Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ҷавонон, оё диққати шумо ба мақсадҳои рӯҳонӣ равона аст?

Ҷавонон, оё диққати шумо ба мақсадҳои рӯҳонӣ равона аст?

«Корҳои худро ба Худованд бисупор, ва нақшаҳои ту муваффақият хоҳад ёфт» (МАС. 16:3).

СУРУДҲО: 89, 24

1–3. а) Ҳамаи ҷавонон бо кадом мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд ва кадом мисол инро мефаҳмонад? (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Чӣ ба ҷавонони масеҳӣ ёрдам мекунад, ки ин мушкилиро ба таври беҳтарин ҳал кунанд?

ТАСАВВУР кунед, ки шумо бояд ба шаҳри дигар, ба маъракаи муҳиме равед. Роҳ дур аст, барои ҳамин ба шумо лозим аст, ки ба автобус шинед. Дар истгоҳи нақлиёт шумораи зиёди мусофирон ва автобусҳоро дида, дар аввал сари шумо гаранг мешавад. Чӣ хел нағз ки шумо мақсадатонро аниқ медонед, яъне мақсади шумо ёфтани автобусест, ки ба ҷойи даркорӣ мебарад. Агар шумо ба ягон автобуси дигар шинед, шумо ба самти нодуруст мерафтед.

2 Ҷавононро ба он мусофирон монанд кардан мумкин аст. Онҳоро дар ин синну сол сафари дуру дароз дар пеш аст, аммо гап на дар бораи сафари аслӣ меравад, балки онҳо бояд роҳи зиндагиро интихоб кунанд. Баъзан аз пешниҳодҳои зиёд ва қарорҳое, ки бояд қабул кунанд, сари онҳо гаранг мешавад. Ҷавонон, ба шумо ин кор осонтар мешавад, агар шумо дар ҳаёт ба куҷо рафтанро аниқ донед. Шумо бояд ба кадом самт равед?

3 Ин мақола ба саволи дар боло овардашуда ҷавоб медиҳад ва моро бармеангезад, то диққатамонро ба чизе, ки Яҳува меписандад, равона кунем. Ин маънои онро дорад, ки дар ҳамаи ҷонибҳои ҳаёт: гирифтани маълумот, интихоби ҷойи кор, оиладорӣ ва тарбияи фарзанд маслиҳати Яҳуваро ба назар гирем. Ҳамчунин бояд мақсадҳое гузорем, ки моро ба Яҳува наздик мекунанд. Ҷавонон, агар шумо диққататонро ба хизмати Яҳува равона кунед, Ӯ шуморо албатта баракат медиҳад, то дар ҳаёт комёб шавед. (Масалҳо 16:3-ро хонед.)

ЧАРО МАҚСАДҲОИ РӮҲОНӢ МУҲИМАНД?

4. Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?

4 Дар айёми ҷавонӣ гузоштани мақсадҳои рӯҳонӣ аз рӯйи хирад аст. Чаро? Мо се сабабро дида мебароем. Ду сабаби аввал мефаҳмонад, ки гузоштани чунин мақсадҳо муносибати моро бо Яҳува мустаҳкам мекунад; сабаби сеюм бошад, нишон медиҳад, ки дар ҷавонӣ гузоштани мақсадҳо манфиат меорад.

5. Сабаби асосии гузоштани мақсадҳои рӯҳонӣ кадом аст?

5 Сабаби асосии гузоштани мақсадҳои рӯҳонӣ дар он аст, ки бо ин роҳ мо ба Яҳува барои муҳаббат ва ҳамаи корҳояш миннатдории худро нишон медиҳем. Забурнавис гуфт: «Некӯст Худовандро ҳамд гуфтан... Зеро ки маро, эй Худованд, бо корҳои Худ шод кардаӣ; аъмоли дастҳои Туро тараннум хоҳам кард» (Заб. 91:2, 5). Ҷавонон, фикр кунед, ки Яҳува барои шумо чӣ корҳое кардааст: ҳаёт бахшидааст, ҳақиқатро дар бораи худаш кушодааст, Китоби Муқаддас, ҷамъомад ва барои оянда умеди олиҷаноберо додааст. Вақте шумо корҳои рӯҳониро дар ҷойи аввали ҳаётатон мегузоред, бо ин роҳ нишон медиҳед, ки аз Худо барои ҳамаи ин баракатҳояш миннатдоред ва ин шуморо бо Ӯ наздиктар мекунад.

