Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 15

Оё шумо дар гуфтор намуна ҳастед?

Оё шумо дар гуфтор намуна ҳастед?

«Дар гуфтор... ба вафодорон намуна бош» (1 ТИМ. 4:12).

СУРУДИ 53 Дар ягонагӣ ҳамкорӣ мекунем

ПЕШГУФТОР a

1. Қобилияти гапзании мо чӣ тавр пайдо шудааст?

 ҚОБИЛИЯТИ сухан гуфтан ҳадияест аз ҷониби Худои пурмеҳрамон. Аз рӯзи офарида шуданаш аввалин одам бо ёрии калимаҳо бо Падари осмониаш муошират мекард. Одам инчунин калимаҳои навро эҷод карда захираи луғавиашро бой гардонда метавонист. Ин қобилияташро ба кор бурда ӯ ба ҳайвоноти гуногун ном мемонд (1 Мӯсо 2:19). Бешак, вақте ӯ якум бор бо зани зебояш, Ҳавво, гап зад, ба ваҷд омад (1 Мӯсо 2:22, 23).

2. Чӣ хел то имрӯз қобилияти гапзаниро нодуруст истифода мебаранд?

2 Вале дере нагузашта ин ҳадия нодуруст истифода бурда шуд. Масалан, вақте Шайтон Иблис Ҳавворо фиреб дод, одамон гунаҳкор ва нокомил шуданд (1 Мӯсо 3:1–4). Одам низ вақте дар гуноҳи худ занаш Ҳавво ва ҳатто Яҳуваро айбдор намуд, қобилияти гуфторашро нодуруст истифода бурд (1 Мӯсо 3:12). Ба ин монанд, Қобил бародараш Ҳобилро кушта ба Яҳува гапи дурӯғ зад (1 Мӯсо 4:9). Баъдтар Ломак ном марде, ки аз насли Қобил буд, дар бораи бадкориҳое, ки дар замонаш рӯй медод, шеър эҷод кард (1 Мӯсо 4:23, 24). Дар бораи рӯзҳои мо чӣ гуфтан мумкин? Имрӯз роҳбарони сиёсӣ рӯирост дар назди халқ бадзабонӣ мекунанд. Инчунин қариб дар ҳамаи филмҳое, ки ба ҳамагон дастрасанд, суханони қабеҳ бемалол истифода бурда мешаванд. Суханони қабеҳро ҳатто дар мактаб ва байни одамони калонсол дар ҷойи кор шунидан мумкин аст. Бале, аз бадзабонии одамон маълум мешавад, ки то чӣ андоза ахлоқи одамизод паст шудааст.

3. Мо бояд аз кадом хатар огоҳ бошем ва дар ин мақола чиро дида мебароем?

3 Агар эҳтиёт нашавем, мо низ ба шунидани суханони қабеҳ чунон одат мекунем, ки он дар забонамон мечаспад. Мо чун хизматгорони Худо мехоҳем розигии ӯро ба даст орем, барои ҳамин набояд ҳеҷ гоҳ бадзабонӣ кунем. Мо мехоҳем, ки ин ҳадияи пурқиматро дуруст истифода бурда Худоямонро ҷалол диҳем. Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки чӣ тавр дар мавридҳои зерин бо гуфтор Яҳуваро ҷалол дода метавонем: 1) Дар хизмат, 2) дар вохӯриҳо ва 3) ҳангоми муошират бо дигарон. Дар аввал биёед дида бароем, ки чаро гуфтори мо барои Яҳува аҳамият дорад.

ГУФТОРИ МО БА ЯҲУВА АҲАМИЯТ ДОРАД

Гуфтори шумо дар бораи андешаҳои дилатон чиро ошкор месозад? (Ба сархатҳои 4 ва 5 нигаред.) d

4. Мувофиқи Малокӣ 3:16 чаро гуфтори мо ба Яҳува аҳамият дорад?

4 Малокӣ 3:16-ро хонед. Ба фикратон чаро Яҳува номи онҳоеро, ки дар бораи номи муқаддасаш мулоҳиза меронанду бо гуфторашон худотарсии худро нишон медиҳанд, дар «китоби ёддошт» менависад? Зеро аз гуфтори шахс маълум мешавад, ки дар дилаш чӣ аст. Аҳамият диҳед, Исо дар ин бора чӣ гуфта буд: «Дар дил чизе бошад, ба забон ҳамон меояд» (Мат. 12:34). Аз гуфторамон маълум мешавад, ки мо чӣ қадар Яҳуваро дӯст медорем. Яҳува бошад, мехоҳад, ки дӯстдоронаш то абад дар дунёи нав зиндагӣ кунанд.

