоние бирасонам, то устувор гардед, ё аниқтараш, то мо аз имони якдигарамон, ман аз имони шумову шумо аз имони ман, рӯҳбаланд шавем» (Рум. 1:11, 12). Бале, Павлус, ки дигаронро бисёр рӯҳбаланд мекард, худаш баъзан ба рӯҳбаландӣ мӯҳтоҷ мешуд. (Румиён 15:30–32-ро хонед.)

4, 5. Киҳо имрӯз ба рӯҳбаландӣ ниёз доранд ва чаро?

4 Онҳое, ки ҳаёти фидокорона ба сар мебаранд, сазовори таърифанд. Масалан, аксари пешравон барои чун пешрав хизмат кардан аз баҳри бисёр чизҳо баромаданд. Дар бораи миссионерон, ходимони Байт-Ил, нозирони ноҳиявию занонашон ва коргарони офисҳои дурдасти тарҷумонӣ низ чунин гуфтан мумкин аст. Ҳар яки онҳо бисёр чизро қурбон карданд, то вақти бештари худро ба хизмати муқаддас бахшанд. Барои ҳамин хуб мебуд, ки мо онҳоро рӯҳбаланд кунем. Бародарону хоҳароне, ки пеш дар хизмати пурравақт буданду ҳоло аз сабабҳои гуногун бисёр хизмат карда наметавонанд, аз рӯҳбаландкунии мо хеле хурсанд мешаванд.

5 Боз як гурӯҳи дигаре, ки сазовори таҳсинанд, ин бародарону хоҳарони муҷаррад мебошанд, зеро онҳо мехоҳанд ба насиҳати «танҳо дар Худованд» издивоҷ кардан итоат кунанд (1 Қӯр. 7:39). Ба ин монанд, хоҳароне, ки барои оила бисёр меҳнат мекунанд, суханони рӯҳбаландкунандаи шавҳарашонро хеле қадр менамоянд (Мас. 31:28, 31). Ҳамчунин, масеҳиёне, ки нигоҳ накарда ба таъқибот ва беморӣ ба Худо вафодор мемонанд, ба шунидани суханони тасаллибахш ниёз доранд (2 Тас. 1:3–5). Ҳамаи ин хизматгорони содиқро пеш аз ҳама Яҳува ва Исои Масеҳ тасаллӣ мебахшанд. (2 Таслӯникиён 2:16, 17-ро хонед.)

ПИРОН ДИГАРОНРО РӮҲБАЛАНД МЕКУНАНД

6. Дар Ишаъё 32:1, 2 оиди кадом вазифаи пирон гуфта шудааст?

6 Ишаъё 32:1, 2-ро хонед. Мо дар замонҳои душвор зиндагӣ дорем ва метавонем ба осонӣ зиқу рӯҳафтода шавем. Исои Масеҳ барои рӯҳбаланд кардани мо «мирон»-ро истифода мебарад. Онҳо пирон мебошанд, ки ҳам аз ҷумлаи масеҳиёни тадҳиншуда, ҳам аз байни гӯсфандони дигаранд. Пирон бар имони мо «ҳукмфармоӣ» намекунанд, балки «ҳамкорон»-е мебошанд, ки ба хурсандии мо мусоидат менамоянд (2 Қӯр. 1:24).

7, 8. Пирон барои дастгирӣ кардани ҳамимонон ғайр аз гуфтани суханони рӯҳбаландкунанда боз чӣ кор карда метавонанд?

7 Павлуси расул ба мо намунаи ибрат гузоштааст. Ӯ ба масеҳиёни шаҳри Таслӯникӣ, ки зери таъқибот буданд, навишт: «Ба шумо меҳр бастем ва бароямон азиз шудед, мо тайёр будем, ки на танҳо хушхабари Худоро ба шумо мавъиза кунем, балки ҷонҳои худро низ фидо намоем» (1 Тас. 2:8).