6. а) Мақсадҳои рӯҳонӣ ба муносибатҳои шумову Яҳува чӣ гуна таъсир мерасонанд? б) Дар хурдсолӣ чӣ гуна мақсадҳо гузоштан мумкин аст?

6 Сабаби дуюм ин аст, ки, вақте шумо сӯйи мақсадҳои рӯҳонӣ қадам мемонед, Яҳува аз ҳамин вақт сар карда корҳои некатонро ба хотираш мегирад. Ин шуморо бо Ӯ боз ҳам наздиктар месозад. Павлуси расул ваъда медиҳад: «Худо беадолат нест, ки кори шуморо, ва он меҳнати муҳаббатеро, ки ба исми Ӯ зоҳир... кардаед ва мекунед, фаромӯш кунад» (Ибр. 6:10). Фикр накунед, ки барои мақсад гузоштан ҳоло аз ҳад ҷавонед. Масалан, Кристина ном хоҳар дар 10-солагиаш мақсад гузошт, ки мунтазам тарҷумаи ҳоли Шоҳидони содиқро хонад. Тобӣ бошад, дар 12-солагиаш мақсад гузошт, ки пеш аз таъмид Китоби Муқаддасро пурра хонад. Максим дар 11-солагӣ ва хоҳараш Ноемӣ дар 10-солагӣ таъмид гирифтанд. Ҳар дуи онҳо мақсад монданд, ки дар Байт-Ил хизмат мекунанд. Барои диққати худро ба ин мақсад равона кардан, онҳо варақа барои хизмати Байт-Илро дар девори хонаашон овехтанд. Ҷавонон, муайян кунед, ки шахсан шумо кадом мақсадҳои муҳимро гузошта метавонед. Сипас барои ба онҳо расидан кӯшиш кунед. (Филиппиён 1:10, 11-ро хонед.)

7, 8. а) Чӣ тавр гузоштани мақсадҳо қабул кардани қарорро осон мегардонад? б) Чаро як хоҳар қарор кард, ки ба донишгоҳ дохил намешавад?

7 Сабаби сеюми барвақт гузоштани мақсадҳо ин аст, ки онҳо ба қабул кардани қарорҳои муҳим кӯмак мекунанд. Ҷавонон бояд оиди гирифтани маълумот, ҷойи кор ва дигар чизҳо қарор қабул кунанд. Қарор баровардан ба он монанд аст, ки шахс дар чорраҳа истодаасту роҳи дурустро интихоб кардан мехоҳад. Агар шумо ба куҷо рафтанро аниқ донед, интихоби роҳ осон мешавад. Ба ин монанд, агар шумо мақсади худро аниқ донед, қарори дуруст қабул кардан бароятон осон мегардад. Дар Масалҳо 21:5 гуфта шудааст: «Мулоҳизаҳои [«Нақшаҳои», ТДН] шахси ғайратманд яқинан нафъовар аст». Ҳар қадаре, ки барвақттар мақсад гузошта нақша кашед, ҳамон қадар тезтар муваффақ мегардед. Домарис ном хоҳар, ки дар наврасӣ қарори муҳим баровард, ҳақ будани инро фаҳмид.

8 Домарис мактабро бо баҳои аъло хатм кард. Ӯ имконият дошт, ки ба донишгоҳи ҳуқуқшиносӣ дохил шавад, лекин ба ҷойи ин ӯ ба кор даромад, ҳарчанд маошаш он қадар калон набуд. Чаро? Ӯ мегӯяд: «Ман дар хурдсолӣ қарор карда будам, ки пешрав мешавам. Барои ин бояд рӯзи нопурра кор мекардам. Гарчанд ман баъди хатми донишгоҳ метавонистам пули зиёд кор кунам, лекин ёфтани кор бо рӯзи нопурра бароям душвор мешуд». Ҳоло Домарис бист сол аст, ки пешрав мебошад. Оё ӯ аз қарори дар ҷавонӣ қабул кардааш розӣ аст? Домарис давом медиҳад: «Дар ҷойи кори ҳозираам ман бо бисёр ҳуқуқшиносон сару кор дорам. Агар ман донишгоҳро хатм мекардам, дар ҷойи онҳо мебудам. Лекин ҳоло мебинам, ки аксари онҳо аз корашон хурсандӣ намегиранд. Қарори пешрав шудан ба ман ёрдам кард, ки солҳои дароз аз хизмати Яҳува хурсандӣ гирам ва худро аз зиқиву рӯҳафтодагие, ки мансабпарастӣ меорад, нигоҳ дорам».

9. Чаро ҷавонон сазовори таърифанд?

