Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 16

Ба Яҳува чизи беҳтаринатонро дода шодӣ кунед

Ба Яҳува чизи беҳтаринатонро дода шодӣ кунед

«Бигзор ҳар кас ба кори худ диққат диҳад» (ҒАЛ. 6:4).

СУРУДИ 10 «Худоям, маро бифирист!»

ПЕШГУФТОР a

1. Чӣ ба мо хушбахтии зиёд меорад?

 ЯҲУВА мехоҳад мо хушбахт бошем. Хурсандӣ бошад, самари рӯҳи муқаддаси Яҳува аст (Ғал. 5:22). Азбаски додан назар ба гирифтан хурсандии бештар меорад, вақте мо дар кори мавъиза фаъолона иштирок менамоем ва ба бародару хоҳарон бо ҳар роҳ ёрӣ мерасонем, хурсандӣ мегирем (Кор. 20:35).

2, 3. а) Мувофиқи Ғалотиён 6:4 кадом ду чиз ба мо кумак мекунад, ки дар хизмати Яҳува хурсандиро нигоҳ дорем? б) Дар ин мақола чиро дида мебароем?

2 Дар Ғалотиён 6:4 Павлуси расул дар бораи ду чиз гуфтааст, ки ба мо кумак мекунад, то хурсандиамонро нигоҳ дорем. (Оятро хонед.) Якум, мақсади мо бояд ба Яҳува чизи беҳтарини худамонро додан бошад. Агар чизи беҳтарини худро ба ӯ диҳем, хушбахт мешавем (Мат. 22:36–38). Дуюм, мо набояд худро бо дигарон муқоиса кунем. Масалан, шояд мо соқу саломат ҳастем, ягон истеъдод дорем ё кореро нағз аз худ кардаем, дар ин сурат барои ҳар коре, ки аз дастамон меояд, мо бояд аз Яҳува миннатдор бошем. Охир, чизе надошта бошем, ӯ ба мо додааст. Вале, агар дигарон назар ба мо дар хизмат аз баъзе ҷиҳат беҳтар бошанд, мо бояд шодӣ кунем, ки онҳо истеъдоду ҳунарашонро барои худро боло гирифтан ё қонеъ кардани хоҳишҳои худашон нею барои ҷалол додани Яҳува истифода мебаранд. Аз ин рӯ ба ҷойи бо ин ҳамимонон рақобат кардан, беҳтараш аз онҳо ибрат гирем.

3 Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки вақте дар хизмати Яҳува ҳар қадаре мехоҳем карда наметавонем ва рӯҳафтода мегардем, чӣ ба мо қувват мебахшад. Инчунин баррасӣ мешавад, ки чӣ хел истеъдодамонро ба таври беҳтарин ба кор барем ва аз намунаи дигарон ибрат гирем.

ВАҚТЕ ЧИЗИ ДИЛХОҲАМОНРО КАРДА НАМЕТАВОНЕМ

Вақте мо дар ҳаёт аз дилу ҷон кӯшиш мекунем, Яҳува инро дида хурсанд мешавад (Ба сархатҳои 4–6 нигаред.) b

4. Чӣ сабаби рӯҳафтодагӣ шуда метавонад? Мисол оред.

4 Баъзе хизматгорони Яҳува аз сабаби синну сол ё вазъи саломатӣ дар хизмати Яҳува ба таври дилхоҳ ҷадал карда наметавонанд, бинобар ин рӯҳафтода мешаванд. Хоҳар Карол маҳз бо чунин вазъият дучор шуд. Як замон ӯ дар ҷое, ки ба воизон ниёз буд, хизмат мекард. Он вақт хоҳар бо 35 кас омӯзиш мегузаронд ва ба баъзеҳо кумак расонд, ки таъмид гиранд. Хулоса, хизмати ӯ дар ҷӯшу хурӯш буд. Баъдтар саломатиаш бад шуд ва ӯ маҷбур буд, ки аксар вақтро дар хона гузаронад. Карол мегӯяд: «Ман мефаҳмам, ки аз сабаби саломатиам чени дигарон хизмат карда наметавонам. Бо вуҷуди ин ҳис мекунам, ки мисли онҳо масеҳии хуб нестам. Азбаски корҳои дилхоҳамро карда наметавонам, ман сахт рӯҳафтода мешавам». Карол мехоҳад, ки ба Яҳува чизи беҳтаринашро диҳад. Дар воқеъ, ӯ шоёни таҳсин аст. Мо боварӣ дорем, ки Яҳува рӯҳияи неки ӯро қадр мекунад.

5. а) Вақте аз сабаби маҳдудиятҳоямон дилшикаста мешавем, бояд чиро ба ёд орем? б) Чи хеле дар расмҳо тасвир шудааст, бародарамон чӣ тавр пайваста ба Яҳува чизи беҳтаринашро медиҳад?

