МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 16
«Бародарат зинда мешавад»!
«Исо ба [Марто] гуфт: “Бародарат зинда мешавад”» (ЮҲ. 11:23).
СУРУДИ 12 Худо ҳаёти ҷовидониро ваъда медиҳад
ПЕШГУФТОР a
1. Чӣ тавр як писарак нишон дод, ки ба зиндашавӣ умед дорад?
ПИСАРЕ бо номи Метю бемории ҷиддӣ дорад ва ӯро борҳои зиёд ҷарроҳӣ кардаанд. Вақте ӯ ҳафтсола буд, рӯзе ҳамроҳи аҳли хонаводааш барномаи ҳармоҳаи Бродкастингро тамошо карданд. Дар охирҳои ин барнома таронае шуд, ки дар он гап дар бораи пешвоз гирифтани зиндашудагон мерафт b. Баъди барнома Метю дасти волидонашро гирифта, чунин гуфт: «Очаҷон, дадаҷон, дидед, ҳатто агар ман мурам, зинда мешавам. Шумо маро интизор шавед. Ҳамааш хуб мешавад». Тасаввур мекунед, вақте волидони Метю диданд, ки писарашон ба зиндашавӣ умеди қавӣ дорад, чӣ қадар хурсанд шуданд.
2, 3. Чаро бояд дар бораи зиндашавӣ мулоҳиза ронем?
2 Хуб мебуд ҳамаи мо вақт аз вақт дар бораи умеди зиндашавӣ мулоҳиза ронем (Юҳ. 5:28, 29). Чаро? Чунки ҳар якамон бо бемориҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуда метавонем. Ё, эҳтимол, ногаҳон ягон шахси наздикамонро аз даст диҳем (Пандгӯ 9:11; Яъқ. 4:13, 14). Дар чунин мавридҳо маҳз умед ба зиндашавӣ кумак мекунад, ки истодагӣ кунем (1 Тас. 4:13). Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки Падари осмониамон моро нағз медонад ва дӯст медорад (Луқ. 12:7). Дар асл, барои моро бо хислатҳо ва хотираҳоямон зинда кардан, Яҳува бояд моро хуб шиносад. Ӯ ба мо имконияти ҷовидона зистанро додааст, чунки дӯстамон медорад. Ҳатто агар бимирем, ӯ моро зинда мекунад.
3 Дар ин мақола мо аввал мефаҳмем, ки чаро ба зиндашавӣ бовар кардан мумкин аст. Сипас аз Калом як воқеаи қувватбахшро дида мебароем, ки ояти асосии ин мақола дар он вомехӯрад: «Бародарат зинда мешавад» (Юҳ. 11:23). Дар охир мефаҳмем, ки чӣ тавр имонамонро ба зиндашавӣ қавитар созем.
ЧАРО БА ЗИНДАШАВӢ БОВАР КАРДА МЕТАВОНЕМ?
4. Барои ба ваъда бовар кардан мо бояд аз чӣ дилпур бошем? Мисол оред.
4 Барои ба ваъда бовар кардан, мо бояд дилпур шавем, ки ваъдадиҳанда ҳам хоҳиш ва ҳам қудрати иҷро кардани ваъдаашро дорад. Мисоле меорем: Тасаввур кунед, ки хонаи шумо аз тӯфони сахт хароб шудааст. Дӯстатон омада, ба шумо ваъда медиҳад: «Зиқ нашав, ман ба ту кумак мекунам, ки хонаатро барқарор кунӣ». Ӯ самимона гап мезанад ва шумо дилпур мешавед, ки ӯ хоҳиши ёрдам кардан дорад. Агар дӯстатон устои моҳир бошаду асбобҳои зарурӣ дошта бошад, шумо мефаҳмед, ки ӯ албатта кумак карда метавонад. Барои ҳамин ба ваъдааш бовар мекунед. Дар бораи ваъдаи Худо оиди зиндашавӣ чӣ гуфтан мумкин аст? Оё ӯ барои иҷро кардани ваъдааш дар ҳақиқат хоҳиш ва қудрат дорад?
5, 6. Чаро мо дилпурем, ки Яҳува мурдагонро зинда кардан мехоҳад?
5 Оё Яҳува хоҳиши зинда кардани мурдагонро дорад? Албатта! Ӯ якчанд шахсонро илҳом бахшидааст, ки ин ваъдаашро дар Китоби Муқаддас нависанд (Иш. 26:19; Ҳуш. 13:14; Ошкор. 20:11–13). Вақте Яҳува қавл медиҳад, ҳатман онро иҷро мекунад! (Юшаъ 23:14). Ӯ хоҳиши сахт дорад, ки мурдагонро ба ҳаёт баргардонад. Дар кадом асос чунин гуфтан мумкин аст?