9 Ҳазорҳо ҷавонони ҷамъомад дар тамоми дунё ҳақиқатан сазовори таъриф ҳастанд. Онҳо худро ба Яҳува бахшида диққаташонро ба мақсадҳои рӯҳонӣ равона мекунанд. Чунин ҷавонон дар ҳамаи корҳои худ: дар гирифтани маълумот, интихоби ҷойи кор ва оила мувофиқи дастуроти Яҳува амал карданро ёд гирифта, дар ҳаёт худро хушбахт ҳис мекунанд. Сулаймон навишт: «Бо тамоми дили худ ба Худованд таваккал намо... Дар ҳамаи тариқҳои худ Ӯро дарк намо, ва Ӯ роҳҳои туро ҳамвор хоҳад кард» (Мас. 3:5, 6). Ҷавонон, Яҳува шуморо хеле қадр мекунад ва дӯст медорад. Ӯ шуморо ҳимояву роҳнамоӣ мекунад ва баракат медиҳад.

БА ХИЗМАТ ТАЙЁРӢ БИНЕД

10. a) Чаро хизмат дар ҳаёти мо бояд аввалиндараҷа бошад? б) Чӣ тавр мо хизмати худро самараноктар карда метавонем?

10 Ҷавоне, ки аз таҳти дил ба Яҳува маъқул шудан мехоҳад, ба хизмати мавъиза диққати махсус медиҳад. Исо қайд кард: «Лозим аст, ки аввал ин хушхабар... мавъиза карда шавад» (Марқ. 13:10). Азбаски хизмати мавъиза кори таъҷилӣ аст, он дар ҳаётамон бояд чизи аввалиндараҷа бошад. Оё шумо мақсад гузошта метавонед, то дар хизмат бисёртар иштирок кунед? Оё шумо имконияти пешрав шудан доред? Чӣ бояд кард, агар аз хизмати мавъиза кам хурсандӣ гиред? Чӣ тавр шумо самараноктар шаҳодат дода метавонед? Ба шумо ду чиз ёрдам мекунад: хуб тайёрӣ дидан ва ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда мавъизаро давом додан. Он гоҳ шумо аз хизмат чунон хурсандӣ мегиред, ки худатон ҳайрон мешавед.

Барои шаҳодат додан шумо чӣ тавр тайёрӣ мебинед? (Ба сархати 11 ва 12 нигаред.)

11, 12. а) Чӣ тавр ҷавонон метавонанд ба шаҳодатдиҳӣ тайёрӣ бинанд? б) Чӣ тавр як бародари наврас аз имконият истифода бурда дар мактаб шаҳодат дод?

11 Дар вақти тайёрӣ шумо метавонед ба саволҳое ҷавоб ёбед, ки ҳамсинфонатон тез-тез медиҳанд. Масалан, баъзеҳо мепурсанд: «Чаро ту рӯзи таваллудро ҷашн намегирӣ?» Дар вебсайти расмии мо jw.org ва дигар адабиётҳо бисёр мақолаҳое ҳастанд, ки ба ҷавонон барои ёфтани ҷавобҳо кӯмак мекунанд. Барои ба ин савол ҷавоб додан шумо метавонед бо ёрии вебсайти jw.org бахши ДАР БОРАИ МО > САВОЛҲОЕ, КИ ЗУД-ЗУД ДОДА МЕШАВАНД тайёрӣ бинед. Дар қисми «Урфу одатҳо ва идҳо» мавзӯи «Чаро Шоҳидони Яҳува зодрӯзро ҷашн намегиранд?» ҳаст, ки ба шумо кӯмак карда метавонад. Дар ин мақола Ҳастӣ 40:20–22, Марқӯс 6:21–29 ва Ғалотиён 5:19–21 оварда шудаанд, ки шумо онҳоро ба кор бурда метавонед. Аз ин бахш истифода бурда шумо метавонед ба дигар саволҳо низ ҷавоб диҳед. (1 Петрус 3:15-ро хонед.)

12 Агар имконият шавад ҳамсинфонатонро барангезед, то худашон ба сайти jw.org дароянд. Лука ном бародар ҳамин тавр рафтор кард. Дар синф оиди динҳои гуногун муҳокима рафт ва Лука аҳамият дод, ки дар китоби дарсӣ оиди Шоҳидони Яҳува фикри нодуруст навишта шудааст. Ҳарчанд каме тарс дошт, ӯ аз муаллима иҷозат пурсид, то ба ҳамсинфонаш оиди Шоҳидони Яҳува маълумоти дурустро нақл кунад ва муаллима розӣ шуд. Лука на танҳо дар бораи имонаш нақл кард, ӯ ҳамчунин ба тамоми синф вебсайтамонро нишон дод. Сипас муаллима ба ҳар як хонанда супориш дод, ки аниматсияи фломастерии «Бе мушту лагад адаби беодобро бидеҳ»-ро тамошо кунад. Лука хеле хурсанд буд, ки чунин шаҳодати хуб дода тавонист.