5 Агар шумо низ аз сабаби маҳдудиятҳоятон рӯҳафтода шавед, аз худ пурсед: «Яҳува аз ман чӣ интизор аст?» Яҳува мехоҳад, шумо дар вазъияти худ чизи беҳтаринатонро ба ӯ диҳед. Биёед мулоҳиза ронем. Фарз кардем, хоҳаре, ки 80-сола аст, рӯҳафтода гаштааст, ки чизеро, ки дар чилсолагиаш карда метавонист, ҳозир карда наметавонад. Ба ақидааш, ҳарчанд ӯ дар вазъияти ҳозираи худ чизи беҳтаринро медиҳад, Яҳува аз ӯ розӣ нест. Оё дар асл чунин аст? Як фикр кунед: агар ин хоҳар дар чилсолагиаш чизи беҳтаринашро дода бошад ва имрӯз низ, дар ҳаштодсолагӣ, чизи беҳтаринашро диҳад, ин маънои онро дорад, ки ӯ то ҳол ба Яҳува ба таври беҳтарин хизмат карда истодааст. Пас, агар мо ҳис кунем, ки хизматамон ба Яҳува писанд нест, бояд ба худ ёдрас кунем, ки Яҳува муқаррар мекунад, ки чӣ ба ӯ писанд асту чӣ не, на ин ки мо. Аз ин рӯ, агар мо аз тарафи худ ҷадал намоем, Яҳува бешубҳа аз мо розӣ мешавад. (Бо Матто 25:20–23 муқоиса кунед.)

6. Мо аз намунаи хоҳар Мария чӣ меомӯзем?

6 Ба ҷойи диққатро ба корҳое, ки карда наметавонем равона сохтан, беҳтараш ба корҳое диққат кунем, ки карда метавонем. Ин тавр карда мо хурсандиамонро аз даст намедиҳем. Мисоли хоҳар Марияро дида мебароем, ки аз сабаби бемориаш бисёр корҳоро карда наметавонад. Ӯ дар аввал худро ночор ҳис карда хеле дилшикаста мешуд. Вале баъдтар ӯ дар бораи хоҳаре аз ҷамоаташон, ки бистарӣ буд, фикр кард ва қарор намуд, ки ба ӯ кумак мекунад. Мария мегӯяд: «Ман тасмим гирифтам, ки бо ӯ ба воситаи телефон ва навиштани мактуб хизмат мекунам. Ҳар боре ки мо ҳамкорӣ мекардем, ман хушу хурсанд хона бармегаштам, зеро қаноатмандӣ ҳис мекардам, ки ба хоҳарам кумак карда тавонистам». Мо низ агар диққатамонро ба корҳое, ки аз дастамон меоянд, равона созем, хурсандиамон зиёд мегардад. Вале, агар мо дар хизмати Яҳува бисёртар самар орем ё аз ягон ҷиҳат назар ба дигарон бомаҳораттар бошем-чӣ?

ҚОБИЛИЯТИ ХУДРО БА КОР БАРЕД!

7. Петруси расул ба масеҳиён чӣ гуна маслиҳати амалӣ дод?

7 Дар номаи аввали илҳомбахшидааш Петруси расул масеҳиёнро насиҳат карда гуфтааст, ки чӣ ҳунару қобилияте надошта бошанд, барои обод кардани ҳамимонони худ ба кор баранд. Петрус навишт: «Шумо аз лутфи Худо атоҳои гуногунро соҳиб шудед. Пас, чун назоратгарони нек ҳар яке мувофиқи атои гирифтаатон ба якдигар хизмат кунед» (1 Пет. 4:10). Яъне мо бояд қобилиятамонро пурра ба кор барем ва хавотир нашавем, ки дигарон ба мо ҳасад бурда рӯҳафтода мешаванд. Чунки агар ин тавр накунем, ба Яҳува чизи беҳтаринамонро дода наметавонем.

8. Мувофиқи 1 Қӯринтиён 4:6, 7 чаро мо дар бораи қобилиятҳоямон набояд лоф занем?