6 Ба суханони пайғамбар Айюб диққат диҳед. Ӯ дилпур буд, ки ҳатто агар бимирад, Яҳува ӯро сахт ёд мекунад ва мехоҳад ӯро ба ҳаёт баргардонад (Айюб 14:14, 15). Яҳува нисбати ҳамаи хизматгорони фавтидааш чунин ҳиссиёт дорад. Ӯ бисёр мехоҳад, ки онҳо аз нав зиндагӣ кунанд ва тансиҳату хушбахт бошанд. Вале дар бораи миллиардҳо одамоне, ки оиди Яҳува ҳақиқатро нафаҳмида мурданд, чӣ гуфтан мумкин аст? Худои меҳрубонамон онҳоро низ зинда кардан мехоҳад (Кор. 24:15). Ӯ ба онҳо имконият медиҳад, то дӯсташ шуда дар замин ҷовидона зиндагӣ кунанд (Юҳ. 3:16). Маълум аст, ки Яҳува хоҳиши ба ҳаёт баргардондани мурдагонро дорад.
7, 8. Чаро мо дилпур буда метавонем, ки Яҳува қудрати зинда кардани мурдагонро дорад?
7 Оё Яҳува барои зинда кардани мурдагон қудрат дорад? Бешубҳа! Зеро ӯ «Худои Тавоно» мебошад (Ошкор. 1:8). Яҳува қудрат дорад, ки тамоми душманонаш, ҳатто маргро, нест кунад (1 Қӯр. 15:26). Донистани ин моро тасаллӣ ва қувват мебахшад. Биёед мисоли хоҳар Эмма Арнолдро дида бароем: Дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ имони ӯ ва оилааш сахт озмуда шуд. Боре Эмма барои тасаллӣ бахшидани духтараш, ки шахсони наздикашро дар лагерҳои консентратсионии Олмони фашистӣ аз даст дода буд, чунин гуфт: «Агар марг одамонро то абад дар коми худ нигоҳ медошт, он гоҳ чунин менамуд, ки марг аз Худо тавонотар аст, ҳамин тавр-не?» Ягон чиз аз Яҳува зӯр намебарояд! Худои Тавоно, ки ҳаётро офаридааст, албатта, қудрат дорад, ки ба мурдагон аз нав ҳаёт бахшад.
8 Боз чаро мо дилпурем, ки Яҳува мурдагонро зинда карда метавонад? Ӯ хотираи беохир дорад. Яҳува ҳар як ситораро ном ба ном мехонад (Иш. 40:26). Ҳамчунин ӯ шахсонеро, ки дар қайди ҳаёт нестанд, дар ёд дорад (Айюб 14:13; Луқ. 20:37, 38). Яҳува ба осонӣ дар бораи касоне, ки зинда мекунад, ҷузъиёти хурдтаринро ба ёд оварда метавонад, аз ҷумла намуди зоҳирӣ, хислатҳо, таҷриба аз ҳаёт ва хотираҳои онҳоро.
9. Чаро шумо бовар доред, ки Яҳува дар оянда мурдагонро зинда мекунад?
9 Мо дилпур буда метавонем, ки Яҳува дар оянда мурдагонро зинда мекунад, чунки ӯ барои иҷрои ин ваъдааш ҳам хоҳиш ва ҳам қудрат дорад. Барои ба ваъдаи Яҳува бовар кардан боз як сабаб аст: Ӯ аллакай одамонро зинда карда буд. Дар замонҳои пеш ӯ ба якчанд марди бовафо, аз ҷумла Исо, қудрат дода буд, ки мурдагонро зинда кунанд. Биёед мавридеро бинем, ки Исо мурдаро зинда кард. Барои ин ба боби 11-уми китоби Юҳанно рӯ меорем.
ИСО ДӮСТИ ҶОНИАШРО АЗ ДАСТ МЕДИҲАД
10. Ҳангоми дар он тарафи Урдун мавъиза кардани Исо дар Байт-Ҳинӣ чӣ рӯй медиҳад ва ӯ чӣ кор мекунад? (Юҳ. 11:1–3).