13. Чаро ҳангоми душвориҳо мо набояд аз мақсади худ даст кашем?

13 Ҳарчанд роҳи сафари шумо баъзан ноҳамвор бошад ҳам, рӯҳафтода нашавед ва сӯйи мақсад ҳаракат карданро давом диҳед (2 Тим. 4:2). Катарина ном хоҳар дар 17-солагиаш мақсад монд, ки ба ҳар як ҳамкораш шаҳодат медиҳад. Яке аз ҳамкоронаш чанд бор ӯро дашном дод, вале ин ӯро аз мавъиза кардан бознадошт. Дар чунин вазъият низ Катарина рафтори хуб мекард ва ин ба ҳамкори дигараш, ки Ҳанс ном дошт, сахт таъсир кард. Дар натиҷа ӯ адабиётҳои моро мехондагӣ шуд, омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард ва баъдтар таъмид гирифт. Катарина аз ҳамаи ин хабар надошт, чунки ба дигар ҷой кӯчида буд. Баъди 13 сол, вақте ки як рӯз Катарина ва оилааш дар Толори Салтанат менишастанд, эълон карда шуд, ки Ҳанс чун нотиқи даъватшуда баромад мекунад. Тасаввур кунед, ки Катарина аз шунидани ин то чӣ андоза хурсанд шуд! Чӣ хуб аст, ки ӯ ҳамон вақт аз мақсади ба ҳамкоронаш мавъиза кардан даст накашид!

НАГУЗОРЕД, КИ ДИҚҚАТАТОН ПАРЕШОН ШАВАД

14, 15. а) Ҷавонон ба чӣ бояд роҳ надиҳанд? б) Кадом чизҳо ба ҷавонон кӯмак мекунанд, ки ба фишори ҳамсолон дода нашаванд?

14 Инак, ҷавонон, ин мақола шуморо барангехт, ки дар ҳаётатон хизмати Яҳуваро дар ҷойи аввал гузоред. Ин маънои онро дорад, ки мақсадҳои рӯҳонӣ монед ва доимо сӯйи онҳо ҳаракат кунед. Дигар ҷавонони ҳамсинну соли шумо шояд асосан дар бораи вақтхушӣ фикр кунанд ва шуморо низ ба ин барангезанд. Лекин дер ё зуд онҳо бояд фаҳманд, ки шумо дар ҳаёт чӣ мақсадҳо доред ва то чӣ андоза онҳо бароятон муҳиманд. Ба дигарон нагузоред, ки диққати шуморо аз ин мақсадҳо парешон кунанд. Бори дигар мисоли автобусро ба хотир оред. Охир, шумо ба кадом автобусе, ки рост ояд, танҳо аз сабаби он ки мусофиронаш ба назар вақтро хуб мегузаронанд, намешинед-ку.

15 Якчанд чиз кӯмак мекунад, ки ба фишори ҳамсолон дода нашавед. Якум, аз ҳолатҳое, ки шуморо ба васваса тела доданаш мумкин аст, дурӣ ҷӯед (Мас. 22:3). Дуюм, дар бораи оқибати дардовари рафтори бад фикр кунед (Ғал. 6:7). Сеюм, эътироф кунед, ки ба маслиҳатҳои дигарон мӯҳтоҷед. Ба он чизе, ки волидонатон ва дигар шахсони рӯҳан баркамол мегӯянд, фурӯтанона гӯш диҳед. (1 Петрус 5:5, 6-ро хонед.)

16. Нақл кунед, ки ба як бародар фурӯтанӣ чӣ манфиат овард.