5. а) Ибодатамон аз кадом ҷиҳат бо гуфтори мо алоқаманд аст? б) Чи хеле дар расм оварда шудааст, мо бояд дар бораи гуфторамон чиро донем?

5 Инчунин аз гуфторамон маълум мешавад, ки Яҳува ибодатамонро қабул мекунад ё не (Яъқ. 1:26). Баъзе одамоне, ки Худоро дӯст намедоранд, бадқаҳрона ва мағрурона гап мезананд (2 Тим. 3:1–5). Шакке нест, ки ҳеҷ яки мо намехоҳем ба чунин одамон монанд бошем. Мо мехоҳем бо гуфторамон Яҳуваро хурсанд кунем. Лекин як фикр кунед: Агар мо дар вохӯриҳо ё мавъиза суханони нек гӯему дар хона бошад, заҳргапӣ кунем, оё ин ба Яҳува писанд меояд? (1 Пет. 3:7).

6. Гуфтори хуби хоҳар Кимберли чӣ натиҷа овард?

6 Вақте мо гуфторамонро дуруст истифода мебарем, хизматгори Яҳува буданамон маълум мегардад. Мо ба дигарон кумак мекунем, то фарқи «касеро, ки ба Худо хизмат мекунаду касеро, ки хизмат намекунад», баръало бинанд (Мал. 3:18). Ҳақ будани ин суханонро аз мисоли хоҳарамон Кимберли b дидан мумкин аст. Боре ба ӯву ҳамсинфаш дар мактаб супорише доданд, ки бояд якҷоя иҷро мекарданд. Бо Кимберли ҳамкорӣ карда ҳамсинфаш пай бурд, ки ӯ аз дигар талабагон фарқ мекунад. Масалан, аз пушти дигарон ҳар гап намегӯяд, хушмуомила аст ва бадзабонӣ намекунад. Ҳамин тавр ҳамсинфи Кимберли шавқманд шуда омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард. Бешак, вақте мо бо гуфторамон дигаронро ба ҳақиқат ҷалб мекунем, Яҳува бениҳоят хурсанд мешавад.

7. Шумо қобилияти гап заданро, ки атои Яҳува аст, чӣ тавр истифода бурданиед?

7 Ҳамаи мо мехоҳем, бо гуфторамон Яҳуваро ҷалол диҳем ва бо бародару хоҳарон наздиктар шавем. Пас, биёед боз бо якчанд роҳе шинос шавем, ки чӣ тавр мо минбаъд низ «дар гуфтор» намуна буда метавонем.

ДАР ХИЗМАТ НАМУНА БОШЕД!

Дар хизмат бо одамон меҳрубонона гап задан ба Яҳува писанд аст (Ба сархатҳои 8 ва 9 нигаред.)

8. Дар хизмат мо аз тарзи гуфтори Исо чӣ ибрат мегирем?

8 Агар шуморо асабӣ карданӣ шаванд, дар гуфтор меҳрубон ва боэҳтиром бошед. Вақте Исо дар замин буд, одамон ӯро ноҳақ айбдор карда мегуфтанд, ки ӯ майпараст, пурхӯр, хизматгори Иблис, вайронкунандаи рӯзи шанбе ва ҳатто куфргӯ аст (Мат. 11:19; 26:65; Луқ. 11:15; Юҳ. 9:16). Бо вуҷуди ин Исо дар ҷавоб ба ғазаб омада бадзабонӣ намекард. Аз Исо ибрат гирифта мо низ набояд бар ивази суханони баде, ки дар ҳаққамон мегӯянд, бадгӯйӣ кунем (1 Пет. 2:21–23). Албатта, дар ин маврид худдорӣ кардан осон нест (Яъқ. 3:2). Пас, биёед фаҳмем, ки чӣ ба мо кумак карда метавонад.

9. Чӣ ба мо кумак мекунад, ки дар хизмат лаҷоми забонамонро кашем?