10 Юҳанно 11:1–3-ро хонед. Воқеаеро тасаввур кунед, ки дар охирҳои соли 32-юми милодӣ дар Байт-Ҳинӣ рӯй дода буд. Дар ин деҳа дӯстони наздики Исо, Лаъзор ва ду хоҳараш, Маряму Марто, зиндагӣ мекунанд (Луқ. 10:38–42). Лаъзор бемор шудааст ва хоҳаронаш хавотиранд. Онҳо дар ин бора ба Исо хабар медиҳанд. Айни ҳол ӯ дар он тарафи Урдун мебошад. Аз ин ҷо то Байт-Ҳинӣ пойи пиёда дар ду рӯз расидан мумкин (Юҳ. 10:40). Сад афсӯс ки, вақте хабаррасон Исоро пайдо мекунад, Лаъзор аллакай аз дунё мегузарад. Ҳарчанд Исо дар ин бора мефаҳмад ӯ боз ду рӯз дар ҳамон ҷо мемонад ва баъд ба Байт-Ҳинӣ раҳсипор мешавад. То омада расидани Исо аз мурдани Лаъзор чор рӯз мегузарад. Ҳоло Исо коре карданӣ аст, ки ба дӯстонаш қувват мебахшаду Худоро ҷалол медиҳад (Юҳ. 11:4, 6, 11, 17).
11. Мо аз ин воқеа дар бораи дӯстӣ чӣ меомӯзем?
11 Мо аз ин воқеа дар бораи дӯстӣ дарс мегирем. Аҳамият диҳед, вақте Маряму Марто ба назди Исо кас фиристоданд, онҳо хоҳиш накарданд, ки ӯ ба Байт-Ҳинӣ ояд; танҳо мехостанд Исо донад, ки дӯсташ Лаъзор бемор аст (Юҳ. 11:3). Вақте Лаъзор мурд, Исо метавонист ӯро аз дур истода зинда кунад. Лекин ӯ ба Байт-Ҳинӣ омад, то дар бари дӯстонаш, Маряму Марто, бошад. Оё шумо дӯсте доред, ки бе муроҷиат карданатон ба шумо дасти ёрӣ дароз кунад? Агар ҳа, он гоҳ дар «рӯзи сахт» ба ӯ такя карда метавонед (Пнм. 17:17). Биёед аз Исо ибрат гирифта, баҳри дигарон чунин дӯст бошем. Акнун, биёед давоми ин воқеаро дида бароем.
12. Исо ба Марто чӣ ваъда медиҳад ва чаро ин ваъдаи хушку холӣ нест? (Юҳанно 11:23–26).
12 Юҳанно 11:23–26-ро хонед. Марто мефаҳмад, ки Исо дар наздикии Байт-Ҳинӣ аст. Ӯ бошитоб ба пешвози Исо баромада мегӯяд: «Ҳазрат, агар ту ин ҷо мебудӣ, бародарам намемурд» (Юҳ. 11:21). Дар асл, Исо Лаъзорро шифо дода метавонист. Лекин ӯ кори аз ин ҳам бузургтаре карданӣ аст. Исо ваъда медиҳад: «Бародарат зинда мешавад». Барои боварии Марторо ба ин ваъда қавӣ гардондан, Исо илова мекунад: «Ман растохез ва зиндагӣ ҳастам». Бале, Худо ба Исо қудрат додааст, ки мурдаро зинда кунад. То ин дам ӯ духтаракеро дарҳол баъди мурданаш ҳамчунин ҷавонеро, аз афташ, дар рӯзи мурдани ӯ зинда карда буд (Луқ. 7:11–15; 8:49–55). Лекин оё ӯ метавонад шахсеро зинда кунад, ки аз мурданаш чор рӯз гузаштаасту ҷисмаш ба пӯсиш сар кардааст?
«ЛАЪЗОР, БАРО!»
13. Мувофиқи Юҳанно 11:32–35 гиряву андуҳи Марям ва дигарон ба Исо чӣ хел таъсир мекунад? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
13 Юҳанно 11:32–35-ро хонед. Давоми воқеаро пеши назар оред. Марям, дигар хоҳари Лаъзор, низ ба пешвози Исо мебарояд. Ӯ низ суханони Марторо такрор карда мегӯяд: «Ҳазрат, агар ту ин ҷо мебудӣ, бародарам намемурд». Марям ва касоне, ки бо ӯ мебошанд, хеле ғамгинанд. Гиряву нолаи онҳоро дида, Исо сахт зиқ мешавад. Дили ӯ ба дӯстонаш месӯзаду аз чашмонаш ашк мерезад. Исо мефаҳмад, ки аз даст додани шахси наздик чӣ қадар дардовар аст. Шубҳае нест, ки ӯ мехоҳад онҳоро аз дарду азоб халос кунад.