8 Бале, чи хеле қайд шуд, мо бояд қобилиятҳоямонро пурра ба кор барем, вале ҳамзамон эҳтиёт шавем, ки мағрур нагардем. (1 Қӯринтиён 4:6, 7-ро хонед.) Масалан, шояд шумо махсусан дар сар кардани омӯзиш усто бошед, пас, ин қобилиятатонро минбаъд низ ба кор баред. Вале ҳамзамон дар ёд доред, ки дар бораи ин истеъдодатон шумо набояд лоф занед. Фарз кардем, шумо ба наздикӣ дар хизмат омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кардед. Бинобар ин сахт мехоҳед, ки дар бораи ин муваффақият ба гурӯҳи хизматиатон нақл кунед. Вале бо гурӯҳи хизматӣ вохӯрдан замон шумо мебинед, ки хоҳаре нақл карда истодааст, ки чӣ тавр дар хизмат ба касе маҷалла додааст. Хуб, ӯ маҷалла додаасту шумо бошед, омӯзиш сар кардаед. Шумо чӣ кор мекунед? Албатта, агар бародару хоҳарон фаҳманд, ки шумо омӯзиш сар кардед, рӯҳбаланд мешаванд, вале, эҳтимол, шумо қарор кунед, ки ягон рӯзи дигар дар бораи воқеаи худ нақл мекунед. Шумо намехоҳед, ки он хоҳар фикр кунад, ки дар хизмат мисли шумо нағз самар оварда наметавонад. Ин тавр карда шумо меҳрубониатонро нишон медиҳед, лекин ҳеҷ гоҳ сар кардани омӯзишро бас накунед.

9. Чӣ тавр мо бояд қобилиятҳоямонро истифода барем?

9 Биёед фаромӯш накунем, ки чӣ қобилияте надошта бошем, ин ҳадияи Яҳува аст. Мо бояд ин қобилиятҳоямонро барои обод гардондани ҷамоат истифода барем, на ин ки барои худро намоиш додан (Флп. 2:3). Қобили зикр аст, ки қуввату қобилиятамонро мувофиқи хости Яҳува ба кор бурда ӯро ҷалол додан ба мо хурсандӣ меорад, на ин ки аз дигарон бештар кардан ё аз онҳо беҳтар будан.

10. Чаро худро бо дигар кас муқоиса кардан аз рӯйи хирад нест?

10 Агар шахс эҳтиёт нашавад, ба дом афтида афзалияти худро бо сустии дигар кас муқоиса карда метавонад. Фарз кардем, бародаре маҳорати хуби нутқ гуфтан дорад. Ин афзалияти ӯ аст. Дар ин сурат чунин шуданаш мумкин аст, ки ӯ дар дил ба бародаре, ки на он қадар нотиқи хуб аст, бо чашми кам нигарад. Вале бояд ба назар гирифт, ки нотиқи хуб набошад ҳам, ин бародар шояд меҳмоннавоз асту кӯдаконашро хуб тарбия мекунад ва дар хизмат ҷидду ҷаҳд менамояд. Бале, мо бениҳоят миннатдор ҳастем, ки дар миёнамон ин қадар бародару хоҳарони бомаҳорате дорем, ки қобилиятҳояшонро барои хизмати Яҳува ва дигарон истифода мебаранд!

АЗ НАМУНАИ ДИГАРОН ОМӮЗЕД

11. Чаро мо бояд кӯшиш кунем, ки аз намунаи Исо ибрат гирем?

11 Чи хеле дар сархатҳои боло қайд шуд, мо набояд худро бо дигарон муқоиса кунем. Ҳамзамон хизматгорони бовафои Яҳува барои мо намунаи ибратанд. Масалан, Исоро мегирем. Ҳарчанд мо комил нестем, аз хислатҳои зебо ва корҳои ӯ бисёр чизҳоро омӯхта метавонем (1 Пет. 2:21). Агар мо кӯшиш карда ҳарчи бештар ба намунаи Исо пайравӣ кунем, ба Яҳува беҳтар хизмат карда бештар самар меорем.

12, 13. Мо аз шоҳ Довуд чӣ меомӯзем?

12 Дар Каломи Худо бисёр намунаҳои мардону занони бовафое ҳастанд, ки новобаста ба нокомилиашон барои мо намунаи ибратанд (Ибр. 6:12). Масалан, агар Довудро гирем, Яҳува ӯро «шахси табъи» дилаш номид. Дар як тарҷумаи Китоби Муқаддас ин суханон чунин омадаанд: «Шахсе, ки ба ман аз ҳама бештар маъқул аст» (Кор. 13:22). Чи хеле медонем, Довуд шахси комил набуд. Дар асл, ӯ якчанд гуноҳи ҷиддӣ карда буд, вале новобаста ба ҳамаи ин ӯ барои мо намунаи ибрат аст. Чаро? Чунки вақте ӯро ислоҳ мекарданд, ӯ худро сафед намекард. Баръакс, ӯ танбеҳро қабул карда самимона аз кори кардааш пушаймон мешуд. Барои ҳамин Яҳува ӯро мебахшид (Заб. 51:3, 4, 10–12).