9 Вақте дар хизмат соҳибхона ба шумо дағалӣ мекунад, зиқ нашавед. Бародаре бо номи Сэм мегӯяд: «Ман диққатро ба он равона мекунам, ки соҳибхона бояд ҳақиқатро фаҳмад ва ӯ ислоҳ шуда метавонад». Баъзан соҳибхона барои он ба ғазаб меояд, ки мо дар вақти номувофиқ меоем. Дар ин хусус намунаи хоҳар Лусия ибратангез аст. Мисли ӯ мо низ кӯтоҳакак дуо гуфта, аз Яҳува мадад пурсида метавонем, ки ором бошему дағалона гап назанем ё беҳурматӣ накунем.

10. Мувофиқи 1 Тимотиюс 4:13 мо бояд чӣ гуна мақсад дошта бошем?

10 Муаллими бомаҳорат шавед. Тимотиюс воизи ботаҷриба буд, вале ҳатто ба ӯ лозим буд, ки маҳорати таълимдиҳиашро беҳтар гардонад. (1 Тимотиюс 4:13-ро хонед.) Чӣ тавр мо дар хизмат воизи бомаҳорат шавем? Барои ин нағз тайёрӣ дидан даркор. Хушбахтона, мо имрӯз асбобҳое дар ихтиёр дорем, ки маҳорати таълимдиҳиамонро беҳтар мегардонанд. Масалан, брошураи «Дар хониш ва таълим моҳир шавед» ва «Дар кори мавъиза боғайрат бошед» аз «Дафтари вохӯрии “Ҳаёт ва хизмати мо”» кумак карда метавонанд. Оё шумо ин манбаъҳоро истифода мебаред? Вақте мо нағз тайёрӣ мебинем, дар хизмат аз ҳад ба ҳаяҷон намеоем ва бо боварӣ гап задан бароямон мушкил намешавад.

11. Чӣ тавр баъзе бародару хоҳарон воизи бомаҳорат мешаванд?

11 Ҳамчунин дар ҷамоат ба дигарон диққат дода аз онҳо таълим гирифтан ба мо кумак мекунад, ки муаллими бомаҳорат шавем. Бародар Сэм, ки пештар дар борааш гуфта будем, мулоҳиза меронад, ки чӣ тавр баъзе бародару хоҳарон ин қадар хуб таълим медиҳанд. Ӯ усулҳояшонро омӯхта, сипас кӯшиш мекунад, ки ба онҳо пайравӣ кунад. Хоҳаре бо номи Талия бошад, дар вохӯриҳо ба бародарони соҳибтаҷрибае, ки бо нутқи оммавӣ баромад мекунанд, диққат дода мефаҳмад, ки чӣ тавр дар мавзӯъҳое, ки ҳангоми хизмат тез-тез мавриди муҳокима қарор мегиранд, мулоҳиза ронда мавъиза кардан мумкин аст.

ДАР ВОХӮРИҲОИ ҶАМОАТ НАМУНА БОШЕД

Дар вохӯриҳо аз дилу ҷон суруд хондан Яҳуваро ҷалол медиҳад (Ба сархатҳои 12 ва 13 нигаред.)

12. Баъзеҳо бо чӣ гуна мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд?

12 Ҳар яки мо бо сурудхонӣ ва шарҳҳои пурмазмунамон дар вохӯриҳо саҳм гузошта метавонем (Заб. 22:22). Вале бояд гуфт, ки барои баъзеҳо дар назди одамони бисёр суруд хондан ё сухан гуфтан хеле душвор аст. Ба шумо-чӣ? Агар ба шумо ҳам душвор бошад, намунаи онҳое, ки бар тарсашон ғолиб омаданд, бароятон манфиатовар буда метавонад.

13. Чӣ ба шумо кумак карда метавонад, ки дар вохӯриҳо аз дилу ҷон суруд хонед?

13 Аз дилу ҷон сароед. Вақте дар вохӯриҳо суруд месароем, диққатамон аввалан бояд ба ҷалол додани Яҳува равона бошад. Хоҳаре бо номи Сара мегӯяд, ки на он қадар сарояндаи хуб аст, бо вуҷуди ин мехоҳад Яҳуваро бо сурудхониаш ҷалол диҳад. Барои ин чун дар мавриди дигар қисмҳои вохӯрӣ ӯ сурудҳоро пешакӣ дар хона месарояд. Сара машқ карда андеша мекунад, ки сурудҳо бо мавзӯи асосии вохӯрӣ чӣ тавр алоқаманд аст. Ӯ мегӯяд: «Ин ба ман кумак мекунад, ки диққатро ба мазмуни суруд равона кунам, на ин ки ба қобилияти сурудхониам».