14. Мо аз муносибати Исо ба гиряи Марям дар бораи Яҳува чӣ мефаҳмем?
14 Мо аз муносибати Исо ба ашкрезии Марям мефаҳмем, ки Яҳува Худои дилсӯзу ҳамдард аст. Чаро чунин гуфтан мумкин? Чи хеле дар мақолаи гузашта дидем, Исо комилан фикрронӣ ва ҳиссиёти Падарашро нишон медиҳад (Юҳ. 12:45). Барои ҳамин, вақте мехонем, ки Исо нисбати дӯстони мотамзадааш дилреш шуда, гиря кард, мефаҳмем, ки Яҳува низ ашкҳои сӯзони моро дида, дард ҳис мекунад (Заб. 56:8). Магар донистани ин моро ба Худои дилсӯзамон ҷалб намекунад?
15. Мувофиқи Юҳанно 11:41–44 дар назди қабри Лаъзор чӣ рӯй дод? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
15 Юҳанно 11:41–44-ро хонед. Исо назди қабри Лаъзор омада хоҳиш мекунад, ки санги даҳони ғорро яктарафа кунанд. Марто эътироз карда мегӯяд, ки ҷасади бародараш аллакай бадбӯй шудагист. Исо мегӯяд: «Магар ба ту нагуфтам: агар бовар кунӣ, ҷалоли Худоро мебинӣ?» (Юҳ. 11:39, 40). Исо ба осмон нигоҳ карда, дар назди ҳама дуо мегӯяд. Ӯ барои коре, ки карданӣ аст, тамоми ҷалолро ба Падараш равона месозад. Баъд мегӯяд: «Лаъзор, баро!» Лаъзор аз қабр берун меояд. Исо навакак коре кард, ки ба назари баъзеҳо ғайриимкон метофт c.
16. Чӣ тавр воқеае, ки дар боби 11-уми Юҳанно омадааст, имони моро ба зиндашавӣ устувор мекунад?
16 Воқеае, ки дар боби 11-уми Юҳанно омадааст, имони моро ба зиндашавӣ устувор мегардонад. Чӣ тавр? Ваъдаи Исоро, ки ба Марто дода буд, ба ёд оред: «Бародарат зинда мешавад» (Юҳ. 11:23). Мисли Падараш, Исо барои иҷро кардани ваъдааш ҳам хоҳиш ва ҳам қудрат дорад. Аз гиря карданаш бошад, маълум мешавад, ки ӯ бисёр мехоҳад марг ва азоберо, ки он меорад, аз байн барад. Вақте Лаъзор аз қабр берун омад, Исо бори дигар исбот кард, ки қудрати зинда кардани мурдаро дорад. Ҳамчунин дар бораи суханоне, ки Исо ба Марто ёдрас кард, мулоҳиза ронед: «Магар ба ту нагуфтам: агар бовар кунӣ, ҷалоли Худоро мебинӣ?» (Юҳ. 11:40). Бале, Худо ба ваъдааш вафо карда, ҳатман мурдагонро зинда мекунад. Барои ба ин ваъда бовар кардан мо сабабҳои асоснок дорем. Лекин чӣ хел имонамонро ба ваъдаи мазкур боз ҳам мустаҳкам кунем?
ЧӢ ТАВР ИМОНАМОНРО БА ЗИНДАШАВӢ БОЗ ҲАМ ҚАВӢ ГАРДОНЕМ?
17. Вақте мо аз Китоби Муқаддас дар бораи зиндашавӣ мехонем, бояд чиро дар ёд дорем?
17 Дар бораи одамоне, ки дар гузашта зинда шуданд, хонда мулоҳиза ронед. Дар Китоби Муқаддас дар бораи ҳашт воқеае навишта шудааст, ки одамон дар замин зинда карда шудаанд d. Хуб мебуд ҳар яки ин воқеаҳоро бодиққат дида бароем. Вақте чунин мекунед, дар ёд доред, ки онҳо мардон, занон ва кӯдакони воқеӣ буданд. Аз ин воқеаҳо барои худ дарс гиред. Фикр кунед, ки, чӣ тавр ин намунаҳо нишон медиҳанд, ки Худо барои зинда кардани мурдагон ҳам хоҳиш ва ҳам қудрат дорад. Пеш аз ҳама дар бораи зиндашавии муҳимтарин мулоҳиза ронед — зиндашавии Исо. Дар бораи зинда шудани ӯ садҳо одамон шоҳидӣ доданд. Ин барои ба зиндашавӣ имон доштани мо асоси хуб аст (1 Қӯр. 15:3–6, 20–22).