8 Павлус медонист, ки на ҳама вақт гуфтани суханони рӯҳбаландкунанда кифоя аст. Ӯ ба пирони Эфсӯс гуфт: «Шумо бояд сустонро дастгирӣ кунед ва суханони Ҳазратамон Исоро дар хотир доред, ки гуфта буд: “Додан назар ба гирифтан хушбахтии бештар меорад”» (Аъм. 20:35). Павлус ҳамимононро на фақат бо сухан рӯҳбаланд мекард, вай ҳатто барои онҳо ҷонашро дареғ намедошт (2 Қӯр. 12:15). Ба ин монанд, пирон бояд ҳамимононро на танҳо бо сухан рӯҳбаланд намоянд ва тасаллӣ диҳанд, балки ҳамчунин дар амал ба онҳо ғамхорӣ кунанд (1 Қӯр. 14:3).

9. Пирон чӣ кор карда метавонанд, то маслиҳаташон рӯҳбаландкунанда бошад?

9 Барои бародаронро устувор гардондан ба пирон баъзан лозим аст, ки маслиҳат диҳанд. Онҳо бояд аз Китоби Муқаддас чӣ тавр маслиҳати рӯҳбаландкунанда доданро ёд гиранд. Дар ин маврид Исо намунаи барҷаста нишон дод. Баъди марг ва эҳёшавиаш ӯ ба якчанд ҷамъомадҳои Осиёи Хурд маслиҳати ҷиддӣ дод, лекин аҳамият диҳед, ки ӯ инро чӣ хел кард. Пеш аз додани маслиҳат ӯ ҷамъомади Эфсӯс, Парғомус, Тиётираро самимона таъриф кард (Ваҳй 2:1–5, 12, 13, 18, 19). Ба ҷамъомади шаҳри Лудкия бошад, ӯ чунин гуфт: «Ман ба касоне, ки дӯст медорам, айбу хатояшонро маълум месозам ва онҳоро ҷазо медиҳам. Пас, боғайрат бош ва тавба кун» (Ваҳй 3:19). Хуб мебуд агар пирон ҳангоми додани маслиҳат ба намунаи Масеҳ пайравӣ кунанд.

РӮҲБАЛАНДКУНӢ НА ТАНҲО ВАЗИФАИ ПИРОН АСТ

Волидон, оё шумо ба фарзандонатон рӯҳбаланд кардани дигаронро ёд медиҳед? (Ба сархати 10 нигаред.)

10. Чӣ тавр ҳар яки мо дар рӯҳбаланд кардани дигарон саҳм гузошта метавонем?

10 Рӯҳбаланд кардан на танҳо вазифаи пирон аст. Павлус ҳамаи масеҳиёнро водор кард, ки «танҳо чизи хуб» гӯянд, то «дар вақти зарурӣ обод карда тавонад», яъне сухане гӯянд, ки ба шунавандагон фоида орад (Эфс. 4:29). Ҳар яки мо бояд нисбати дигарон бодиққат бошем, то «дар вақти зарурӣ» онҳоро рӯҳбаланд карда тавонем. Павлус ба масеҳиёни ибрӣ чунин маслиҳат дод: «Бинобар ин дастҳои суст ва зонуҳои бемаҷолро қувват бахшед, роҳҳоро барои пойҳои худ рост кунед, то он чӣ мелангад, бадтар нашавад, балки шифо ёбад» (Ибр. 12:12, 13). Ҳамаи мо, аз он ҷумла ҷавонон, метавонем якдигарро бо суханони рӯҳбаландкунанда қувват бахшем.

11. Чӣ ба Марто ёрдам кард, ки дар вақти рӯҳафтода буданаш сабукӣ ҳис кунад?