14. Агар шармгин бошед, чӣ ба шумо кумак мекунад, ки дар вохӯриҳо шарҳ диҳед?

14 Пайваста шарҳ диҳед. Рости гап ин на ҳама вақт осон аст. Хоҳар Талия, ки пештар дар борааш гуфтем, қайд мекунад: «Барои ман дар пеши одами бисёр гап задан хеле ҳаяҷоновар аст. Вале аз сабаби он ки овози паст дорам, дигарон хавотириамро пай намебаранд. Хулосаи гап шарҳ додан бароям бениҳоят душвор аст». Новобаста ба ин Талия ҳама вақт дар муҳокима иштирок мекунад. Ҳангоми тайёрӣ ба вохӯриҳо ӯ фаромӯш намекунад, ки ҷавоби аввал ба сархат бояд кӯтоҳ ва аниқ бошад. Талия мегӯяд: «Ин маънои онро дорад, ки ҷавоби ман бояд кӯтоҳ, одӣ ва аниқ бошад, зеро баранда маҳз чунин ҷавобро интизор аст».

15. Мо бояд дар бораи шарҳҳоямон чиро дар ёд дорем?

15 Ҳатто бародару хоҳароне, ки шармгин нестанд, баъзан аз шарҳ додан худдорӣ мекунанд. Чаро? Хоҳаре бо номи Ҷулиет мефаҳмонад: «Гоҳ вақт шарҳ додан намехоҳам, зеро фикр мекунам, ки шарҳҳои ман хеле одӣ ва на он қадар хубанд». Лекин дар ёд доред, ки Яҳува мехоҳад мо мувофиқи қобилиятамон шарҳ диҳем c. Ӯ хеле хурсанд мешавад, вақте мо бо азми қавӣ дар вохӯриҳо ӯро ҷалол медиҳем ва намегузорем, ки тарсу хавотириамон моро боздоранд.

ДАР МУОШИРАТ БО ДИГАРОН НАМУНА БОШЕД

16. Суханҳои мо бояд чӣ гуна набошанд?

16 Суханони ҳақоратомез нагӯед (Эфс. 4:31). Чи хеле дар аввали мақола гуфтем, масеҳии ҳақиқӣ суханони бадро бояд ҳатто ба забон нагирад. Ҳамчунин шаклҳои ноаёни дашном вуҷуд доранд, ки мо набояд истифода барем. Барои мисол, мо набояд одамони маданият, нажод ё миллаташон дигарро муқоиса карда, ягон гапи безеб занем. Ҳамчунин мо ҳеҷ гоҳ намехоҳем, ки дигаронро бо суханонамон неш занем. Бародаре мегӯяд: «Баъзан ман шӯхиҳое мекунам, ки ба назарам ягон ҷойи бадӣ надоранд, вале дар асл ба иззати нафси одам мерасанд ва ӯро хафа мекунанд. Аз ин рӯ якчанд сол мешавад, ки ҳамсарам аз ин ҷиҳат ба ман кумак мекунад. Вақте суханонам ба ӯ дардовар метобанд, ӯ дар алоҳидагӣ дар ин бора ба ман мегӯяд».

17. Мувофиқи Эфсӯсиён 4:29 чӣ тавр мо дигаронро обод карда метавонем?

17 Бо гуфторатон дигаронро обод кунед. Ба ҷойи танқид ё шикоят кардан беҳтараш таъриф кунед. (Эфсӯсиён 4:29-ро хонед.) Мисол, ҳарчанд исроилиён барои миннатдор будан бисёр сабабҳо доштанд, бо вуҷуди ин қариб доим шикоят мекарданд. Қобили зикр аст, ки, вақте мо доим шикоят мекунем, дигарон низ ба таъсири мо дода шуда шикоят карданро сар мекунанд. Дар ёд доред, хабари баде, ки даҳ ҷосус оварданд, сабаби аз Мӯсо шикоят кардани ҳамаи исроилиён гашт (4 Мӯсо 13:31–14:4). Аммо, вақте мо дигаронро таъриф мекунем, ҳама хушбахт мешаванд. Масалан, азбаски духтари Ифтоҳро дугонаҳояш пайваста таъриф мекарданд, ӯ таъйиноташро иҷро карда тавонист (Дов. 11:40). Хоҳар Сара, ки пештар дар борааш гуфтем, қайд мекунад: «Вақте мо дигаронро таъриф мекунем, онҳо ҳис мекунанд, ки Яҳува дӯсташон медорад ва дар ташкилоташ ҷойи худро доранд». Хулоса, фурсат ҷуста дигаронро самимона таъриф кунед.