18. Чӣ тавр шумо сурудҳоямонро дар бораи зиндашавӣ беҳтар истифода бурда метавонед? (Ҳамчунин ба поварақ нигаред.)
18 «Сурудҳои рӯҳонӣ»-ро, ки дар бораи умед ба зиндашавӣ аст, сароед ва гӯш кунед e (Эфс. 5:19). Ба туфайли ин сурудҳо зиндашавӣ бароямон воқеитар мегардад ва имонамон ба ин ваъдаи олиҷаноб қавӣ мешавад. Онҳоро гӯш кунед, сароед ва дар парастиши оилавӣ матнҳояшонро муҳокима кунед. Ҳар як матни сурудҳоро дар лавҳи дилу хотиратон кӯчонед. Ҳамин тавр, вақте шумо бо озмоишҳои сахт рӯ ба рӯ мешавед ё шахси наздикатонро аз даст медиҳед, рӯҳи муқаддаси Яҳува кумак мекунад, ки ин сурудҳоро ба ёд оред ва аз онҳо қуввату тасаллӣ ёбед.
19. Мо дар бораи зиндашавӣ чиро тасаввур карда метавонем? (Ба чорчӯбаи «Шумо аз онҳо дар бораи чӣ мепурсед?» нигаред.)
19 Тасаввуротатонро ба кор баред. Яҳува ба мо қобилият додааст, ки худро дар дунёи нав тасаввур кунем. Як хоҳар мегӯяд: «Ман худро дар биҳишт чунон бисёр тасаввур кардаам, ки гӯё бӯйи садбаргҳои шукуфони он ҷоро ҳис карда бошам». Фикр кунед, ки чӣ хел шумо бо мардону занони содиқе, ки дар Китоби Муқаддас омадаанд, вомехӯред. Шахсан шумо бо кӣ суҳбат кардан мехостед? Ба ӯ кадом саволҳоро доданиед? Ҳамчунин тасаввур кунед, ки чӣ тавр шахсони наздикатонро, ки аз дунё гузаштаанд, пешвоз мегиред. Дар ин бора ҳар як ҷузъиётро пеши назар оред: фикр кунед, ки онҳоро вохӯрдан замон чӣ мегӯед, чӣ тавр онҳоро ба оғӯш гирифта, ашки шодӣ мерезед.
20. Мо бояд бо азми қавӣ чӣ кор кунем?
20 Мо аз Яҳува барои ваъдааш оиди зиндашавӣ беҳад миннатдорем! Мо дилпур буда метавонем, ки он ҳатман иҷро мешавад. Зеро Яҳува барои иҷрои он ҳам хоҳиш ва ҳам қудрат дорад. Пас, биёед минбаъд низ имонамонро ба ин ваъдаи олиҷаноб устувор гардонем. Бо ин роҳ мо ба Худованд наздиктар мешавем, ки ба ҳар яки мо ваъда медиҳад: «Наздиконатон зинда мешаванд!»
СУРУДИ 24 Доимо сӯи мукофот нигар!
a Агар шумо шахси наздикатонро аз даст дода бошед, бешубҳа, умеди зиндашавӣ шуморо тасаллӣ мебахшад. Лекин чӣ тавр шумо бовариатонро ба ин ваъда фаҳмонда метавонед? Чӣ хел умедатонро ба зиндашавӣ устувор карда метавонед? Мақсади ин мақола дар он аст, ки имони ҳар яки мо ба умеди зиндашавӣ қавӣ гардад.
b Номи ин тарона «Этот день очень близко!» аст. Он дар Бродкастинги моҳи ноябри соли 2016 омада буд.
c Ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 1-уми январи соли 2008, ба мақолаи «Почему Иисус пришел к склепу Лазаря только через четыре дня?» аз бахши «Знаете ли вы?» нигаред.
d Ба чорчӯбаи «Восемь случаев воскресения, описанных в Библии» аз «Бурҷи дидбонӣ» 1-уми августи соли 2015, саҳ. 4 нигаред.
e Аз китоби «Ба Яҳува бисароед» ба сурудҳои «Шуд ҳаёт абадӣ!» (55), «Доимо сӯи мукофот нигар!» (24), «Худо ҳаёти ҷовидониро ваъда медиҳад» (12) ва дар сомонаи jw.org ба таронаҳои «Этот день очень близко!», «Дунёи навро интизорем» ва «Мир любви и гармонии» нигаред.