11 Хоҳаре бо номи Марто * дар ҳаёташ муддате рӯҳафтода шуда буд. Ӯ менависад: «Як рӯз ман ба Яҳува дар бораи он дуо гуфтам, ки ба рӯҳбаландӣ ниёз дорам. Баъди ин ман хоҳари калонсолеро вохӯрдам, ки ба ман ҳамдардӣ карда, меҳрубонона муносибат кард. Дар он лаҳза ман ба ин сахт мӯҳтоҷ будам. Вай инчунин аз таҷрибаи худаш нақл кард, ки чӣ тавр чунин озмоишро аз сар гузаронда буд ва баъди ин ман худамро на он қадар танҳо ҳис кардам». Шояд ин хоҳари калонсол ҳатто дарк накард, ки то чӣ андоза суханонаш дили Марторо бардоштанд.

12, 13. Маслиҳати дар Филиппиён 2:1–4 додашударо мо чӣ тавр ба кор бурда метавонем?

12 Павлус ба аъзоёни ҷамъомади Филиппӣ маслиҳат дода гуфт: «Агар шумо дар ягонагӣ бо Масеҳ буда, якдигарро рӯҳбаланд кунед, аз муҳаббат тасаллӣ диҳед, ба якдигар ғамхорӣ кунед ва дар байнатон меҳру муҳаббат ва ҳамдардӣ бошад, пас, шодии маро пурра кунед: якдил бошед, якдигарро дӯст доред, ягонагиро нигоҳ доред ва ҳамфикр бошед. Ягон корро аз рӯйи ҷангҷӯйӣ ё шӯҳратпарастӣ накунед, балки бо фурӯтанӣ дигаронро аз худ боло донед ва на танҳо дар бораи фоидаи худ, балки дар бораи фоидаи дигарон низ фикр кунед» (Флп. 2:1–4).

13 Бале, ҳар яки мо бояд кӯшиш намоем, ки «дар бораи фоидаи дигарон» фикр кунем, онҳоро «аз муҳаббат тасаллӣ» диҳем, «ба якдигар ғамхорӣ» карда, бо «меҳру муҳаббат ва ҳамдардӣ» муносибат кунем. Ҳамин тавр мо метавонем бародарону хоҳаронро рӯҳбаланд созем.

САРЧАШМАИ РӮҲБАЛАНДӢ

14. Чӣ метавонад сарчашмаи рӯҳбаландӣ бошад?

14 Вақте мо дар бораи содиқии касоне, ки пеш аз ҷиҳати рӯҳонӣ кӯмак карда будем, мешунавем, хеле рӯҳбаланд мешавем. Юҳаннои расул инро тасдиқ карда гуфт: «Барои ман аз шунидани он ки фарзандонам бо роҳи ростӣ равонаанд, хурсандии бештаре нест» (3 Юҳ. 4). Бисёри пешравон, вақте мефаҳманд, ки омӯзандагони пештараашон ба Яҳува содиқона хизмат карданро давом медиҳанд ва ҳатто чун пешрав хизмат мекунанд, бениҳоят хурсанд мешаванд. Барои ҳамин агар пешравон рӯҳафтода бошанд, мо метавонем он корҳои хубе, ки онҳо дар гузашта барои кӯмаки дигарон карда буданд, ёдрас кунем. Аллакай худи ҳамин чиз онҳоро рӯҳбаланд карда метавонад.

15. Як роҳи рӯҳбаланд кардани онҳое, ки содиқона хизмат мекунанд, кадом аст?

15 Бисёр нозирони ноҳиявӣ нақл мекунанд, ки баъзан баъди ба ягон ҷамъомад ташриф овардан, аъзоёни он номаи кӯтоҳе навишта, миннатдорӣ баён мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки ҳатто чунин номаи кӯтоҳ онҳо ва занашонро хеле рӯҳбаланд карда буд. Ҳамчунин, вақте мо хизмати пирон, миссионерон, пешравон ва аъзоёни Байт-Илро қадр карда ба онҳо раҳмат мегӯем, онҳо бисёр хурсанд мешаванд.