18. Аз рӯйи Забур 15:1, 2 чаро мо бояд ростқавл бошем ва ин чиро дар бар мегирад?

18 Ростқавл бошед. Агар мо дурӯғ гӯем, розигии Яҳуваро ба даст намеорем, зеро ӯ аз ҳама гуна дурӯғ нафрат дорад (Пнм. 6:16, 17). Гарчанд имрӯз бисёр одамон дурӯғгӯйиро як чизи муқаррарӣ меҳисобанд, вале мо ба ин масъала аз нуқтаи назари Яҳува менигарем. (Забур 15:1, 2-ро хонед.) Албатта, мо ҳеҷ гоҳ гапҳои нимросту нимдурӯғ намегӯем, маълумотро бошад, пурра меорем, то дигаронро гумроҳ насозем.

Мавзӯи суҳбатро тағйир дода дар бораи чизҳои нек гап задан ба Яҳува писанд аст (Ба сархати 19 нигаред.)

19. Мо боз аз кадом ҷиҳат бояд эҳтиёткор бошем?

19 Дигаронро ғайбат накунед (Пнм. 25:23; 2 Тас. 3:11). Хоҳар Ҷулиет, ки пештар дар борааш гуфтем, мефаҳмонад, ки чӣ тавр ғайбат ба ӯ таъсир мерасонад: «Вақте ҳамсуҳбатам ягон касро ғайбат мекунад, ман дилшикаста мешавам. Ба чунин одам бовариам низ гум мешавад. Кӣ медонад, шояд ӯ рафта ба ягон кас маро ҳам ғайбат кунад». Хулоса, вақте дар бораи ягон кас гап мезанед ё ҳангоми муошират пай мебаред, ки суҳбататон ба ғайбат гузашта истодааст, беҳтараш мавзӯъро тағйир дода дар бораи ягон чизи нек гап занед (Қӯл. 4:6).

20. Шумо қобилияти сухангӯйии худро чӣ тавр ба кор мебаред?

20 Азбаски гуфтори одамон дар рӯзҳои мо торафт бад шуда истодааст, мо бояд талош кунем, ки аз ин ҷиҳат розигии Яҳуваро ба даст орем. Дар ёд доред, ки қобилияти гап задан ҳадияи Яҳува аст ва ӯ аҳамият медиҳад, ки чӣ тавр мо онро истифода мебарем. Яҳува кӯшишҳои моро баракат медиҳад, то гуфторамон дар хизмат, ҷамоат ва ҳангоми муошират бо дигарон намунавӣ бошад. Вақте Яҳува ин дунёи бадро нест мекунад, ба мо бо гуфтор ӯро ҷалол додан осонтар мешавад (Яҳд. 15). Вале то он рӯз кӯшиш кунед бо «суханони [даҳонатон]» розигиашро ба даст оред (Заб. 19:14).

СУРУДИ 52 Дили худро ҳифз намо

a Яҳува ба мо ҳадияи пурқимате ба монанди қобилияти гапзанӣ додааст. Афсӯс аксар одамон имрӯз ин ҳадияи Яҳуваро мувофиқи хости ӯ истифода намебаранд. Чӣ ба мо кумак мекунад, ки дар ин замоне, ки меъёрҳои ахлоқӣ торафт паст мегарданд, гуфторамонро пок ва ободкунанда нигоҳ дорем? Чӣ тавр дар хизмат, вохӯриҳо ва ҳангоми муошират бо гуфторамон розигии Яҳуваро ба даст орем? Ҷавоби саволҳои мазкурро аз ин мақола меёбед.

b Баъзе номҳо иваз шудаанд.

c Барои гирифтани маълумоти бештар оиди шарҳдиҳӣ ба «Бурҷи дидбонӣ»-и январи соли 2019, ба мақолаи «Дар ҷамъомад Яҳуваро ҳамд гӯед» нигаред.

d ШАРҲИ РАСМ: Бародаре ба соҳибхона ҷавоби сахт медиҳад. Бародаре дар вохӯрӣ суруд намесарояд ва хоҳаре касеро ғайбат карда истодааст.