16 Фурӯтанӣ ба Кристоф ном бародар кӯмак кард, ки маслиҳати дигаронро қабул кунад. Чанде пас аз таъмид гирифтанаш ӯ дар як маркази варзишӣ мунтазам машқ мекард. Дар он ҷо дигар ҷавонон ӯро таклиф мекарданд, ки ба клуби онҳо дохил шавад. Ӯ дар ин бора бо як пири ҷамъомад гап зад ва ӯ маслиҳат дод, ки пеш аз қабули қарор оиди баъзе хатарҳо, масалан, ба хатари рӯҳияи рақобатпарастӣ дода шудан фикр кунад. Лекин ба ҳар ҳол Кристоф ба клуб аъзо шуд. Бо гузашти вақт ӯ фаҳмид, ки ин намуди варзиш бо зӯроварӣ алоқаманд ва ҳатто хатарнок аст. Ӯ боз бо якчанд пирони дигар сӯҳбат кард ва онҳо дар асоси Китоби Муқаддас ба ӯ маслиҳат доданд. Ӯ мегӯяд: «Яҳува ба ман маслиҳатчиёни хубро дод ва дертар бошад ҳам, ман ба Ӯ гӯш додам». Оё ба шумо фурӯтанӣ мерасад, ки маслиҳати оқилонаро қабул кунед?

17, 18. а) Яҳува барои ҷавонон чӣ мехоҳад? б) Баъзеҳо баъди калонсол шудан аз чӣ пушаймон шуда метавонанд ва чӣ бояд кард, то ин бо мо рӯй надиҳад? Мисол оред.

17 «Эй ҷавон [ё духтар], дар наврасии худ айшу тараб намо, то ки дилат туро дар айёми ҷавонии ту шод гардонад» (Воиз 11:9). Бале, Яҳува мехоҳад, ки дили ҷавонон шод бошад. Дар ин мақола мо дида баромадем, ки як роҳи ба даст овардани шодӣ барои ҷавонон кадом аст. Диққати худро ба мақсадҳои рӯҳонӣ равона кунед ва дар ҳамаи нақшаҳои худ ба Яҳува такя намоед. Чӣ қадаре ки ин қадамҳоро барвақттар гузоред, ҳамон қадар тезтар мебинед, ки Яҳува шуморо роҳнамоӣ ва муҳофизат мекунад ва баракат медиҳад. Дар бораи маслиҳатҳои оқилонаи Каломи Худо мулоҳиза кунед ва ба насиҳати зерин гӯш диҳед: «Офаринандаи худро дар айёми ҷавонии худ дар хотир нигоҳ дор» (Воиз 12:1).

18 Айёми ҷавонӣ дурудароз давом намекунад. Ҷавонон хеле зуд ба камол мерасанд. Бисёриҳо баъди калонсол шудан пушаймон мегарданд, ки дар ҷавонӣ аз пайи мақсадҳои нодуруст рафтанд ё афсӯс мехӯранд, ки умуман мақсад надоштанд. Вале онҳое, ки имрӯз диққаташонро ба мақсадҳои рӯҳонӣ равона мекунанд, калонсол шуда аз қарорҳои қабулкардаи худ қаноатмандӣ ҳис мекунанд. Инро мисоли Мирҷана ном хоҳар нишон медиҳад. Ҳангоми наврасӣ ӯ дар соҳаи варзиш маҳорати хеле хуб дошт ва ба бозиҳои олимпии зимистона таклиф карда шуд. Вале ба ҷойи қабул кардани ин таклиф ӯ хизмати пурравақтро интихоб кард. Ҳоло зиёда аз 30 сол аст, ки ӯ ходими пурравақт мебошад ва шавҳараш низ дар ин намуди хизмат аст. Ӯ мефаҳмонад: «Шӯҳрат, обрӯ, мансаби баланд ва боигарӣ чизҳои муваққатианд ва дар ҳаёт мақсадҳои арзанда нестанд. Мақсади беҳтарине, ки манфиати давомнок меорад ин хизмат ба Худо ва расонидани ёрии рӯҳонӣ ба одамон аст».

19. Дар ҷавонӣ гузоштани мақсадҳои рӯҳонӣ чӣ гуна баракатҳо меорад?

19 Ҷавонон, мо аз сидқи дил ба шумо офарин мегӯем, чунки нигоҳ накарда ба душвориҳо, диққататонро ба хизмати Яҳува равона мекунед. Барои ин шумо мақсадҳои рӯҳонӣ мегузоред ва кори мавъизаро дар ҳаётатон аз ҳама муҳим мешуморед. Инчунин шумо роҳ намедиҳед, ки ин ҷаҳон диққататонро парешон кунад. Дилпур бошед, ки кӯшишҳои шумо беҳуда нестанд. Бародарону хоҳарон шуморо дӯст медоранд ва дастгирӣ мекунанд. Ва, агар шумо корҳои худро ба Яҳува супоред, нақшаҳои шумо дар ҳаёт муваффақият хоҳанд ёфт.