13 Мо аз Довуд чӣ омӯхта метавонем? Мисол аз худ пурсед: «Чӣ тавр ман ба маслиҳат муносибат мекунам? Оё дарҳол хатоямро тан мегирам ё кӯшиш карда худро сафед мекунам? Ё даррав дигаронро айбдор мекунам? Кӯшиш мекунам, ки дигар хатоямро такрор накунам?» Шумо метавонед аз Китоби Муқаддас дар бораи дигар хизматгорони бовафои Яҳува хонда ба худ саволҳои ба ин монанд диҳед. Фикр кунед, ки оё мушкилиҳое, ки онҳо доштанд, ба мушкилиҳои шумо монанданд? Онҳо чӣ гуна хислатҳои хуб доштанд? Дар ҳар як маврид аз худ пурсед: «Чӣ кор кунам, ки ба ин хизматгори бовафои Яҳува монанд шавам?»

14. Ҳамимононро мушоҳида карда чӣ манфиат гирифта метавонем?

14 Мо инчунин ҳамимонони ҷавону пиронсоламонро мушоҳида карда манфиат гирифта метавонем. Масалан, оё шумо метавонед дар бораи касе аз ҷамоататон фикр кунед, ки ба фишори ҳамсолон, зиддият дар оила ё саломатии бад нигоҳ накарда истодагарӣ мекунанд? Оё дар чунин ҳамимон ягон хислати шоёни таҳсин ҳаст, ки шумо онро бештар инкишоф диҳед? Ба намунаи чунин ҳамимонон диққат карда шумо фаҳмида метавонед, ки бо кадом роҳҳо ба озмоишҳои худ тоб оред. Дар ҳақиқат мо хушбахтем, ки дар иҳотаи чунин ҳамимонони қавиимон мебошем (Ибр. 13:7; Яъқ. 1:2, 3).

АЗ ХИЗМАТИ ЯҲУВА ХУРСАНДӢ ГИРЕД

15. Павлуси расул чӣ гуна маслиҳате дод, ки ба мо кумак карда метавонад, то минбаъд низ аз хизмати Яҳува хурсандӣ гирем?

15 Барои нигоҳ доштани сулҳу оромӣ дар ҷамоат ҳар яки мо бояд кӯшиш кунем, ки чизи беҳтаринамонро ба Яҳува диҳем. Биёед мисоли масеҳиёни асри якро аз назар гузаронем. Онҳо низ қобилияту таъйиноти гуногун доштанд (1 Қӯр. 12:4, 7–11). Вале ҳеҷ гоҳ бо якдигар рақобат ё ҷанг намекарданд. Павлуси расул онҳоро насиҳат карда гуфт, ки ҳар якашон бояд кӯшиш кунанд, то «бадани Масеҳро бино созанд». Ӯ ба эфсӯсиён навишт: «Вақте ҳар як узв вазифаи худро дуруст иҷро мекунад, бадан инкишоф меёбад ва аз муҳаббат бино мешавад» (Эфс. 4:1–3, 11, 12, 16). Онҳое, ки гуфтаҳои Павлусро ба ҷо меоварданд, ба оромиву ягонагии ҷамоат мусоидат менамуданд. Дар ҷамоатҳои мо низ чунин муҳит ҳукмфармо аст.

16. Мо бояд бо азми қавӣ чӣ кор кунем? (Ибриён 6:10).

16 Хулоса, ҳеҷ гоҳ худро бо дигарон муқоиса накунед. Ба ҷойи ин аз Исо ибрат гирифта кӯшиш кунед, ки хислатҳои ӯро дар худ инкишоф диҳед. Аз намунаи хизматгорони бовафои пешин ва имрӯзаи Яҳува омӯхта манфиат гиред. То даме ки шумо чизи беҳтаринатонро ба Яҳува медиҳед, боварии комил дошта бошед, ки Яҳува «беинсоф нест, ки [меҳнататонро]... фаромӯш кунад». (Ибриён 6:10-ро хонед.) Минбаъд низ аз хизмати Яҳува хурсандӣ гиред ва донед, ки вақте ӯ мебинад, ки шумо барои ба ӯ писанд омадан талош меварзед, хеле хурсанд мешавад.

СУРУДИ 45 Шитобон рав ба пеш!

a Ҳар яки мо ба намунаи дигарон диққат дода ибрат гирифта метавонем. Вале дар ин хусус хатарҳое ҳастанд, ки мо бояд эҳтиёт шавем. Ин мақола ба мо кумак мекунад, ки хурсандиамонро нигоҳ дорем ва ҳангоми аз дигарон ибрат гирифтан ба доми мағрурӣ ё рӯҳафтодагӣ наафтем.

b ШАРҲИ РАСМ: Бародаре дар ҷавониаш дар Байт-Ил хизмат мекард. Сипас оиладор шуда ҳамроҳи ҳамсараш пешрави доимӣ шуд. Баъди фарзанддор шудан ба кӯдаконаш мавъиза карданро таълим дод. Ҳоло бошад, дар пиронсолиаш ба воситаи мактуб мавъиза карда чизи беҳтаринашро ба Яҳува медиҳад.