ЧӢ ТАВР ҲАР ЯКИ МО ДИГАРОНРО МЕТАВОНЕМ РӮҲБАЛАНД КУНЕМ

16. Оё барои рӯҳбаланд кардани ягон шахс чизи бисёр даркор аст?

16 Чунин фикр кардан хатост: «Азбаски ман он қадар гапдон нестам, дигаронро рӯҳбаланд карда наметавонам». Дар асл, барои рӯҳбаланд кардан он қадар чизи бисёр лозим нест. Дар вақти саломуалек ҳатто як табассуми самимӣ шахсро рӯҳбаланд карда метавонад. Агар ӯ дар ҷавоб табассум накунад, вай шояд ягон душворӣ дорад. Вақте мо дарди дилашро гӯш мекунем, ин метавонад ба ӯ тасаллӣ бахшад (Яъқ. 1:19).

17. Чӣ гуна як бародар дар вақти рӯҳафтодагӣ тасаллӣ ёфт?

17 Анрӣ ном бародари ҷавон нақл мекунад, ки вақте якчанд хеши наздикаш, аз он ҷумла падараш, ки пири соҳибэҳтиром буд, ҳақиқатро тарк карданд, вай хеле рӯҳафтода шуд. Боре нозири ноҳиявӣ ӯро барои рӯҳбаланд кардан ба қаҳвахонае таклиф кард ва ба ӯ имконият дод, ки дилашро холӣ кунад. Баъди сӯҳбат бо нозир Анрӣ дарк кард, ки агар худаш содиқ монад, танҳо он вақт ӯ ба оилааш барои аз нав ба ҳақиқат баргаштан кӯмак карда метавонад. Хондани оятҳои Забур 45, Сафанё 3:17 ва Марқӯс 10:29, 30 ба вай тасаллии калон бахшиданд.

Ҳар яки мо метавонем дигаронро дастгирӣ ва рӯҳбаланд кунем (Ба сархати 18 нигаред.)

18. а) Шоҳ Сулаймон дар бораи рӯҳбаландӣ чӣ гуфт? б) Павлус барои рӯҳбаланд кардани дигарон чӣ пешниҳод кард?

18 Мисоли Марто ва Анрӣ нишон медиҳад, ки мо метавонем бародарону хоҳаронеро, ки ба тасаллӣ ниёз доранд, рӯҳбаланд кунем. Шоҳ Сулаймон навишт: «Шодӣ барои одам дар ҷавоби даҳони ӯст: чӣ хуш аст сухани бамавқеъ! Нури чашмон дилро шод мекунад, хабари хуш устухонҳоро аз илик пур мекунад» (Мас. 15:23, 30). Ҳамчунин, хондани мақолае аз «Бурҷи дидбонӣ» ё вебсайтамон метавонад шахси ғамгинро қувват бахшад. Павлус навишт, ки якҷоя бо дигарон сароидани сурудҳои Салтанат метавонад сарчашмаи рӯҳбаландӣ бошад. Ӯ навишт: «Минбаъд низ якдигарро бо таронаҳои Забур, сурудҳо дар васфи Худо ва сурудҳои рӯҳоние, ки бо шукргузорӣ хонда мешаванд, таълим диҳеду рӯҳбаланд кунед ва дар дилҳои худ ба Яҳува сароед» (Қӯл. 3:16; Аъм. 16:25).

19. Барои чӣ рӯҳбаланд кардани якдигар боз ҳам муҳимтар мегардад ва мо бояд чӣ кор кунем?

19 Бо баробари «наздик шудани» рӯзи Яҳува, рӯҳбаланд кардани якдигар боз ҳам муҳимтар мешавад (Ибр. 10:25). Барои ҳамин, чуноне ки Павлуси расул ба масеҳиёни замони худ гуфт, «ҳамдигарро тасаллӣ диҳед ва якдигарро обод кунед, чунон ки низ мекунед» (1 Тас. 5:11).

^ сарх. 11 Номҳо иваз шудаанд.